Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қадаш чандон баланд набуд, аммо тану тӯши мӯътадил дошт ва мисоли ҳамаи аҳли ҷануб дасту пояш хурдакак буданд.

Аммо он чи Франсро бештар аз ҳама моту мабҳут кард, агарчи ҳикояти Гаэтаноро матал пин дошта буд – ин шукӯҳи асосияи манзилаш.

Саросари хона бо матои абрешимии бо нахи зар гӯлдӯзишудаи туркӣ рӯкаш шуда буд. Дар пешгаҳ диване истода буд, ки дар болояш аслиҳаи арабии заринғилофи дастаҳояшон ҷавоҳиркорӣ; аз шифт лампаи бисёр зебои шишааш венетсӣ овезон, пои кас бошад, то буҷулак ба пати қолии туркӣ фурӯ мерафт; даре, ки аз он Франс даромада буд, пардаҳо пӯшида медоштанд, ҳамчунин дари дуюм низ, ки ба хонаи шафат мебурд, хонае, ки аз афташ равшан чароғон гардида буд.

Соҳиби манзил ба ҳайратфизоии Франс монеъ намешуд, вале худаш ҳам назора кардани ӯро бо назора посух медоду аз вай чашм намеканд.

– Ҷаноби бокарам, – гуфт ӯ оқибат, – хоҳиш мекунам барои эҳтиёткорие, ки тибқи он шуморо назди ман оварданд, бубахшоед маро; вале ин ҷазира асосан беодам аст ва агар ягон кас ба асрори манзили ман роҳ ёбад, ман, аз эҳтимол дур нест, ки гашта омада маскани худро дар ҳоли зор меёфтам ва ин барои ман хеле аламовар мебуд на аз он ки ман аз зиён диданам ҳасрат мехӯрдам, балки аз он, ки аз имконияти ба майли хотир инзиво ҷустан маҳрум мемондам. Лекин акнун ман кӯшиш мекунам он чиро, ки гумон доштед дар ин ҷо пайдо кунед, – хӯроки шоми мӯътадилу бистари бароҳат, – ба шумо пешниҳод карда, ҳамин андак малоли хотирро аз дилатон барорам.

– Афв фармоед, – гуфт Франс, – чӣ ҷои узр овардан? Ба ҳама маълум, ки касони ба остонаи қасрҳои сеҳрогин қадам гузорандаро чашм мебанданд; ба ёд оред Раулро дар «Гугенотҳо»; ё ва, ростӣ, ман шиква карда наметавонам: ҳар он чи шумо ба ман нишон медиҳед, дар воқеъ ба аҷоиботи «Ҳазору як шаб» меарзад.

– Ҳайҳот! Чун Лукулл ман ба шумо мегӯям: агар ман медонистам, ки шумо бо мақдами худ маро сарфароз мегардонед, ман ба ин омодагӣ медидам. Аммо, сарпаноҳи ман ҳар қадар нокироӣ бошад ҳам, дар ихтиёри шумост; ғизои ман ҳар қадар бад бошад ҳам, аз шумо хоҳиш мекунам, танаввул фармоедаш. Алӣ, хӯрок кашида шуд?

Дар як он пардаи дар як сӯ кашида шуд ва марди нубии чун дарахти обнус сип-сиёҳи пероҳани сап-сафед пӯшидае бо ишорат хоҷаашро ба хонаи таомхӯрӣ даъват кард.

Намедонам, шумо розӣ мешуда бошед бо ман ё не, – гуфт марди ношинос ба Франс, – лекин барои ман аз ин тоқатфарсотар коре нест, ки соатҳо кас бо яке сари дастархон нишаста бошаду надонад, ки мусоҳибаш чӣ ном дорад. Хоҳишмандам дар ёд дошта бошед, ки ба риояти таомули меҳмондорӣ, ман аз шумо на исматонро мепурсам, на унвонатонро, ман фақат мехостам бидонам, ки рағбататон чист, то чӣ гуфта муроҷиат кунам ба шумо. Аз ҷониби худ, то ки шуморо ташвиш надиҳам, мегӯям, ки маро одатан Синдбоди Дарёгард меноманд.

– Лекин маро, – ҷавоб гардонд Франс, – барои он, ки дар вазъияти Алоуддин бошам, фақат чароғи машҳури ӯ намерасад ва бинобар ҳамин ҳеч монеае намебинам, ки имрӯз Алоуддин номида шавам. Ба ҳамин тариқ, мо дар қаламрави Шарқ боқӣ мемонем, ки маро ба ин ҷо, аз афташ, сеҳри кадом-як ҷине овардааст.

– Хӯш, Алоуддини меҳрубон, – гуфт хоҷаи пурасрор, – шумо шунидед, ки хӯроки шом муҳайёст. Бинобар ин аз шумо хоҳиш мекунам, ба хонаи таомхӯрӣ гузаред; банда пеш-пеш меравам, ки роҳнамоӣ кунам ба шумо.

Ва Синдбод пардаро бардошта, аз меҳмон пеш гузашт.

Шавқи Франс то рафт зиёд мешуд: таом дар фохиртарин зарфҳое буд. Ба чунин вазъияти муҳим итминон ҳосил карда, вай ба назора кардан пардохт. Хонаи таомхӯрӣ на камтар аз хонаи меҳмонпазироӣ бошукӯҳ буд, ки ҳамин ҳоло вай аз он берун омад. Хона яксара аз мармари дорои тасвирҳои муқарнаси пурарзиши атиқа буд, дар ҳар ду тарафи толори дарозрӯя муҷассамаҳои олиҷанобе сабад ба сар истода буданд. Дар сабадҳо нодиртарин меваҷот: ананасҳои ситсилӣ, анорҳои малагӣ, афлесунҳои балеарӣ, шафтолуҳои фаронсавӣ ва финдуқҳои тунисӣ рӯиҳам чида шуда буданд.

Хӯроки шом аз тазарви бирёни дар гирдаш кабоби дурроҷ; яхнии сони гуроз, кабоби гӯшти бузича, моҳии нодиру харчангҳои барзангӣ иборат буд. Дар байни табақҳои калон тақсимчаҳои газак меистоданд. Табақҳо нуқрагину тақсимчаҳо аз фағфури ҷопонӣ буданд.

Франс чашмашро молид, – ба назараш, ки ҳамаи ин дар хоб бошад.

Алӣ як худаш танҳо хизмат мекард ва вазифаашро хеле хуб ба ҷо меовард, меҳмон ӯро таъриф мекард.

– Оре, – ҷавоб мегардонд хоҷааш, бо бетакаллуфии ашрофона Франсро меҳмондорӣ карда, – бечора сахт содиқ ба ман ва бисёр бадаступо. Ин ҷонашро наҷот додани маро ёд дорад ва азбаски, зоҳиран, ҷонаш азиз будааст, ин некиро фаромӯш намекунад, балки хеле миннатдор аст.

Алӣ назди хоҷааш омада, дасти ӯро гирифта бӯсид.

– Аз ҷониби ман хоксорӣ мешуда бошад, – гуфт Франс, – агар ман бипурсам, ки дар чи вазъияте ин кори хайрро ба ҷо овардед шумо.

– Ин бисёр кори осон, ҷавоб гардонд хоҷааш. – Аз афташ, ин айёр дар атрофи ҳарами беки Тунис аз ҳадде, ки ба сиёҳпӯст равост, наздиктар гаштугузор кардааст; аз ҳамин сабаб бек амр кардааст, ки забону дасту каллаашро буранд: дар рӯзи якум – забонашро; дар рӯзи дуюм – дасташро, вале дар рӯзи сеюм – каллаашро. Ман ҳамеша дар орзуи хидматгори гунг будам; сабр карда истодам, то ин ки забонашро буриданд ва ман ба бек таклиф кардам, ки ӯро бо туфанги думилаи бисёр хубе алиш кунад, ки як рӯз пеш, чунон ки ба назарам намуд, ба он ҳазрат хеле маъқул шуда буд. Вай дудила шуд: то ҳамин дараҷа дилаш мехост ин бечораро нобуд кунад. Вале ман ба туфанг корди шикории ингилисиеро илова кардам, ки бо он шофи ҳазрати бекро ду бӯлак карда будам; лекин ба ҳамин шарт, ки дигар қадамаш ба хоки Тунис нарасад.

Ба ин хайрбод ҳоҷат набуд. Ҳамин ки ин басурмани муртад аз дур соҳили Африқоро медид, ҳамонзамонӣ ба чуқуртарин гӯшаи таҳхонаи киштӣ ҷо мешуд ва то даме ки сеяки кураи арз аз назар панаҳ нашавад, аз он ҷо берун намеомад.

Франс тафсилоти ин рӯйдодро, ки соҳиби манзил бо софдилии дур аз мурувват ҳикоят мекард, надонист чи гуна маънидод кунад ва ба андеша рафт.

– Пас мисли дарёнаварди ҷавонмарде, ки номашро доред, – гуфт ӯ, то ки сӯҳбатро ба дигар сӯ барад, – шумо умр ба саёҳат мегузаронед?

– Оре. Инро ман вақте назр карда будам, ки ҳаргиз гумон надоштам ягон вақт барои амалӣ гардонданаш имкон меёбам, – ҷавоб гардонд, табассумкунон, марди ношинос. – Ман боз чанд чизи дигарро назр карда будам ва умед дорам, ки вақташ ояд, инро ҳам ба ҷо оварам.

Агар чи Синдбод ин суханонро дар ниҳояти хунсардӣ ба забон овард, дар чашмонаш як лаҳза ифодаи адовати бераҳмонае пайдо шуд.

– Шумо, бояд, хеле бисёр азоб кашида бошед? – пурсид Франс. Синдбод як қад парид ва бо диққат ба ӯ нигарист.

– Аз чӣ ин андеша ба дилатон омад? – пурсид ӯ.

– Аз ҳама чиз, – ҷавоб гардонд Франс, – овози шумо, нигоҳатон, қути кандаатон, худи ҳамин зиндагие, ки шумо ба сар бурда истодаед.

– Ман? Ман хушбахттарин зиндагиеро ба сар бурда истодаам, ки дар рӯи замин имконпазир аст, – зиндагии подшоҳона. Ман молики ҷаҳонам; агар ягон мавзее ба ман маъқул афтад, ман он ҷо истиқомат кардан мегирам; агар дилгир шавам, кӯч мебандам; ман мисли парандагон озодам; мисли мурғ бол дорам; касоне, ки дар атрофи мананд, бо як ишоратам ба итоат меоянд. Баъзан бо он дилхушӣ мекунам, ки ба адлияи одамӣ писханд мезанам ва роҳзанеро, ки одамон боистаи адлияи хеш қарор доданӣ шуда, ба кофтукобаш меафтанд ё ҷинояткореро, ки низ ба ҳамин мақсад таъқиб мекунандаш, бадар мебарам. Ғайр аз ин ман адлияи дорои ҳама гуна дараҷаву зинаҳое дорам, ки ин адлия бе ақиб андохтану гӯш додан ба арзу шикоят маҳкум мекунаду маоф медорад ва ба ҳукми он ҳеч кас дахолат намекунад. Агар шумо лаззати зиндагии маро мечашидед, зиндагии дигареро намеписандидед ва ҳаргиз ба ҷаҳон барнамегаштед, магар ки аз барои амалӣ гардондани ягон андешаи ниҳоние.

– Қассосгирӣ, масалан! – гуфт Франс.

Марди ношинос ба Франс он тарзе теғ кашида нигарист, ки чунин нигоҳ ба қаъри хираду қалби кас роҳ меёбад.

– Барои чӣ маҳз қассосгирӣ будааст? – пурсид ӯ.

– Барои он ки, – гашта гуфт Франс, – шумо ба назарам касе менамоед, ки ба таъқиби ҷомиа дучор шудааст ва дар тараддуди он аст, ки кимкадом ҳисобу китоби мудҳишашро бо ин ҷомиа баробар кунад.

– Иштибоҳ мекунед, – гуфт Синдбод ва бо хандаи ғалатиаш, дандонҳои тези сап-сафедашро намоён карда бихандид, – ман як навъ шахси накӯкорам ва шояд, ягон вақт озими Париж гардам ва бо ҷаноби Апперу бо Шахси боронии кабудпӯш1 рақобат ҷӯям.

– Ва ин якумин сафари шумо ба Париж хоҳад буд?

– Афсӯс ки ҳа! Ман чандон кунҷков набудаам, ҳамин тавр нест? Лекин бовар бикунед, ин на бо айби ман аст; барои ин ҳоло фурсат мерасад.

– Ва ба қарибиҳо нияти Париж рафтан доред?

– Худам намедонам, ҳама кор ба шароит вобаста.

– Ман мехостам дар як вақт бо шумо дар он ҷо бошам ва кӯшиш бикунам, то он ҷое, ки қудрат дорам, қавлини ин меҳмоннавозиеро гардонам, ки шумо ин қадар олиҳимматона дар Монте-Кристо ба ман раво дида истодаед.

– Ман ба майли тамом ин даъвати шуморо мепазируфтам, – ҷавоб гардонд мизбон, – вале мутаассифона агар Париж равам ҳам, эҳтимсол пинҳонӣ равам.

Дар ин миён зиёфат идома дошт; воқиан, чунин менамуд, ки ин такаллуф фақат барои Франс аст, зеро марди ношинос ба неъматҳои алвон, ки барои меҳмони нохонда муҳайё карда буд ва ӯ аз таҳти дил қадршиносиаш мекард, қариб ки даст намерасонд.

Ниҳоят, Алӣ ширавор пеш овард, ё аниқтараш, сабадҳоро аз сари ҳайкалҳо гирифту рӯи дастархон гузошт.

Дар байни сабадҳо вай як зарфи зарандуди на чандон калони сарпӯшдоре оварда монд. Зарфро эҳтиромкорона бардошта овардани Алӣ дар замири Франс кунҷковие барангехт. Ӯ сарпӯшро бардошту хамираи сабзфомеро дид, ки дар назар шарбатро ба ёд меовард, вале чӣ буданашро тамоман намедонист.

Ӯ ба таҳайюр сарпӯши зарфро гашта ба ҷояш гузошт ва ба соҳибит манзил назар карда дид, ки вай ришхандомез табассум дорад.

– Шумо пай бурда наметавонед, ки дар ин зарф чӣ бошад, бинобар ин дар замиратон ҳисси кунҷковӣ бедор шуд?

– Оре, иқрор мекунам.

– Ин шарбати сабз – ҷуз амврозия чизи дигаре нест, ки Геба рӯи дастархони Юпитер гузошта буд.

– Лекин ин амврозия, – гуфт Франс, – ба дасти одамон расида, эҳтимол, номи осмонии худро ба номи заминӣ бадал карда бошад? Ин дорувор, ки ба он, воқиан, ман чандон майл эҳсос намекунам, ба забони одамӣ чӣ ном дорад?

– Далели раднопазири аз ҳад зиёд мулоҳизакор будани мо ана ҳамин аст! – хитоб кард Синдбод. – Басо мо аз канори бахти худамон гузашта, онро пайхас намекунем, тарафаш назар намеандозем; агар назар кунем ҳам, онро намешиносем. Агар шумо одами ҳушманд бошеду мавриди парастишатон зар аст, ин шарбатро бичашед, дар пеши назаратон конҳои Перу, Гуҷарот ва Гулкунда боз мегарданд; агар шумо аҳли тахайюл, шоир бошед, – шумо бичашед, ҳудуди имкон барҳам мехӯрад, дар пеши назаратон дуриҳои беохир боз мегарданд, шумо дар паҳнои нопайдоканори хаёл бо дили кушоду руҳи озод гаштугузор карда мегардед. Агар шумо шӯҳратпараст бошед, аз паси ҷалолати заминӣ тозед – инро бичашед ва соате ҳукмфармо хоҳед гашт, – на ҳукмфармои кишвари кӯчаки як гӯшаи Аврупо, аз қабили Ингилистон, Фаронса ва Испониё, балки ҳукмфармои кураи арз, ҳукмфармои олам, ҳукмфармои коинот. Маснади шумо болои ҳамон кӯҳе қарор хоҳад гирифт, ки Иблис Масеҳоро бар он бароварда буд ва ба ӯ саҷда накарда, ба чанголаш бӯса назада, шумо сари ҳукмфармоёни тамоми кишварҳои рӯи замин хоҳед шуд. Бовар бикунед, ки ин дилфиреб аст, хусусан ки барои ин кофист... Нигоҳ кунед.

Бо ин суханон вай сарпӯши зарфи зарандуди хурдакакро бардошт, бо қошуқчаи қаҳвахӯрӣ як тикка аз шарбати сеҳрогин гирифт, ба даҳон андохту чашмашро нимпӯш кард ва сарашро ақиб андохта, батааннӣ фурӯ бурд.

Франс ба мазза карда хӯрдани ғизои латифи дилхоҳ ба мизбони худ халал нарасонд; даме ки вай каме ба худ омад, Франс суол кард:

– Лекин чӣ хӯрдании сеҳрогинест1ин?

– Шумо ҳадиси Шайхи Ҷиболро шунидаед, – пурсид соҳиби манзил, – ҳамоне, ки қасди куштани Филиппи Август карда буд?

– Бадеҳист.

– Оё ба шумо маълум бошад, ки вай дар доманаи кӯҳсоре, ки тахаллуси шоириаш аз он пайдо шудааст, водии пуршукӯҳеро соҳиб буд. Дар ҳамон водӣ боғҳои олиҷанобе доман паҳн карда буданд, ки ниҳолонашро худи Ҳасан ибни Саббоҳ шинондааст; дар миёни ин боғот айвончаҳои хилвате буданд. Дар ҳамин айвончаҳо вай баргузидагонеро даъват кардаву ба хӯрди онҳо, ба қавли Марко Поло, ким-чӣ хел гиёҳе медод, ки ишонро ба маъвои Одаму Ҳавво мебурд, ҷое, ки онҳоро гулҳои ҳамешабаҳор, алвони меваҷоти расидаву дӯшизагони якумр ҷавон интизор буданд. Он чи ин ҷавонони саодатманд амри воқеӣ мепиндоштанд, хаёле буд, вале чунон ширин, чунон лаззатбахш, чунон эҳтиросангез, ки онҳо тайёр буданд тану ҷони худро фидои оне кунанд, ки чунин неъматро ба ишон ато кардааст, чун ба худованд сар ба итоаташ фуруд меоварданд, омода буданд офоқро бигарданд, ҳар киро хоҷаашон ишорат кунад, бикушанд ва бе қилу қол ба умеде тан ба куштан медоданд, ки ин гузаргоҳест ба он ҳаёти саодатмандона, ки гиёҳи малакутӣ умедворашон карда буд.

– Пас ин ҳашиш аст! – нидо зад Франс, – ман инро шунидаам.

– Оре, Алоуддини меҳрубон, ин ҳашиш, беҳтарин ҳашиш, покизатарин ҳашише, ки аз Искандария расидааст, аз Абӯҳуро, устоди беадил, марди бузургворе, ки шоиста аст барояш қасре бино кард ва дар пештоқи он бинавишт: «Ба тоҷири бахту саодат – аз инсонияти миннатпазир».

– Ин дам, – гуфт Франс, – дилам мехоҳад ба ҳаққонияти таърифу тавсифи шумо худам итминон ҳосил карда бошам.

– Худатон қазоват кунед, меҳмони азиз, худатон қазоват кунед; лекин бо як бор санҷидан иктифо накунед. Эҳсосро ба ҳар як таассуроти нав омӯхта кардан даркор, хоҳ гуворо бошаду хоҳ ногувор, хоҳ ғамангез бошаду хоҳ сурурбахш. Табиат бо ин гиёҳи малакутӣ дар набард аст, зеро ки на баҳри хурсандӣ офарида шудааст ва ҳосилаш дарду алам аст. Лозим аст, ки табиати мағлубгардида дар ин набард аз пой фитад, лозим аст, ки аз паси хаёл воқеият пеш ояд; ва дар он сурат хаёл даст боло мешавад, хаёл ба зиндагӣ табдил меёбаду зиндагӣ – ба хаёл. Аммо чӣ мухталифанд ин табодул! Ғуссаи зиндагии воқеию лаззатҳои зиндагии тахайюлиро муқоиса карда, шумо аз зиндагонӣ рӯй метобед ва ба орзуи абад дода мешавед. Ҳар гоҳ шумо ба хотири олами дигарон олами шахси худатонро тарк мекунед, ба назаратон чунин метобад, ки баҳори Неаполро ба зимистони Лапландия бадал кардаед. Ба назаратон чунин метобад, ки шумо аз биҳишт ба замин омадаеду аз оссама ба сақар. Бичашед ҳашишро, меҳмони азиз, бичашед.

Ба ҷои ҷавоб додан Франс қошуқро гирифту аз шарбати аҷоиб ҳамон миқдор бардошт, ки мизбон гирифта буд ва онро ба даҳон бурд.

– Ҷин занад! – гуфт ӯ, дорувори малакутиро фурӯ бурда. – Намедонам, натиҷааш то кадом дараҷа гуворо мешуда бошад, аммо ин ҳаргиз чандон лазиз нест, ки шумо талқин мекунед.

– Барои он ки коми шумо ҳоло ба таъми ғайри муқаррарии ин модда одат накардааст. Бигӯед, магар садафак, чой, оби ҷав, труфел, ҳамаи он чи, ки ба онҳо баъдтар муштоқ шудед, ба як бор маъқулатон шуда буданд? Магар шумо аҳли Римро, ки ба гӯшти тазарв асса-фетида меандохтанд ва аҳли Хитойро, ки лонаи парастуро мехӯранд, мефаҳмед? Бадеҳист, ки не. Хӯрдани ҳашиш ҳам мисли ҳамин. Як ҳафта тоқат кунед, баъд дар олам ҳеч чизи дигар бароятон ба ин баробар намеояд, ҳар қадаре имрӯз ба назаратон бемаззаву фач намуда бошад ҳам.Воқиан, ба хонаи дигар, ба ҷои хоби шумо мегузарем. Алӣ ба мо чилиму қаҳва меорад.

Онҳо бархостанд ва ба хидматгораш супориш доданро адо кардани оне, ки худро Синдбод номида буду мо ҳам ӯро гоҳ-гоҳе ба ҳамин исм ном мебарем, то ба навъе ном гирифта бошемаш, Франс ба хонаи шафат даромад.

Ороиши хона содатар буд, вале ба арзиш на камтар аз хонаи аввал.

Ин хона шакли тамоман мудавваре доштиа, дивани калоне ҳалқавор онро фаро гирифта буд. Аммо диван, деворҳо, сақф ва фарш бо мӯинаҳои гаронбаҳои чун серпаттарин қолие нарму маҳин рӯкаш шуда буданд; инҳо пӯсти шерони серёли африкоӣ, палангони рах-рахи банголӣ, юзони танга-тангаи капӣ буданд, чунон ки Данте пӯсти хирсони сибирию рӯбаҳони норвегиро дида буд – пӯстҳо рӯиҳам тарзе гузошта шуда буданд, ки кас гӯё ба рӯи сабзаи зиче по мегузошта бошад ё дар бистари пари қу орамида бошад.

Меҳмону мизбон рӯи диван дароз кашиданд; ҷубуқҳои чӯби ёсумании муштукашон каҳрабоии пешакӣ тамоку ҷо карда шудае таги дасташон буд, то айни як корро ду дафъа ба ҷо наёранд. Ҳар кадомашон яктоӣ ба даст гирифтанд. Алӣ оташ оварду баъд рафт, ки қаҳва орад.

Хомӯшӣ ба миён омад. Синдбод ғарқи андешае гардид, ки ба назар, ҳатто ҳангоми сӯҳбат ҳам варо тарк намекард, вале Франс хомӯш ба орзуҳое дода шуд, ки ҳамеша ба сари чилимкашон меоянд, хусусан агар тамоку тамокуи хубе бошад, ки ҳамроҳи дудаш ғам аз дил бадар мераваду ба ҷояш хобҳои ширин меояд.

Алӣ қаҳва овард.

– Чӣ хелашро афзал медонед шумо, – пурсид марди ношинос, – ба тарзи фаронсавӣ ё туркӣ дам карда шудаашро, баландаш ё пасташро, қанддор ё бе қандашро, дамхӯрдааш ё нав ҷӯшонда шудаашро? Интихоб кунед: ҳама хелаш ҳаст.

– Ман ба тарзи туркӣ дам карда шудаашро менӯшам, – ҷавоб гардонд Франс.

– Ин коратон комилан дуруст ҳам ҳаст, – гуфт соҳиби манзил, – ин нишон медиҳад, ки шумо ба зиндагии шарқӣ мутамоил ҳастед. Оҳ! Фақат мардуми Шарқ ба қадри зиндагӣ мерасанд. Ана худи ман, – барафзуд ӯ бо табассуми ғалатие, ки аз Франс пинҳон намонд, – ҳар гоҳ корҳоямро дар Париж анҷом диҳам, бақияи умрамро рафта дар Шарқ мегузаронам; агар майли юхла кардани ман дошта бошед, ба шумо лозим меояд дар Коҳира, дар Бағдод ё дар Исфаҳон биҷӯед маро.

– Ин чандон душвор нахоҳад буд, – гуфт Франс, – зеро, ба назарам, ки боли уқоб бароварда истодаам ва бо ин болҳо саросари оламро дар як шабонарӯз сайр мекунам.

– Аҳа! Ҳашиш таъсир карда истодааст! Хӯш ки бошад, болҳоятонро кушоеду дар фазои рӯи замин ба парвоз оед: натарсед, шуморо нигаҳбонӣ мекунанд ва агар болҳоятон ба мисоли болҳои Икар аз ҳарорати офтоб об шаванд, мо ба оғӯши худ мегирем шуморо.

Ӯ ба Алӣ чанд калимае гуфт ба арабӣ, вай таъзим карду аз дар баромад.

Франс ҳис кард, ки ба худаш аҷоиб таносухе рӯй дода истодааст. Тамоми хастагиаш, ки дар зарфи рӯз ғун шуда буд, тамоми изтиробаш, ки аз ҳодисоти ин бегоҳ пайдо шуда буд, аз байн меравад, чун дар он лаҳзаи сар ба болини истироҳат ниҳодан, ки кас дар они қалили бедорӣ фаро расидани хобро эҳсос мекунад. Танаш як сабукии берун аз ҷисм пайдо кард, тафаккураш ба дараҷаи баённопазир равшан гардид, қуввати ҳиссаш як бар ду афзуд. Чашмандозаш то рафт вусъат пайдо мекард, вай на он уфуқе буд, ки дар воқеият медид ва дар он ким-чӣ хел таҳдиди мубҳаме эҳсос карда буд, балки уфуқе буд осмонгун, мусаффо, беканор, дар лоҷувардии баҳр, дар шаъшаъаи офтоб, дар накҳати бод. Баъд, дар зери садои суруди маллоҳони худаш, садоҳои ба ҳадде софу беғуборе, ки навои малакутиро тартиб медоданд, агар сабташон имкон медошт, вай дид, ки дар рӯбарӯяш ҷазираи Монте-Кристо вале на ба шакли кӯҳпораи муҳибе рӯи амвоҷ, балки ба сурати воҳае дар биёбон; ҳар қадар ки заврақ наздиктар мерафт, суруд ҳамон қадар васеъ густариш меёфт, зеро аз ҷазира сӯи осмонҳо навои пурасрору сеҳрогине бармехост, мисле ки Лорелея ном вуҷуд моҳигиреро бо фиреб ҷалб мекарда бошад ё Амфиони соҳир он ҷо шаҳре барпо карданӣ бошад.

Ниҳоят заврақ ба соҳил бархӯрд, аммо бе мамониат, бе он ки таконе хӯрад, чунон ки лабҳо ба ҳам мерасанд ва ӯ ба ғор дохил шуд, мусиқии мафтунгар ҳеч хомӯш намегардид. Ӯ аз поғундаҳо поён фуромад, ё, аниқтараш, ба назараш чунин мерасид, ки поён фуромада истодааст, поён рафта истода, аз ҳавои тозаи муаттар нафас мекашид, мисли он ҳавое, ки аз ғори Тсиртсея мевазид, ҳавои саршор аз накҳате, ки аз он ҷони кас роҳат мекунад, ҳамин хел пурҳарорат, ки эҳсосро ба ҳаракат меоварад; ва аз Синдбод, мизбони ғалатии худаш сар карда, то хидматгори лол Алӣ ҳар он чи дар воқеият буд, ба чашми муояна дид; баъд ҳамааш дарҳаму барҳам шуда, чун охирин сояҳо дар равшании фонуси ҷодуии хомӯш шуда истода, ғоиб гардид ва ӯ худро дар толори муҷассамадор дид, ки чароғе равшан мекард онро, яке аз он чароғҳои хирасӯзе, ки шабҳо хобу роҳати қадимиёнро нигаҳбонӣ мекард.

Онҳо ҳамон ҳайкалҳои мӯҳташамҳайъати шаҳватангез ва дар айни замон саршор аз нафосате буданд дорои нигоҳи ҷозибу табассуми дилфиреб ва ҷаъди марғулае. Онҳо Фрина, Клеопатра, Мессалина, се фоҳишаи олитабори номвар буданд; дар миёни ин шабаҳоти беҳаё, ба мисоли нури пок, ба мисоли малак дар сари Олимпи бутпарастӣ офаридаи афифае пайдо шуд, шабаҳи нуроние, ки орази бикри худро шармгинона аз фосиқаҳои мармарин панаҳ мекард.

Ва инак ҳар се ҳайкал дар эҳтироси шаҳвонӣ муттаҳид гардида ба як маъшуқ рӯ оварданд ва ҳамин маъшуқ худи ӯ буд; онҳо пероҳанҳои дарози то ба рӯи пойҳояш расидани сап-сафед дар тан, бо пистонҳои бараҳна, бо милаҳои мӯяшон кушодаи марғуладор ба нишемани ӯ наздик меомаданд; онҳо дар вазъе қарор мегиранд, ки худоёнро ба васваса меандохтанд, вале дар муқобилашон зотҳои поксиришт худро аз даст намедоданд, онҳо ба вай бо он нигоҳи дур аз шафқату оташине чашм медӯхтанд, ки мор ба мурғаке менигарад ва ӯ қудрате надорад, ки аз ин нигоҳ бираҳад, нигоҳи чун оғӯш беамону чун бӯса форам.

Франс чашмонашро мепӯшад ва бори охирин ба атрофаш назар андохта аранге ҳайкали шармгинро мебинад, ки худро ба чодар печидааст; ва инак чашмони ӯ аз барои воқеият баста шуданду эҳсосоташ аз барои идроки ғайри имкон боз гардиданд.

Он гоҳ лаззати номутаноҳӣ фаро расид, рағбати мудоме, ки пайғамбар ба умматони баргузидааш ваъда кардааст. Лабони мармарин эҳё гардиданд, пистонҳо гармӣ пайдо карданд ва барои Франс, ки бори нахуст ба ҳукми ҳашиш гирифтор омада буд, рағбат азобе гардиду лаззат – шиканҷае; ӯ чӣ гуна ба лабони пир-пир ларзида истодааш ҷафс шудани лабҳои мармарин, лабҳои чун ҳалқаи мор тарангу сардро ҳис кард; аммо дар ҳоле ки дастонаш зӯр мезаданд, ин рағбати мудҳишро аз худ дур бикунанд, ҳиссиёташ ба ҷазабаи ин хоби пурасрор таслим мегардид ва ниҳоят, баъд аз набарде, ки ҷон додан дареғ нест, ҳашҳашкунон, аз лаззат лакоту бефараҳ шуда, ба бӯсаҳои маъшуқагони мармарину ҷодуи хоби пурҳаяҷон таслим гардида, рӯболо биафтод.

пешина
аз 99
навбатӣ