ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Муоилиҷаи ОАШ бо се принсип вобаста мебошад:
1. Пешгирии афзудани фосидшавии тағояки буғумҳо. Барои иҷрои ин мақсад муолиҷаи асосӣ – базисиро мегузаронанд: а) артепарон, 1.0, дар як ҳафта – 2 бор. Ҳамагӣ 10-15 маротиба; б) румалон, 1.0, тазриқ ба қабати мушак, рўз дар миён, ҳамагӣ 25 маротиба, дар як сол 1 ё 2 курс; в) истифодаи биостимулаторҳо: гумизол, алоэ, АТФ, ҷисми шишамонанд; г) гузаронидани табобати физикӣ ва балпеологӣ.
2. Кам намудани аломатҳои дард ва вокуниши синовити сонивӣ: а) доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ: бутадион, реопирин, метиндол, индометасин; б) ҳидроҳортизон – тазриқ ба дохили буғумҳои дардманд; миқдори воя 10 – 25 – 50 ё 100 мг вобаста бо бузургии буғуми иллатёфта. Байни тазриқ бояд 2- 3 ҳафта гузарад, ҳамагӣ 1 ё 2 маротиба; ҳордокс ё трасилол – ин доруҳо ҳам барои ба дохили буғумҳо тазриқ намудан; в) миорелаксантҳои скутамил ва мидокалм; г) физиотерапия: УФО, фоноферези ҳидрокортизон, озокерит.
3. Беҳтар намудани вазоифи буғумҳо: варзишҳои ҷисмонии табобатӣ, механотерапия, массаҷ, истифодаи протезсозӣ:
Табобати осоишгоҳӣ – курортӣаз ибтидои ин хел касалиҳо бояд васеъ кор фармуда шавад. Дар курортҳо муолиҷаи беморони гирифтори ОАШ-и марҳалаи I ва II амри ҳол мебошад. Дар давраҳои хурўҷи ОАШ, хусусан хурўҷи синовит, табобат дар курортҳо манъ аст. Барои беморони гирифтори ОАШ, курортҳои омилҳои шифобахши лойқа, обҳои минералии ҳидрогенӣ гўгирд, радон, намакҳои хлорид ва натрийдошта мувофиқат мекунанд (Евпатория, Саки, Налчик, Пятигорск, Белокуриха, Схалтубо, Сочи ‒ Масеста, Хоҷаобигарм, Обигарм, Калтуч, Кофарниҳон, Зумрад).
Назорати диспансерӣ. Беморони гирифтори ОАШ-и зону ва косу рон дар як сол бояд 2 маротиба мушоҳидаи духтури тарбодшиносро гузаранд. Аз ҷумла ташхиси хун (СОЭ, СРБ) ва ҳар сол як маротиба аксбардории рентгенӣ, инчунин муолиҷаи асосӣ-базисӣ, санаторӣ-курортӣ ва дигарҳо шарт мебошад. Бояд ин хел беморон ба қаду қомат, статика ва вазни худ риоя карда, ҳаракати ҷисмонӣ ва афзунбориро ба ҳамаи буғумҳо мутаносибона тақсим карда иҷро намоянд.
Табобати мунтазам дар давраҳои диспансерӣ, бо истифодаи ҳамаи маҷмўи омилҳои шифобахш, барои нигаҳдории тансиҳатӣ, гум накардани қобилияти коршоямӣ ва эмин доштан аз маъюбӣ мусоидат мекунад.
Экспертизаи корношоямӣ. Дар мавриди эҳсоси синовит, бемор дар мўҳлати 2-4 ҳафта корношоям мебошад. Агар бемор гирифтори ОАШ-и зону ва косу рон бошад ва хусусан дар марҳалаи II ва III ба норасогии вазоифи буғумҳои дараҷаи II бошад, вай маъюб ҳисобида мешавад.
Ниқриз - амрози музмин аст, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи пуринӣ (диатези туршиҳои пешобӣ) пайдо шуда, якҷоя бо ҳамроҳии дарбанди шадиди такроршаванда ва касолати узвҳои дарунӣ ҷараён меёбад.
Дар солҳои охир касалшавӣ бо ниқрис, хусусан дар байни ҷавонмардон, зиёд шуда истодааст.
Омилҳои сабабӣ, ба хурўҷоваранда ва имрози касалӣ иборат аз пастшавии фаъолияти ферменти ҳипоксан – ҳуанин – фосфотрансфераза мебошад, ки вай ҳосилшавии миқдори туршиҳои пешобиро дар таркиби хун меафзоёнад ва барои дар бофтаҳои бадан, хусусан дар мафосили банду устухонҳо замъшавии онҳо мусоидат мекунад, имконпазир аст, ки касалӣ танҳо бо ҳамин сабаб пайдо шавад, вале аксари вақт, ба ғайр аз ин сабаб, маҳдудшавии ихроҷи ин моддаҳо аз тарафи гурдаҳо ҳам мушоҳида мегардад. Инчунин омилҳои хунукхўрӣ, корҳои ҷисмонии шиддатнок, зарбаи аввалини рўҳӣ ва хусусан истеъмоли барзиёди гўшт, машрубот, маишатпарастӣ барои афзудани ин касалӣ сабаб мешаванд.
Хурўҷи шадиди ниқрис дар давоми якчанд соат инкишоф хоҳад ёфт: буғуми иллатнокшуда варам мекунад, пўсташ сурх ва ҳарораташ баланд мешавад, буғум дарди сахт карда, клиникаи фалагмунро ба вуҷуд меорад. Хурўҷ муддати 5-10 рўз давом карда, бештар шабона авҷ мегирад.
Ду мақомоти ҷараёни артрити ниқрисӣ мавҷуд аст.
1. Такроршаванда – дар як сол 1-2 маротиба хурўҷи артритӣ мушоҳида карда, дар таркиби хун миқдори туршиҳои пешобӣ зиёд мешаванд (норма – 0.24-0.53 мм ‒ ол/л).
2. Ҷараёни музмин. Намуди вазнини ниқрис, ки дар як сол тез-тез, 3-4 маротиба, дуру дароз хурўҷ мегирад, иллатнокшавии якчанд буғумҳо бештар буғумҳои миён, панҷаю фалангҳои по, банди по ва зону зоҳир шуда, дар шакли онҳо бесомонии устувор пайдо мегардад. Дар 70-80 фоизи беморон тофусҳои ниқрисӣ пайдо шуда, гурдаҳо иллатнок мешавад (нефрити интерстисиалӣ, пиелонефрит, санги гурда), газаки баъзе узвҳои дарун пайдо шуданаш имконпазир мебошад.
Ниқриси музмин 3 дараҷаи норасогии вазоифи буғумҳо дорад: дараҷаи 1 – маҳдудии ҳаракатмандии буғумҳо; дараҷаи 2 – бемор мўҳтоҷи ивазкунии касби худ мешавад; дараҷаи 3 – гум кардани лаёқати меҳнатӣ ва худхизматрасонӣ.
Табобати ниқрис 3 принсип дорад.
1. Бартарафкунии хурўҷи шадиди артрит: а) колхисин 0.5 мг дар як соат, вале вояи як шабонарўзиаш набояд аз 5 мг зиёд шавад; б) антуран бо 0.1 мг дар як шабонарўз 3-4 маротиба; в) бутадион бо 0.15, дар як шабонарўз 4-6 маротиба; г) сулиндак дар як шабонарўз 0.4 г.
2. Паст намудани дараҷаи ҳиперурикемия. а) аллопуринол (милурит) бо 0.1 г 4-6 маротиба дар як шабонарўз, баъд ду маротиба барои нигаҳ доштани манфиатнокии муолиҷа; б) этамид 0.7 г дар як шабонарўз 3-4 маротиба.
3. Барҳамдиҳии илтиҳоби буғумҳо. а) бутадион бо 0.15 г х 4 маротиба дар як шабонарўз; б) метиндол бо 0.025 х 4 маротиба; в) волтарен бо 0.025 х 4 маротиба ва ё 3 г тазриқ ба қабати гўшт; г) реопирин 5 мл ба қабати гўшт ҳар рўз як маротиба; д) ибупрофен бо 0.2 г х 4 маротиба.
Табобати осоишгоҳӣ – курортӣ. Барои табобати беморони гирифтори касалии ниқрис бояд табобати санаторӣ-курортӣ васеъ истифода бурда шавад. Ба ин хел беморон обҳои минералии ҳидрогени гўгирд ва радондор таъсири хуби шифогӣ доранд (Пятигорск, Налчик, Хоҷаобигарм, Обигарм,
Калтуч, Кофарниҳон, Гамрчашма).
Бояд ҳама беморони гирифтори касалии ниқрис дар назорати диспансерӣ бошанд, дар вақт-вақташ мушоҳида ва табобати лозимиро, алалхусус табобати нигаҳ доштани манфиатнокии муолиҷа ва санаторӣ-курортиро гузаранд. Аз мушоҳидаҳо, ташхиси хун, пешоб, инчунин, ташхиси туршии пешобӣ, УЗИ-и гурда ва бо лозимоташ ташхисӣ мочевина ва креатинини таркиби хун, аксбардории буғумҳои иллатнокшуда гузаронида шаванд.
Ихтибори духтурӣ-меҳнатӣ. Ниқрис солҳои тўлонӣ сабуквор ҷараён меёбад ва беморон ба меҳнат лаёқатманд мемонанд. Фақат дар мавридҳои шиддатёбии касалӣ муваққатан (агар ҷараёни такроршаванда бошад) корношоям мебошанд. Агар ниқрис намуди тез афзоянда дошта бошад, артрити шадид тез-тез хурўҷ ёбад, узвҳои дохилӣ иллатнок шуда бошанд, беморон мўҳтоҷи гурўҳи III ва ҳатто II-и маъюбӣ мешаванд.
Артрити тарбодмонанд (АТМ) амрози музмини авҷгирандаи илтиҳоби буғумҳо, бо вайроншавии хеле калони силсилаи масуният мебошад.
Сабабҳои АТМ номаълуманд, вале ақидаҳое мавҷуданд, ки пайдоиши касалӣ бо сироятҳо ё бо вирусҳо вобастагӣ дорад. Ташхисҳо маълум кардаанд, ки АТМ касалии бисёрсабаба буда, аксари вақт аз касалиҳои шадиди роҳҳои нафас (48 фоиз), аз ҳад зиёд хунукхўрӣ (18 фоиз), зарбаи рўҳӣ, тавлиди фарзанд ё бачапартоӣ (4 фоиз) сар мешавад. Сабаби қариб 30 фоизи касалӣ тамоман номаълум мемонад.
Дар имрози АТМ асосан вайроншавии масунӣ, ки аз ҳосилшавии зиддиҷисмҳо ва ё лимфоситҳои ҳассосшуда барзидди подзоҳои бадани хеш мебошад, роли асосиро мебозанд.
Дар натиҷа вокуниши подзоҳо – зиддиҷисмҳо ва иммунокомплексҳо пайдо шуда дар буғумҳо бофтаҳои пайвандӣ иллатнок мешаванд, илтиҳоби пардаҳои зулолӣ, рагҳо (васкулитҳо) дар тағоякҳо ва нўги васеъи устухонҳои найшакли дароз бофтаҳои пайвандии ҷавон инкишоф меёбанд,
АТМ торафт авҷ мегирад, яъне дар солҳои оянда чаққашавии устухону тағоякҳои банд, қалтусхўрӣ (баромадани нопурраи устухон), ноҷунбонии буғумҳо пайдо мегарданд.
АТМ дар ҳама аҳолии ҷаҳон фақат 1-2 фоиз паҳн шудаасту халос ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки касалшавӣ бо ин дард кам шуда истодааст.
Аз ин сабаб, диагноз бояд бо ташхисҳои ҳаматарафа аниқ карда шавад.
Касалӣ дар байни занҳо, назар ба мардҳо, бештар мушоҳида карда мешавад (мутаносибона 0.34 – 0.12 фоиз), хусусан дар синни 45-54, назар ба 55-64 сола (0.36 – 0.23 фоиз). Омили ирсӣ таъсирбахш мебошад.
Имрози иллатнокшавии буғумҳо аломатҳои клиникавии асосӣ мебошад.
Дар ибтидои касалӣ, хусусан дар занҳо, иллатнокшавии панҷаҳои даст, банди соиду сарпанҷаҳо, дар мардон бошад, панҷаҳои пой ва буғуми банди пой мушоҳида карда мешавад.
Мақомоти дард "оҳанги газакӣ" дорад, азбаски дард дар вақти оромӣ ҳам беморро бетоқат менамояд ва дар вақти ҳаракатҳои фаъол ва нофаъол бевосита зиёд мешавад, пагоҳӣ баъд аз бедоршавӣ аз хоб ҳам ҳис карда мешавад. Дард бо газаки бофтаҳои гирди буғумӣ, пайвандҳо, пайҳо ва мушакҳо, пайдо шудани зардоб дар мафсиди буғумҳо вобаста мебошад, буғум варам мекунад.
Дар 94 фоизи беморон, яке аз аломатҳои хоси касалӣ – шахдамӣ, маҳдудшавии ҳаракатмандии буғумҳо дар пагоҳирўзиҳо дида мешавад, ки инро ҳам бо варамкунии бофтаҳои гирдибуғумӣ, пайҳо ва пайвандҳо вобаста менамоянд. Дар 83 фоизи беморон буғумҳо аз ҳар ду тараф мутаносибона дардманд мешаванд, хусусан дар занҳо. Дар 43 фоизи беморон қалтусхўрӣ, 29 фоиз – ноҷунбонии бандҳо, 11 фоиз – иллатнокшавии узвҳои дарун: гурдаҳо, дил, шуш, касолати ғадудҳои лимфавӣ мушоҳида карда мешаванд. Дар 12 фоизи беморон АТМ бо касалии тарбод, бодхўра, ниқрис ва хусусан бо ОАШ ҳамроҳ ҷараён меёбад.
Дар ревматология, хатогиҳои ташхисӣ то 20 – 24 ва ҳатто 60 фоиз мерасад.
Аз ин сабаб, дар замони ҳозира дар ҳамаи ҷаҳон қариб як хел меъёрҳои ташхисӣ истифода бурда мешаванд, ки онҳоро номбар кардан лозим аст:
-
шаҳдамии пагоҳии буғумҳо;
-
дардмандии банд дар вақти ба ҳаракат овардани ҳатто як буғум (як тарафи духтур);
-
варамии бофтаҳои гирди буғум;
-
варамӣ андаке дар дигар буғумҳо;
-
варамкунии буғумҳо мутаносибона аз ду тараф;
-
мушоҳидаи гиреҳчаҳои зери пўсти дар пушти даст ё рўи по;
-
тағйиротҳои рентгенӣ (ғирешидани устухон, чаққашавии сахти мафсилбуғумҳо, қалтусхўрӣ, ноҷунбон шудани буғумҳо);
-
нишонаҳои резус-фактор;
-
масомияти лахтаи луобӣ;
-
нишонаҳои ҳистологии хос, тағйиротҳои пардаҳои зулолӣ, мавт, замъшавии фибрин, ғафсшавии пат (мўякҳо), афзоиши ҳуҷайраҳои хун;
-
гиреҳчаҳои тарбодӣ.
Агар ин меъёрҳо 7-8 тоаш мушоҳида карда шавад, ташхис ҳатман аниқ (барҷаста) ҳисобида мешавад, агар 5-6 меъёр мушоҳида гардад, диагноз эътиборнок ва агар фақат 3-4 меъёр маълум шавад,, ташхисро эҳтимолӣ ҳисобидан мумкин аст.
Дараҷаи фаъолнокии АТМ бо воситаи ташхисҳои СОЭ, СРБ, алфа-2 ва В- глобулинҳо ҳам муайян карда мешавад. Муоилиҷаи АТМ. Табобати хурӯҷи беморӣ дар беморхона бурда мешавад.
Баъд аз табобат дар беморхона, табиби оилавӣ ин беморонро дар дармонгоҳ назорат бурда, табобати пешгирикунандаи хурӯҷ ва оризаҳои бемориро, давом медиҳад.
Албата ин беморон пурра шифо намеёбанд, аммо кам намудани хуруҷи беморӣ: паст намудани дард дар буғумҳо, варами онҳо, беҳтар намудани ҳаракати дасту пой ва пешгирии маслуқии бемор – ин вазифаҳои асосии табобат мебошад. Муолиҷа бояд ҳаматарафа, ба таври комплексӣ бошад – ин парҳез
(хӯроки аз сафеда бой махсусан аз гӯшти моҳиҳое, дар таркиби худ омега-3 кислотаи чарбиро зиёд доранд ва минералҳо – калсий, махсусан барои кӯдакон), табобат бо доруҳо ва табобати ғайридоругӣ –машқҳои ҷисмонии махсус, табобати физиотерапевтӣ ва ғ. мебошад.
Дар табобат ду намуди доруҳоро истифода мебаранд.
1. Намуди аввал ин доруҳои зидди газакии зуд таъсир: а) аспирин, напроксен, ибупрофен мебошанд, ки варами бофтаҳоро мегиранд ва дардро дар буғумҳо кам мекунанд. Ин доруҳо таъсири манфӣ ҳам доранд, ба меъда ва рӯдаи 12-ангушта таъсир карда, сабабгори газак ва ҳатто захми онҳо шуда метавонанд. Аз ҳамин сабаб ин доруҳоро ба беморони газаки меъда дошта бо гастропротекторҳо (мизопростол, ранитидин), ки пардаи лоҳобии меъдаро муҳофизат мекунанд, таъин мекунанд. Аспирин дар баъзе мавридҳо дар беморон сабабгори астмаи бронхиалӣ шуда метавонад. б) ҳормонҳо (кортикостероидҳо) – доруҳои ниҳоят пурзӯри зидди газакӣ ба шумор мераванд. Онҳоро бо намуди ҳабба ва сӯзандору таъин кардан мумкин аст. Онҳо низ таъсири манфӣ доранд. Дар вақти истифодаи дарозмуддати онҳо баландшавии фишори хун, фарбеҳӣ, кам шудани ҳучайраҳои устухонӣ, захми меъда ва ғ. мушоҳида карда мешавад. Аз ҳамин сабаб онҳоро на зиёд аз 10 рӯз то 2 ҳафта таъин кардан ба маврид аст ва ин доруҳо аз рӯи нақшаи махсус, бо миқдори ҳар рӯз камшаванда (баъд аз таъсири хуб расонидан – кам шудани варам ва дарди буғумҳо, беҳтар шудани ташхиси хун ва ғ.), таъин карда мешаванд. 2.Ба гуруҳи дуввуми доруҳо: метотрексат, плаквенил, сульфасалазин, намакҳои тилло, Д-пенициламин дохил мешаванд. Ин доруҳо ба гуруҳҳои гуногуни доруворӣ дохил гашта, авҷи бемориро паст мекунанд ва ба вайроншавии бофтаҳои буғумҳо монеъ мещаванд. Табобати АТМ бо доруҳои гурӯҳи дуввум –табобати заминавӣ (базисная терапия) номида мешавад. Ин доруҳо, ҳар яке таъсирҳои бисёри манфӣ ҳам доранд, ва бояд табобат бо ин доруҳо дар таҳти назорати қатъии табиб гузаронида шавад.
Дар солҳои охир бештар аз ин гурӯҳ метотрексат истифода бурда мешавад, ки вай дар навбати худ ба гурӯҳи иммуносупрессорҳо дохил мешавад. Ба доруҳои навбаромади ин гурӯҳи лефлуномид (Арава) дохил мешавад.
Ба гурӯҳи нави друҳои табобатии АТМ солҳои охир, инчунин доруҳои биологӣ, ки сафедаи махсуси газаковарро манъ мекунанд - этанерсепт (Энбрел), инфликсимаб (Ремикад) и адалимумаб (Хумира) дохил мешаванд.
Ин намуди доруҳо қиммат мебошанд ва таъсири манфӣ низ доранд. Боз як намуди доруи биологӣ – анакинра (кинерет) мебошад, ки танҳо бо намуди сӯзандору таъин карда мешавад. Ин намуди доруҳо ҳоло на он қадар васеъ истифода бурда мешаванд. Бояд гуфт, ки таън намудани кадом намуди дору ва миқдори он аз хусусиятҳои ҷараёни беморӣ, синну соли бемор ва дигар омилҳои ба он вобаста буда, ба ҳар бемор индувидуалӣ, бо маслиҳати духтури тарботшинос таън карда мешавад.
3. Табобати ҷарроҳӣ барои фаъол намудани кори буғумҳои аз кор монда ва дар баъзе мавридҳо ивази қисмҳои онҳо, равона карда мешавад.
Табобати осоишгоҳӣ – курортӣ аз ибтидои ин хел касалиҳо бояд васеъ кор фармуда шавад. Дар давраҳои хурўҷи АТМ табобат дар курортҳо манъ аст. Барои беморони гирифтори АТМ курортҳои омилҳои шифобахши лойқа, обҳои минералии ҳидрогенӣ гўгирд, радон, намакҳои калсийдошта мувофиқат мекунанд
(Евпатория, Саки, Налчик, Пятигорск, Белокуриха, Схалтубо, Сочи ‒ Масеста,
Хоҷаобигарм, Обигарм, Калтуч, Кофарниҳон, Зумрад).
Экспертизаи корношоямӣ. Бемор дар тамоми мўҳлати хурӯҷи беморӣ корношоям мебошад. Агар бемори АТМ намуди тез афзоянда дошта бошад, артрити шадид тез-тез хурўҷ ёбад, узвҳои дохилӣ иллатнок шуда бошанд, беморон мўҳтоҷи гурўҳи III ва ҳатто II-и маъюбӣ мешаванд.
Назорати диспансерӣ. Беморони гирифтори АТМ дар як сол бояд 2 маротиба аз мушоҳидаи табиби оилавӣ ва духтури тарбодшинос гузаранд.
Аз ҷумла, ташхиси хун (СОЭ, СРБ, дигар намудҳои ташхис) ва ҳар сол як маротиба аксбардории рентгенӣ, инчунин муолиҷаи асосӣ-базисӣ, осоишгоҳӣ-курортӣ ва дигарҳо шарт мебошанд. Бояд ин хел беморон ба қаду қомат, статика ва вазни худ риоя карда, ҳаракати ҷисмонӣ ва афзунбориро ба ҳамаи буғумҳо мутаносибона тақсим карда иҷро намоянд.
Табобати мунтазам дар давраҳои диспансерӣ, бо истифодаи ҳамаи маҷмўи омилҳои шифобахш, барои нигаҳдории тандурустӣ, гум накардани қобилияти коршоямӣ ва эмин доштан аз маъюбӣ мусоидат мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё