Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

II. СУБҲОНА

Чунон ки хонандагон, эҳтимол, дар ёд дошта бошанд, граф дар хӯрду хӯрок ҳадди эътидолро риоя мекард. Бинобар ин Албер хавф бурд, ки тарзи маишати аҳли Париж аз ибтидо бо ниҳояти моддӣ буданаш, агар чи дар айни замон бо ҷиҳати аз ҳад зиёд зарурӣ буданаш, дар вуҷуди ӯ таассуроти бад боқӣ мегузоштагист.

– Графи меҳрубон, – гуфт ӯ, – ман сахт дар андешаам, ки тарзи пухту пази кӯчаи Элдер назар ба атъимаи таббохони Пяттса–ди–Спаня камтар маъқул мешудагист ба шумо. Маро мебоист пешакӣ аз завқи шумо бохабар шудану таомҳое фармудан, ки шумо афзал мешуморед.

– Агар шумо маро аз наздиктар мешинохтед, – ҷавоб гардонд, табассумкунон, граф, – аз ин як пула чизҳо ғам намехӯрдед. Дар мусофиратҳоям ба ман лозим омадааст дар Неапол макарон хӯрам, дар Милан полента, дар Валенсия оллаподрида, дар Қустантания палав, дар Ҳиндустон каррик ва дар Хитой лонаи парасту. Барои ман барин каси ломакон муаммои хӯрду хӯрок дар миён нест. Дар ҳар ҷое, ки бошам, ҳама чизро тановул мекунам, фақат андак мехӯрам; лекин имрӯз, ки шумо аз эътидоли хӯроки ман шиква доред, иштиҳоям қозгир аст, зеро аз дина саҳар ин ҷониб чизе нахӯрдаам.

– Чӣ тавр, аз дина саҳар ин ҷониб? – нидо заданд ҳама. – Наход як шабонарӯзи тамом ҳеҷ чиз нахӯрда бошед?

– Оре, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо. – Ба ман лозим омад аз роҳ тоб хӯрам, то дар ҳаволии Ним баъзе маълумот ба даст оварам, ҳамин кор андак маътал кард маро, бинобар ин ман дар ягон маҳал таваққуф кардан нахостам.

– Ва шумо даруни карета наҳор хӯрдед? – пурсид Морсер.

– Не, ман хобидам; ман ҳамеша, даме ки зиқ бошаму хушҳолӣ ба дилам нагунҷад, ё ҳангоме ки гуруснааму майли хӯрок набошад маро, ба хоб меравам.

– Хӯш, аз ин мебарояд, ки шумо худатонро ба хобидан во дошта метавонистаед–дия? – пурсид Моррел.

– Қариб ки ҳамин тавр.

– Ва шумо барои ин ягон хел доруе доред?

– Мӯътамадтарин дору.

– Ана чӣ даркор будааст ба мо, афсарон, – гуфт Моррел, – ғизои мо охир на ҳамеша муҳайёст, нӯшок бошад – аз ин ҳам камтар.

– Бе шубҳа, – гуфт Монте-Кристо, – вале, мутаассифона, доруи ман мӯъҷизаасар, мӯъҷизавияташ барои ман барин касест, ки тарзи тамоман хоси рӯзгузаронӣ дорад, ба кор бурданаш дар хизмати ҳарбӣ хатарнок будагист, марди ҳарбӣ шояд дар соати лозим бедор шуда натавонад.

– Лекин чӣ дору буданашро оё фаҳмидан мумкин бошад? – пурсид Дебрэ.

– Бадеҳист, – гуфт Монте-Кристо, – ман инро чун роз ниҳон намедорам; ин аълотарин афюн аст, ки баҳри ба даст оварданаш худи ман ба Кантон рафта будам, то аз сифаташ мутмаин бошам; ин беҳтарин ҳашишест, ки миёни Даҷлаву Фурот гирд меоваранд; ҳиссаҳои баробари ин гиёҳро ба ҳам омехта, аз он ҳаббе тайёр мекунанд, ки ҳангоми зарурат мо инҳоро фурӯ мебарем. Таъсираш баъди даҳ дақиқа сар мезанад. Аз барон Франс д Эпине бипурсед; вай, ба хаёлам, як дафъа инро аз санҷиш гузаронда буд.

– Бале, – гуфт Албер, – вай ба ман гуфта буд; дар зеҳнаш ёди хуше боқӣ мондааст аз он.

– Пас, – гуфт Бошан, ки ба одати рӯзноманигориаш хеле нобовар буд, – ин дору ҳамеша бо шумост?

– Ҳамеша, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо.

– Оё аз ҷониби ман беназокатӣ намешуда бошад, агар аз шумо хоҳиш бикунам, ки ин ҳабҳои гаронмояро ба мо бинамоед? – давом дод суханашро ба умеде, ки марди аҷнабиро дар ғафлат мегузоштагист.

– Бифармоед.

