Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба ҷои доруҳои туршии меъдаро пасткунанда, доруҳои шилмак ва ғунчакунандаи аз гиёҳҳои табиӣ тайёр кардашуда истеъмол карда мешаванд. Ин доруҳо инчунин илтиҳоби меъдаро суст мекунанд. Масалан, қиёми барги зулф тайёр шуда (1-қошуқӣ), донаҳои плантаглусид (0.5-1.0 г), ҳар рўз 2-3 маротиба, дар муддати 2-3 ҳафта, баъзан то 1 моҳ истифода мебаранд. Инчунин доруҳои гиёҳӣ, бобуна, себарга, ҳазорбарга, пудина, валериана, чойкаҳак таъсири шифогӣ доранд, ки қабзият ва илтиҳоби меъдаро суст мекунанд. Қиёми гиёҳӣ бояд ним пиёлагӣ ҳар рўз 2-3 маротиба, дар муддати 3-4 ҳафта истеъмол карда шавад.

Мушоҳидаҳои клиникӣ нишон медиҳанд, ки такроршавӣ ва шиддатгирифтани ИММ на камтар аз 3- 4 ҳафта давом меёбад. Тадбирҳои пешгирии бемории шадиди ИММ бо табобати пешгири такроршавии беморӣ асос ёфтааст.

Табобати ИММ-ро то қатъ гаштани аломатҳои беморӣ- дард, дилбеҳузурӣ, оруқзанӣ, хуб шудани натиҷаи ташхиси гастроскопӣ ва нест шудани бактерияи

HP, давом додан зарур аст.

Табобат дар осоишгоҳҳо ва санаторияҳо барои беморони ИММ, ки касалиашон шиддатнок нест, таъин карда мешавад. Беморони ИММ – туршии меъдаашон баланд ё нигоҳдоштаро беҳтар аст ба Железноводск,

ИММ-и туршии меъдаашон норасоро ба Ессентукӣ ва Трускавес фиристонидан лозим аст. Зарур аст, ки бештар санаторияҳои хуби

Тоҷикистон Шоҳамбарӣ, Ҳавотоғ, чашмаҳои Помир истифода бурда шаванд.

Назорати диспансерӣ барои тамоми беморони ИММ ҳатмист ва он таҳқиқи пурра ва табобати пешгириккунандаи такрорёбии касалии ИММ-ро, ки 1-2 бор дар як сол гузаронида мешавад, дарбар мегирад.

Дар охир бояд қайд кард, ки тадқиқот ва кашфиётҳои солҳои охир бисёр чизҳоро дар имрози ИММ равшан кардаанд ва метавон ба таври рўҳбаландии зиёд ба мушкилии проблемаҳои ин касалӣ назар кард. Маълум шуд, ки на дар ҳамаи ҳолатҳо ва дар ҳар як давраи беморӣ ҳолати пажмурдашавӣ пардаҳои луобии меъда ҳодисаи бебозгашт аст. Ба ҳар ҳол масъалаҳои асосии ИММ инҳоянд: ташхиси дақиқ бо истифодаи усулҳои ҳозиразамон, табобати комилан мувофиқ, ки дар лаҳзаҳои ниҳоят барвақти беморӣ сар карда мешаванд, назорати диспансерии ҳаматарафаи сифатноки беморон.

Захми (решамарзи) меъда ва рӯдаи 12-ангушта яке аз бемориҳои паҳншудаи узвҳои ҳозима мебошад. Аз рӯи тансифоти байналмиллалии маразҳо, (ТБМ)

-10 ба бемориҳои захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта дохил мешаванд: 1) захми меъда ва ҳамаи қисматҳои он (инчунин захми петикии қисми пилорӣ) -

Шифри 25; 2) захми рӯдаи 12-ангушта ва ҳамаи қисматҳои он (инчунин захми пептикии он) – Шифри К 26; 3) захми қисмҳои рӯдаи борик (ҳалқаҳои баранда ва оварандаи он), захми пептикии анастамози меъда, захми гастроеюналӣ, ба ғайр аз захми аввалаи рӯдаи борик - Шифри К 28.

Нишонаҳои хоси ин беморӣ-дарди хоси ҳамин касалӣ дар мавзеи сари дил, ки вай дар авҷи баландшавии туршии меъда (ҳолати гуруснагӣ, дили наҳор, пас аз 2-3 соати истеъмоли ғизо) пайдо шуда, дар вақти истеъмоли хўрок, вақте ки ғизо ба дохили меъда даромада, бо туршии меъда омехта мешавад, паст ва нест шудани он аст. Дард баъд аз қайкунӣ, гузориши гармӣ ба шикам, қабули ишқор (содаи хӯрокӣ) ҳам сабук мешавад. Дарди доираи сар дил бо қайкунии оби даҳон ҳамроҳ ҷараён ёфтанаш мумкин аст.

Қайкунӣ ва оруғзанӣ яке аз нишонаҳои хоси ин касалӣ мебошад, лекин агар ин касалӣ ба ориза наоварда бошад, мавҷудияти қайкунӣ шарт нест.

Қайкунӣ бештар дар шахсоне дида мешавад, ки ғайр аз ин касалӣ, боз илтиҳоби талхадон ҳам доранд, хусусан занҳо. Қайкунӣ дар он маврид нишонаҳои хос ҳисобида мешавад, ки бемор қайкуниро худаш ба осонӣ дарк кунад: ин нишонаро "нишонаи дуангушта" меноманд. Дар мавридҳои тангшавии баромадгоҳи меъда, оруғзанӣ ва қайкунӣ нишонаи доимӣ шуда метавонад. Яке аз нишонаҳои хоси касалии решмараз хуншорӣ ҳисобида мешавад. Хун ё дар хамираи қай, ё дар ахлоти бемор мушоҳида мешавад. Миқдори хуншрӣ аксари вақт кам мебошад, хуншории калон ба ҷараёни решмарази оризадор хос аст.

Ташхис. Барои ташхиси аниқи ин гуна касалиҳо асосан дуруст ҷамъ овардани маълумоти собиқаи беморӣ, дуруст баҳо додан ба аломатҳои клиникӣ, ташхиси рентгенологӣ, эндоскопӣ ва туршии меъда аҳамият дорад.

Бояд дар ҳар дафъаи ташхиси аниқи мараз мавҷудияти решмараз (захм) дар меъда ва ё рўдаи 12-ангушта, давраи шиддатёбӣ, беҳбудии муваққатӣ ва ё устувор, мавҷудияти оризаҳои мараз, касалиҳои ҳамроҳшуда аз тарафи узвҳои ҳозима ва ё дигар узвҳо арзёбӣ карда шавад

Ташхиси туршии меъда одатан туршии баландро нишон медиҳад, хусусан агар решмарази рўдаи 12-ангушта бошад.

Ташхиси рентгенологӣ ва панэндоскопия мавҷуд будани аломати "ниша"-ро нишон медиҳад. Вақте ки атрофи решмараз варам карда ғафс мешавад, шикофии он чуқуртар шуда, ниони "ниша" беҳтар аён мегардад. Ҳаҷми

"ниша" гуногун – аз 0.4 – 1.0 то 4-5 см ва тез тағйирёбанда аст, ҳатто дар натиҷаи табобат тамоман илтиёми решмараз мумкин мебошад.

Нақшаи ташхис. Ба бемор ташхиси умумии хун, ретикуласитҳои хун, гурӯҳи хун, резус фактор, оҳани хун, қанди хун, ташхиси сафедаҳои хун, наҷосат ба хуни пинҳонӣ, ташхиси умумии пешоб, ду тест ба Helicobacter pylori (HP), тести уреазӣ (CLO-тест), рентгени меъда, эзофагогастродуоденоскопия бо биопсия ва ташхиси морфологӣ - гистологӣ ва ситологии он, ташхиси ҷигар, талхалдон ва роҳҳои он, ва инчунин ғадуди зери меъда бо ултрасадо ва агар лозим ояд мушовирати мутахассисон гастроэнтрологҳоро таъин намудан зарур аст.

Табобати ин хел беморон дар шароити дармонгоҳ назар ба бемористон беҳтар мебошад. Аммо, дар вақти шиддатёбии беморӣ, пайдо шудани оризаҳо, беморро бо роҳхати табиби оилавӣ, ба беморхона раҳсипор намудан зарур аст. Қоидаи асосии табобати ин касалӣ – парҳезӣ мебошад. Новобаста аз марҳала ва давраи касалӣ бояд қабули ғизо ба миқдори кам- кам ва ба суръати зуд-зуд (дар як шабонарўзз 5-6 маротиба) бошад. Дар марҳалаи шиддатёбии касалӣ хўрокхўрии бемор бояд асоси дастархону парҳезии рақами 1 Певзнерро дошта бошад. Мақсади парҳез – ташкил кардани ҳолати тараҳҳуми кимиёвӣ, механикӣ ва аз гармию хунукӣ нигоҳ доштани пардаҳои луобии меъда, дар асоси қабули хўрокӣ бо моддаҳои пурманфиат бой мебошад.

Табобат бо доруҳо. Мақсади табобат бо дору қатъ кардани дард ва дигар нишонаҳои ихтилоли ҳозима, беҳбудии фаъолияти ҳаракати меъдаю рўдаҳо, илтиёми захм, пешгирии шиддатёбӣ ва дароз кардани муддати беҳбудии муваққатии касалӣ мебошад. Ин мақсад бо чунин роҳҳо ба даст оварда мешавад:

- рондани (эрадикасияи) бактерияҳои Helicobacter pylori (HP);

- паст кардани инкишофи омилҳои агрессивӣ, масалан, таъсири туршию пепсинии меъда;

- баланд кардани қобилияти аз нав афзудани бофтаҳо.

Аз ҳамин сабаб ба бемор нақшаи таъиноти доруҳои зеринро пешкаш намудан лозим аст (ахбор оиди ин доруҳо дар қисми муолиҷаи ИММ дода шудааст).

Табобатро то қатъ гаштани аломатҳои беморӣ- дард, дилбеҳузурӣ, оруқзанӣ, хуб шудани натиҷаи ташхиси гастроскопӣ ва нест шудани бактерияи HP, давом додан зарур аст.

Нақшаи истеъмоли доруҳо дар як ҳафта:

Омепразол (зеросид, омизак ) 20 мг 2 бор дар як рӯз (саҳарӣ ва бегоҳӣ на баъдтар аз соати 20, бо фосилаи 12 соат)

+ кларитромисин (класид) 250 мг 2 бор дар як рӯз

+ метронидазол (трихопол ) 500 мг 2 бор дар як рӯз дар охири хӯрокхурӣ.

_____________________________________________________________________ Омепразол (зеросид, омизак ) 20 мг 2 бор дар як рӯз (саҳарӣ ва бегоҳи на баъдтар аз соати 20, бо фосилаи 12 соат)

+ амоксисиллин (флемоксин солутаб, хиконсил ) 1 г 2 бор дар як рӯз дар охири хӯрокхурӣ.

+ метронидазол (трихопол) 500 мг 2 бор дар як рӯз дар охири хӯрокхурӣ.

\\\____________________________________________________________

Пилорид (ранитидин висмут ситрат) 400 мг 2 бор дар як рӯз дар охири хӯрокхурӣ.

+ кларитромисин (класид) 250 мг ё тетрасиклин 500 мг, или амоксисиллин 1000 мг 2 бор дар як рӯз.

+ метронидазол (трихопол и др. синонимы) 400-500 мг 2 бор дар як рӯз бо хӯрок.

\\\___________________________________________________________

Омепразол (зеросид, омизак ) 20 мг 2 бор дар як рӯз (саҳарӣ ва бегоҳи на баъдтар аз соати 20, бо фосилаи 12 соат)

+ коллоидный субситрат висмута (вентрисол, де-нол ) 120 мг 3 бор то 30 дақиқа то хӯрок бори 4 ду соат баъд аз хӯрок, пеш аз хоб

+ метронидазол 250 мг 4 бор дар як рӯз, баъд аз хӯрок.

+ тетрасиклин или амоксисиллин по 500 мг 4 бор дар як рӯз, баъд аз хӯрок.

Нест шудани HP (эрадикасия) 95%-ро ташкил мекунад. Нақшаи табобати даҳрӯза.

Ранитидин (зантак и др. синонимы) 300 мг 2 бор дар як рӯз ё фамотидин (гастросидин, квамател, улфамид) 40 мг 2 бор дар як рӯз

(саҳарӣ ва бегоҳи на баъдтар аз соати 20, бо фосилаи 12 соат)

Намаки калийи ситрата висмут\* 108 мг 5 бор дар як рӯз баъд аз хӯрок.

+ метронидазол\* 200 мг 5 бор дар як рӯз баъд аз хӯрок.

+ тетрасиклина гидрохлорид\* 250 мг 5 бор дар як рӯз баъд аз хӯрок.

(*) – ба таркиби доруи "Гастростат" дохил мешавад.

Нест шудани HP (эрадикасия) 85-90%-ро ташкил мекунад.

Нақшаи истеъмоли доруҳо дар муддати 10 рӯз:

Ранитидин (зантак) 150 мг 2 раза в день или фамотидин 20 мг 2 бор дар як рӯз ва ё омепразол (зеросид) 20 мг 2 бор дар як рӯз

Намаки калии ситрати висмут\* 108 мг дар ҳабба, 5 як бор бо хӯрок

+ тетрасиклин гидрохлорид\* 250 мг дар ҳабба, 5 бор дар як рӯз бо хӯрок

+ метронидазол\* 200 мг дар ҳабба, 5 бор дар як рӯз бо хӯрок

Баъд аз тамом шудани табобат аз рӯи яке аз нақшаҳои дар боло омада, боз табобатро дар муддати 5 ҳафта дар захми рӯдаи 12 ангушта ва 7 ҳафта захми меъда бо истифодаи яке аз доруҳои зерин давом додан зарур аст: ранитидин (зантак ва синонимҳои он) - 300 мг дар соати 19-20, фамотидин (гастросидин, квамател, ульфамид) - 40 мг дар соати 19-20, пилорид - 400 мг дар соати 8 ва 20. Пешгирии шиддатёбии беморӣ ва оризаҳои он:

- дар вақти тамоман нест нашудани бактерияҳои HP;

- қабули доруҳое ки ба меъда таъсир мерасонанд (аспирин, преднизолон ва ғ.);

- ҳамроҳии бемории рефлюкс-эзофагит;

- беморони аз 60-сола калоне, ки аз табобат шифо наёфтаанд.

1.Дар ин сурат, барои пешгирии шиддати захми меъда ва рӯдаи 12- ангушта бояд: табобати дарозмуддат дар як моҳ, мумкин дар байни якчанд сол, бо доруҳое, ки турушии меъдаро паст мекунанд, ба монанди ранитидин бо ними миқдор- ҳар бегоҳ 150 мг ё 20 мг фамотидин (гастросидин, квамател, ульфамид) давом дода шавад.

2. Табабат дар вақти шиддатёбии беморӣ бо қабули доруҳои ранитидин, фамотидин, омепразол бо миқдори пурра дар як шабонарӯз дар муддати 2-3 рӯз, баъд бо ними миқдор дар муддати 2 ҳафта, бурда шавад.

Агар захми решмараз бори аввал мушоҳида карда шуда бошаду марҳалаи хеле шиддати касалӣ мавҷуд бошад ва табобат дар шароити дармонгоҳ дар муддати 2-3 ҳафта манфиат нарасонад, бемор бояд барои бистарӣ шудан ба бемористон фиристода шавад.

пешина
аз 37
навбатӣ