Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳамин, ки граф Монте-Кристои ман яке аз ҳамон моҳигирон; номаш ҳам аз ҳамон ҷост. Синдбоди Дарёгард меномандаш, ӯ ҳам ғори пур аз тилло дорад.

– Хайр, худи шумо, Морсер, дидаед он ғорро? – пурсид Бошан.

– Ман – не, лекин Франс дидааст. Аммо ҳушёр бошед, аз ин хусус дар ҳузури вай дам назанед! Франсро ба чашми баста ба он ҷо даровардаанд, ба вай гунгҳову занҳо хидмат кардаанд, ҳамин хел занҳое, ки дар пешашон Клеопатра духтараки оддие будааст. Воқиан, аз ваҷҳи занҳо худи Франс чандон дилпур нест, зеро онҳо фақат баъди ҳашиш истеъмол карданаш пайдо шуда будаанд: бинобар ин, шояд, ягон муҷассамаеро зан пин дошта бошад.

Ҷавонмардҳо ба Морсер менигаристанду аз чашмонашон маълум буд, ки ба дил мегуфтанд: «Ақлатро хӯрдаӣ ё моро аҳмақ мекунӣ?»

– Дарвоқеъ, – андешамандона гуфт Моррел, – ман аз Пенелон ном маллоҳи солхӯрдае ба гуфтаҳои ҷаноби де Морсер монанд ким–чие шунидаам.

– Ман бисёр хурсандам, ки ҷаноби Моррел маро тарафдорӣ мекунанд, – гуфт Албер. – Маълум ки кӯшиши гапи маро ҳақ баровардани ин кас ба шумо маъқул не барин?»

– Бубахшед, дӯсти азиз, – гуфт Дебрэ, – лекин шумо ҳамин хел чизҳои аз ақл берун ҳикоят карда истодаед, ки...

– Аз ақл берун барои шумо, чун ки фиристодаву консулҳоятон ба шумо аз ин хусус чизе наменависанд: онҳо фурсат надоранд, онҳо саргарми ба ҳамватанони мусофирашон ситам кардананд.

– Мана шумо, лекин, хашм гирифтед ва ба намояндаҳои бечораи мо ҳуҷум карда истодаед. Набошад чӣ хел онҳо манфиатҳои шуморо ҳимоят карда метавонанд? Маҷлис доимо маоши онҳоро мебурад; кор ба ҷое расидааст, ки ба ин вазифаҳо дигар талабгор ёфт намешавад. Майли сафир шудан доред, Албер? ман шуморо ба Қустантания таъйин мекунонам.

– Ҳаминаш кам буд! То ки султон андаке тарафи Муҳаммад–алиро, ки гирифтам, ба ман танобча фиристонаду дабирони худам маро ҳаф андозанд!.

– Ана дидед, – гуфт Дебрэ.

– Ҳа, лекин, сарфи назар аз ҳамаи ин, граф Монте-Кристои ман вуҷуд дорад...

– Ҳама дар олам вуҷуд доранд! Ёфтед аҷобатро!

– Ҳама вуҷуд доранд, албатта, вале на ҳама ғуломони сиёҳпӯсту нигористонҳои шоҳона, аслиҳаи музейбоб, аспони арзишашон шашҳазорфранкӣ, канизакони юнонӣ доранд.

– Шумо худашро дидед, ҳамон канизаки юнониро?

– Оре,ҳам дидам, ҳам овозашро шунидам; дар театри Валле худашро дидам ва даме ки дар манзили граф субҳона мехӯрдам, овозашро шунидам.

– Пас ин одами ғайри муқаррарии шумо ғизо ҳам мехӯрдааст–дия?

– Рости гап чунон кам мехӯрад, ки кирои аз ин хусус гап задан ҳам нест.

– Ҳоло мебинед, вампир мебарояд вай.

– Дилатон хоҳад, ханда кунед, лекин айни ҳаминро графиня Г. ҳам гуфта буд, чунон ки ба шумо маълум аст, графиня лорд Рутвенро мешинохт.

– Табрик мегӯям. Албер, ин барои касе, ки ба рӯзноманигорӣ машғул нест, бисёр хуб аст, – хитоб кард Бошан. – Ба мори баҳрии овозадори дар «Машрутапараст» («Конститутсионалист») дарҷ гардида рост меояд. Вампир–бисёр кори калон!

– Чашмонаш сурхчаи мардумакаш ба хости худаш гоҳ тангу гоҳ васеъшаванда, – ба забон овард Дебрэ, – уқоббинӣ, ҷабини фарохи калон, дар рӯяш ягон қатра хун не, ришчаи сип–сиёҳ, дандонҳояш ҷилодори тез, рафтораш низ инчунин.

– Айнан ҳамин тавр, Лусен, – гуфт Морсер, – тамоми аломатҳо биайниҳӣ рост меоянд. Оре, рафтораш тезу тунд ва ҳарфаш нешдор. Дар муошират бо ин кас муттасил пӯсти баданам ваҷаррос мезад; ва як дафъа, даме ки ҳамроҳ қатлро тамошо мекардем, ман гумон кардам, ки аз ҳуш меравам, на чандон аз муомилаи ҷаллоду наъраҳои шахси маҳкуми қатл, балки аз ваҷоҳати графу хунсардона ҳикоят карданаш роҷеъ ба тарзҳои мухталифи ба қатл расонда шудани маҳкумшудагон.

– Оё шуморо ба харобаҳои Колизей набурда буд, то хунатонро бимакад, Морсер? – пурсид Бошан.

– Ва даме ки раҳо мекард, оё шуморо ба кадом–як пергаменти оташкуне имзо кардан нафармуд, ки ба мисоли Исави нахустписар ҷонатонро месупоред ба вай?

– Хандидан гиред, хандидан гиред, табъи дил бихандед, – гуфт Морсер, андаке ранҷида. – Даме ки ман ба шумо, парижиҳои нозанин, ҳамешаҳозирони кӯчабоғи Гант, сайругашткунандагони ҷангали Булон менигараму он одамро ба ёд меоварам, дар он сурат, рости гап, аз дилам мегузарад, ки мо мардуми гуногунтоифа будаем.

– Ва ман фахр мекунам бо ин! – гуфт Бошан.

– Ба ҳар ҳол, – илова кард Шато–Рено, – граф Монте-Кристои шумо дар лаҳзаҳои фароғат одами хеле хуб будааст, агар, албатта, кас нағмаҳояшро бо роҳзанони итолиёӣ ба ҳисоб нагирад.

– Ҳеҷ гуна роҳзанони итолиёӣ вуҷуд надоранд! – гуфт Дебрэ.

– Вампирҳо ҳам вуҷуд надоранд! – тарафдорӣ кард Бошан.

– Граф Монте-Кристо ҳам вуҷуд надорад, – давом дод суханашро Дебрэ. – Мешунавед, Албер: соат занги даҳу нимро мезанад.

– Иқрор кунед, ки хоби даҳшатборе дидаед ва рафтем, субҳона мехӯрем, – гуфт Бошан.

Аммо ҳанӯз танини занги соати деворӣ фурӯ нанишаста буд, ки дар боз гардиду Жермен ба арз расонд:

– Ҷаноби воломақоми граф Монте-Кристо!

Ҷамеи ҳозирон беихтиёр як қад париданд ва бо ҳамин ошкор карданд, ки то кадом дараҷа ҳикояти Морсер ба руҳи онҳо таъсир расондааст. Худи Албер ҳаяҷони ногаҳониашро фурӯ нишонда наметавонист.

Ҳеҷ кас на садои каретаро шунида буд, на шарфаи поеро дар даҳлез; ҳатто дар бесадо боз гардида буд.

Дар сари остона граф пайдо шуд; вай бисёр сода либос пӯшида буд, вале ҳатто чашми сахтгире ҳам дар пӯшоки ӯ андаке айб ёфта наметавонист. Ҳамааш созгори нозуктарин салиқа буд, ҳама чизаш – ҳам либоси рӯ, ҳам кулоҳ, ҳам либоси тагаш – ба дасти ҳунармандтарин таъмингароне муҳайё гардида буд.

Синнаш дар назар аз сию панҷ болотар набуд ва махсусан шабоҳаташ бо чеҳрае, ки Дебрэ тасвир карда буд, ҳамаро моту мабҳут кард.

Граф, табассумкунон, рост тарафи Албер рафт, ки ба истиқболи ӯ бархоста буд ва гарму ҷӯшон дасташро бифишурд.

– Аниқкорӣ – одоби шоҳон, тавре ки мегӯяд, то он ҷо, ки ба ман маълум аст, яке аз подшоҳони шумо, – гуфт Монте-Кристо, – аммо аҳли сафар, ҳарчанд саъй кунанд ҳам, на ҳамеша ин қоидаро риоя карда метавонанд. Бо вуҷуди ҳамин, виконти азиз, ман умед дорам, ки аз самими қалб саъй ба аниқкорӣ доштани маро ба инобат гирифта, шумо он ду ё се сонияи таъхир карданро, ки ба хаёлам аз тарафи ман ба ҳар ҳол содир шуд, бар ман мебахшоед. панҷсад лёро на ҳамеша бе мамоният метавон тай кард, хусусан дар Фаронса, ки, мегӯянд, кӯфтани фойтунчиҳо манъ будааст.

– Граф, – ҷавоб гардонд Албер, – ман ҳам навакак эҳтимоли расидани шуморо ба дӯстонам, ки ба муносибати ваъдаи илтифоткоронаи меҳмони ман шуданатон ин ҷо даъват карда будам, хабар додам. Иҷозат фармоед, инҳоро ба шумо муаррифӣ кунам: граф Шато–Рено, ки нисбати дворянии хонадонаш ба пэрии дувоздаҳум мерасад ва гузаштагонашон ба гирди мизи Мудаввар менишастанд; ҷаноби Лусен Дебрэ – дабири вежаи вазири умури дохила; ҷаноби Бошан – рӯзноманигори хатарнок, – офати ҳукумати Фаронса; ин кас дар ватани худ хеле машҳур аст, аммо шумо, дар Итолиё, эҳтимол, ҳаргиз номашонро нашунида бошед, зеро дар он ҷо рӯзномаи ин кас мамнӯъ аст; ниҳоят, ҷаноби Максимилиан Моррел – капитани спаги.

Ҳангоми ба забон омадани ин ном граф, ки ба ҳама ниҳоят эҳтиромкорона, вале соф бо тамкину хунсардии инглисӣ таъзим менамуд, беихтиёр қадаме пеш рафт ва дар рухсораҳои рангпаридааш ба мисоли ламъаи барқ андак сурхие пайдо шуд.

– Шумо пӯшоки низомии фаронсавии фотеҳро дар бар доред, – гуфт ӯ ба Моррел. – Ин пӯшоки бисёр зебост.

Гуфтан душвор буд, ки чӣ эҳсосе ба овози граф чунин хушоҳангии гӯшнавоз бахшидаасту гӯё ки ғайри ихтиёраш ба чашмони ӯ нуру сафо илқо кардааст, нуру сафое, ки ҳеҷ чиз тира карда наметавонисташ.

– Шумо африқоиҳои моро магар ҳеҷ гоҳ надидаед? – пурсид Албер. – Ҳеҷ гоҳ, – ҷавоб гардонд граф боз худашро ба даст гирифта.

– Дар зери ин пӯшок яке аз наҷибтарину ҷасоратмандтарин дилҳои артиши мо тапидан дорад.

– Ҳай виконт! – сухани ӯро бурид Морсел.

– Монед гапамро тамом кунам, капитан... Ва мо ҳамин ҳоло – давом дод суханашро Албер, – аз чунин як рафтори қаҳрамонвори ҷаноби Моррел хабар ёфтем, ки, агар чи ман имрӯз ин касро бори аввал дар умрам дида истодаам, аз ишон изн мехоҳам, ба шумо, граф, чун дӯсти худам муаррифӣ бикунам ин касро.

Ва ҳини ба забон омадани ин суханон нигоҳи ноҷунбони аҷиб, сурхии яклаҳзагии рухсор ва саҳл–саҳл ларзидани мижагон боз ҳаяҷони Монте-Кристоро фош кард.

– Ҳамту–я! – гуфт ӯ. – Пас, капитан одами наҷиб будаанд. Боз беҳтар!

Ин нидо, ки ғолибан ҷавобгӯӣ ибрози андешаи худи граф буд, на ин ки таассуроташ аз суханони Албер, ба назари ҳама ғалатӣ намуд, хусусан ба Моррел, ки бо тааҷҷуб ба Монте-Кристо назар мекард. Вале дар айни замон ин суханон ба дараҷае малеҳ ва ҳатто бамеҳр ифода гардида буданд, ки сарфи назар аз ҳама ғалатӣ намудани нидои ӯ ғайри имкон буд, ки касе аз ӯ биранҷад.

– Ба наҷобати капитан шак овардани ӯро чӣ чиз боис шуда метавониста бошад? – пурсид Бошан аз Шато–Рено.

– Дар воқеъ, – ҷавоб гардонд ӯ, ки бо нигоҳи зираку борикбини махсуси тоифаи аъёнаш ба як назар дар вуҷуди Монте-Кристо он чиро муқаррар карда буд, ки муқаррар карданаш дар доираи имкон буд, – Албер ба мо дурӯғ нагуфтааст, воқиан ин граф одами хориқулъодаест. Ба назари шумо чӣ, Моррел?

– Ба назари ман, диди ошкорову овози хуше дорад ин кас, аз ин ваҷҳ, сарфи назар аз эроди ғалатиаш дар боби ман, маро хуш омад ӯ.

– Ҷанобон, – гуфт Албер, – Жермен хабар овард, ки субҳона омода аст. Графи азиз, изн фармоед, роҳнамоӣ кунам шуморо.

Ҳама хомӯш ба хонаи таомхӯрӣ рафтанду сари хон нишастанд. – Ҷанобон, – лаб ба сухан кушод, нишаста истода, граф, – иҷозат фармоед, дар ҳузури шумо ба он чи иқрор оварам, ки шояд барои сар задани беназокатии эҳтимолие аз ҷониби ман ҷои узрро ҳам гирифта тавонад: ман ин ҷо бегонаам, зиёда аз ин, бори аввал дар Парижам. Бинобар ин, ба рӯзгори аҳл Фаронса ҳеҷ балад нестам; то ин дам тарзи зиндагии шарқӣ ба сар мебурдам, ки ба хулқу одоти фаронсавӣ комилан мутазод аст. Ва қаблан маъзарат мехоҳам, агар дар нафси ман аз ҳад зиёд ҷиҳатҳои туркӣ, неаполӣ ё арабӣ пайдо бикунед. Пасон–бипардозем ба субҳона.

– Чӣ тарзи гуфторе дорад! – зери лаб гуфт Бошан. – Қатъан аз кибор аст!

– Кибори аҷнабӣ, – илова кард Дебрэ.

– Кибори рӯи олам, ҷаноби Дебрэ, – хулоса кард Шато–Рено.

пешина
аз 99
навбатӣ