Ва граф аз кисааш қуттичаи назаррабоеро берун овард, ки аз як лахт зумурради бутун таронида шудаву сарпӯшаки зарине дошт; сарпӯшак ба василаи тоб додан боз гардида ба андозаи донаи нахӯд саққочаи сабзгунеро берун меовард. Ин саққоча бӯи тези ғализ дошт. Дар қуттича чор ё панҷ саққоча буд, аммо вай барои ягон дувоздаҳ дона ин гуна саққоча–ҳабҳо гунҷоиш дошт.

Қуттича хонро як давр гашт, вале меҳмонон онро ғолибан барои тамошои зумурради назаррабояш мегирифтанд аз дасти якдигар, на ин ки ҳабҳояшро бибинанду онҳоро бӯй кашанд.

– Ва ин неъматро таббохатон барои шумо муҳайё мекунад? – пурсид Бошан.

– О, не, – гуфт Монте-Кристо, – ман ба он бовар намекунам, ки беҳтарин асбоби роҳатам ба дасти каси ношоистае тайёр карда шавад. Ман бад кимиёие нестам ва ин ҳабҳоро худам тайёр мекунам.

– Зумурради аълосифате! – гуфт Шато–Рено. – Ин хел калонашро ман ҳаргиз надидаам, агар чи модари ман ҷавоҳироти меросии нағзе дорад.

– Ман аз ҳамин хелаш сето доштам, – фаҳмонд Монте-Кристо, – якашро ба подшоҳе бахшидам, ки бо он шофашро зинат дод; дигарашро – ба ҳазрати қудсии папа, ки фармуд ба афсараш шинонанд, ба ҷои зумурради тақрибан ҳамарзиш, вале ба ҳар ҳол на чунин зебои худаш, ки император Наполеон ба пешгузаштаи ӯ Пийи Ҳафтум тӯҳфа карда будааст; сеюмашро барои худам нигоҳ доштам ва фармудам тарошида муҷавваф созандаш. Ин амал нисфи арзишашро коҳонд, аммо барои он тарзи истифодае, ки ҳадафи ман буд, гирифта гаштанашро қулай гардонд.

Ҳама бо ҳайрат ҷониби Монте-Кристо назар мекарданд; ҳаминхел бепарво гап мезад, ки ҷои баҳс надошт; он чи мегӯяд, ё ҳақиқати бебаҳс аст ё ҳазёни каси ақлбохтае; аммо зумурраде, ки ҳамчунин дар дасташ дошта меистод, водор мекард, ки аз ин ду тахмин аввалинаш тарҷеҳ дода шавад.

– Ин ду соҳибтаҳаккум дар ивази чунин атои гаронмояатон чӣ коре карданд ба шумо? – пурсид Дебрэ.

– Подшоҳ ба зане озодӣ бахшид, – ҷавоб гардонд граф, – ҳазрати қудсӣ – ба марде бақои умр. Ба ҳамин тариқ дар умрам боре чунин муқтадир будан ба ман насиб гардид, ки агар баҳри маснаднишинӣ ба дунё меомадам.

– Ва оне, ки наҷоташ додед, Пеппино буд, ҳамин тавр нест? – нидо зад Морсер. – Ҳамин ҳуқуқи авф карда тавонистанро дар ҳаққи ӯ ба кор бурдед?

– Ҳар кор имкон дорад, ҷавоб гардонд, бо табассум Монте-Кристо.

– Граф, шумо тасаввур карда наметавонед, ки чӣ хуш аст ба ман гӯш дода нишастан ба суханронии шумо, – гуфт Албер. – Ман чанде пеш ба дӯстонам шуморо чун каси ғайри муқаррарӣ, соҳире аз «Ҳазору як шаб», афсунгари асримиёнагӣ тавсия карда будам; аммо аҳли Париж ин қадар майл ба зуҳуроти хориқулъода доранд, ки бебаҳстарин ҳақоиқро самараи тахайюл меангоранд, ҳар гоҳ ин ҳақоиқ дар чанбараи ҳастии рӯзмарраашон нагунҷад. Ана, масалан, Бошан ҳамарӯза ба табъ мерасонад, Дебрэ бошад, мехонад, ки узви кораш ба таъхир афтодаи Бошгоҳи чобуксаворонро дар кӯчабоғ даст гирифтаву ғорат кардаанд; дар кӯчаи Сен–Дени ё дар қарибии Сен–Жермен чор касро куштаанд; даҳ, понздаҳ, бист нафар дуздро дар қаҳвахонаи хиёбони Тампл ё дар Термах Юлиани дастгир кардаанд; дар ҳоле ки мавҷудияти роҳзанонро дар Мареммаҳо, дар Кампанйеи Рим ё ботлоқзори Понтиё рад мекунанд инҳо. Барака ёбед, граф, худатон ба инҳо бигӯед, ки ман ба дасти ҳамин роҳзанон асир афтода будам ва агар дахолати олиҳимматонаи шумо намебуд, ман ба эҳтимоли қавӣ, ба ҷои он ки дар манзили ҳақири худам дар кӯчаи Элдер ба инҳо зиёфат диҳам, ин дам дар дахмаи Сен– Себастяно то рӯзи қиёмат зиндагардонидани баъд аз мирониданро нигарон мехобидам.

– Монед, – гуфт Монте-Кристо, – шумо ба ман ваъда дода будед, ки ин кори нокироиро ҳаргиз ба ёд намеоваред.

– Ман ваъда надодаам, – нидо зад Морсер. – Шумо маро бо ягон каси дигаре, ки аз афташ ҳамин гуна хидмате карда будаед, иштибоҳ карда истодаед. Баръакс, илтимос дорам, аз ин боб сӯҳбат мекунем. Шояд, баъзе чизҳои ба ман маълумро такрор кунед, балки бисёр чизҳоеро ҳикоят бикунед, ки ман надонам.

– Лекин, ба назарам, – гуфт бо табассум граф, – шумо дар ҳамаи ин воқиаҳо нақши хосе доштед, то ин ки чӣ ҳодиса рӯй доданашро на камтар аз ман донед.

– Агар ман он чи медонам, бигӯям, шумо ваъда медиҳед, ки ҳар он чиро ман намедонам, ҳикоят кунед? – пурсид Морсер.

– Ин аз рӯи адолат мешавад, – ҷавоб гардонд Монте_Кристо.

– Хӯш, майлаш, – давом дод суханашро Морсер, – ҳикоят мекунам, агар чи ҳамаи ин ба шаъни ман зебанда нест. Ман дар зарфи се рӯз ба худ меболидам, ки ниқобпӯше ба ман ишвагарӣ дорад, ниқобпӯше, ки гумон бурдам ашрофзанест баромадаш мустақиман ба Туллия ё Поппей нисбат дорад, ҳол он ки ҳамагӣ шуда лӯъбатаки деҳотие, агар деҳқонзане набошад ҳам, маро ба дасиса мекашидаасту бас. Аз ин ҳам гузашта, ман тамоман гӯлӣ кардам ва роҳзани навҷавон, амради хушқадду басти ягон понздаҳсолаеро деҳқондухтаре пин доштаам. Ҳангоме то ҳамин дараҷа шерак шудам, ки хостам ба сари китфаки маъсумонааш бӯса диҳам, вай туфангчаро ба сандуқи дилам рост карду ба ёрии ҳафт ё ҳашт шарикаш маро гирифта ё аниқтараш кашола карда ба дахмаи Сен– Себастяно бурд. Ман он ҷо саркардаашон, каси ниҳоят сермутолиаеро дидам. Вай саргарми хондани «қайдҳои Тсезар» буд, вале фурӯ гузоштани хонишро ба худ раво дид, то ба ман изҳор кунад, ки агар рӯзи дигар, то соати шаши саҳар ман ба хазинаашон чор ҳазор пиастр насупорам, дар соати шашу понздаҳ дақиқа зинда нахоҳам буд. Номаи ман бо қайди ҳошияи устод Луиҷӣ Вампа дар дасти Франс аст. Агар шумо шак дошта бошед, ман ба Франс мактуб менависам, то вай имзоҳоро тасдиқ кунад. Он чи ман медонам, ана ҳамин; вале ман намедонам, ба чӣ тариқ ба шумо, граф, муяссар шудааст, ки ин қадар эҳтироми гарму ҷӯшони роҳзанони Римро нисбат ба худатон ба даст оварда тавонед, ки инро эҳтиром номидан кам аст. Рости гап, ба ин ҳаваси ману Франс омада буд.

– Ҳамаи ин бисёр осон. Ман Луиҷӣ Вампаи номдорро зиёда аз даҳ сол боз мешиносам. Боре, даме ки ӯ чӯпонбачае буд, ман барои роҳ нишон доданаш ба вай як сиккаи тилло дода будам, лекин вай барои он ки аз ман қарздор намонад, ханҷари дастааш харротӣ шудаи ҳунари худашро ба ман бахшид; ин ханҷарро шумо эҳтимол дар байни маҷмӯи аслиҳаи ман дида бошед. Баъдтар вай намедонам ин мубодилаи тӯҳфаҳо–гарави дӯстие, ки байни мо ба миён омада буд, – фаромӯш карда бошад, ё маро нашинохта бошад, ки маро асир гирифтанӣ шуд; вале кор баръакс баромад: ман худам ва боз як даҳ нафар роҳзанашро дастгир кардам. Метавонистам ӯро ба дасти адлияи Рим супорам, ки дар амал кардан ҳамеша чусту чолок аст, вале дар боби ӯ махсусан даранг намекард, аммо ман ин корро накардам; ман онҳоро сардодам ва мондам, ки ба саломат бираванд.

– Ба шарте, ки онҳо дигар ҷурме накунанд, – бихандид рузноманигор. – Ва ман бо қаноатмандӣ мебинам, ки онҳо софдилона қавлашонро ба ҷо овардаанд.

– Не, гашта гуфт Монте-Кристо, – фақат ба ин шарт, ки онҳо ҳаргиз ба ману ба дӯстони ман кордор нашаванд. Шояд суханони ман ба назари шумо аҷиб намоянд, ҷанобони иҷтимоиюн, тараққиюн, башардӯстон, вале ман ҳаргиз ғами аҳли башарро намехӯрам, ҳаргиз ҷомиаро ҳимоят карданӣ нестам, ҷомиае, ки маро ҳимоят намекунад ва умуман даме ба ман мепардозад, ки ба ман осебе расонда тавонад. Агар ман ба ҷомиаву ба аҳли башар эҳтиром нагуморам ва фақат бетарафиро маръӣ дорам, дар ҳамин сурат ҳам ин ду тоифа ба ҳар ҳол дар боби ман қарзашонро адо кардагӣ ба ҳисоб намераванд.

– Худоро шукр! – нидо зад Шато–Рено. – Оқибат ман сухани марди ҷасуреро мешунавам, ки руирост ва ошкоро худпарастиро таблиғ мекунад. Олиҷаноб, тасанно, граф!

– Ақаллан софдилона, – гуфт Моррел, – вале ман итминон дорам, ки граф аз боре тағйир додани маслакаш, ки ҳамин ҳоло ин қадар бо қатъият иброз дошт, пушаймон набудагист.

– Тағйир доданам аз чӣ иборат аст? – пурсид Монте-Кристо, ки гоҳ– гоҳе чунон бо диққат ба Моррел назар меафканд, ки ҷанговари ҷавони нотарс алакай чанд дафъа дар зери нигоҳи мусаффою беғубори граф чашм ба зер афканда буд.

– Лекин ба хаёлам, – гашта гуфт Моррел, – ки ҷаноби де Морсери комилан бароятон ношиносро раҳо карда истода, шумо ҳам бо аҳли башар ва ҳам ба ҷомиа хидмате карда будед.

– Ҷомиае, ки вай гули сари сабадаш мебошад, – бо дабдаба изҳор кард Бошан, ҷоми майи шампонро лоҷуръа фурӯ бурда.

– Шумо бо худатон мухолифат доред, граф, – хитоб кард Албер, – шумо бамантиқтарин касе мебошед, ки мешиносам ман; худи ҳозир исбот мекунам, ки шумо ҳаргиз худпараст нестед, балки баръакси ин – башардӯстед шуд. Шумо худатонро фарзанди Ховар меномед, мегӯед, ки шумо левантиниед, малайиед, ҳиндиед, чиниед, ваҳшиед; номатон – Синдбоди Дарёгард, граф Монте-Кристо; мана акнун нав ба Париж расидеду дар вуҷудатон бартарии асосӣ, ё камбудии асосиатон, ки хоси мо, шӯъбадабозони парижист, зоҳир мегардад; шумо нуқсонҳоеро ба худатон нисбат медиҳед, ки хоси шумо нестанд ва накукориҳоятонро пинҳон медоред.

– Виконти меҳрубон, – гашта гуфт Монте-Кристо, – ман дар гуфторам ё рафторам ягон чизи шоистаи чунин таърифро намебинам. Шумо барои ман бегона набудед; ман бо шумо шинос будам, ман ду дар хонаро ба шумо вогузоштам, субҳона муроот кардам, яке аз каретаҳоямро ба ихтиёри шумо додам, мо ҳамроҳ аз ниқобҳои соҳати Корсо лаззат бурдем, ҳамроҳ аз тирезаи қасри Пяттса–дел–Пополо ба қатл назора кардем, қатле, ки ин қадар шуморо ба изтироб оварда буд, ки аз диданаш қариб аз ҳуш рафта будед. Инак, ман аз ҳамаи шумо суол мекунам, оё ман метавонистам, ки меҳмононамро дар дасти ин роҳзанони ба қавли шумо фалокат фурӯ гузорам? Ғайр аз ин, чунон ки ба шумо маълум аст, даме ки шуморо халос мекардам, ғаразе доштам, ки шумо хидмате мекунед ба ман ва ҳар гоҳ ба Фаронса омадем, маро ба аъёни Париж шиносо мекунед. Пештар шумо метавонистед гумон баред, ки ин ҳамту як тасмими даргузар будагист, лекин акнун дида истодаед, ки ин воқеияти биайниҳист ва ба шумо сар фуровардан лозим меояд, то ба қавлатон хилоф накунед.

