ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Ҳамаи камхуниҳои боқимонда, ки нишондиҳандаи ранги хуни онҳо вайрон намешавад, камхуниҳои нормоҳромӣ номида мешаванд.
1. Камхуниҳои хуншорравии шадид.
Омилҳои сабабӣ:
‒ ҳар гуна осебҳо, хусусан захми хунрагҳои калон: дуҷонии ғайрибачадонӣ; боздошта шудани кўчидани ҳамрояк;
‒ решмарази меъда ва рўъдаи 12-ангушта;
‒ саратони нобудшудаи меъда, гурда, шуш:
‒ сил ва думбали шуш, бронхоэктазия;
‒ дағалшавии варидҳои сурхрўда;
‒ диатезҳои хуншоридор, хусусан ҳимофилия. Ташхиси касалӣ дар мавридҳои хуншориҳои берун мушкилӣ надорад. Дар мавридҳои хуншориҳои дохилӣ ба ин аломатҳо аҳамият додан лозим аст;
‒ қайкунӣ бо хуни сурх аз сурхрўда буда, аломати талайюфи ҷигар мебошад;
- қайкунӣ бо хуни қаҳваранг аломати хуншорӣ аз меъда буда, ба оризаи касалии решмарази меъда ва ё рўдаи 12-ангушта мувофиқат мекунад;
‒ агар наҷосат аломати "мелена" дошта бошад, аломати хуншорӣ аз меъда ва ё рўдаи ғафс аст (решмараз, ботриосефалёз);
‒ агар хуншорӣ дар вақти сулфа задан рўй диҳад, аломати хуншорӣ аз шуш мебошад (сил, мавҷудияти кавора, бронхоэктаз);
‒ агар пешоб хунолуд бошад, аломати нефрити шадид ва ё касалии санги гурда мебошад. Муайян кардани хуншорӣ дар мавридҳои осебӣ, масалан, кафидани ҷигар, сипурз, сандуқи дил мушкилтар мебошад. Вале осеби вазнин аломатҳои махсус дорад: бемор якбора беҳол мешавад, сарчархзанӣ, дар гўшҳо ғул- ғулаи шаввос, дилтеззанӣ, дилбеҳузурӣ, майли қайкунӣ пайдо мегардад.
Инчунин, аломатҳои садма (дар мавридҳои осеби вазнин), ё беҳолшавии шадиди дил ‒ коллапс (дар мавридҳои хуншории дохилӣ) мушоҳида карда мешавад.
Дар мавридҳои хуншор аз узвҳои дохилӣ бояд дар ҳар як соат як маротиба миқдори Нб муайян карда шавад, ки ин усул дар бораи суръат, давом карда истодан ё қатъ шудани хуншорӣ маълумот медиҳад. Муоинаи камрангии пўст ва пардаҳои луобӣ, тезии суръат, сустӣ ва риштавории набзро нишон медиҳад, дар рўи пўст арақи хунуки часпак, инчунин пастшавии фишори систоликӣ ва диастоликӣ мушоҳида карда мешавад.
Ҳама тағйиротҳои касолат ва талофипазирие, ки дар бадани бемор мушоҳида карда мешаванд ва ояндаи беҳбудӣ доранд, 3 давраро дарбар мегиранд.
Аз рўзи аввали хуншорӣ, бо усули вокуниш қабзи хунрагҳои канорӣ рўй медиҳад, ҳаҷми умумии маҷрои хунрагҳо кам мешавад, хун аз дохили узвҳо ба маҷро мегузарад ва ин боиси нигаҳдошташавии фишори хун ва умуман, гардиши хун ва бо ғизоҳо таъмин намудани узвҳои дохилӣ мегардад.
Аз рўзҳои 2 ва 3 миқдори эритроситҳо ва Нб дар воҳиди ҳаҷми хун кам мешаванд. Аз рўзҳои 3-7 дар мағзи устухонҳо инкишофи эритроситҳо шиддат меёбад. Агар миқдори хуншорӣ ва талофи Нб зиёд бошад, камхунӣ ба сифати ҳипоҳромӣ ва музмин мувофиқат мекунад.
Табобат. 1. Ист кардани хуншорӣ: гузоштани хунбанд, фатилазанӣ, амалиётҳои ҷарроҳӣ.
2. Мубориза бо садма, беҳолшавии шадиди дил ва талофи хун: гузаронидани хун моеъоти хунивазкунанда ва доруҳои ба фаъолияти дилу хунрагҳо таъсиркунанда.
3. Дар оянда истифодаи омодаҳои оҳанпора.
2. Камхуниҳои хуншорравии музмин. Ба ин гурўҳ ҳам аввало камхуниҳои вобаста бо норасогии оҳанпора дохил мешаванд. Асосан, ин касалиҳои меъда ва рўда, решмарази меъда ва рўдаи
12-ангушта, саратон ва салиласории меъда ва рўдаҳо, бавосир ва баъзе касалиҳои киҷҷавӣ мебошанд. Инчунин касалиҳои саратони гурдаҳо, сили каворадори шуш, хуншориҳо аз бачадон дохил мешаванд.
Хуншориҳои такроршаванда, ҳатто агар онҳо каммиқдор бошанд ҳам, сабаби камхунии музмини камчинии оҳанпора шуда метавонанд. Ин ҳодисаҳо хусусан дар шахсони касалии бавосир ё занони меноррагия дошта дида мешаванд.
Гуфтан лозим аст, ки ба бадани солим дар як шабонарўз бо ҳамроҳии ғизоҳо 11-28 мг Fe дохил мешавад ва аз он танҳо аз 4/1 ҳиссааш ҳазм мегардад, ки ин миқдор кифоягӣ мекунад. Ин миқдор дар як қошуқи ошхўрии хун воқеъ мебошад. Бинобар ин, агар масалан, бемори бавосир дошта, ҳар шабонарўз як қошуқ хун талоф ёбад, баъд аз чанд вақте ба касалии хуншоравии музмини ҷараёни вазнин гирифтор шуда метавонад.
Касалии музмини хуншоравии камчинии оҳанпора, хеле оҳиста ва дурудароз ҷараён меёбад. Аз ин сабаб бадани бемор ҳамаи имкониятҳои талофипазирии худро истифода мебарад, солҳои дароз бе шикоятҳои аз ҳад зиёд умр меронад ва қобилияти меҳнатии худро ҳам он қадар гум намекунад. Ба ҳар ҳол, дар вақти муоина, ин гуна аломатҳоро мушоҳида кардан мумкин аст: бемор ба бемадорӣ, сарчархзанӣ, дамкўтоҳӣ, хусусан ҳангоми иҷрои кори ҷисмонӣ, шаввосзании гўшҳо, беҳушшавии кўтоҳмуддат, нофорамии ҳазми таом, камиштиҳогӣ, пайдошавии ҳиссиёти тез сершавӣ, гудоиш, дилбеҳузурӣ, моилӣ ба дарунравӣ шикоят карданаш мувофиқат мекунад. Дар ҳолатҳои ҷараёни вазнини касалӣ, дисфагияи азобдиҳанда – бо машаққат фурў бурдани хўрок пайдо мешавад (алоими Россолимо – Бехтерев, 1900-1901), ки ин нишонаи паҳн шудани тағйиротҳои пажмурдавии пардаи луобии меъда ва сурхрўда мебошад.
Ҳангоми муоина сафедчарангии беморро ва як қатор аломатҳое, ки аз сабаби норасогии оҳан ва вайроншавии ғизогирии бофтаҳои пўст пайдо мешаванд, ошкор карда мешаванд: хушкӣ, пўстпартоӣ, мўрт будан ва барвақт сафедшавӣ ва рехтани мўи сар. Нохунҳо паҳнак ва пачақфурўрафта мешаванд, ҷилои худро гум мекунанд, бо чинҳои миёнбур ало-було шуда, бо осонӣ мешикананд (койлонихия – нохунҳои хунӣ). Дар кунҷҳои даҳон кафидагиҳо пайдо шуда, пистонакҳои забон силлиқ мешаванд (глоссити – пажмурдавӣ). Дандонҳо ҳам ҷилои худро гум мекунанд, тез нобуд мешаванд. Агар бемор омодаҳои Fe-дорро ба миқдори лозимӣ қабул накунад, дандонҳо сиёҳ мешаванд. Ин боиси вокуниши бўи сероводород мебошад, ки вай аз дандонҳои пўсидагӣ мебарояд. Дар натиҷа, илтиҳоби фасодноки милкҳои дандон, гирдҳои гарданчаи дандонҳо пайдо мешаванд, ки онро пиореяи алвеолярӣ меноманд.
Ҳаҷми меъдачаи чап каме калон мешавад, дар нўги дил ғул-ғулаи ғир-ғирак, бештар аз тарафи рост мушоҳида карда мешавад. Ҳаҷми ҷигар, сипурз ва ғадудҳои лимфавӣ калон намешаванд.
Ташхиси хун, кам шудани миқдори эритроситҳо ва хусусан Нб-ро нишон медиҳад, нишондиҳандаи ранги хун аз 0.8 паст, дар мавридҳои вазнини касалӣ – то 0.6-0.5 ва аз ин ҳам пасттар мефарояд, эритроситҳо камранг (ҳипохромия), ҳаргунашакл, ҳаргунаҳаҷм, бештар микроситоз, моноситоз ва лимфоситози нисбатӣ, эозинопения мушоҳида карда мешаванд. Дар зардоби хун миқдори Fe ба 1 1/2 – 2/0 баробар кам мешавад ва фаъолияти ферменти трансферрин ҳам суст мегардад. Ташхиси меъда ҳолати ахлоргидрия, ахилия, силикии чинҳои пардаи луобии меъда ва сўрохрўдаро, ташхиси рентгенологӣ ва эндоскопӣ ‒ пажмурдавии пардаи луобии меъда ва сурхрўдаро нишон медиҳад.
Ҷараёни касалӣ музмин буда, агар камчинии Fe боз афзояд, зиёд шавад, ҷараёни касалӣ афзоянда мешавад.
Табобат. Доруҳои асосӣ ин омодаҳои Fe-дор мебошанд, аз ҷумла – ҳемостимулин. Дар мавридҳои пайдоиши камхунӣ дар беморони гирифтори решмарази меъда ё рўдаи 12-ангушта, беҳтараш доруҳои тазриқиро кор фамудан лозим аст (ферковен, фербитол). Ба аксарияти беморон табобат манфиати хуб мерасонад. Дар муддати кўтоҳ қобилияти меҳнатии бемор барқарор мешавад, миқдори эритроситҳо ва Нб ба дараҷаи мўтадил мерасад (пас аз 3-4 ҳафта), вале бо мақсади пешгирии такроршавии авҷи касалӣ дар оянда ҳар сол 2-3 маротиба курси табобатро бо омодаҳои Fe такроран гузаронида истодан лозим меояд, бемор бояд аз хўрокиҳои сероҳанпора истифода барад, масалан гўшти гов, ҷигар, гурда, тухм, себ, меваҳои хушккарда ва ҳоказо. Дар мавридҳои камхуниҳои вобаста бо хуншориҳо, амалиётҳои бартараф кардани сабаби онҳо ва хунгузаронӣ ҷои аввалро ишғол менамоянд.
3. Камхунии пернисиозӣ (Аддисон – Бирмер, 1855). Пернисиозӣ, яъне баданҷом – ин номро якумин маротиба с. 1868 Бирмер гузошта буд, зеро он солҳо ин касалӣ ҳатман ба марг мерасонид. Дар соли 1926 Майнату ва Мерфӣ ба хўроквориҳои ҳаррўзаи беморон ба миқдори зиёд ҷигари хоми говро ҳамроҳ карда, марҳалаи беҳбудии касалиро ба даст дароварданд.
Онҳо пай бурданд, ки эҳтимол дар ҷигари хоми гов омодае мавҷуд бошад, ки вай барои афзоиши хун аҳамият дорад. Фақат дар с. 1929, яъне 100 сол вопасин, Касл тадқиқотҳои бисёритаҷрибавӣ гузаронида маълум кард, ки дар таркиби ғизоҳо "омодаи берунӣ" мавҷуд буда, бо "омодаи дохилӣ", ки дар таркиби шираи меъда воқеъ аст, ҳамроҳ мешавад ва якҷоя омодаи хунҳосилкунандаро ташкил мекунад. Дар с. 1948 Смит тасдиқ намуд, ки омодаи берунӣ – ин витамини В12 (сианокоболамин) аст, ки вай дар таркиби ҷигари гов, гурда, гўшт, тухм воқеъ мебошад ва омодаи дохилӣ ин гастромукопротеин аст, ки вайро ҳуҷайраҳои иловагии ғадудҳои қаъри меъда ҷудо менамоянд.
Дар тани солим витамини В12 ба меъда бо ғизоҳо дохил шуда, бо гастромукопротеин вобаста мегардад. Дар натиҷа, комплекси устувор ҳосил мегардад, ки дар ин шакл витамин В12 бо таъсири микрофлораи рўдаҳо нобуд намешавад ва дар рўдаи таҳигоҳӣ беҳтар ҷаббида мешавад. Таркиби шираи меъдаи беморони гирифтори касалии камхунии Аддисон – Бирмер, дар натиҷаи пажмурдашавии пардаи луобӣ (гастрити пажмурдавӣ), ки гастромукопротеин надорад ва витамини В12, ки бо ҳамроҳи ғизоҳо ба узвҳои ҳозимӣ дохил мегардад, бо таъсири микрофлораи рўда нобуд мешавад. Дар натиҷа, ҳолати авитаминози В12 рўй медиҳад. Дар маврдиҳои дигар, камхунии вобаста бо камбудии витамини В12 дар натиҷаи ҷарроҳӣ намуда бурида партофтани қисми бисёри меъда, энтерити вазнин, аз ҳад зиёд сарфакории бадан дар ҳолати дуҷонӣ, ҷаббидашавии он бо киҷҷаҳои тасмашакл ва ҳазми вайроншудаи он дар мағзи устухонҳо
(камхунии ахрестӣ) пайдо мешавад.
Аломатҳои беморӣ. Зоҳиршавии аломатҳои касалӣ бештар номаълум мемонад. Бемор ба камқувватӣ, дилтеззанӣ, сарчархзанӣ, дамкўтоҳӣ, хусусан дар ҳангоми иҷрои кори сабуки ҷисмонӣ ва ҳаракати шадид шикоят мекунад, қобилияти меҳнатии бемор суст, иштиҳо паст каме дилбеҳузурӣ пайдо мешавад. Баъзан нишонаҳои аввалини касалӣ шикояти бемор ба лавваскунии нўг ва канораҳои забон (глоссити пажмурдавӣ) мувофиқат мекунад.
Бисёр вақт дарунравии ахилиявӣ ё баръакс, қабзияти давомнок мушоҳида карда мешавад. Вайроншавии вазоифи силсилаи асабҳо ба пайдо шудани аломатҳои парестезия, парапарези қабзӣ, вайроншавии мақоми қадаммонӣ, фалаҷи қабзии пойҳо, нест шудани бозтобҳои зону мувофиқат мекунад.
Имконпазир аст, ки инчунин вайроншавии вазоифи пешобдон, рўдаи мустақим пайдо шаванд, ки ин аломатҳои миелози фуникулярӣ буда, касолати сутунҳои паҳлўийи ҳароммағз мебошад. Аз тарафи силсилаи марказии асабҳо аломатҳои вайроншавии мақомоти хоб, ноустувории ҳолати рўҳии бемор мушоҳида мегардад.
Дар натиҷаи нобудшавии барзиёди меҳалоситҳо ҳемоглобини барзиёд озод мешавад ва аз он билирубин ҳосил мешавад, ки ин боиси камрангу зардчатобшавии ранги пўсту пардаҳои луобии бемор шуда метавонад. Рўи бемор каме варам, забонаш сурхи дурахшони ҷилодор мешавад, ки вай бо пажмурдашавии пистонакҳои забон вобаста аст. Дар нўги забон ва канораҳои он захмҳои дардманд пайдо шуда (глоссити Ҳунтер), дандонҳо кирмхўрда мешаванд.
Устухонҳои паҳнак ва найшакл (сон ва рон) дар вақти фишурдан ва ангуштмол кардан дардманд мебошанд, ки ин нишонаи гиперплазияи мағзи устухон, каме калонии ҳаҷми ҷигар ва сипурзро нишон медиҳад. Сарҳади меъдачаи чап каме ба тарафи чап беҷо, тахикардия, ғул-ғулаи систоликӣ мушоҳида карда мешавад. Набз мулоим, суръаташ тез, гипотония, дар ЭКГ – пастшавии волтажи умумӣ, дандонаи RSТ ва калоншавии фосилаи S – Т муайян карда мешавад.
Рентген ва эндоскопияи узвҳои ҳозима садафмонанд пажмурдашавии пардаҳои луобии меъдаро нишон медиҳанд, пайдоиши салилаҳо ва ё ҳатто саратон ҳам имконпазир мебошад. Оризаи саратон дар ин хел беморон камхунии баданҷом дошта, то 8 маротиба зиёдтар дида мешавад. Яке аз аломатҳои барвақттарини (чанд сол пештар) касалӣ ва шарттарини он дар
98 фоизи беморон ахлорҳидрия мебошад.
Дар хун: зиёдшавии миқдори билирубин, Fe, кам шудани миқдори эритроситҳо бо мақомоти нисбатан сершавии ҳар як эритросит бо Ҳб (ҳол он ки миқдори умумии Ҳб дар хун кам аст) мушоҳида карда мешавад.
Нишондиҳандаи ранги хун ҳамеша баланд – 1.2-1.5; анизо – пойкило, макроситоз, эритроситҳо калоншакл ва тухмшакл мешаванд, ҷисмчаҳои
Жолли (боқимондаҳои ядрои меҳалоситҳо), ташкилаҳои калоншакли хроматикӣ (бо ранги ишқор нағз рангшаванда), ҳаҷмашон 1-2 мкм, сурхи ҷигариранг, ҳалқаҳои Кеботи сурхранги шакли рақами 8 дошта, эритроситҳои доначаҳои базофилӣ дошта, ки ин аломатҳо танҳо дар хуни беморони камхунии парнисиозӣ ва заҳролудии Қурғошим дошта дида мешаванд. Инчунин, эритроситопения, макрофагия, лимфоситози нисбатӣ, тромбоситопения, дар пунктати мағзи устухон 3-4 маротиба зиёдшавии миқдори ҷавонаи сурх назар ба ҷавонаи ҳуҷайравии лейкоситҳо (дар одамони солим ин мутаносиб баръакс) мушоҳида мегардад.
Ҷараён. Дар замонаҳои пеш, то солҳои 1926, яъне то сар кардани табобат бо ҷигари хом, беморон дар давоми 2-3 сол мемурданд. Фавт дар ҳолати иғмо – беҳушӣ, арефлексӣ, ҳипотония, ҳипотермия, қайкунӣ, пешобкунии ғайриихтиёрӣ, рўй медиҳад. Дар замони ҳозира бошад, агар табобат ба назорати диспансерӣ қаноатбахш ташкил карда шуда бошад, фавти беморон аз ин касалӣ дар амал дида намешавад. Табобат. Доруи асосӣ – ин витамини В12 аст, ки 100-300 мкг вайро ба зери пўст ва ё қабати мушак, ҳар рўз як маротиба тазриқ менамоянд. Ин мақомоти табобат бисёр манфиатнок мебошад ва пас аз 2-3 рўзи сар кардани табобат, таркиби хун аллакай беҳтар мешавад. Беқувватӣ кам мешавад, лаёқатмандии бемор ба меҳнат, баъзан ҳатто ҳолати усора ҳосилкуниимеъда барқарор мегардад. Хеле сусттар ва на ҳамеша пурра, зоҳироти аломатҳои миелози фуникулярӣ барҳам мехўранд.
Пас аз ба давраи беҳбудӣ расидани бемор витамини В12-ро ҳар ҳафта як мраотиба ба вояи 100 мкг тазриқ менамоянд ва ин мақомот бояд, дар давоми ҳамаи ҳаёти бемор амалӣ иҷро карда шавад.
4. Камхуниҳои вобаста бо вайроншавии ҳосилшавии хун дар натиҷаи камхунии миқдори Fe (барои сохтани ҳимоглобини эритроситҳо), витамини В12 (барои ҷараёни мўътадили эритропоэз), дар мавридҳои заҳролудшавии бадан (бо заҳрҳои экзогенӣ, бо таъсири шуоҳо, инчунин дар мағзи устухон пайдошавии интиқоли саратони дигар узвҳо ё ҷои ҷавонаи сурхро гирифтани афзоиши (нумўи) барзиёди бофтаҳои миеломӣ инкишоф меёбанд.
5.Камхуниҳои вобаста аз ҳал зиёд нобудшавии (хемолизи) эритроситҳо. Ба чунин камхуниҳо инҳо дохил мешаванд: а) ҳемолизи эритроситҳо дар дохили ҳуҷайраҳо рўй медиҳад (дар макрофагҳои сипурз, мағзи устухон, ҷигар). Ин камхуниҳо аксари вақт модарзодӣ буда, вобаста бо норасогии (нуқсони) сохторӣ ва вазоифии эритроситҳо мебошанд: эритроситҳои куррашакл, тухмшакл, ҳемолизи худмасункунӣ пайдо мешаванд, ки онҳо бо зиёдшавии билирубин ва калоншавии ҳаҷми сипурз ҷараён меёбанд; б) камхуниҳои шадид, ки дар дохили хунрагҳо меафзоянд ва бо таъсири ҳар гуна заҳрҳо, дар ҳангоми гузаронидани хуни гурўҳаш номувофиқ пайдо мешаванд. Ин камхуниҳо бо баромадани ҳемоглобини озод ба зардоби хун ва ҳемоглобунурия ҳамроҳ ҷараён меёбанд. Ба ин намуд, инчунин камхуниҳои вобаста бо ҳемолизи музмин (амрози Маркиафава ‒ Микелӣ) дохил мешавад: в) камхуниҳои ирсӣ (модарзодӣ) – камхунии ҳуҷайрадосмонанд; талассемия
– камхунии ибтидоиӣ ирсӣ, ки бо аломатҳои микроситоз, эритробластоз, сипурзкалонӣ ва остеопороз ҷараён меёбад; г) камхуниҳои иқтисодӣ (худмасуншудагӣ, мембранопатияҳои ҳемолизӣ, заҳролудӣ ва ғайраҳо).
4.6. Бемориҳои музмини устухону буғумҳо.
Бемориҳои музмини устухону буғумҳо дар байни аҳолӣ хеле паҳншуда буда, 8 фоизи ҳама рўзҳои корношоямӣ ва 10 фоизи ҳама бемории маъюбони ҷаҳон вобаста бо ин касалиҳо мебошанд. Шакл ва намуди ин гуна бемориҳо бисёранд (аз 100 ҳам зиёдтар), вале маълумтарини онҳо касалиҳои музмини тарбодӣ мебошанд, ки ба онҳо остеартрози шаклвайронкунанда, илтиҳоби тарбодмонанди буғумҳо ва ниқрис дохил мешаванд. Касалшавӣ аз ин амроз ҷои дуюмро ишғол мекунад ва танҳо касалиҳои шадиди роҳҳои нафас аз ин касалиҳо бисёртар паҳн шудаанд ва дар ҷаҳон ҷои якумро мегиранд.
Остеартрози шаклвайронкунанда – (ОАШ) – амрози музмини фосидкунандаи устухонҳо, буғумҳо ва тағоякҳо мебошад. Аввалан аз фосидшавии тағояки буғумҳо сар шуда, сониян ба тағйироти сатҳи буғумҳо, инкишофи бутоқчаҳои устухонии канорӣ ва ба бесомонии шакли
(шаклвайронии) буғумҳо меорад. Паҳншавии ОАШ дар байни ҳамаи касалиҳо 6-12 фоиз буда, дар байни касалиҳои музмини тарбодӣ 70-80 фоизро ташкил мекунад. Дар байни занҳо (назар ба мардҳо) ду маротиба зиёд паҳн шудааст.
Барои ба ОАШ гирифтор шудан омилҳои зерин сабаб шуда метавонанд:
-
афзунбории вазоифи буғумҳо, ки ба микрозахмдоршавӣ сабаб мешавад;
-
-
- зарбу лат хўрдан, шикастан ва ё аз ҷояш баромадани устухон; вайроншавии меҳвари (статикаи) бадан, афзунҳаракатмандӣ; вайроншавии сабзиши бофтаҳои буғумҳо, ки мувофиқатии сатҳи онҳоро кам мекунад;
-
-
артритҳои (илтиҳобӣ) шадид ва музмини буғумҳо; 6) вайроншавии мубодилаи моддаҳо: хондрокалсинозҳо, ниқрис ва ҳоказо.
Дар имрози ОАШ таъсири музмини омилҳои механикии микрозахмдоркунии устухон, тағояк ва буғумҳо роли асосиро мебозанд: дар сатҳи шишамонанди тағояки буғумҳо, роғҳо, кафидагиҳо, бутоқчаҳои чӣ? устухонии канорӣ, ғозашавии торҳои шилмдиҳанда пайдо мешаванд ва дар натиҷа ҳамаи иллатҳои фосидшавӣ – остеоартроз инкишоф меёбад.
ОАШ аксаран буғумҳои калон – зону, кос ва рон, ки қобилияти афзунборӣ бештар ба онҳо хос аст, иллатнок менамояд. Қариб дар нисфи беморон
(тахминан то 50%), бештар дар занҳо, гиреҳвор ғафс шудани буғумчаҳои охирини ҳар ду даст мушоҳида карда мешавад, онҳоро гиреҳчаҳои Ҳеберден меноманд.
Гуфтан лозим аст, ки дар тағояки буғумҳо бофтаҳои асаб вуҷуд надоранд, миқдори ками торҳои асаб дар пардаҳои зулолӣ мавҷуданд, аммо капсула, пайвандҳо, пайҳо ва устухонпардаҳо бофтаҳои серасаб мебошанд. Бинобар ин, дард дар натиҷаи кашишхўрии пайванду пайҳо ба фишори рамҳа ва капсула пайдо мешавад. Агар фишори дохили устухон афзояд, дарди сусту кунди доимӣ, устухондард пайдо мешавад, ки ин воситаи беқарорӣ, бехоб ва бемадории бемор мегардад.
Одатан саршавии касалӣ ноаён мегузарад, дарди буғумҳои алоҳида мумкин аст пас аз иҷрои аз ҳад зиёди меҳнати ҷисмонӣ эҳсос ёфта, дар ҳолати оромӣ қатъ гардад. Вале эҳсоси дарди буғумҳо ва устухонҳо дар бегоҳирўзӣ (пас аз мондашавӣ) ва қатъшавии онҳо пас аз истироҳати шабона ба касалии ОАШ хеле хос мебошад, ки онро оҳанги (ритми) механикӣ меноманд.
Н. С. Косинская се марҳалаи клиникавию рентгенологии артрозҳоро пешниҳод кардааст.
Марҳалаи 1. Каме маҳдуд шудани ҳаракатмандии буғум ба як тараф: дар аксбардории рентгенӣ – каме тангшавию роғашавии байни буғумҳо; пайдошавии ками тасаллуби устухонҳо ва ягон-ягон бутоқчаҳои устухонӣ мушоҳида мешаванд. Марҳалаи 2. Маҳдудшавии умумии ҳаракатмандии буғумҳо; ғарч-ғарч кардани буғумҳо дар вақти ҳаракат; каме харобшавии мушакҳои ҳамҳудуд; дар аксбардории рентгенӣ 2-3 маротиба танг шудани роғи байни буғумҳо; тасаллуби тағоякҳо ва миқдори бисёри бутоқчаҳои устухонӣ.
Марҳали 3. Дараҷаи баланди шаклвайронии буғумҳо ва маҳдудии ҳаракатмандии онҳо; дар аксбардории рентгенӣ қариб пурра нест шудани роғаҳои байни буғумҳо, истеосклерози баръайёна; бутоқчаҳои калонҳаҷми бисёр ("мушакҳои буғумӣ").

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё