Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XI. БЕДОРӢ
Даме ки Франс чашм боз кард, ашёи атрофаш идомаи хоб намуданд; ба назараш чунин метофт, ки вай даруни дахмаи гӯр аст, ки он ҷо, шӯълаи офтоб, мисле ки бо шафқат менигариста бошад, базӯр роҳ меёбад; ӯ дасташро дароз карду санги урёнро ламс намуд; нимхез шуда дид, ки рӯи боронии худаш болои бистари хеле нарму хушбӯи аз халанҷи хушк хобидааст.
Рӯъёву ҳайкалҳо ғоиб шуданд, гӯё ин ҳама шабаҳоте буданд, ки ҳини дар хоб будани ӯ аз гӯр бадар омадаанду ҳангоми бедор гардиданаш нопадид шуданд.
Ӯ аз самти рӯшноӣ чанд қадаме пеш рафт; хоббинии пурҳаяҷон ба воқеияти ором бадал шуд. Ӯ дарёфт, ки дар ғорест, ба хуруҷгоҳи нимдоира наздик шуду осмони кабуд ва баҳри лоҷвардиро дид. Шӯълаҳои офтоби саҳаргоҳӣ амвоҷу ҳаворо фаро гирифта буданд; дар соҳили баҳр маллоҳонро нишаста дид, онҳо сӯҳбат доштанду механдиданд; ягон даҳ қадам аз соҳил онсӯтар заврақи лангарандохта секин-секин алвонҷ мехӯрд.
Дақиқае чанд вай аз боди серуне, ки ба ҷабинаш мерасид, нашъа бурд; гӯш ба шалпоси мавҷҳо дод, мавҷҳое, ки ба соҳил расидаву рӯи сахраҳо аз кафк шерозаи тӯрие боқӣ мегузоштанд, шерозаи ба ранги нуқра сафедгуне; беихтиёр, бепарво вай ба малоҳати парвардигории саҳаргоҳ дода шуд, малоҳате, ки махсусан баъди хоббинии дур аз воқеият басароҳат эҳсос мекунад кас; астаю секин, ба ҳаёти дар мадди назараш боз гардидаи табиат, табиати ин қадар осудаву поку мӯҳташам назар афканда, шабеҳи ҳақиқат набудани хобҳои дидаашро эҳсос кард ва хотираш ӯро ба воқеият баргардонд.
Ӯ ба ҷазира расидан, ба меҳмонии саркардаи қочоқчиҳо рафтан, қасри зеризаминии пурҳашамат, таомҳои пуралвон ва як қошуқ ҳашишро ба ёд овард.
Аммо дар равшании мусаффои рӯз ба назараш чунин расид, ки аз замони ин ҳама рӯйдодҳо ҳеч набошад, ягон сол гузаштагист, то ҳамин дараҷа сареҳ буд дар зеҳни ӯ хоби дидааш ва то ҳамин дараҷа андешаи ин чиз фаро гирифта будаш. Ҳар замон дар мадди хаёлаш – гоҳ дар миёни маллоҳон, гоҳ дар миёни шахҳо, гоҳ дар заврақи алвонҷ хурда истода – ҳамон шабаҳҳое пайдо мешуданд, ки шаби дароз бо навозишҳои худ лаззат мебахшиданд ба вай.
Воқиан сараш сабук, танаш осуда буд; заррае хастагӣ эҳсос намекард, баръакс, чунин менамуд, ки хеле хуб дам гирифтааст, табъаш болида буд, бо димоғи чоқ аз ҳавои тоза нафас мекашиду сару рӯяшро ба шӯълаҳои гарми офтоб фаро медошт.
Ӯ бо қадамҳои бардам ҷониби маллоҳон равон гардид.
Франсро дида, аз ҷой бархостанд онҳо, вале соҳиби заврақ ба наздаш омад.
– Ҷаноби воломақом Синдбоди Дарёгард, – гуфт ӯ, – фармуд, ки таъзими ҷанобашонро ба ҷо оварам ва ба шумо расонам, ки он кас ниҳоят афсӯс мехӯранд, ки бо шумо хайру хуш карда натавонистанд; он кас умед доранд, ки шумо маъзурашон медоред, ҳар гоҳ бифаҳмед, ки он кас маҷбур шудаанд ба тақозои як кори ниҳоят таъҷилӣ сафари Малагаро пеш гиранд.
– Хӯш наход ки ҳамаи ин рост бошад, дӯстам Гаэтано? – гуфт Франс. – Наход шахсе, ки дар ин ҷазира маро шоҳона пазироӣ карда буду ҳини дар хоб будани ман рафтааст, вуҷуд дошта бошад?
– Вуҷуд дорад, ана яхтааш, ки бодбон кушода бо суръати тамом равон аст: ва агар шумо бо дурбинатон назар кунед, эҳтимол, дар миёни ҳайати сафина мизбони худро пайдо кунед.
Франс дурбинашро баровард, онро рост кард ва ба самти ишорат шуда нигарист.
Гаэтано иштибоҳ накарда буд. Дар аршаи киштӣ рӯ ҷониби ҷазира марди ношиноси пурасрор рост меистоду низ мисли Франс дурбине дар дасташ буд; дар танаш ҳамон сару либосе буд, ки дирӯз дар пеши меҳмон менишаст ва ба аломати видоъ рӯмолчаашро ҳаракат медод.
Франс рӯмолчаашро бароварду низ дар ҷавоби ӯ ҳаракат додан гирифт.
Сонияе пас дар яхта андак дуде пайдо шуд, ба як сурати ҳуше аз ақибтанаи сафина ҷудо шуду батадриҷ тарафи осмон баромадан гирифт; Франс садои пасти паронда шудани тирро шунид.
– Мешунавед? – пурсид Гаэтано. – Ин видоъ кардани вай аст бо шумо.
Франс карабинро гирифту ба ҳаво паронд, умед надошт, воқиан, ки садои тираш ба ин масофати ӯро аз яхта ҷудо карда истода мерасида бошад.
– Акнун чӣ мефармоянд ҷанобашон? – пурсид Гаэтано.
– Пеш аз ҳама машъале фурӯзон кунед.
– Ҳа, мефаҳмам, – гуфт заврақхудо, – шумо мехоҳед роҳи даромадан ба қасри сеҳрнокро биёбед. Ба шумо муваффақият мехоҳам, ҷаноби иззатманд, агар ин димоғи шуморо чоқ мекарда бошад; машъалро ҳозир пайдо мекунам бароятон. Ин андеша маро низ ором намегузошт, ман ҳам як-се-чор дафъа даромадам, вале, оқибат, аз баҳраш гузаштам. Ҷованнӣ, – барафзуд ӯ, – машъал даргирону ба ҷанобашон оварда те.
Ҷованнӣ фармоишро ба ҷо овард, Франс машъалро гирифту ба зери замин даромад; аз ақибаш Гаэтано равон шуд.
Вай ҷоеро, ки рӯи бистари халанҷ аз хоб бедор шуда буд, шинохт; вале баръабас деворҳои ғорро равшан мекард: аз рӯи осори дуд фақат медид, ки пеш аз вай ҳам бисёр касон ин кофтуковро пеш гирифта будаанд.
Бо вуҷуди ҳамин вай ҳар як ваҷаби девори хороиро хабар мегирифт, девори чун айёми мустақбал диданошуданиро; ба хурдтарин тарқише корди сайёдиашро мехалонд вай; ҳар як барҷастагиро ба умеде зер мекард, ки шояд кушода шавад; вале ҳамааш баръабас буд ва ӯ беҳуда ду соат вақтро талаф дод.
Оқибат вай аз нияташ гашт; забони Гаэтано дароз шуд.
Даме ки Франс гашта лаби баҳр омад, сафина як нуқтаи сафеде метофт дар уфуқ. Вай бо дурбинаш назар кард, ҳатто бо дурбин ҳам чизеро дидан маҳол буд.
Гаэтано ба ёди ӯ расонд, ки ин ҷо барои шикори бузҳои кӯҳӣ омада буд. Ин чиз аз ёди Франс тамоман баромадааст. Ӯ туфангро гирифту ба гашту гузор кардани ҷазира ба қиёфае баромад, ки ғолибан вазифаашро ба ҷо меовард, на ин ки дилхушӣ дошт ва дар як рубъи соат як бузу ду бузича зад. Аммо ин бузҳои ғизол барин чусту ваҳшӣ ин қадар ба бузи хонагӣ шабоҳат доштанд, ки Франс онҳоро сайд ҳисоб накард.
Ғайр аз ин хаёлаш тамоман ба чизи дигар банд буд. Аз дирӯз ин ҷониб вай қаҳрамони афсонаҳои «Ҳазору як шаб» гардидаву ҳушу ёдаш доимо пеши ғори дидааш буд.
Сарфи назар аз бемуваффақиятии ҷустуҷӯи якум вай аз нав ба кофтан даромад, ба Гаэтано фармуд, ки дар ин миён якто бузичаро кабоб кунанд. Ин кофтукови дуюмбора чандон тӯл кашид, ки ҳангоми гашта омадани Франс бузича кабоб шудаву ношто муҳайё гардида буд.
Франс дар ҳамон ҷое нишаст, ки дирӯз ба наздаш омада даъват карда буданд дар манзили хоҷаи пурасрор хӯроки шом бихӯрд ва бори дигар сафинаи хурдакакро чун моҳихӯрак дар ёлаи амвоҷ бидид, ки ба самти Корсика равон буд.
– Ин чӣ маъно дорад? – рӯ овард ӯ ба Гаэтано. – Охир шумо ба ман гуфта будед, ки ҷаноби Синдбод ба Малага рафт, лекин ба хаёлам вай якрост ба Порто-Веккио равон аст.
– Магар шумо фаромӯш кардед, – гашта гуфт заврақхудо, – ки дар байни ҳайати киштиаш ин дам ду нафар роҳзани корсикоӣ ҳаст?
– Дуруст! Оё вай мехоҳад онҳоро ба соҳил фурорад? – гуфт Франс.
– Оре, ҳамин тавр. Ин шахс, мегӯянд, ки на аз худо метарсидаасту на аз шайтон ва ҳозир будааст панҷоҳ милро давр бизанад, то ба доди як бачаи бечорае бирасад!
– Лекин чунин додрасиҳо ӯро бо ҳукуматдорони он кишвар ба нифоқ андохтанаш мумкин, кишваре, ки вай ин гуна накӯкориҳоро пеш мегирад, – гӯшрас кард Франс.
– Хайр, ба нифоқ андозад андохтан гирад! – ҷавоб гардонд хандакунон Гаэтано. – Чӣ кор дорад вай ба ҳукуматдорон? Ба як пули пучак намегирад вай онҳоро! Як ба таъқибаш афтода бинанд! Аввал ин, ки яхтаи ӯ – киштӣ не, балки паранда аст, ки дар суръати ҳаракат ягон киштии зудгарди ҳарбӣ ба он баробар омада наметавонад; дигар ин, ки ҳар ҷо ба соҳиле расад, дӯстони содиқе пайдо мешаванд ӯро.
Аз ҳамаи ин бармеояд, ки Синдбоди мизбони илтифоткори Франс бо қочоқчиёну роҳзанони тамоми соҳилҳои баҳри Миёназамин шарафи ошноӣ доштааст, ки ин симои ӯро андаке ғалатӣ вонамуд мекард.
Дигар ҳеч чиз Франсро дар Монте-Кристо бознамедошт; вай аз ошкор кардани асрори ғор умедашро канда буд, бинобар ин ҳам ба таъҷил дар тараддуди ношто шуда, ба маллоҳон фармуд заврақро омода кунанд.
Баъди ним соат вай алакай дар заврақ буд.
Бори охирин вай ҷониби сафина назар андохт; дар халиҷи ПортоВеккио сафина аз чашм панаҳ шуд.
Франс бо ишорат фармуд, ки ба шино дароянд.
Сафина дар ҳамон дақиқае нопадид гардид, ки заврақ ба роҳ даромад.
Ҳамроҳи сафина охирин асари шаби гузашта аз байн рафт: зиёфат, Синдбод, ҳашиш ва ҳайкалҳо – ҳамааш барои Франс дар луҷҷаи як хоббинӣ фурӯ рафт.
Заврақ як рӯзу як шаб роҳ паймуд ва субҳи рӯзи дигар, даме ки офтоб тулӯъ кард, ҷазираи Монте-Кристо ҳам нопадид шуд.
Ҳамин ки Франс ба соҳил фуромад, ақаллан, як муддат, ҳадиси саргузашташро фаромӯш карду бишитофт, охирин вазифаҳои ашрофонаашро дар Флоренсия ба сомон расонад, то роҳи Римро пеш гирад, ки Албер де Морсер он ҷо нигаронаш буд.
Сипас вай ба сафар баромад ва бегоҳии рӯзи шанбе бо каретаи чопорхона ба майдони Гумрукхона расид.
Хона барои онҳо, чунон ки пеш аз ин гуфта будем, алакай муҳайё карда шуда буд, фақат ба меҳмонсарои устод Пастрини рафта расидан мебоист, лекин ин чандон кори осон набуд, зеро дар кӯчаҳо издиҳоми мардум гузар намедоданд ва алъон Римро изтироби мубҳаме – муждарасони рӯйдодҳои азиме – фаро гирифта буд. Вале дар Рим ҳар сол чор рӯйдоди азим рух медиҳад: карнавал, ҳафтаи шӯрангез, иди наъши худованд ва ҷашни ҳазрати Пётр.
Дар дигар фасли сол шаҳр ба хоб фурӯ меравад ва ба ҳолате дар мешавад байни ҳаёту мамот, ки ин ҳол онро ба манзиле миёни ину он дунё шабеҳ мегардонад, – манзили ниҳоят олиҷанобе, пур аз нафосату худвежагӣ, ки Франс ягон шаш дафъа дидагист онро ва ҳар дафъа ҷолибтару ҷозибтар ёфтааст.
Ниҳоят вай аз миёни издиҳоми то рафт афзояндаю ҳамвора ба ошуфтагӣ оранда роҳ ёфта ба меҳмонсаро расид. Ба нахустин суоли ӯ ба дуруштие, ки хоси фойтунчиҳои серкору соҳибони меҳмонсароҳои сермеҳмон аст, посух доданд, ки дар меҳмонсарои «Лондон» барои ӯ манзиле нест. Он гоҳ вай таоруфномаашро ба устод Пастрини фиристод ва Албер де Морсерро далел овард. Ин таъсир кард. Устод Пастрини худаш тохта ба назди ӯ омад, узр хост, ки ҷанобашонро маътал кардааст, хидматгорро гӯшмол дод, чароғпояро аз дасти раҳбалад, ки мусофиронро алакай соҳибӣ карда буд, кашида гирифт ва акнун ӯро дар тараддуди ба назди Албер бурдан буд, ки худи вай ба истиқболаш баромад.
Манзили фармоишшуда аз ду дар хонаи хоби на чандон калону як қабулгоҳ иборат буд. Тирезаи хонаҳои хоб аз тарафи кӯча буд – ҳамин аст шароите, ки устод Пастрини ба сифати афзалияти бебаҳо қайд кард. Дигар ҳамаи хонаҳои ин ошёнаро кадом як марди бадавлате иҷора гирифтааст, ки ситсилист ё малтӣ – соҳиби меҳмонсаро аниқ намедонист.
– Ҳамаи ин бисёр нағз, устод Пастрини, – гуфт Франс, – лекин табъи дил мебуд ҳамин ҳоло хӯроки шом хӯрданамон, вале барои пагоҳ ва рӯзҳои дигар ба мо фойтун лозим аст.
– Хӯроки шомро-ку бетаъхир муҳайё мекунанд, – ҷавоб гардонд соҳиби меҳмонсаро, – аммо фойтунро...
– Хӯш? – нидо зад Албер. – Сабр кунед, сабр кунед, устод Пастрини, ин чӣ ҳазлу шӯхист? Ба мо фойтун лозим.
– Ҷаноби олиқадр, – гуфт соҳиби меҳмонсаро, – ҳар чи аз дастамон ояд, дареғ намедорем, то барои шумо фойтун пайдо кунем. Он чи ба шумо ваъда дода метавонам, ҳамин аст.
– Хӯш, ҷавобашро кай мегирем мо? – пурсид Франс.
– Фардо саҳар, – ҷавоб гардонд хоҷа.
– Э ҳамин ҳам гап шуд! – гуфт Албер. – Зиёдтар музд медиҳем, вассалом. Маълум гап: аз Дрэку Арон дар рӯзҳои муқаррарӣ биступанҷфранкӣ мегиранду дар рӯзҳои якшанбею идҳо сӣ ё сиюпанҷӣ; панҷ франк ширинкомаро илова кунед, мешавад чил – кирои гап надорад.
– Гумон надорам, ки ҷанобашон бо музди дучанд ҳам ягон чиз ба даст оварда метавониста бошанд.
– Хайр бигузор аспонро ба фойтуни сафарии ман қӯш кунанд. Вай дар роҳ андак шалақ шуд-ку, лекин ҳеч нап не.
– Асп ёфт намешавад.
Албер ба Франс ба ваҷоҳати шахсе нигарист, ки намефаҳмад чӣ гуфта истодаанд ба вай.
– Шумо ба ин чӣ мегӯед, Франс? Асп набудааст, – гуфт ӯ, – лекин магар аспони чопорхонаро ҳам пайдо кардан мумкин нест?
– Онҳоро алакай як-ду ҳафта пеш аз ин соҳибӣ кардаанд ва акнун он аспоне боқӣ мондаанд, ки барои худи чопорхона заруранд.
– Хӯш ба инаш чӣ мегӯед? – пурсид Франс.
– Мегӯям, ки ҳар гоҳ ягон чиз ба фаҳми ман нарасад, одате дорам ба ин чиз таваққуф накунам ва ба мавзӯи дигар мегузарам. Масъалаи хӯроки шом чӣ шуд, устод Пастрини?
– Хӯрок тайёр, ҷаноби олиқадр.
– Хӯш корро аз хӯроки шом сар мекунем.
– Фойтуну аспро чӣ? – пурсид Франс.
– Осуда бошед, дӯстам. Ҳар ду ёфт мешавад; фақат хасисӣ кардан лозим не.
Ва Морсер бо фалсафаи ғалатии касе, ки ҳама корро имконпазир медонад, то даме ки ҳамёнаш тарангу қапчуқаш пур аст, хӯрок хӯрд, ба бистар даромад, суғур барин хоб рафт ва хоб дид, ки дар карнавал савори аробаи шашаспа сайр карда гаштааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё