Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба мақсади таъмин кардани дараҷаи баланди саломатӣ мақсади ҳар як корманди тиббӣ дар фаъолияти худ бояд такя кардан ба самти профилактика бошад. Решаҳои профилактика ба қадими хеле дур мераванд. Масъалаҳои бо риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ғизои мукаммал пешгирӣ намудани бемориҳо дар Дунёи қадим ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Аммо асосҳои илмии профилактика танҳо аз асри Х1Х сар шуда, таҳия гаштаанд. Табибони пешқадам ва ходимони илми тиб ояндаи тибро дар инкишофи профилактикаи ҷамъиятӣ дар якҷоягии зич бо тибби муолиҷавӣ ва профилактикӣ мебошанд. «оянда аз тибби пешгирикунанда аст» - навишта буд ҷарроҳи бузурги рус Н.И Пирогов.

Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки масалан дар Россия подшоҳӣ тибби земство вуҷуд дошт ва чунин мафҳуме маълум буд, ки онро «табиби земский» меномиданд (шакли маҳаллии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот дар Россияи нимаи дуюми асри Х1Х). Табибони маҳаллии земство кўшиш мекарданд, ки корҳои табобатиро бо корҳои санитариву солимгардонӣ ва бо иштирок дар тарғиботи умумифарҳангӣ дар деҳот тавъам анҷом диҳанд). Баъди октиябри соли 1917 вазифаҳои табиби земский ба ўҳдаи терапевтҳо ва мутахассисони соҳаи маҳдуд вогузор шуд ва тадриҷан чунин шуд, ки ҳоло мебинем: терапевти маҳалла ва мутахассиси соҳаи маҳдуд, ҳар кадом соҳаи худро табобат мекунанд ва барои саломатии умумии патсиент гўё ки касе масъулиятнок нест.

«Вазифаи асосии табиб аз он иборат аст, ки вай бояд ба одамон солим буданро ва ба онҳое, ки инро ёд нагирифтаанд, табобат карданро омўзанд».

Дар хориҷа (Олмон, Франсия, Британияи кабир, ИМА) институтҳои илмӣ – таҳқиқотии санитариву маърифатӣ кушода шудаанд.

Дар кишвари мо Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва марказҳои саломатӣ амал мекунанд. Мақсади фаъолияти хадамоти ташаккули тарзи ҳаёти солим ин баланд бардоштани сатҳи фарҳанги санитарии аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои солиимгардонӣ мебошад, ки боиси ҳифзу мустаҳкам гардонидани саломатӣ, баланд бардоштани қобилияти корӣ ва дарозумрии фаъол мешаванд.

Мақсади ниҳони корҳои санитариву маърифатӣ паҳн кардани иттилоот дар бораи ин фан ё соҳа нест, балки мақсади он ташаккули боварӣ дар шунавандагон мебошад, ки бо роҳи омўзондан ба даст хоҳад омад. Барои ҳамин ҳам донистани он роҳе, ки ба воситаи он иттилоот пеш аз он ки дар кирдори шахсиятҳои алоҳидае, ки бо онҳо кор бурда шудааст, зоҳир шавад, паҳн мегардад. Ин занҷир умуман чунин намуд дорад: дониш боварӣ амал.

Ҳамин тавр, мақсади корҳои санитариву маърифатӣ ин дар одамон тарбия намудани ақидаҳои дуруст дар бораи ҳифз ва мустаҳкам кардани саломати худ ва пешгирӣ намудани бемориҳо мебошад. Бе боварӣ ё эътиқод корҳои самараноки профилактикӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳамчун мақсади ниҳоии профилактика номумкин аст.

Корҳои санитариву маърифатӣ бояд бо дарназардошти ҷинс, синну сол, хусусиятҳои иқлимиву ҷуғрофӣ, одату анъанаҳои миллӣ ва омилҳои дигар ба роҳ монда шаванд. Дар корҳои худ табиби оилавӣ оид ба тарбияи тарзи ҳаёти солим бояд шароити зисти аҳолиро низ ба эътибор гирад, ки ба ин омилҳои моддӣ ва ғайримодӣ (иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавию ахлоқӣ) дохил мешаванд. Усулҳо ва воситаҳои корҳои санитариву маърифатӣ:

Дар ташкил намудани корҳои санитариву маърифатии худ табиби оилавӣ дар баробари усулҳои анъанавии омўзиши аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ, монанди сўҳбат, мубоисаҳои гурўҳӣ; лексияҳо; шабнишиниҳои мавзўӣ, шаби саволу ҷавоб; мизи мудаввар ва ғ. бояд аз таблиғоти айянӣ (маҷалла, рузномаи деворӣ; бюллетени санитарӣ, намоиши китоб ва ғ.) низ истифода кард.

Корҳои санитариву маърифатӣ бо аҳолӣ ба таври гуногун гузаронида мешаванд:

1. бо одамони солим.

2. бо одамоне, ки дар онҳо хатари пайдо шудани беморӣ зиёд аст.

3. бо беморон (гирифтори бемориҳои шадид ва музмин).

Мақсади дар байни одамони солим гузаронидани корҳои санитариву маърифатӣ ҳифз ва мустаҳкам кардани саломатӣ аст.

Барномаи иттилооти тиббиву беҳдоштӣ барои онҳо таблиғи тарзи ҳаёти солимро пешбинӣ мекунад: масъалаҳои беҳдоштӣ оид ба кору меҳнат, истироҳат, ғизо, машғул шудан ба варзиш ва спорт, мубориза бар зидди одатҳои бад ва ғ. Методикаи кор бо ин гурўҳи одамон гузаронидани сўҳбатҳои инфиродии табиб ва тақсим кардани ёдоштҳои мавзўӣ мебошад, ки як қатор машваратҳои амалии ба ҳифз ва мустаҳкам кардани саломатӣ дахлдорро дар бар мегиранд. Дар ин корҳо асосан ёдоштҳои гуногун дар бораи тарзи ҳаёти солим истифода мешаванд.

Дар байни вазъиятҳои пешбеморӣ (преморбидӣ) чунин тамоюлҳо, монанди вазни барзиёд, пешгипертония, гиперхолестеринемия, пешдиабет ва ғ. бештар хатарнок ба шумор мераванд. Асоси аксари онҳоро халалдор шудани меъёрҳои беҳдоштии рафтор ташкил медиҳад, монанди гиподинамия, сигоркашӣ, майнўшии зиёд, ғизои номуносиб, реҷаи нодуруст. Маърифати санитарии одамоне, ки онҳоро хавфи беморшавӣ таҳдид мекунад, масъалаҳои профилактикаи аввалияи беморӣро дар бар мегирад, ки имконияти пайдошавӣ ё аломатҳои53 ибтидоии он дида мешавад, ба ислоҳи рафтори беҳдоштии онҳо нигаронида шудааст. Дар ин ҷо одамонро аз нав тарбия намудан, таъсир расонидан ба одатҳои аллакай устуворшудаи рафтор лозим мешавад, барои ҳамин ҳам корҳои санитарӣ – маърифатӣ тарзе ба роҳ монда шавад, ки муоширати мустақим ва такрорӣ имконпазир бошад, ки дар раванди он ретсипиент (гиранда, қабулкунанда) тавонад, ки ба зимаи худ ўҳдадориҳои муайянро вобаста ба тағийр додани рафтори беҳдоштии худ бигирад ва корманди тиббӣ иҷроиши ин ўҳдадориҳоро назорат кунад.

Методикаи корҳои санитариву маърифатӣ бо гурўҳҳои зикршуда аз сўҳбати инфиродии табиб, додани «ёддоштҳо (буклетҳо)-е, ки машварату маслиҳатҳои мушаххас доранд, бартараф намудани омилҳои нохуби барои саломатӣ мавҷудбуда, ҳамчунин гузаронидани сўҳбатҳо – мубоисаҳои гурўҳӣ (ба гурўҳ шахсонеро ворид месозанд, ки халалёбиҳои якхела доранд ва ё омилҳои якхелаи хатар таҳдидашон мекунанд) иборат мешавад. Барои гузаронидани машғулиятҳои гурўҳӣ бар иловаи терапевт мутахассисони соҳаҳои маҳдуди поликлиника, яъне диентолог, табиб (инструктор)-и варзиши муолиҷавӣ, психотерапевт низ ҷалб карда мешаванд. Дар тарбияи беҳдоштӣ иштирок намудани психотерапевт аҳамияти махсус дорад, зеро барои ин гурўҳи аҳолӣ дастгоҳи психологӣ сохтан барои ислоҳ кардани рафтори беҳдоштӣ ва сафарбар намудани нерўи иродаӣ онҳо зарур аст. Ҳадафи гузаронидани корҳои санитариву маърифатӣ дар байни беморон дар инҳо ба вуҷуд овардани малакаҳои муносиб, рафтори дурусти беҳдоштӣ мебошад, ки боиси зудтар шифо ёфтан ё сабук шудани ҷарайни беморӣ мегардад. Аз ин муваффақияти табобат ва зудтар шифо ёфтан хеле вобаста аст.

Методикаи корҳои санитарӣ – маърифатӣ дар байни беморон ба ду солӣ ҷудо мешавад: корҳои санитарӣ – маърифатӣ дар байни беморони гирифтори бемориҳои музмин ва шадид. Аксари бемориҳои музмин дар натиҷаи нокифоя табобат кардани бемориҳои шадид сар мезананд, барои ҳамин ҳам рафтори муносиби беҳдоштии беморони гирифтори54 бемориҳои шадид шарти муҳими пешгирӣ намудани бемориҳои музмин ба шумор меравад. Барномаи иттилоотӣ пешниҳодшаванда бояд минимуми ҳатмии маълумотҳо оид ба табобат ва резаи ратсионалии ҳаётро дар давраи беморӣ ва реконвалестсенсия (офиятёфта) дар бар гирад.

Барои аз тарафи беморон иҷро намудани чорабиниҳои табобатӣ – профилактикӣ аҳли оилаи онҳо таъсири хуб расонида метавонанд.

Корҳои санитарӣ – маърифатӣ бо хешовандони бемор ва шахсоне, ки бевосита ба нигоҳубини бемор дар хона машғул ҳастанд, фароҳам овардани шароити хуби психологӣ дар оила, мусоидат намудан дар иҷроиши ҷиддии таъйинот ва дастурҳои табиб ва таъмин намудани нигоҳубини босаводонаи бемор мувофиқи мақсад аст. Методикаи кор бо ин гурўҳи одамон сўҳбати инфиродии табиб (дар мавриди зарурӣ) ва додани ёддошти мавзўӣ бо тавсияҳо барои нигоҳубини беморро дар бар мегирад. Илова бар ин, онҳо ба дастурҳои беҳдоштии барои бемор таҳияшуда шинос мешаванд.

Корҳои санитарӣ – маърифатӣ дар байни одамоне, ки гирифтори бемориҳои музмин ҳастанд, аз рўйи методикаи кўрси омўзиши рўзона ва ғоибона ба роҳ монда мешаванд. Ин курс иборат аст, аз:

- сўҳбати инфиродӣ, ки дар рафти он бемор тавсиҳои зарурии беҳдоштӣ мегирад:

- сўҳбати гурўҳӣ бо иштироки табиб – мутахассис, ки дар он бемор иттилооти иловагии тиббиву беҳдоштӣ мегирад, ин имкон медиҳад, ки маслиҳатҳои табиб беҳтар фаҳмида шаванд, зарурати иҷрои онҳо дарк карда шавад.

- тақсим кардани «Китоби диспансеризатсияшаванда», ки унсури асосии омўзиши ғоибона аст ва дар он мўҳлати ба қабули навбатии профилактикӣ омодаи нишон дода шудааст. Бемор онро якҷоя бо ёддошт дар бораи бемории дахлдор мегирад.

«Китоб барои диспансеризатсияшаванда» имконият фароҳам меоварда, ки бемор параметрҳои ҷудогонаи рафтори беҳдоштии худро сабт кунад, ин боиси он мешвад, ки тавсияҳои беҳдоштии гирифтаашро дар хотирааш мустаҳкам созад, табиб бошад, иҷроиши онҳоро назорат кунад.

Дар шароити диспансеризатсия ин шакли кори санитарӣ – маърифатиро ҳангоми тарбияи беҳдоштии шахсоне, ки дар онҳо хатарҳои зиёди беморшавӣ вуҷуд дорад, мавриди истифода қарор додан мумкин аст.

Дар таърифи ТУТ «саломатӣ – ин ҳолати офияти (саломатии) ҷисмонӣ, рўҳӣ ва иҷтимоӣ мебошад, на ин ки танҳо набудани беморӣ ё нуқсонҳои ҷисмонӣ».

Олимон чунин мешуморанд, ки агар шартан сатҳи саломатиро

100% гўем, 20%-и он аз омилҳои ирсӣ, 20% аз таъсироти муҳити атроф,

10% аз фаъолияти системаи нигоҳдории тандурустӣ, боқимонда 50%-и дигар аз худи одам, аз тарзи ҳаёти вай вобаста аст.

Тибқи маълумоти олимони олмонӣ патенсиали рафтор дар профилактикаи бемориҳои дилу рагҳо – 60–80%, онкологӣ – 40-70% диабети қанд – 50-80%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, тарзи ҳаёти аҳолиро бештар саломатӣ муайян мекунад, на ирсият ва таъсироти табиат – иқлим ва муҳити атроф.

Дар айни замон аҳоли дарк намекунад, ки тарзи ҳаёти солим (ТҲС) чист. Бисёри одамон фикр мекунанд, ки «Саломатиам аз худам ҳаст, ба ў чӣ коре, ки хоҳам мекунам». Одам саломатии худро эҳсос намекунад, бузурги захираи вайро намедонад, ба саломатии худ ғамхорӣ карданро ба таъхир меандозад, ба нафақа баромадан ё бемор шуданро интизор мешавад. Ба ақидаи донишмандон (Угнивенко В.И., Мартиненко А.В.,

1998, Шухатович В.Р., 2003) ТҲС заминаи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии инсон, соҳиб шудан ба дарозумрии фаъол ва мукаммал ба субут расонидани вазифаҳои ҷамъиятӣи он ба шумор меравад.

Мубрам шудани масъалаи ТҲС ба афзудан ва тағйир ёфтани хусусиятҳои сарбориҳо ба организми одамон вобаста аст, ки дар натиҷаи муракаб шудани ҳаёти ҷамъиятӣ, зиёд шудани хатарҳои техногенӣ, экологӣ, психологӣ, сиёсӣ ва анҷомӣ, ки дар вазъи саломатии одоамон ангезишҳои негативиро ба вуҷуд меоваранд, вобастагии зич дорад.

Дар бораи ТҲС нуқтаи назари дигар низ ҳаст: «ТҲС –ин системаи рафтори бошууронаи одамон (эътидол дар ҳама ҷиҳатҳо, реҷаи оптималии ҳаракатӣ, обутобдиҳӣ, ғизои дуруст, реҷаи ратсионалии зиндагӣ ва рад кардани одатҳои бад) дар асоси анъанаҳои ахлоқӣ – динӣ ва миллӣ бунёд шудааст, вай одамонро бо беҳбудии ҷисмониву равонӣ, рўҳӣ ва иҷтимоӣ, дар миёни он ҳама балоҳои осмонии халқкардаи

Худованд дар ҳаёти заминӣ дарозумрии фаъолро фароҳам месозад».

ТҲС –ин иштироки фаъолона дар шаклҳои меҳнатӣ, ҷамъиятӣ, оилавӣ – маишӣ ва фароғати фаъолияти ҳаётии одамон мебошад. Ба маънои маҳдуди биологӣ сухан дар бораи имкониятҳои физиологии адаптатсионии одамон бар таъсироти муҳити берунӣ ва тағйирёбии вазъи муҳити дарунӣ меравад. Муаллифоне, ки дар ин мавзўъ менависанд, барои ТҲС инҳоро базавӣ ё асосӣ меҳисобанд:

аз синни барвақти хурдсолӣ тарбия намудани одат ва малакаҳои солим;

муҳити атроф; барои зист беҳатар ва бароҳат, донистани таъсири ашёҳои атроф ба саломатӣ;

даст кашидан аз одатҳои зарарнок: сигоркашӣ, нашъамандӣ, майнўшӣ.

ғизо: мўътадил, ба хусусиятҳои физиологии одами мушаххас муносиб, маълумот доштан дар бораи сифати маҳсулотҳои истеъмолшаванда;

ҳаракат; ҳаёти фаъоли ҷисмонӣ, аз ҷумла машқҳои махсуси ҷисмонӣ бо дар назардошти синну сол ва хусусиятҳои физиологӣ;

беҳдошти организм: риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аз худ кардани малакаҳои ёрии аввалия;

обутобдиҳӣ; мусбат (позитивӣ) фикр кардан.

Ба вазъи физиологии одамон ҳолати психоэматсионалии он таъсири калон мерасонад, ки вай дар навбати худ аз нерўи ақлонии вай вобаста аст. Аз ин лиҳоз, баъзе муаллифон ба таври илова чунин ҷанбаҳои ТҲС–ро низ зикр карданд:

аҳволи эматсионалӣ: беҳдошти рўҳӣ, проблема ва эматсияҳои худро идора карда тавонистан;

аҳволи интеллектуалӣ: доштани қобилияти иттилооти навро донистан ва истифода бурдан барои амалҳои оптималӣ дар шароитҳои нав;

аҳволи ботинӣ: қобилияти барқарор намудани ҳадафҳои ҳақиқатан муҳим ва конструктивии ҳаёт, ба онҳо майл кардан ва расидан ба оптимизми онҳо.

Дувоздаҳ маслиҳат мавҷуд аст, ки аз тарафи гурўҳи байналмилалии табибон,диетологҳо ва психологҳо тартиб дода шудаанд, онҳо асоси

ТҲС-ро ташкил медиҳанд:

- кору меҳнати фаъоли ақлонӣ;

- кори хуб;

- ғизои мукаммал;

- истеъмоли ғизо мувофиқи синну сол;

- нуқтаи назари шахсӣ (худӣ);

- дустдорӣ ва меҳрубонӣ;

- секси (муносибатҳои маҳрамонаи) мўътадил;

- хоб кардан дар ҳарорати 17о-18о, тақрибан 6 соат;

- сарбориҳои доимии ҷисмонӣ;

- давра ба давра истеъмол намудани ширинӣ;

- кам кардани эматсия;

- паҳн кардани нерўи позитивӣ. Баъзеи муҳақиқон (8) «аҳволи иҷтимоӣ», яъне донистани қобилият бо дигарон ҳамкорӣ карда тавонистанро низ ба ин гурўҳ шомил кардаанд.

Ташаккули ТҲС

Ташаккули ТҲС, ки боиси мустаҳкам шудани саломатии инсон мешавад, дар се дараҷа амали мегардад: иҷтимоӣ; таблиғи СМИ, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ; инфраструктурӣ; шароитҳои мушаххас дар соҳаҳои асосии фаъолияти ҳаётӣ (вуҷуд доштани вақти холӣ, воситаҳои моддӣ) муассисаҳои профилактикӣ, назорати экологӣ; шахсӣ: системаи ориентатсияи боарзиши одамон, стандартизатсияи саҳми маишӣ.

ТҲС – ин шакли фаъолияти ҳаррўзаи одамон мебошад, ки ба нигоҳдорӣ ва беҳтар гардонидани саломатӣ мусоидат мекунад.

Аммо ТҲС-ро танҳо атрибути одамони бемор низ барои мустаҳкам кардани саломатии худ истифода бурда мешаванд.

Бо дар назардошти гурўҳбандӣ кардани шаклҳои рафтори барои саломатии одамон хеле муҳим тарғибу ташвиқи ТҲС дар ду самт ба роҳ монда мешавад:

- тарғиби омилҳое, ки ба нигоҳдории саломатӣ мусоидат мекунанд (беҳдошти меҳнат, истироҳат, ғизо, реҷаи оптималии ҳаракатӣ, варзиш ва спорт, обутобдиҳӣ, маишат, беҳдошти шахсӣ, беҳдошти рўҳӣ, фарҳанги сексуалӣ, фарҳанги демографӣ, фаъолнокии тиббӣ ва диспенсаризатсия, фаъолнокии санитарӣ ва фарҳанги экалогӣ);

- тарғиби профилактикаи омилҳое, ки ба саломатӣ таъсири марговар мерасонанд (мубориза бар зидди майзадагӣ, сигоркашӣ, нашъамандӣ ва токсикомания, худтабобаткунӣ, табобат дар назди табибони халқӣ).

Дар самти якум омилҳоеро мебинем, ки дар сурати дуруст истифода бурданашон имкониятҳои мутобиқшавии организми одамро мустаҳкам мекунанд, вале дар вақти аз ҷиҳати беҳдошти бесаводона истифода карданашон ба саломатӣ таъсири манфӣ ворид месозанд.

Дуюм – омилҳое, ки барои саломатӣ аҳамияти манфӣ дошта, онҳоро аз59 байн бурдан лозим аст. Ю.В. Камаров, масалан, дар байни унсурҳои муҳимтарини тарзи ҳаёт чунин «душманони саломатӣ»-ро номбар мекунад: сигоркашӣ, ғизои нодуруст, майзадагӣ, шароити зарарноки меҳнат, стрессҳои ниҳоят зиёд, гиподинамия, бад будани шароити моддӣ

– маишӣ, истеъмоли маводи мухаддир, сўйистеъмол кардани доруҳо, ноустувор будани оила, танҳоӣ, серфарзандӣ, сатҳи пасти таҳсилот ва фарҳанг. Ин ҳадгузории унверисалӣ ба ҳисоб намеравад, вай танҳо шартан омилҳои хатарнокро ба намоиш мегузорад. Аммо ҳатто аз он ҳам маълум мешавад, ки барои ТҲС профилактикаи одатҳои зарарнок, ғизои мукаммал, беҳтар сохтани ҳаракат ва муҳофизати зиддистрессӣ бартарӣ доранд. Ана, барои ҳамин ҳам одамон оид ба ин унсурҳои ТҲС маълумотҳоро бояд аз табиби оилавӣ ба даст оваранд.

Дар профилактикаи аввалия тарғиби ТҲС метавонад, ки ба тағйироти тарзи ҳаёт, меъёрҳои ҷамъиятии рафтори гурўҳҳои калони аҳолӣ ё ба таъмини хизматрасонии профилактикӣ одамоне, ки ба хотири махсус таалуқ доранд. Дар профилактикаи дуввуми тарғиби ТҲС ба пешгирӣ намудани такроршавиҳо ва пешравии бемориҳо дар онҳое, ки ин бемори алакай ҳаст.

Кормандони тиб бояд на танҳо ба сухан, балки бо амал, кирдор ва рафтори худ ТҲС-ро тарғиб кунад. Дар айи замон татқиқотҳ нишон медиҳанд, ки вазни холиси кормандони тиббие, ки ба гимнастикаи субҳона машғул ҳастанд, назар ба нишондодҳои аъзои оилаи онҳо (22, 9 бар зидди 32,5 %), 50,4%-и кормандони тиббӣ мунтазам алкогол истеъмол мекунанд, фaқат 25,0% сари вақт барои ёрии тиббӣ муроҷиат мекунанд, қисми боқимонда ба худмуолиҷакунӣ машғул ҳастанд. Тавре ки дида мешавад, бозсозии шуури одамон, муносибати онҳо ба саломатии кормандони тиббиро аз худ бояд оғоз кард. 1.7. Диспансеризатсия (Д)

Д – усули хизматрасонии тиббӣ, ки ба муоинаҳои систематикии тиббии вазъи саломатӣ дохил мешавад: - профилактикаи бемориҳо ва табобати саривақтии онҳоро мусоидат мекунад.

Д – муоинаи динамикии фаъоли вазъи саломатии аҳолӣ, ки комплекси чорабиниҳои профилактикӣ, ташхис ва табобативу солимгардонӣро дар бар мегирад.

Дар аввал принсип ва усулҳои Д. барои мубориза бар зидди бемориҳои барои ҷамъият хатарнок нигаронида шуда буд – сил, сифилис, трахома ва ғ. Минбаъд усули диспансерӣ барои муоина кардани ҳомилагӣ, кўдакон, коргарони соҳаи асосии саноатӣ ва кишоварзӣ, бемороне, ки гирифтори бемориҳои музмин ҳастанд, мавриди истифода қарор дода шуд. Масъалаи бо Д.-и умумӣ гузаштани аҳолӣ ҳаллу фасл карда шуда истодааст.

Д. – ин усули муоинаи систематикӣ ва мунтазами тиббӣи вазъи саломатии гурўҳи муайяни аҳолӣ мебошад. Табиби оилавии хуб тайёркардашуда тамоми 90%-и ҳамаи муроҷиатҳои аввалияро ба зимаи худ гирифта метавонад.

Мақсади Д. ташаккул, нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани саломатии аҳоӣ, профилактикаи бемориҳо, кам кардани беморшавӣ, маъюбшавӣ, фавтият, ба даст овардани дарозумрии фаъол ба ҳисоб мераванд. Д. ба сифати қисми таркибӣ ба системаи густурдаи чорабиниҳо оид ба профилактикаи бемориҳо мебошад, ки аз тарафи давлат, ҷомиа ва нигоҳдории тандурустӣ амалӣ мегардад, дохил мешавад.

Вазифаҳои Д.: профилактикаи беморӣ, барвақт инкор кардани беморӣ, сари вақт табобат кардани онҳо, профилактикаи бемориҳои шадид, музмин ва инкишофи оризаҳои онҳо.

Қувваи умумидавлатӣ ба беҳтар сохтани шароити меҳнат, маишат ва истироҳат, таъмин кардани ғизои мукаммали мутаносиб, мубориза бар зидди гиподинамия, сигоркашӣ, истеъмоли машруботи алкулӣ ва ғ., ба ташаккули ТҲС равона шудааст. Дар ин маҷмўи чорабиниҳо нақши асосиро системаи нигоҳдории тандурустӣ медиҳанд, ки вай усули диспансериро истифода мебарад, профилактика ва табобати ошкоркунии бемориҳоро дар марҳилаҳои нисбатан барвақтар синтез мекунанд ва бемориҳоро пешгири кардани бо роҳи муоинаи мунтазами тиббӣ аз болои вазъи саломатии аҳолӣ машғул мешаванд.

Д. дар бар мегирад: муоинаи ҳамасолаи тиббӣ бо гузаронидани таҳқиқотҳои лабораторӣ – инструменталӣ барои дар марҳилаҳои барвақт ошкор кардани бемориҳо: бо истифода аз усулҳои муосир ба анҷом расонидани таҳқиқоти ниёзмандон; муайян кардани саломатии ҳар як одам: амалӣ кардани маҷмўи чорабиниҳои табобатӣ – солимгардонии беморон ва одамони дорои хатари олӣ ва ба роҳ мондани муоинаи систематики вазъи саломатии онҳо. Д. усули беҳтар сохтани вазъи саломатии аҳолӣ умуман ва дар навбати аввал контингенти нисбатан беморшавандаи он ба ҳисоб меравад.

пешина
аз 37
навбатӣ