Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҚИСМИ ДУВУМ

I. ҚОЧОҚЧИЁН

Дантес ҳанӯз як рӯзеро дар тартана ба сар набурда буд, ки бо чӣ касоне сару кор доштанашро пай бурд. Агар ин хоҷаи шоистаи «Амелияи навҷавон» (тартанаи генуӣ чунин унвон дошт) аз аббат Фариа таълим нагирифта бошад ҳам, аз арабӣ гирифта то провансалӣ қариб ҳамаи забонҳоеро медонист, ки дар соҳилҳои беканори кӯле ба онҳо ҳарф мезаданд, ки варо ном баҳри Миёназамин буд. Ин ӯро аз тарҷумонҳо фориғ медошт, ки ишон мардуми шилқин ва гоҳо беҳаё ҳам буданд ва муомила карданро бо киштиҳои рӯбарӯ оянда, бо сафинаҳои хурди соҳилӣ ва бо он касони бе ном, бе ватан, бе ҳирфаи муайяне бар вай саҳл мегардонд, ки доиман дар бандарҳои баҳрӣ сарсарӣ мегаштанду аз ким-кадом сармояи мармӯзие рӯз мегузаронданд, ки эҳтимол, ин неъмат аз хони қисмат мерасид ба онҳо, зеро ягон манбаи рӯзгузароние, ки чашми ғайри мусаллаҳ ташхис дода тавонад, надоштанд онҳо. Хонанда паймебурдагист, ки Дантес ба дасти қочоқчиён афтодааст.

Ҷои тааҷҷуб надорад, ки хоҷаи тартана Дантесро андаке кебида ба сафинааш гирифта буд; ӯ барои нозирони боҷхонаҳои соҳилӣ як шахсияти хеле маъруф буд ва азбаски ҳам ӯ ва ҳам ин ҷанобон барои фирефтани якдигар ҳилаҳои мухталифе ба кор мебурданд, вай аввал гумон карда буд, ки Дантес ҳамту як назоратгари боҷхона будагист, ки аз ин тарзи булъаҷаб истифода карданӣ шудааст, то ки аз макнуноти пешаи ӯ воқиф гардад. Лекин даме ки Дантес рост тарафи шамол роҳ гирифта, аз имтиҳон ба таври аҳсан гузашт; вай тамоман хотирҷамъ шуд. Сипас, ҳангоме ки вай фағонаи дуди ба мисоли туғи кулоҳ дар фазои истеҳкоми қалъаи Иф пайдо шударо дидаву садои тири аз дур расандаро шунид, аз хаёлаш гузашт, ки мабодо ягон нафар аз шахсиятҳоеро аз об нагирифта бошад, ки чун шоҳ ҳангоми даромадану баромадан бо тӯппаронӣ истиқболаш мекунанд; рости гап, ин ӯро камтар аз он ба ташвиш меовард, нисбат ба он ки агар меҳмонаш нозири гумрук мебаромад; лекин ин гумони дуюмаш ҳам бо дидани оромии лоуболонаи Дантес, дере нагузашта чун гумони якумаш, барҳам хӯрд.

Ҳамин тавр, афзалияти Эдмон дар он буд, ки кӣ будани хоҷаашро медонист, дар ҳоле ки хоҷааш намедонист, ки маллоҳи наваш чӣ кас аст. Баҳрнаварди деринасолу рафиқаш ҳар қадар миёнагир карда бошанд ҳам, Дантес сар нафуровард ва ба ҳеч чиз иқрор накард; вай дар бораи Неаполу Малта, ки чун Марсел хуб медонисташон, батафсил ҳикоят мекард ва матали аввалаашро, ки ба эътибори қувваи ҳофизааш бояд гуфт, як сари мӯ иштибоҳе бар он роҳ намеёфт, бо қатъияти том такрор мекард. Ба ҳамин тариқ, марди генуӣ, бо ҳама маккориаш дар муқобили Эдмон тоб намеовард, Эдмоне, ки фурӯтаниву таҷрибаи баҳрнавардӣ ва муҳимтар аз ҳама – ҳунари хештандорӣ – дастгиру поймардаш буд.

Ғайр аз ин, марди генуӣ, шояд, чун шахси мулоҳизакор фақат донистани он чиро афзал мешуморид ва гаравидан ба он чиро беҳ меҳисобид, ки боист медонист ва гаравиданаш аз манфмат холӣ набуд.

Чунин буд вазъи кор, даме ки онҳо ба Ливорно расиданд.

Ин ҷо Эдмонро имтиҳони наве дар пеш буд: тафтиш кунад, ки баъди маҳбусии чордаҳсола худашро мешиносад ё не. Хеле босароҳат дар ёдаш буд, ки дар ҷавонӣ чӣ сурате дошт: акнун хоҳад дид, ки дар синни камол чӣ шакле гирифтааст. Дар пеши чашми рафиқонаш назри худро ба ҷо овард. Вай пеш аз ин ягон бист маротиба ба Ливорно омада буд ва дар ин шаҳр як даллокеро мешинохт, дар кӯчаи Сан-Фернандо; ба назди ҳамон даллок рафту фармуд мӯи сарашро қайчӣ занад ва ришашро тарошад.

Даллок ба ин марди мӯйдарози ришаш сип-сиёҳи ғулии шабеҳ ба чеҳранигораҳои Титсиан бо тааҷҷуб назар кард. Дар он замон ришу мӯи дароз монда гаштан расми набуд; дар замони ҳозир даллок фақат ҳайрон мешуд, шахсе, ки табиат чунин асбоби зинатро базлаш кардааст, аз ин неъмат даст мекашад.

Даллоки ливорнӣ бе як ҳарфи барзиёд ба кор шурӯъ кард.

Даме ки ҳама кор анҷом ёфту Эдмон ҳис кард, ки зери занахаш тоза тарошида шуд ва мӯи сараш ба ҳадди лозим қайчӣ хӯрд, хоҳиш кард оина пеш оваранд.

Чунон ки пеш аз ин гуфта шуд, ин дам синни вай ба сиюсе расида буд, маҳбусии чордаҳсола ба тарҳи рӯяш тағйироти куллие ворид кардааст.

Дантес бо чеҳраи чун кулча гирдаи хандону шукуфони навҷавонӣ ба қалъаи Иф дохил шуда буд, ки нахустқадамҳояш ба зиндагӣ осон муяссар гардида буданду ба оянда чун ба хориҷ гардидани табиӣ аз гузашта умед мебахшидандаш. Аз ин ҳама осоре ҳам боқӣ намонда буд.

Тарҳи рӯяш дароз шудаву даҳони моил ба хандааш устуворию қатъияте пайдо карда буд; абрувонаш хамида гардида; дар ҷабинаш як хат чини дарозе пайдо шуда буд, ки аз сахтгирӣ дарак медод; дар чашмонаш андӯҳи бепоёне ҷо шуда буд ва гоҳ-гоҳе оташи адоват шӯълавар мешуд дар ин чашмон. Ранги пӯсти рӯяш, азбаски дурудароз равшании рӯзу нури офтобро надида буд, сафедтоби беҷило шуда, ки ин гуна ранг, агар дар иҳотаи мӯйҳои сиёҳ бимонад, ба чеҳраи мардуми шимол наҷобате мебахшад; ғайр аз ин дониши ахз кардаи ӯ дар қиёфааш аз ақлу эътимод нақше боқӣ гузошта буд; агар чи вай табиатан як дараҷа қоматбаланд буд, ин дам қавипайкар шудааст, ки ин натиҷаи муттасилан қувват андӯхтани ӯст.

Нафосати аъсобу назокати андомаш ба тани мукаммалу пайкари пур аз мушакҳо мубаддал гардидааст. Овозаш бошад, зориву лоба ва нафрин хонданҳояш тамоман тағйир додаанд онро ва ин дам гоҳ, ғайри одат навозишкоронаву гоҳ башиддат ва ҳатто хирросӣ садо медод.

Ғайр аз ин, аз доиман дар муҳити нимторик ё зулмати тамом будан, чашмонаш аҷоиб одати ба мисли чашмони кафтор ё гург дар шаб ташхис додани ашёро пайдо карда буданд.

Эдмон худашро дида табассум кард, Беҳтарин дӯст, агар то ба ҳол дӯсте боқӣ монда бошад варо дар олам то ба ҳол, намешинохт ӯро; вай худаш худашро намешинохт.

Дили соҳиби «Амелияи навҷавон» ниҳоят мехост, ки Эдмон барин маллоҳеро дар хизмати худаш нигоҳ дорад, аз ҳамин сабаб аз ҳисоби расамати худаш дар суду фоидаи минбаъда як миқдор пул пешниҳод кард ба ӯ, Эдмон ҳам розӣ шуд. Аз дӯкони даллок, ки нахустин табадулоте ба андомаш ворид карда буд, берун омада, вай қабл аз ҳама ба мағоза рафт ва ба худаш як даст пӯшоки мукаммали маллоҳвор бихарид. Ин пӯшок, чунон ки маълум аст, хеле сода ва аз шалвори сафед, калтачаи пахтанок ва каллапӯши фригӣ иборат аст.

Эдмон чунин пӯшок дар тан, куртаву эзореро, ки Ҷакопо қарзаш дода буд, баргардонда, ба назди нохудои «Амелияи навҷавон» ҳозир шуд ва ногузир маҷбур буд саргузашти худашро ба вай такрор кунад. Нохудо дар симои ин маллоҳи хушсурату олуфтапӯш шахси ғуллириши мӯи сараш пур аз ҷулбаки дар оби баҳр шип-шилтаеро нашинохт, ки гуруснаву ҷон дар рамақ ба аршаи тартанаи худ пазируфта будаш.

Дар қайди сурати зебои ӯ, вай матлаби худро аз бобати дар шудан ба хидматаш бори дигар такрор кард ба Дантес; аммо Дантес, ки мақсадҳои дигаре дошт, ба мӯҳлати на бештар аз се моҳ киро шудан ризоият дод.

Ҳайати сафинаи «Амелияи навҷавон» аз касони боғайрате иборат буд ва ба онҳо нохудое фармонфармоӣ дошт, ки ба беҳуда сарф кардани фурсат хӯ нагирифта буд. Аз байн як ҳафта нагузашта таҳхонаи кушоди тартана аз муслини ранга – матоъҳои пахтагини воридаш мамнӯъ, борути ингилисӣ ва халтаҳои коғазини пур аз тамоку, ки идораи молиёт мӯҳр гузоштанро ба онҳо аз ёдаш бароварда буд, пур шуд. Ҳамаи инро аз Ливорно бурдаву ба соҳилҳои Корсика фуровардан лозим буд, ки аз он ҷо корчаллонҳое ба Фаронса расонидани борро ба ӯҳда мегирифтанд.

Инак, тартана ба сафар баромад. Эдмон боз дар оғӯши баҳри лоҷвардӣ афтод, баҳре, ки гаҳвораи навҷавониаш буду дар зиндон ҳар гоҳ ба хобаш медаромад. Ӯ Горгонаро дар самти рост гузошту Пианозаро – дар самти чап ва ба сӯи ватани Паол ва Наполеон роҳ гирифт.

Рӯзи дигар, нохудо аз рӯи одаташ саҳарии бармаҳал ба арша баромада, Дантесро оринҷ ба девори киштӣ такя дода истода ёфт; ӯ дар чунин вазъ бо қиёфаи шигифт ба як тӯда шахпораҳои дар зери шуои офтоби тулӯъ карда истода гулобитобе назар мекард: ин ҷазираи Монте-Кристо буд.

«Амелияи навҷавон» онро се-чор мил ба самти рост гузошта роҳашро ба сӯи Корсика давом дод.

Дантес аз канори ҷазирае, ки номаш барои вай ин қадар аҳамияте дошт, гузашта истода, аз дил гузаронд, худро ба баҳр ҳаво доданаш кифоят аст ва баъди ним соат вай ба сарманзили мурод хоҳад расид. Вале ӯ чӣ метавонад кард, ки на барои кофта баровардани ганҷ олоте дораду на барои ҳифзи он силоҳе? Ва маллоҳон чӣ мегӯянд? Нохудо чӣ гумон мебарад? Интизор шудан лозим буд.

Хушбахтона, Дантес интизор шудан метавонист; вай озодиро чордаҳ сол интизор шуд; ин дам, ки дар озодӣ буд, ним сол, ё як сол интизор шудани сарват барояш душворие надошт.

Агар ба вай озодии бе сарвате пешниҳод мекарданд, магар намепазируфт онро?

Оё хаёли ботиле нест ин сарват? Хаёле, ки дар майнаи беҷои бечора аббат Фариа пайдо шудааст, оё ҳамроҳи худаш нопадид нашудааст?

Дуруст аст, ки хати кардинал Спада ниҳоят сареҳ буд.

Ва Дантес он хатро, ки ҳарф ба ҳарф аз ёд медонист, дар дилаш такрор кард.

Шом фаро расид; Эдмон батадриҷ бо пардаи торикӣ фаро гирифта шудани онро медид ва дере нагузашта он барои ҳама дар оғӯши зулмат уфтод; аммо Эдмон, ки ба торикии камерааш хӯ гирифта буд, аз афташ, ҳоло ҳам медид онро, зеро аз дигарон дертар истод дар рӯи арша.

Саҳар Алерия падидор шуд. Рӯзи дароз чапғалат дода гаштанд, бегоҳ бошад, дар соҳил машъалҳое фурӯзон шуданд; тарзи ҷойгир шудани ин машъалҳо, зоҳиран, дарак медоданд, ки борро фуровардан мумкин аст, зеро ба сутуни киштӣ ба ҷои байрақ машъали ишорат бароварданд ва ба масофаи тири туфанг ба соҳил наздик омаданд.

Дантес пайхас кард, ки нохудо, аз афташ, ба истиқболи ин вазъияти ҳаяҷонбахш, дар аршаи «Амелияи навҷавон» ду тӯпчае гузошт, ки бе садои барзиёд гулӯлаи чорфунтиро ба масофаи ҳазор қадам бемалол андохта метавонистанд.

Вале ин дафъа ба чунин эҳтиёткорӣ ҳоҷат наафтод; ҳама кор хомӯш ва аз рӯи хост анҷом ёфт. Чор заврақ бесадо ба «Амелия» наздик омаданд. «Амелия» эҳтимол ба риояти одоб бошад, заврақи худашро низ фуруд овард; ин панҷ заврақ хеле ба таъҷил кор карданд ва то соати дуи саҳар ҳамаи бор аз «Амелияи навҷавон» ба хушкӣ кашонда шуд.

Нохудои «Амелияи навҷавон» чунон ҳавохоҳи тартиб буд, ки худи ҳамон шаб маблағи судро миёни аҳли киштӣ тақсим кард, ҳар як маллоҳ соҳиби сад ливри тосканӣ гардид, яъне ки тақрибан ҳаштодфранкӣ ба даст овард.

Аммо эъзомия ба ҳамин ба анҷом нарасид: ба сӯи Сардиния роҳ пеш гирифтанд. Киштии аз бор холӣ шударо боз аз бор пур кардан лозим буд.

Амалиёти сонӣ низ чун амалиёти аввал ба мурод анҷомид: зоҳиран кори «Амелияи навҷавон» омад мекард.

Бори нав барои герсогигарии Луккӣ таъйин буд. Ин бор қариб яксара аз сигорҳои гаванӣ, херес – майи ангурии баланд ва малага – майи ангурии ширин иборат буд.

Ин ҷо бо умури гумрук, бо ин хасми азалии нохудои «Амелияи навҷавон» низое бархост. Кори як нафар нозири гумрук ҷо ба ҷо тамом шуд, ду нафар маллоҳ маҷрӯҳ гардиданд. Аз ин ду маллоҳ яке Дантес буд. Тир бе он ки ба устухон расад, китфи чапашро сӯрох кард.

Дантес аз ин задухӯрд қаноатманд буд ва аз ҷароҳати бардоштааш қариб ки шод шуд; ин сабақи шадид ба вай нишон дод, ки аз хатар биме надорад ва ба ранҷу азоб тоб оварда метавонад. Вай хатарро бо табассум истиқбол кард, вале чун ҷароҳат ба ӯ расид, ба мисоли файласуфи юноние гуфт: «Дардо, ту на шар астӣ».

Ҳол он ки вай назоратгари захми корӣ хӯрдаро дида буд ва шояд аз он ки ҳангоми задухӯрд якбора оташин шуда буд, ё аз он ки эҳсоси шафқат надошт, ба ҳар ҳол ин манзара ӯро ба сутуҳ наёвард.Дантес ин дам қадам ба роҳе ниҳода буд, ки нияти пеш гирифтан дошт ва якрост ба сӯи мақсад мерафт, – дилаш ба санг табдил ёфта буд.

Беҳуш афтодани Дантесро дида, Ҷакопо худро ба сӯяш андохт, ӯро бардошт ва баъд ғамхорона ба тааҳҳудаш пардохт.

Ба ҳамин тариқ, дунё чандон хайр набошад ҳам, чунон ки духтур Панглос гумон дошт, он қадар шар ҳам набудааст, чунон ки ба назари Дантес тофта буд, модоме ин маллоҳ, ки аз рафиқи худ ғайри расамати фоидааш дар ҳоли марги ӯ чизи дигаре чашмдор буда наметавонист, ин қадар ғам хӯрда буд, ба гумони ин ки вай мурдааст.

Хушбахтона, чунон ки гуфтем, Эдмон фақат маҷрӯҳ гардида буд. Аз баракати гиёҳҳои давоӣ, ки гандапирони сардинӣ дар рӯзҳову соати пурасрори фақат ба худашон маълум бармечиданду баъд ба қочоқчиҳо мефурӯхтанд, ҷароҳат дере нагузашта ба ҳам омад. Он гоҳ Эдмон тасмим гирифт Ҷакопоро биозмояд. Вай ба нишони миннатдорӣ аз ҷидду ҷаҳди ӯ расамати фоидаи худашро ба вай пешниҳод кард; вале Ҷакопо таклифи ӯро бо хашм рад кард.

Ҷакопо, ки ба туфайли эҳтирому садоқаташ аз аввалин нигоҳ ба дили Эдмон роҳ ёфта буд, ба он боис гардид, ки дар дили Эдмон нисбат ба Ҷакопо андак рағбате пайдо шуд. Лекин ба Ҷакопо ҳам аз ин бештар чизе лозим набуд; ӯ ба савқи табиӣ эҳсос карда буд, ки Эдмон барои мавқеи баландтаре халқ шудааст, нисбат ба оне, ки ҳоло қарор дорад, агарчи Эдмон саъй дошт афзалияти худро ба ҳеч васила зоҳир накунад. Ва ба ин ҷавони некдил ҳамин кофӣ буд, ки Эдмон ба вай илтифоте дошт.

Дар соатҳои тӯлонии шино, даме, ки «Амелия» дар сатҳи баҳри лоҷвардӣ оромона пеш мерафт ва аз баракати боди мурод, ки бодбонҳои онро ба пеш тела медод, ба ҷуз суккондор ба ҳеҷ касе эҳтиёҷ надошт, Эдмон харитаи баҳр дар даст ба Ҷакопо раҳнамоӣ мекард, чунон ки аббати бечора Фариа раҳбару раҳнамои худи ӯ буд. Эдмон ба ӯ мавқеи соҳилҳоро шарҳ медод, тамоюли қутбнаморо мефаҳмонд, хондани китоби азимеро, ки дар болои сари мо боз гардидаву осмонаш ном буд ва худованд матни онро дар соҳати лоҷвардаш бо ҳуруфи алмосин нигошта.

Ва ҳар гоҳ Ҷакопо мепурсид, ки:

– Оё кирои он дорад, ки ба маллоҳи бенаво ин ҳамаро даромӯхт? Эдмон ҷавоб мегардонд:

– Чӣ донад кас? Шояд замоне расад, ки ту нохудои киштие бишавӣ;

ҳамдиёрат Бонапарт ба императорӣ расид-ку!

Мо фаромӯш кардаем, ки Ҷакопо корсикоӣ буд.

Аз якзайл шино кардани онҳо ин дам дуним моҳ сипарӣ шуда буд.

Эдмон акнун ба ҳадде сайёди соҳилии пурҳунар гардида буд, ки пеш аз ин маллоҳи ҷасур буд; ӯ бо ҳама қочоқчиёни қадди соҳилҳо тарҳи ошноӣ афканд; ҷамеи аломати шартии масонӣ – фаромӯшхонагиро, ки ба василаи он ин нимроҳзанҳои баҳрӣ якдигарро ташхис медиҳанд, даромӯхт.

Бист маротиба аз канори ҷазираи Монте-Кристои худаш гузашт, аммо ягон дафъа мавриде пеш наёмад, ки ба он ҷо равад.

Бинобар ин ана ба чӣ қароре омад ӯ.

Ҳамин ки мӯҳлати хизматаш дар «Амелияи навҷавон» ба сар омад, аз ҳисоби маблағи худаш заврақи начандон калонеро киро мекунад (Дантес ин корро карда метавонист, зеро дар айёми шино садҳо пиастр андӯхта буд) ва бо ягон баҳонае роҳи Монте-Кристоро пеш мегирад.

Он ҷо дар озодӣ вай кофтуков сар мекунад.

Албатта, на чандон дар озодӣ, зеро аз пасаш, эҳтимол, онҳое назора хоҳанд кард, ки ӯро ба он ҷо мебаранд.

Аммо дар зиндагӣ гоҳо таваккал кардан рост меояд.

Зиндон Эдмонро эҳтиёткорӣ даромӯхта буд ва ӯ авло медонист кораш бе хавфтар буд шавад.

Вале ба қулзуми андеша ҳар қадар ғӯтавар шуда бошад ҳам, василаи дигари ба ҷазираи орзу расиданро намеёфт.

Дантес ҳанӯз дудила буд, ки як дафъа шомгоҳ нохудояш, ки ба вай боварии қавӣ дошту хеле мехост ӯро дар хизмати худаш нигаҳ дорад, аз зери бағалаш гирифту ба майхонаи канори виа – дел Оли бурд, майхонае, ки аз рӯи одат гулҳои сари сабади қочоқчиёни Ливорно гирд омада буданд. Ақди муомилоти савдо одатан ана дар ҳамон ҷо баста мешуд. Дантес ба ин маркази муомилоти баҳрӣ алакай ду-се дафъа омада буд; ӯ ба ин мардуми чолоки бебок, ки аз масофаи дуҳазорлёии соҳилҳои баҳр гирд омада буданд, менигаристу аз хусуси он ба андеша мерафт, ки чӣ қудрате медошт инсон, инсоне, ки ин ҳама риштаҳои ба ҳам омадаву аз ҳам гусехтаро ба иродаи худаш итоат додан ба ӯ муяссар мегардид.

Ин дафъа сухан аз хусуси амали бузургтаре мерафт: бори киштиро, ки аз қолиҳои туркӣ, матоъҳои шарқӣ ва қумоши кашмирӣ иборат буд, дар ҷои бехатаре фуровардану баъд ин ҳамаро ба соҳилҳои Фаронса расондан мебоист.

Дар ҳоли ба муроди дил анҷом ёфтани кор муҷозоти ҳангуфте – ба ҳар сари кас панҷоҳпиастрӣ ваъда шуда буд.

Хоҷаи «Амелияи навҷавон» пешниҳод кард, ки маҳалли борфурорӣ ҷазираи Монте-Кристо интихоб шавад; азбаски ин ҷазира номаскун ва аз сарбозони муҳофизу амалдорони гумрук орист, гӯё дар аҳди Олимпи бутпараст аз ҷониби Меркурии маъбуди туҷҷору дуздон, ду табақае, ки мо ин дам аз ҳам ҷудо медорем, ҳар чанд на ҳамеша аз якдигар фарқашон мекунем, лекин кудамо, зоҳиран, ба як тоифа мансуб медонистаанд, амдан дар миёни баҳр бароварда шудааст.

Бо шунидани лафзи «Монте-Кристо» Дантес аз шодӣ як қад парид; барои ниҳон доштани изтиробаш вай аз ҷой бархосту рӯ-рӯи майхонаи пурдуд, ки тамоми лаҳҷаҳои олам он ҷо дар забони фаронсавӣ маҳлул гардида буданд, қадам задан гирифт.

Даме ки Эдмон боз гашта назди мусоҳибон омад, онҳо алакай ба қароре омада буданд, ки дар Монте-Кристо фуруд оянд, вале ба роҳ фардо шабона хоҳанд баромад.

Вақте аз Эдмон раъй пурсиданд, ӯ ҷавоб гардонд, ки он ҷазира комилан ҷои бехавф аст ва дар корҳои бузург таъхир кардан ҳоҷат надорад.

Ҳамин тавр, нақша бе тағйир монд. Тасмим гирифтанд бегоҳии рӯзи дигар лангар бардоранд ва аз баракати рӯзи мусоиду боди мурод саъй кунанд, ки баъди як шабонарӯз ба ҷазираи номаскун бирасанд.

пешина
аз 99
навбатӣ