– Ва ман ба қавлам устувор мемонам, – гуфт Морсер, – лекин метарсам, графи меҳрубон, ки шумо сахт навмед мешавед, – охир шумо ба мавзеъҳои хушманзара, саёҳатҳои фавқулъода, ба чашмандозҳои аҷибу ғариб одат кардаед. Дар диёри мо он чиро, ки зиндагии пур аз ҳаводисатон шуморо ба он хӯ додааст, амсолашро ҳеҷ нахоҳед ёфт. Монмартр– Чимборазои мо, Монвалириён – Ҳимолойи мо, дашти Гренел – Биёбони Кабири мост, ки дар ҳамин ҷо ҳам барои корвонҳо чоҳи артезианӣ мекованд. Мо дузд дорем ва ҳатто зиёд, гарчи на он миқдореанд, ки мегӯянд; аммо ин дуздон аз олинасабтарин аъёну кибор он қадар наметарсанд, ки аз нодошттарин хуфия метарсанд; хуллас, Фаронса – кишвари аз ҳад муқаррарӣ, Париж бошад – шаҳри аз ҳад мутараққӣ, тараққиёташ ба дараҷаест, ки дар ҳамаи ҳаштоду панҷ иёлати мо (бадеҳист, ки ман Корсикаро аз ҷумлаи музофоти Фаронса соқит мекунам), – дар ҷамеи иёлоти мо шумо андак теппае пайдо карда наметавонед, ки дар он телеграфе набошад ва ягон ғори андаке торик, ки дар он комиссари политсия газ нагузаронда бошад. Бинобар ин ман ба шумо фақат як хидмате карда метавонам, графи меҳрубон, дар ин бобат ман яксара дар ихтиёри шумоям, то шуморо ё худам, ё ба василаи дӯстонам ба ҳар ҷо раҳнамун бишавам. Воқиан, барои ин кор ба шумо ҳеҷ кас лозим нест: бо ин ному бо ин сарвату бо ин ақле, ки шуморост (Монте-Кристо бо хаёле табассуми истеҳзоомез таъзим намуд), кас ба он эҳтиёҷманд намешавад, ки ӯро муаррифӣ бинамоянд ва шумо барин кас дар ҳама ҷо хуш истиқбол хоҳед шуд. Аслан ман фақат дар як масъала ба шумо суд дошта метавонам. Агар балад будани ман ба ҳаёти Париж, андаке таҷрибат доштанам дар масоили ҳузуру ҳаловат ва донистани мағозаҳо барои шумо ба кор ояд, дар ин сурат ман билкул дар ихтиёри шумоям, то ба дурусттар ба роҳ монда шудани ин қабил корҳо ба шумо мададгор бошам. ҷуръат намекунам барои бо шумо ба ҳам дидани ин манзил пешниҳоде бикунам, чунон ки дар Рим шумо манзилатонро бо ман ба ҳам дида будед (агар чи ман таблиғотгари худпарастӣ нестам, бо вуҷуди ин ман мағз андар мағз худпарастам): дар ин ҷо ба ғайр аз худи ман соя ҳам ҷой нахоҳад гирифт, магар ки сояи зан.

– Ин эзоҳ маро ба он медорад, ки ин ҷо гап аз усуси завҷият рафта истодааст, – гуфт граф. – Дар воқеъ, дами дар Рим будан аз хусуси ким– чӣ хел нақшаҳои ақди никоҳ ба ман ишорате карда будед шумо; оё маро ба саодати мустақбал табрик гуфтан мебояд шуморо?

– Ин ҳамоно нақша аст ҳоло.

– Ва нақшаи хеле норавшан, – лаб монд Дебрэ.

– Ҳаргиз, – гуфт Морсер, – падари ман ҷудо ҳам мехоҳад инро ва умед дорам ба қарибӣ шуморо бо завҷа набошад ҳам, бо арӯси худ – мадемуазел Эжени Данглар – шинос кунам.

– Эжени Данглар! – ба забон овард Монте-Кристо. – Истед ки падараш–барон Данглар аст?

– Оре, – ҷавоб гардонд Морсер, – аммо барони навбаромад.

– Чӣ фарқ дорад, – гашта гуфт Монте-Кристо, – модом ки вай бо хидматҳояш ба давлат мустаҳаққи чунин мукофот гардидааст.

– Хидматаш беҳисоб, – гуфт Бошан. – Гарчи қалбан либерал буд, вале соли як ҳазору ҳашт саду бисту нуҳум барои Карли Даҳум вомеро ба маблағи шаш миллион анҷом дод; барои ин шоҳ варо барону соҳиби Легиони Фахрӣ гардонд, ба дараҷае, ки вай мукофоташро на дар кисаи камзӯлаш гирифта мегардад, чунон ки кас гумон мебарад, балки тавре ки мебояд, дар сӯрохи тукмаи фракаш гузаронда мегардад.

– Оҳ, Бошан, Бошан, – ханда кард Морсер, – инро барои «Корсар» ва «Шаривари» эҳтиёт карда монед, аммо дар ҳузури ман ба хусури ояндаам раҳм бикунед.

Сипас вай ба Монте-Кристо рӯ овард:

– Шумо навакак номи ӯро тарзе ба забон овардед, ки гӯё бо барон шиносо бошед.

– Ман бо вай шиносо нестам, – бо кароҳат гуфт Монте-Кристо, – вале, эҳтимол, ба наздикӣ шинос шавам, зеро ба номи ман дар бонки ӯ аз ҷониби бонкирхонаҳои Ричард ва Балаунти Лондон, Арштейн ва Эскелеси Вена, инчунин Томсон ва Френчи Рим кредит – эътибор кушода шудааст.

Ду номи охиринро ба забон оварда истода, граф бо қирраи чашм ба Моррел назар кард.

Агар марди аҷнабӣ ба Максимилиан Моррел таассурот бахшиданро аз дил гузаронда бошад, иштибоҳ накарда буд. Максимилиан, мисле ки қувваи электр расида бошадаш, як қад парид.

– Томсон ва Френч? – гуфт ӯ. – Шумо, граф, ин бонкирхонаро медонед?

– Инҳо бонкдорҳои мананд дар маркази олами масеҳият, – бепарво ҷавоб гардонд граф. – Оё ба бонкирхонаи Томсон ва Френч ягон хидмате доред, ки мадади ман бирасад?

– Шояд, граф, шумо дар ҷустуҷӯе ба мо ёрӣ кунед, ки то ин дам бе натиҷа мондааст. Ин бонкирхона як замоне ба ширкати мо хидмати бебаҳое карда буд, вале аз чӣ бошад, ки доимо рад мекунад инро.

– Ман дар ихтиёри шумоям, – ҷавоб гардонд бо таъзим МонтеКристо.

– Лекин, – гӯшрас кард Морсер, – аз ҷаноби Данглар гап кушода, мо аз ҳад дур рафтем аз мавзӯъ. Сухан аз боби он мерафт, ки ба граф Монте-Кристо манзили дурусттаре пайдо кунем. Биёед фикр кунем, ки меҳмони нави Парижи кабирро дар куҷо ҷойгоҳ бидиҳем?

– Дар маҳалли Сен–Жермени шаҳр граф иморати боғчадори дурусте пайдо карда метавонанд, – гуфт Шато–Рено.

– Медонистагии шумо маҳалли Сен–Жермени тоқатфарсои худатон, Шато–Рено, – гуфт Дебрэ. – Ба гапи ин гӯш накунед, граф, ва дар Шореи д Антен маскун шавед: ин Парижи ҳақиқист.

– Гулгашти Опера, – изҳор кард Бошан, – ошёнаи дуюм, хонаи балкондор. Граф мефармоянд болишҳои кундали симдӯзӣ мегузоранд он ҷо ва чубуқро дуд додаву ҳаббҳояшонро фурӯ бурда, пойтахти дар рӯбарӯяшон мутантан қадамзанандаро кайф карда ба назора гиранд.

– Чӣ, ба хаёли шумо, Моррел, ҳеҷ чиз наомада истодааст, ки пешниҳоде намекунед? – пурсид Шато–Рено.

– Не, баръакс, – гуфт табассумкунон, ҷавонмард, – ман як андеша дорам, вале нигарон будам, ки ягонтое аз пешниҳодҳои бисёр хуби шумо ҳаваси графро меоварда бошад ё не. Ана акнун ман ҷуръат карда ба ин кас манзили на чандон калонеро дар як иморати зебои табъи дили маъмури худдонамеро пешниҳод мекунам, ки хоҳари ман дар кӯчаи Мел як сол боз иҷора гирифтааст.

– Шумо хоҳар доред? – пурсид граф. – Бале, граф, хоҳари соҳибҷамоле.

– Шавҳардор аст?

– Нӯҳ сол мешавад.

– Ва саодатманд аст?

– Чунон саодатманд, ки саодат ҳамин қадар мешавад, – ҷавоб гардонд Максимилиан, – вай ба касе расид, ки дӯсташ медошт, барои он дӯст медошт, ки дар рӯзҳои сахт моро тарк накард – ба Эммануел Эрбо расид.

Монте-Кристо хаёле табассум кард.

– Ҳангоми дар рухсатӣ буданам дар хонаи онҳо истиқомат мекунам, – давом дод суханашро Максимилиан, – ва ҳамроҳи язнаам тайёр астам ба шумо хидмат кунам, граф, агар ба шумо ягон коре барояд.

– Як дақиқа! – бурид сухани ӯро Албер, пеш аз он, ки Монте-Кристо ба ҷавоб гуфтан фурсат ёбад, – Як андеша кунед, Моррел, чӣ кор карда истодаед шумо. Шумо мехоҳед сайёҳ, Синдбоди Дарёгардро дар муҳити оила зиндонӣ кунед. Касеро, ки омадааст Парижро тамошо кунад, ба пири хонасолор табдил диҳед.

– Ҳаргиз ин тавр не, – табассум кард Моррел, – хоҳари ман биступанҷсола, язнаам–сисола; онҳо ҷавон, димоғчоқ ва хушбахт астанд. Ғайр аз ин граф дар хонаи алоҳида истиқомат хоҳанд кард ва даме бо онҳо мулоқот мекунад, ки худашон майл дошта бошанд.

– Ташаккур ба шумо, миннатдорам, – гуфт Монте-Кристо, – аз шиносоӣ бо хоҳару язнаи шумо шод мешавам, агар ин шарафро аз ман дареғ надоред, аммо ман ягонтое аз пешниҳодоти шумоёнро қабул надорам аз он хотир, ки манзил барои ман алакай муҳайёст.

– Чӣ тавр? – хитоб кард Морсер. – Наход шумо дар меҳмонсаро истиқомат кунед? Ин барои шумо хеле нороҳат хоҳад буд!

– Магар зиндагии ман дар Рим ҳамин дараҷа бад буд? – пурсид Монте-Кристо.

– Набошад чӣ, дар Рим шумо барои ҷиҳози хонаҳоятон панҷоҳ ҳазор пиастр харҷ карда будед; лекин ҳар дафъа ба чунин исрофкорӣ роҳ намедодагистед–ку.

– На ин бозмедошт маро, – ҷавоб гардонд Монте-КристоЮ– вале ман мехоҳам дар Париж хонае дошта бошам, аз они худам бошад он. Ман маҳрамамро пешакӣ фиристода будам ва ӯ, эҳтимол, хонаро алакай харида бошаду ба таҷҳизониданаш фармоиш карда бошад.

– Пас, шумо маҳраме доред, ки Парижро медонад? – хитоб кард Бошан.

– Ӯ ҳам, мисли ман, дар Фаронса бори нахуст; вай сиёҳпӯст ва бар болои ин лол аст, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо.

– Алӣ–ку не вай? – нидо зад Албер аз миёни ҳамагон, ки ба ҳайрат афтода буданд.

– Бале, Алӣ, нубии лоли ман, ки шумо, ба хаёлам дар Рим дида будедаш.

– Ҳа, албатта, – ҷавоб гардонд Морсер, – ман нағз дар ёд дорам ӯро. Лекин чӣ тавр шумо ба марди нубӣ супурдед дар Париж хона харад ва ба шахси лоле супориш додаед, ки онро муҷаҳҳаз гардонад? Сарсахт эҳтимол ҳамаро дарҳаму барҳам карда бошад.

– Беҳуда ин хел фикр мекунед шумо; баръакс, ман бовар дорам, ки вай ҳамаашро мувофиқи завқи ман ба ҷо овардагист; вале завқи ман чунон ки шумо медонед, чандон одӣ нест. Вай ягон ҳафта пеш омада буд; бояд саросари шаҳрро, чун саги бӯйгири нағз, ки якка шикор мекунад, давр зада баромада бошад; вай ҳавою ҳаваси ман, завқи ман, эҳтиёҷоти маро медонад; вай, эҳтимол, алакай ҳамаашро ба таври бояду шояд буд карда бошад. Вай медонист, ки ман имрӯз соати даҳи саҳар меоям, бинобар ин аз соати нӯҳ дар пеши дарвозаи Фонтенбло маро нигарон будааст. Вай ин коғазро ба ман дод; ин суроғаи нави ман; мана бихонед.

Ва Монте-Кристо варақи коғазро ба Албер дароз кард. – «Заминҳои Елесей, рақами сӣ», – бихонд Морсер.

– Ана ин ғалатӣ! – баромад аз даҳони Бошан.

– Ва тамоман шоҳзодавор! – барафзуд Шато–Рено.

– Чӣ тавр, шумо хонаи худатонро ҳоло намедонед? – пурсид Дебрэ.

– Не, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – ман пеш аз ин гуфтам, ки аз соати таъйиншуда дер мондан нахостам. Ман даруни карета табдили либос кардаму дами дари виконт аз он баромадам.

Ҷавонмардҳо ба якдигар нигаристанд: онҳо фаҳмида наметавонистанд, ки мабодо Монте-Кристо масхарабозӣ накарда истода бошад, аммо аз ҳар як ҳарфи ин мард, сарфи назар аз ғайри муқаррарӣ будани гуфтораш, бӯи чунон содагие меомад, ки дурӯғ гумон бурданаш аз имкон берун буд ва умуман чӣ ҳоҷат дошт дурӯғ гуфтан ба вай?

– Аз ин мебарояд, – гуфт Бошан, – ки ба мо лозим меояд худамонро бо он хидматҳои майда–чуйда қаноат диҳем, ки ба граф пешниҳод карда метавонем. Ман ҳамчун рӯзноманигор ба ҳама театрҳои Париж барои ин кас роҳ мекушоям.

– Ташаккур ба шумо, – гуфт табассум карда Монте-Кристо, – ман алакай ба мубоширам фармудам, ки ба яктоӣ нишемани ҳар театре обуна шавад.

– Мубошири шумо ҳам марди нубӣ ва лол бошад? – пурсид Дебрэ.

– Не, вай ҳамту ҳамватан аст бо шумо, фақат агар корсикоӣ ҳамватани ягон касе ба ҳисоб равад; шумо, ҷаноби де Морсер, ӯро мешиносед.

– Аз афташ ин синори мӯҳтарам Бертуччо аст, ки ин қадар устокорона тиреза иҷора мегирад?

– Худи худаш; шумо ӯро ҳангоме ки дар манзили ман субҳона хӯрда маро шарафманд мекардед, низ дида будед. Ин марди шоистаест, ки сарбоз ҳам буду қочоқчӣ ҳам – хуллас, кам–кам ба ҳар кор машғул шудааст. Ман ҳатто замонат дода наметавонам, ки ягон вақт байни ваю политсия аз барои кори нокироие, – аз қабили корд задан носозие ба миён наомада бошад.

– Ва ҳамин табааи поквиҷдони дунёро шумо, граф, ба худатон мубошир гирифтаед? – пурсид Дебрэ. – Соле чӣ қадар медуздад аз шумо?

– Рости гап, на бештар аз ҳар каси дигар, ман итминон дорам ба ин; вале ӯ табъи дили ман, коре нест, ки барояш аз имкон берун бошад, бинобар ин нигоҳ медорам ӯро.

– Ба ҳамин тариқ, – гуфт Шато–Рено, – рӯзгоратон басомон: дар Заминҳои Елесей хона доред, нӯкар, мубошир, фақат маъшуқа намерасад ба шумо.

Албер табассум кард: вай албандухтар ё юнонидухтари нозанинеро ба ёд овард, ки дар театрҳои Валле ва Арҷентина дар нишемани граф дида буд.

– Маро аз он беҳтаре ҳаст: канизаке дорам ман, – гуфт МонтеКристо. – Шумо маъшуқаҳоятонро дар Опера, дар Водевил, дар Варйет киро мекунед, ман аз они худамро дар Қустантания харидаам; ин ба ман қимат афтод, вале ҳамин тавр бошад ҳам, маро дар ин бобат дигар ҳоҷати ташвиш нест.

– Лекин шумо фаромӯш мекунед, – гӯшрас кард, хандон, Дебрэ, – ки мо фаронсавиён озод астем ва канизаки шумо ҳам, ба сарзамини Фаронса қадам ниҳода, озод гардидагист?

– Хайр кӣ инро мегӯяд ба вай?

– Аввалин каси рӯбарӯзада.

– Вай фақат ба юнонии ҷадид гап зада метавонад.

– Хайр ин гапи дигар!

– Лекин мо, умед дорем, медидагистемаш? – гуфт Бошан. – Ё ки шумо, ғайри марди лол хоҷасароён ҳам доред?

– Не, – гуфт Монте-Кристо, – ман дар машриқгардии худ ҳоло то ба ин ҳад нарасаидаам : ҳар он, ки дар атрофи ман аст, озод аст ҳар лаҳзае дилаш хоҳад маро тарк бикунад ва ин корро ба ҷо овварда дигар на ба ман эҳтиёҷманд мешавад, на ба ягон каси дигаре; ана барои ҳамин мумкин аст, онҳо маро тарк накунанд.

Мусоҳибон кайҳост, ки ба ширавору ба сигор гузашта буданд.

– Азизам, – гуфт аз ҷой бархоста, Дебрэ, – соат дую ним шудааст; меҳмони шумо дилрабост, аммо ҷамъияти дилҳое нест, ки аз он ҷудо шудан даркор набошад, баъзан ҳатто лозим меояд, ки онро ба нохуштаре бадал кард; вақти ба вазорат рафтанам шуд. Ман дар бораи граф бо вазир гутугӯ мекунам, охир мо бояд донем, ки вай чӣ касест.

– Эҳтиёт бош, – ҷавоб гардонд Морсер, – зирактарин касон ба ин муаммо рӯбурӯ зада оҷиз мондаанд.

– Ба мо барои политсия се миллион ҷудо мекунанд; дуруст аст, ки қариб ҳамеша маълум мешавад, ки ин маблағ пешакӣ харҷ шудааст, аммо барои ин кор панҷоҳ ҳазор франк ба ҳар ҳол ёфт мешудагист.

– Лекин ҳар гоҳ кӣ буданашро фаҳмед, ба ман мегуфтагистед?

– Ҳатман. То боздид, Албер; ҷанобон, шарафмандам, ки ба таъзими шумо расидам.

Ва ба даҳлез даромада, бо овози баланд садо зад Дебрэ:

– Бифармоед пеш оранд!

– Аз афти кор, – гуфт Бошан ба Албер, – ҳамин хел карда, ман ба Маҷлис рафта наметавонам, лекин ба хонандагони худам аз суханронии ҷаноби Данглар дида беҳтар маводе пешниҳод мекардагӣ барин.

– Аз барои худо, Бошан, – ҷавоб гардонд Морсер, – дам назанед, зорӣ дорам ба шумо, аз имтиёзи муаррифӣ карданаш маҳрум накунед маро. Одами баиззат, ҳамту не?

– Зиёда аз ин, – гуфт дар ҷавоби суоли ӯ Шато–Рено, – ин воқиан ҳам яке аз фавқулъодатарин касонест, ки дар умрам дидаам. Шумо меравед, Моррел?

– Ҳозир, ман фақат таоруфномаамро ба граф медиҳам, он кас чунон баилтифот будаанд, ки ваъда доданд ба манзили мо, кӯчаи Меле, чордаҳ, дароянд.

– Ба шумо қавл медиҳам, ки ҳатман ваъдаамро ба ҷо оварам, – бо таъзим ҷавоб гардонд граф.

Ва Максимилиан Моррел Монте-Кристоро бо Морсер танҳо гузошта ҳамроҳи Шато–Рено аз хона баромад.

пешина
аз 99
навбатӣ