Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
III. МУЛОҚОТИ АВВАЛ
Албер бо Монте-Кристо танҳо монда гуфт:
– Граф, иҷозат фармоед ба вазифаи роҳбаладии худ шурӯъ кунам ва тимсоли манзили муҷаррадеро ба шумо нишон диҳам. Ба шумо, ки ба қасрҳои итолиёӣ одат кардаед, андоза кардани он мароқангез, ки дар соҳати чанд фути мураббаъ ҷой гирифта метавонистааст як нафар навҷавони порижӣ, навҷавоне, ки аз рӯи фаҳмиши ин ҷо, на чандон бад зиндагӣ дорад. Аз як хона ба хонаи дигар гузашта, тирезаҳоро боз мекунем мо, то нафасгардон нашавед шумо.
Монте-Кристо хонаи таомхӯрию меҳмонхонаи ошёнаи поёнро алакай дида буд. Албер пеш аз ҳама ӯро ба коргоҳи худаш бурд; чунон ки хонандагон дар ёд доштагистанд, ин хонаи дилхоҳи ӯ буд.
Монте-Кристо қадршиноси ҳамаи он чизҳое буд, ки Албер он ҷо фароҳам оварда: сандуқҳои қадима, чинивори ҷопонӣ, қумошаи шарқӣ, шишаи венетсӣ, аслиҳаи кулли мамолик; ҳамаи ин барои вай шинос буд ва ӯ ба як назар аср, мамлакат ва пайдоиши он чизро муқаррар мекард. Морсер гумон дошт, ки ба вай тафсир кардан лозим меояд, аммо ҳамин хел баромад, ки худи вай зери роҳбарии граф дарси бостоншиносӣ, маъданшиносӣ ва таърихи табиаёт мешунид. Онҳо ба ошёнаи дуюм фуромаданд. Албер меҳмонашро ба меҳмонхона даровард. Девори ин хона пур аз осори рассомони муосир буд. Ин ҷо манзарнигораҳои Дупре: найистони қадкашида, дарахтони баландболо, говони бонгосӣ ва афлоки назаррабо буданд; чобуксаворони арабӣ Делакруа, ки абои домандарозу камарбанди пурҷило ва аслиҳаи саводкорӣ доштанд; аспон бехудона сулуқ мехоиданд, вале одамон, бо гурзу амуд меҷангиданд; суратҳои бо ранги обӣ кашида шудаи Буланже – «Ҷомеи Модархудои Париж» буданд; лавҳаҳои тасвир ба чунин маҳорате офарида шуда буданд, ки рассомро бо шоир дар як радиф қарор медоданд; расмҳои Диас буданд, ранги тасвирҳо аз рангҳои воқеии табиат назарработар буданд ва қурси хуршед дар онҳо аз офтоби осмон муҷаллотару чашмхиракунанда буд; расмҳои Декан ҳам буданд он ҷо, расмҳои ба дараҷае хушрангубор, ки аз тасвирҳои Салватор Роза монданӣ надоштанд, вале аз ваҷҳи нафосат баландтар аз онҳо; рахтҳои хоби Жиро ва Муллер буданд, ки дар онҳо кӯдакони малаксару модарони бикрсимо тасвир ёфта буданд; лавҳаҳое буданд, ки аз баёзи мусаввараҳои Доза канда гирифта шудаанд – инҳо қаламтасвираҳои хомакие буданд, ки дар чанд сония ба рӯи коғаз омадаанд, аз сари уштур ё дар зери гунбади масҷиде, – хуллас, ҳар он чи санъати муосир бар ивази санъати заволёфтаву мундарис гардидаи қуруни рафта буда метавонад.
Албер умед дошт, ки ақаллан мана акнун марди аҷнабии ғалатиро моту мабҳут мекардагист, аммо ба ҳайрати билониҳояи ӯ, граф зернавишти онҳоро нахонда, ба як дид офарандаи ҳар кадоми онро номбар мекард, ҳол он ки баъзан фақат сари ҳарфашон сабт ёфта буду бас ва маълум буд, ки вай на фақат ҳар яки ин номҳоро медонистааст, балки истеъдоди ҳар кадоме аз ин ҳунарваронро таҳқиқ кардаву қадрашонро мешинохтааст.
Аз меҳмонхона ба хонаи хоб гузаштанд; он чи граф дид, намунаи нафосат ва дар айни вақт бозгӯи завқи мушкилписанд буд: ин ҷо дар чанбараи сабзи сафедтоби беҷило буду шуд як чеҳранигора назаррабоӣ мекард, вале дар зераш исми Леополд Робер сабт ёфта буд.
Чеҳранигора ҳамонзамонӣ диққати граф Монте-Кристоро ба худ ҷалб кард; вай батаъҷил пеш рафту дар рӯбарӯи он бозистод.
Ин сурати зани ягон биступанҷсолаи сабзинае буд, ки нигоҳи чашмони барроқаш аз зери ми жагони нимабозу нимапӯши ӯ зоҳир шуда меистод; зан либоси хушранги моҳигири каталониро дар бар карда, синабанди сурху сиёҳ дошт ва дар сараш сарсӯзанҳои тилло халонда буд; нигоҳаш ба сӯи баҳр нигаронда шудаву сӯроби қомати мавзунаш дар замини осмону амвоҷ баръало ҷудо шуда меистод.
Фазои хона торик буд, вагарна сап–сафед кандани ранги рӯи графу ташаннуҷи асабро дар китфону синаи ӯ Албер пайхас мекард.
Дақиқаи хомӯшӣ сипарӣ шуд, ҳеҷ не ки Монте-Кристо аз сурат чашм канад.
– Дилбари шумо нозанин будааст, виконт, – гуфт оқибат ӯ бо овози комилан осуда, – ва ин либоси зоҳиран маскарадпӯшӣ ба вай ниҳоят зебидааст.
– Ман ин иштибоҳро ба шумо намебахшидам, – гуфт Албер, – агар дар паҳлуи ин сурат расми дигаре мебуд. Шумо модари маро намешиносед, граф; ин сурати ӯст, ки мувофиқи хоҳиши худаш шаш ё ҳафт сол пеш аз ин кашида шудааст. Пӯшок, аз афташ хаёлист, вале шабоҳаташ ҳайратафзо, – ман гӯё модарамро он тавре мебинам, ки дар соли ҳазору ҳашт саду сиюм будааст. Графиня ин суратро дар ғиёби падарам фармуда буд. Ӯ аз афташ, мехост, ки ба падарам ҳадяи ғайричашмдошти дилхоҳе бикунад, аммо сурат, аз чӣ бошад, ки ба падарам хуш наомад; ҳатто ҳунармандии рассом ҳам бар адовати ӯ ғолиб наёмад, – ҳол он, ки ин, чунон ки дида истодаед, яке аз беҳтарин офаридаҳои Леополд Робер аст.
Рости гап, сухан байни худамон, ҷаноби де Морсер яке аз боэҳтимомтарин пэрҳои маҷлиснишини қасри Луксембург, донандаи машҳури кори ҳарбӣ, вале қадршиноси ниҳоят миёнаҳоли санъат аст. Лекин бар хилофи ӯ модарам санъати тасвириро дарк мекунад ва худаш лавҳаҳои хуб мекашад; вай ин асари санъаткоронаро хеле қадршиносӣ кард, раво надошт, ки аз баҳри ин бигзаранд, бинобар ин ба ман бахшид, то ба чашми падарам камтар намояд. Сурати худи падарам ба мӯқалами Гиро мансуб аст, ман онро ҳам ба шумо нишон медиҳам. Барои ба шумо нақл кардани ин майдачӯйдаҳои хонадонӣ маъзарат мехоҳам аз шумо; вале азбаски ман шарафмандам шуморо ба граф муаррифӣ кунам, ин ҳамаро гуфта истодаам, то шумо банохост дар ҳузури ӯ сурати модарамро таъриф накунед. Ғайр аз ин сурат модарамро ба риққат меоварад: ҳар гоҳе ки ба манзили ман омад, ба ин сурат бе оби чашм назар кардан наметавонад. Воқиан суитафоҳуме, ки аз барои ин сурат миёни графу графиня ба миён омад, ягона қудурате буд дар байни онҳо; аз заношӯиашон бист сол гузаштааст, вале дилбастагиашон ба якдигар рӯзи аввал барин.
Монте-Кристо инро шунида як назар ба рӯи Албер нигарист, мисле ки дар гуфтори ӯ маънои ниҳонеро меҷуста бошад, вале ошкор буд, ки ҷавонмард инро бе ҳеҷ гуна ғаразе гуфта будааст.
– Акнун, граф, – гуфт Албер, – тамоми ганҷинаи маро дидед: иҷозат фармоед ба шумо пешниҳод кунам инҳоро, ҳар қадар ночиз бошад ҳам; бифармоед, чун дар хонаи худатон бошед. То ки бештар ху бигиред, ман шуморо ба манзили ҷаноби де Морсер раҳнамоӣ мекунам. Ман ҳанӯз ҳангоми дар Рим буданам ба вай навишта будам, ки чӣ коре шумо ба ман кардед, ҳамчунин ваъдаи ба манзили ман ташриф оварданатонро; абавайни ман бесаброна интизоранд, ки кай ба ибрози миннат имкон меёфта бошанд. Ман медонам, граф, шумо одами пурдида ва ҳатто ки аз бисёр дидан сер шудаед, саҳнаҳои оилавӣ дар хури Синдбоди Дарёгард нестанд. Лекин пешниҳоди маро қабул фармоед ва инро чун қадами вуруд ба зиндагии Париж пазиро шавед: ин зиндагӣ яксара иборат аст аз мубодилаи дилҷӯиҳо, ташрифҳо ва таоруфот.
Монте_Кристо хомӯш таъзим намуд; ӯ, зоҳиран, ин пешниҳодро чун одоби машрути табақаи ашроф, ки ба ҳар як каси хуштарбия иҷрояш маръист, бе хушнудӣ ва адами норизоӣ пазируфта буд. Албер маҳрамашро ҷеғ заду фармуд ба арзи граф ва графиня де Морсер расонад, ки граф Монте-Кристо майли ба наздашон рафтан дорад.
Албер ва граф аз паси ӯ равон шуданд.
Ба даҳлези граф даромада истода, шумо пеш аз ҳама дар болои дари меҳмонхона лавҳаи гербдореро пайхас мекардед, ки бо чанбараи фохиру ба зинати кулли хона пурра мувофиқат доштанаш далолат ба он аҳамияте дошт, ки хонахудо ба ин герб медод.
Монте-Кристо дар рӯбарӯи чанбара бозистоду бо диққат онро аз назар гузаронд.
– Дар замини лоҷвардӣ ҳафт мерлеткаи тиллоӣ, ки ба шакли дарза ҷобаҷо гузошта шудаанд. Ин, албатта, герби хонадонии шумо будагист? – пурсид ӯ. – Агар онро ба ҳисоб нагирем, ки ман бо ашколи герб ошноӣ дорам, бинобар ҳамин ҳам каму туб ба гербҳо сарфаҳм меравам, гербшиноси бад астам ман; охир ман графи тасодуфиям, барои таъсис додани тариқати командории ҳазрати Стефан дар Тоскана граф гардонда шудаам ва, шояд, ин унвонро қабул ҳам намекардам, агар ба ман исрор намекарданд, ки ҳар гоҳ кас бисёр сафар мекунад, ин хеле зарур аст. Охир дар рӯи дари карета ягон аломат доштан лозим, ақаллан барои он, ки омилони гумрук шуморо тафтиш накунанд. Бинобар ин, барои ибрози чунин суол маъзур доред маро.
– Дар ин ҳеҷ беназокатие нест, – ҷавоб гардонд Морсер бо содагии саршор аз итминон. – Шумо ёфтед: ин герби мо, яъне ки герби авлодии падарам; валекин, чунон ки мебинед, бо герби дигаре – бурҷи симин дар заминаи арғувонӣ, – ба ҳам омадааст; ин герби авлодии модарам. Аз тарафи модарӣ – ман испанӣ, вале аҷдоди Морсерҳо фаронсавӣ ва чунон ки шунидагӣ дорам, ин яке аз қадимтарин сулола будааст дар ҷануби Фаронса.
– Оре, – гуфт Монте-Кристо, – мерлеткаҳо низ ба ҳамин далолат доранд. Қариб ҳамаи завворони мусаллаҳе, ки ба фатҳ кардани Замини муқаддас мерафтанд, салиб – аломати маъмурияти мубаллиғиашон ё мурғони муҳоҷир–аломати сафари дурдастро, ки онҳоро дар пеш буд ва онҳо дар боли имон ин роҳро тай карданӣ буданд, герби худ қарор медоданд. Яке аз аҷдоди шумо аз тарафи падар, эҳтимол, дар юришҳои салибӣ иштирок карда бошад; агар ин ҳатто юриши Лудовики Саъид бошад, дар ҳамин сурат ҳам мо ба қарни сездаҳ мерасем, ки ҳаргиз бад нест.
– Эҳтимоли қавӣ дорад, – гуфт Морсер, – дар дафтари кори падарам шаҷарае ҳаст, ки ҳамаи инро мефаҳмонад ба мо. Ман як вақтҳо ба он тафсире сохта будам, ки дар он ҳатто д Озйе ва Жокур барои худашон нуктаҳои ибратбахши зиёде пайдо карда метавонистанд. Ин дам дилам нисбат ба он хунук шудааст, аммо чун роҳбалад бояд ба шумо бигӯям, ки дар мо, бо вуҷуди демократӣ будани ҳукуматамон, ба ин қабил чизҳо сахт дил баста истодаанд.
– Дар ин сурат ҳукумати шуморо аз он ду лавҳае, ки ман дар ёдгориҳои шумо дидаму аз ҳар гуна мазомини гербшиносӣ орист, барои гузаштаи худаш ягон чизи дигари беҳтаре боистӣ интихоб кардан. Лекин, виконт, шумо аз ҳукумати худатон батолеътар будаетон, зеро герби шумо хеле хуб аст ва хаёлотро ба изтироб меоварад. Оре, шумо ҳам провансӣ будаеду ҳам испанӣ; аз ҳамин сабаб будааст, – агар сурате, ки шумо ба ман нишон додед, монанд бошад, – ранги рӯи сабзинаи католонидухтари дилрабои наҷибе, ки ин қадар маро мафтун кард.
Барои пай бурдани кинояе, ки граф бо ин алфоз ифода карду зоҳиран саршор аз ҳусни адаб буд, Эдип ё ҳатто сфинкси воқеӣ мебоист буд. Бинобар ин Морсер бо табассум изҳори миннатдорӣ карду пеш гузашт, то роҳ нишон диҳад ва дари зери гербро боз кард, даре, ки чуноне пеш аз ин гуфтем, ба меҳмонхона мебурд.
Дар як ҷои намоёни ин меҳмонхона сурати марди тақрибан сию панҷ–сию ҳафтсолаи сарутани низомии генерал дар бари сардӯшиҳояш зардӯзии тофтабофт–аломати мартабаи баланд, – овехта шуда буд; генерал дар гардан салиби Легиони фахрӣ дошт, ки ба рутбаи командорӣ далолат мекард ва дар сари сина ду ситора дошт: аз рост–нишони Наҷотбахш, аз чап – Карли III, ки аз ин хулосае бармеомад: каси дар ин сурати тасвирёфта дар Юнону Испониё ҷангидааст ё хулосаи дигаре, ки аз назари аломатҳои тафовут мусовист – дар ин мамлакатҳо ягон маъмурияти дипломатие ба ҷо овардааст.
Монте-Кристо дар банди он буд, ки чун дар мавриди диди лавҳаи тасвирии якум ин суратро бо диққати тамом муоина мекард, ин дам дари паҳлуӣ боз гардиду худи граф де Морсер пайдо шуд.
Ин як марди тақрибан чилупанҷсолае буд, вале дар назар камаш панҷоҳсола метофт; сиблату абрувони сиёҳаш дар тазодди мӯисари қариб яксара сап–сафеди ба тарзи ҳарбӣ кӯтоҳ қайчихӯрдааш ғалатӣ метофтанд; дар танаш либоси ғайри низомӣ буд ва тасмачаи рах–рахи сари гиребонаш аз дарёфт кардани нишонаҳои мухталифе ёдрас мекард. Андомаш ниҳоят шарафмандона буд ва бо ваҷоҳати аз ҳад зиёд хушҳолона вориди хона гардид. Монте-Кристо ба истиқболи ӯ ягон қадам пеш нарафт; гӯё пойҳояш ба фарши хона часпида буданд, вале чашмонаш ба чеҳраи граф де Морсер дӯхта шуданд.
– Дада, – гуфт Албер, – шарафмандам граф Монте-Кристо, дӯсти олиҳимматеро ба шумо муаррифӣ намоям, ки тавре медонед, дар лаҳзаи душворе саодатмандона бо ишон вохӯрда будам.
– Граф дар хонадони мо меҳмони азизанд, – гуфт граф де Морсер, табассум дар лаб ба Монте-Кристо салом дода. – Ин кас ба хонадони мо ягона меросхӯрашро боқӣ доштанд ва мо аз ишон беҳад миннатдор ҳастем.
Бо чунин суханон граф де Морсер ба Монте-Кристо курсӣ нишон доду дар рӯбарӯи тиреза нишаст.
Монте-Кристо дар ҷои ба худаш пешниҳодгардида нишаста истода, саъй кард дар сояи пардаҳои махмали сербар қарор гирад, то ноаён дар чеҳраи хаставу мушавваши граф қиссаи азобу кулфатҳои ниҳониеро, ки дар ҳар як чини нобаҳангоми чеҳрааш сабт ёфта буд, бархонад.
– Даме ки виконт кас фиристод ба графиня бигӯянд, ки аз шиносоии бо шумо бархурдор хоҳад шуд, ӯ либос пӯшида истода буд, – гуфт Морсер. – Баъди даҳ дақиқа графиня ин ҷо мешавад.
– Барои ман шарафи бузург аст, – гуфт Монте-Кристо, – дар рӯзи якуми ба Париж омаданам мулоқот кардан бо шахсе, ки хидматаш бо шӯҳраташ баробар аст ва қисмат нисбат ба ӯ, ба тариқи истисно, одил будааст; вале мумкин аст, дар даштҳои Митиҷи ё дар кӯҳсори Атлас ҳамин қисмат ба шумо шашпари маршалро ҳам тайёр карда истода бошад?
– Э, не, – гашта гуфт, саҳл сурх шуда, Морсер, – ман хидматро бас кардам, граф. Дар аҳди Реставратсия, ки ба рутбаи пэрӣ бардошта шуда будам, дар юришҳои аввал иштирок кардам ва дар зери роҳбарии маршал де Бурмон хизмат кардам; бинобар ин, ман метавонистам ба мансаби олии фармондеҳӣ умед бандам ва кӣ медонад, чӣ воқиае рӯй медод, агар шохаи калонӣ дар сари тахт мемонд. Аммо, чунон ки маълум аст, инқилоби Июл чунон хуб анҷомид, ки нисбат ба хидматҳои собиқи ғайри мансуб ба аҳди император носипос буданро ба худ эб дид. Аз ҳамин сабаб ба ман лозим омад, ки истеъфо диҳам; ҳар ки мисли ман сардӯшиҳояшро дар майдони набард ба даст овардааст, ин гуна кас дар рӯи паркети лағжонаки меҳмонхонаҳо бо ҳилаву найранг печу тоб хӯрда наметавонад. Ман хизмати ҳарбиро партофтам, ба сиёсат ва саноат машғул шудам, саноеъи амалиро омӯхтам. Ба ин чизҳо ҳамеша таваҷҷӯҳ доштам, вале дар бист соли хизмати ҳарбӣ фурсати ба ҳамаи ин машғул шудан надоштам.
– Ана аз куҷо будааст афзалияти мардуми шумо бар дигар мардум, граф, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо. – Шумои халафи сулолаи номдор, молики сармояи ҳангуфт, барои дарёфти нахустин рутбаҳо ба сифати сарбози оддӣ ба хизмат рафтаед; ин банудрат пеш меояд; ва, ба дараҷаи генерал, пэри Париж, командори Легиони фахрӣ расида, ба омӯхтани ягон чизи нав сар мекунед, на баҳри ҷоизае, балки фақат барои он, ки ба наздикони худатон манфиате оваред... Оре, ин олиҷаноб, гузашта аз ин, ҳайратовар аст ин.
Албер бо тааҷҷуб назар мекарду гӯш меандохт; чунин ҷӯшухурӯш дар нафси Монте-Кристо барои вай ғайри чашмдор буд.
– Мутаассифона, мо, дар Итолиё на чунинем, – давом дод суханашро марди аҷнабӣ, гӯё андак шубҳаеро, ки суханони ӯ дар чеҳраи Морсер барангехта буд, аз байн бурданӣ бошад, – мо тарзе месабзем, ки ба зотамон хос аст ва як умр айни ҳамон барг, айни ҳамон шаклу шамоил ва бисёр вақт айни ҳамон беҳудагиро боқӣ медорем.
– Аммо барои шумо барин касе Итолиё ватани мувофиқ не, – гашта гуфт де Морсер. – Фаронса оғӯш мекушояд ба шумо; ба даъваташ посух бидиҳед. Ин кишвар на ҳамеша носипос аст; ба фарзандони худаш бадмуомилагӣ дорад, вале аксар вақт аҷнабиёнро хуш истиқбол мекунад.
– Маълум, ки шумо граф Монте-Кристоро намедонед, дада, – сухани ӯро бурид бо табассум Албер. – Он чи ин касро қонеъ карда метавонад, аз доираи ҷаҳони мо берун аст; ишон иззатталаб нестанд ва аз эъзозу икром он чиро мегиранд, ки дар шиноснома гунҷоиш дорад.
– Ана муҳокимаронии дуруст дар бораи ман, ки дар умрам шунидаам, – гӯшрас кард Монте-Кристо.
– Граф имкон доштаанд зиндагиашонро тарзе барпо кунанд, ки дилашон мехоҳад, – гуфт граф де Морсер оҳ кашида, – ва роҳеро интихоб кардаанд, ки гулпӯш аст.
– Айнан ана ҳамин тавр, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо бо табассуме, ки ягон рассом тасвиру ягон қиёфашинос тафсир карда наметавонист.
– Агар аз хаста кардани шумо наметарсидам, гуфт генерал аз ҳусни муомилаи меҳмон ошкоро мафтун шуда, – ба Маҷлис мебурдам ман шуморо; маҷлиси имрӯза барои ҳар як каси ба сенаторони ҳозираи мо ношинос мароқангез аст.
– Агар ягон дафъаи дигар шумо инро ба ман пешниҳод кунед, хеле миннатдор хоҳам буд, аммо имрӯз умеди ба графиня муаррифӣ шудан дорам ва интизор мешавам.
– Инак очаҷонаки ман! – нидо зад виконт.
Монте-Кристо ҳам, зуд баргашта, дар сари остонаи меҳмонхона хонуми де Морсерро дид; ӯ дами дари рӯбарӯи оне, ки шавҳараш даромада буд, ноҷунбону рангпарида рост меистод; даме ки Монте-Кристо ҷонибаш баргашт, ӯ дасташро, ки аз чӣ бошад, ба зеҳтахтаи зарандуди дар такя дода меситод, раҳо кард. Ӯ сонияе чанд ин ҷо истода буд ва охирин суханони меҳмонро шунид.
Меҳмон бархосту дуқат шуда ба графиня таъзим кард, вале ӯ хомӯш ботакаллуф ба таъзимаш ҷавоб гардонд.
– Ба шумо чӣ шуд, графиня? – пурсид граф де Морсер. – Нотоб астед? Шояд, ин ҷо аз ҳад гарм бошад?
– Очаҷон, тобатон гурехт? – хитоб ард виконт, худашро ба сӯи Мерседес андохта.
Вай бо табассум ба онҳо изҳори миннатдорӣ кард ва лаб ба сухан кушод:
– Не, – гуфт, – ҳамту мулоқот бо граф ба ҳаяҷон овард маро. Охир агар ин кас намебуд, ин дам мо ғамгину мусибатзада мебудем. Граф, – давом дод ӯ суханашро бо ҷалолати шаҳбонувор ба Монте-Кристо наздик рафта, – барои саломатии сари писарам миннатдорам аз шумо ва дар ивази ин накӯкорӣ аз самими қалб дуои ҷонатонро мекунам. Ман саодатмандам, ки оқибат имкон дорам изҳори миннатдорӣ бикунам ба шумо.
Граф аз сари нав таъзим кард, аз аввала ҳам пасттар хам шуда, ва аз Мерседес ҳам рангпаридатар буд ӯ.
– Шумо аз ҳад олиҳиммат астед, графиня, – гуфт ӯ дар ниҳояти нармдиливу эҳтиром. – Ман ягон кори фавқулъодае накардаам. Касеро наҷот додан, падареро аз ғаму андӯҳ ва занеро аз ашкрезӣ бадар овардан – ҳаргиз накукорӣ нест, ин вазифаи инсонист.
– Чӣ саодатманд аст писарам, ки шумо барин дӯст дорад, граф, – бо амиқтарин эҳсосе ҷавоб гардонд хонуми де Морсер. –Миннат худойро, ки ҳукмаш чунин будааст.
Ва Мерседес чашмони зебояшро ба ифодаи миннатдории беҳад сӯи осмон кард; ба назари граф ҳатто чунин расид, ки гӯё дар чашмони ӯ ашк пайдо шуд.
Ҷаноби де Морсер назди занаш рафт.
– Ман аз граф маъзарат хостам, ки бояд ин касро монда биравам, – гуфт ӯ. – Умед дорам, ки шумо низ илтимос мекардагистед, маъзур доранд маро. Маҷлис соати ду боз мегашт, ҳозир соат се, ман бояд дар он суханронӣ бикунам.
– Биравед, ман кӯшиш мекунам, ки меҳмон дар набудани шумо зиқ нашаванд, – гуфт графиня ҳамчунин бо овози ҳаяҷонбахш. – Граф, – давом дод Мерседес суханашро ба Монте-Кристо рӯ оварда, – оё як рӯзи дарозро дар хонаи мо гузаронда аз ҳузури худ моро шарафманд мекунед?
– Ман беҳад миннатдорам аз шумо, графиня, бовар бикунед ба гапам. Аммо ман дами дари шумо аз каретаи сафарӣ берун омада будам. Ман ҳоло намедонам, ки чӣ ҷойгоҳе бароям дар Париж омода кардаанд, ҳатто дар куҷо буданашро қариб ки намедонам. Ин, албатта, кирои гап не, вале ба ҳар ҳол каме дар ташвишам.
– Лекин шумо ақаллан ваъда медиҳед, ки дафъаи дигар моро аз дидори худ шод мекунед? – пурсид графиня.
Монте-Кристо хомӯш таъзим кард ва таъзимашро аломати ризо гумон бурдан мумкин буд.
– Ин тавр бошад, шуморо маҳтал намекунам, – гуфт графиня, – намехоҳам, ки миннатдориям беназокатӣ ё шилқинӣ бишавад.
– Графи меҳрубон, – гуфт Албер, – агар шумо иҷозат бидиҳед, ман кӯшиш мекунам дар Париж қусури хидматҳои Рими шуморо барорам ва каретаи худамро, ҳоло ки саворие пайдо накардаед, ба ихтиёратон вогузорам.
– Ниҳоят миннатдорам, виконт, – гуфт Монте-Кристо, – лекин умед дорам, Бертуччо чору ним соатеро, ки дар ихтиёраш буд, беҳуда нагузарондагист ва дар дами дари шумо ягон фойтуне нигарон будагист маро.
Албер, ки ба нағмаҳои граф одат карда буд, медонист, ки вай ба мисоли Нерон ба корҳои берун аз имкон даст мезанад, бинобар ин дигар аз ҳеҷ чиз ҳайрон намешуд; ӯ фақат хост шахсан итминон ҳосил кунад, ки фармоишоти граф то кадом дараҷа ба ҷо омадаанд, бинобар ин то таги дар гуселаш кард.
Монте-Кристо иштибоҳ накарда буд: ҳамин ки вай ба даҳлези граф де Морсер баромад, нӯкар, ҳамоне, ки дар Рим ба Алберу Франс таоруфномаи графро расонда буд, берун тохт ва даме ки сайёҳи номвар аз дар баромад, каретае дарвоқеъ интизораш буд. Ин каретаи дуҷояи сохти Коллер буд ва дар он ҳамон ҷуфти аспе баста шуда буд, ки Дрэй як рӯз пеш, чунон ки ҳама олуфтаҳои Париж медонистанд, ба ҳаждаҳ ҳазор франк надода буд.
– Виконт, – гуфт граф ба Албер, – ман ҳозир шуморо ба манзили худам даъват намекунам, зеро он ҷо ҳама чиз ба саросемагӣ шудагист, тавре ки шумо медонед, ман дар маъвои муваққатӣ ҳам, эътибори касеро, ки бароҳат иқомат кардан аз дасташ меояд, риоят кардан мехоҳам. Як рӯз ба ман мӯҳлат диҳед, баъд, марҳамат, даъват мекунам шуморо.
Он гоҳ бовариам комил хоҳад буд, ки расми меҳмоннавозиро ба ҷо оварда метавонам.
– Агар шумо, граф, як рӯз мӯҳлат талабед, ман бо итминон гуфта метавонам, ки шумо ба ман хона не, қасреро нишон хоҳед дод. Қатъан ҷини мутеъе доред, ки нек хидмат мекунад ба шумо.
– Хайр чӣ, бигзор чунин гумон кунанд, – ҷавоб гардонд МонтеКристо, ба помонаки рукашаш махмалии каретаи бошукӯҳаш қадам монда, – ин дар назари хотунҳо як дараҷа муваффақият пайдо карданро таъмин мегардонад ба ман.
Граф дар карета нишаст, дар баста шуд ва аспон ба чорхез даромаданд, вале ба ҳар ҳол ӯ пайхас кард, ки пардаҳои тирезаи меҳмонхона андак биларзиданд, меҳмонхонае, ки вай хонуми де Морсерро он ҷо фурӯ гузошта буд.
Албер даме ба назди модараш баргашт, ӯро дар меҳмонхонаи хоссаи худаш, дар курсии нарми махмалин фурӯ нишаста ёфт; фазои хона ба дараҷае нимторик буд, ки фақат ҷо–ҷо дурахши гулдону қанддонҳо дар кунҷу канори чорчӯбаҳои зарандуд аксандоз мешуд.
Албер чеҳраи графиняро, ки парниёни ҳарири ба сар андохтааш онро панаҳ медошт, дида наметавонист; аммо ба назараш, ки овози ӯ меларзид; ба накҳати гули садбаргу чойчӯба, ки сабад аз инҳо пур буд, бӯи тези намаки бӯёӣ даромехта буд; воқиан ҳам Албер бо хотири парешон пайхас кард, ки шишачаи графиня аз ҷилди кемухт бароварда шудаасту даруни яке аз қанддонҳои мусаттаҳи рӯи бухорӣ хобидааст.
– Шумо бемор астед? – хитоб кард ӯ назди модараш рафта. – Дар набудани ман аҳволатон бад шуд?
– Ҳаргиз не, Албер; вале ин ҳама садбаргу шаббӯю гулҳои норинҷӣ ин дам, ки гармо сар шудааст, ин қадар сербӯ шудаанд...
– Ин тавр бошад, берун бурдан даркор инҳоро, – гуфт Морсер таноби зангро кашида. – Дар ҳақиқат ҳам тобатон не барин; пеш аз ин вақти ба меҳмонхона даромаданатон ҳам рангатон кандагӣ буд.
– Хеле кандагӣ буд?
– Ин ба шумо мезебад, лекин ману падарам тарсидем.
– Падарат инро ба ту гуфт? – зуд пурсид Мерседес.
– Не, лекин вай ба худи шумо гуфта буд, ёд доред?
– Дар ёдам нест, – гуфт графиня.
Нӯкар даромад; вай занги Алберро шунида омада буд.
– Гулҳоро ба даҳлез бароред, – гуфт виконт, – инҳо графиняро нороҳат карда истодаанд.
Нӯкар аз паи иҷрои амр шуд.
Дар фосилае, ки ӯ гулҳоро мебаровард, хомӯшӣ давом кард.
– Ин – Монте-Кристо – чӣ номест? – пурсид графиня, даме ки нӯкар охирин гулдонро бурд. – Номи хонадонӣ аст ё номи милке ва ё, ҳамин тавр унвон?
– Ба хаёлам, ин фақат унвон. Граф ҷазираеро дар галаҷазираҳои Тоскана харидааст ва аз рӯи он чи, ки ин пагоҳ гуфт, тариқати командорие таъсис додааст. Охир худатон медонед, ки ин дар нисбати силки ҳазрати Стефан дар Флоренсия, ҳазрати Георгий дар Парма ва ҳатто барои салиби Малта ҳам расм шудааст. Воқиан, вай бо асилзода будани худ савлат намекунад, худашро графи тасодуфӣ меномад, агар чи дар Рим ҳама мӯътақиданд, ки граф аз кибори номвар аст.
– Хулқаш ниҳоят хуш будааст, – гуфт графиня, – ба ҳар ҳол дар ҳамин чанд дақиқае, ки дидам ӯро, чунин намуд дар назарам.
– Оҳ, хулқаш ҷои эрод надорад; хулқаш бар ахлоқи ҷамеи асилзодагони доираҳои муфтахартарин хонадонҳои се табақаи дворянии Аврупо – ингилисӣ, испанӣ ва олмонӣ – афзалият дорад.
Графиня ба андеша рафт, аммо баъд аз дудилагии андаке суханашро давом дод:
– Охир ту дидагистӣ–ку, азизам... ман ҳамчун модар пурсида истодаам, мефаҳмӣ... ту граф Монте-Кристоро дар хонааш дидагистӣ–ку; ту бачаи зирак, ҷаҳондида, одоби муоширатро бештар аз он медонӣ, ки хоси синну соли туст; оё гумон мекунӣ, ки граф онест, ки дар назар метобад?
– Хӯш чӣ хел метобад?
– Ҳозир худат гуфтӣ–ку: кибори номвар метобад.
– Чунин гумон мекунандаш.
– Лекин худи ту чӣ гумон дорӣ?
– Ман, рости гап, дар бораи ӯ ақидаи муайяне ҳосил накардаам; гумон мекунам, ки вай аз аҳли Малта аст.
– Ман на баромади ӯро пурсида истодаам, балки онро, ки худи ӯ чӣ гуна кас аст.
– Ҳа, ин гапи дигар; ба ман ин қадар зуҳуроти аҷоиб дидан аз ҷониби ӯ рост омад, ки моил ба он астам, ба вай чун ба қаҳрамони Байрон бингарам, қаҳрамоне, ки бадбахтӣ мӯҳри фалокатзое бар вай гузоштааст, чун кадом–як Манфред ё Лара, ё Вернер, – хуллас, чун пораи кадом–як авлоди қадиме, ки аз мероси аҷдодаш маҳрум шудаасту бо қудрати ақли чораҷӯяш боз сарвате ба даст овардааст, ки ин сарват аз қонунҳои ҷомиа боло гузоштааст ӯро.
– Ту гуфтанӣ ҳастӣ...
– Ман гуфтанӣ ҳастам, ки Монте-Кристо – ҷазирае дар баҳри Миёназамин, бесакана, бе гарнизон, камингоҳи қочоқчиҳои ҳама миллатҳо ва роҳзанони баҳрии тамоми олам. Кас чӣ донад, шояд, ин корчаллонҳои мӯътабар музди меҳмоннавозии хоҷаи худро мепардохта бошанд?
– Ин имкон дорад, – гуфт графиня андешамандона.
– Лекин қочоқчияст ё не, – давом дод суханашро Албер, – ба ҳар ҳол граф Монте-Кристо одами бисёр хуб аст. Бовар дорам, ба ин гапи ман розӣ мешавед, чун ки худатон дидед ӯро. Ӯ дар меҳмонхонаҳои аҳли Париж муваффақияти зиёд ба даст хоҳад овард. Худи ҳамин саҳар дар манзили ман ба доираи аъён ворид шуданаш бо он оғоз ёфт, ки ҳамаро моту мабҳут кард, ҳатто Шато–Реноро.
Синнаш дар чанд бошад? – пурсид Мерседес, зоҳиран ба ин суол аҳамияти зиёде дода.
– Ягон сию панҷ–сию шашсола будагист.
– Ин қадар ҷавон! Наход–е! – гуфт Мерседес, дар айни замон ҳам ба гуфтори Алберу ҳам ба андешаи худаш ҷавоб дода.
– Ҳа, чунин аст. Чанд дафъа ба ман, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қасдан набуд, гуфт: «Он вақт ман панҷсола будам, фалон вақт даҳсола ва фалон вақт дувоздаҳсола». Ман аз кунҷковӣ санаҳоро қиёс мекардам ва ҳамеша росат меомад. Бе гумон, ин марди ғалатиро, ки муқаррар кардани давоми умраш ба тахмин намеояд, син воқиан сию панҷ аст. Ғайр аз ин, дар хотир доред, чашмонаш чӣ шуху мӯи сараш чӣ гуна сип–сиёҳ буд; рангаш сап–сафед, аммо дар ҷабинаш ягонто чин нест; ин гуна кас на фақат бақувват, балки ҷавон ҳам ҳаст.
Графиня сар ба зер афканд, мисле ки аз андешаҳои сангини ногувор сараш рост надошта бошад.
– Ва ин мард ба ту, Албер, муомилаи дӯстона дорад? – бо изтироб пурсид Мерседес.
– Ба хаёлам, ҳа.
– Ту чӣ... ту ҳам дӯст дорӣ ӯро?
– Ӯ ба ман маъқул аст, Франс д Эпине ҳар чӣ гӯяд ҳам; вай мехост маро бовар кунонад, ки ин мард – аҳли он дунё.
Графиня як қад парид.
– Албер, – гуфт ӯ ба овозе, ки шабеҳ ба овози худаш набуд, – ман ҳамеша аз шиносоиҳои нав бозмедоштам туро. Акнун ту ҷавони баркамолӣ ва худат ба маслиҳат додани ба ман қодир астӣ; вале батакрор мегӯям: эҳтиёт бош.
– Вале ба ҳар ҳол, то ки маслиҳати шумо, модари меҳрубон, манфиатбахш бошад, ба ман лозим аст пешакӣ бидонам, ки аз чӣ эҳтиёт бикунам. Граф қимор намезанад, фақат оби як қатра майи испанидор менӯшад; вай, ба эҳтимоли қавӣ, ин қадар сарватманд аст, ки агар аз ман қарз мехост, ба ман фақат дар рӯяш хандидан мемонду бас, аз чии вай хавф барам ман?
– Ҳақ ба ҷониби ту, – ҷавоб гардонд графиня, – таҳлукаи ман сафсата, хусусан, ки сухан аз боб касе меравад, ки ҷонхаридат шудааст. Воқиан, Албер, оё падарат ӯро хӯш пазируфт ё не? Мо бояд нисбат ба ӯ хеле бодиққат бошем. Падари ту аксар вақт машғул аст, ҳушу ёдаш пеши кору бораш ва мумкин аст, ғайри ихтиёр..
– Муомилаи ӯ ҷои эрод надошт, – бурид сухани ӯро Албер, – бештар аз ин: аз афташ, таҳсинкориҳои хеле бамавриди граф аз ҳад хуш омад ба ӯ, даме вай ҳамту дар омади гап гуфт, ки мисле, ки ягон сӣ сол боз мешиносадаш. Ҳамаи ин гуфтори таҳсинкорона, бешак, ба падарам хуш омада буд, – илова кард хандакунон Албер, – чун ки онҳо ба масобаи беҳтарин дӯстоне падруд гуфтанд якдигарро ва ҳатто падарам графро ба Маҷлис бурданӣ шуд, то ӯ суханрониашро бишнавад.
Графиня ҷавобе нагардонд; вай чунон амиқ ба андеша ғӯтавар шуд, ки ҳатто чашмонашро бипӯшонд. Албер дар пешаш рост истода, бо чунон меҳри фарзандонае ба вай менигарист, ки чунин меҳр одатан замоне қавитар метобад, ки модар ҳоло ҷавону хушрӯ бошад; чашм ба ҳам бастани ӯро дидаву ба як маром нафас кашиданашро шунида Албер ба хулосае омад, ки хоби модараш бурдааст ва нӯг–нӯги по баромаду оҳиста дарро аз пасаш баст.
– Вай инсон не, балки ифрит аст, – зери лаб гуфт ӯ, сар ҷунбонда, – ман ҳоло дар Рим пешакӣ гуфта будам, ки пайдо шудани ӯ дар миёни ҷомиа ҳангомае барпо мекунад; ин дам дараҷаи таъсири ӯро ҳароратсанҷи саҳеҳкор нишон дода истодааст: агар модари ман ба вай диққат гуморида бошад, пас вай бешак одами хеле хуб аст.
Ва ӯ на бо ҳасрати ниҳонӣ ҷониби саисхонаашон равон шуд; ҳасрат хӯрданаш аз он буд, ки граф Монте-Кристо бе заҳмати казоӣ соҳиби аспони каретае гардид, ки аспони тӯруқи худаш дар чашми коршиносон аз назар афтода, дар чашмандози дуюм қарор гирифтанд.
– Ҳаққо, – гуфт ӯ, – баробарии одамон мафҳумест бенишон; аз падарам хоҳиш бояд кард дар Маҷлиси болоӣ ин нуктаро пеш рондаву тақвият диҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё