Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
VI. ҲИКОЯТИ КАДРУСС
– Пеш аз ҳама, – гуфт Кадрусс, – ман бояд хоҳише бикунам аз шумо ҷаноби аббат, ки як чизро ваъда диҳед ба ман.
– Чиро ваъда диҳам? – пурсид аббат.
– Агар шумо ягон вақте аз маълумоти додаи ман истифода кунед, дар он сурат касе набояд донад, ки шумо ин маълумотро аз ман гирифтаед; касоне, ки аз хусусашон ман гап заданиям, сарватманду муқтадиранд ва агар онҳо ақаллан ангуште расонанд ба ман, шиша барин тит мекунанд маро.
– Хотирҷамъ бошед, дӯстам, – гуфт аббат, – ман марди рӯҳониям ва розҳо аз ниҳонхонаи дили ман берун намеоянд; дар ёд дошта бошед, ки мо ба ҷуз сарбаландона ба ҷо овардани вопасин хоҳиши дӯстамон, дигар мақсаде надорем. Гап занед, фақат росташро. Ман он касонеро, ки аз хусусашон шумо ҳикоят мекунед ба ман, намешиносам ва, эҳтимол, ҳаргиз нахоҳам шинохт. Ғайр аз ин, ман итолиёвиям, на фаронсавӣ, ба худо тааллуқ дорам, на ба одамон; ман ба дайри худам бармегардам, ба дайре, ки аз он фақат ба як мақсад берун омадаам, то вопасин хоҳиши каси ҷон дода истодаро ба ҷо оварам.
Ин далелҳои мӯътамад, зоҳиран, боварии Кадруссро хеле қавӣ карданд.
– Дар ин сурат ман мехоҳам, ман бояд шуморо аз он дӯстие, ки Эдмони берӯзӣ самимию садоқатмандона гумон бурдааст, ноумед гардонам.
– Хоҳиш мекунам, аз падараш сар кунед, – гуфт аббат, – Эдмон дар бораи мӯсафед ба ман бисёр чизҳо гуфтааст, вай ба ӯ меҳри гарму ҷӯшоне дошт.
– Ин достони ғамангезест, – гуфт Кадрусс, калла ҷунбонда, – ки ибтидояшро, эҳтимол, донед.
– Оре, – ҷавоб гардонд аббат, – Эдмон ҳар он чиро, ки то лаҳзаи ба ҳабс гирифта шуданаш дар трактири хурдакаки ҳаволии Марсел ба вуқӯъ омада будаст, ҳикоят карда буд ба ман.
– Дар «Резерв!». Ҳамааш гӯё ҳозир ба амал омада бошад, аз пеши назарам дур намеравад.
– Охир ин гӯё ки ҷашни фотиҳа будааст?
– Оре, на зиёфате, ки бо хушҳолӣ оғоз ёфта буд, ғамангез ба поён расид: комиссари политсия бо чор нафар сарбоз даромада омаду Дантесро ба ҳабс гирифт.
– Иттилои ман бо ҳамин ба поён мерасад, – гуфт марди рӯҳонӣ. – Дантес фақат он чиро медонист, ки ба шахси худаш дахлдор буд, зеро вай дигар ҳаргиз ягон нафаре аз онҳоеро, ки ман ба шумо номбар кардам, надидааст ва дар бораашон ҳеҷ чиз нашунидааст.
– Хӯш давомаш. Даме ки Дантесро ҳабс карданд, ҷаноби Моррел ба Марсел шитофт, то бифаҳмад чӣ воқиа рӯй додааст ва маълумоти хеле ғамангез ба даст овард. Падари мӯсафедаш танҳо ба хона баргашт, ашкрезон, пӯшоки идонаро аз тан бадар кард, рӯзи дароз рӯ-рӯи хона давр мезад ва ҳамин тавр хоб нарафт. Ман он вақт як ошёна поён аз онҳо зиндагӣ доштам ва шаби дароз рӯ-рӯи хона давр зада гаштанашро шунида будам; рости гап, худам ҳам хоб нарафтам; мусибати падари сарсахт бисёр азобам дода буд ва ҳар як қадам монданаш диламро пора мекард, мисле ки ӯ воқиан ба сандуқи дилам по мемонд.
Фардои он рӯз Мерседес ба Марсел омад, ки аз ҷаноби де Вилфор пуштибонӣ илтимос кунад; аз ин кораш муроде ҳосил нашуд, вале сари роҳ даромад аз ҳоли пирамард хабар гирад; ӯро чунин ношоду маҳзун дидаву пай бурд, ки шаби дароз нахобида баромадаасту аз дина ин ҷониб чизе нахӯрдааст, хост ҳамроҳаш гирифта барад, то аз ҳолаш бохабар шавад. Аммо пирамард ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нашуд.
«Не, – гуфт ӯ, – ман хонаи худамро тарк намекунам. Писари бечораам дар дунё аз ҳама дӯсттар медорад маро ва агар ӯро аз ҳабс озод кунанд, аз ҳама пеш ба назди ман метозад. Агар маро дар хона наёбад, чӣ гумон мекунад?»
Ман аз сари зинапоя истода ҳамаи ин гуфторро мешунидам, зеро бисёр мехостам, ки Мерседес пирамардро ба рафтани бо худаш розӣ кунад. Шарфаи қадамҳои ноороми ӯ, ки рӯзи дароз дар болои сарам садо медод, дақиқае ором намегузошт маро.
– Магар худи шумо барои тасалло бахшидан ба пирамард ба хонааш надаромада будед?
– Оҳ, ҷаноби аббат! – ҷавоб гардонд Кадрусс. – Ба оне тасалло бахшидан мумкин аст, ки ҷӯёи тасаллост; ӯ бошад, тасалло намеҷӯст. Ғайр аз ин, рости гап, намедонам аз чӣ боис, лекин ба назарам чунин расида буд, ки вай хоҳони дидори ман нест. Воқиан, як дафъа шабона, садои гиряашро шунида, тоқат наёвардаму боло баромадам; лекин даме ки ба пеши дар расидам, ӯ дигар гиря надошт, балки ибодат мекард. чӣ суханони диловезу алфози шиквае пайдо мекард, ман ба шумо ҳатто гуфтан наметавонам, ҷаноби аббат; ин бештар аз ибодату фузунтар аз ғаму ғусса чизе буд; ва азбаски ман тақводор нестаму ба иезуитҳо дилбастагие надорам, ба дил гуфтам: «Хушбахт ҳастам, ки якаву танҳоям ва худованд маро фарзанде ато накард; агар ман падар мебудаму дар дил чун ин пирамарди сарсахт ғуссае медоштам, ҳар он чи вай ба худованд муноҷот дошт, дар зеҳну қалби ман пайдо намешуд ва якрост рафта худро ба баҳр меафкандам, то аз ин азоб раҳо ёбам».
– Падари сарсахтам! – зери лаб гуфт марди рӯҳонӣ.
– Рӯз аз рӯз хилватнишиниаш зиёда мешуд; ҳар замон ҷаноби Моррел ва Мерседес хабаргирӣ меомадандаш, аммо дари ӯ баста буд; ман медонистам, ки вай дар хона аст, аммо ҷавобе намегардонд ба онҳо. Як дафъа, даме ки вай хилофи одаташ Мерседесро пазируфту духтараки бечора худаш дар ниҳояти навмедӣ, саъй кард дилбардориаш кунад, ӯ гуфт:
«Ба гапам бовар кун, духтарам, ӯ мурдагӣ; на мо дар интизори ваем, балки ӯ интизор аст моро; кори ман хубтар аст, зеро ман хеле калонсолтарам аз ту ва, албатта, якум шуда вомехӯрам бо ӯ».
Кас ҳар қадар меҳрубон бошад ҳам, аз баҳри боздиди шахсоне, ки дидорашон гаронӣ меоварад, дармегузарад. Оқибати кор ҳамин шуд, ки пирамард Дантес тамоман яккаву танҳо монд. Ман дигар намедонам, ки касе ба манзили ӯ мебаромада бошад, ба ҷуз кадом як шахсони ношиносе, ки сари чанд гоҳ ба хонааш медаромаданду сипас бастае дар даст секин фуромада мерафтанд. Дере нагузашта чӣ чиз будани ин бастаҳоро пай бурдам ман: ӯ майда-майда ҳар он чи дошт, барои рӯзгузаронӣ мефурӯхтааст. Оқибат мусибаташ ба ҳадди интиҳо расид. Қудрате надошт, ки иҷорапулиро пардозад; соҳиби хона таҳдид кард, ки пеш мекунадаш; ӯ илтимос кард, ки як ҳафта сабр кунад, соҳиби хона розӣ шуд; ман инро аз забони соҳиби хона шунидам, ӯ аз назди пирамард баромада ба хонаи ман даромада буд.
Баъди ҳамин ман боз се рӯзи дигар чун ҳарвақта рӯ-рӯи хона гаштани ӯро шунидам, вале дар рӯзи чорум дигар садое ба гӯшам нарасид. Дил кардам ба хонааш дароям; дараш баста буд. Аз сӯрохи қуфл ман ӯро рангпаридаву беҳол дидам ва гумон кардам, ки бемор шудааст; ба ҷаноби Моррел хабар додаму ба назди Мерседес тохтам. Ҳар ду ҳамонзамонӣ омаданд. Ҷаноби Моррел ҳамроҳи худаш духтур овард; духтур дарди беморро илтиҳоби меъдаву рӯдаҳо муқаррар кард ва парҳез фармуд. Ман дар ин ҳин ҳозир будам, ҷаноби аббат ва табассуми пирамардро, ки аз шунидани ин фармоиш дар лабонаш пайдо шуда буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Аз ҳамон дам баъд вай дарро намебаст: вай барои ғизо нахӯрдан далели қонунӣ дошт; духтур парҳез фармуда будаш.
Аббат пурдард нолиш кард.
– Ҳикояти ман нороҳат кард шуморо, ҷаноби аббат? – суол кард Кадрусс.
– Оре, – ҷавоб гардонд аббат, – хеле ҳикояти муассор будааст.
– Мерседес бори дуюм омад, вай дар ӯ ҳамон дигаргуниеро дарёб кард, ки бори нахуст дида буд, хост ба хонаи худаш барад ӯро. Ақидаи ҷаноби Моррел низ ҳамин буд ва хост ӯро ба зӯрӣ баранд. Аммо пирамард чунон муҳиб фиғон кард, ки онҳо тарсиданд. Мерседес дар сари болини пирамард монд, ҷаноби Моррел бошад, баромада рафта истода ба вай ишорат кард, ки ҳамёни пулро рӯи бухорӣ мегузорад. Аммо пирамард, ки бо таъйиноти духтур мусаллаҳ гардида буд, ҳеҷ чиз хӯрдан намехост. Оқибат, баъд аз тарки ғизо нисбат ба касоне, ки боиси бадбахтиаш гардида буданд, ҳарфи нафрин дар забон ҷон дод. Вай ба Мерседес мегуфт:
«Агар ягон вақт Эдмонро бубинед, ба вай бигӯед, ки ман дар ҳаққаш дуои нек дар забон мурдам».
Аббат бархост, бо дасти ларзон гулӯи хушкидаашро зер карда, ду маротиба рӯ-рӯи хона давр зад.
– Ва шумо гумон доред, ки сабаби маргаш...
– Гуруснагӣ буд, ҷаноби аббат, гуруснагӣ! – ҷавоб гардонд Кадрусс. – Ман ба ин ҳамчунон бовар дорам, ки ба насронӣ будани ҳар дуямон шак надорам.
Аббат ғайри ихтиёр истакони обаш нимаро гирифту лоҷуръа нӯшид ва бо чашмони суп-сурху чеҳраи рангпарида боз гашта дар ҷояш нишаст.
– Бовар бикунед, ки ин мусибати азим аст, – гуфт ӯ бо овози баста.
– Хусусан ки сабабгораш одамонанд, на худованд.
– Акнун ба сари ҳамин одамон меоем, – гуфт аббат. – Лекин дар ёд дошта бошед, – илова кард ӯ қариб ба лаҳни таҳдидбор, – ки шумо ба ман ваъда дода будед, ҳамаашро гӯед. Хӯш инҳо чӣ касонанд, ки писарро аз навмедӣ куштанду падарро аз гуруснагӣ?
– Ду нафар ҳосиди ӯ: яке – аз барои ишқ, дигаре – аз ҷоҳхоҳӣ: Фернан ва Данглар.
– Ҳасад ба чӣ расондашон? Гап занед!
– Онҳо аз болои Эдмон хабар кашиданд, ки вай гумоштаи бонопартист.
– Лекин хабаркаширо кадомашон кард? Гунаҳкори воқеӣ кист?
– Ҳар дуяшон, ҷаноби аббат; яктоаш нома навишт, дигараш ба почта бурд онро.
– Хӯш нома дар куҷо навишта шуда буд?
– Дар худи «Резерв», як рӯз пеш аз ҷашни арӯсӣ.
– Гуфтагиаш баромад! – зери лаб гуфт аббат. – Оҳ Фариа, Фариа! Чӣ хуб медонистаӣ ту одамон ва кору бори онҳоро!
– Чӣ гуфтед шумо? – пурсид Кадрусс.
– Ҳеҷ чӣ не, – ҷавоб гардонд аббат, – давом диҳед.
– Данглар хатро ба дасти чап навишт, то ҳусни хаташро нашиносанд, Фернан бошад, ба почта бурд.
– Лекин шумо ҳам он ҷо ҳозир будед! – нидо зад аббат.
– Ман? – ҷавоб гардонд Кадрусси ҳайратзада. – Кӣ ба шумо гуфт, ки ман он ҷо ҳозир будам?
Аббат дарёфт, ки аз худаш гузаштааст.
– Ҳеҷ кас нагуфтааст, – гуфт ӯ, – лекин барои донистани чунин тафсилоти воқиа он ҷо ҳозир будан мебоист.
– Гапатон ҳақ, – гуфт Кадрусс бо овози баста, – ман дар сари воқиа ҳозир будам.
– Ва шумо ба ин разолат монеъ нашудед? – гуфт аббат. – Пас шумо шарики онҳоед.
– Ҷаноби аббат, – ҷавоб гардонд Кадрусс, – онҳо маро чунон маст карданд, ки ман қариб аз ақл бегона шудам. Ман ҳамаашро мисле, ки даруни ғубор медидам. Ман ҳар он чи каси ба чунин ҳол афтода ба гуфтанаш қодир аст, бигуфтам, вале онҳо дар ҷавоби гапам гуфтанд, ки ин аз ҷониби онҳо шӯхӣ асту бас ва ин шӯхӣ ҳеҷ гуна оқибате нахоҳад дошт.
– Лекин рӯзи дигар, тақсир, рӯзи дигар шумо дидед, ки ба ҳар ҳол оқибате доштааст. Аммо дам назадед шумо, ҳарчанд ки ҳини ба ҳабс гирифта шудани Дантес ҳозир будед.
– Оре, ҷаноби аббат, ман он ҷо ҳозир будам, ва хостам гап занам, хостам ҳамаашро гӯям, вале Данглар боздошт маро.
«Лекин агар маълум шавад, – гуфт ӯ ба ман, – ки ин гунаҳкор аст ва дарвоқеъ ба ҷазираи Элба даромада будаасту барои ба кумитаи бонопартии Париж расондани мактубе супориш гирифта бошад, агар ин мактубро аз дасташ ёбанд, охир ба тарафгиронаш чун ба шарику ҳамдасташ назар хоҳанд кард».
Ман аз қатӣ шудан ба корҳои сиёсӣ дар чунин шароит тарсидаму хомӯш мондам; ин аз ҷониби ман буздилии разилонае буд, аммо на ҷиноят.
– Мефаҳмам; шумо аз сар соқит кардед вассалом.
– Оре, ҷаноби аббат, – ҷавоб гардонд Кадрусс, – ва аз ин ваҷҳ шабу рӯз виҷдонам азоб медиҳад маро. Қасам ба номатон, ман ҳаргоҳ дар сари ибодат ба Худо зорӣ мекунам, ки бар ман бубахшояд, хусусан ки ин дар умрам ягона ҷурми ман аст ва ман дар ин кор ҷиддан айбдор мешуморам худамро, – бешак ба ҳама мусибатҳоям боис аст. Азоби заъфи якдақиқаинаамро кашида истодаам, бинобар ҳамин ҳам ҳар гоҳ ба Карконта, даме вай аз қисмат менолад, мегӯям, ки: «Хомӯщ ист, занак, маълум ки хости Худо ҳамин будааст».
Ва Кадрусс ба нишони пушаймонии самимӣ сар хам кард.
Софдилии шумо шоистаи таъриф, гуфт аббат, – ҳар ки чунин пушаймон бошад, ӯ сазовори бахшоиш аст.
– Бадбахтона, – суханашро бурид Кадрусс, – Эдмон аз гуноҳи ман нагузашта бимурд.
– Ӯ ҳеҷ чизро намедонист ... – гуфт аббат.
– Лекин акнун вай, шояд, донад, – гашта гуфт Кадрусс, – мегӯянд, ки мурдаҳо ҳама чизро медонистаанд.
Хомӯшӣ ба миён омад. Аббат бархосту андешамандона рӯ-рӯи хона қадам задан гирифт; баъд ба ҷои аввалааш баргашту боз нишаст.
– Шумо ҳини сӯҳбат ким-кадом ҷаноби Моррелро номбар кардед ба ман, – гуфт ӯ. – Ин чӣ кас аст?
– Ин соҳиби «Фиръавн», хоҷаи Дантес.
– Дар ҳамаи ин амри ғамангез чӣ нақше дошт ин шахс? – суол кард аббат.
– Нақши шахси бавиҷдон, мардона ва мушфиқеро ба ҷо овард. Ӯ ягон бист маротиба барои Дантес шафоат кард. Даме ки император гашта омад, ӯ нома навишт, зорӣ намуд, таҳдид кард, бинобар ин дар замони реставратсияи дуюм худашро барои бонопартӣ будан сахт таъқиб карданд. Даҳ маротиба, чунон ки ба шумо гуфтам, ба нияти гирифта ба хонааш бурдан, ба назди падари Дантес рафт, як рӯз ё ду рӯз пеш аз вафоти ӯ бошад, чунон ки инашро ҳам ба шумо гуфтам, вай рӯи бухорӣ ҳамёни пулдоре монда рафт; Аз ҳамон пул қарзи пирамардро пардохтанд ва ба харҷи дафнаш ҳам расид, бинобар ин, бечора, дар мурданаш ҳам, зиндагиаш барин, ба касе бори гарон нашудааст. Ҳамон ҳамён то ба ҳол дар хонаи ман аст, ҳамёни сурхи калони кашбофт.
– Ҳамон ҷаноби Моррел зинда аст? – пурсид аббат.
– Зинда, – гуфт Кадрусс.
– Ва муқаррар, чархи фалак ба муродаш гаштагист – сарватманду хушбахт будагист вай?..
Кадрусс писханде кард.
– Хушбахтиаш ман барин, – гуфт ӯ.
– Чӣ тавр, ҷаноби Моррел хушбахт нест? – нидо закд аббат.
– Вай дар ниҳояти бенавоист, ҷаноби аббат ва аз ин ҳам бадтараш ин аст, ки эҳтимоли беобрӯ шудан дорад. – Барои чӣ?
– Гап дар сари он, – ба гап сар кард Кадрусс, – ки ҷаноби Моррели баъди заҳмати зиёди биступанҷсола, дар байни тоҷирони Марсел мақоми ифтихорие ишғолкарда тамоман хонахароб аст. Вай дар ду сол панҷ киштиро талаф дод, се дафъа варшикаста гардид, ва акнун тамоми умедаш ба ҳамон «Фиръавн»-ест, ки фармонфармояш Дантеси сарсахт буд; ба қарибӣ «Фиръавн» бояд аз Ҳиндустон бо бори қирмизу нил баргардад. Агар ин киштӣ мисли дигар киштиҳояш ғарқ шавад, ҷаноби Моррел нобуд шуд гуфтан гиред.
– Ин марди сарсахт зану фарзанде дошта бошад?
– Оре, зане дорад, ки авлиёвор ба ҳамааш тоб меоварад; духтаре дорад, ки ба ҷавони дилхоҳаш ба шавҳар баромаданӣ буд, вале ин дам падару модари ҷавон ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки ба духтари бенаво гардидае хонадор шавад. Ғайр аз ин, писаре дорад, афсар; вале худатон мефаҳмед, ки ҳамаи ин мусибати марди бечораро афзун мегардонад ки кам не. Агар як худаш танҳо мебуд, як тир ба пешонааш мезаду ҷонаш халос.
– Ин мудҳиш аст! – зери лаб гуфт аббат.
– Ана Худованд чӣ мукофоте медиҳад ба марди накӯкор, ҷаноби аббат, – гуфт Кадрусс. – Ба ман нигоҳ кунед; ман ягон кори баде накардаам, ба ҷуз оне ки ба шумо иқрор кардам, оқибат ба муфлисӣ расидам. Насиби ман аз табларза мурдани зани бечораамро дидан ва ман ба ӯ ҳеҷ мададе расонда наметавонам, худам бошам, пирамард Дантес барин аз гуруснагӣ мемирам, ҳол он ки Фернану Данглар ба тилло ғӯтаваранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё