ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Диспансеризатсияи мақсаднок дар бар мегирад: кўдакон, навҷавонон, занҳои синну соли репродуктивӣ, ҳомилаҳо ва болиғон.
Барои ҳар як гурўҳи синнусолӣ қоидаҳо ва принсипҳои махсуси диспенсеризатсиякунонӣ мавҷуд аст. Илова бар ин, тамоми бемориҳои музмин (бемории фишорбаландӣ, бронхити музмин, газаки меъда, решимаразҳо ва ғ.), ки мўҳлати худ ва қоиаҳои муоинаҳои диспансерии махсусеро доранд, диспансеризатсия мешаванд.
Гурўҳҳои диспансерӣ: Д – 1 – солимҳо, аз ҷумла шахсоне, ки дар ҳолатҳои сарҳадӣ қарор доранд ва дар онҳо каме дуршавӣ аз ҳолати меъёрӣ дар мисоли баланд шудани фишори шарёнӣ ва ғ. ба назар мерасад: Д-11 – одамони тақрибан солим, дар анамнезашон бемориҳое, дида мешавад, ки ба функсияи узвҳои ҳаётан муҳим таҳдид намекунанд ва ба қобилияти меҳнатиашон таъсир намерасонанд; Д -111 – бемороне, ки ба табобат ниёз доранд. Баъди гузаронидани муоинаи диспансерии шахсони гурўҳҳои якум ва дуюм, онҳоро дар ҳуҷраи (шўъбаи) профилактика ба қайд мегиранд. Беморони ошкоршударо таҳти62 муолиҷаи муносиб қарор медиҳанд. Нақшаҳои доир кардани чорабиниҳои солимгардонӣ ва барқарорсозиро таҳия мекунанд.
Дар амали сохтанӣ Д. нақши асосиро табиби оилавӣ мебозад. Вай кори мутахассисони дигарро ҳамоҳанг месозад, иҷроиши чорабиниҳои ба нақша гирифташудаи табобатӣ – солимгардониро анҷом медиҳад ва назорат мекунад, тарзи ҳаёти солимро ташвиқ мекунад.
Ба ин сабаб ҳамшираи тиббии тибби оилавӣ ҳар сол рўйхати шахсонеро ки ба табиб вобаста карда шудаанд, дақиқу аниқ мекунад, таҳқиқи такрории профилактики диспансерии шахсонеро, ки дар давраи табобат диспансеризатсияро дар статсионар, дар муассисаҳои идорӣ ва дигар муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ дар давоми 6 моҳи қаблӣ гузаштаанд, садди роҳ мешавад. Ба мақсади муташаккилона гузаронидани Д. дар поликлиникаҳои минтақавӣ – марказҳои саломатӣ ва қисмҳои тиббиву санитарӣ шўъбаҳои профилактика таъсис дода мешавад, ки аз ҳуҷраҳои (кабинетҳои) зерин иборат аст: ҳуҷраи анамнезӣ, таҳқиқотҳои функсионалӣ, муоинаи занҳо, таблиғи ТҲС, бақайдгирии мутаммаркази диспансеризатсия. Шўъбаро табиб роҳбарӣ мекунад, таҳти роҳбарии вай муоинаи то табибро корманди миёнаи тиббӣ мегузаронад. Шўъбаи профилактика инчунин бақайдгирии ё баҳисобгирии ҳамаи аҳолии ба поликлиника вобасташударо анҷом медиҳад, патсиентҳоро ба Д. даъват мекунад, чорабиниҳои диспасериро мутаммарказона ба ҳисоб мегирад.
Ҳуҷчати асосии баҳисобгирӣ «Харитаи баҳисобгирии диспансеризатсия» мебошад, ки дар он бар иловаи маълумотҳои шиноснома, маълумот дар бораи аз тарафи табиб муайян кардани гурўҳи муоинаи диспансерӣ, гузоштани муоинаи ҳамасолаи диспансерии, гузаронидани таҳқиқот аз рўи минимуми зарурӣ. Натиҷаи муоинаҳо, таҳқиқотҳои лабораторӣ ва функсионалӣ, маълумот дар бораи чорабиниҳои табобатӣ – солимгардонӣ ба таври муфассал ба харитаи амбулатории бемор (формаи № 025/у), таърихи инкишофи кўдак (формаи № 112/у) қайд карда мешавад. Барои шахсони гирифтори бемориҳои63 музмин, сиҳатшудаҳо пас аз гузаронидани бемориҳои шадид, ки маъмулан ба гурўҳҳои муоинашавандаи Д – 11 ва Д -111 дохил мешаванд, харитаи назоратии муоинаи диспансерӣ пур карда мешавад.
Арзёбии самаранокии Д. аҳамияти муҳим дорад, вай бояд нисбат ба ҳар як патсиент дар асоси омўзиши динамикаи ҳолати вай, натиҷаҳои таҳқиқотҳо, маълумот дар бораи миқдор хуруҷҳо, вуҷуд доштани ҳолатҳои маҳрум шудаи аз қобилияти корӣ ва ғ. ва ҳам нисбат ба ҳар як контингенти диспансерӣ умуман, пеш аз ҳама бо дар назардошти тағйирёбии гурўҳҳои муоинаи диспансерӣ, инчунин нишондиҳандаҳои беморшавӣ бо муваққатан аз даст додани қобилияти корӣ ва маъюбшавию фавтият амали карда шавад.
Реабилитатсия (барқарорсозӣ) (аз лот. Rehabilitatio - барқарорсозӣ) – чорабиниҳои табобатӣ – барқарорсозӣ, ки пас аз беморӣ ва садама гузаронида мешаванд. Реабилитатсия – маҷмўи чорабиниҳои тиббӣ, педагоогӣ, касбӣ, ҳуқуқи буда, ба барқарорсозии саломатӣ ва қобилияти кории шахсоне нигаронида шудааст, ки имкониятҳои ҷисмонӣ ва рўҳиашон дар натиҷаи аз сар гузаронидани бемориҳо ва садамаҳо рух додаанд.
Реабилитатсия ҳангоми баъзе бемориҳои узвҳои дарунӣ, бемориҳои модарзодӣ ва ғайримодарзодии дастгоҳи такяву ҳаракат, оқибатҳои садамаҳои вазнин, бемориҳои рўҳӣ гузаронида мешавад.
Реабилитатсия махсусан барои кўдакони ноқисулақл, дорои нуқсонҳои шунавоӣ, нутқ, босира ва ғ. аҳамияти калон дорад. Бар иловаи чораҳои табобатӣ (меҳнатшифоӣ, варзиши шифоӣ, бозиҳои варзишӣ, барқшифоӣ, гилшифоӣ, масҳ), ки дар шўъбаҳои физиотерапия ва реабилитатсияи марказҳои саломатӣ ё дар беморхонаҳо ё институтҳо (гузаронида мешаванд, ин чунин реабилитатсия чорабиниҳои дар беморон инкишоф додани малакаҳои худхизматрасонӣ / реабилитатсияи иҷтимоӣ, маишӣ) ва маъюбонро барои фаъолияти меҳнатӣ таёр кардан (корҳои касбӣ, истеҳсолӣ, реабилитатсионӣ) ва ғ. ро дар бар мегирад. Усулҳои реабилитатсионӣ имконият медиҳанд, ки функсияи аз даст додашуда вобаста аз ҳолати анатомии баъди садамагӣ ва баъди табобатӣ ба таври максималӣ пурра барқарор карда шаванд. Ин кори ниҳоят вазнин мебошад, аз патсиент сабру таҳаммул ва устувориро талаб мекунаду аз табиб – донишу малакаҳои махсуси барои дастгоҳҳои реабилитатсионӣ ва тренажерҳо заруриро.
Намудҳои табобати реабилитатсионӣ:
Реабилитатсияи ортопедӣ – пас аз садама ва ҷарроҳиҳо, ҳангоми бемориҳои системаи устухону мушакҳо, нуқсонҳои инкишофи сутунмўҳра ва халалёбии қаду қомат гузаронида мешавад.
Реабилитатсияи неврологӣ – баъди садама ва ҷарроҳии системаи асаб, ҳангоми бемориҳои системаи периферии
(канории) асаб, инсултҳо, нимфалаҷ гузаронида мешавад.
- Реабилитатсияи дилу рагҳо – пас аз инфаркт, ҳангоми пайдошавии бемориҳои дил ва рагҳо ва ғ. анҷом дода мешавад.
Реабилитатсия ба мақсадҳои зерин гузарнида мешавад:
реабилитатсияи зуди мушакҳо ҳангоми атрофия ба мақсади барқарор намудани қувва ва тонуси андомҳо.
барқарор намудани андозаи ҳаракат дар буғумҳо пас аз иммобилизатсия.
тезонидани сурати регенератсияи бофтаҳои тағоякҳо.
беҳтар сохтани хунгардиши камарӣ ва равандҳои андозагии мушакҳо ва бофтаи устухонҳо.
зиёд намудани ҳаракатнокӣ ҳангоми равандҳои часпидагӣ ва дисфунксияҳои мушакҳо.
афзудани тонуси умумии ҳаётии патсиент. қатъ гардонидани доруҳо ва варамҳо ҳангоми садамаҳо ва ёзидани дастгоҳи бандакҳои буғумҳо. барқарор намудани фаъолнокӣ пас аз инсултҳо ва фалаҷҳо давраи пасазҷарроҳии патсиентҳо баъди ҷарроҳии халалёбиҳои дастгоҳи такяву ҳаракат (буғумҳо, бандакҳои устухонҳо) аснои латхўрӣ ва садамаҳо.
Раванди реабилитатсияи беморон дар асоси стимулятсияи имкониятҳои табиии организми одамон бар муқобили таъсироти берунӣ мебошад. Ҳангоми иҷро намудани машқҳои ҷисмонӣ истифода бурдани дастгоҳҳои муосир стимулятсияи мавзеиву умумии масуният ба амал меояд, равандҳои репаратсияи бофтаҳои иллатёфта қувват мегирад, хунгардиш ва лимфагардиш барқарор мешавад.
Усулҳои табобати реабилитатсионӣ:
1. Масҳ.
2. Варзиши шифоӣ.
3. Кинезитерапия.
4. Физиотерапия.
5. Табобати мандалӣ.
6. Стимулятсияи барқии мушакҳо (беҳтарсозии гузаронидани набзи (импулси) асабҳо ба мушакҳо).
7. Критерапия (қувваи пуршиддати хунгардиш).
8. Истифодаи хондропротекторҳо (барқарор намудани бофтаҳои тағоякҳо).
9. Тазриқи биостимуляторҳо (сабир (алоғ), ҷисми шишагӣ) барои нарму мулоим ва нест кардани изҳои пас аз ҷарроҳӣ.
10. Ёрии психологӣ.
Ҳангоми миозитҳо, ёзишҳо, спазмаҳо, садамаҳо ва оқибатҳои онҳо бо ёрии масҳи табобатӣ сусткунии миофассиалӣ ба мушакҳо таъсир расонида мешавад. Дар натиҷаи ин гардиши хун дар сегменти иллатноки андомҳо, аксулҷараёни лимфаҳо беҳтар карда мешавад. Варам ба зудӣ аз байн бурда мешавад, синдроми дард кам мешавад. Истифодаи машққи66 ҷисмонии меъёрӣ, ритмӣи такроршаванда дар дастгоҳҳои махсус барои барқарор намудани ҳаракатнокии буғумҳо осонтар кардани ҳаракат ва мустаҳкам кардани мушакҳо, баланд бардоштани қобилияти кори умумӣ асоси варзиши муолиҷавиро ташкил медиҳанд. Маҷмўи машқҳои варзиши шифоӣ мушакҳоро мустаҳкам мекунанд, қобилияти корӣ ва функсияи буғумҳоро барқарор месозанд. Мушакҳо, ки баъди дил дуюмин насоси системаи хунбар ба ҳисоб мераванд, беҳтаршавии хунгардиши регионариро таъмин мекунанд, функсияи лимфодренажиро стимулятсия месозанд. Барои мустаҳкам намудани мушакҳои пушт ва батн машқҳои махсус (маҷмўи машқҳо ва машқҳои алоҳида, ки онҳоро чӣ тавр ки хоҳанд, ҳамон тавр истифода мебаранд) мавҷуданд.
Усулҳои физиотерапевтии реабилитатсия дорои таъсирҳои возеҳи бедардгардонӣ ва зиддиомосӣ аст: онҳо ба ҳамаи узвҳо ва системаҳои организми одам, махсусан ба дастгоҳи такяву ҳаракат, системаи асаб ва хунгардиши фаъолона таъсир расонида, фаъолнокии функсионалии онҳоро баланд мебардоранд, функсияҳои халалдоршударо барқарор месозад, ҳамчунин қувваҳои муҳофизатии организмро мустаҳкам менамояд.
Табобати мануалӣ (дастӣ) имконият медиҳад, ки монеаҳои ҳаракати буғумҳоро бартараф сохта, андозаи ҳаракатро барқарор ва ё беҳтар месозад. Имконият медиҳад, ки бар зидди кантрактураи
(шохдамии) мушакҳо ва бофтаҳои пайвасткунанда мубориза бурда шавад, қолаби мушакҳо мустаҳкам шаванд, мушакҳо боз ҳам бештар эластикӣ шаванд, гипотрофия ва атрофияи мушакҳо, ки баъди дурру дароз дар ҳолати маҷбурӣ қарор доштани сутунмўҳра ва андомҳо поёниву болоӣ ба амал омадаанд, бартараф карда шаванд.
Дурусту боақлона интихоб намудани маҷмўи табобати реабилтатсионӣ ба Шумо имконият медиҳад, ки ба ҳадди максималӣ баъди садама барқарор шавед ва ба худ озодии ҳаракату имкониятҳои муоширатро бо одамони гуногунро бидуни ягон маҳдудият баргардонед. 1.8. Ҳуҷҷатнигории тиббӣ дар муассисаҳои ёрии аввалияи тибиву санитарӣ/ табобатии амбулаторӣ
Дар муассисаҳо ёрии аввалияи тиббиву санитарӣи Ҷумҳурии Тоҷикистон, формаҳои баҳисобгирии оморӣ зиёда аз 164 номгўӣ формаҳои ҳуҷҷатҳои тиббиро (намудҳои асосии ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар замима оварда шудаанд) ташкил медиҳад. Ба баъзе аз ҳуҷҷатҳои асосии дармонгоҳӣ -амбулаторӣ маълумоти мухтасар медиҳем.
Ҳуҷҷатҳои асосии тиббӣ «Харитаи тиббии беморони амбулаторӣ» (формаи № 025/у) мебошад, ки барои ҳар як сокини ноҳия пур карда мешавад. Дар харита маълумоти шиноснома, тасвири шароити зист, маълумот дар бораи муроҷиатҳо барои ёрии тиббӣ вуҷуд доранд, ба он маълумотҳо дар бораи муоинаҳои ҷорӣ, натиҷаҳои таҳқиқотҳо ва табобат ворид карда мешаванд. Табобат дар беморхона, корношоямии муваққатӣ, ҳамаи бемориҳо ва ғайра дар он сабт мешавад, хулоса, «харитаи тиббии бемори амбулаторӣ» сарчашмаи асосии ҳамаи маълумотҳо дар бораи вазъи саломатии одамон ба ҳисоб меравад.
Ҳуҷҷати муҳими оперативӣ ва оморӣ дар кори табиб ин «харитаи контралии муоинаи диспансерӣ» (формаи № 030/у) мебошад, ки барои назорат кардани танзими муоинаҳои диспансерӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳуҷҷати дигари муҳим, ки манбаи иттилооти ҳаҷми кор аст, «Талон барои қабули табиб» (формаи № 025 -4 /у) мебошад, ки пас аз тамом шудани қабул ба шўъбаи сабт (регистратура) ё ҳуҷраи оморӣ супорида мешавад.
«Рўзномаи кори табиб» (формаи № 039/у), ҳуҷҷати баҳисобгирӣ буда, имконият медиҳад, ки ҳаҷми кори табиб арзёбӣ карда шавад.
Рўзнома бояд дар ҳар як табибе, ки беморонро қабул мекунад ё дар хона ба онҳо хизмат мерасонад, бояд бошад.
Варақаи беморӣ. Мувофиқи қонунгузорӣ табиб метавонад, ки ё ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми бемор шуда, рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва маишат, барои нигоҳубин намудани узви бемори оила,68 ҳангоми табобати санаторӣ – фароғатгоҳӣ аз кор озод намояд. Барои аз кор озод кардан карантин, ҳомилагӣ ва зоидан, муваққатан ба кори дигар гузаштан вобаста ба бемориҳои касбӣ, сил ва ғ. асос шуда метавонанд.
Табиб метавонад, ки ҳар дафъа варақаи беморӣ диҳад барои на бештар аз се рўз, дар маҷмў 6-рўз. Мўҳлати варақаи бемориро (зиёда аз 6-рўз) комиссияи табибӣ – машваратӣ ё мудири шўъба дароз мекунад.
Одамони дурру дароз беморро на дертар аз 4 моҳи ба вуҷуд омадани корношоямӣ ё на дертар аз 5 моҳи бо танаффус дар 12 моҳи охир вобаста ба ҳамон як беморӣ кор накардан ба комиссияи экспертии тиббиву меҳнатӣ (ВТЭК) мефиристанд.
Ба ҳайати камиссияи табибӣ раис, сардухтур ё ҷонишини вай оид ба экспертизаи тиббиву меҳнатӣ, мудири шўъба ва табиби муолиҷакунанда дохил мешаванд. Маъмулан ба камиссияи табибӣ бемороне фиристода мешаванд, ки зиёда аз як моҳ варақаи беморӣ доштанд. Ҳангоми садамаи маишӣ тасдиқнома дар бораи корношоямии муваққатӣ барои 5-рўз (формаи № 95-1/у) дода мешавад, дар ин муддат агар бемор сиҳат нашавад, варақаи беморӣ менависанд.
Тасдиқи (формаи № 24/у) барои корношоямии муваққатӣ ҳангоми беморӣ, оқибати масти дода мешавад. Формаи № 31/у китоби сабти табиб дар хона. Барои ба боғча шомил кардан, ба мактаб интернат, хонаи кўдакон бурдани кўдакон картаи тиббии кўдак (формаи № 26) пур карда мешавад.
Фармаи № 63/у, картаи эмкуни дар муассисаҳои табобатӣ ба мўҳлатӣ нигоҳдорияш 15 сол пур карда мешавад. Формаи № 112/у, картаи таърихи инкишофи кўдак инъикос мешавад.
Шаҳодатномаи таваллуд (формаи 103/у-97) барои дар хонаи ақди никоҳ ба қайд гирифтан дода мешаванд, вале як нусхааш дар муассисаи тиббӣ нигоҳ дошта мешавад. Рохат барои ба камиссияи экспертии тиббиву меҳнатӣ (ВТЭК) фиристодан (формаи № 088/у) ба ВТЭК барои муайян кардани гурўҳи маъюбӣ фиристода мешавад. Барои ба органҳои69 суғуртаи давлатӣ пешниҳод кардани справка (формаи № 195) пур карда мешавад, вай барои пардохти маблағи муайяни суғурта (бо %) ҳуқуқ медиҳад. Барои патсиентҳое, ки ба табобати санаторияҳо эҳтиёҷ доранд, ҳуҷҷатҳои зерин пур карда мешавад:
- картаи санаторӣ – курортӣ (формаи № 072/у) пур карда мешавад.
Барои бемороне, ки аз хусуси газидани ҳайвонот муроҷиат кардаанд, картаи ваксинаи зиддирабӣ (формаи № 77) пур карда мешавад, дар ин маврид рақами эпидемӣ (эпидномер) гирифта ва ба муассисаҳои табобатии дахдор фиристода мешавад.
Тасдиқхати тиббӣ барои талабаи мактаб, ки ба урдугоҳи пешоҳангон меравад (формаи № 079/у) аст, дар ин тасдиқхат бояд рақами мактаб, синф, ноҳия ва кўчаи зисти талаба, ҳамчунин вазъи саломатии ў қайд карда шавад. Формаи № 138/у- ии тасдиқхат дарбораи муваққатан аз кор озод намудан барои нигоҳубин кардани кўдаки бемор мебошад, вайро ба мўҳлати то 14 рўз медиҳанд.
Дар бораи қобилияти корӣ надоштани донишҷў, хонандаи техникум, ҳунаристон, дар бораи бемории вай тасдиқхатӣ (формаи №95/у) дода мешавад.
Қисми 2.
Принсипҳои асосии фаъолияти табиби оилавӣ дар шароити амбулаторӣ
Ёдовар шудан зарур аст, ки кори табиби оилавӣ дар шароити амбулаторӣ ва дар хона аз кори табиби дар беморхона (статсионарӣ) буда як қатор фарқиятҳои принсипалӣ дорад ва ин фарқиятҳо хусусиятҳои хоси кори табиби оилавиро ташкил медиҳанд.
Табиби оилавӣ дар шароити амбулаторӣ на танҳо ба мисли табиби статсионарӣ вазифаи табобат карданро иҷро мекунад, балки дар байни аҳолӣ корҳои профилактикӣ, санитарӣ – маърифатиро низ ба роҳ мемонад. Вай беморро дуру дароз муоина мекунад, на танҳо бо бемор, балки бо одамони солим, аҳли оилаи вай низ сару кор дорад. Вай саломатии аҳолиро ҳифз мекунад.
Дар корҳои табобативу профилактикии муассисаҳои ЁАТС принсипи минтақавӣ (маҳаллӣ) ҳукмфармост, бартарии вай аз он иборат мебошад, ки вай муттасилии аз тарафи як табиб, новобаста ба ҷинс ва синну сол муоина кардани беморон таъмин карда мешавад, ёрии касбиро бевосита ба аҳолии минтақа ё маҳалла, тақрибан барои 1500 нафар, наздик месозад ва ба ин восита имконият медиҳад, ки дар беморон саршавии беморӣ ошкор карда шавад, ба таври комплексӣ гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ таъмин гардад, диспансеризатсияи самаранок анҷом ёбад.
Дар хусуси вазифаҳои табиби оилавӣ дар боло маълумот дода шуда буд, вале вазифаҳои асоситаринро боз ҳам ёдовр мешавем:
- ба аҳолӣ расонидани ёрии тахассусии тиббӣ дар қабулгоҳи муассисаҳои ЁАТС ва дар хона;
- пешгирӣ намудани бемориҳо дар байни аҳолии минтақаи барояш вобасташуда;
- муоинаи дуру дарози беморон ва табобати профилактикии бемориҳои музмин (диспансеризатсия);
- таъмин намудани табобати пайдарпайи беморон дар марҳилаҳои гуногун (муассисаҳои ЁАТС, статсиионар, осоишгоҳ (санатория);
- барои муайян кардани корношоямии муваққатӣ ва устувори патсиентҳо гузаронидани экспертизаи тибби меҳнатӣ, иштирок дар кори ВКК;
- анҷом додани корҳои маърифатӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ; амбулаторӣ ва ҳам дар хона.
- расонидани ёри таъҷилӣ (фаврӣ) ба патсиентҳо ҳам дар шароити Илова бар ин, табиби оилавӣ бояд, ки ҳаҷм ва хусусиятҳои таҳқиқотҳои клиникиву лабораторӣ ва функсионалиро, ки дар муассисаҳои ЁАТС иҷро карданашон имконпазир аст, донад.
Беҳтар он аст, ки ҳангоми аввалин муоинаи бемор дар хусуси барои машварат ба назди табиби мутахассис фиристодани бемор андеша карда шавад. Дар хона ба беморон расонидани ёрии тиббӣ хусусиятҳои хос дорад. Табиби оилавӣ, новобаста аз мушкилоти мавҷуда, ки ҳангоми расонидани ёрии тиббӣ ба онҳо рў ба рў мешавад, бояд дар хона тамоми чорабиниҳои заруриро ташкил намояд ва гузаронад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё