Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
Аммо дар замири Луиҷӣ ҳам эҳсоси нави маҷҳуле пайдо шуд: ин дарди ҷонсӯзе буд, ки аз дил шурӯъ гардида, баъд дар рагҳояш ҷорӣ шуду тамоми аъзои баданашро фаро гирифт. Вай аз ҳар як ҳаракати Терезаю ҷуфти шарикрақсаш чашм барнамедошт; даме ки онҳо аз дасти якдигар мегирифтанд, сараш фир-фир мегашт, хун дар рагҳояш метапид, вале гӯшҳояш ҷарангос мезаданд. Вақте ки онҳо ба сухан меомаданду Тереза хоксоракак чашмонашро ба замин дӯхта ба суханони шарикаш гӯш меандохт, Луиҷӣ дар нигоҳи оташбори ҷавони зебоандом чунин мехонд, ки гуфтораш таърифу тавсиф аст; дар ин ҳин ба назараш чунин мерасид, ки замин дар зери пояш фурӯ рафта истодаасту дӯзахиён дар буни гӯшаш аз боби маргу куштор пичир-пичир доранд. Аз бими он, ки беақлие бар вай муставлӣ нашавад, бо як даст буттаҳои сабзеро, ки наздашон рост истода буд, доштаву бо дасти дигараш дастаи харротии ханҷари ҳамоил дар камарбандашро бо ташаннуҷ зер мекард, худаш бехабар гоҳ-гоҳе қариб онро аз ғилоф берун мекашид.
Луиҷӣ рашк мебурд! Вай ҳис мекард, ки ба ин тариқ мумкин аст Терезаи шӯҳратпарасту худхоҳро аз даст бидиҳад.
Лекин дар ин миён Терезаи дар ибтидо беҷуръату тарсу, дере нагузашта хиҷолатро аз худ дур карда, худашро ба даст гирифт. Мо болотар гуфта будем, он малоҳати беҳамтое, ки ҳазорҳо бор ҷолибтар аст аз нозу истиғнои ишвагаронаву пуртакаллуфи мо.
Тереза маликаи миёни раққосон гардид ва агар вай ба духтари граф Сан-Феличе ҳасад бурда бошад, мо ҷуръат намекунем кафолат диҳем, ки нигоҳи Кармела ба вай холӣ аз рашку тааб бошад.
Даме ки рақс поён ёфт, шарикрақси хушандомаш, таърифкунону хушомадзанон Терезаро ба ҷои аввалааш бурд, ки Луиҷӣ нигарон будаш.
Чанд карат ҳангоми рақсидан Тереза ба ӯ назар кардаву чеҳраи рангпарида ва дар табу тобашро дида буд. Як дафъа ҳатто дар пеши назараш дами ханҷар шумхабарвор ҷило дод.
Қариб ки бо изтироб Тереза аз зери бағали дилдодааш гирифт.
Рақс бисёр бо муваффақият адо шуда буд, ҳамаи меҳмонон такрор карданашро талаб доштанд; танҳо Кармела розӣ нашуд; аммо граф СанФеличе инқадар баисрор аз ӯ илтимос кард, ки оқибат вай ризомандиашро иброз дошт.
Ҳамонзамонӣ яке аз ҷавонони шарикрақс ба даъват кардани Тереза шитофт, ки бе вай дастаи рақсӣ фароҳам намеомад; аммо вай ин дам ғоиб шуда буд.
Луиҷӣ, ки ҳис карда буд ба имтиҳони дуюмбора тоб нахоҳад овард, Терезаро қисман розиву қисман маҷбур кард, ба дигар гӯшаи боғ гузаранд. Тереза бо дили нохоҳам сар фуровард, вале ӯ аз рӯи чеҳраи тарҳаш вайрони Луиҷӣ, аз рӯи хомӯшию бо ташаннуҷ пир-пир кардани раги дасташ дар замири ӯ чӣ чизе ба амал омаданашро медид. Худи вай ҳам дар ҳаяҷон буд; агар чи вай ягон кори баде накарда буд, вале фаҳмид, ки Луиҷӣ ба коҳиш кардан ҳақ дорад, – барои чӣ? – вай намедонист, вале бо вуҷуди ҳамин, ҳис мекард, ки ба шунидани чунин коҳиш мустаҳиқ мебуд.
Аммо, ба тааҷҷуби билониҳояи Тереза, Луиҷӣ хомӯш буд ва дар тамоми муддати он шаб ҳарфе ба забон наёвард. Фақат даме ки аёси шаб меҳмононро ба тарк кардани боғ водошт ва онҳо рақсиданро ба хонаҳо гузаронданд, Луиҷӣ Терезаро то ба хона гусел карда, гуфт:
– Тереза, ҳангоме ки дар рӯбарӯи графдухтари ҷавон мерақсидӣ, чӣ мегузашт аз дилат?
– Аз дилам гузашт, – рӯирост ҷавоб дод духтарак, – ки барои чунин ҳулае, ки дар бари ӯст, нисфи умрамро дареғ намедоштам.
– Хайр, шарикрақсад чӣ гуфт ба ту?
– Вай ба ман гуфт, ки чунин ҳула доштан ба худи ман вобаста аст ва барои ин як даҳан гапи ман кофист.
– Гапаш тамоман ҳақ, – гуфт Луиҷӣ. – Хӯш ту мехоҳӣ, ки чунин ҳулае дошта бошӣ?
– Ҳа.
– Ту мегирӣ онро!
Тереза бо ҳайрат сар боло карду хост суоле бидиҳад; аммо чеҳраи Луиҷӣ чунон тираву ҳавлангез буд, ки гап дар лабонаш ях баст.
Баъди ҳамин Луиҷӣ бетаъхир бирафт.
Тереза аз ақибаш назар мекард. Даме ки Луиҷӣ дар торикӣ аз назар ғоиб шуд, вай оҳ кашида ба хона даромад.
Худи ҳамон шаб нохушие ба амал омад: аз беэҳтиётии хидматгорон ки хомӯш кардани чароғонро фаромӯш кардаанд, дар чорбоғи СанФеличе дар биное, ки ҳуҷраҳои Кармелаи нозанин ҷой гирифта буд, сӯхтор ба амал омад. Баъди посе аз шаб гузаштан бедор шуда, вай забонаи оташро дид, аз бистар парида хесту хилъатеро ба китф андохта ҷониби дар ҳаво хӯрд: аммо роҳраве, ки вай бояд аз он тохта мегузашт, дар оғӯши оташ буд. Он гоҳ вай ба хонаи худаш баргашта, бо овози баланд имдодталабӣ кардан гирифт. Ногоҳ тирезаи хонааш, ки аз замин бист фут баланд воқеъ гардида буд, боз шуд, ба хона деҳқонбачае ҷаста фуромад, ӯро рӯи даст бардошту бо зӯри ғайри қудрати одамию чаққонӣ ба марғзор баровард; Кармела аз ҳуш рафта буд. Вақте ки ба ҳуш омад, дар канори ӯ падараш истода буд. Дар атроф хидматгорон ғун шуда, ба якдигар навбат надода мададгорӣ карданӣ мешуданд. Бинои фаръии кӯшк, ки манзили графдухтар он ҷо буд, биттамом сӯхт; аммо кӣ парвои он дошт, модом ки Кармела зиндаю саломат буд?
Наҷотбахши ӯро дар ҳама ҷо ҷустанд; вале ӯ пайдо нашуд. Аз ҳама касу ҳама ҷо ҷӯё шудандаш, аммо ҳеч кас надидааст ӯро. Худи Кармела чунон дар изтироб буд, ки ба зеҳнишин кардани симояш фурсат наёфтааст.
Сарвати граф аз ҳисоб берун буд, агар хатари ба сари Кармела омадаро ҳисоб накунем, сӯхтор он қадар зиёни назаррасе нарасонда буд, хусусан ки наҷот ёфтани ғалатии духтараш атои нави осмонӣ менамуд ба назараш.
Фардои он рӯз дар соати муқаррарӣ Тереза ва Луиҷӣ дар канори беша вохӯрданд. Луиҷи якум омад ва хушҳолона дуруд гуфт ба Тереза; вай гӯё воқиаи дирӯзаро биттамом фаромӯш карда буд. Тереза андешаманд буд; аммо Луиҷиро навозишкору фориғбол дида, ӯ низ лоубол гардида димоғчоқӣ кард; воқиан, доимо ҳамин тавр буд вай, фақат агар ягон хоҳиши аз ҳад зиёд сабру қарорашро аз байн намебурд.
Луиҷӣ аз зери бағали вай гирифта, назди мағора бурду таваққуф кард. Духтарак ягон воқиаи ғайри муқаррарӣ ба амал омаданашро пай бурда, бо диққат ба рӯи ӯ назар кард.
– Тереза, – гуфт Луиҷӣ, – дирӯз оё ту ба ман нагуфта будӣ, ки барои ҳулаи духтари граф барин ҳулае доштан дар олам ҳеч чизро дареғ намедорӣ?
– Оре, – ҷавоб гардонд Терезаи ҳайратзада, – аммо ин орзуи сабукфикрона буд.
– Лекин ман ба ту ҷавоб гардонда будам: «Хуб шудааст, ту мегирӣ онро».
– Оре, – гуфт ҷавондухтар, ки ҳайраташ бо ҳар сухани Луиҷӣ зиёда мешуд. – Лекин ту, эҳтимол, чунин ҷавоб гардонда будӣ, то маро хурсанд кунӣ.
– Ман ҳаргиз беҳуда ваъда надодаам ба ту, Тереза, – гуфт Луиҷӣ бо ғурур. – Ба мағора дарою бипӯш.
Бо ҳамин суханон вай сангро як сӯ тела доду ғори бо шамъ мунаввар гардидаро нишон дод, ки шамъҳо дар паҳлуи оинаи олиҷанобе даргиронда шуда буданд; рӯи мизи дағале, ки ба дасти Луиҷӣ сохта шуда буд, шадаи марвориду санчоқҳои бриллианткорӣ гузошта шуда буданд; дар паҳлуи оина рӯи курсӣ дигар аҷзои ҳула меистод.
Тереза аз шодӣ нидо баровард ва ҳатто суоле накарда, ки ин ҳула аз куҷо пайдо шуд, ҳатто ба Луиҷӣ миннатдорӣ баён накарда, худро ба ғор андохт.
Луиҷӣ ҳамонзамонӣ роҳи даромадро бо санг маҳкам кард, чун ки рӯи ёлаи тали на он қадар баланде, ки манзараи Палестринаро аз назари ӯ панаҳ карда истода буд, ӯ савореро дид, ки аз роҳ паймудан бозистод, мисле, ки дар андеша бошад, ба кадом роҳ равад. Савора дар заминаи осмони нилфом ин қадар баръало намоён буд, ки дар фазои ҷануб намудор мегарданд чизҳо.
Луиҷиро дида, савора аспро чорхез гиронду ҷониби ӯ ба роҳ афтод.
Луиҷӣ иштибоҳ накарда буд; савора, ки аз Палестрина ба Тиволе мерафт, бероҳа шуда буд.
Луиҷӣ самтро ба вай нишон дод; вале азбаски онтарафтар роҳ боз ба чанд самт мерафт, савора, барои он ки боз раҳгум назанад, аз Луиҷӣ илтимос кард, ки ӯро ҳамроҳӣ карда, роҳро нишон диҳад.
Луиҷӣ борониро аз тан кашид, ба замин гузошт, туфангашро ба китф гузаронду аз ақиби савора бо он қадамҳои суръатноки марди кӯҳистоние равон шуд, ки бо қадамҳои асп сибқат меҷӯяд.
Пас аз даҳ дақиқа Луиҷӣ ва марди аспсавор ба чорраҳа расиданд.
Ин ҷо навҷавон ба як ҳаракати дабдабанок даст ба пеш ёзонду яке аз се роҳеро нишон дод, ки савор бояд пеш мегирифт:
– Мана роҳи шумо, – гуфт ӯ. – Ҷанобашон акнун раҳгум намезананд.
– Ана ин мукофоти ту, – гуфт савора чанд тангаи резаро ба чӯпонбача дароз карда.
– Ташаккур, – гуфт Луиҷӣ, дасташро ақиб кашида, – ман ба мардум хидмат мекунам, вале хидмат намефурӯшам.
– Агар ту аз музд даст кашӣ, – гуфт савора, ки аз афташ фарқи байни тамаллуқкории аҳли шаҳру ғурури мардуми деҳотро медонистааст, – шояд тӯҳфаро бигирӣ?
– Ин гапи дигар!
– Ин тавр бошад ин ду тсехинаи венетсиро гиру барои арӯсат гӯшвора фармо.
– Лекин шумо ин ханҷарро мегиред, – ҷавоб гардонд чӯпонписар. – Аз Албано то Чивита-Кастелан ханҷари дастаи харротиаш аз ин беҳтарро ёфтан наметавонед.
– Ман қабул дорам тӯҳфаи туро, – гуфт марди аспсавор. – Лекин акнун ман аз ту қарздор: охир арзиши ин ханҷар аз ду тсехин баландтарку.
– Агар кас харида бошад; лекин инро худи ман сохтаам ва қимати ин пеши ман на бештар аз як пиастр аст.
– Чӣ ном дорӣ? – пурсид марди аспсавор.
– Луиҷӣ Вампа – ҷавоб гардонд чӯпонбача бо ваҷоҳате, ки гӯё Искандари Мақдунӣ гуфта бошад. – Номи шумо чӣ?
– Номи ман Синдбоди Дарёгард – ҷавоб гардонд ӯ.
Франс д Эпине бо таҳайюр нидое баровард.
– Синдбоди Дарёгард? – гашта пурсид.
– Бале, – ҷавоб гардонд ровӣ, – ҳамин тавр номид вай худашро.
– Хайр чӣ? Чии ин ном маъқул нашуд ба шумо? – ба гап ҳамроҳ шуд Албер. – Бисёр номи зебо, ва, рости гап, саргузаштҳои Синдбоди воқеӣ як замоне хеле диққати маро ба худ кашида буданд.
Франс дам назад. Номи Синдбоди Дарёгард, бо сабабҳои хеле маълум, дар хаёли ӯ як силсила ёддоштҳое бедор кард.
– Давом диҳед, – гуфт ӯ ба соҳиби меҳмонсаро.
Вампа беэътиноёна ду сиккаро ба киса андохту якта-якта қадамзанон гашта рафт. Даме ки вай ягон сесад қадам аз ғор дур буд, садое ба гӯшаш расид.
Вай бозистода гӯш андохт.
Сонияе пас басароҳат номи худашро шунид.
Садоҳо аз ҷониби ғор мерасиданд.
Вай ғизол барин пеш ҳаво хӯрд, роҳравон ба туфанг тир ҷо кард ва бо ду хез задан ба сари тал расид.
Ин ҷо садоҳо равшантар ба гӯш мерасиданд.
Ӯ поён назар кард: кадом-як мардаке Трезаро дуздида бурда истодааст, чунон ки қантарус Несс Деянираро дуздида буд.
Дузд ҷониби ҷангал метохт ва ин дам аз чор се ҳиссаи роҳи аз ғор то ҷангалро тай карда буд.
Вампа масофаро бо нигоҳ андоза гирифт: байни худашу дузд камаш дусад қадам меомад; Вампа дарёфт, ки пеш аз ба дузд расидани ӯ ваю Треза ба ҷангал даромада аз назар панаҳ мешаванд.
Чӯпонписар мисле ки дар ҷояш шах шуд. Ӯ туфангро бардошт, ба таанни милашро тарафи онҳо равона кард, нишон гирифту қулангро кашид.
Дузд якбора бозистод; зонуҳояш қат шуданд ва якҷоя бо Тереза ба замин афтод.
Аммо Тереза ҳамонзамонӣ тохта хест; дузд барнахост; вай дар ҳолати назъ метапид.
Вампа ҷониби Тереза ҳаво хӯрд; духтарак тозон аз каси ҷон канда истода ягон даҳ қадам дур шудаву ба зону афтод; бо даҳшат ба дили Вампа хутур кард, ки тир душманашро ҷо ба ҷо кушта, ба арӯси худаш ҳам расидааст.
Хушбахтона ин тавр набудааст; тарсу ҳарос мадори Терезаро хушк карда будааст. Ба сиҳату саломат будани ӯ итминон ҳосил карда, Вампа назди маҷрӯҳ рафт.
Алакай рӯҳ аз тани вай паридааст; муштҳояш аз фарти ташаннуҷ гиреҳ афтода буданд, даҳонаш яклаба каҷ шудааст, мӯи сараш фахак шудаву аз арақи ҳолати назъ тар гардида буд.
Чашмонаш боз ва ҳоло ҳам даҳшатбор буданд.
Вампа дар симои каси кушташуда Кукуметторо шинохт.
Аз ҳамон рӯзе, ки ҷавонписару духтар ҷони роҳзанро аз бало раҳониданд, вай ошиқи Тереза гардида, қасам ёд карда буд, ки духтарак аз они вай хоҳад шуд. Вай муттасил духтаракро поида мегашт; аз ӯро танҳо гузоштану ба савора роҳнамоӣ рафтани Луиҷӣ суиистифода карда, духтаракро дуздид ва алакай моли худ гумон бурда буд, ки тири бехато раҳо кардаи Вампа дилашро сӯрох кард.
Вампа ба вай менигаристу зарае нишони изтироб набуд дар чеҳрааш, ҳол он ки Тереза то ба ҳол аз ларзидан бознаистода базӯр ҷуръат кард назди майит равад ва тарсида-тарсида аз сари китфи дилдодааш ба вай назар кунад.
Вампа ҷониби Тереза баргашт.
– Мебинам, ки алакай аз либос пӯшидан фориғ шудаӣ, – гуфт ӯ. – Акнун навбати либоспушӣ аз ман.
Тереза воқиан ҳам яксара ҳулаи духтари граф Сан-Феличеро дар бар карда буд.
Вампа ҷасади Кукуметторо бардошту ба ғор бурд, вале ин дафъа Тереза надаромад.
Агар дар ин дақиқа боз саворе аз он ҷо мегузашт, манзараи ғалатиеро медид: чӯпондухтаре пероҳани кашмириматоъ дар тан, гӯшвораҳо дар гӯшу шаддаи марворид дар гардан, мӯяшро бо санчоқҳои бриллианткорӣ зинат додаву дар синабандаш тукмаҳои ёқутӣ насб карда мол поида гаштааст.
Вай, бешак, гумон мекард, ки ба аҳди Флориан нақл ёфта будааст ва ба Париж бар гашта, ба исрор мегуфт, ки Чӯпондухтари Алпиро дар доманаи кӯҳсори Сабин дидааст.
Пас аз як рубъи соат Вампа аз ғор баромад. Олуфтагии ӯ дар пӯшок на камтар аз Тереза буд.
Дар танаш камзӯли махмалии суп-сурхи пур аз тукмаҳои тиллову камзӯлчаи шоҳии гулдузӣ, дар гарданаш рӯмоли римии махсуси гардан, дар гирди миёнаш камарбанди абрешимии сабзу сурхи зардузӣ шуда печондагӣ, шалвори танаш аз махмали осмониранги почаҳояш кӯтоҳи то ба зонуи ҳалқаи бандакҳояш бриллианткоришуда, соқбандҳояш замшагини рах-рах, дар сараш кулоҳе буд, ки тасмаҳои рангубарангаш ҳар сӯ бод мехӯрданд. Дар камараш ду соат овезон, дар зери камарбандаш бошад, ханҷари ниҳоят зебое халондагӣ.
Тереза аз ҳавас нидое баровард. Вампа дар пӯшоки Кукуметто лавҳаи тасвири Леополд Робер ё Шнетсро ба ёд меовард.
Ба арӯсаш чӣ таассуроте барангехтани худро пай бурда, ӯ бо ғурур табассум кард.
– Оё ту омада ҳастӣ, ки пешомади маро бо ман ҳамроҳ бинӣ, сарфи назар аз он ки чӣ гуна хоҳад буд? – пурсид вай аз Тереза.
– Оре! – хитоб кард ӯ.
– Ва ту аз паси ман ба ҳар ҷо меравӣ?
– Ба он сари дунё бошад ҳам!
– Ин тавр бошад, даст те, рафтем: фурсатро аз даст додан лозим не. Духтарак ба ошиқаш даст дод, ҳатто суоле накарда, ки куҷо мебарадаш. Дар ин дақиқа вай ба назари духтарак чун вуҷуди малакутие зебо, сарбаланд ва хушҳол намуд.
Онҳо тарафи ҷангал равон шуданд ва баъди чанд дақиқа дар паси дарахтон аз назар ниҳон гардиданд.
Дар бораи он ки Вампа ҳама пайраҳаҳои кӯҳсорро медонист, ҳоҷати гап ҳам нест; ягон дақиқа дудила нашуда то рафт ба дарунтари ҷангал медаромад ӯ, агар чи ягон пайраҳаи зарби по хӯрдае набуд он ҷо ва ӯ аз рӯи буттаву дарахтон роҳро дуруст муқаррар мекард; бад-ин минвол тақрибан яку ним соат роҳ паймуданд.
Ниҳоят, ба ҷои анбӯҳи ҷангал расиданд. Маҷрои хушкидае ба дараи торике мебурд. Вампа бо ин роҳи қадами касе нарасида, ки дар миёни ду соҳили амиқу сояи шоху шапаи анбӯҳи санавбарон печу тоб хӯрда мегузашт, рафтан гирифт; ин роҳро пайраҳаи Аврен гумон бурдан мумкин буд, пайраҳае, ки аз хусусаш Вергилий сухан рондааст.
Тереза, ки дар ин ҷойгоҳи ҳавлангезу нообод боз дилаш бим карда буд, хомӯш ҷафс шуд ба роҳбаладаш; вале, азбаски медид вай мураттаб қадам мезаду қиёфааш осуда буд, дар худ қуввате пайдо кард, ки изтиробашро ниҳон дорад.
Нохост ягон даҳ қадам дуртар аз онҳо аз хами дарахт касе баромаду туфангро ҷониби Луиҷӣ рост кард.
– Ягон қадам пеш наё, – садо баровард, – набошад мекушамат!
– Бас кун! – гуфт Вампа, беэътиноёна даст бардошта, ҳол он ки Тереза тарсашро дигар пинҳон надошта, саропо ларзон, ба вай ҷафс шуда буд. – Магар якдигарро мехоянд гургҳо?
– Ту кистӣ? – пурсид посбон.
– Ман – Луиҷӣ Вампа, чӯпон аз милки Сан-Феличе.
– Ба ту чӣ лозим?
– Ба ман ҳамроҳи рафиқони ту дар ялангии Рокк-Бианк гуфтугӯ кардан лозим.
– Ин тавр бошад, аз паси ман омадан гир, – ҷавоб гардонд посбон, – ё ки, беҳтараш, пеш даро, модоме куҷо рафтанатро медонистаӣ.
Вампа бо танаффур табассуме кард, ҳамроҳи Тереза пеш даромаданду бо ҳамон қадамҳои устувору осуда, ки то ин дам омада истода буд, роҳашро давом дод.
Баъди панҷ дақиқа роҳзан фармуд таваққуф кунанд. Онҳо бозистоданд.
Роҳзан се дафъа зоғвор қар-қар кард.
Дар ҷавоб ҳамин хел қаррасе шунида шуд.
– Хӯш, – гуфт роҳзан. – Акнун метавонӣ роҳатро давом диҳӣ.
Луиҷӣ ва Тереза рафтан гирифтанд.
Аммо ҳар қадаре, ки онҳо пештар мерафтанд, ҳамон қадар Тереза бештар ҷафс мешуд ба дилдодааш: воқиан, аз байни дарахтон мили туфангҳо ба назар мерасид.
Ялангии Рокк-Бианк дар теппаи кӯҳи на чандон баланде воқеъ гардида буд, ки шояд як замоне вулқон буда бошад, ки пеш аз Албаро тарк намудану Римро бунёд кардани Ромулу Рем хомӯш шуда бошад.
Тереза ва Луиҷӣ сари теппа баромаданду ба ягон бист нафар роҳзан рӯбарӯ заданд.
– Ин ҷавон шуморо меҷӯяд, бо шумо гуфтугӯ карданӣ будааст, – гуфт посбон.
– Ба мо чӣ гап доштааст? – пурсид роҳзане, ки дар набудани саркарда ба ҷои ӯ буд.
– Гуфтаниям, ки чӯпон будан ба дилам зад – гуфт Вампа.
– Ҳа, мефаҳмам, – гуфт ёвари саркарда, – ва омадӣ, ки ба мо ҳамроҳ шавӣ?
– Марҳабо! – нидо заданд роҳзанони феррузионӣ, пампинарӣ ва ананӣ, ки Луиҷиро мешинохтанд.
– Ҳа, лекин ман мехоҳам на ҳамту рафиқи шумо бошам.
– Хайр чӣ мехоҳӣ ту? – пурсиданд роҳзанон ҳайрон шуда.
– Ман мехоҳам саркардаи шумо бошам, – ҷавоб гардонд Луиҷӣ Вампа.
Роҳзанҳо қоҳ-қоҳи хандаро бардоштанд.
– Хӯш чӣ коре кардаӣ, то ба чунин шараф ноил гардӣ? – пурсид ёвари саркарда.
– Ман Кукуметторо куштам, инак пӯшокаш дар тани ман ва ман кӯшки Сан-Феличеро оташ задам, то ба арӯсам ҳулаи арӯсӣ тӯҳфа карда тавонам.
Баъди як соат Луиҷӣ Вампаро ба ҷои Кукуметто саркарда интихоб намуданд.
– Албери азиз, – гуфт Франс, ба дӯсташ рӯ оварда, – дар бораи синор Луиҷӣ Вампа чӣ фикр дорӣ?
– Ба хаёлам, ин устура аст, – ҷавоб гардонд Албер, – вай ҳеч гоҳ вуҷуд надоштагист.
– Ин устурааш чист? – пурсид Пастринӣ.
– Фаҳмонданаш вақти бисёре мехоҳад, хоҷаи меҳрубон, – ҷавоб гардонд Франс. – Хӯш шумо мегӯед, ки синор Вампа ин дам дар гирду атрофи Рим амалиёт дорад?
– Боз бо чунон густохие, ки ин хелашро ягон роҳзан нишон надода буд.
– Политсия ҳам баръабас ӯро дастгир карданӣ мешавад?
– Кас чӣ кор кардан метавонад! Ӯ ҳам бо чӯпонҳои водӣ дӯстӣ дорад, ҳам бо моҳигирҳои Тибр, ҳам бо қочоқчиҳои канори дарёҳо. Ӯро дар кӯҳсор меҷӯянд, вай бошад, дар рӯи дарё; ӯро дар рӯи дарё таъқиб мекунанд, вай бошад, дар баҳри кушод шино дорад; баъд яке гумон мекунанд, ки вай ба ҷазираи Ҷило, Ҷаннутри ё Монте-Кристо фирор кардагист, вай боз дар Албано, дар Тивол ё дар Риччиа пайдо мешавад.
– Хӯш муомилааш бо сайёҳон чӣ гуна аст?
– Бисёр оддӣ. Вобаста ба дурии масофа аз шаҳр вай ба онҳо ё ҳашт соат ё дувоздаҳ соат ё як шабонарӯз мӯҳлат медиҳад, то ки фидя оварда диҳанд. Сипас, баробари поён ёфтани мӯҳлат боз як соати дигар дароз мекунанд мӯҳлатро. Дар дақиқаи шастуми ин соат агар пул пардохта нашавад, вай як тир ба пешонии асир мезанад ё ханҷарро ба сандуқи дилаш фурӯ мебарад, қисса кӯтоҳ, кор тамом вассалом!
– Хӯш читу, Албер, – пурсид Франс, – шумо ҳоло ҳам майли бо кӯчабоғи берун ба Колизей рафтан доред?
– Бадеҳист, – ҷавоб гардонд Албер, – агар ин роҳ хушманзаратар бошад.
Дар ҳамин дақиқа соат занги нӯҳро зад. Дар кушода шуду фойтунчӣ даромад.
– Карета омода аст, ҷаноби олиқадр, гуфт ӯ.
– Ин тавр бошад, бо Колизей меравем, – гуфт Франс.
– Аз роҳи дарвозаи дел-Пополо мефармоянд ҷанобашон ё кӯчаҳоро давр зада?
– Кӯчаҳоро давр зада, ҷин занад, кӯчаҳоро давр зада! – нидо зад Франс.
– Дӯстам! – гуфт Албер, бархоставу сигори сеюмро даргиронда. – Рости гап, ман шуморо баҷуръаттар гумон мекардам.
Ҷавонмардҳо аз зинапоя фуромаданду ба фойтун савор шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё