Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XIII. РӮЪЁ
Франс ба ҳар ҳол василаи ба тамошои Колизей бурдани Алберро пайдо кард, аз назди осори қадим нагузашта ва таассуротро аз дидани обидаи мӯҳташам зарае накоста. Барои ҳусули ин кор аз виа Систин рафта рост аз пеши Санта-Мариа-Маҷоре тоб хӯрдаву бо виа Урбан ва ан-Пйетроин-Винколи рафта ба назди Колосо расидан лозим буд.
Ин роҳ боз як афзалияте дошт: андешаҳои Франсро аз ҳикояти устод Пастринӣ, ки дар он мизбони ғалатиаш аз ҷазираи Монте-Кристо ёдовар шуда буд, бо ягон василае аз сараш дур намекард. Пушт ба як гӯшаи фойтун додаву боз дар баҳри суолҳои беканоре ғӯтавар шуд, ки худаш ба худаш медоду ба ягонтое аз онҳо ҷавоби қаноатбахше пайдо карда наметавонист.
Инашро ҳам бояд гуфт, ки боз як нукта дар ин ҳикоят Синдбоди Дарёгардро ба хотираш меовард; маҳз ҳамон муоширати асрорангезаш бо роҳзанҳову баҳрнавардон. Даме устод Пастринӣ гуфт, ки Вампа дар заврақҳои моҳигирону назди қочоқчиҳо сарпаноҳ меёбад, Франс роҳзанҳои корсикоиеро ба ёд овард, ки ҳамроҳи ҳайати яхтаи хурдакак хӯроки шом мехӯрданд ва ин яхта аз роҳаш бероҳа шудаву ба ПортоВеккио даромада буд, фақат барои он, ки роҳзанонро ба соҳил фурорад. Исме, ки мизбони ӯ дар ҷазираи Монте-Кристо ба худаш нисбат дода буд ва номе, ки соҳиби меҳмонсарои «Лондон» ёдовар шуд, ба вай собит мекард, ки ин шахс дар нақши марди соҳибэҳсон дар соҳилҳои Помбино, Чивита-Веккиа, Остиа ва Гаэта ҳамчунин арзи вуҷуд мекардааст, чунон ки Франс ёд дорад, аз хусуси Тунису Палермо сухан ба миён оварда буд, зоҳиран, доираи шиносоиаш ниҳоят васеъ будааст.
Бо вуҷуди он ки ин андешаҳо аз майнаи Франс берун намерафтанд, баробари дар мадди назараш пайдо шудани тарҳи тираи Колизейи азамат аз онҳо нишонае боқӣ намонд; аз миёни сӯрохи иморат қурси моҳ партави сафедчаи дарозе равона мекард, мисли партаве, ки аз чашми хаёл берун меояд. Фойтун чанд қадам дур аз Meta Sudans1 қарор гирифт. Фойтунчӣ дарро боз кард, ҷавонмардҳо аз фойтун фуромаданду бо роҳбаладе рӯбарӯ заданд, ки гӯё луппи аз таги замин баромада буд.
Азбаски аз меҳмонсаро низ бо онҳо раҳбаладе омада буд, акнун раҳбаладашон ду нафар шуд.
Воқиан, дар Рим аз роҳбаладҳои бешумор ҷои гурез нест: ғайр аз раҳбалади асосӣ, ки аз дақиқаи қадам гузоштанатон ба остонаи меҳмонсаро шуморо ба каф оварда, фақат дами аз шаҳр рафтанатон аз шумо ҷудо мешавад, боз раҳбаладҳои хосе ҳастанд, ки дар назди ҳар ёдгорие ҳастанд, ҳатто ки дар пеши ҳар ҷузъи ёдгорӣ. Бинобар ин метавон қазоват кард, ки оё каманд роҳнамоёни Колизей, ёдгорие аз ҷумлаи ёдгориҳо, ки Мартсиал дар борааш гуфтааст:
«Ҳаргиз дар пеши мо Мемфис бо эъҷози дур аз нафосати аҳромҳояш худситоӣ карда наметавонад, мӯъҷизоти Бобулистонро ҳам ситоиш нахоҳанд кард; ҳама чиз дар пеши иншооти беқиёси амфитеатри Қайсарҳо сари таъзим фуруд оварад ва ҳама алҳони санохон яке бояд шаванд, то бар ин обидаи санъат санохонӣ бикунанд».
Франс ва Албер барои раҳо ёфтан аз ситами раҳбаладҳои римӣ, ки инчунин ҳақ доранд як худашон машъал бардошта дар Колизей гашту гузор кунанд, ҳатто кӯшиш ҳам ба кор набурданд. Бад-ин сабаб муқобилат накарданд онҳо ва худро комилан ба ихтиёри раҳнамоёнашон супурданд.
Ин тамошо барои Франс нав набуд, зеро ягон даҳ маротиба пеш аз ин дида буд ин ҷоро. Аммо ҳамсафараш, ки камбаҳратар буда, ба ин бинои имораткардаи Флавий Веспасиан бори аввал қадам мегузошт, ба эътибори ӯ мебояд гуфт, ки сарфи назар аз номутталеъ манаҳ задани раҳбаладҳояшон, таассуроте, ки Колизей ба ӯ бахшид, аз андоза берун буд. Дарвоқеъ, ин манзараро ба чашми худ надида аз шукӯҳи димнаи қадима тасаввуроте ҳосил кардан мумкин нест, хусусан даме ки аз нури асрорангези моҳтоби ҷануб, ки бо нури шомгоҳии ғарб дар баҳс буда метавонад, ин ба назари кас аз будаш ҳам мӯҳташамтар метобад.
Андешаманд ягон сад қадам аз зери изораи дарун пеш рафта, Франс Алберро ба ихтиёри далелон вогузошт, ки онҳо ба ҳуқуқи дахлнопазири бо тамоми ҷузъиёташ ба вай нишон додани хандақи шерон, маъвои гладиаторҳо ва подиуми қайсаронро иддао доштанд; вай аз зинапояи нимвайрона боло баромаду то роҳи якумрӣ муқаррар шудаву доимиашонро тай кардани онҳо дар сояи сутуне дар рӯбарӯи сӯрох ҳамту нишаст, сӯрохе, ки аз он қасри хорониҳоди мӯҳташамро бо тамоми шаҳомоташ дидан мумкин буд.
Франс аз Алберу раҳбаладҳои машъалбадасташ, ки аз баромадгоҳи воқеъ дар канори мутақобили Колизей берун омада, чун соя аз паси чароғи аҷина аз поғундаҳо якта-якта қадам монда ба мавзеи барои коҳинаҳои бокира таъйиншуда поин мефуромаданд, чашм набардошта, ягон рубъи соат, дар сояи сутун нишаст. Ногоҳ садое ба гӯшаш расид, ки гӯё дар пешгаҳи Колизей санге аз зинапоя ҷудо шудаву поён ғелид, аз зинапояе, ки дар баробари ҳамон зинапояи боло баромадаи худаш ҷойгир шудааст. Аз зери пои айём ҷудо шудаву ба чуқурии бетаг ғелида рафтани санге, албатта, воқиаи нодир нест; лекин ин дафъа ба хаёли Франс намуда буд, ки санг маҳз аз зери пои касе ғелид; ҳатто аз хаёлаш гузашт, ки шарфаи пои мубҳаме ба гӯш меояд; маълум буд, ки касе аз зинапоя фуромада истода, саъй дорад, ҳар чи мумкин аст, нармтар по гузорад.
Воқиан ҳам, баъди ягон дақиқа суроби касе намудор гардид, ки аз торикӣ батадриҷ берун меояд; нури маҳтоб поғундаҳои болоии зинапояро равшан мекард, ҳол он ки дигар поғундаҳо, ҳар қадар зинапоя поён равад, ҳамон қадар чуқуртар ба коми зулмат фурӯ мерафтанд.
Ӯ худаш барин сайёҳи аз манаҳ задани раҳбаладҳо безори танҳоӣ гузидае буда метавонад, бинобар ин пайдо шуданаш ҷои тааҷуб надорад; вале аз рӯи он ки дудила рӯи поғундаи охирин баромад, аз рӯи он ки гӯш фаро дошта дар сари зинапоя таваққуф кард, Франс дарёфт, ки вай ин ҷо бо ягон мақсаде омадааст ва чашм дар роҳи касе дорад.
Бо савқи табиӣ Франс худашро хами сутун гирифт.
Дар баландии даҳ фут аз замин шикофи гирдае буд, ки осмони ситоразор аз он намуда меистод.
Дар гирди ҳамин сӯрох, ки аз он, шояд, чандин садсола ин ҷониб рӯшноии моҳтоб таровиш меёфт, буттаҳои майдае рӯида буданд, ки баргҳои маҳини сабзашон дар заминаи гунбади лоҷвардии осмон баръало намоён буданд; аз дӯнгии боло изғиҷи печону печакҳои дароздарози ба арғамчини дар шамол алвонҷхӯрда истодаи киштии бодбонӣ монанде овезон шуда меистоданд.
Шахсе, ки пайдо шудани пурасрораш диққати Франсро ба худ кашид, дар муҳити нимторике рост истода буд, ки қиёфаашро панаҳ медошт, вале ба ҳар ҳол пӯшокашро назора кардан имкон дошт; ӯ худро ба боронии васеъи сиёҳе печонда меистод; як бари боронӣ, ки ба китфи чапаш партофтагӣ буд, қисми поёни рӯяшро панаҳ медошт; ҷабину чашмонаш дар зери лапари васеи кулоҳ аз назар ниҳон буд; дар равшании уребе, ки аз сӯрох берун меомад, шалвори сиёҳи шинам ба рӯи попӯши локиаш фуромадаи ӯ ба назар мерасид.
Ин шахс, бе шак, аз тоифаи ашроф набошад ҳам, ба табақаи болонишини ҷомиа мансуб буд.
Ӯ боз чанд дақиқае таваққуф кард ва акнун бесабриаш ошкоро зоҳир шуда истода буд, ки аз сари дӯнгии боло андак садое баромад. Ҳамон лаҳза сояе пеши рӯшноии моҳтобро гирифт, дар сари сӯрох касе пайдо шуда, бо диққат ба торикӣ чашм давонд ва, зоҳиран, марди ношиноси боронипӯшро дид; он гоҳ вай даст ба изғиҷи печони овезон зада, қадқади он фуромаду то замин ягон се фут монда буд, ки сабук поён ҷаст. Вай пӯшоки марди транстевериро1 дар бар дошт.
– Бахшиш мепурсам, ҷаноби воломақом, ки шуморо ба нигарон шудан водоштам, – гуфт ӯ ба шеваи аҳли Рим. – Лекин фақат чанд дақиқае дер кардам. Соати бурҷи Сан-Ҷованни-ин-Латерано нав занги даҳро зад.
– Шумо дер накардаед, ин ман барвақттар омадам, – ҷавоб гардонд марди ношинос ба лаҳҷаи соф тосканӣ. – Бинобар ин хиҷолат накашед; агар дер мемондед ҳам, ин на бо айби шумо мебуд, медонам ман.
– Ҷанобашон иштибоҳ накардаанд, ҳамин ҳозир аз қалъаи ҳазрати Ангел омадам ман, гуфтугӯ кардан бо Беппо хеле ба душворӣ ба ман муяссар шуд.
– Ин Беппояш кист?
– Ин нозири маҳбас; ман андак маоше мепардозам ба вай ва ӯ аз ҳар он чи дар қалъаи он ҳазрат ба вуқӯъ меояд, иттилоъ медиҳад ба ман.
– Мебинам, ки одами дурандеш будаед шумо!
– Дигар чӣ илоҷ, ҷаноби воломақом! Кас аз куҷо донад, ки чӣ ҳодисае мешавад? Шояд ягон вақте маро ҳам Пеппинои бечора барин дастгир кунанд, ба ман ҳам калламуше лозим мешавад, ки ресмонҳоро бихояд.
– Хуллас, чӣ чизе фаҳмидед шумо?
– Рӯзи сешанбе ду қатл таъйин шудааст, дар соати ду, чунон ки дар Рим пеш аз идҳои калон одат шудааст; якаш mazzolato1 мешавад; ҳамон нобакоре, ки марди рӯҳонии мураббии худашро куштааст, – вай кирои эътибор додан надорад; дигараш decapitato2 мешавад; ана ҳамин Пеппинои бечораи мо.
– Чӣ бояд кард, азизам? Шумо на фақат ҳокимияти папа, балки давлатҳои ҳамсояро ҳам чунон ба даҳшат овардаед, ки ҳукуматдорон мехоҳанд, коре карда ҷазои намунавие диҳанд ба ӯ.
– Лекин охир Пеппино ҳатто дар дастаи ман ҳам набуд; ин – як чӯпони бенаво, гуноҳаш фақат ҳамин, ки барои мо лавозимот меовард.
– Ҳамин ӯро шарики шумо гардондааст. Лекин шумо дида истодаед, ки нисбат ба ӯ илтифоте кардаанд. Агар ягон вақте шуморо дастгир кунанд, калаатонро маҷақ мекунанд, ҳол он ки ӯро фақат бо гилотина сар мебуридаанд. Ғайр аз ин чунин кор ба ин гуна тамошои шавқангез баъзе дигаргуниҳо ворид мекунад ва ҳар гуна завқро қонеъ мегардонад.
– Аммо тамошое, ки ман ба мардум омода кардааму онҳо ҳеҷ чашмдор нестанд, боз ҳам мароқангезтар хоҳад буд, – гашта гуфт марди транстеверӣ.
– Дӯсти меҳрубон, – ҷавоб гардонд марди боронипӯш, – иҷозат фармоед бигӯям, ки шумо гӯё ким-чӣ хел номаъқулие карданӣ.
– Ман ба ҳар кор тайёр астам, то Пеппиноро наҷот диҳам; ҷавони бечора гуноҳаш фақат ҳамин, ки ба ман хидмат мекард; савганд ба номи бибӣ Марям, ки ман худамро буздиле меҳисобидам, агар барои халосии ин марди нек кӯшише ба кор намебурдам.
– Хӯш чӣ андешае доред?
– Дар атрофи зеркундаи қатл як-бист кас мегузорам ва даме ки Пеппиноро оварданд, ишорат мекунам, мо бо ханҷарҳои баркашида ба аҳли бадрақа ҳуҷум мекунаму Пеппиноро медуздем.
– Ин бисёр кори таваккалист ва гумон мекунам, ки нақшаи ман беҳтар аст.
– Хӯш нақшаи ҷанобашон чӣ гуна аст?
– Ман ба як кас ду ҳазор пиастр медиҳам, вай кӯшиш мекунад ба он муваффақ шавам, ки қатли Пеппиноро ба соли дигар мавқуф гузоранд; вале дар зарфи ин як сол ман боз ҳазор пиастр ба каси дигаре медиҳам, ки ба гурехтани Пеппино аз маҳбас мадад кунад.
– Ва шумо ба анҷоми бомуваффақияти кор итминон доред?
– Pardieu,1 – гуфт каси боронипӯш.
– Чӣ гуфтед? – гашта пурсид марди транстеверӣ.
– Мегӯям, дӯстам, ки ман як худам, ба мадади тиллоям, кори бештареро ба субут мерасонам, нисбат ба ҳамаи одамони шумо, ки бо ханҷару туфангчаю карабину мушкетҳо мусаллаҳанд. Бинобар ин, иҷрои ин корро ба ман вогузоред.
– Бифармоед; лекин аз ин кори шумо муроде ҳосил нашавад, мо ба ҳар ҳол ҳозиру нозир меистем.
– Ҳозиру нозир бошед, агар хоҳишатон чунин аст; лекин метавонед хотирҷамъ бошед, ки ман ба мулоимтар кардани ҷазо муваффақ мешавам.
– Фаромӯш накунед, ки сешанбе – пасфардо аст; барои шумо фақат як рӯз боқӣ мемонад.
– Хайр чӣ? Як рӯз аз бисту чор соат иборат аст, як соат аз шаст дақиқа, як дақиқа аз шаст сония; дар ҳаштоду шаш ҳазору чорсад сония бисёр корҳоро анҷом додан мумкин аст.
– Агар ҷанобашон ба нақшаи худ муваффақ шаванд, мо аз ин чӣ тавр огоҳ мешавем?
– Бисёр осон. Ман се тирезаи канории қаҳвахонаи Росполаро банд кардаам. Агар ба сабук кардани ҷазо ноил гардам, ба ду тирезаи паҳлӯӣ шоҳии зарду ба мобайнӣ шоҳии сафеди салибисурхдор мекашанд.
– Бисёр хуб. Хайр коғази оид ба сабук карда шудани ҷазоро чӣ тавр мерасонед?
– Яке аз одамони худро дар пӯшоки зиёратгар назди ман мефиристед. Ба туфайли пӯшокаш вай ба назди зеркундаи қатл мерасаду ярлиқи папаро ба сардори ахиҳо медиҳад, ки вай ба ҷаллод мерасонад. То ин дам Пеппиноро огоҳ кунед, набошад аз тарс мемирад ё девона мешавад, ҳосили кор чунин хоҳад буд, ки мо барояш беҳуда хароҷот кардаем.
– Гӯш кунед, ҷаноби воломақом, ман аз дилу ҷон ба шумо содиқ астам, шумо медонед инро.
– Умед дорам, ки чунин аст.
– Хӯш ки бошад, агар шумо Пеппиноро наҷот диҳед, ин дигар садоқат не, балки фармонбардорӣ хоҳад буд.
– Ноандешида гап назан, дӯстам. Шояд ягон вақте ин суханатро ба ёдат оварам, зеро ту ҳам ягон вақте ба ман лозим шуданат мумкин.
– Ман дар соати лозим ҳозир мешавам, ҷаноби воломақом, чунон ки шумо ба ин ҷо омадед имрӯз; агар дар он сари дунё бошед ҳам, ба ман ҳамин қадар навиштанатон кофист: «Фалон корреро бикун – ва ман бе гуфту гӯ онро ба ҷо меоварам, чунон ки маро ном ...»
– Шш! – зери лаб гуфт марди боронипӯш. – Шарфаи по мешунавам...
– Ин сайёҳонанд, ки бо машъалҳои фурӯзон Колизейро тамошо доранд.
– Набояд онҳо ҳамроҳ бинанд моро. Ҳамаи ин раҳбаладҳо – ҷосусанд, моро шинохтанашон мумкин аст. Ва ҳарчанд дӯстии шумо хуш аст ба ман, азизам, лекин агар фаҳманд, ки ману шумо якдигарро ин қадар хуб мешинохтаем, аз он сахт метарсам, ки мабодо, эътиборам лат наёбад.
– Инак, гар шумо ба ақиб партофтани қатл муваффақ шавед... – Ба тирезаи миёна шоҳии сафеди салибдор кашида мешавад. – Агар муваффақ нашавед чӣ?
– Ҳар се тиреза зард хоҳад буд.
– Ва он гоҳ...
– Он гоҳ, дӯсти меҳрубон, ханҷарҳоятонро ба кор андозед, ҳатто худам ба тамошои шумо меоям.
– То боздид, ҷаноби воломақом. Умеди ман ба шумо, шумо ҳам ба ман умед бандед.
Бо ҳамин суханон марди транстеверӣ дар сари зинапоя аз назар ғоиб шуд, марди боронипӯш бошад, кулоҳро ба ҷабинаш поёнтар зер карда, ду қадам дуртар аз Франс гузашту осуда ба саҳна фуромад.
Сонияе пас аз торикӣ номи Франс ба забон гирифта шуд: Албер ҷеғ мезад ӯро.
Франс дар посух додан даранг кард, то ҳар ду каси ношинос аз он ҷо дур шуданд; ӯ нахост ба онҳо ошкор кунад, ки гуфтугӯяшон дар ҳузури шоҳиде ҷараён доштааст, шоҳиде, ки ростӣ, чеҳраи онҳоро надида буд, вале надида бошад ҳам, ягон ҳарфашонро фурӯ нагузошта буд.
Пас аз даҳ дақиқа Франс алакай даруни фойтун менишаст; дар тӯли роҳи бозгашт ба меҳмонсаро ӯ, ҳар гуна риояти одобро як сӯ гузошта, тадқиқоти олимонаи Алберро базӯр мешунид, ки вай ба Плиний ва Калпурний истинод карда аз боби шабакоти теғадоре, ки монеи ба тамошобинон ҳамла кардани дарандагон мешуданд, муҳокимаронӣ дошт.
Франс ба дӯсташ мухолифат намекард. Дилаш мехост ҳар чи зудтар як худаш танҳо монад ва ба ягон чиз андармон нашуда, аз хусуси он чи ҳамин ҳоло шунида буд, ба андеша равад.
Аз ду касе, ки дид, як нафараш барои вай тамоман ношинос буд, аммо дуюмаш гапи дигар; агар чи Франс рӯяшро, ё ба сабаби дар соя мондан, ё панаҳ доштани боронӣ надида буд, аммо садои овозаш, ки дафъаи бори аввал шунидан ин қадар моту мабҳут карда будаш, натавонист дар як он нашиносад соҳиби овозро. Хусусан дар лаҳни писхандомези ин овоз ким-чии нешдору ҷарангосие буд, ки Франсро дар Колизей ба як қад паридан водошт, чунон ки дар ғори Монте-Кристо як қад парида буд.
Франс дақиқае шак наёвард, ки ин мард ҷуз Синдбоди Дарёгард каси дигаре нест.
Дар ҳар гуна вазъияти дигар вай ҳозир будани худашро ба ин кас, ки дар замираш кунҷковии азиме бедор карда буд, ошкор менамуд; аммо гуфтугӯе, ки вай шунид, хусусияти ниҳоят маҳрамонае дошт, бинобар ин ҳаққонӣ хавф бурд, ки падид омаданаш ҳаргиз боиси хушнудӣ нахоҳад шуд. Аз ҳамин сабаб ӯро бознадошта, монд ки равад, вале аҳд кард, бори дигар ин фурсатро аз даст нахоҳад дод.
Франс чунон дар банди андешаҳои худаш буд, ки хоб аз сараш парид. Шаби дароз ӯ ҳолатҳои мухталифи алоқаманд ба хоҷаи ғору шахси ношиноси дар Колизей дидаашро ба хотир меоварду яқин мекард, ки ин ҳар ду як касанд; ва ҳар қадар Франс бештар ба андеша мерафт, ҳамон қадар бовариаш қавитар мешуд.
Хобаш қариби саҳар бурд, бинобар ҳамин ҳам дер бедор шуд. Албер, чун парижии воқеӣ алакай ғами бегоҳро хӯрд ва барои дар театри Аржентина нишеман фармудан кас фиристод.
Ба Франс лозим буд ба Париж нома нависад, бинобар ин фойтунро рӯзи дароз ба ихтиёри Албер вогузошт.
Соати панҷ Албер баргашт; ӯ тавсияномаҳоро ба соҳибонашон расонда, барои тамоми шомгоҳон даъват гирифт ва ҷойҳои тамошобоби Римро дида баромад.
Барои ҳамаи ин ба Албер як рӯз кифоят кард.
Ҳатто фурсат ёфта фаҳмид, ки чӣ намоише барпо мешудаасту кадом актёрон нақш бозӣ мекардаанд. «Паризина»-ро намоиш медодаанд; Козелли, Мориани ва хонуми Шпех нақш мебохтаанд.
Бахти ҷавонмардҳо омад карда буд; намоиши яке аз беҳтарин операҳои муаллифи «Лучии Ламермурӣ» дар иҷрои се тан беҳтарин ҳунарпешагони Итолиё нигарон буд онҳоро.
Албер, ки дар Буфф курсиву дар нишемани бенуари Опера ҷойгоҳи доимие дошт, бо театрҳои итолиёӣ, ки дар баробари оркестр нишастан расм несту на балкон дорад ва на нишеманҳои рӯкушода, ҳеч муросо карда наметавонист.
Аммо ин ба вай монеъ намешуд, ки ҳар дафъаи ҳамроҳи Франс ба театр рафтан пӯшоки пуркарру фарре дар бар кунад; Вале ҳамааш беҳуда буд; ба исноди яке аз лоиқтарин намояндагони ашрофҷавони Париж бояд эътироф кард, ки дар зарфи чор моҳи гашту гузор дар Итолиё Албер ягон моҷарое нопайваста буд.
Албер гоҳо кӯшиш мекард аз ин ваҷҳ шӯхӣ кунад; вале дар таги дилаш сахт хафа буд: ин чӣ гап, ки вай, Албер де Морсер, яке аз номвартарин ҷавонмардон, ҳоло ҳам нигарон аст. Нокомиаш аз он аламангез буд, ки тибқи хоксорие, ки хоси ҳамватанони дилпазири мост, Албер шубҳае надошт, ки дар Итолиё комёбии зиёде ба даст хоҳад овард ва баъди ба Париж гашта омаданаш тамоми аҳли кӯчабоғи Гатро аз ҳикояти комёбиҳои худаш волаву шайдо хоҳад кард.
Ҳайҳот! Вай сахт иштибоҳ карда буд: графзанҳои дилрабои Генуя, Флоренсия ва Рим бовафоии худро ба шавҳаронашон набошад ҳам, ба ошиқонашон собитқадамона нигоҳ медоштанд ва Албер бо алам итминон ҳосил кард, ки занони итолиёӣ ба бевафоии худ вафодор будаанд – ана дар ҳамин аст афзалияти онҳо бар занони фаронсавӣ.
Бадеҳист, тасдиқ кардан душвор аст, ки дар Итолиё, чун дар ҳама ҷо, истисное набошад.
Ҳол он ки Албер на фақат навҷавони ниҳоят басалиқае буд, балки дар ҳозирҷавобӣ ҳам камие надошт; илова бар ин вай виконт буд; дуруст аст, ки виконти наврутба; аммо дар айёми мо, ки шуҷоаташро собит кардани кас лозим намеояд, чӣ фарқ дорад, ки оғози хонадон аз соли 1399 шурӯъ шудааст ё аз соли 1815? Ба замми ин вай панҷоҳ ҳазор ливр даромади солона дошт. Ба ҳамин тариқ, вай ҳама чизро доро буд, ки эркаи табақаи ашрофи Париж бошад. Ва эътироф кардани он чиз барояш андаке боиси хиҷолат буд, ки дар ягонтое аз шаҳрҳои дидааш ба вай ба дараҷаи лозим эътибор надода буданд.
Воқиан, вай тахмин дошт дар Рим қусури инро барорад, зеро карнавал, ки дар ҷамеи шаҳрҳои олам ин расми боиси таърифро нигоҳ дошта буд, айёми озодманишист ва сахтгиртарин одамон ҳам маҳоргусехтагиҳоеро ба худ изн медиҳанд. Ва азбаски карнавал рӯзи дигар оғоз меёфт, Алберро боистӣ пешакӣ худашро маърази назарҳо қарор диҳад. Бо ин мақсад вай яке аз нишеманҳои ангуштнамои табақаи аввали театрро банд кард ва ба таваҷҷӯҳи хосе либос дарпӯшид. Дар омади гап бояд гуфт, ки табақаи аввали толор ба ҳамин қиёс ашрофона ба ҳисоб мерафт, ки бенуару белэтаж меравад.
Воқиан, ин нишеман, ки дар он бемалол дувоздаҳ кас мегунҷад, ба ҷураҳо назар ба нишемани чоркасаи театри Амбигу арзонтар афтода буд.
Албер дар дил боз орзуи дигаре мепарварид: агар тасхир кардани қалби римизани дилрабое ба вай муяссар гардад, дар он сурат, аз эҳтимол дур нест, ки дар каретае ба худаш ҷой пайдо карда обрӯяшро баланд бардорад ва ҳамчунин вай карнавалро аз болои каретаи ашрофонае ё аз пешайвони шоҳзодае тамошо хоҳад кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё