ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Назорати диспансерӣ. Беморони захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта дошта дар назорати дарозмуддати табиби оилавӣ мебошанд. Ташхис ва табобати пешгирикунандаи беморӣ барои онҳо соли ду маротиба (агар шиддатёбии беморӣ дар дигар вақт мушоҳода нашавад), дар баҳор ва тирамоҳ, гузаронида мешавад.
Экпертизаи корношоямӣ. Барои ҳал кардани ин масъалаҳо бояд 3 шакли ҷараёни клиникии касалиро донист: дер-дер шиддатёбии касалӣ (ҷараёни сабук), тез-тез шиддатёбии касалӣ (ҷараёни миёна) ва пайдарпай шиддатёбии касалӣ (ҷараёни вазнин).
Ҷараёни сабуки касалӣ дар 1-3 сол як маротиба шиддат меёбад ва дар ин мўҳлат ба бемор барои 3-4 ҳафта варақаи корношоямӣ мекушоянд. Дар давраи беҳбудӣ бемор қобилияти коршоямии худро гум намекунад. Фақат ўро аз корҳои ҷисмонии хеле вазнин, навбатдории шабона ва аз корҳое, ки иҷрои онҳо барои риоя кардан ба н изоми парҳезӣ имконият намедиҳанд, озод кардан лозим меояд. Ин вазифаро комиссияи ихтибории духтурӣ (ВКК) иҷро карда метавонад. Агар лозим шавад, бемор мўҳтоҷи гум кардан ва ё паст шудани ихтисоси асосии худ шуда бошад, ба ў муваққатан маъюбии гурўҳи 3 муайян менамоянд.
Ҷараёни миёнаи касалӣ дар як сол 2-3 маротиба шиддат меёбад ва дар ин мўҳлатҳо ба бемор барои 6-7 ҳафта варақаи корношоямӣ мекушоянд, аз он
5-6 ҳафтаашро бемор бояд дар ҳолати бистарӣ (дар беморхона) гузаронад.
Қобилияти коршоямии бемор хеле сут ва маҳдуд шуданаш мумкин аст. Ба аксарияти ин хел беморон маъюбии гурўҳи 3 муайян карда мешавад.
Ҷараёни вазнини решмарази меъда ва рўдаи 12 ангушта пайдарпай шиддат меёбад ва фақат дар муддати кўтоҳ давраи беҳбудӣ мушоҳида карда мешавад (дар як сол фақат 3-4 моҳ). Касалӣ аксар вақт бо оризаҳо ҷараён меёбад. Ҳар дафъа дар вақти шиддатёбӣ бемор то 2 моҳ ва аз он ҳам зиёд корношоям мемонад, дар беморхона то 7-8 ҳафта бистарӣ мешавад.
Аксарияти беморон қобилияти коршоямии худро тамоман гум мекунанд ва ба онҳо маъюбии гурўҳи 2 муайян карда мешавад. Фақат баъзеи беморон ба корҳои хеле сабуки ихтисоси худ ва дар шароитҳои махсус коршоям меноманд. Ҳар як беморе, ки гирифтори касалии решмараз аст ва аз мўҳлати шиддатёбии касалӣ 5 сол нагузаштааст, бояд дар назорати фаъоли на танҳо духтури маҳалла, балки мутахассиси гастроэнтеролог ҳам бошад.
Ба беморони гирифтори ҷараёни сабук ва миёна, маҷмуи табобати пешгирикунанда, дар як сол ду аротиба гузаронида мешавад. Ба беморони ҷараёни шиддатёбии пайдарпай дошта табобати пешгирикунанда дар ҳар се моҳ як маротиба гузаронида мешавад, камаш дар як сол 2 маротиба ташхиси рентгенологӣ ё эндоскопӣ мегузаронанд. Маҷмўи доруҳо набояд аз ҳад зиёд ва тарзи табобат серташвиш бошад. Бемор бояд аз ин наранҷад ва бо майли том онро қабул кунад.
Табобати дар осоишгоҳ ва курортҳо фақат дар марҳалаи беҳбудии нопурра ё оромшаванда истода ва беориза гузаронидан мумкин аст. Беҳтар аст, ки беморони решмарази бори аввал ташхисшударо ва ё тез-тез шиддатнаёбандаро ба курорт фиристанд. Вале дар ин маврид бояд захми меъда пурра илтиём (карахтшабандӣ) ёфта бошад. Барои ин хел беморон курортҳои Боржомӣ, Ессентукӣ, Железноводск, Пятигорск, Ҷермук, Сакӣ,
Трускавес-ро интихоб кардан мумкин аст. Инчунин беҳтарин курорт барои ин беморон курортҳои Тоҷикистон Шоҳамбарӣ ва Ҳавотоғ мебошанд.
Илтиҳоби музмини бесанги талхадон марази дар байни халқ паҳншуда буда, аксари вақт оҳиста ва номаълум сар мешавад. Дар амалиёти табибони оилавӣ ин хел беморон бисёр дучор мешаванд, барои ҳамин ҳам нишонаҳои аввалини ин маразро бояд омўхт, зеро ки баъд аз пайдо шудани оризаҳои ҷиддии касалӣ (санги талхадон, иллатнокшавии ҷигар ва ё ғадуди зери меъда) табобати он мушкил мегардад.
Барои пайдоиши илтиҳоби музмини бесанги талхадон бемориҳои ирсӣ, иллатҳои силсилаи ҷигару роҳҳои талхагузар аҳамият доранд. Инчунин вайроншавии вазоифии шохаҳои асабии роҳҳои талхагузар ва талхадон, илтиҳоби музмини бодомакҳо, гурдаҳо, дарди дандон, мавҷудияти дигар касалиҳои меъдаю рўъдаҳо, риоя накардан ба табобати парҳезӣ, варзиш, хасташавӣ сабаби пайдоиши он шуда метавонанд.
Сабабҳои бевосита инкишофёбии мараз: вайроншавии вазоифи асабҳою мушакҳои талхадону роҳҳои талхагузар талхадонро ба беҳолӣ ва бемадорӣ мерасонад, сироятҳои дар он мавҷуд буда ва боз дохилшаванда меафзоянд ва сабаби илтиҳоби пардаҳои луобии он мешаванд. Агар сабабҳои пайдоиши касалӣ барҳам дода ва табобат барвақт сар карда нашавад, илтиҳоб ба ҳолати музмин мегузарад ва ҳатто оҳиста дар талхадон санг ҳам пайдо мегардад.
Зоҳиршавии нишонаҳои мараз:
- Дарди зери қабурға аз тарафи рост, мумкин дарди сахт, бошиддат, сабук, сўзиш, ҳиссиёти вазнинӣ; - Дарднокии нуқтаи талхадон ва миёнадевори синаю шикам
(диафрагма) дар вақти бо ангуштҳо зер кардан;
- Ҳиссиёти дарднокии минтақаи ҷигар дар вақти палмосидани рўякӣ;
- Мавҷудияти ҳиссиёти нофорами вазоифи узвҳои ҳозима;
- Ҳиссиёти талхӣ дар даҳон, оруғи талх, қайкунии талх;
- Агар нишонаҳои мараз аз ҳиссиёти талхӣ дар даҳон, оруғи талх, қайкунӣ бо омезаи талх, муддати дароз ҳис кардани вазнинӣ ё дарди зери қабурға аз тарафи рост, ки онҳо баъд аз қайкунӣ ва ё хўрокхўрӣ сабукӣ меёбанд, иборат бошанд, бештар ба маҷмўи аломатҳои талхадони пуршуда хос мебошанд. Ногаҳон пайдошавии хурўҷи кўтоҳмуддати дарди зериқабурғавӣ аз тарафи рост ҳам нишонаҳои ҳамин касалӣ мебошанд. Дар вақти палмосидан аломатҳои Мюссе, Ионаш, Френикус, Мерфи, Кёр,
Ортнер мушоҳида карда мешаванд, ин нишонаҳо инчунин ба ҳолати ҳипертонуси талхадон ҳам хос мебошанд, вале баъд аз барҳам хўрдани хурўҷи дардҳо (қабзи талхадон ва мушакҳои баромадгоҳи он) ҳамаи аломатҳои зикршуда нест мешаванд;
- Агар аломатҳои илтиҳоби пардаҳои берунаи талхадон
(перихолисистит) мавҷуд бошанд, дард давомнок ва бошиддат мешавад, дар вақти иваз кардани ҳолати бемор боз шиддатноктар мешавад, ба шонаи рост ва ба миён мегузарад, ҳамаи аломатҳои бо усулҳои палмосидан ва ангуштзанӣ мушоҳида кардашаванда зоҳир мешаванд. Агар ҷигар ва ё ғадуди зери меъда низ осеб бинанд, онҳо калон ва дардманд мешаванд, чаптар аз ноф дарди гирдгир пайдо мешавад, шикам варам мекунад
(метеоризм).
Ташхисро бо усулҳои зерин аниқ кардан мумкин аст:
Барои истиснои санг ва ё мавҷудияти қум гузаронидани рентгенография ва ташхис бо усули ултрасадо аҳамият дорад. Бо усули ултрасадо инчунин ғадуди зери меъдаро ҳам пурра ташхис мекунанд. Мушоҳидаи талхадон, деворҳои он, вазоифи ҳаракатнокии талхадон ва роҳҳои талхагузар, инчунин истиснои мавҷудияти санг дар дохили онҳоро бо усули холесистография ҳам мегузаронанд.
Барои муайян кардани нишонаҳои илтиҳоб, ташхиси бактериологӣ, биокимиёвии талха ва муайянкунии таъсири антибиотикҳо ба сироятҳои дар талха ёфтшуда, усули бо санди борик гирифтани талхаро кор мефармоянд.
Ҳама ин ташхисҳоро дар замони ҳозира дар ҳар як дармонгоҳ гузаронидан мумкин аст. Бо ин ташхисҳо мо метавонем на танҳо ташхиси асосиро, балки ташхиси касалиҳои иловагиро, усулҳои лозимии табобати ҳар яки онҳоро, табобати зидди илтиҳобӣ, зидди хурўҷгирӣ, барҳам додани оризаҳои касалӣ ё дар вақташ лозим донистани табобати ҷарроҳиро муайян намоем.
Агар каслаӣ бо аломатҳои хурўҷ ҷараён ёбад, духтури маҳалла бояд албатта илтиҳоби шиддатноки талхадони сангдор, илтиҳоби шиддати ғадуди зери меъда ва инчунин, хурўҷи илтиҳоби гурдаи ростро истисно намояд.
Агар беморро зардӣ зер кунад (аломатҳои зардпарвини заҳролудшуда, зардпарвини боиси нобудшавии эритроситҳо (ҳемолизи эритроситҳо), касалии саратони сарпистони Фатеровро албатта истисно кардан лозим меояд.
Табобат. Агар илтиҳоби талхадон шиддат ёфта ва ё ягон оризаи касалӣ мисли холесистопанкреатит ё ҳепатити реактивӣ пайдо шуда бошад, беҳтараш бемор дар беморхона бистарӣ шавад. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо табобат дар шароити дармонгоҳ имконпазир мебошад.
Аввало дар дармонгоҳ табиби оилавӣ бояд сабабҳои шиддатоварандаи маразро истисно намояд. Вобаста бо ҳолати бемор мумкин аст, вай дар хонааш муолиҷа шавад. Дар як шабонарўз бояд 5-6 маротиба хўрок хўрад.
Бояд донист, ки қабулкунии бўлакӣ талхадонро ба кор медарорад, ҷоришавии талхаро фаъол намуда, ба пур шуда истодани талхадон роҳ намедиҳад, талхадон тез-тез холӣ шуда, аз сироятҳо тоза мешавад. Ғизои умумии мизи хўроквориаш ба дастурхони мизи рақами 5 бояд мувофиқ бошад. Аз хўроквориҳо тезиҳо, тундиҳо, шўриҳо, равғани хук, шаробро истисно кардан лозим аст. Вале нўшокиҳои чой, шарбатҳои мевагиро бисёртар истеъмол кардан манфиатнок мебошад.
1. Истифодаи антибиотикҳо дар мавридҳои мавҷуд будани аломатҳои илтиҳобӣ, дар давоми ақаллан 10 рўз зарур мебошад: дар як шабонарўз 750-
800 ҳазор воҳид тетрасиклин ва ё 2000 мг оксасиклин ё амписиллин (меъёри шабонарўзиро ба 4 қисм ҷудо карда). Агар бемор ба антибиотикҳо ҳиссиёти зиёд дошта бошад, аз сулфаниламидҳо (бисептол) истифода бурдан мумкин аст, вале дар ин маврид нўшокии чой бояд боз зиёдтар шавад.
2. Аз доруҳо истифодаи гурўҳи спазмолитикҳо (ташаннуҷи мушакҳоро сардиҳанда) доруҳои хубтаранд вале агар нишонаҳои зиёд шудани вазоифи моторикӣ мавҷуд бошанд. Дар ин ҳолат, ин доруҳо қабзи гарданчаи талхадонро мекушоянд, ҳамаи роҳҳои талхагузарро мулоим карда гузариш ва ҷоришавии талхаро сабук намуда ва барои тезтар солимшавии ҷойҳои илтиҳобдида манфиат мерасонанд. Ба ин гурўҳ доруҳои платифиллин, атропин, белладона, но-шпа, папаверин дохил мешаванд, ки онҳоро дар шароити дармонгоҳ ҳам аз даҳон, ҳам бевосита ба сўзанкашии зери пўст гузаронидан мумкин аст. Меъёри ин хел доруҳо набояд аз ҳад зиёд ва ё аз ҳад кам бошад. Ҳассосияти фардии беморро ба назар гирифта, духтури маҳалла бояд ботаҷриба ва донанда бошад.
Дар ҳолатҳои беҳбудии касалӣ, агар бемор ҳолати ҳипермоторикӣ дошта бошад, аз доруҳои холосас, холагол, холензим, сиквалон, никодин, аллохол, фламин, чойҳои талхаҷорикунанда, сараки ҷаворимакка ва ғайра истифода бурданаш лозим аст. Агар илтиҳоби талхадони бемор бо ҳолати ҳипомоторикӣ ҷараён ёбад, баръакс, истифодаи доруҳои спазмолтик қатъиян мумкин нест. Дар ин ҳолатҳо маҳлули магнезияи туршии ангишт (50 мл маҳлули 30 фоизаро бо зонд фиристодан лозим), равғани офтобпараст ё зайтунаро) як қошуқӣ пеш аз хўрок хўрдан манфиатнок мебошад. Инчунин тюбажи бесанд мегузаронад. Духтури маҳлла бояд аз доруҳои зиёд доруҳои лозимиро интихоб карда тавонад, вай бо ҳассосияти фардии бемор ,ҳолат ва ҷараёни касалӣ ошно бошад.
Табобат бо варзиши ҷисмонӣ: агар мараз ҷараёни ҳипомоторӣ дошта бошад, усулҳои варзиш барои боқувват намудани мушакҳои мангали шикам ё дар мавриди вазоифи ҳипермоторӣ, баръакс ҳаракатҳои варзиш барои суст, мулоим кардани мушакҳо (варзиши нафасӣ) равона карда мешаванд.
Дар ин мавридҳо инчунин якчанд усулҳои физиотерапия (парафин, УВЧ, ултрасадо, УЗ-терапия), индуктотермия, табобат бо нурҳои худртарини мавҷнок (микроволоновая терапия) муфиданд. Натиҷаи табобат дар ҳамон ҳолат мусбатнок ҳисобида мешавад, ки агар аломатҳои дард, шикоятҳои нофорамӣ аз тарафи узвҳои ҳозимӣ ва алоими заифӣ қатъ гарданд, аз рўи ташхис нишонаҳои илтиҳобӣ (барзиёдии лейкоситҳо ва луобҳо дар таркиби талха) барҳам хўранд.
Экспертизаи корношоямӣ. Дар маврдиҳои хурўҷи миёнамақоми мараз ба бемор барои 7-10 рўз варақаи корношоямӣ кушода мешавад. Дар ҳар ҳол, ин мўҳлат, аз хусусиятҳои вазифа, кор, шароити ҷои кори бемор ва ҳолати фардии худи бемор вобаста мебошад. Агар бемор парҳезиро риоя карда тавонад, аҳамияти мақомоти варзиши табобатиро фаҳмад ва доруҳоро дар вақт-вақташ истеъмол намояд, аз аввали табобат то охир лаёқати коршоямиашро нигоҳ дошта метавонад. Ин вазъиятро табиби оилавӣ бояд ба бемор фаҳмонида тавонад.
Табобати осоишгоҳӣ – курортӣ. Фақат дар давраи беҳбудии мараз, ё ин ки баъд аз 3-6 моҳи қатъ гаштани хурўҷи мараз табобати осоишгоҳӣ-курортӣ иҷозат дода мешавад. Агар касалӣ солҳои тўлонӣ бехурўҷёбӣ, ҳамчун касалии музминдошта ҷараён ёфта бошад, он муфид аст. Ин хел беморонро ба чунин курортҳо фиристодан мумкин мебошад: Ессентукӣ, Трускавес,
Боржомӣ, Дорохово, Моршин, курорҳои Осетияи Шимолӣ. Инчунин, аз курорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳамбарӣ ва Ҳавотоғ. Дар ин курортҳо омилҳои истироҳати асабӣ, хобӣ, варзишҳои ҷисмонӣ, риояи парҳезӣ, иқлими тоза ва дар охир усулҳои табобат бо нўшидани обҳои минералӣ, қабули обҳои минералӣ дар тағораҳо ва қабули дигар намудҳои физиотерапия аҳамияти калон доранд. Дар ин курортҳо обҳои нўшокии минералӣ аз рўи нишондодҳои ташхиси таркибӣ талхаи талхадон, оби меъда ва ба назаргирии ҷараёни ҳипо ё ҳипермоторикии вазоифи узвҳои талхадон ва ҳозима гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё