Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
Ман мефаҳмам: ба шумо димоғчоқӣ андӯхтан лозим.
– Аз суханрониҳои Данглар ношукрӣ накунед, – гуфт Дебрэ. – Охир вай барои шумо раъй медиҳад, вай ҳам аз ҷумлаи мухолифин аст.
– Ана бадбахтӣ ҳам дар ҳамин–дия! Ман чашмам дар роҳ, ки кай шумо ӯро ба қасри Луксембург мефиристода бошетон он ҷо ҳарзагӯӣ кунад, ана он гоҳ аз таҳи дил кайф карда механдидам ман.
– Ба як дид маълум, ки дар Испаниё корҳо нағз ба роҳ монда шудаанд, – гуфт Албер ба Бошан. – Имрӯз шумо аз ҳад тундзабонед. Ба ёд оред, ки гап–гапи арӯсии ману мадмуазел Эжени Данглар дар забони хосу оми Париж. Охир аз рӯи виҷдон ба шумо изн дода наметавонам суханронии касеро мавриди тамасхур қарор диҳед, ки як рӯз не рӯз ба ман мегуфтагист: «Виконт, ба шумо маълум аст, ки ман ба маҳри духтарам ду миллион медиҳам».
– Ин арӯсӣ амри ношуданист, – сухани ӯро бурид Бошан. – Шоҳ тавонист ӯро барон кунад, метавонад пэр бардорад, аммо аз вай аъён сохта наметавонад. Граф де Морсер бошад, ба дараҷае аъёни баландпоя аст, ки ба хотири ду миллиони ҳақир ба ин хешутабории нангин тан диҳад. Виконт де Морсер фақат ба маркизае хонадор шуда метавонад.
– Ду миллион–а! Ин ба ҳар ҳол бад нест, – гашта гуфт Морсер.
– Ин сармояи саҳомии кадом як театри Гулгаштҳо ё шохаи роҳи оҳани аз боғи наботот то Рапэест.
– Ба гапи вай гӯш надиҳед, Морсер, – коҳилона лаб ба сухан кушод Дебрэ, – ба занӣ гиредаш. Охир шумоён тавъам бо халтаи пул никоҳ мешаветон. Хӯш чӣ фарқе дорад барои шумо! Бигзор як гербаш каму як сифраш зиёд бошад; дар герби шумо Хафто мерлетка, сетоашро ба занатон мебахшед, ба худатон боз чорто мемонад. Ин ба ҳар ҳол аз они герсог Гиз якта зиёд аст, вай бошад, қариб шоҳи Фаронса шуда буд ва амакбачааш императори Олмон буд.
– Оре, равед ки ҳақ ба ҷониби шумост, – ҷавоб гардонд, парешонхотир Албер.
– Набошад чӣ! Илова бар ин ҳар як миллионер асилзода аст ба мисоли валадуззино.
– Шш! Хомӯш истед, Дэбреэ; – гуфт, хандакунон, Бошан, – ана Шато–Рено омада истодааст, вай шамшери ҷаддаш Рено де Монтобанро ба шикаматон мехалонад, то шуморо аз хориқулъодагӣ берун оварад.
– Вай бо ҳамин эътиборашро паст мекунад, – ҷавоб гардонд Лусен, – зеро насаби ман хеле паст аст.
– Ана халос! – нидо зад Бошан. – Вазорат ба лаҳни Беранже ба нағмасароӣ даромад; ҷанобон, ба куҷо равонем мо!
– Ҷаноби де Шато–Рено! Ҷаноби Максимилиан Моррел! – ба арз расонд маҳрам.
– Пас, ҳама ҳозир! – гуфт Бошан. – Ва мо ба субҳона хӯрдан менишинем; охир, агар ман иштибоҳ накунам, мо боз ду каси дигарро нигарон будем, Албер?
– Моррел! – зери лаб гуфт ҳайрон шуда Албер. – Кӣ бошад ин Моррелаш?
Аммо вай фурсати гапашро ба охир расондан наёфта буд, ки ҷаноби де Шато–Рено, ҷавонмарди хушсурати ягон сисолаи аз сар то нохуни по аъён, яъне ба зоҳир Гишу ба хирад Мортемар, аз дасташ гирифт ӯро.
– Ба ман иҷозат диҳед, Албер, – гуфт ӯ, – капитани спагӣ Максимилиан Моррели дӯсту наҷотбахшамро ба шумо муаррифӣ бикунам. Воқиан, чунин шахсеро тавсия додан ҳоҷат надорад. Дуруд бигӯед қаҳрамони моро, виконт.
Ӯ як сӯ истоду ба ҷавонмарди қоматбаланду босалобати фаррохҷабини нигоҳаш зираконаву сияҳсиблате ҷой дод, ки хонандагони мо дар Марсел дар вазъияти ниҳоят фоҷиаборе дида буданд ӯро, то, мабодо, фаромӯш накарда бошандаш. Пӯшоки низомии хушдухти нимфаронсавию нимшарқии шинами танаш сари синаи фарохи музайян ба салиби Легиони фахрӣ ва миёни мавзунашро намоиш медод. Афсари ҷавон бо ҳусни одоб таъзим намуд. Ҳар як ҳаракати ӯ дил мерабуд, зеро тани пурқуввати обутобёфтае дошт.
– Ҷаноби Моррел, – бо чеҳраи кушод гуфт Албер, – барон Шато– Рено пешакӣ медонистааст, ки маро бо шумо шиносо карда, ба ман фараҳмандии хосе мебахшидааст; шумо дӯсти ин касед – умед ҳаст, ки дӯсти мо ҳам мешудагистед.
– Бисёр нағз, – гуфт Шато–Рено, – ва таманно бикунед, ки дар ҳолати зарурат ин кас ба шумо ҳам он кореро бикунад, ки ба ман карданд.
– Хӯш ин кас чӣ кор карданд? – пурсид Албер.
– Барон муболиға мекунанд, – гуфт Моррел, – ба ростӣ кирои ба забон гирифтан надорад!
– Чӣ тавр кирои ба забон гирифтан надоштааст? – хитоб кард Шато– Рено. – Ҷон кирои он надоштааст, ки кас дар борааш гап занад?.. Ба ростӣ, шумо ҷудо ҳам файласуфи зӯр будаед, Моррели азиз... Шумо аз он ин тавр гуфта метавонед, ки ҳар рӯз ҷонатон дар маърази хатар аст, лекин ман, ки тамоман тасодуфӣ ба ин вазъият афтода будам...
– Аз ҳамаи ин, барон, барои ман фақат як чиз маълум: ин, ки капитан Моррел ҷонатонро аз хатар раҳондааст.
– Оре, ҳамину бас, – гуфт Шато–Рено.
– Хӯш ин чӣ тавр рӯй дод? – пурсид Бошан.
– Бошан, дӯстам, дониста бошед, ки ман аз гуруснагӣ мурда истодаам! – нидо зад Дебрэ. – Ҳикоятҳои тӯлонӣ чӣ ҳоҷат.
– Э магар ман гуфтам, ки ба сари дастархон нанишинед?.. – гуфт Бошан. – Шато–Рено ҳамаашро дар сари дастархони субҳона ҳикоят мекунад.
– Ҷанобон, – гуфт Морсер, – дар назар дошта бошед, ҳозир нав аз даҳ понздаҳ дақиқа гузашт ва мо охирин меҳмонро интизорем.
– Оҳ, ҳа, дипломатро, – гуфт Дебрэ.
– Дипломат ё боз ягон чизи дигар, ин ба ман маълум нест. Фақат медонам, иҷрои супоришеро аз вай умед доштам, чунон дилхоҳ ба ҷо овард, ки агар шоҳ мебудам, бо тамоми орденҳоям сарфароз мекардамаш, ҳатто агар дар ихтиёри ман ҳамзамон Пӯсти Тиллову низ Овеза мебуд ҳам, дареғ намедоштам.
– Ин тавр бошад, модом ки ҳоло ба сари дастархон намешиштаем, – гуфт Дебрэ, – мисли мо ба худатон як қадаҳ херес гардонеду қиссаатонро ба мо ривоят кунед, барон.
– Ҳамаи шумо медонед, ки ба қарибӣ ҳавои сафари Африқо ба сари ман зада буд.
– Ин ҷодаест, ки гузаштагони мо ба шумо намудаанд, Шато–Ренои азиз, – бо илтифот лаб монд Морсер.
– Бале, лекин гумон аст, ки шумо мисли ишон ин ҷодаро баҳри раҳонидани марқади парвардигорӣ пеш гирифта бошед.
– Гапатон ҳақ, Бошан, – гуфт ҷавони аъён, – ман ҳамту хостам, аз рӯи ҳавас аз туфангча каме тирпаронӣ кунам. Чунон ки ба шумо маълум аст, ман аз он даме ки ду нафар секунданти маҳз барои хобондани муноқиша интихоб кардаам, водоштанд, ки дасти яке аз беҳтарин дӯстонамро... – Франс д Пинеи бечора, ҳамаатон мешиносетон ӯро – майда кардам, тоқати дуэл надорам.
– Эҳ. ҳа, дуруст, – гуфт Дебрэ, – шумо як вақте бо вай набард карда будед... Лекин аз барои чӣ буд?
– Кушед ҳам ҳеҷ чизро дар ёд надорам, – ҷавоб гардонд Шато–Рено. – Лекин инашро нағз дар хотир дорам, ки бо нияти навъе карда қобилиятамро зоҳир намудан дар ин соҳа, ман қарор додам туфангчаҳои навамро, ки навакак ба ман тӯҳфа карда буданд, ба тани арабҳо бисанҷам. Бино бар ин роҳи Оранро пеш гирифтам, аз Оран то Константина рафтам ва ҳине ба он ҷо расидам, ки муҳосираро бардошта буданд. Ман ҳамроҳи дигарон ба ақибнишинӣ кардан даромадам. Ду шабонарӯз ман як навъ карда рӯзона ба борону шабона ба барф тоб овардам; аммо субҳи рӯзи сеюм аспам аз сармо бимурд: ҷонвари бечора ба ҷулу ба тавилаи гарм одат карда буд... Ин аспи тозӣ буд, аммо ватанашро, ки дар Арабистони сармояш даҳдараҷагӣ пеш омада буд, нашинохт.
– Ҳа, ана барои чӣ шумо таковари ингилисии маро харидорӣ карданӣ будаед, – гуфт Дебрэ. – Шумо умед доред, ки вай аз аспи тозии шумо беҳтар ба сармо тоб меовардагист.
– Шумо иштибоҳ мекунед, ман савганд ёд кардаам дигар ҳеҷ гоҳ ба Африқо наравам.
– Ҳамин қадар битарсидед шумо? – пурсид Бошан.
– Ҳа, иқрор мекунам, – ҷавоб гардонд Шато–Рено, – ва тарсам ҷой дошт! Ҳамин тавр аспам бимурд; ман пиёда ба роҳ афтодам; шаш араб тарафам ба ҳукм асп ронданд, то сарам аз тан ҷудо кунанд; дутояшро бо туфангҳо парондам, – дутояшро – аз рӯбарӯ бо туфангчаҳо, аммо боз дутои дигар монда буданд, вале ман силоҳ надоштам. Як нафараш ба мӯи сарам чанг зад, ана барои чӣ ман ин дам мӯямро чунон кӯтоҳ қайчӣ мезанонам: кӣ медонад, чӣ метавонад пеш ояд, – вале дигараш шофашро ба гарданам ҷафс кард ва ман ин дам сардии пуразияти пӯлодро эҳсос кардам, ки нохост мана ҳамин ҷаноб, дар навбати худ, ба онҳо ҳамла оварда, бо тири туфангча онеашро бикушт, ки аз мӯи сарам дошта меистод ва онеашро сар зад, ки гулӯи маро бо шоф буриданӣ буд. Ин кас ҳамон рӯз халос кардани ҷони ягон касро ба худ вазифа гирифта будаанд; ҳукми қазо ин будааст, ки он кас ман бошам; ҳар гоҳ ман сарватманд шавам, ба Клагман ё Марокетти сохтани ҳайкали Қазоро мефармоям.
– Ин воқиа панҷуми сентябр рӯй дод, – гуфт Моррел, табассум карда, – дар рӯзи яксолагии ҳамон санае, ки падарам ба як тарзи мӯъҷизаосо наҷот ёфта буд; ва ҳар сол, алоқадри қудрат, ман саъй мекунам ин рӯзро бо ягон амале хотирнишон бикунаму...
– Қаҳрамонона як коре, ҳамин тавр не? – сухани ӯро бурид Шато– Рено. – Хуллас, бахтам тофт, лекин бо ҳамин тамом не. Баъд аз он ки ин кас маро аз кушта шудан наҷот дод, аз сармо ҳам раҳо кард, на он тавре, ки ҳазрати Мартин карда буд, нисфи борониашро дода, балки боронии худро пурра ба ихтиёри ман гузошт; баъд аз гуруснагӣ ҳам раҳонд, бо ман баҳам дида... кани ёбед чиро?
– Паштети Феликсро?
– Не, аспи худашро, ки аз он ҳар кадоми мо бо иштиҳои тамом яктиккагӣ хӯрдем; ин осон коре набуд!
– Хӯрдани як тикка гӯшти асп? – пурсид хандакунон Морсер.
– Не, ба чунин қурбонӣ тан додан, – ҷавоб гардонд Шато–Рено. – Аз Дебрэ бипурсед чи, оё таковари ингилисиашро барои каси ношиносе қурбон мекунад ё не?
– Барои каси ношинос – не, – гуфт Дебрэ, – аммо барои дӯст – шояд.
– Пешакӣ аз дилам гузашта буд, ки шумо бо ман дӯст мешавед, барон, – гуфт Моррел. – Ғайр аз ин, чунон ки пеш аз ин шарафёб шуда будам ба шумо бигӯям, инро қаҳрамонӣ мегӯед ё қурбонӣ, аммо ҳамон рӯз ман қусури тобиши бахтро, ки ба рӯи мо хандида буд, бояд мебаровардам.
– Воқиан, ки Моррел ба он ишорат кард, – давом дод суханашро Шато–Рено, – ниҳоят ҳайратангез аст ва ҳар гоҳ, ки бо ин кас аз наздиктар шинос шудед, худаш ягон дафъа ҳикоят мекунад; ҳоло бошад, ёддоштгӯӣ кифоят, биёед ба доди шикамҳо бирасем. Соати чанд мо субҳона мехӯрем, Албер?
– Соати даҳу ним.
– Аниқ аст? – пурсид Дебрэ, соаташро бароварда.
– Шумо ба ман боз панҷ дақиқаи имтиёзӣ мебахшидагистетон, – гуфт Морсер, – охир ман ҳам наҷотбахшро нигаронам.
– Наҷотбахши киро?
– Наҷотбахши худамро, ҷин занад, – ҷавоб гардонд Морсер. – Ё ба гумони шумо маро аз ягон чиз наҷот бахшидан мумкин нест, чун ҳар каси дигар ва танҳо арабҳо ба сарбурӣ қодир астанд? Субҳонаи мо– субҳонаи башардӯстона аст ва дар сари дастархони мо, умед дорам, ду нафар хайрхоҳи инсоният хоҳанд нишаст.
– Чӣ бояд кард? – гуфт Дебрэ. – Мо охир фақат якто ҷоизаи Монтион дорем–ку?
– Хайр чӣ, онро ба касе месупоранд, ки коре накардааст, то барои дарёфташ мустаҳиқ бишавад, – гуфт Бошан. – Одатан Академия аз вазъияти ногувор ба ҳамин тариқ берун меояд.
– Хӯш наҷотбахши шумо аз куҷо пайдо мешавад? – пурсид Дебрэ. – Барои исроркорӣ маъзарат мехоҳам; ёд дорам, шумо як дафъа ба ман ҷавоб додед, вале чунон норавшан буд, ки бори дигар пурсиданро ба худам эб дидам.
– Росташро гӯям, худам ҳам намедонам, – ҷавоб гардонд Албер, – се моҳ пеш аз ин, даме ки ман ӯро даъват карда будам, дар Рим буд; вале кӣ гуфтан метавонад, дар ин муддат дар куҷоҳое ки будааст?
– Ва шумо гумон доред, ки ба дақиқкорӣ қодир аст? – пурсид Дебрэ. – Ман гумон мекунам, ки вай ба ҳар кор қодир аст.
– Дар назар дошта бошед, ки ҳатто якҷоя бо панҷ дақиқаи имтиёзӣ барои нигарон шудан даҳ дақиқа боқӣ монд.
– Хӯш ман аз ҳамин фурсат истифода бурда дар бораи меҳмонам ба шумо ҳикоят мекунам.
– Бубахшед, – гуфт Бошан, – оё аз ҳикояти шумо фелйетон сохтан имкон дорад?
– Имкон ҳам гап, – ҷавоб гардонд Морсер, – фелйетони ниҳоят ғалатие сохтан мумкин.
– Ин тавр бошад, ҳикоят кунед; модом ки фурсати ба Маҷлис рафтан намеёбам, ақаллан бо ягон чиз қусурашро барорам.
– Ман ҳини карнавали охирин дар Рим будам.
– Инро медонем мо, – бурид сухани ӯро Бошан.
– Оре, вале инашро намедонед, ки роҳзанон маро дуздида буданд.
– Роҳзанон вуҷуд надоранд, – гӯшрас кард Дебрэ.
– Не, ҳастанд, вуҷуд доранд ва боз чӣ хел даҳшатбор, ман гуфтанӣ ҳастам, ки – дилрабо. Онҳо ба назарам аз ҳад зиёд хушсурат намуданд. – Гӯш кунед, Албери азиз, – гуфт Дебрэ, – иқрор кунед, ки таббохи шумо корро ба таъхир андохт, зеро садафак ҳоло аз Марена ё Остенде оварда нашудааст ва шумо аз хонуми де Ментенон ибрат гирифта мехоҳед ба ҷои ғизо афсона пеш оваред. Хайр иқрор кунед, мо аз одоб бенасиб нестем ва шуморо маоф медорему саргузаштатонро, ҳар қадар тахайюлӣ бошад ҳам, гӯш карда мешинем.
– Лекин ман ба шумо мегӯям, ки тахайюлӣ намояд ҳам, аз аввал то ба охир ҳама рост аст. Хӯш ки бошад, роҳзанон маро асир гирифтанд ва ба як ҷои ниҳоят ноқулае бурданд, ки дахмаи Сен–Себястяно ном дорад.
– Ман ин ҷоро медонам, – гуфт Шато–Рено, – ман он ҷо қариб буд, ки ба табларза гирифтор шавам.
– Ман бошам, воқиан ҳам гирифтор шудам, – давом дод суханашро Албер. – Ба ман изҳор доштанд, ки дар асоратам ва маро фидия додан зарур аст – кирои гап не, чор ҳазор пиастри римӣ, бисту шаш ҳазор ливри турӣ. Мутаассифона дар кисаи ман фақат яку ним ҳазор боқӣ монда буд, сафари ман ба поён мерасид ва маблағ адо шуда буд. Ман ба Франс нома навиштам... Ҳа, воқиан франс дар сари ин рӯйдод ҳозир буд ва шумо метавонед аз ӯ бипурсед, ки ақаллан ягон ҳарфе аз худам бофтаам ё не. Ман ба вай навиштам, ки агар то соати шаши субҳ чор ҳазор пиастр наоварад, дар соати шашу даҳ дақиқа ман ба силки қудсиёни саодатманду риёзатиёни номвар дармепайвандам. Бовар бикунед, ки Луиҷӣ Вампа – чунин меномиданд саркардаи роҳзанонро–ваъдаашро бе қилу қол ба ҷо меовард.
– Лекин Франс чор ҳазор пиастрро овардагист? – гуфт Шато–Рено. – Набошад чӣ! Ба даст овардани чор ҳазор пиастр мушкилие надорад, агар кас Франс д Эпине ё Албер де Морсер ном дошта бошад.
– Не, вай ҳамту бо ҳамроҳии ҳамин меҳмоне омад, ки аз хусусаш сухан меронам ва умед дорам ба шумо муррифиаш бикунам.
– Хӯш ин ҷаноб – Геркулеси Какро кушта ё Персеи Андромедаро озодкарда будагист?
– Не, вай ҳам қаду басти ман.
– Сар то по мусаллаҳ?
– Ҳамроҳаш сӯзани ҷуллоҳӣ ҳам надошт.
– Лекин маблағи фидияро бипардохт?
– Вай дар гӯши саркарда ду даҳан гап гуфт ва маро озод карданд.
– Дар пешаш ҳатто узрхоҳӣ карданд, ки туро боздоштаанд, – барафзуд Бошан.
– Маҳз ҳамин тавр карданд, – тасдиқ кард Албер. – Мабодо Ариосто нест–ку вай?
– Не, ҳамту граф Монте-Кристо.
– Ин гуна номе вуҷуд надорад, – гуфт Дебрэ.
– Ба фикри ман ҳам, – барафзуд Шато–Рено бо итминони шахсе, ки тамоми насабномаҳои Аврупоро аз ёд медонад, – кадом як граф МонтеКристоро кӣ шунидааст.
– Шояд зодгоҳаш замини Муқаддас бошад, – гуфт Бошан, – эҳтимол яке аз гузаштагонаш соҳиби Голгофа бошад, чун Мортемара, ки молики Баҳри мурда буд.
– Бубахшед, ҷанобон, – гуфт Максимилиан, – лекин ба хаёлам ман шуморо аз ин мушкилӣ бароварда метавонам. Монте-Кристо – ҷазираест, ки маллоҳони дар хидмати падарам буда бисёр вақт аз хусусаш сухан меронанд; регрезаест дар баҳри Миёназамин, ҷазираест дар фазои бепоён.
– Тамоман ҳақ гапатон, – гуфт Албер, – ва касе, ки ман аз бобаш ба шумо ҳикоят карда истодаам, – хоҷаву фармонравои ҳамин регреза, ҳамин ҷазира аст. Ӯ, зоҳиран, рутбаи графиро дар тарафҳои Тоскана харидааст.
– Пас графи шумо сарватманд аст?
– Ба гумонам, сарватманд.
– Охир ин аз намудаш маълум будагист?
– Иштибоҳ мекунед, Дебрэ.
– Шуморо нафаҳмида истодаам.
– Шумо «Ҳазору як шаб»-ро хондаед?
– Чӣ суолест ин?
– Оё кас гуфта метавонад, ки он ҷо кист дар пешеш–бадавлате ё бенавое? Чӣ доранд онҳо: донаи гандум ё лаълу алмос? Ба хаёлатон моҳигири қашшоқанд ва нохост ба ягон ғори пурасроре медароранд шуморо–ва дар рӯбарӯятон ганҷе мебинед, ки дар баҳояш кулли Ҳиндустонро харидан мумкин.
– Хайр чӣ шудаст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё