Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XV. КАРНАВАЛИ РИМ
Вақте ки Франс ба худ омад, дид ки Албери рангаш мурда барин кандагӣ об нӯшида истодааст, вале граф алакай дар тараддуди ба тан кардани пӯшоки ширинкор аст. Франс беихтиёр тарафи майдон назар андохт; гилотина, ҷаллодон, мақтул – ҳама ғайб зада буданд. Фақат издиҳоми серғалоғулаи ба шӯр омадаи вақтчоқ барҷой буд. Ноқуси Монте Читорио, ки фақат фавти папаю сар шудани карнавалро эълом медиҳад, бо садои баланд танинандозӣ дошт.
– Чӣ воқиа? – пурсид вай аз граф.
– Ҳеч гап не, чунон ки дида истодаед, ҳеч воқиае рӯй надодааст, – ҷавоб гардонд ӯ. – Фақат карнавал сар шуд. Зудтар либос пӯшед.!
– Аҷабо, – гуфт Франс, – ин даҳшат мисли хоб барҳам хӯрдааст.
– Охир ин хоб буду бас, – кобусе буд, ки дар хоб дида будедаш.
– Барои ман – ҳа; лекин барои мақтул чӣ?
– Барои ӯ ҳам; фақат вай ба хоби абад рафту шумо бедор шудед; ва кӣ метавонад бигӯяд, ки кадоме аз шумо хушбахттар аст?
– Лекин Пеппино куҷо шуд? – пурсид Франс. – Ҳолаш ба чӣ расид? – Пеппино бачаи бамулоҳиза, худпарастии барзиёд надорад; ба ҷои он ки аз ӯро фаромӯш карданашон биранҷад, вай аз маврид истифода бурда, ҳатто ба рӯҳониёни мӯҳтараме, ки то қатлгоҳ ҳамроҳӣ карда будандаш, изҳори миннатдорӣ накарда, дар миёни издиҳом ғайб зад. Ҳаққо ки инсон ҷонвари носипосу худбинест... Лекин либос пӯшед, тақсир, нигоҳ кунед, ҷӯраатон ба шумо ибрат нишон дода истодааст.
Дар воқеъ, Албер алакай шалвори атласро аз болои эзори сиёҳу попӯшҳои локӣ пӯшида буд.
– Хӯш читу, Албер, – пурсид Франс, – табъи масхарабозӣ доред? Фақат росташро гӯед.
– Не, надорам, – ҷавоб гардонд Албер, – лекин аслан ман хурсанд, ки дидам инро. Ман бо граф муттафиқам: агар боре кас дар худаш қудрате пайдо карда ба дидани ин гуна манзара тоб оварад, дар ниҳояти кор маълумаш мешудааст, ки ин ягона тамошои ба таассуроти амиқ бахшидан қодире будааст.
– Боз инашро гуфтан ҳоҷат надорад, ки фақат дар чунин дақиқаҳо одамонро шинохтан мумкин аст, – гуфт граф. – Дар аввалин зинаи қатлгоҳ марг ниқоберо, ки одам як умр ба рӯяш кашида мегашт, бармеканад ва он гоҳ чеҳраи воқеии ин одам намоён мешавад. Бояд иқрор кард, ки чеҳраи Андреа аз ҷумлаи чеҳраҳои дилкаше набуд... Чӣ хабисе!.. Либос пӯшед, ҷанобон, либос пӯшед!
Аз ҷониби Франс гӯлакак вонамуд кардани худашу ба шариконаш пайравӣ накардани ӯ хандаовар мебуд. Вай пӯшокро ба тан карду ниқобро ба рӯ кашид, ниқоберо, ки ҳаргиз на камтар аз рӯи худаш қуткандатар буд.
Ороиши сару танро анҷом дода, поён фуромаданд онҳо. Дами дар каретаи пур аз пулакчаҳои рангорангу гулдастаҳо нигарон буд онҳоро.
Шарикҳо дар қатори каретаву фойтунҳо ҷой ишғол карданд.
Ин қадар зуд якбора дигаргун шудани авзои оммаро тасаввур кардан муҳол аст. Ба ҷои манзараи ғамангезу сокити марг Пяттса-дел-Пополо тарабгоҳи пуршӯру шаафе пеш оварда буд. Ниқобҳо тӯда-тӯда аз ҳар тараф пайдо мешуданд, аз дарҳо тохта мебаромаданд, аз тирезаҳо ҷаста мефаромаданд; аз ҳама кӯчаҳо фойтуну каретаҳои дарунаш пур аз пйерову арлекину доминою маркизҳову транстевериҳову ширинкорону ритсарҳову аҳли деҳот берун меомаданд; ҳамаи онҳо дод мезаданд, дастафшонӣ мекарданд, тухмҳои дарунашон ордаи пулакча пур карда шудаву гулдаста ҳаво медоданд, ба худию бегона, шиносу ношинос ҳазлу шӯхӣ кардаву аския мепаронданд ва касе ҳақ надошт, ки биранҷад, – ба ҳамааш бо ханда ҷавоб мегардонданд.
Франсу Албер касонеро мемонданд, ки ба майкада овардаандашон, то қудурат аз дилашон бароварда шаваду ҳамин ки мастӣ ба ишон муставлӣ гардид, ҳис кунанд, ки гузаштаро ғубор фаро гирифта истодааст. Онҳо ҳанӯз дар ҳукми воқиаи навакак дидаашон буданд; вале майдамайда хушҳолии ҳамагон ба онҳо сироят мекард ва ба назарашон, ки ақлашон хира шудан дорад, онҳоро моил ба он мекунад, ки одаму оламро фаромӯш карда, ба ғалоғула, ба дӯлобӣ, ба ин тӯфони бехудӣ фурӯ раванд. Як каф пулакчае, ки аз каретаи ҳамшафат сӯи Морсер ҳаво дода шуд, ба сару рӯи Алберу ҳамсафаронаш фурӯ рехт, вай дар гардану қисми аз ниқоб берун мондаи рӯяш халише ҳис кард, мисле, ки садҳо сӯзанак ба сӯяш ҳаво дода бошанд; ин ӯро водор кард, ба набарди умум, ки ин дам ҷамеи ниқобҳои рӯбарӯзанандаашон ба он ҳамроҳ шуда буданд, дарпайвандад. Ӯ низ, мисли ҳама, даруни карета рост хесту бо тамоми қуввату чолокие, ки ба он даст дошт, дар навбати худ, ҳамсоягонашро тухмборон кардан гирифт.
Задухӯрди беамон сар шуд. Ёди он чи ним соат пеш дида буданд, аз зеҳни ҳар дуи ҷӯраҳо ба дараҷае сутурда шуд, ки гӯё ҳаргиз ба вуқӯъ напайваста буд. Манзараи рангубаранги лаҳза ба лаҳза тағйирёбандаи саргиҷкунандае, ки дар пеши назарашон сурат мегирифт, ҳар дуро биттамом ба худ кашид. Аммо граф Монте-Кристо бошад, чунон ки пеш аз ин гуфтем, ӯ дар тамоми муддати қатл ягон дақиқа солориро аз даст надода буд.
Кӯчаи дарози зебои Корсои аз канор то канораш бо қасру кӯшкҳои бошукӯҳ шерозабандӣ шударо ба хаёл оваред, ки дар ҷамеи балконҳояшон қолӣ овехташудаву дар ҷамеи тирезаҳояшон парда кашидагӣ; дар балконҳову дами тирезаҳояшон се ҳазор тамошобини римӣ, итолиёӣ, аҷнабие, ки аз тамоми гӯшаю канори олам омадаанд; омехтаи ҳама гуна табақаи аъён, – аъён аз рӯи хунашон, пулашон ва истеъдодашон; занҳои нозанине, ки саргари тамошои манзараи тасвирбоб, аз балконҳо хам шуда, аз тирезаҳо сар берун карда, ба сари раҳгузарҳо жолаи пулакчаҳоро фурӯ меборанду онҳо бо гулдастаҳо ҷавоб мегардонандашон; ҳаво аз жолаи фурӯборандаю гулҳои боло паранда пур аст, дар пиёдараҳаҳои кӯча – анбӯҳи мардуми бепарвофалаки ҳар гуна пӯшоки бесулуқай ба тан кардае: каллакарамҳои барзангии тафарруҷгар, говкаллаҳои бонгзанандаи дар пайкари одамӣ насбшуда, сагҳои ба ду по роҳрав; яке нохост, дар миёни ин ҳама харҷу мараҷ, дар зери ниқоби нимкушо, гӯё дар васвасаи ҳазрати Антоний бошад, ки ба хаёли Калло вонамуд шуда буд, чеҳраи дилрабои кадом-як Астартае липи пайдо мешавад, ки кас аз пасаш метозад, аммо ким-кадом аҷинаҳои серҷунбуҷул, аз қабили он аҷинаҳое, ки шабҳо ба хоби кас медароянд, сари роҳро мегиранд, – ин ҳамаро ба хаёл оваред ва шумо андаке тасаввур хоҳед кард, ки чӣ гуна чизе будааст карнавали Рим.
Баъд аз он ки ду маротиба шарикон аз Корсо гузар карданд, граф аз бозистодани каретаву фойтунҳо истифода бурда, аз ҳамроҳонаш изн пурсид, ки каретаро дар ихтиёри онҳо вогузошта аз наздашон биравад. Франс чашм боло карда нимаи қасри Росполиро дид. Дар пеши тирезаи сеюми пардааш сафеди салиби сурхдор пӯшоки осмониранги карнавалие ба назар мерасид, ки дар ин либос хаёлоти Франс як лаҳза нозаниндухтари ношиносеро пеши назар овард, ки дар театри Арҷентина дида буд.
– Ҷанобон, – гуфт граф аз карета баромада истода, – ҳар гоҳ актёр будан ба дилатон занаду ба тамошобин мубаддал шудан хоҳед, аз хотир набароред, ки ҷойгоҳе дами тирезаҳои ман нигарон аст шуморо; аммо то он вақт ба фойтунчию каретаю нӯкарони ман фармонравоӣ бикунед.
Мо фаромӯш кардаем бигӯем, ки фойтунчии граф худро хирси сиёҳ рост карда буд, айнан мисли Одрӣ дар «Хирс ва Пошо», вале нӯкаронаш, ки дар пушти карета рост меистоданд, либоси зарди маймун дар бар карда буданд; ба ниқобҳояшон фанар-пружина насб шуда буд, ки ба ёрии он тарафи раҳгузарҳо даҳон инҷ мекарданд.
Франс ба граф барои пешниҳоди илтифоткоронааш изҳори миннатдорӣ кард; вале Албер шуғлаш ҳамин буд, ки ба фойтуни ҳамшафаташон гул мепошид, фойтуне, ки дар он занҳои пурнозу назарбози либоси аҳли деҳот дар бар кардае нишаста буданд.
Мутаассифона сели каретаву фойтунҳо боз ба ҳаракат омад ва дар ҳоле ки сели аробаҳо ҷониби Пяттса-дел-Пополо равона шуд, фойтуни диққати Алберро ба худ кашида, тарафи қасри Венетсия рафт.
– Шумо дидед? – гуфт ӯ ба Франс.
– Чиро? – пурсид Франс.
– Ҳо он фойтуни дар болояш деҳотизанҳоро?
– Не.
– Афсӯс! Итминон дорам, ки онҳо занҳои дилрабое буданд.
– Ҳайфо, ки шумо ниқобпӯшед, – гуфт Франс, – охир барои баровардани қусури нобарориҳои ошиқонаатон ин бисёр мавриди қулай аст! – Умед қавист, ки карнавал қусурашро мебарорад, – ҷавоб гардонд Албер ба лаҳни ним шӯхию ним ҷиддӣ.
Сарфи назар аз умедвории Албер рӯз бе ягон рӯйдоди назаррасе поён ёфт, ба ғайр аз чанд бархӯрде бо ҳамон фойтун. Ҳангоми яке аз ҳамин бархӯрдҳо, тасодуфан буд ё не, банди ниқоби Албер кушода шуд.
Он гоҳ вай тамоми захираи боқӣ мондаи гулҳояшро чанг зада бардошту ба фойтун ҳаво дод.
Эҳтимол, яке аз занҳои дилрабо, ки Албер дар зери либоси озодаи аҳли деҳот ташхис дода буд, аз ин кори Албер мутаассир гардида ьошад; даме ки фойтун бори дигар бо каретаи ҷавонмардон баробар шуд, занак ҷонибашон як бандча бунафша ҳаво дод. Албер онро дошта гирифт. Азбаски Франс барои насиби худаш гумон бурдани гулдаста ҳеч далеле надошт, бинобар ин ба онро соҳибӣ кардани Албер ҳеч монеъ нашуд. Албер гулдастаро фотеҳвор ба сӯрохи тукмаи гиребонаш гузаронд ва карета мутантан ба роҳаш рафтан гирифт.
– Ана муошиқат ҳам сар шуд! – гуфт Франс.
– Чӣ қадаре ки дилатон хоҳад, хандидан гиред, – ҷавоб гардонд Албер, – лекин ман хаёл мекунам, ки ин воқиан ҳам чунин аст ва аз ин гулдаста дигар ҷудо намешавам ман.
– Набошад чӣ! – давом дод хандакунон Франс. – Вагарна якдигарро чӣ хел мешинохтетон?
Воқиан, ҳазл дере нагузашта ранги ҳақиқат гирифт, зеро, ҳангоме Франсу Албер бори дигар ба ҳамон фойтун вохӯранд, ниқобе, ки ҷониби Албер гулдаста ҳаво дода буд, гулдастаро ба сӯрохи тукмаи гиребонаш гузаронидаи ӯро дида, чапак зад.
– Офарин, офарин! – гуфт Франс. – Корҳо ванг шуда истодааст! Шояд, мехоста бошед, ки ман шуморо танҳо гузорам?
– Не, не, шитоб намекунем! Ман мехоҳам вай гумон барад, ки ба як ишорат маҳтал будаам ман. Агар даҳотизани нозанин бозиро идома доданӣ бошад, мо фардо меёбем ӯро, аниқтараш, худи вай меёбад маро; вай аз худаш дарак медиҳад, он гоҳ ман ба як қарор меоям, ки чӣ бояд кард.
– Офарин, Албер, шумо чун Нестор хирадманд ҳастеду чун Улисс фарзона; агар шуморо ба ягон ҷонваре мубаддал кардан ба Тсиртсейятон муяссар гардад, дар он сурат вай ё ниҳоят пурҳунар аст, ё бисёр муқтадир.
Албер ҳақ буд; нозанинони ношинос, зоҳиран, тасмим гирифта буданд имрӯз дигар ишвагарӣ накунанд; ҷавонмардҳо боз як-ду бор давр заданд, аммо фойтуни деҳотизанҳоро дигар надиданд; фойтун, эҳтимол, ба яке аз кӯчаҳои паҳлуӣ тоб хӯрда бошад.
Он гоҳ ҷавонмардҳо ба қасри Росполи баргаштанд, вале ин дам дар он ҷо на граф буду на пӯшоки осмониранги карнавалӣ; дар назди тирезаҳои пардаҳояшон зард ҳоло тамошобинон истода буданд, ки эҳтимол меҳмонони аз тарафи граф даъватшудае бошанд.
Дар ҳамин дақиқа ҳамон ноқусе, ки оғоз ёфтани карнавалро эълом дода буд, анҷом пазируфтанашро гӯшзад кард. Силсилаи фойтуну каретаҳои Корсо ҳамонзамонӣ гусехта шуд ва фойтуну каретаҳои бешумор дар як он ба кӯчаҳои паҳлӯӣ даромада нопадид гардиданд.
Франс ва Албер ин дам айнан дар рӯбарӯи виа-делле-Маратте буданд.
Фойтунчӣ ягон ҳарфе ба забон наёварда, ба хамгашти кӯча тоб хӯрду аз қасри Поли гузашта, ба Пяттса-ди-Спаня баромаду ба меҳмонсаро расид.
Устод Пастрини ба истиқболи меҳмононаш сари остона баромад.
Франс бе истиҳола аз ҳоли граф ҷӯё шуд ва изҳори афсӯс кард, ки сари вақт ба гирифта бурданаш омада натавонистанд; аммо Пастрини онҳоро хотирҷамъ карда, гуфт, ки граф Монте-Кристо барои худаш каретаи дигаре фармуда буд ва ҳамон карета барои гирифта оварданаш ба қасри Располи рафт. Ғайр аз ин ӯ ба соҳиби меҳмонсаро фармоиш карда будааст, калиди нишемани театри Арҷентинаи худашро ба ҷавонмардҳо диҳад.
Франс аз Албер дар бораи ин бегоҳ чӣ нақшае доштанаш суол кард, аммо Албер дар андешаи чӣ тавр амалӣ гардондани ким-кадом нақшае буд ва парвои театр надошт; ба ҷои он ки ба пурсиши Франс ҷавоб гардонад, вай ба устод Пастрини бо дархосте рӯ овард, ки оё вай барояш дарзие пайдо карда метавонад ё не.
– Дарзӣ? – пурсид соҳиби меҳмонсаро. – Барои чӣ?
– То ки барои мо то фардо пӯшоки аҳли деҳот бидӯзад.
Устод Пастрини калла ҷунбонд.
– Барои шумо то фардо ду даста пӯшок бидӯзад! – нидо зад ӯ. – Ана ин, ростӣ, боиси ранҷишатон нашавад, ҷанобони олиқадр, таманнои соф фаронсавист. Ду даста пӯшок! Э шумо дар тӯли як ҳафтаи карнавал ягон дарзиеро пайдо карда наметавонед, ки ба камзӯлчаатон нишондани шаш дона тукмаро ба уҳда бигирад, агарчи барои ҳар донааш якскудоӣ музд доданӣ шавед ҳам!
– Пас ба даст овардани ду даста чунин пӯшок имкон надорад?
– Барои чӣ? Тайёрашро ба даст овардан мумкин аст. Ин корро ба ман фармоед ва фардо саҳар, аз хоб бедор шуда, шумо як ғарам кулоҳ, нимтана ва шалворҳоеро хоҳед ёфт. Парво накунед, хушнуд хоҳед шуд.
– Дӯстам, – гуфт Франс ба Албер, – ба хоҷаамон умед мебандем, ин кас алакай ба исбот расонданд, ки одами ӯҳдабарое ҳастанд; биёед наҳор мехӯрему баъд рафта «Итолиёизан дар Алҷазоир»-ро гӯш мекунем.
– Бигузор чунин бошад, рафта «Итолиёизан дар Алҷазоир»-ро гӯш мекунем. – Лекин дар ёд дошта бошед, устод Пастрини, ки барои ман ва барои ҷӯраам, – давом дод ӯ, Франсро нишон дода, – пагоҳ дарёб кардани пӯшоке, ки аз шумо дархост кардем, ҷудо ҳам зарур аст.
Соҳиби меҳмонсаро бори дигар таъкид кард, ки ғам хӯрдани ҷанобони олиқадр ҳоҷат надорад ва ҳама корҳо ба муроди онҳо анҷом хоҳад ёфт; баъд аз ҳамин Франсу Албер ба манзилашон рафтанд, то пӯшоки ширинкориашонро аз тан бикашанд.
Албер бандчаи бунафшаашро эҳтиёткорона бурда дар як ҷои хилват монд; ин нишонае буд, ки аз рӯи он деҳотизани нозанин шинохта метавонисташ.
Ҷӯраҳо сари хони таом нишастанд; Албер бетардид ба фарқи назарраси атъимаи матбахи устод Пастринию ҳунари пазандагии таббохони граф Монте-Кристо эътибор дод. Франс ҳам, ки дар ҳаққи граф андак бадгумоние дошт, мебоист аз рӯи виҷдон иқрор кунад, ки ин қиёсгирӣ ҳаргиз ба фоидаи таббохони меҳмонсаро нест.
Даме ки ба онҳо ширавор оварданд, надим ҷӯё шуд, ки дар соати чанд ба ҷавонмардҳо карета лозим аст. Алберу Франс чӣ ҷавоб доданашонро надониста ба якдигар назар карданд. Нӯкар андешаи онҳоро пай бурд.
– Ҷаноби воломақом граф Монте-Кристо, – гуфт ӯ, – фармуда буданд, ки рӯзи дароз карета дар ихтиёри ҷанобонашон бошад. Ҷанобонашон метавонанд бе ҳеч гуна мулоҳиза истифода бурдан гиранд.
Ҷавонмардҳо қарор доданд аз илтифоткории граф баҳра бигиранд, онҳо фармуданд, ки каретаро омода созад ва худашон рафтанд либос бадал кунанд, зеро пӯшоки танашон дар чанд набарде, ки иштирок доштанд, андак чарчин шуда буд.
Либосашонро бадал карда, онҳо ба театр рафтанду дар нишемани граф ҷой гирифтанд.
Ҳангоми пардаи якум графиня Г. ба нишемани худаш даромад; вай аз ҳама пеш ба он сӯе нигарист, ки рӯзи гузашта граф нишаста буд ва Франсу Алберро дар нишемани ҳамон шахсе дид, ки вай худи дирӯз ба Франс дар боби ӯ андешаи ғалатиашро баён карда буд.
Дурбини графиня чунон баисрор тарафи Франс нигаронда шуда буд, ки вай ҳис кард, ҳамонзамонӣ қонеъ нагардондани кунҷковии ӯ сангдилӣ мебуд; бинобар ин, аз имтиёзи театрҳои итолиёӣ, ки иҷозат медод толори тамошо ба меҳмонхонаи худи кас табдил дода шавад, баҳра бардошта, ҷӯраҳо аз нишеман баромаданду рафтанд эҳтиромашонро ба графиня арз диҳанд.
Нав аз дар баромада буданд, ки графиня ҷои ифтихории паҳлуи худашро ба Франс пешниҳод кард.
Албер дар ақиби онҳо нишаст.
– Хӯш, – гуфт ӯ ба Франс, ки нав ба нишастан фурсат ёфта буд, – шумо, аз афташ, фурсатро аз даст надода, ба шинос шудани бо лорд Рутвени навбаромад шитобидаед ва ҳатто бо вай тарҳи дӯстӣ ҳам афкандаед-ку?
– Ин қадар зуд не, чунон ки шумо, графиня гумон мекунед, – ҷавоб гардонд Франс, – вале ба рад карданаш ҳад надорам, ки мо ҳамин рӯз, аз пагоҳ то бегоҳ, аз илтифоти ӯ баҳра бурдем.
– Як рӯзи дароз?
– Оре, маҳз як рӯзи дароз: пагоҳ дар манзилаш субҳона хӯрдем, рӯзона дар каретааш Корсоро давр задем, ин дам, бегоҳ дар нишеманаш нишастаем.
– Пас шумо бо вай шинос ҳастед?
– Мо аз ҳад хурдагир мебудем, графиня, агар ӯро дилкаш намешуморидем, – ҷавоб гардонд Албер. – Касе, ки агар мо бо вай даҳсола ҳаққи дӯстӣ медоштем, дар бобамон ончиро намекард, ки ӯ кард. Боз бо Ҳам ҳа ва ҳам не.
Ин чӣ маъно дорад?
Киссаи ин дароз.
Шумо ин қиссаро ба ман ҳикоят мекунед?
Ин шуморо ба ҳарос меорад.
Кани шунавем.
Сабр кунед, ақаллан, то фарҷоми парда.
Хуб шудаст, ман қиссаҳои анҷомёфтаро хуш дорам. Лекин ба ҳар кани ҳикоят кунед, чӣ тавр вохӯрдетон? Кӣ шинос кард шуморо? Ҳеч кас. Худи ӯ бо мо шинос шуд.
Кай?
Дина бегоҳ, баъди он ки мою шумо аз ҳам ҷудо шудем.
Ба чӣ тариқ?
Ба василаи корбудгарии аз ҳад зиёди соҳиби меҳмонсароямон.
Пас ӯ ҳам дар меҳмонсарои «Лондон» истиқомат доштааст-дия. Бале, ҳатто бо мо дар як сари зинапоя.
Чӣ ном дорад? Шумо номашро бояд донед.
Бадеҳист. Граф Монте-Кристо.
Ин чӣ хел ном? Ин номи авлодӣ не.
Не, ин номи ҷазираест, ки ӯ харидааст.
Ва граф аст ӯ?
Графи тосканӣ.
Хайр майлаш, ба инаш ҳам тоқат мекунем, – гуфт графиня, ки хуба яке аз қадимтарин дудмонҳои венетсияӣ мансуб буд. – Чӣ касест Аз виконт де Морсер бипурсед.
– Мешунавед, виконт, – гуфт графиня, – ба назди шумо равона карда чунон илтифоткорӣ, меҳрубонӣ ва ғамхорие ки! Ҷои шубҳае надорад, ки вай аз табақаи ашроф аст.
– Ана мебинед, – гуфт графиня, хандакунон, – вампири ман кадом-як нодидаи ба рӯз расидаест, ки мехоҳад миллионҳояшро ба ӯ даргузаранд, бинобар ҳамин ҳам кӯшиш дорад Лара намояд, то ӯро ба ҷаноби Ротшилд наомезанд. Лекин ӯро дидед шумо?
– Ӯяш кӣ? – пурсид Франс табассум намуда.
– Соҳибҷамоли юнонии дирӯзаро?
– Не. Садои барбаташро гӯё ки шунидем, вале худашро дидан натавонистем.
– Пардаи асрорро ғафс накунед, Франси азиз, – гуфт Албер. – Пироҳани осмониранги карнавалӣ пӯшидаи дами тирезае, ки пардаи сафед дошт, ба хаёлатон кӣ буд?
– Дар куҷо будааст ин тиреза? – пурсид графиня. – Дар қасри Росполи.
– Пас граф дар қасри Росполи тиреза дошт?
– Оре. Шумо дар Корсо будед?
– Албатта, будам.
– Хӯш шумо, шояд, ду тирезаи пардаҳояш зарду як тирезаи пардааш сафеди салибдорро пайхас карда бошед? Ин се тиреза ба граф тааллуқ дорад.
– Пас вай наввоби воқеӣ будааст! Оё медонед, ки сето ин гуна тиреза дар айёми карнавал чӣ қадар арзиш дорад ва боз дар қасри Росполи, дар беҳтарин ҷои Корсо?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё