Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Офарин! – гуфт хоҷа.
– Офарин! – такрор карданд маллоҳон.
Ва ҳама бо ҳайрат ба ин шахс назар мекарданд, ки дар нигоҳаш заковату дар танаш қувват пайдо шуда буд, ки онҳо инро гумон надоштанд аз вай.
– Ана дидед, гуфт Дантес сукконро фурӯ гузошта, – ман ба шумо ақаллан дар ҳамин сафар ба кор меоям. Агар дар Леворно ман ба шумо дигар лозим нашавам, маро ҳамон ҷо гузоред, аз аввалин маошам музди хӯроку пӯшокеро, ки ба ман медиҳед, хоҳам пардохт.
– Хуб шудааст, – гуфт хоҷа. – Мо ба ягон қарор меомадагистем, агар шумо зиёдаталабӣ накунед.
– Арзиши як маллоҳ ба дигаре баробар аст, – гуфт Дантес. – Ба рафиқон чанде ки диҳед, ба ман ҳам медиҳед.
– Ин аз рӯи адолат не, – гуфт маллоҳе, ки Дантесро аз об бароварда буд, – шумо аз мо бештар медонед.
– Кори ту чӣ, Ҷакопо, – гуфт хоҷа. – Ҳар кас ихтиёр дорад, ба ҳар музде, ки дилаш мехоҳад, худашро ба киро диҳад.
– Ин гапатон ҳақ, – гуфт Ҷакопо, ман ҳамту гуфтам.
– Ту беҳтараш ки ба ин шалвору нимтана қарз медодӣ, агар дар бисотат зиёдатиаш бошад.
– Нимтанаи зиёдатӣ надорам, – ҷавоб гардонд Ҷакопо, – лекин куртаву шалвор ҳаст.
– Ба ман ҳамин қадараш бас, – гуфт Дантес. – Ташаккур ҷӯра. Ҷакопо аз даричаи арша даромаду пас аз дақиқае, либос дар даст гашта омад; Дантес бо ҳаловати баённопазир дарпӯшид онро.
– Оё боз ягон чиз лозим ҳаст ба шумо? – пурсид хоҷа.
– Як тика нону боз ҷуръае аз ҳамон роми бисёр хуб, ки ман алакай чошнӣ гирифтам аз он; муддатест, ки чизе нахӯрдаам.
Воқиан ҳам ду шабонарӯз ин ҷониб чизе нахӯрда буд вай.
Ба Дантес як лаб нон оварданд, Ҷакопо бошад, қумқумаро ба ӯ дод.
– Суккон ба чап! – садо зад нохудо ба суккондор.
Дантес нав қумқумаро ба лаб бурданӣ буд, вале дасташ дар нимароҳ муаллақ мон.
– Нигоҳ кунед; – гуфт хоҷа, – дар қалъаи Иф чӣ воқиа рӯй дода бошад?
Дар болои кунгураҳои дижи ҷанубии қалъаи Иф абрпораи сафеде пайдо шуд.
Сонияе пас садои шиллики туп аз масофаи дуре ба гӯш расид. Маллоҳон сар бардошта ба якдигар нигаристанд.
– Ин чӣ маъно дорад, – пурсид хоҷа.
– Муқаррар, ягон маҳбус ҳамин шаб гурехтагист, – гуфт Дантес, бинобар ин ҳам бонги хатар дармедиҳанд.
Хоҷа бо диққат ба ҷавонмарде менигарист, ки баъди ба забон овардани ин суханон, қумқумаро ба лабаш бурд. Аммо Дантес ромро бо чунин оромии халалнопазир фурӯ мекашид, ки агар ба дили хоҷа гумоне омада бошад ҳам, ин гумон фақат лаҳзае ба дилаш хутур карду ҳамон дам берун рафт.
– Ҷудо роми баланд будааст! – гуфт Дантес, бо остини курта арақи дар ҷабинаш дамидаро пок карда истода.
– Агар ин вай бошад ҳам, – ғурунгид хоҷа, ҷонибаш нигариста, – боке нест: бачаи чолоке ба даст овардам.
Дантес изн хост, ки ба сари суккон шинад. Суккондор аз бадал шуданаш шод гардида, ба хоҷа нигарист; хоҷа ба вай ишорат кард, ки вай метавонад сукконро ба рафиқи наваш диҳад.
Сари суккон нишаста, Дантес метавонист, шубҳае ба миён наоварда, ҷониби Марсел нигарад.
– Имрӯз санаи чандум аст? – пурсид дантес аз Ҷакопои дар паҳлӯяш омада нишаста, даме ки қалъаи Иф аз назар ғоиб шуд.
– Бисту ҳаштуми феврал, – ҷавоб гардонд маллоҳ.
– Кадом сол? – пурсид дантес.
– Чӣ тавр, кадом сол мешуд! Шумо суол мекунед, ки кадом сол?
– Оре, – ҷавоб гардонд Дантес, – ман мепурсам, ки кадом сол аст.
– Шумо оё фаромӯш кардед, ки мо дар кадом сол зиндагӣ дорем ?
– Чӣ метавон кард! – гуфт Дантес хандакунон. – Ман имшаб чунон тарсидам ки қариб аз ақл бегона шуда будам ва майнаам беҷо шуд; бинобар ҳамин ман пурсида истодаам: имрӯз сана бисту ҳаштуми феврали соли чандум аст?
– Соли як ҳазору ҳашт саду бисту панҷум, – гуфт Ҷакопо.
Аз рӯзи зиндонӣ шудани Дантес расо чордаҳ сол гузашта буд. Ӯ ба остонаи қалъаи Иф дар нуздаҳсолагиаш қадам монда, дар сиюсесолагиаш берун омад.
Табассуми ҳузноваре пайдо шуд дар лаби ӯ; вай ба худ суол медод, ки дар ин муддат ҳоли Мерседес, ки эҳтимол ӯро мурда пин доштагист, оё ба чӣ расида бошад.
Баъд оташи интиқом дар чашмонаш шӯълавар шуд, – ӯ се хабисеро ба ёд овард, ки ҳамин зиндонӣ гардидани тӯлонии пуразоб аз касофати онҳо буд.
Ва ӯ бори дигар, чунон ки як замоне дар маҳбас ёд карда буд, савганди шадидеро ба забон овард – аз Данглару Фернан ва Вилфор бераҳмона интиқом мегирад.
Ва акнун ин савганд таҳдиди хушку холӣ набуд, зеро сабуксайртарин киштии бодбонии баҳри Миёназамин дигар сафинаи хурдакакро дарёб карда наметавонист, ки тамоми бодбонҳояшро боз карда тирвор ҷониби Ливорно мешитофт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё