Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Аз хусуси онҳо чӣ андеша дорам, мегӯед? Андешаам ин ки онҳо аз он ки мебояд андаке тезтар ҳаракат доранд, ва боз онҳо аз ҳад сиёҳанд барои абрҳое, ки ягон нияти бад надоранд».

«Гумони ман ҳам чунин аст, – гуфт нохудо, – ва ба ҳар эҳтимол эҳтиётан чораҷӯӣ мекунам. Мо барои чунин шамоле, ки вазон аст, аз ҳад зиёд бодбон ба кор бурда истодаем... Ҳой, гӯш кунед! Бодбони росту бодбони уреби пешро фуроред!».

Сари вақт буд: фармоишро ба ҷо наоварда буданд, ки шамол ба вазидан даромад ва киштӣ ба якпаҳлу хам шудан сар кард.

«Ҳоло ҳам бодбонҳо зиёданд, – гуфт нохудо, – бодбони дуюмро ғундоред!».

Баъди панҷ дақиқа бодбони дуюм ғундошта шуд, мо бо бодбони аз ҳама боло, бодбони чоркунҷа ва бодбони поёнии пешсутун равон будем.

«Хӯш читу, амаки Панелон, – гуфт ба ман нохудо, – чӣ калла меҷунбонед?».

«Ҳамин, ки агар дар ҷои шумо бошам, мефармудам, боз ҳам кам кунанд бодбонҳоро».

«Гапат маъқул барин, пирамард, – гуфт ӯ, – шамоли салқин мехезад».

«Эҳа, медонед чӣ, нохудо, – шамоли салқинро аз ёдатон бароред, ин тӯфон ва тӯфони анча-манча не, аз ин боб агар ягон чиз медониста бошам!».

Бояд ба шумо гуфт, ки шамол рост ба сӯи мо меояд, чун тӯфони чанг дар рӯи роҳи калон. Хушбахтона, нохудои мо ба кори худаш усто.

«Бодбони чоркунҷаро ду таноб танг кунед! – дод зад нохудо. – Бандҳоро суст кунед, тарафи шамол гардонед, бодбони чоркунҷаро кушода партоед, дастгоҳи борбардорро ба чӯбҳои кӯндаланг ҷафс кунед!».

– Дар зери чунин арзҳо ин нокифоят аст, – нохост ба забон овард марди ингилис. – Ман мебудам, чор таноб танг мекардаму бодбони рости поёниро ҳам меғундоштам.

Ин овози қатъию ҷарангосиро шунида ҳама як қад париданд. Пенелон дасташро пеши чашм дошта ба оне нигарист, ки фармоиши нохудояшро ин қадар бо ҷуръати тамом танқид карда буд.

– Мо аз ин ҳам зиёдтар кардем, тақсир, – гуфт маллоҳи куҳансол як дараҷа бо эҳтиром, – ҳамаи чораҳоро дидем, то ҳамвора бо тӯфон пеш равем. Баъди даҳ дақиқа бодбонҳоро ғундошта танҳо дар зери арғамчинҳо пеш рафтан гирифтем.

– Барои чунин таваккал кардан киштӣ аз ҳад кӯҳна буд, – гуфт марди ингилис.

– Гап ҳам дар ҳамин-дия! Ана ҳамин ҳоли моро табоҳ кард. Баъди бардорузани дувоздаҳсоата, ки ҳар кас бошад ҳам рӯдаҳояш ба сараш мепечид, сӯрох пайдо шуд.

«Пенелон, – гуфт нохудо, – ба назарам, ки мо фурӯ рафта истодаем; сукконро ба ман те ошною таҳхонаро хабар гир».

Ман сукконро ба вай додаму поён фуромадам; дар он ҷо алакай се фут об буд; ман ба арша баромадаму дод задам: «Обро кашед!». Чия! Алакай дер шуда буд. Ҳама ба кашидан сар карданд; лекин мо ҳар қадар бештар мекашидем, об ҳамон қадар зиёд мешуд.

«Не, медонетон, – гуфтам ман, баъди чор соат азоб кашидан, – ғарқ мешудагӣ бошем, шудан гирем, кас ду бор намемирад, аз як бораш ҷои гурез нест!».

«Ибрати нишон медодагиат ҳамин, амаки Панелон? – гуфт нохудо. – Хӯш, сабр карда ист!».

Ва ӯ ҳуҷраи худаш рафту дуто туфангча бардошта омад.

«Касе ки якум шуда обкашакро аз даст монад, – гуфт ӯ, – косахонаи сарашро тит мекунам!».

– Дуруст, – гуфт марди ингилис.

– Ҳеҷ чиз ин қадар ҷасорат намебахшад, ки гапи маъқул, – давом дод суханашро маллоҳ, – хусусан ки ҳаво ин дам кушода буду шамол фурӯ нишаст; аммо об зиёд мешуд он қадар тез не, соате ягон ду дюйм, ба ҳар ҳол зиёд мешуд. Дар як соат ду дюйм – гӯё ҳеҷ гап не, аммо дар дувоздаҳ соат камаш бисту чор дюйм мешавад, бисту чор дюйм бошад, ду футро ташкил медиҳад. Ду фут ва боз се футе, ки мо пеш аз ин доштем, панҷ фут мешавад. Даме, ки дар шиками киштӣ панҷ фут об ҷамъ мешавад, метавон гуфт, ки вай ба дарди истисқо гирифтор шудааст.

«Хӯш, – гуфт нохудо, – акнун бас, ҷаноби Моррел ҳам моро таъна задан наметавонад; барои наҷот додани киштӣ ҳар чӣ аз дастамон меомад, кардем мо: акнун одамонро наҷот додан лозим. Заврақро фурӯ гузоред, бачаҳо ва ҳаял накунетон!».

– Гӯш кунед, ҷаноби Моррел, – давом дод Панелон, – мо «Фиръавн»ро хеле азиз медоштем, аммо маллоҳ ҳар қадар киштии худашро азиз дорад ҳам, вай ҷони худашро аз он ҳам бештар азиз медорад; бинобар ин ҳам мо бори дигар даъват кардани нохудоро нигарон нашудем; илова бар ин киштӣ ин қадар ки шикваомез ғиҷирос мезад ва гӯё ба мо мегуфт: «Э зудтар дафъ шавед!» Ва бечора «Фиръавн» рост мегуфт. Мо чӣ гуна дар зери поямон фурӯ рафтани онро эҳсос мекардем. Хуллас, ки дар як мижа задан заврақ фуроварда шуд ва ҳар ҳашти мо ҳамонзамонӣ дар он нишаста будем.

Нохудо аз ҳама охир фуромад, ё ки, аниқтар мебуд гӯем, ки вай нафуромад, зеро киштиро тарк кардан нахост; ин ман ӯро қучоқ задаму ҷониби рафиқон ҳаво додам, баъди ҳамин худам ҳам ҷаста фуромадам. Сари вақт будааст. Фурсате ёфта поён ҷаста будам, ки саҳни киштӣ чунон тарсас кафид, ки гӯё аз киштии чилуҳашттӯпа шиллик дода бошанд.

Баъди даҳ дақиқа сари киштӣ хам шуд, баъд думаш, баъд чун саге, ки думи худашро доштанӣ мешавад, дар ҷои исташ давр гаштан гирифт. Баъди ҳамин ҷон ба саломат! Ҳушт! Кор тамом ва аз «Фиръавн» нишоне намонд!

Вале мо се рӯз на ғизое хӯрдему на обе ба даҳон гирифтем, ба дараҷае, ки акнун дар андешаи он будем, ки қуръа партоем чи, кадоме аз мо тӯъмаи дигарон шавад, ки нохост «Жиронда»-ро дидем; бо ишоратҳои шартӣ хабар додем; вай моро пайхас кард, ҷонибамон баргашт, заврақ фиристод ва моро гирифт. Ана кор чӣ хел шуд, ҷаноби Моррел, бовар кунед ба қавли маллоҳ! Ҳамин тавр буд, рафиқон?

Шавқуни таҳсин нишон дод, ки ровӣ ба туфайли баёни ҳаққонии воқиа ва тасвири бекамукости рӯйдод сазовори таърифи умум гардидааст.

– Хайр майлаш, дӯстонам, – гуфт ҷаноби Моррел, – шумо бачаҳои бисёр хубед, ман пешакӣ медонистам, ки дар мусибате ки ба сарам омадааст, танҳо қисмати шумам сабабгор аст. Ин хости Худост, на айби одамон. Тан медиҳам ба хости Худо. Акнун ба ман бигӯед, чӣ қадар маош мебояд шуморо.

– Монеде, ҷаноби Моррел, аз ин хусус гап намезанем!

– Баръакс, аз ҳамин хусус гап мезанем, – гуфт соҳибкор бо табассуми андӯҳбор.

– Ба мо, ин тавр бошад, маоши семоҳа... – гуфт Пенелон.

– Коклес, ба инҳо дусадфранкӣ бидеҳ. Дигар вақт мебуд, – давом дод суханашро ҷаноби Моррел, – ман мегуфтам, ки: ба инҳо дусадфранкӣ мукофот бидеҳ; вале ҳозир замона носоз, дӯстонам, ва ҳамин маблағи ночизе, ки дар бисоти ман мондааст, ба худам тааллуқ надорад. Бинобар ин бубахшетон марою айб накунед.

Пенелон ваҷоҳати ҳузноваре гирифт, ҷониби рафиқонаш баргашт, бо онҳо чӣ маслиҳате карду боз ба хоҷааш рӯ овард.

– Пас, мана ҳамин, ҷаноби Моррел, – гуфт ӯ, сақичро ба лунҷи дигараш гузарондаву ҷараёни нави оби даҳонро дафъаи аввал барин ба даҳлез сар дода, – мана ҳамин, ки...

– Чӣ?

– Пул...

– Хайр чӣ шудааст?

– Хӯш рафиқон мегӯянд, ҷаноби Моррел, ки ҳоли ҳозир ба инҳо панҷоҳфранкӣ кифоят будааст ва барои боқимондааш сабр карда меистодаанд.

– Миннатдорам аз шумо, дӯстонам, миннатдорам! – гуфт ҷаноби Моррел, ки аз таҳти дил ба риққат омада буд. – Ҳамаатон одамони хубед; лекин ба ҳар ҳол пулро гиретон. Ва агар кори дигаре ёбетон, ба хидмат дароед. Озод астед шумо.

Ҳамин суханони охир ба маллоҳони поквиҷдон таассуроти пуртааҷҷубе бахшид. Онҳо бо ҳарос ҷониби якдигар назар карданд. Пенелонро нафас ба дарун афтод ва қариб, ки сақичро фурӯ барад; хушбахтона, саривақт бо даст гулӯяшро дошт.

– Чӣ тавр, ҷаноби Моррел? – гуфт ӯ бо овози хафа. – Шумо аз кор ҳай мекунед моро? Магар мо ба шумо маъқул нашудем?

– Не, дӯстонам, – ҷавоб гардонд соҳибкор, – не, баръакс, ман ҷудо ҳам розӣ аз шумо. Ман аз кор ҳай намекунам шуморо. Лекин охир чӣ илоҷ? Дигар киштие надорам ман, маллоҳ ҳам лозим не ба ман.

– Чӣ хел дигар киштие надоред? – гуфт Пенелон. – Хайр, фармоед навашро созанд; мо сабр мекунем. Худоро шукр, мо ба бекор истодани киштиҳо одат кардагӣ.

– Барои киштӣ созондан ман дигар пул надорам, Пенелон, – гуфт соҳибкор бо табассуми ғамангезона, – ман пешниҳоди шуморо, ҳарчанд бароям гуворо бошад ҳам, қабул карда наметавонам.

– Агар пул надошта бошед, дар ин сурат ба мо ҳақ доданатон лозим не. Мо «Фиръавн»-и бечораамон барин рафтор мекунем ва бо афзорамон баромада меравем вассалом!

– Шуд, шуд, дӯстонам! – гуфт Моррел, аз ҳаяҷон нафасгардон шуда. – Биравед, хоҳиш мекунам аз шумо. Дар айёми хушҳолӣ ба ҳам мерасем. Эммануел, – барафзуд ӯ, – ҳамроҳи инҳо раведу бохабар шавед, ки фармоиши ман бе каму кост ба иҷро расад.

– Лекин фақат видоъ немекунем мо, «то боздид» мегӯем мо, майлаш? – гуфт Пенелон.

– Оре, дӯстонам, умед мекунем, ки ҳамин тавр шавад. Биравед.

Вай ба Коклес имо кард ва ӯ пеш даромад: маллоҳон аз ақиби хазинадор равон шуданд, Эммануел бошад, баъд аз ҳама баромад.

– Акнун, – гуфт соҳибкор ба занашу духтараш, – як дақиқа танҳо гузоретон маро; бо ин ҷаноб гуфтугӯ карданам лозим.

Ва ӯ бо нигоҳаш ба гумоштаи сарои Томсон ва Френч ишорат кард, ки аз оғоз то ба анҷоми ин саҳна ноҷунбон дар як гӯша истодаву фақат бо чанд калимаи фавқуззикр дар он иштирок карда буд. Ҳар ду зан ба марди ношинос, ки тамоман аз хотир бароварда будандаш, назар андохтанду аз дар баромаданд. Аммо Жулӣ, дами дар баргашта, нигоҳи риққатовари илтиҷоомезе андохт ба ӯ, ва ӯ бо табассуме ҷавоб гардонд ба он, ки дар ин чеҳраи ях барин хунук диданаш тааҷҷубовар менамуд. Ҳар ду мард танҳо монданд.

– Хӯш мана, – гуфт Моррел, ба курсии нарм фурӯ нишаста, – ҳамаашро дидед, ҳамаашро шунидед, ба ман илова мекардагӣ чиз намонд.

– Ман дидам, – гуфт марди ингилис, – ки мусибати наве омад ба саратон, чун мусибатҳои собиқатон ноҳақ ва ин чиз ба майли мададгор шуданам ба шумо итминони бештаре бахшид ба ман.

– Оҳ, тақсир! – гуфт Моррел.

– Гӯш кунед, – давом дод суханашро марди ношинос. – Охир ман яке аз қарзхоҳони асосии шумоям, ҳамин тавр нест?

– Ба ҳар ҳол дар дасти шумо аҳдномаҳост, ки мӯҳлати пардохташон аз ҳама пештар ба сар меояд.

– Шумо мехоҳед мӯҳлати пардохт дароз карда шавад?

– Дароз кардани мӯҳлат маро аз бадномӣ наҷот медод, пас, яъне ки ҷонамро ҳам мераҳонд.

– Чӣ қадар мӯҳлат даркор ба шумо?

Моррел ба андеша рафт.

– Ду моҳ, – гуфт ӯ.

– Хуб шудаст, – гуфт марди ношинос, – ман се моҳ медиҳам ба шумо.

– Аммо шумо боварӣ доред, ки ширкати Томсон ва Френч...

– Осуда бошед, ман тамоми масъулиятро ба гардан мегирам.

Панҷуми июн аст имрӯз? – Оре.

– Хӯш ки бошад, ҳамаи ин санадҳои қарзро ба панҷуми сентябр аз нав нависед ва панҷуми сентябр дар соати ёздаҳи саҳар (ақрабакҳои соати деворӣ ёздаҳи расоро нишон медоданд) ба наздатон ҳозир мешавам ман.

– Ман шуморо нигарон мешавам, – гуфт Моррел, – ва шумо пулро мегиред ё ки ман зинда нахоҳам буд.

Суханони охирин чунон паст ба забон омаданд, ки марди ношинос шунида наметавонист онҳоро.

Санадҳои қарз рӯнавис шуданд, кӯҳнаҳош даронда шуданд, ва соҳибкори бечора ақаллан семоҳи танаффус гирифт, то ки охирин васоилашро фароҳам оварад.

Марди ингилис изҳори миннатдории ӯро бо хунсардии хоси миллаташ пазируфту бо Моррели дуою санокунон то таги дар ба гуселаш баромада хайру хуш кард.

Дар сари зинапоя ӯ бо Жулӣ рӯбарӯ зад.

Вай тарзе вонамуд кард, ки аз зинаҳо поён фуромада истодааст, лекин дар воқеъ, ӯро нигарон буд.

– Оҳ, тақсир! – гуфт ӯ, илтиҷоомез дастонашро рӯи ҳам гузошта.

– Мадемуазел, – гуфт марди ношинос, – шумо ба қарибӣ номае мегиред, ки дар зераш имзои ... Синдбоди Дарёгард... Ҳар он чи дар нома гуфта шудааст, ҳарчанд ба назаратон ғалатӣ намояд ҳам, ҳамаашро айнан ба ҷо оваред.

– Хуб шудааст, – ҷавоб гардонд Жулӣ.

– Оё иҷрои инро ваъда медиҳед ба ман?

– Қасам ба номатон!

– Хуб шудааст, хуш бошед, мадемуазел. Доимо ҳамин тавр духтари бараҳму хушмеҳр бошед ва ман умед мебандам, ки худованд ба мукофоташ Эммануелро шавҳари шумо мегардонад.

Жулӣ пастакак нидое баровард, олуболу барин суп-сурх шуду аз маҳҷари зинапоя дошт, то наафтад. Марди ношинос, ба аломати падруд дасташро ҷунбонда ба роҳаш бирафт.

Дар рӯи ҳавлӣ вай ба Пенелон вохӯрд, дар ҳар дасташ яктои тугунчаи садфранкӣ дошту гӯё дудила буд, ки онҳоро барад ё не.

– Рафтем, дӯстам, – гуфт ба вай марди ингилис, – бо шумо гуфтугӯ кардани ман лозим.

пешина
аз 99
навбатӣ