Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Дусад ё сесад скудои римӣ.
– Беҳтараш ду ё се ҳазор гӯед.
– Оҳ, арвоҳ занад!
– Ҳамон ҷазирааш ин қадар даромад меовардааст?
– Ҷазирааш? Вай як пашиз ҳам даромад надорад.
– Хайр барои чӣ онро харидааст?
– Барои ҳавою ҳавас.
– Пас вай одами ғалатист?
– Рости гап, – гуфт Албер, – вай ба назарам андак шӯъбадабоз намуд. Агар вай дар Париж истиқомат медошту дар миёни ҷомиа пайдо мешуд, ман ба худ мегуфтам, ки вай ё ширинкорест, ки найрангбозӣ мекунад, ё қаллобест, ки адабиёт вайронаш кардааст; вай имрӯз монологеро ба забон овард, ки шоистаи Дидйе ё Антонӣ аст.
Ба нишеман меҳмони нав даромад ва Франс аз рӯи таомул ҷояшро ба ӯ вогузошт. Сӯҳбат, табиист, ки ба дигар самт тоб хӯрд.
Пас аз ягон соат ҷӯраҳо ба меҳмонсаро баргаштанд. Устод Пастринӣ алакай ғами пӯшоки онҳоро хӯрда буд ва исрор мекард, ки ҷӯраҳо аз корбудгарии ӯ қаноат ҳосил хоҳанд кард.
Дар воқеъ, рӯзи дигар, соати даҳи саҳар, ӯ ба хонаи Франс ҳамроҳи дарзие даромад, ки як тӯда пӯшоки аҳли деҳоти Римро бардошта меомад. Ҷӯраҳо ду сару тани якхелаи як дараҷа ба қадду басташон мувофиқро ҷудо карда гирифтанду фармуданд ба ҳар кадоме аз кулоҳҳо ягон бистметрӣ тасма дӯзад, инчунин барояшон дуто гарданпечи шоҳии хатҳои рангоранги кундалангидоре пайдо кунанд, ки деҳқонон рӯзҳои ид дар миёнашон мебанданд.
Албер бесаброна дидан мехост, ки сару тани наваш ба вай мезебад ё не; ин сару тан аз нимтанаву шалвори махмали осмониранг, ҷӯлоби рахдор, попӯшҳои ҳалқадор ва камзӯлчаи шоҳӣ иборат буд. Сурати зоҳирии Албер аз ин пӯшоки рангоранг фақат бурд карда метавонист ва даме ки ӯ миёни мавзунашро дарбасту кулоҳро ба сараш якшоха гузошт, кулоҳе, ки тасмаҳояш парафшон буданд, Франсро фикре ба сар омад, ки афзалияти ҷисмоние, ки мо ба баъзе халқҳо мансуб медонем, бисёр вақт ба пӯшок вобаста будааст. Масалан, туркҳо, ки як замоне бо хилъатҳои дарози пур аз гулҳои баландаш ин қадар назаррабо метофтанд, ин дам бо камзӯлҳои таг то боло тукмадору фаскаҳои юнониашон, ки онҳоро ба шишаҳои майи сараш сурғучи сурхдор шабеҳ мегардонад, магар нафратовар нестанд?
Франс ба Албер, ки дар пеши оина рост истода бо табассум ба худаш менигарист, чанд калимаи диловезе гуфт, ки ба маънояш шак овардан душвор буд.
Граф Монте-Кристо даромада онҳоро дар сари ин шуғл ёфт.
– Ҷанобон, – гуфт ӯ, – ҳарчанд ки хурсандиро бо касе баҳам дидан хуш аст, вале озодӣ аз он ҳам хуштар аст, бинобар ин ман омадам ба шумо гӯям, ки барои имрӯз ва ҳама рӯзҳои боқимонда карнавалро, ки дирӯз дар он сайру гашт кардед, пурра ба ихтиёри шумо мегузорам! Хоҷаи мо, эҳтимол ба шумо гуфта бошад, ки ман дар меҳмонсарои ӯ сечор воситаи нақлиёт нигоҳ медорам, бинобар ин шумо ба ман малол намеоваред; ҳам барои дилхушӣ, ҳам барои кору бор аз он озодона истифода кардан гиред. Агар дидани ман ба шумо зарур шавад, ҳамеша маро дар қасри Росполи хоҳед ёфт.
Ҷавонмардҳо аввал не гуфтанӣ шуданд, лекин дар асл барои рад кардани ин пешниҳоди барояшон хеле гуворо ҳеч гуна сабаби ҷиддие надоштанд ва оқибати кор ин шуд, ки пешниҳоди ӯро қабул карданд.
Граф Монте-Кристо аз ҳар дарак бемалол сӯҳбаткунон ягон рубъи соат дар манзили онҳо нишаст. Чунон ки мо пеш аз ин гӯшрас карда будем, вай бо адабиёти ҳама халқҳо ошноӣ дошт. Як назар андохтан ба деворҳои хонаи меҳмонпазироии ӯ ба Алберу Франс нишон дода буд, ки вай дилбастаи мусаввараҳост. Чанд калимаи дар омади гап ба забон овардааш ба онҳо собит гардонда буд, ки вай аз улум баҳрае дорад; вай, зоҳиран, ба кимиё рағбати бештаре доштааст.
Ҷавонмардон даъвои онро доштанд, ки ба лутфу марҳамати граф худаш барин ҷавоб гардонанд; аз тарафи онҳо беҳуда як коре мебуд агар дар ҷавоби субҳонаи латифи ӯ тановул кардани таббохии одмиёнаи устод Пастриниро ба вай пешниҳод мекарданд. Онҳо беибо инро ба вай гуфтанд, ӯ ҳам ин одоби гуфтори онҳоро хуш пазируфт ва қадршиносӣ кард.
Алберро аз тарзи муомилаи граф ҳавас омад ва ӯро ҷентелмени воқеӣ пазиро мешуд, агар вай ин қадар пурдон намебуд. Аз ҳама бештар бемалол соҳибихтиёрӣ кардани карета шод гардонда буд ӯро. Ғарази вай деҳотизанҳои нозанинаш буданд, азбаски рӯзи гузашта онҳо дар каретаи ниҳоят оростае сайр мекарданд, вай мехост аз онҳо монданӣ надошта бошад.
Соати якуним ҷавонмардҳо дами дар баромаданд; фойтунчию нӯкарон ин дафъа хидматҷомаҳояшонро аз болои пӯсти ҷонвариашон ба тан кардаанд, ки аз дирӯза ҳам хандаовартар шуда буданду ба таърифи Алберу Франс сазовор гардиданд.
Бандчаи бунафшаҳои пажмурда дар сӯрохи тукмаи гиребони Албер ҳузновар сар хам карда меистод.
Бо аввалин зарбаи ноқус онҳо ба роҳи виа Витториа баромаданду тарафи Корсо шитофтанд.
Дар даври дуюм ба фойтуни онҳо бандчаи бунафшаҳои тару тозае афтод; гулдаста аз каретае партофта шуд, ки дар он занҳои либоси ширинкоронро пӯшидае нишаста буданд. Албер дарёфт, ки деҳотизанҳои дирӯза аз онҳо ибрат гирифта табдили пӯшок кардаанд ва шояд ин тасодуф бошад, ё мумкин аст инҳо барин бо мақсади такаллуф, пӯшоки ширинкоронро дар бар кардаанд.
Албер бандчаи пажмурдаро бо гулдастаи тару тоза иваз кард, вале онро ҳамчунин дар дасташ дошта истод ва ҳангоме ки бори дигар бо каретаи онҳо баробар шуданд, бо меҳр онро пеши лабаш бурд, ки аз афташ, на фақат ба хотуни гулпартофта форид, инчунин ба дугонаҳояшон низ хуш омад.
Хушҳолӣ дар Корсо на камтар аз дирӯза буд; хеле ба эҳтимол наздик аст, ки мушоҳидагари борикбин ҳатто бештар гардидани шавқуну хушҳолиро пай мебурд. Граф дақиқае дар пеши тирезааш намудор шуд, вале дамие ки карета бори дигар аз назди қаср гузашт, вай дар он ҷо набуд.
Ишвагарӣ миёни Алберу хотуни бунафшапартофта, бадеҳист, ки рӯзи дароз давом кард.
Бегоҳ ба манзил баргашта, Франс мактуберо аз сафоратхона дарёфт; ба ӯ хабар дода буданд, ки фардо ҳазрати қудсӣ бо пазироии худаш варо сарфароз хоҳад кард. Ҳар дафъае, ки вай ба Рим меомад, ин илтифотро таваққӯъ медошт; ва, ба одати доимӣ, ки нафақат порсоӣ инро боис мебуд, балки миннатдорӣ ҳам тақозо мекард, вай намехост маркази насронияти ҷаҳонро тарк бикунад бе он ки таъзимашро ба мақдами ҷойгузини ҳазрати Пётр тақдим дорад, ки ба зоти худ нодиртарин намунаи накӯкортарини накӯкорон мебошад.
Бинобар ин, барои вай рӯзи дигар даст кашидан аз иштирок дар карнавал ҷои қилу қол надошт. Зеро, сарфи назар аз накӯсириштии қалбӣ, ки аз хасоили он ҳазрат аст, ҳеч кас ба ҳаяҷони эҳтиромкорона ба зону таҳ кардан дар пеши пири накӯкор, ки Георгийи Шонздаҳумаш меноманд, омодагӣ нахоҳад гирифт.
Аз Ватикан берун омада, Франс якрост ба меҳмонсаро баргашт, ҳатто аз як сари қадам ба Корсо рафтан ҳам канор гирифт худашро. Қалби вай аз андешаҳои порсоёна моломол буд ва бим дошт, ки бо масхарагиҳои карнавал макрӯҳ нагардонад онро.
Дар соати панҷу даҳ дақиқа Албер гашта омад. Табъаш ниҳоят болида буд; хотуни ӯ боз дар пӯшоки аҳли деҳот пайдо шудааст ва бо каретаи Албер рӯбарӯ афтода, ниқоб аз рӯ бардоштааст. Вай дилрабо будааст.
Франс аз самими дил Алберро табрик кард; вай табрики ҷӯраашро ҳамчун амри табиӣ қабул дошт. Ӯ таъкид мекард, ки аз рӯи баъзе нишонаҳо, нозанини ноошно, бешак, ба табақаи олии ашроф мансуб аст.
Ӯ ба қарори қатъӣ омада буд, ки рӯзи дигар ба вай нома фиристад.
Франс, ин арзи ҳоли ӯро шунида пай бурд, ки Албер мехоҳад аз вай ким-чие илтимос бикунад, вале шарм дошта истодааст. Ӯ таҳпурсӣ кардан гирифт, ба ҷӯрааш таъкид мекард, ки ба хотири саодати вай ба ҳар гуна қурбоние тайёр аст. Албер худашро ба ҳамин қадар илтимос кардане водошт, ки одоб тақозо мекард, баъди ҳамин ба Франс эътироф овард, ки вай ба ҷӯрааш хидмати азиме кардагӣ мешавад, агар фардо ба даст кашидан ва ба ихтиёри як худи ӯ вогузоштани карета розӣ шавад.
Албер гумон дошт, ки деҳотизани нозанин ниқобро фақат барои он аз рӯяш бардоштааст, ки вай танҳо буд.
Бадеҳист, Франс то он дараҷа худпарасте набуд, ки дар авҷи моҷаро ба Албер халал расонад, моҷарое, ки эҳтимоли ин қадар хушоянду табъи дил шудан дошт. Ӯ хислати бешармона манаҳ задани ҷӯраи сабукмағзашро хуб медонист ва шубҳае надошт, ки вай ишқварзиҳояшро бо тамоми тафсилоташ ҳикоят мекунад ва азбаски худаш саросари Итолиёро аз қадду бар тай карда, дар зарфи се сол боре нашуда буд, ки моҷарое дарпайваста бошад, бинобар ин муқобил набуд бидонад, ки ин гуна кор чӣ тавр сурат мебаста бошад.
Ӯ ба Албер ваъда дод, ки ба нақши бинанда қаноат мекунад ва гуфт, ки карнавалро аз тирезаҳои қасри Росполи тамошо хоҳад кард.
Франс ба қавлаш устувор истод ва рӯзи дигар дами тиреза рост истода дар соҳати Корсо пешу қафо сайр кардани Алберро назора мекард. Дар дасти ӯ як бандча гули калоне буд, ки дарунаш, эҳтимол, номаи ошиқонаро ҷо дода бошад. Ин тахмин даме ба яқин табдил ёфт, ки Франс ҳамон гулдастаро дар дасти зани дилрабои либоси ширинкорон дар бар кардае дид.
Албер ин дафъа ба манзил на ин ки бо шавқ, балки дар ҳолати ваҷд баргашта омад. Вай шубҳае надошт, ки ношиносзани нозанин ба ҳамин насақ ба вай ҷавоб хоҳад гардонд. Франс ба истиқболи хоҳиши ӯ рафта изҳор дошт, ки аз ин гиру дор хаста шудааст ва тасмим гирифтааст рӯзи дигарро ба албом ва сабти ёддоштҳояш бахшад.
Албер дар пешгӯиаш иштибоҳ накарда буд, рӯзи дигар, бегоҳ, ӯ коғази чорқат карда шудаеро аз як гӯшааш доштаву музаффарона онро алвонҷ дода, худро ба хонаи Франс андохт.
– Хӯш читу? – хитоб кард ӯ. – Ман чӣ гуфта будам?.
– Вай ҷавоб гардонд? – нидо зад Франс.
– Бихонед.
Лаҳне ки ин муддао ба забон оварда шуд, ғайри қобили тасвир аст.
Франс руқъаро гирифту ба хондан даромад:
«Рӯзи сешанбе бегоҳ, дар соати ҳафт, дар рӯбарӯи виа-деиПонтефичи аз карета бароеду аз паси деҳотизане равон шавед, ки мокколетои шуморо аз дастатон чанг зада мегирад. Даме ки рӯи поғундаи якуми калисои Сан-Ҷакомо баромадед, ба остини либоси гулобиранги ширинкоронаи танатон бастани тасмаеро аз ёд набароред.
То рӯзи сешанбе шумо маро намебинед.
Садоқат ва роз».
– Хӯ-ӯш, дӯсти азиз, – гуфт Албер, даме ки Франс мактубро хонда фуровард, – ба ин чӣ мегӯед шумо?
– Мегӯям, – ҷавоб гардонд Франс, – ки кор ранги дилпазире гирифта истодааст.
– Ман ҳам чунин фикр дорам, – гуфт Албер, – ва бисёр метарсам, ки ба базми Герсог Браччано танҳо рафтани шумо рост меояд.
Франс ва Албер саҳар ба базми бонкири машҳури Рим даъватнома гирифта буданд.
– Эҳтиёт бошед, Албери азиз, – гуфт Франс, – дар хонаи герсог тамоми аъёну ашроф гирд меоянд; ва агар ношиносзани нозанини шумо воқиан ҳам аз табақаи ашроф бошад, бояд он ҷо пайдо шавад.
– Вай он ҷо пайдо мешавад ё не, ман ақидаамро дар борааш тағйир намедиҳам, – гуфт Албер. – Шумо руқъаро хондед?
– Бале.
– Оё медонед, ки занҳои mezzo cito дар Итолиё чӣ гуна маълумоте мегиранд?
– Оре, – ҷавоб гардонд Франс.
– Хӯш руқъаро бори дигар хонед, ба ҳусни хат диққат диҳед, кани бинед, ақаллан ягон ғалати услубӣ ё имлоие меёбед ё не.
Воқиан ҳам, ҳусни хат кирои таъриф, аз лиҳози имло нуқсе надошт.
– Коратон омад кард! – гуфт Франс, руқъаро ба Албер баргардонда истода.
– Ҳар қадар хоҳед, хандидан гиред, чӣ миқдоре дилатон кашад, ҳазлу шӯхӣ кунед, – гашта гуфт Албер, – вале ман дил додам.
– Э Худоҷон, шумо тарсонда истодаед маро, – гуфт Франс, – ман мебинам, ки на фақат ба базми герсог Браччано бе шумо рафтанам рост меояд, балки ҳатто, хавфи он дорад, ки ба Флоренсия танҳо баргардам.
– Дар ҳар ҳол, агар зани ношиноси ман чун ҳусни ҷамолаш илтифоткор ҳам бошад, дар он сурат қатъан изҳор мекунам, ки камаш шаш ҳафтаи дигар дар Рим мемонам. Ман Римро мепарастам ва бар болои ин ҳамеша ба бостоншиносӣ майл доштам.
– Боз ду-се ҳамин гуна рӯйдоде пеш ояд, ман ба он умед бастан мегирам, ки шуморо узви Академияи ҳутут ва адабиёти нафиса хоҳам дид.
Эҳтимол Албер ҷиддан ба муҳокимаи истеҳқоқи худаш ба курсии акадамия мепардохт, аммо нӯкар ба арз расонд, ки наҳор рӯи хон гузошта шуд. Албер ба хотири ишқ ҳеч гоҳ иштиҳояшро гум намекард. Бинобар ин вай ҳамроҳи ҷӯрааш ба сари дастархон шитофта, тайёр буд баъди наҳор риштаи гусехтаи сӯҳбатро дарпайвандад.
Аммо баъди наҳор омадани граф Монте-Кристоро ба арз расонданд. Ҷавонмардҳо ду рӯз боз ӯро надида буданд. Аз забони устод Пастринӣ шунида буданд, ки вай ба иҷрои коре Чивита-Векки рафтааст. Дина бегоҳӣ рафта буд ӯ ва фақат як соат пеш гашта омадааст.
Граф ниҳоят хушзабон буд. Ё вай худдорӣ мекард, ё ин дафъа барои ибрози андешаҳои нешдору нохуш баҳонае ёфта нашуд, лекин фақат ҳамин бегоҳ вай чунин буд, мисли ҳама. Ба назари Франс вай муаммои сарбаста намуд. Граф, албатта, нағз медонист, ки меҳмони ҷазираи Монте-Кристояш ӯро шинохтааст; ҳол он ки вай аз бори дуюм вохӯрданашон ин ҷониб ҳарфе ба забон наёварда буд, ки пеш аз ин ӯро дидааст. Франс бошад, ҳарчанд дилаш мехост доир ба мулоқоти якумашон ба вай ишорате кунад, вале метарсид касеро, ки нисбат ба ваю ба чӯрааш ин қадар илтифоту хушмуомилагӣ кардааст, биранҷонад; бинобар ин вай ҳам мисли граф худашро ба нодонӣ зада гаштан гирифт.
Монте-Кристо, ки фаҳмида буд Франсу Албер нияти дар театри Арҷентина нишемане харидан доштанду ҳамаи нишеманҳо банд буданд, калиди нишемани худашро овардааст ба онҳо диҳад, – ба ҳар ҳол сабаби омаданашро ӯ ҳамин тавр фаҳмонд.
Франсу Албер бо далеле, ки намехоҳанд ӯро аз ҳаловаташ маҳрум кунанд, рад карданӣ шуданд; аммо граф гашта гуфт, ки нияти ба театри Палли рафтан дорад ва нишемани театри Арҷентинааш холӣ мемонад, агар онҳо истифода накунанд онро.
Баъд аз ҳамин ҷавонмардҳо розӣ шуданд.
Франс ба қути кандаи граф, ки бори дафъаи аввал диданаш ин қадар сахт ба ҳайрат оварда будаш, майда-майда одат кард. Вай ба ҳусни бебаҳси орази ӯ, ки нуқсони асосӣ, ё шояд бартарии асосиаш ҳамин қути кандагиаш буд, қоил нашуда наметавонист. Граф қаҳрамони воқеии Байрон буд ва ба Франс на фақат ӯро дидан, балки ақаллан ёдашро аз дил гузарондан кифоят буд, ки каллаи ваҳмангезашро дар сари дӯши Манфред ё дар зери кулоҳи Лара пеши назар оварад. Ҷабинаш пур аз чинҳо буданд, ки бозгӯи андешаҳои нохуши ҳамешагист; нигоҳи шуълавараш ба қаъри дили кас роҳ меёфт; лабҳои писхандзану ғурурмандаш ба ҳар он чи мегуфт, тобиши вежае медоданд, ки ба туфайли он суханонаш ба зеҳни шунаванда нақши носутурдание боқӣ мегузоштанд.
Синни граф ин дам, эҳтимол, ба чил расида буд, вале хеч кас шак намеовард, ки вай бар ҳар гуна ҳарифи ҷавонтаре роҷеҳ хоҳад омад. Ба замми шабоҳаташ бо қаҳрамонҳои тахайюлии шоири ингилис вай фатонату ҷозибаи беҳисоберо доро буд.
Албер беист аз тасодуфи саъде ба таъкид сухан меронд, ки аз баракаташ онҳо бо ин гуна шахсияти бебаҳое шиносо шудаанд. Франс нисбатан ботааммул буд, вале ӯ ҳам ба таассуроте дода мешуд, ки шахсияти барҷаста ҳамеша дар замири атрофиёнаш боқӣ мегузорад.
Вай онро ба ёд овард, ки граф чанд дафъа изҳори андеша карда буд, ки нияти Париж рафтан дорад ва шубҳае надошт, ки бо ин ӯъҷубакориҳояш, қиёфаи зоҳирии ба худ хосаш ва сарвати беҳисобаш ҳангомае бармеангезад он ҷо.
Лекин бо вуҷуди ҳамин Франс ҳеч гуна хоҳише эҳсос намекард, ки дар як вақт бо вай дар Париж пайдо шавад.
Шаб тарзе ба поён расид, ки одатан шабҳо дар театрҳои Итолиё ба поён мерасанд: тамошобинон ба ҷои он ки ба хониши актёрҳо гӯш диҳанд, ба нишеманҳои якдигар меҳмон мешуданд. Графиня Г. хост сӯҳбатро ба граф оид кунад, аммо Франс ба вай гуфт, ки хабари тозаи аз ин шавқовартаре дорад ва қатъи назар аз эътирози мунофиқвори Албер воқиаи фавқулъодаеро ба вай хабар дод, ки се рӯз ҳушу ёди ҷӯраҳо ба он банд буд.
Ин гуна саргузаштҳо, агар кас ба гапи сайёҳон бовар кунад, дар Итолиё чизи нодире нест – бинобар ин графиня ҳеч гуна изҳори тааҷҷуб накарду Алберро бо оғози муошиқате, ки эҳтимоли дилхоҳ анҷом ёфтан дошт, табрик гуфт.
Ҷавонмардҳо таъзими графиняро ба ҷо оварда, бо вай аҳд карданд, ки дар базми герсог Браччано вомӯранд, ба базме, ки тамоми Рим даъват шуда буд. Хотуни бунафшадода ба қавлаш устувор истод: на фардо, на пасфардои он рӯз аз худаш дарак надод.
Ниҳоят сешанбе фаро расид – охирин ва сершавқунтарин рӯзи карнавал. Дар ин сешанбе театрҳо аз саҳар, дар соати даҳ, кушода мешаванд, чун ки дар соати ҳашти бегоҳ савм-рӯза сар мешавад. Дар ин рӯзи сешанбе ҳамаи онҳое, ки аз норасоии пул, фурсат ё хоҳиш дар шукӯҳи ҷашн иштирок накардаанд, ба вакханалия – ҷашне, ки ба шарафи маъбуди шаробу тараб Вакх барпо шудааст, – ҳамроҳ мешаванд ва ба гашту гузор ва шавқуну дилхушии ҳамагонӣ ҳисса мегузоранд.
Аз соати ду то панҷ Франсу Албер дар силсилаи каретаю фойтунҳо давр заданд ва бо савораву пиёдаҳои рӯбарӯоянда ба сари якдигар мушт-мушт пулакчаҳои идона пошиданд; пиёдаҳо аз миёни пои аспону чархи аробаҳо бо чунон чолокие тохта мегузаштанд, ки сарфи назар аз тиқаю танбан ғайри қобили қиёс ягон нохушие, ягон хархашае, ягон занозание ба амал наомад. Аҳли Итолиё аз ин хусус аҷоиб мардумеанд. Ид барои онҳо – воқиан ид аст. Нигорандаи ин қисса, ки тақрибан шаш сол дар Итолиё иқомат кардааст, ёд надорад, ки ягон тантанае бо яке аз он рӯйдодҳое халалдор шуда бошад, ки бо ҷашнгириҳои мо ҳатман тавъаманд.
Албер либоси ширинкорон дар тан бино дошт; дар сари китфаш тасмаи гулобиранг, ки то ба зонуҳояш мерасид, парафшон буд. Барои он, ки иштибоҳ наяфтад, Франс пӯшоки аҳли деҳотро дар бар карда буд.
Ҳар қадаре, ки вақт ба бегоҳ наздик мерасид, ҳамон қадар садои ғалоғула баландтар мегардид. Дар рӯи роҳ, дар каретаҳо, дар пеши тирезаҳо даҳоне набуд, ки аз он садое берун наояд, дасте набуд, ки беҳаракат истода бошад; ин дар воқеъ тӯфони одамие буд, ки аз наъраи садоҳо, аз жолаи пулакчаҳо, ҳаббҳо, тухмҳои дарунашон пури орд, афлесуну гулҳо ба ҳам омада буд.
Дар соати се садоҳои тирпаронӣ, ки ҳамонзамон дар Пяттса-делПополо ва қасри Венетсияӣ баланд гардида буданд, ин ғалоғулаи бесару нӯгро базӯр пахш карданд ва сар шудани пойгаро эълом доданд.
Пойга ҳам ба мисоли мокколо аз ҷумлаи лавозимоти ҳатмии рӯзи охири карнавал буд. Баробари садои тирпаронӣ каретаву фойтунҳо дар як он аз силсила баромаданду дар наздиктарин кӯчаҳои паҳлуӣ тит шуданд.
Ин ҳама ҷойивазкуниҳо, дар омади гап бояд гуфт, бо ҷустиву суръати ҳайратафзое ба ҷо оварда мешаванд, агарчи политсия зарае парво надорад, ки ҷою самти ҳаракатро нишон диҳад.
Пиёдаҳо ба қасрҳо ҷафс шуданд, тапар-тупури суми аспону гурсгурси шофҳо ба гӯш расид.
Дастаи карабинёрҳо – жандармҳои савора дар ҳар қатор понздаҳкасӣ, ба тамоми паҳнои кӯча саф кашида, дар соҳати Корсо аспонашонро резачорпо пеш ронда, кӯчаро барои пойга тоза мекарданд. Даме ки даста то ба қасри Венетсияӣ рафта расид, садои нави тирпаронӣ холӣ будани кӯчаро эълом дод.
Дар айни ҳамин дақиқа дар зери наъраи гӯшкаркунанда бехудона, ба мисоли сояҳо, ҳашт аспи бо қийғоси сесад ҳазор тамошобину хоракҳои оҳании дар тахтапушташон дук-дук паранда рам хӯрда ба пеш тохтанд.
Андаке пас аз ҳамин аз қалъаи ҳазрати Ангел садои се дафъа аз тӯп тир холӣ кардан баромад – ин чунин маъно дошт, ки рақами сеюм дар пойга ғолиб омадааст.
Ҳамонзамонӣ, бе ҳеч гуна ишорати дигар, каретаву фойтунҳо аз тамоми кӯчаҳои шафат ба Корсо фурӯ рехтанд, мисле ки сойобҳои дақиқае таваққуфкарда якбора ба маҷрои аслиашон пеш тохта бошанду рӯди азиме дар миёни соҳилҳои хорониҳод аз аввала ҳам босуръаттар ҷорӣ гардида бошад.
Вале ин дам ба гирдоби мӯҳлик боз манбаи нави мағалу дӯлобӣ афзуда гардид: баққолони мокколо ба саҳна баромада буданд.
Мокколо ё мокколетто – ин шамъҳои мӯмие мебошанд, ки ғафсии мухталиф дошта, аз шамъҳои маросими пасха то бориктарин шамъакеро дар бар мегиранд; ба иштирокчиёни пардаи охирини карнавали Рим онҳо ду ташвиши мутақобил пеш меоваранд:
-
намонанд, ки мокколеттоашонро хомӯш кунанд;
-
мокколеттои дигаронро хомӯш кунанд.
Ба ин маъно мокколетто ба умр шабоҳат дорад; одам фақат як василаи супурдани онро ёфтааст, ки ҳамонро ҳам аз худованд гирифтааст. Лекин ҳазор василаи ботил кардани онро ёфтааст; дуруст аст, ки дар ин ҳол ба вай як дараҷа иблис мадад мерасонад.
Барои фурӯзон кардани мокколетто онро ба оташ наздик бурдан кофист.
Аммо ҳазор василаеро, ки барои хомӯш кардани мокколетто ихтироъ шудааст: дамҳои оҳангарии барзангӣ, шамъхомӯшкунакҳои азамат, бодбезакҳои ниҳоят калон – ин ҳамаро чӣ тавр тасвир метавон кард?
Мокколеттоҳо дар як дам ба фурӯш рафтанд. Франсу Албер ҳам аз дигарон ибрат гирифта мокколетто хариданд.
Шом зуд фаро расид ва дар зери нидои гӯшкотакунандаи ҳазорон баққол, ки «Мокколо!» гуфта наъра мекашиданд, – дар болои сари издиҳом аввалин ситораҳо фурӯзон шуданд. Ин ишорате гардид. Аз байн даҳ дақиқа нагузашта буд, ки ба қасри Венетсияӣ то Пяттса-дел-Пополо панҷоҳ ҳазор шамъ шаъшаъа дардоданд.
Ба мисле ки иди оташи аҷинаҳо бошад.
Ин манзараро дар доираи тасаввур гунҷондан мушкил буд.
Хаёл кунед, ки ҷамеи ситорагон аз осмон фуромаданду дар замин бехудона гирд гашта рақсидан доранд. Вале дар ҳаво чунон нидое, ки гӯши одамӣ дар саросари дигар хиттаи кураи арз нашнидааст.
Дар ин ҳин тамоми фарқиятҳои табақоти ҷомиа комилан аз байн мераванд. Факкино шоҳзодаро таъқиб мекунад, шоҳзода – транстевериро, транстеверӣ – тоҷирро; ва ҳами ин тоифа пуф мекунанд, шамъи якдигарро мекушанд, онҳо боз дармегиронанд. Агар дар ҳамин лаҳза Эоли бостон пайдо мешуд, вай шоҳи мокколоҳо бардошта мешуду Аквилон – шоҳзодаи вориси ӯ.
Ин оташҷанги беамон қариб ду соат давом кард; соҳати Корсо рӯз барин равшан буд; чеҳраи тамошобинонро дар дами тирезаҳои ошёнаи чоруму панҷум дидан мумкин буд.
Албер дар ҳар панҷ дақиқа ба соат менигарист; ниҳоят соат ҳафтро нишон дод.
Ҷӯраҳо айнан дар ҳамин вақт аз назди виа-деи-Понтефичи мегузаштанд. Албер мокколетто дар даст аз карета ҷаста фуромад.
Чанд ниқоб дар гирди ӯ давр гашта шамъро пуф мекарданд; аммо азбаски Албер боксёри чусту чолоке буд, вай онҳоро ягон даҳ қадам аз худаш дур андохта, тарафи калисои Сан-Ҷакомо тохт.
Айвончаи пеши калисо пур аз кунҷковону ниқобҳое буд, ки мутародиф саъй доштанд шамъи якдигарашонро аз даст кашида гиранд ё хомӯш кунанд. Франс чашм аз Албер намеканд ва дид, ки ӯ ба поғундаи якум баромад, қариб ки ҳамонзамонӣ ниқобе, ки пӯшоки ин қадар ошнои деҳотизанро дар бар дошт, даст дароз кард ва ин дафъа Албер бе муқобилат мокколетторо ба ӯ дод.
Франс аз ҳад дур буд, то суханонеро, ки миёни онҳо радду бадал шуд, бишнавад; лекин аз афташ, сӯҳбат дӯстона будааст, ки Алберту деҳотизан аз дасти якдигарашон дошта дур шуданд. Франс боз ягон дақиқа аз паси онҳо назар карда истод, аммо дере нагузашта аз мадди назар гум кард онҳоро.
Нохост садои ноқус баромад, ки поён ёфтани карнавалро эълом дод ва дар ҳамин сония, мисле ки чӯбдасти соҳире ба ҳаракат омада бошад, ҷамеи мокколеттҳо ба як бор фурӯмурданд, гӯё ки боди муқтадире бо як нафас онҳоро пуф карда бошад.
Франс ба оғӯши зулмат афтод.
Ҳамвора бо чароғон шавқун ҳам фурӯнишаст, мисле ки ҳамон вазиши бод садоҳоро ҳам аз байн бурда бошад. Фақат садои чархи аробаҳое ба гӯш мерасид, ки ниқобҳоро хона ба хона мебурданд; ягон-ягон чароғҳое ба назар мерасиданд, ки дар пеши тирезаҳо рӯшноӣ мекарданд.
Карнавал ба поён расида буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё