Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шумо бояд равед, – гуфт Эммануел.

– Ба он ҷо равам? – зери лаб гуфт Жулӣ.

– Оре, ман шуморо мушояат мекунам.

– Лекин охир шумо хондед-ку, ман бояд танҳо бошам.

– Шумо ҳам танҳо мешавед, – ҷавоб гардонд Эммануел, – ман шуморо дар гӯшаи кӯчаи Музей нигарон меистам; агар шумо аз ҳад зиёд ҳаял кунед, ман аз пасатон меравам, – вой бар ҳоли он касе, ки шумо аз дасташ ба ман шикоят кунед!

– Хӯш шумо, Эммануел, гумон мекунед, – беҷуръатона гуфт духтарак, – ки ман бояд мувофиқи ин даъват амал кунам?

– Оре. Охир гуфтааст-ку фиристода, сухан аз хусуси наҷоти падаратон меравад?

– Наҷот аз чӣ, Эммануел? Чӣ чизе ба вай таҳдид дорад? – пурсид Жулӣ.

Эммануел дудила шуд, аммо майли тақвият додани қатъияти Жулӣ ғолиб омад.

– Имрӯз панҷуми сентябр аст, – гуфт ӯ.

– Бале.

– Имрӯз дар соати ёздаҳ падари шумо бояд қариб сесад ҳазор франк пардозад.

– Ҳа, мо инро медонем.

– Аммо дар сандуқи ӯ понздаҳ ҳазор ҳам нест, – гуфт Эммануел.

– Агар имрӯз дар соати ёздаҳ касеро наёбад, ки ба ёриаш бирасад, дар он сурат чоштгоҳ вай бояд худашро варшикаста эълон кунад.

– Рафтем, зудтар рафтем! – бо изтироб нидо зад Жулӣ, Эммануелро аз пасаш кашола карда.

Дар ин миён хонуми Моррел тафсилоти воқиаро ба писараш ҳикоят кард.

Максимилиан медонист, ки дар асари нокомиҳои паиҳам ба сари падараш омада, дар равиши рӯзгори хонадонашон хеле дигаргуниҳо ба амал омада буд, аммо намедонист, ки корҳо ба чунин вазъи лоилоҷӣ расидаанд.

Зарбаи ногаҳон, мисле ки аз пой фиканд ӯро.

Баъд ӯ якбора худашро аз хона берун андохт, ба умеди дар дафтари кор пайдо кардани падар зинапояро тозон баромад ва ба даркӯбӣ даромад.

Дар ҳамин дақиқа дар поён дар кушода шуд; вай баргашта назар карду падарашро дид. Ба ҷои он ки рост ба дафтари кораш барояд, ҷаноби Моррел аввал ба манзили худаш рафта буду фақат ин дам аз он ҷо бармеомад.

Ҷаноби Моррел писарашро дида, аз ҳайрат нидо зад; вай аз омадани ӯ хабар надошт. Ким-кадом чизи дар зери камзул руст кардаашро бо оринҷи чапаш зер карда, дар ҷояш шах шуд ӯ.

Максимилиан зуд аз зинаҳо поён фуромаду худро ба гардани падар андохт; лекин дасти росташ ба сари синаи ӯ расида, якбора ақиб кашид худашро.

– Дада, – гуфт ӯ, мурдавор рангаш канда, – дар таги камзӯлатон ин туфангча барои чист?

– Ман ҳам ана аз ҳамин метарсидам... – зери лаб гуфт Моррел.

– Дада! аз барои Худо! – хитоб кард Максимилиан. – ин аслиҳа чӣ маъно дорад?

– Максимилиан, – ҷавоб гардонд Моррел, бо диққат ба писараш нигариста, – ту мард ва одами бошараф астӣ; рафтем ба назди ман, ҳамаашро мефаҳмонам ба ту.

Ва Моррел бо қадамҳои устувор ба дафтари кораш баромад; Максимилиан калавида-калавида, аз пасаш равон шуд.

Моррел бо калид дарро кушод, писарро пеш гузаронд ва аз паси ӯ дарро қулф кард; баъд аз даҳлез гузашту ба назди мизи таҳрир расид, туфангчаҳоро ба лаби он гузошту ба писараш дафтари қайди дар рӯи миз боз истодаро нишон дод.

Дафтари қайд бозгӯи вазъи аниқи сурати ҳол буд.

Баъди ним соат Моррел бояд ду саду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад франк мепардохт.

– Хон! – гуфт Моррел.

Максимилиан хонда фуровард. Ӯ мисле ки барқ зада бошадаш, ноҷунбон меистод.

Падар ҳарфе ба забон наёвард, ба ҳукми беамони ададҳо вай чӣ чизе илова карда метавонист?

– Ва шумо, дада, ҳар он чи имкон дошт, бикардед, – бипурсид оқибат Максимилиан, – то садамаро пешгирӣ бикунед?

– Бикардам, – ҷавоб гардонд Моррел. – Ҳеҷ гуна воридоте чашмдор нестед? – Ҳеҷ гуна.

– Ҳамаи воситаҳо сарф шуданд?

– Ҳамааш.

– Ва баъди ним соат ... – ғамгинона гуфт зери лаб Максимилиан, – мо бадном мешавем?

– Хун пок мекунад бадномиро, – гуфт Моррел.

– Гапатон ҳақ, дада, ман мефаҳмам шуморо.

Вай дасташро ҷониби туфангчаҳо дароз кард.

– Якаш барои шумо, дигараш барои ман, – гуфт ӯ. – Ташаккур. Моррел дасти ӯро боздошт.

– Модарат чӣ?.. Хоҳарат чӣ?.. Кӣ мехӯронад онҳоро?

Максимилиан як қад парид.

– Дада! – гуфт ӯ. – Наход шумо хоҳед, ки ман зиндагӣ кунам?

– Оре, мехоҳам, – ҷавоб гардонд Моррел, – зеро ин вазифаи туст Максимилиан, ту хулқи устувору қавӣ дорӣ, ақли фавқулъодаест туро; ман туро маҷбур намекунам, амр намедиҳам ба ту, ман фақат мегӯям: «Вазъиятро бияндеш, чунон ки агар ту одами беғараз мебудӣ ва худат қазоват кун».

Максимилиан ба андеша рафт, баъд дар чашмонаш қатъияти ҷавонмардона дурахшид, аммо дар ин миён бо тааннӣ ва бо андӯҳ сардӯшиҳои зардӯзиро аз китфонаш меканд.

– Хуб шудаст, – гуфт ӯ, ба Моррел даст дода, – осуда биравед, дада. Ман зиндагӣ мекунам.

Моррел хост худашро ба пои писараш андозад, вале Максимилиан оғӯш кард ӯро ва ду қалби наҷиб бо ҳам ба тапидан даромаданд.

– Охир ту медонистагистӣ, ки ман айб надорам? – гуфт Моррел.

– Ман медонам, дада, ки шумо – бошарафтарини одамонед.

– Хуб шудаст, мо ҳама гапро гуфтем ба якдигар; акнун ба назди модарату хоҳарат бирав.

– Дада, – гуфт ҷавонмард, зону таҳ карда, – дуои хайре кунед манро. Моррел сари писарро миёни ҳар ду дасташ гирифт, бибӯсид онро ва гуфт:

– Ба номи худам ва се пуштам, ки одамони пок буданд, дуои хайр мекунам туро; гӯш кун, ба забони ман чӣ мегӯянд онҳо бар ту: шояд аз гардиши фалак иморати ба дасти мусибат харобшуда дубора маъмур гардад. Ба чӣ марге ҳалок шудани маро дида, сангдилтарин касон ба ҳолат раҳм хоҳанд кард; мӯҳлатеро, ки доданашро ба ман рад карданд, шояд ба ту дареғ надоранд; он гоҳ коре кун, ки сухани нангин ба забон наёяд; аз паси кор шав, амал кун, мардона ва бо ҳаракат дар набард ист; ҳар чӣ мумкин аст, хоксорона рӯзгор ба сар баред, то рӯз аз рӯз дороии онҳое, ки ман аз ишон қарздорам, дар кафи ту рушд кунад ва афзун гардад. Ёд дор, чӣ рӯзи фирӯз, чӣ рӯзи азиму мутантан хоҳад буд, даме ки номи неки ман барқарор гардад, даме ки дар ҳамин коргоҳ ту гуфтан битавонӣ: «Падари ман аз он бимурд, ки он чи ман имрӯз кардам, қудрати кардан надошт; аммо вай осуда бимурд, зеро медонист, ман инро ба субут хоҳам расонд».

– Оҳ, дада, дада, – нидо зад Максимилиан, – кош шумо бо мо мемондед!

– Агар ман бо шумо монам, корҳо дигаргуна мешаванд; агар ман бимонам, ғамхорӣ нобоварӣ мешаваду тараҳҳум – таоқуб; агар ман бимонам, ман касе хоҳам буд, ки ба қавлаш вафо накардааст, ӯҳдадориашро ба ҷо наёвардааст, хуллас, ман қарздори муфлис хоҳам буд. Агар ман бимирам, андеша кун инро, Максимилиан, ҷасади ман ҷасади марди бадбахт, вале поквиҷдон хоҳад буд. Ман зинда бошам, беҳтарин дӯстонам аз хонаам канораҷӯӣ хоҳад кард; ман бимирам, тамоми Марсел бо ашки резон ба манзили охират гусел хоҳадам кард. Ман зинда бошам, ту аз номи ман хиҷолат мекашӣ; ман бимирам, ту бо ифтихор сар боло карда хоҳӣ гуфт: «Ман писари онам, ки худро бикушт, зеро бори аввал дар умраш маҷбур шуд қавли худашро ба ҷо наёрад».

Максимилиан бо алам нолише кард, аммо, аз афташ, ба тақдир тан дод. Ва ин дафъа, қалбан набошад ҳам, ақлан бо далелҳои падараш розӣ шуд.

– Мана акнун, – гуфт Моррел, – маро танҳо гузору кӯшиш бикун модару хоҳаратро аз ин ҷо дуртар барӣ.

– Оё намехоҳед Жулиро бори дигар бубинед? – пурсид Максимилиан.

Охирин умеди хираи ӯ дар ин мулоқот нуҳуфта буд, вале Моррел калла ҷунбонд.

– Ман ӯро саҳар дида будам, – гуфт вай ва бо ӯ видоъ кардам.

– Оё дигар супорише надоред, дада? – пурсид Максимилиан бо овози баста.

– Оре, писарам, дорам, супориши муқаддас!

– Гап занед, дада.

– Бонкирхонаи Томсон ва Френч – ягона муассисае, ки аз башардӯстӣ, ё шояд, аз худпарастӣ – пай бурдан аз макнуни дили одамон аз қудрати ман берун аст, – ба ҳоли ман раҳм кард. Гумоштаи ҳамин бонкирхона, ки баъди даҳ дақиқа ба ин ҷо меояд аз рӯи санади қарз ду саду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад франкро бигирад, на ин ки розӣ шуд, балки худаш семоҳа мӯҳлат пешниҳод кард. Бигузор ин ширкат аз ҳама пеш ҳаққашро гирад, писарам, бигузор ин шахс барои ту каси муқаддасе бошад.

– Оре, дада, – гуфт Максимилиан.

– Мана акнун, бори дигар бубахш, – гуфт Моррел. – Бирав, бирав, танҳо мондан лозим ба ман; васиятномаи маро ту аз ғалладони мизи хонаи хобам хоҳӣ ёфт.

Максимилиан наҷунбида рост меистод; ӯ хост биравад, аммо наметавонист.

– Бирав, Максимилиан, – гуфт падар, – фараз кун, ки ман ту барин сарбозам ва фармон гирифтаам, ки дар истеҳком биистам ва ту медонӣ, ки ман кушта мешавам; наход ба ман намегуфтӣ, чунон ки ҳозир гуфтӣ: «Биравед, падар, вагарна, бешарафӣ нигарон аст шуморо, марг афзал аст аз шармандагӣ!».

– Оре, – гуфт Максимилиан, – оре.

Ӯ бо аъзои ларзон пирамардро ба оғӯш кашид.

– Биравед, дада, – гуфт ӯ.

Ва тозон аз дафтари кор берун рафт.

Моррел, ки як худаш танҳо монда буд, муддате ба дари аз паси писараш баста шуда ноҷунбон нигоҳ карда истод; баъд даст дароз карда таноби зангро ёфту занг зад.

Коклес даромад. Дар ин се рӯз вай ба дараҷаи шинохтаношуданӣ тағйир ёфта буд. Андешаи он, ки ширкати Моррел доду ситадро бас мекунад, ӯро бист сол пир карда буд.

– Коклес, дӯстам, – гуфт Моррел, – ту дар даҳлез сабр карда меистӣ. Ҳар гоҳ ҳамон ҷанобе, ки се моҳ пеш ин ҷо буд, бирасад, – ту медонӣ, гумоштаи ширкати Томсон ва Френч, – ба ман омада мегӯӣ.

Коклес ҷавобе нагардонда, калла зад, ба даҳлез баромаду рӯи курсӣ нишаст.

Моррел ба курсии нарм фурӯ афтод. Вай ба соати деворӣ нигарист: ҳафт дақиқа боқӣ монда буд. Ақрабак ниҳоят тез пеш метохт; ба назараш чунон мерасид, ки вай ҳаракат кардани онро дида истодааст.

Дар ин дақиқаҳои охир дар ботини марди сарсахт, ки ба ақидае, шояд ақидаи ғалате, вале ба пиндошти худаш дуруст, сар фуроварда, дар синни камолот ба доман афшондан бо ҳар он чи дӯсташ медошт, омодагӣ медид ва зиндагиро, ки хушиҳои саодати кадхудоиро ба вай эҳдо карда буд, падруд мегуфт, чӣ андешаҳое ғалаён дошт, – наметавон бо сухан баён кард. Барои пай бурдани ин чиз лозим буд кас ба ҷабини арақшор, вале бозгӯи тан додан ба қисмат, ба чашмони ашкбор, вале ба сӯи осмон нигарандаи ӯ назар кунад.

Ақрабаки соат пеш метохт; ҳар ду туфангча тирдор буданд; ӯ даст дароз кард, яке аз онҳоро бардошт ва зери лаб номи духтарашро ба забон овард.

Сипас силоҳи маргборро гашта ба ҷояш гузошт, қаламро бардошту чанд ҳарфе рӯи коғаз овард. Ба хаёлаш гузашт, ки видоъ кардан бо духтари дилбандаш чандон бо меҳр адо нашуда буд.

Баъди ҳамин боз ба соат рӯ овард; акнун вай дигар на дақиқа, балки сония мешумурд.

Вай боз яроқро ба даст гирифт, даҳон нимроғ карду чашм ба ақрабаки соат духт; қулангро кашиду аз шиқӣ кардани қулфи туфангча як қад парид.

Дар ҳамин лаҳза қатраҳои арақ ҷӯя-ҷӯя аз рӯяш поён шоридан гирифт, бими марг дилашро фишурд; дар таги зинапоя дар ғаричос зад.

Баъд дари дафтари кор боз шуд.

Ақрабаки соат ба ёздаҳ наздик мешуд.

Моррел гашта назар накард; ӯ нигарон буд, ки Коклес ба арз мерасондагист: «Гумоштаи ширкати Томсон ва Френч».

Ва ӯ туфангчаро ҷониби даҳонаш бурд...

Аз ақибаш нидои баланде баромад; ин овози духтараш буд. Вай баргашту Жулиро дид, туфангча аз дасташ афтод.

– Дада! – дод зад ӯ, аз хастагию саодат базӯр нафас кашида. – Шумо наҷот ёфтед! Наҷот ёфтед!

Ва ӯ ҳамёни шоҳии сурхи дасташро баланд бардошта, худро ба оғӯши вай андохт.

– Наҷот ёфтам, духтарам? – хитоб кард Моррел. – Аз ҷониби кӣ ва бо чӣ?

– Бале, наҷот ёфтед! Мана, бинед, бинед! – дод зад Жулӣ.

Моррел ҳамёнро гирифту як қад парид: вай аранге ба хотир овард, ки ин ҳамён як замоне ба худаш тааллуқ дошт.

Дар яке аз гӯшаҳои он санади қарзе ба ду саду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад франк ниҳода буд.

Санади қарз пардохта шуда буд.

Дар гӯшаи дигараш – алмосе ба андозаи чормағз бо чунин навиштаҷоте, ки дар як порча коғази ғафсе сабт ёфта буд: Ҷиҳози Жулӣ.

Моррел даст ба пешонааш бурд: вай гумон кард, ки хоб дида истодааст.

Соат занги ёздаҳро зад.

Ҳар бори заданаш тарзе садо мебаровард, ки агар болғачаи фӯлодин ба дили худаш кӯфта мешуд.

– Сабр кун, духтарам, – гуфт ӯ, – бифаҳмон ба ман, чӣ воқиае рӯй дод. Аз куҷо ёфтӣ ту ин ҳамёнро?

– Дар хонаи рақами понздаҳум, дар хиёбони Мел, дар болои бухорӣ, дар як ҳуҷраи фақиронаи ошёнаи панҷум.

– Лекин ин ҳамён аз они ту нест-ку! – хитоб кард Моррел.

Жулӣ номаи ҳамин саҳар гирифтаашро ба падараш дод.

– Ва ту танҳо рафтӣ он ҷо? – баъд аз хондани хат пурсид Моррел.

– Эммануел бо ман буд, ӯ ваъда дод, ки дар гардиши кӯчаи Музей ба ман нигарон меистад; лекин аҷоиб, даме ки ман баромадам, вай дар он ҷо набуд.

– Ҷаноби Моррел! – ба гӯш расид аз сари зинапоя. – Ҷаноби Моррел! – Ин вай аст! – гуфт Жулӣ.

Дар ҳамин лаҳза Эммануел тохта даромад; вай аз шодию ҳаяҷон худашро аз ёд бурда буд.

– «Фиръавн!» – дод зад ӯ. – «Фиръавн»!

– Чӣ хел «Фиръавн»? Ақлатон дар ҷояш нест, Эммануел, чӣ бало?

Худатон медонед-ку, вай нобуд шуд.

– «Фиръавн», ҷаноби Моррел! Огоҳӣ расид, «Фиръавн» вориди бандар мегардад.

Моррел ба курсии нарм фурӯ афтод; мадораш рафта буд; ин хабари аз эҳтимол дури гушношуниди афсонаворро ақлаш қабул намекард. Аммо дар кушода шуду ба хона Максимилиан даромад.

– Дада, – гуфт ӯ, – барои чӣ шумо гуфтед, ки «Фиръавн» ғарқ шуд? Аз бурҷи посбон огоҳӣ расид, ки вай ба бандар ворид мешавад.

– Дӯстонам, – гуфт Моррел, – агар ин тавр бошад, ин ҳикмати эзидист! Вале ин кор имкон надорад, номумкин аст!

Аммо он чизе, ки вай дар даст дошта меистод, на камтар аз ин дур аз имкон буд: ҳамёни бо санадҳои қарзи пардохта ва алмоси пурҷило.

– Ҷаноби Моррел, – гуфт дар навбати худ Коклеси даррасида; – ин чӣ маъно дорад? «Фиръавн»!

– Рафтем, дӯстонам, – гуфт Моррел, аз ҷой бархоста, – рафтем, бубинем; ва раҳми моро худо хурад, агар ин хабари дурӯғ бошад.

Онҳо баромаданд ва дар зинапоя бо хонуми Моррел вохӯрданд. Занаки сарсахт ёрои боло баромадан надошт.

Баъди дақиқае чанд онҳо дар кӯчаи Каннебйер буданд.

Дар бандаргоҳ анбӯҳи мардум буд.

Мардум ба истиқболи Моррел роҳ кушоданд.

– «Фиръавн»! «Фиръавн»! – дод мезаданд онҳо.

Дар воқеъ, дар пеши назари издиҳом мӯъҷизаи гӯшношуниде ба амал омад; дар рӯбарӯи бурҷи ҳазрати Иоанн киштие, ки дар ҷониби думи танаш бо ҳарфҳои сафед «Фиръавн» (Моррел ва Писар, Марсел) навишта шуда буд, айнан мисли «Фиръавн»-и пештара ва ҳамчунин бораш аз қирмизу нил иборат буд, лангар андохту бодбонҳояшро ғундошт. Дар аршаи онҳо нохудо Ҳомар фармонфармоӣ дошт, Пенелон бошад, ба ҷаноби Моррел ҳар гуна ишоратҳо мекард. Дигар ҷои шубҳа набуд: Моррел, аҳли оилааш, хидматгузоронаш инро ба чашмони худ диданд, ва айни ҳаминро чашми ҳазорон кас дид.

Даме ки Моррелу писараш якдигарро ба оғӯш кашиданд ва худи ҳамон ҷо дар болои мавҷгардон, дар зери нидоҳои шодонаи тамоми аҳли шаҳр, шоҳиди ноаёни ин мӯъҷиза, бо чеҳрае, ки нисфашро риши сиёҳе фаро гирифта буду ин саҳнаро аз паси қаровулхона бодиққат назора мекард, зери лаб гуфт:

Бахт ёрат, марди наҷиб; барои он корҳои неке, ки кардӣ ва минбаъд хоҳӣ кард, дуои хайр мададгорат бод; бигзор миннатдории ман чун некӯкориҳои ту пӯшида монад.

Саодатманду табассуми риққатбор дар лабон ӯ камингоҳашро тарк гуфту диққати касеро ба худ ҷалб накарда, зеро ҳама саргарми воқиаи рӯз буданд, бо яке аз зинапояҳои бандаргоҳ фуромаду се дафъа садо зад:

– Ҷакопо! Ҷакопо! Ҷакопо!

Заврақе пеш омад, заврақ ӯро гирифту ба назди сафинаи сабуксайри хеле фохир муҷаҳҳаз гардидае бурд, ки вай бо як чустии маллоҳворе ба он баромад: аз ин ҷо вай бори дигар ҷониби Моррел назар андохт, ки ба ашки шодӣ дастони аз ҳар тараф ба сӯяш дароз шударо дӯстона мефишурд ва бо нигоҳи чашмони аз оби дида хирабиншудааш ба валинеъмати аз назар ғоиб, ки ғуё дар осмонҳо меҷуста бошадаш, изҳори миннатдорӣ кард.

– Мана акнун, – гуфт марди ношинос, – падруд бод башардӯстию миннатдорӣ... Падруд бод ҳама эҳсосоте, ки ба дил тасалло мебахшанд! Ман дасти ғайб шудаму ба некон атое кардам. Акнун бигузор маъбуди интиқом ҷояшро ба ман вогузорад, то бадонро ба сазо расонам!

Бо чунин алфоз вай ишорате кард ва сафинаи сабуксайр, ки зоҳиран ба ҳамин ишорат мунтазир будааст, ҳамонзамонӣ ба баҳр баромад.

пешина
аз 99
навбатӣ