Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

IX. ПАНҶУМИ СЕНТЯБР

Гумоштаи бонкирхонаи Томсон ва Френч ба Моррел дар дақиқае танаффус дода буд, ки вай ба он хеле кам умед дошт; ин ато ба соҳибкори сарсахт яке аз он тобишҳои бахт намуд, ки касро огоҳ мекунад, ки қисмат, оқибат, аз таъқиб кардани ӯ хаста шудааст. Худи ҳамон рӯз вай ҳамаашро ба духтараш, занаш ва Эммануел ҳикоят кард ва осоиш набошад ҳам, як дараҷа умедворӣ роҳ ёфт ба хонадонаш. Лекин, мутаассифона, Моррел на фақат бо ширкати Томсон ва Френч, ки нисбат ба ӯ чунин илтифоткорие зоҳир намуда буд, муомилаи доду гирифт дошт. Дар корҳои тиҷорат, чунон ки ӯ гуфт, номанависон вуҷуд доранд, аммо дӯстон – не. Дар қаъри дилаш, аз рафтори олиҳимматонаи ширкати Томсон ва Френч ба андеша рафта, тааҷҷуб мекард; вай чунин рафторро фақат бо муҳокимарониҳои ақлонаи худхоҳонааш маънидод мекард: беҳтараш кас шахси аз худаш қариб сесад ҳазор франк қарздорро дастгирӣ кунаду ин пулро баъди се моҳ гирад, на ин ки муфлис шудани ӯро тезонаду шаш ё ҳашт фоиз ба даст оварад.

Мутаассифона, аз рӯи кина ё бехирадӣ, ҷамеи дигар қарзхоҳони Моррел на ин тавр андеша меронанд, балки ҳатто баръакс. Аз ҳамин сабаб, санадҳои қарзи аз тарафи Моррел ба имзо расида, дар мӯҳлати муқарраргардида ба сандуқи ӯ пешниҳод шуданд ва ба туфайли танаффусе, ки марди ингилис дода буд, ин қарзҳо батаъхир аз ҷониби Коклес пардохта шуданд. Ба ҳамин тариқ, Коклес чун дафъаҳои собиқ бо хотири осуда бепарво мегашт. Як худи ҷаноби Моррел бо даҳшат медид, ки агар рӯзи понздаҳум сад ҳазор франк ба де Бовил пардохтан рост меомаду рӯзи сиюм сию ду ҳазору панҷсад франк аз рӯи дигар санади қарзи низ мӯҳлаташ дарозгардида, дар он сурат вай дар худи ҳамин моҳ нобуд мешуд.

Ҳамаи тоҷирони Марсел дар чунин ақида буданд, ки Моррел ба нобарории ба сараш омада тоб намеоварад. Бинобар ҳамин ҳам тааҷҷуби онҳо ҳадду канор надошт, даме ки вай ба дақиқкории одатиашпардохти моҳи июни санадҳои қарзро ба ҷо овард. Аммо, сарфи назар аз ин, ба вай ҳамчунин бо чашми нобоварӣ менигаристанд ва якдилона варшикаста гардидани соҳибкори бечораро ба поёни моҳи оянда мавқуф гузоштанд.

Тамоми июл Моррел ҷон канд, то маблағи лозимро фароҳам оварад. Баъзан мешуд, ки аҳдномаҳои ӯ ба кадом мӯҳлате, ки бошанд, бо итминони тамом пазируфта мешуданд ва ҳатто ки талабот ба онҳо зиёда буд. Моррел кӯшиш кард санадҳои қарзи мӯхлаташон семоҳа диҳад, вале ягон бонк онҳоро қабул накард. Хушбахтона, худи Моррел ба баъзе мадохил умед баста буд; ин мадохил амалӣ гардид; ба ҳамин тариқ, то охири моҳ Моррел боз қарзхоҳонашро қонеъ гардонд.

Гумоштаи ширкати Томсон ва Френчро дар Марсел дигар надиданд; ӯ дар рӯзи дуюм ё сеюми баъди боздидаш бо ҷаноби Моррел ғоиб гардид; ва азбаски дар Марсел вай фақат бо мэри шаҳр, бозраси ҳабсхонаҳо ва соҳибкор сарукор дошт, ҳузури кӯтоҳмуддати ӯ дар ин шаҳр, ба ҷуз ҳамон хотироти аз якдигар мутафарриқе, ки дар ёди ин се тан нақш баста буд, дигар осоре боқӣ нагузошт. Маллоҳони «Фиръавн» бошанд, онҳо, аз афташ, ба хидмати каси дигаре муқайяд шудаанд, зеро онҳо низ ғоиб гардида буданд.

Нохудо Ҳомар, баъди беҳбудӣ ёфтан аз беморие, ки ӯро дар Палма пойбанд карда буд, ба Марсел омад. Вай ҷуръати ба назди ҷаноби Моррел омадан накард; вале ҷаноби Моррел аз омадани нохудо дарак ёфта, худаш ба назди ӯ рафт. Соҳибкори поквиҷдон аз гуфтори Пенелон тафсилоти рафтори мардонавори нохудоро ҳангоми ба ҳалокат дучор омадани киштӣ шунида буд ва худаш саъй дошт ӯро тасаллӣ диҳад. Моррел ротибаи ӯро, ки худи нохудо Ҳомар дилу гурдаи онро талаб кардан надошт, бе каму кост бурда дод.

Ҳангоми аз назди нохудо баромадан ҷаноби Моррел дар сари зинапоя бо Пенелон рӯбарӯ зад; ӯ, зоҳиран, пули ба даст овардаашро нағз ба кор бурдааст, зеро пӯшокаш напа-нав буд. Суккондори бовиҷдон соҳибкорро дида сахт ба саросемагӣ афтод. Вай худашро ба як гӯшаи дурдасти майдончаи сари зинапоя кашида, сақичи даҳонашро аввал аз лунҷи рост ба лунҷи чапаш гузаронд; баъд аз чап ба рост, бо ҳарос чашмонашро аз косахона бароварду ба дастфишӯрии чун ҳамеша пурмеҳри ҷаноби Моррел бо вохӯрдӣ кардани беҷуръатона посух доду бас. Ҷаноби Моррел даступо хӯрдани Пенелонро ба олуфтавор либос пӯшиданаш ҳамл кард; эҳтимол маллоҳи солдида на аз ҳисоби маблағи аз ҷаноби Моррел гирифтааш чунин кару фарро ба худаш раво дида бошад; яқинан вай дар ягон киштии дигар ба хизмат даромадагист ва аз он шарм медошт, ки ба ин зудӣ, агар чунин таъбир кардан раво бошад, аз азо баромадааст, азое ки аз ҳалокати «Фиръавн» пеш омада буд. Шояд, ҳатто, ба назди Ҳомар омада бошад, ки барор гирифтани корашро ба ӯ хабар диҳад ва нохудоро ба кор даъват кардани хоҷаи навашро ба ӯ расонад.

– Касони нағз! – гуфт, дур шуда истода, Моррел. – Кошки хоҷаи наватон ман барин дӯст дорад шуморо ва аз ман хуштолеътар барояд.

Моҳи август дар такопӯи муттасили Моррел баҳри барқарор кардани маблағи собиқи худ ё пайдо кардани маблағи наве тай мешуд. Бистуми август дар Марсел маълум гардид, ки вай дар каретаи чопорӣ барои худаш ҷое харидааст ва ҳамон дам ҳамагон тасмим гирифтанд, ки Моррел худашро дар охири моҳ муфлис эълон мекунад ва қасдан ба сафар мебарояд, ки дар ин маросими ғамангез ҳузур надошта бошад, маросиме, ки ба ҷо оварданашро эҳтимол, ба мудири амлокаш Эммануел ва хазинадораш Коклес супурда бошад. Аммо, бар хилофи чашмдошти ҳама, даме ки 31 август фаро расид, сандуқ ба одати ҳамешагӣ боз гардид. Коклес дар паси шабака, чун «марди порсо»-и Горатсий ботамкин менишаст, бо дақиқназарии одатиаш санадҳои қарзи пешниҳодшударо аз назар мегузаронд ва бо ҳамон дақиқкории одатиаш якта намонда онҳоро мепардохт. Ҳатто, чунон ки ҷаноби Моррел пешбинӣ карда буд, ду аҳдномаи бегонаро пардохтан лозим омад ва аз рӯи ин аҳдномаҳо низ Коклес бо ҳамон дақиқкорие, ки аз рӯи санадҳои қарзи шахсии соҳибкор адо мекард, пул дод. Касе ҳеҷ чиз намефаҳмид ва ҳар кас бо якравие, ки хоси пешгӯикунандагони воқеоти нохуш буд, эълони муфлис шуданро то охири сентябр мавқуф мегузошт.

Якуми сентябр Моррел гашта омад. Аҳли хонадон бо изтироби беҳад чашм дар роҳи ӯ буданд; охирин умеди раҳоӣ ба ҳамин сафари Парижи ӯ вобаста буд. Моррел Дангларро ба хотир овард, ки миллионер гардидаву як замоне ба туфайли васояти ӯ кораш пешрав шуда буд, зеро маҳз ба тавсияи Моррел вай ба хидмати бонкдори испанӣ даромада буд, ки ба зудӣ сарват андӯхтанаш аз ҳамин хидматаш ибтидо гирифт. Аз рӯи овозаҳо Данглар соҳиби шаш ё ҳашт миллион буда, крдит – эътибори номаҳдуде дошт. Данглар метавонист ҳеҷ гуна маблағи нақде сарф накарда Моррелро аз вазъият раҳо кунад. Кафолати вай кифоят буд, ки Моррел наҷот ёбад. Моррел кайҳо аз хусуси Данглар фикр мекард; аммо аз боиси ким-кадом танаффуре, ки сабабашро худаш ҳам намедонист, Моррел то дақиқаҳои охир даранг мекард ва ба ин василаи ниҳоӣ даст намезад. Ва ӯ дар гумони худ ҳақ баромад, зеро ҷавоби рад гирифта хору залил ба хона баргашт.

Аммо, ба остонаи хонааш қадам гузошта, Моррел ягон ҳарфи шикваю таънаомезе ба забон наовард; ӯ бо чашми пурашк зану духтарашро канор гирифт, дӯстона ҷониби Эммануел даст дароз кард, баъд ошёнаи сеюм баромад, ба дафтари кори худаш даромада дарро басту ба исрор Коклесро ба наздаш хонд.

– Ин дафъа, – гуфтанд модару духтар ба Эммануел, – мо нобуд шудем.

Баъд аз каме маслиҳат онҳо ба қароре омаданд, ки Жулӣ ба додараш, ки ҳамроҳи полк дар Нима қарор дорад, хат менависад, ки бетаъхир ояд. Занҳои бечора бо савқи табиӣ ҳис мекарданд, ки онҳоро лозим аст ба таҳаммул кардани зарбаи анқариб омода бошанд.

Илова бар ин Максимилиан Моррел агарчи ҷавони бистудусолае буд, ба падари худ хеле таъсир дошт.

Ин як ҷавонмарди якраву ба қавлаш устуворе буд. Ҳангоме ки ба вай лозим омад пешаашро интихоб намояд, падараш нахост ӯро маҷбур кунад ва ихтиёрро ба дасти худаш дод, ки аз рӯи завқу рағбаташ шуғле пайдо кунад. Вай изҳор кард, ки майли ба хидмати ҳарбӣ даромадан дорад. Дар сари интихобаш устувор истода, аз таҳти дил ба илмомӯзӣ даромада, аз имтиҳони озмунии мактаби политехникӣ гузашту подпоручики полки пиёдагарди 33-юм таъйин шуд. Қариб як сол аст, ки дар ҳамин рутба муқайяди хидмат аст ва умеди ба поручикӣ расидан дорад. Дар полк Максимилиан Моррел баҷоорандаи қатъии нафақат вазифаҳои сарбозӣ, инчунин вазифаҳои инсонӣ низ ба шумор меравад, ва аз ҳамин сабаб «равоқӣ» лақаб ёфта буд. Бадеҳист, ки бисёр касони ин лақабро ба вай раво дида, чӣ маънол доштани ин вожаро надониста, аз забони дигарон гирифта такрор мекарданд.

Ана ҳамин афсари ҷавонро модару хоҳараш ба ёрӣ хонда буданд, то дар дақиқаи душвор, ки фаро расиданашро пешакӣ ҳис мекарданд, ба дилашон қувват бахшад.

Онҳо дар ҷиддӣ будани вазъият иштибоҳ накарда буданд, зеро баъди чанд дақиқаи ҳамроҳи Коклес ба дафтари кораш рафтани ҷаноби Моррел Жулӣ дид, ки сандуқдор аз он ҷо рангпаридаву ба тамоми аъзо ларзон бо нигоҳи тира берун омад.

Ӯ хост варо ҳангоми аз канораш гузаро шудан боздораду пурсуҷӯ кунад; лекин ҷавони бечора аз зинапояҳо бо шитобкории ғайри одаташ поён фуромада истода, даст ба сӯи осмон бардошта, ҳамин қадар хитоб кард:

– Оҳ, мадемуазел Жулӣ! Чӣ мусибате! Кӣ гумон карда метавонист-а!

Пас аз фосилае чанд дафтари ғафси ҳисобу китоб, ҳамён ва халтаи пул дар даст гашта омад.

Моррел дафтарҳои ҳисобу китобро бори дигар аз назар гузаронд, ҳамёнро кушоду пулро ҳисоб кард.

Буду шуди сармояи ӯ ба ҳашт ҳазор франк баробар буд; то панҷуми сентябр боз ба ворид шудани чор-панҷ ҳазор умедвор будан имкон дошт, ки дар беҳтарин ҳол дороии чордаҳҳазорфранкаро ташкил медод, ҳол он ки мувофиқи аҳдномаи қарз ду саду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад франк пардохтанаш лозим буд. Ҳеҷ як имкони чунин маблағро адошуда ҳисоб кардан набуд.

Аммо, даме ки Моррел ба наҳор баромад, хеле осуда менамуд. Ҳамин осудагӣ модару духтарро аз маъюсии беилоҷ бештар ба ҳарос овард.

Баъди наҳор Моррел одати аз хона берун рафтан дошт; вай ба «Бошгоҳи Фокейиҳо» мерафт, ки дар сари мутолиаи «Семафор» як пиёла қаҳва нӯшад; вале ин дафъа аз хона берун набаромад ва ба дафтари кори худаш баргашт.

Лекин Коклес, аз афташ, тамоман худашро бой дода буд. Ҳиссаи бештари рӯзро дар гармои сидараҷагӣ, сари луч, болои санги рӯи ҳавлӣ нишаста мегузаронд.

Эммануел саъй кард рӯҳи хонуми Моррелу Жулиро бардорад, вале забони хушгӯиаш лол шуда буд. Ӯ аз кору бори ширкат хеле хуб воқиф буд, то ин ки ба хонадони Моррел пеш омадани тасодуми мудҳишеро пешбинӣ карда натавонад.

Шаб фаро расид. На хонуми Моррел, на Жулӣ ба бистари хоб надаромаданд, ба умеди ин, ки Моррел, аз дафтари кораш баромада, ба назди онҳо медаромадагист. Вале онҳо чӣ тавр поида-поида, то ки ҷеғ назанандаш, аз таги дарашон гузаштани ӯро шуниданд.

Онҳо гӯш андохтанд, валу ӯ ба хонаи хобаш даромаду дарро аз пасаш баст.

Хонуми Моррел духтарашро фармуд, ки хоб равад; сипас, баъди ним соати он, ки Жулӣ бирафт, ӯ бархост, попӯшашро кашиду оҳиста ба роҳрав баромад, то аз сӯрохи қулф назар кунад, ки шавҳараш чӣ кор карда истодааст.

Дар роҳрав ӯ сояи дур шуда истодаеро пайхас кард. Ин Жулӣ буд, ки низ аз фарти беқарорӣ, аз модараш пешдастӣ карда буд.

Ҷавондухтар ба хонуми Моррел наздик омад.

– Ӯ чизе менависад, – гуфт ӯ.

Ҳар ду зан ҳарфе ба забон наёварда андешаи якдигарро пай бурданд. Хонуми Моррел ба сӯрохи қуфл хам шуд. Моррел машғули навиштан буд; аммо хонуми Моррел он чиро пайхас кард, ки духтараш сарфаҳм нарафта буд: шавҳараш дар коғази гербдор менавишт.

Ин дам вай дарёфт, ки вай васиятнома менависад; аъзои баданаш ба ларза омад, вале ба ҳар ҳол қудрате пайдо кард, ки ба Жулӣ чизе нагӯяд. Рӯзи дигар ҷаноби Моррел тамоман осуда метофт. Ӯ чун ҳарвақта дар коргоҳаш буд, чун ҳарвақта, ба ношто баромад. Фақат баъди наҳор ӯ духтарашро дар канораш нишонд, сарашро миёни ҳарду дасташ гирифту ба сандуқи дилаш сахт пахш кард.

Бегоҳ Жулӣ ба модараш гуфт, ки агарчи падараш осуда намояд ҳам, дилаш сахт-сахт метапид.

Ду рӯзи минбаъда дар чунин изтироб сипарӣ шуд. Чоруми сентябр бегоҳ Моррел талаб кард, ки духтараш калиди дафтари кори ӯро гардонда диҳад.

Жулӣ як қад парид, – ин талаби ӯ ба назараш шумхабаре дошт. Барои чӣ падараш калидро, ки доимо дар дасти ӯ буду дар бачагиаш танҳо барои ҷазо аз дасташ мегирифтанд, кашида гирифта истодааст?

Ӯ бо диққат ҷониби ҷаноби Моррел назар кард.

– Ман гуноҳ кардам, дада, – гуфт ӯ, – ки аз дастам калидро кашида мегиред?

– Гуноҳе накардаӣ, фарзандам, – ҷавоб дод Моррели сарсахт, ки ин суоли аз дили соф баромада боиси дар чашмонаш ҳалқа задани ашк гардида буд, – гуноҳе накардаӣ, фақат калид ба ман лозим шуд.

Жули тарзе вонамуд кард, ки калидро кофта истодааст.

– Ман, бояд онро дар хонаам монда бошам, – гуфт ӯ.

Вай аз дар баромада ва ба ҷои он ки ба ҳуҷраи худаш равад, барои маслиҳат гирифтан ба назди Эммануел тохт.

– Калидро надиҳед, – гуфт ӯ ба Жулӣ, – ва фардо саҳар ҳатталимкон падаратонро танҳо нагузоред.

Жулӣ саъй кард ӯро пурсуҷӯ кунад, вале Эммануел ҳеҷ чиз намедонистааст ё чизе гуфтан нахост.

Шаби дарози аз чорум ба панҷуми сентябр хонуми Моррел ба ҷунбуҷули шавҳараш аз паси девор гӯш фаро медошт. То соати сеи саҳар вай чӣ тавр мушавваш рӯ-рӯи хона пешу ақиб қадам задани ӯро мешунид.

Фақат соати се худашро ба кат андохт.

Модару духтар шабро ҳамроҳ гузарониданд. Дина бегоҳ боз нигарони Максимилиан буданд.

Соати ҳафти саҳар ҷаноби Моррел ба хонаи онҳо омад. Вай осуда буд, вале осори бедорхобӣ дар чеҳраи рангпаридаву коҳидааш нақше боқӣ гузошта буд.

Онҳо ҷуръат накарданд бипурсанд, ки оё хобаш нағз бурд ё не.

Моррел бо зану духтараш тарзе навозишкору хушзабон буд, ки пеш аз ин ҳаргиз набуд; вай аз рӯи Жулӣ сер намешуд ва муддате бӯсидан гирифташ.

Жулӣ маслиҳати Эммануелро ба ёд оварду хост падарашро гусел кунад; вале ӯ навозишкорона боздошташ ва гуфт:

– Ҳамроҳи модарат бош.

Жулӣ исрор кард.

– Ман талаб мекунам инро! – гуфт Моррел.

Аввалин бор Моррел «Ман талаб мекунам» мегуфт ба духтараш; вале вай инро бо лаҳни саршор аз чунон меҳри падарие ба забон овард, ки Жулӣ ёрои аз ҷо ҷунбидан накард.

Ӯ хомӯш ва ноҷунбон дар ҷояш рост истод. Дере нагузашта дар боз кушода шуд, дастони касе ӯро ба оғӯш кашиданду лабҳои касе ба ҷабинаш часпиданд.

Вай сар боло карду аз шодӣ нидо зад.

– Максимилиан! Акаҷон! – хитоб кард ӯ.

Ин нидоро шунида хонуми Моррел тохта омаду худро ба оғӯши писараш андохт.

– Очаҷон! – гуфт Максимилиан, нигоҳашро аз модар ба хоҳараш кӯчонда. – Чӣ воқиа? Мактуби шумо тарсонд маро ва ман батаъҷил омадам.

– Жулӣ, – гуфт хонуми Моррел, – ба падарат гӯй, ки Максимилиан омад.

Жулӣ аз хона тохта баромад, вале дар поғундаи якуми зинапоя бо каси номабадасте рӯбарӯ зад.

– Шумо мадемуазел Жулӣ Моррел ҳастед? – пурсид он кас бо лаҳни гуфтори ошкорои итолиёӣ.

– Оре, тақсир, ин манам, – дар монда-дар монда гуфт Жулӣ. Лекин аз ман ба шумо чӣ лозим? Ман шуморо намешиносам.

– Бихонед ин хатро, – гуфт марди итолиёвӣ руқъаро дароз карда. Жулӣ ба тараддуд афтод.

– Гап аз хусуси наҷоти падаратон меравад, – гуфт он шахс.

Жулӣ чанг зада номаро аз дасти ӯ гирифт.

Зуд мӯҳрашро бардошта бихонд:

«Бетаъхир ба хиёбони Мел биравед, ба хонаи No 15 дароед, аз ҳоҷиб калиди утоқи ошёнаи панҷумро дархоҳед, ба ҳамин утоқ дароед, аз болои бухорӣ ҳамёни шоҳии сурхро гиреду ҳамин ҳамёнро ба падаратон расонед.

Зарур аст, ки вай онро то соати ёздаҳи саҳар бигирад.

Шумо ваъда дода будед, ки бе қилу қол ба ман итоат мекунед; ваъдаатонро хотиррасон мекунам.

Синдбоди Дарёгард».

Ҷавондухтар шодона нидое баровард. чашм боло карду шахси хатовардаро ҷустан гирифт, то пурсуҷӯяш кунад; вале ӯ ғоиб гардида буд.

Ӯ ба такроран хондани нома даромад ва пайхас кард, ки дар ҳошияи он иловае ҳаст. Вай онро хонд:

«Зарур аст, ки ин супоришро шахсан худатон иҷро бикунед ва як худатон; агар шумо бо ягон касе равед ва ё агар ба ҷои шумо каси дигаре равад, ҳоҷиб ҷавоб медиҳад, ки вай намефаҳмад сухан аз чӣ хусус рафта истодааст».

Ин иловаи ҳошия дар як он шодии ҷавондухтарро сард кард. Оё дар зимни ин хатаре нест? Мабодо дом набошад? Ӯ чунон маъсумае буд, ки намедонист маҳз чӣ гуна хатаре пеш омаданаш мумкин аст духтареро дар синни вай; аммо хатарро намебояд донист, то аз вай битарсад кас; баръакс, маҳз хатари маҷҳул тарси бештаре талқин мекунад ба кас.

Жулӣ дудила шуд; вай қарор дод, ки маслиҳат мепурсад.

Ва ба тақозои ким-кадом ангезаи баённопазир мададҷӯӣ на ба назди модар, на ба назди бародар, балки ба назди Эммануел рафт.

Вай поён фуромад, ба ӯ ҳикоят кард, ки ҳамон рӯзи ба назди падараш омадани фиристодаи бонкирхонаи Томсон ва Френч чӣ воқеае рӯй дода буд, саҳнаи сари зинапояро ҳикоят карду ваъдаи додаашро ва хатро нишон дод.

пешина
аз 99
навбатӣ