Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ман рост мегӯям ба шумо, – гуфт Кадрусс.

– Ва беҳуда, – шунида шуд овозе аз сари зинапоя. – Чӣ қатӣ мешавӣ, ба коре, ки дахл надорад ба ту?

Мусоҳибон гашта назар карданд ва аз байни шабакоти панҷараи зинапоя чеҳраи рангпаридаи Карконтаро диданд; вай аз хоначаи тангу тори худаш кашолу молон ба ин ҷо омада буд ва рӯи поғундаи аз ҳама болои зина сарашро ба дастонаш такя дода нишаста буду сӯҳбати онҳоро гӯш мекард.

– Худи ту, занак, чӣ қатӣ мешавӣ ба коре, ки дахл надорад ба худат? – гуфт Кадрусс. – Ҷаноби аббат аз ман маълумот илтимос дорад; одоб тақозо мекунад, ки ман ин маълумотро расонам ба ин кас.

– Лекин ақли солим тақозо мекунад, ки ту хомӯш истӣ. Аз куҷо медонӣ, ки бо чӣ мақсаде пурсуҷӯ доранд туро, аблаҳ?

– Бо беҳтарин мақсаде, хонума, – гуфт аббат, – ман зоминам. Ба ҳамсари шумо ҳоҷати хавф бурдан нест, бо дили соф гап занад шудаст.

– Медонем мо инро ... Аввал ҳар гуна ваъдаҳо медиҳанд, баъд бо он қонеъ мегардонанд, ки хавф набаред, сипас ваъдаи додаашонро ба ҷо наоварда мемонанду мераванд, лекин баъд рӯзе аз рӯзҳо кас намедонад аз куҷо ба сараш бало омадааст.

– Осуда бошед, – ҷавоб гардонд аббат, – итминон дошта бошед, ки аз барои ман ҳеҷ гуна балое намеояд ба саратон.

Карконта боз ғурунг-ғурунг ким-чиҳое гуфт, ки фаҳмидан наметавонист кас, аз нав сарашро рӯи дастонаш гузошту аз фарти вараҷа ларзонларзон монд, ки шавҳараш сӯҳбатро давом диҳад, воқиан, саъй мекард ягон ҳарфашро фурӯ нагузорад.

Дар ин миён аббат андаке об нӯшиду ором гирифт.

– Наход, – боз ба гап даромад ӯ, – ин пирамарди бечораро ҳама ба дараҷае тарк карда бошанд, ки оқибат аз гуруснагӣ мурда бошад?

– Э не, – ҷавоб гардонд Кадрусс, – каталонидухтар Мерседес ва ҷаноби Морелл таркаш накарданд; аммо пирамарди бечора Фернанро якбора бад медидагӣ шуд, ҳамонеро, – илова кард Кадрусс бо табассуми ришхандомез, – ки Дантес ба шумо дӯсти худ номидаасташ.

– Магар вай дӯсти ӯ набуд? – пурсид аббат.

– Гаспар! Гаспар! – гуфт зани дардманд аз сари зинапоя. – Аввал андеша куну баъд гап зан!

Кадрусс бо алам даст афшонду ба занаш ҷавоб доданро лозим надид.

– Оё он шахсеро, ки занеро аз дасташ кашида гирифтанӣ мешавӣ, дӯсти худ номидан мумкин аст? – ҷавоб дод ӯ ба аббат. – Дантес аз рӯи раҳмдилӣ ҳамаи ин касонро дӯсти худаш номидааст... Бечора Эдмон! Воқиан, нағз, ки вай ҳеҷ чизро нафаҳмидааст; ба ӯ дар сари сакарот аз гуноҳаш гузаштан душвор мебуд... Ҳар чӣ гӯянд гуфтан гиранд, – давом дод Кадрусс, ки суханрониаш аз як навъ назокатбаёнии ба худаш хос холӣ набуд, – лекин ман назар ба адовати зиндаҳо аз нафрини мурдаҳо бештар бим дорам!

– Аҳмақ! – гуфт Карконта.

– Лекин шумо оё медонед, – давом дод суханашро аббат, – ки ҳамон Фернан чӣ коре кардааст?

– Оё медонам? Набошад чӣ, медонам!

– Пас гап занед.

– Ихтиёрат, Гаспар, – гуфт занаш, – ҳар чӣ дилат мехоҳад, кардан гир, лекин беҳтараш ки хомӯш меистодӣ.

– Ин дафъа рав ки гапи ту ҳақ аст, – гуфт Кадрусс.

– Хӯш, пас шумо гап задан намехоҳед? – давом дод аббат.

– Чӣ лозим? – ҷавоб гардонд Кадрусс. – Агар Эдмони бечора зинда мебуду назди ман меомад, лучаку пӯсткандаашро бифаҳмад, ки дӯсташ кисту душманаш кист, дар он сурат гапи дигар буд; вале шумо мегӯед, ки вай дар гӯр хобидааст; вай акнун адоват парварда наметавонад, интиқом ситонда наметавонад; бинобар ин аз баҳри ҳамааш мебароям.

– Яъне шумо гуфтаниед, – ба забон овард аббат, – касоне, ки бевафою дӯстони дурӯғин мешуморедашон барои дӯстии содиқона ба мукофот расидаанд?

– Дуруст мегӯед, – гуфт Кадрусс. – Хусусан ки, чӣ қадре дошта метавонист мероси Эдмони берӯзӣ барои онҳо? Қатрае дар баҳр!

– Инашро ҳоҷат ба гуфтан нест, ки он касон бо як ангушташон маҷақ карда метавонанд, – гуфт занаш.

– Ҳамтуя? Магар он касон муқтадиранду сарватманд? – Пас шумо дар бораи онҳо ҳеҷ чиз намедонед?

– Не. Ҳикоят кунед ба ман.

Кадрусс ба андеша рафт.

– Не, медонед, ин қиссаи дароз аст.

– Ихтиёр доред, дӯстам, метавонед чизе нагӯед, – гуфт аббат бо қиёфаи тамоман бепарво, – ман ба қадри дудилагии шумо мерасам. Рафтори шумо мисли рафтори каси нек аст; аз ин хусус дигар гап намезанем. Чӣ супорише доштам ман? Ба ҷо овардани вопасин хоҳиши каси ҷон дода истода. Ба ҳамин тариқ, ман ин алмосро мефурӯшам.

Ва ӯ боз қуттичаро аз кисааш баровард, кушод онро ва бори дигар санги гаронбаҳо дар пеши дидагони мафтуни Кадрусс ба ҷило даромад.

– Канӣ ин ҷо биё, занак, нигоҳ кун, – бо овози гирифта ба гап даромад ӯ.

– Алмос аст? – пурсид Карконта, аз ҷой бархоста. Бо қадамҳои ниҳоят устувор вай аз зинаҳо поён омад. – Ин чӣ гуна алмос аст?

– Магар нашунидаӣ ту? – гуфт Кадрусс. – Ин алмосро Эдмон ба мо васият кардааст: аввалан, ба падараш, баъд ба се тан дӯстонаш: Фернан, Данглар ва ман ва ба арӯсаш Мерседес. Алмос панҷоҳ ҳазор франк қимат доштааст.

– Оҳ, чӣ санги зебое! – гуфт занак.

– Хӯш, яъне ки панҷяки ин маблағ ба мо тааллӯк дорад? – пурсид Кадрусс.

– Оре, – ҷавоб гардонд аббат, – бо иловаи расамати падари Дантес, ки ман худамро ҳақдор мешуморам, дар байни ҳар чори шумо тақсим кунам.

– Барои чӣ дар байни чор кас будааст? – суол кард Карконта.

– Барои он ки шумо чор нафар дӯстони Эдмонетон.

– Хоинон – дӯст наянд! – нимғурма ғурунге кард Карконта.

– Ман ҳам ҳаминро гуфтам, – ба забон овард Кадрусс. – Мукофот додан ба хиёнат, ҳатто ки ба ҷиноят – ин гуноҳ аст, ин ҳатто таҳқир кардани муқаддасот аст.

– Худи шумо хоҳони ин астед, – оромона ҷавоб гардонд аббат, боз алмосро ба кисаи ҷомаи дарозаш андохта. – Акнун суроғаи дӯстони Эдмонро ба ман диҳед, то ки ман вопасин хоҳиши ӯро ба ҷо оварам.

Арақ жолаю борон барин аз чеҳраи Кадрусс фурӯ мешорид. Аббат бархосту тарафи дар рафт, то ба аспаш нигарад ва аз нав гашта ба ҷояш омад. Кадруссу занаш бо ваҷоҳати баённопазире ба якдигар нигаристанд.

– Алмос насиби мо гардиданаш мумкин буд, – гуфт Кадрусс.

– Наход ҳамту бошад? – гуфт занаш.

– Шахсияти рӯҳонӣ моро фиреб нахоҳад дод.

Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун, – гуфт Карконта, – ману – кордор нашудан. Ва ӯ бо тани аз фарти вараҷа ларзон боз аз зинапоя баромадан гирифт. Сарфи назар аз гармо дандонҳояш ба ҳам расида шараққос мезаданд.

Дар поғундаи охирин вай бозистод.

– Дурусттар фикр кун, Гаспар, – гуфт ӯ.

– Ман тасмим гирифтам, – ҷавоб гардонд Кадрусс.

Карконта оҳ кашида ба хонааш даромада, ғоиб гардид; садои дар зери қадамҳояш ғарч-ғарч кардани тахтаҳои фаршу ғиҷирроси курсии нарме, ки ӯ худашро рӯи он ҳаво дода буд, ба гӯш расид.

– Ин шумо ба чӣ коре тасмим гирифтед? – пурсид аббат.

– Тасмим гирифтам, ки ҳамаашро ҳикоят кунам ба шумо, – гуфт Кадрусс.

– Рости гап, ба хаёлам, ин беҳтарин корест, ки шумо карда метавонед, – гуфт марди рӯҳонӣ. – На барои он, ки ман он чи шумо ниҳон доштанашро афзал мешуморед, донистан мехоҳам, балки барои он, ки беҳтар мешавад, агар шумо ба тақсим карда шудани мерос тибқи хоҳиши васиятгар ба ман ёрӣ бирасонед.

– Умед дорам, ки ҳамин тавр мешавад, – ҷавоб гардонд Кадрусс, ки аз фарти умедворию ҳирс рухсораҳояш валлос мезаданд.

– Гӯшам ба шумо, – лаб ба сухан кушод аббат.

– Сабр кунед, – гуфт Кадрусс, – моро нобаҳангом аз сӯҳбат боздоштанашон мумкин ва ин нохуш хоҳад буд. Ғайр аз ин дар ин ҷо будани шуморо донистани дигарон ҳоҷат надорад.

Ӯ назди дар рафт, онро баст ва ба ҳар эҳтимол ғалақаи шабро гузаронд. Дар ин миён аббат ба худаш ҷои мувофиқ интихоб кард; ӯ дар гӯшае нишаст, ки ҷои худаш соя бошаду рӯшноӣ ба рӯи мусоҳибаш афтад. Ӯ сарашро хам карду дастонашро фурӯ гузошт, ё вниқтараш, ба ҳам фишурда нишасту ба ҳама аъзо гӯш гардид.

Кудрусс курсии бемуттакоро пеш кашиду дар рӯбарӯи ӯ нишаст.

– Дар ёд дошта бош, ки на ман маҷбур кардаам туро! – овози ларзони Карконта ба гӯш расид, мисле ки вай аз байни тахтаҳои фарш дар поён чӣ рӯй доданашро дида истода бошад.

– Майлаш, майлаш, – гуфт Кадрусс, – кифоя; ман ҳамаашро ба гардан мегирам.

Ва ӯ ҳикояташро сар кард.

пешина
аз 99
навбатӣ