Зеҳн
ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.

Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа

Идоракунӣ
Аз аввал хондан

ИМПИЧМЕНТИ ТРАМП: ДУРӮҒ ФУРӮҒ НАДОРАД

Рӯзи шанбеи 13 феврали соли ҷорӣ Сенати ШМА натавонист барои маҳкум кардан ва аз вазифа дур сохтани (импичменти) президенти собиқи ин кишвар Доналд Трамп миқдори зарурии овозҳо - яъне, аз се ду ҳиссаи ризоияти аъзои Сенатро ба даст оварад. Ба тарафдории демократҳо 57 ва зидди импичмент 43 нафар овоз доданд ва ҳамин тавр кӯшиши демократҳо барои маҳкум кардани Трамп ба нисбати ташвиқи тазоҳуроти Капитолий, ки рӯзи 6 январи соли равон сурат гирифта буд, бо шикасти муқобилонаш ба анҷом расид.

Аслан муқобилони Доналд Трамп мехостанд, ки ӯро ба ҷурми ташвиқоти ғайриқонунӣ ва тафриқаандозиҳо дар ҷомеаи ШМА муттаҳам созанд ва ӯро на фақат аз ҳамагуна имтиёзҳое, ки мутобиқи низоми қонунгузории ШМА президентҳои ин кишвар бархӯрдоранд, маҳрум намоянд, балки имкони дар оянда ба чунин мақоми баланди давлатӣ талабгор шуданашро аз байн бубаранд. Ногуфта намонад, ки дар таърихи ШМА ин бори аввал аст, ки як президент ду дафъа импичмент мешавад ва, гузашта аз он, ҳатто баъд аз расман сабукдӯш шудан аз вазифааш. Чаро чунин ҳолат дар яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё, ки фазои солим ва анъанаҳои таърихии демократияи аслиро дорост, сурат гирифт?

Рости гап, агар ин ҳама гуфтугузорҳо бидуни эҳсосоти беҷо, бадбиниҳо ва хусуматҳои шахсӣ сурат мегирифтанд, ҷои баҳс надошт. Албатта, президент Трамп ва дастгоҳи собиқи ӯ дар давоми чор соли роҳбарӣ ба камбудиҳо роҳ додаанд. Албатта, фаъолияти онҳо бе иштибоҳ набудаст. Ин қиссаи дигар аст, аммо асли гап ин аст, ки ду ҳизби пештози ШМА – ҳизби демократҳо ва ҳизби ҷумҳурихоҳон – дар лаҳзаҳои ҳассоси барои ҷомеаи Амрико муҳим аз доираи танги манфиатҳои ҳизбии худ натавонистанд берун оянд. Натавонистанд манфиатҳои миллат ва амнияти миллии кишварро дар ҷои аввал гузоранд. Мақсад гузошта шуд, ки ҳарифи сиёсии худ, яъне Доналд Трампро бо хар роҳе, ки набошад, шармандаву шармсор ва сиёҳ кунанд, ҷанозаи ӯро ба ҳайси як «мурдаи сиёсӣ» бихонанд. Ва, мутаассифона, дар ин роҳ ба иштибоҳот роҳ доданд. Мутобиқи маълумоти расонаҳо, ҳатто даст ба дурӯг заданд. Оё чунин бархӯрдҳо асоснок буданд?

Пеш аз ҳама, эҳтироми тақрибан 75 миллион тарафдорони президенти собиқ Трамп ба эътибор гирифта нашуд. Нуқтаи назар ва мақоми онҳо, садои онҳо сарфи назар карда шуд. Дигар ин, ки бо айби ВАО ва намояндагони алоҳидаи он гапи дурӯғ ҷомаи атлас ба бар кард. Дар асл, гумроҳ кардани на фақат шаҳрвандони оддии ШМА, балки тамоми кишварҳои дунё сурат гирифт, ки дар ниҳояти кор ҷомеаи муосири ШМА-ро ба ду қисмати ба ҳам мухолиф тақсим кард, амният ва тамомияти арзии кишварро халалдор сохт. Ҷомеаи ҷахониро бошад, ки ҳамеша ба сӯи ШМА бо чашми умед нигоҳ мекард, ба шубҳа андохт, бовари онҳоро ба арзишҳои аслии демократия кам кард. Аз ин нуқтаи назар, ба қавли яке аз нашрияҳои Лондон, «ШМА дигар наметавонад он намунаи пурҷилои демократия бошад». Магар ин ҷиноят дар баробари демократия ва арзишҳои аслии он нест? Магар ин аст роҳи дурусти ташвиқи демократия ва ниҳодҳои он ҳамчун замонати раванди устувори рушд, амният ва шукуфоии саросарии миллатҳо? Кӣ бояд инро ҷуброн кунад ва ба кадом роҳ?

Ақидаи маъмул ин аст, ки таърихан ШМА ҳамеша кишваре баёнгари қишрҳои миёнаҳоли он будааст, на нухбагонаш ва на камбағалонаш. Яъне, ШМА ин кишвари миёнаҳолон аст. Дар ин қарина ба сари қудрат омадани Трамп ҳамчун президенти кишвар натиҷаи норозигӣ ва муқобилиятҳои синфи миёнаҳол бар зидди нухбагони сиёсӣ ва пулдорони калони он буд, ки таи солҳои ахир хостаҳои тӯдаҳои васеи мардум ва ҳатто манфиатҳои миллии ШМА-ро нодида гирифтаанд, аз назари мардумони оддӣ, баднафстар шудаанд, адолати иҷтимоиро барҳам додаанд ва, дар ниҳояти кор, ҷомеаро ба табаддулот ва бозсозиҳои нав мубтало сохтаанд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки президент Трамп ва дастгоҳи ӯ таи чор соли ахир ба бисёр навгониву тозакориҳо даст заданд, махсусан дар пешбурди стратегияи сиёсати хориҷии ШМА ва муносибатҳои мутақобилаи он бо дигар кишварҳо.

Аз назари мо, ҳоло ҳам дер нашудааст, ҳанӯз ҳам дарвозаҳои имконоти ҳамкорӣ ва ҳамоишу ҳамбастагиҳо баста нашудаанд. Президенти тозаинтихоби ШМА Ҷо Байден ва ҳаммаслаконаш, аз як тараф, ва тамоми мардуми шарофатманд ва бофарҳанги ин кишвар, аз дигар тараф, дари муноқишаҳоро баста, рӯй ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми андеша ва нуқтаи назари ҳамдигар оварда, тафриқахоро дар ҷомеа дур андозанд, манфиатҳои миллӣ ва тамомияти арзии ин кишварро ҳаққи муқаддам бидиҳанд. Дар ниҳояти кор, оромиву пешрафт ва шукуфоии бештари ШМА, ин кишвари пурқудрат ва пештози демократия, ба манфиати тамоми башарияти пешқадам буда, ба сулҳу осоиш ва рушди устувори саросарии ҷаҳониён мусоидат хоҳад кард.

Оё бозгашти Трамп ба қудрати сиёсӣ имконпазир аст?

Интихоботи ахири ШМА, ки моҳи ноябри соли гузашта сурат гирифт, пайомадҳои ғайричашмдоштро ба бор овард. Қабл аз ҳама, аз назари иддае аз коршиносон, интихоботи мазкур дар фазои озоду шаффоф доир нагардид. Дар натиҷа миёни тарафҳои даргир – ҳизбҳои ҷумҳурихоҳон ва демократҳо – тазоди назар ба амал омад. Ҳизби ҷумҳурихоҳон натиҷаҳои ин интихоботро натиҷаи фиребу найранг эълон кард ва онро напазируфт. Аз тарафи дигар, президент Доналд Трамп ба ҳамин асос нахост зимоми Кохи Сафедро тибқи анаъана бо риояи муқаррароти мавҷуда ба президенти тозаинтихоби ШМА Ҷон Байден супорад. Гузашта аз он, бино ба иттилооти расонаҳои хабарӣ маҳз бо ибтикори президент Трамп анбўҳи зиёди мардум рўзи 6 январи соли 2021 ба бинои Капитолий ҳуҷум карданд ва онро мавриди талаву тороҷ ва харобкориҳо қарор доданд. Дар ШМА барои нахустин бор ҳолати фавқулодда ногувори сиёсию иҷтимоиро ба бор оварданд. Ин ҳолат боиси он гардид, ки дар рўзи савганд ёд кардани президенти нав ба таърихи 20 январи соли равон худи Трамп иштирок накард.

Рӯзи шанбеи 13 феврали соли ҷорӣ Сенати ШМА натавонист барои маҳкум кардан ва аз вазифа дур сохтани (импичменти) президенти собиқи ин кишвар Доналд Трамп миқдори зарурии овозҳо - яъне, аз се ду ҳиссаи ризоияти аъзои Сенатро ба даст оварад. Аслан муқобилони Доналд Трамп мехостанд, ки ӯро ба ҷурми ташвиқоти ғайриқонунӣ ва тафриқаандозиҳо дар ҷомеаи ШМА муттаҳам созанд ва ӯро на фақат аз ҳамагуна имтиёзҳое, ки мутобиқи низоми қонунгузории ШМА президентҳои ин кишвар бархӯрдоранд, маҳрум намоянд, балки имкони дар оянда ба чунин мақоми баланди давлатӣ талабгор шуданашро аз байн бубаранд. Ногуфта намонад, ки дар таърихи ШМА ин бори аввал аст, ки як президент ду дафъа импичмент мешавад ва, гузашта аз он, ҳатто баъд аз расман сабукдӯш шудан аз вазифааш. Чаро чунин ҳолат дар яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё, ки фазои

солим ва анъанаҳои таърихии демократияи аслиро дорост, сурат гирифт? Ва оё президенти собиқи ШМА Доналд Трамп метавонад дубора ба сари қудрат биёяд ва зимоми қудрати сиёсиро ба даст оварад? Агар биёяд, ин бозгашти ў ба сиёсат чӣ паёмадҳоеро ба бор хоҳад овард?

Чунин бозгашт имконпазир аст. Пеш аз ҳама, Трамп изҳор доштааст, ки аз сари мансаби президентӣ рафтанаш шикасти ў нест, балки натиҷаи фиребу сохтакориҳои ҳизби демократҳои кишвар аст. Аз назари Трамп, ў интихоботро набохтааст, балки бурдааст, аммо ин бурдашро демократҳо ва мухолифони сиёсиаш дуздидаанд. Сониян, аз сари қудрат рафтани Трамп фарҷоми кори ў ҳамчун сиёсатмадор ва ё марги сиёсии ў ба ҳайси яке аз руҷули сиёсӣ нагардид, агарчи мухолифонаш маҳз ҳамин натиҷаро чашмдор буданд. Тибқи гузоришҳои сарчашмаҳои мухталиф, Трамп ҳанўз ҳам яке аз шуҳратмандтарин ва маъруфтарин шахсиятҳои сиёсии ШМА боқӣ мондааст. Ин нуктаро суханронии ў дар ҳамоиши ҷумҳурихоҳони консерватив, ки ба таърихи 4 феврали соли равон дар яке аз иёлатҳои Амрико доир гардид, бори дигар ба таври равшан исбот намуд. Маълум шуд, ки ҳанўз ҳам то 68% аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳон омода ҳастанд, ки номзадии ўро ба мансаби Президенти ШМА дар соли 2024 тарафдорӣ намоянд. Худи Трамп ҳам изҳор доштааст, ки имкони дубора ба сари қудрати сиёсии кишвар баргаштани ў ҳанўз ҳам аҳамияти худро аз даст надодааст. Ба ақидаи ў, натиҷаҳои овоздиҳии навбати аввали соли 2022 нишон хоҳад дод, ки оё ў номзадии худро ба мансаби президенти кишвар пешниҳод мекунад ё на?

Аз тарафи дигар, агар Трамп номзадии худро пешниҳод намояд, оё ҳизби ҷумҳурихоҳон ба тарафдории ў овоз медода бошад? Албатта, ин нуктаи баҳсангез аст. Ҳеҷ не барои он, ки аз Трамп, шахсияти ў, сиёсат ва роҳу равиши давлатдориаш на ҳама аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳон қаноатманданд. Ва ин бесабаб нест, аммо ҳақиқат ин аст, ки Трамп шахсияти маъруфтарин боқӣ мондааст ва теъдоди тарафдоронаш пайваста меафзояд. Агар ҳизби ҷумҳурихоҳон ин воқеиятро ба эътибор нагирад ва Трапмро сарфи назар намояд, мушкилиҳои зиёде на фақат барои ин ҳизб, балки барои тамоми ҷомеаи муосири ШМА ба амал хоҳад омад. Ин ҳолат мафҳуми «трампизм»-ро ба миён овардааст, ки мазмун ва моҳияти он фарохтар ва амиқтар аз доираи фаъолияти як ҳизб буда, ҷомеаи имрўзи Амрико ва ҳатто сиёсати байналмилалиро фарогир шудааст. Аслан трампизм ба он асос ёфтааст, ки ШМА бояд яккатози сиёсат дар арсаи байналмилалӣ бошад, чун ин кишвар «бузургтарин» аст ба иллати ин, ки дорои калонтарин ва пешқадамтарин иқтисод ва низоми ҳарбист. Аз ин нуқтаи назар, трампизм сиёсати бисёрҷабҳа ва гуногунқутбаро, ки иштироки баробар ва муодили кишварҳои дигарро дар муносибатҳои байналмилалӣ таъмин намояд, намепазирад.

Оқибатҳои чунин як ҳолат на фақат барои ШМА, балки барои тамоми кишварҳои дунё бетаъсир нахохад монд. Сабаби чунин ҳолат, аз назари мо, ба дараҷаи ниҳоят зиёд боло рафтани сатҳи нобаробариҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа, бойтар шудани сармоядорон ва қашшоқтар шудани камбағалон, аз ҷумла синфи миёнаҳол ва дар ҳамин замина кам шудани сатҳи бовари мардум ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои давлатии идора дар саросари ҷаҳон мебошад. Трамп ва «трампизм» гўё ин ҳама торикиҳо ва норавшаниҳоро рўи об овард, пўстканда сохт. Аз ин рў, тавсеаи бештари трампизм ҳатман ба табаддулот ва навовариҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ боис хоҳад гашт, низоми давлатдориро дар арсаи байналмилалӣ мавриди таҷдиди назар қарор хоҳад дод.

Агар Доналд Трамп дубора ба сари қудрат баргардад, ин падидаҳо ва ин равишҳои нав ба воқеият мубаддал хоҳанд гашт.

ОЁ ПИРӮЗИИ ТОЛИБОН ОҒОЗИ ҶАНГИ САРД АСТ?

Афғонистон яке аз он кишварҳое аст, ки дар масири рақобати давлатҳои бузург карор дошта, солиёни дароз аз низоъ ва ихтилофи қудратҳои ҷаҳонӣ ранҷ мебарад. Аслан решаҳо ва заминаҳои асосии моҷароҳои сиёсӣ дар Афғонистон бисёр печида буда, дар он омилҳои дохилӣ (қавмӣ, самтӣ, забонӣ, қабилавӣ, идеологӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ), минтақавӣ (бо далелҳои мушаххас гиреҳ хӯрдани манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя) ва байналмилалӣ (омили геополитикӣ) таъсири амиқ доранд. Ҳукуматҳои Афғонистони муосир дар робита ба омилҳои берунӣ ва дахолати кишварҳои хориҷӣ ба вазъи сиёсии Афғонистон ҳамеша вокуниш нишон додаанд, дахолати кишварҳои хориҷиро яке аз монеаҳои асосии ҳалли моҷаро дар Афғонистон ҳисобидаанд, аммо аз уҳдаи ҳалли дурусти маъала набаромадаанд. Яке аз мушкилоти асосии раванди ҳалли осоиштаи низоъи Афғонистон, ба ақидаи коршиносони Институти амрикоии сулҳ (United States Institute of Peace), вуҷуд надоштани ваҳдату ягонагӣ дар сафи ҳукумати кишвар мебошад, ки ба сифати «таҳриккунанда» ва «қувваи ҳаракатдиҳандаи» низоъ шинохта мешавад.

Олими амрикоӣ С. П. Ҳантингтон (Samuel p. Huntington) бар он ақида аст, ки ояндаи ҷаҳонро робитаи мутақобилаи фарҳангҳо, ки тамаддунҳоро ба вуҷуд меоранд, муайян менамоянд. Моҷароҳои асосӣ ва шадидтарин дар тўли марзи ҷудокунандаи ин фарҳангҳо ба миён омада, хати марзи байни тамаддунҳо ба саҳнаи рақобати онҳо табдил меёбад. Ба қавли Ҳантингтон, ҷанги навбатй ин бархурди байни тамаддунҳо мебошад. Аммо шарқшиноси варзидаи рус Е. Примаков ин ақида ва мавқеъгирии Ҳантингтонро қабул надорад ва онро иштибоҳомез медонад. Ба ақидаи ў, моҷароҳои кишварҳои исломӣ натиҷаи «навсозии олами Ислом» мебошанд, ки ин навсозиҳоро неруҳои иртиҷоӣ, муҳофизакор ва ифротӣ қабул надоранд. «Наслҳои нави кишварҳои исломӣ нисбат ба наслҳои гузашта барои демократикунонӣ, гуногунандешӣ ва озодии баён фаъолтар мубориза мебаранд”, “дар оянда мо шоҳиди рушди демократия дар олами Ислом хоҳем шуд, ки ин маънои мутобиқ гардидани арзишҳои анаъанавии шарқӣ бо арзишҳои демократиро дошта, дар ин замина кишварҳои Ғарб метавонанд муборизаи самаранокро ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ якҷоя бо кишварҳои исломӣ ба роҳ монанд,”- мегӯяд Е.Примаков.

Аз назари мо, воқеан ҳам моҷароҳо бояд танзим карда шаванд. Ҳар гуна чораҳои пешгирӣ ва кўшиши решакан кардани моҷаро, хамчунин зўран пинҳон сохтани он бефоида аст. Моҷароҳо бояд аз тарафи ниҳодҳо ва сохторҳои ҷомеа эътироф карда шаванд. Махсусан нақши ниҳодҳои ҷомаеи шаҳрвандӣ дар ин бобат ниҳоят бузург аст.

Ба ақидаи муҳаққиқи афғонӣ Шарофуддини Шарафёр, мушкилот дар Афғонистон монанди захми ибтидоие аст, ки дар оғоз мешуд бо амали ҷарроҳии дақиқ аз пайкараи ҷомеа бартараф сохта шавад, вале инак мутаассифона, бар асари бетаваҷҷуҳии масъулин ба марази саратон табдил гардидааст, ки умед ба дармон ва беҳбудии он душвор ба назар мерасад. Зеро, ин беморӣ натанҳо дар пайкараи ҷомеа ва сиёсати давлат амиқ реша гирифтааст, балки бо вусъати доманадор ба бахшҳои мухталифи дигар низ сироят кардааст.

Дарвоқеъ, бештари мушкилот ва заминаи моҷарои тўлонии Афғонистон заиф будани низоми давлатӣ ва сатҳи пасти фарҳанг ва маърифати умумии мардуми кишвар арзёбӣ шудааст. Ихтилофҳои қавмӣ, масалан, худ як моҷарои дерина аст, ки реша дар бартарихоҳии як қавм бар қавми дигар дар Афғонистон дорад. Як омили дигари барҷастаи моҷароҳои сиёсӣ дар Афғонистон камсаводӣ ва дараҷаи пасти фарҳанг ва маърифати сиёсии мардум аст. Омили камбизоатӣ бошад, ин ҳолатро боз ҳам чигилтар ва фалокатбортар сохтааст . Мақом ва нақши неруҳо ва аҳзоби сиёсӣ низ дар ташаккул ва инкишофи моҷарои сиёсии Афғонистон баҳсталаб аст. Имрӯз беш аз 100 ҳизби расмӣ ва ҷунбишҳои зиёде дар ин кишвар мавҷуд мебошад,

аммо аҳзоби сиёсӣ худ яке аз ниҳодҳои маслиҳатнопазир шинохта шудаанд.

Дар маҷмӯъ, сохторҳои ирсӣ, ки дар фарҳанги густурдаи Афғонистон гунҷонида шудааст, бар фарҳанги сиёсӣ бартарият доранд.

Нуктаи дигар ин аст, ки сафи исломгароёни тундрави хориҷӣ дар Афғонистон ҳамеша рӯ ба афзоиш будааст. Дар Афғонистон ҷудоихоҳони чечен, ифротиёни исломӣ аз Бангладеш, Филиппин, Алҷазоир, Кения, Покистон, Ўзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Хитой ва дигар кишварҳо паноҳ бурда, дар урдугоҳ ва пойгоҳҳои террористии «Ал-Қоида» машқ мекарданд ва барои анҷом додани амалиёти террористӣ дар мамлакатҳои худ омодагӣ мегирифтанд. Имрўз ҳам бо дубора фаъол шудани Толибон гурўҳ ҳои дигари террористӣ дар ин кишвар озодона амал мекунанд. Дар паҳлўи терорристони ДОИШ тақрибан 20 гурўҳҳои дигари террористӣ вуҷуд доранд. Инҳо иборатанд аз «Лашкар-ут-тайиба» (яке аз ташкилотҳои бузургтарин дар Осиёи Ҷанубӣ), «Ҷамоати исломӣ» (Ҳизби сиёсии исломӣ дар Покистон), «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-Қоида», ташкилоти экстремистии «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва дигар гурўҳҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Покистон, ки нақши калидиро дар вайрон кардани амният ва суботу осоиши минтақа бозӣ мекунанд.

Имрӯз толибон фақат паштунҳо нестанд. Мутаассифона, миқдори зиёди ҷавонон аз миллатҳои дигари Афғонистон (аққалиятҳои миллӣ) ба сафи онҳо гаравидаанд, ки масъаларо боз ҳам чигилтар мекунад. Дар ҳамин замина, аз назари мо, пирӯзии толибон дар асл пирӯзии идеологист, на ҳарбию низомӣ. Аз ин рӯ, пирӯзии толибон оғози ҷангҳои густурда, доманадор ва фалокатбори идеологист, ки дар ниҳояти кор ба оғоз ва густариши ҷанги сард оварда мерасонад.

Хуруҷи ШМА аз Афғонистон, албатта, шикасти бузург ва нокомии сиёсати хориҷии ин кишвар ва паст шудани обрӯю эътибори он ҳамчун кишвари абарқудрати яккатоз дар арсаи сиёсати ҷаҳонист, аммо оғози сиёсати нави дурбинона ва доманадори ШМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

ҳам мебошад. Мақсади ин сиёсат аз тариқи ноором сохтан ва аз байн бурдани суботи сиёсии минтақа коҳиш додан ба нуфузи Россия ва Чин дар минтақаи Осиёи Миёна ва дар ниҳояти кор суст ва ноустувор сохтани низомҳои сиёсии ин ду кишвар ба шумор меравад. Ин табиист, чун аз тариқи санксияҳо ва амалиётҳои низомӣ низоъ андохтан байни Россия ва Чин ва аз ҳамин роҳ дур сохтани онҳо ҳамчун рақибони асосӣ ғайриимкон гардидааст. Табиист, ки дар амалӣ гаштани ин нақша толибон яке аз нақшҳои асосиро хоҳанд бозид.

Пешниҳоди мо ин аст, ки кишвари Афғонистон бояд таҷрибаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва низоми нави давлатдории миллии Тоҷикистонро хуб биомӯзад ва ба таври васеъ мавриди истифода қарор бидиҳад. Аз тарафи дигар, мавҷудияти Созмони ҳамкории Шанхай паёми нек барои ҳама кишварҳои минтақа аст. Афғонистон низ бо истифода аз имконоти васеи ин созмон доираи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву низомиро бо кишварҳои ҳамсоя густурда сохта, масъалаи эҷоди инфрасохторҳо, ниҳодҳои мухталифи иқтисодӣ, рушду такомули баъдии маориф ва фарҳанги кишварро дар маркази таваҷҷуҳ қарор бидиҳад. Аз он ҷое, ки таърих собит намудааст, ҳеҷ кишваре бо кумак ва ёрии кишвари дигаре ба саодат ва шукуфоии доимӣ нарасидааст ва баръакс мардуми як сарзамин бо талош ва заҳматҳои шабонарўзии худ дар партави истиқлол ва ҳокимият тавонистаанд роҳи ободӣ ва шукуфоиро пеш бигиранд.

Афғонистон ҳам наметавонад аз ин таҷриба ва анъана ҷудо бошад.

Сафари президент Байден ба Аврупо: паёмҳо ва паёмадҳо

Ҳамин чанд рӯз қабл, дар авохири моҳи октябр Президенти ШМА Ҷо Байден (Joe Biden) ба Аврупо сафари панҷрӯза анҷом дод. Ин сафар дар шароите сурат гирифт, ки авзои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои мухталиф дар асари оқибатҳои буҳрони маводи нафту газ ва сӯзишворӣ дар арсаи ҷаҳонӣ хеле тезу тунд гашта буд. Аз тарафи дигар, муносибатҳои байни ШМА ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар ҳамин замина ба андозаи назаррас коҳиш ёфта, муноқишаи байни ШМА ва Фаронса дар бобати қарордоди бисёрмиллиардаи марбут ба киштиҳои зериобии ҳаставии Австралия ба оташи ин ҳама ҳамдигарнофаҳмиҳо равған рехт. Ҳамчунон, Иттиҳоди Аврупо дар маҷмӯъ ва махсусан кишварҳое чун Лаҳистон ва Украина аз Ҳукумати Амрико сахт домангир буданд, ки ба иловаи иқдомҳои номақбули президенти собиқи кишвар Доналд Трамп (Donald Trump) дар бобати андози иловагӣ ба содироти оҳан ва алюминий аз Аврупо дар ҳаҷми 25% ахиран Президент Байден чанде аз санксияҳои иқтисодии зидди Россияро перомуни лӯлаи газбари “Маҷрои Шимолӣ-2” (North Stream-2) бекор кардааст. Ва ниҳоят, мавқеи расмии ШМА дар бобати ҳифзи муҳити зист ва паст кардани шиддати иқлими саросари курраи Замин, ки бо эътироф накардани Тафоҳумномаи Париж ва хориҷ шудани ШМА аз ин қарордод ва дигар иттиҳодҳои фаромиллӣ дар даврони президент Трамп таҳти шиори “Аввал Америка” (America First) сурат гирифтанд, ба чунин фазои номусоид дар муносибатҳои ШМА ва Аврупо боис гаштанд.

Аз ин рӯ, дар доираи силсилаи мулоқотҳо ва нишастҳои расмие, ки дар ин сафар пешбинӣ шуда буданд, вазифаи ниҳоят муҳими президент Байден аз он иборат буд, ки муносибатҳои ҳасанаи анаъанавии кишвари худро бо Аврупо ба низом дароварад, сардиҳо ва адами бовар ба ҳамдигарро аз миён бардорад. Гузашта аз он, Аврупоро ҳамчун шарики асосӣ ва стратегии худ дар фаъолиятҳои байналмилалии хеш мутмаин созад.

Чунон ки мебинем, бори сафари Президент Байден ба Аврпупо ин дафъа сабук набуд. Оё ҷаноби Байден аз уҳдаи ин ҳама вазифаҳои пешбинишуда тавонист барояд? Паёмҳо ва паёмадҳои асосии ин сафар кадоманд? Оё ин сафар гардише буд дар тағйири куллии муносибатҳои байналмилалӣ дар бобати масъалаҳо ва мушкилиҳои мубрами замони муосир, аз чумла ҳалли мушкилиҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ ё на?

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Президент Байден ҳамчун шахси диндори католик сафари худро аз мулоқот бо сарври католикҳои дунё Папа Франсис оғоз намуд. Ва ин рамзист, чун солҳои ахир дар ШМА дар партави озидиҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон корҳое сурат гирифтанд, ки чандон мақбули мардуми диндори ҷаҳон набуд, масалан, иҷозати расмии исқоти ҳамл дар ШМА, издивоҷи ҳамҷинсон аз ҷумлаи онҳоянд. Дар ин мулоқот Президент Байден, дар баробари баррасии масъалаи ҳамкорӣ дар бораи талошҳо дар заминаи эҳтиром ба шаъну шарафи инсонӣ, хотима додан ба пандемияи COVID-19, мубориза бо буҳрони иқлим ва ғамхорӣ ба камбизоатон, ба ҳама католикҳои дунё паём расонд, ки ӯ ҳамчун як фард аз арзишҳои аслии мазҳаби худ пайгирӣ менамояд, аммо масъулияти давлатӣ ва ҷамъиятияш метавонад аз ин мавқеи инсонии ӯ тафовут дошта бошад. Ин паём то чӣ андоза мавриди писанд ва қабули муқобилони падидаҳои номбурда қарор хоҳад гирифт, гузашти айём нишон медиҳад.

Мулоқоту нишастҳои расмии дигар, аз қабили мулоқот бо Президент Макрон ва дигар сарону сарварони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо зери шиори “Амрико баргаштааст” (America is back) сурат гирифтанд. Чунон ки пештар ишора рафт, ахиран дар асари муноқишаи марбут ба қарордоди тиҷоратии байни Фаронсаву Австралия муносибатҳои ШМА ва Фаронса хеле сард гашт. Кор ба ҳадде расида буд, ки кишвари Фаронса расман намояндаи давлати худро аз Вашингтон боз хост, ки дар амалияи дипломатияи расмӣ ин кори андак нест. Аммо Президент Байден тавонист зимни мулоқоташ бо президенти Фаронса роҳбарияти сиёсии ин кишварро мутмаъин созад, ки ШМА дар оянда дар муносибатҳояш бо ин кишвар дӯсти содиқ ва шарики стратегӣ боқӣ хоҳад монд. Чунин ранг гирифтани қазия барои ҳарду кишвар ҳам муфид аст, чун онҳо метавонанд дар иттиҳод бо ҳам бо чолишҳо ва хатарҳои даҳшатовари замони муосир, аз қабили муборизаи зидди терроризми байналмилалӣ, истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва фазои солим барои рушди устувор ва ғайра муваффақона ҳамкорӣ намоянд. Мусолиҳа бо Фаронса, аз тарафи дигар, паёмест ба дигар кишварҳои Аврупо, ки ШМА зери роҳбарии сиёсии Президент Байден минбаъд манфиатҳои ин кишварҳоро сарфи назар нахоҳад кард, идеология ва мавқеъгирии ШМА ва кишварҳои Аврупо тақрибан як аст.

Суханрониҳои Президент Байден дар чавкот ва ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои аъзои “Гурӯҳи 20” (G20) низ асосан ба тавсеа ва таҳкими ҳамин гуфтаҳо ва мавқеъгириҳо ихтисос дода шуда буданд. Ногуфта намонад, ки вазъи нобасомон ва печидаи дохилии кишвари Амрико, мухолифатҳои афзояндаи байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон, дар ҳамин замина авҷ гирифтани норозигиҳои шаҳрвандон ва мушкилиҳои иҷтимоии табақаҳои васеи аҳолии ШМА чунин мавқеъгирӣ ва ҳолати Байденро ҳамчун роҳбари сиёсии кишвар хеле гарон сохта буд. Аммо Президент Байден то андозае тавонист ин холигиҳоро пӯшонад, миёни ШМА ва Аврупо як пули боварӣ ба хотири ҳамкориҳои оянда бисозад. Албатта, сарони кишварҳои Аврупо боварии комил ба он надоранд, ки Байден метавонад муваффақона ин нақшаҳоро амалӣ созад, аммо омодагии худро барои чунин ҳамкорӣ ва гардиши куллӣ дар муносибатҳои тарафайн намоиш доданд. Чаро? Онҳо намехоҳанд, ки дар асари заъфи маъмурияти Байден дар интихоботи соли 2022 ҷумҳурихоҳон дар Конгресс дастболо шаванд ва чун натиҷа, баъд аз ду соли дигар, сарвари навбатии Кохи Сафед дубора Доналд Трамп ва ё шахсе ҳаммонанди ӯ гардад. Хулоса, Байден ваъда дод, ки Иёлоти Муттаҳида пас аз чаҳор соли ҳукмронии Доналд Трамп зери шиори “Аввал Амрико" ба шарики содиқ ва пешбинишавандаи Аврупо табдил хоҳад ёфт ва ин сиёсат зери шиори нав таҳти унвони “Амрико баргаштааст” анҷом дода хоҳад шуд. Аммо чунин аксуламали Аврупо ва адами бовар ба Амрико беҷо нестанд. Ҳанӯз дар оғози раёсати ҷумҳурии худ Байден муттаҳидонашро дар арсаи байналмилалӣ ноором кард ва дарҳол мавриди танқиди шадиди мухолифонаш ҳам шуд. Ин нокомиҳо ба хуруҷи бесарусомони Амрико аз Афғонистон, ҷанҷоли дипломатӣ бо Фаронса перомуни нақшаи ШМА барои муҷаҳҳаз кардани Австралия бо киштиҳои зериобии ҳаставӣ, пайгир набудан дар сиёстаи дохилии худ роҷеъ ба ҳаллу фасли мушкилиҳои иҷтимоии дохили ШМА ва ғайра вобастагӣ доштанд. Ҳамчунон, Байден ҳампаймонҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Лаҳистон ва Украинаро бо тасмим и худ дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи ширкатҳои олмонии марбут ба лӯлаи гази “Маҷрои Шимолӣ-2” ноумед кард.

Нуктаи охирон. Ин ҳама барои ҷаҳониён, аз ҷумла барои мардумони Осиёи Марказӣ чӣ паёмадҳое хоҳад дошт? Маълум, ки ҷаҳон барои мубориза бар зидди хатарҳо ва ҳаллу фасли мушкилиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии замони муосир ва оянда як қадами ҷиддии мусбат ба пеш гузошт. Ба мувофиқа расидан дар бобати ҳифзи муҳити зист, иқлим, истифодаи босамари захираҳои табиӣ аз тариқи таваҷҷуҳи бештар ба нерӯҳои барқароршаванда ва “иқтисоди сабз”, муборизаи зидди COVID-19 ва оқибатҳоион аз ҷумлаи ин иқдомҳои мусбатанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки ШМА ва Иттиҳоди Аврупо ин ҳама иқдомҳоро аз ҷумла барои он рӯи кор гирифтаанд, ки роҳи инкишоф ва нуфузи рӯзафзуни ҳарифони доимии худ – Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро боз доранд. Мухолифатҳои мавҷуда дар ин бобат наметавонанд ба зиндагии орому осоишта, амният ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ бетаъсир монанд. Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарураст, ки дар доираи иттиҳодҳои мавҷуда, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони қарордоди амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ғайра боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, бештар сафарбар шаванд. Аз тарафи дигар, лозим аст, ки дар идомаи сиёсати “Дарҳои боз” фаъолиятҳои худро бо доираи васеътари кишварҳо (“многовекторная политика”) ва тарафҳои алоқаманд барои таъмини рушди устувори минтақа вусъат бахшанд. Ин мавзӯъ махсусан дар партави изҳороти ахири Пешвои миллат доир ба Толибон ва мавқеъгирии усулии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибихтиёр ва мустақил аҳамияти бузурге касб менамояд.

ПАЁМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ОСОИШИ САРОСАРӢ

Паёми навбатии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таърихи 21 декабри соли равон ироа гардид, паёми ҷашнӣ буд: инак, бори даҳум аст, ки ҳамасола паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар пешкаш мегардад. Ин худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки низоми давлатдории миллии мо сол то сол беҳтару бештар ба меъёрҳои байналмилалии шаффофият ва ҳисобдеҳ будани Ҳукуматҳо мувофиқат намуда, асосҳои демократии он ва моҳияти иҷтимоияш таҳким меёбад. Мазмун ва мундариҷи Паём низ ҳамчун воситаи муассири гуфтугӯ бо халқ ва санади муҳими сиёсию иҷтимоӣ дар таъйини самтҳои асосии инкишофи кишвар ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда сол то сол ҷилои тоза ба худ касб менамояд.

Чун ҳамеша, дар Паёми имсола низ ба масъалаи робитаҳо ва муносибатҳои хориҷии кишвар, ки намоёнгари сиёсати пайгирона ва хастанопазиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини сулҳу субот на фақат дар дохили кишвар, балки дар тамоми минтақа ва арсаи байналмилалӣ мебошад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин масъала дар шароити имрӯз, ки дар саросари ҷаҳон авзои сиёсию иҷтимоӣ дар асари оқибатҳо ва паёмадҳои манфии пандемия, аз як тараф, ва низоъҳои мухталиф дар нуқоти мухталифи дунё, аз дигар тараф, боз ҳам печидатар гаштааст, аҳамияти махсус касб менамояд.

Дар ҳамин замина бояд қайд намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як иштирокчии оддии равандҳои ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таи солҳои ахир воқеан ҳам ба як узви комилҳуқуқ ва фаъоли ин равандҳо ва, гузашта аз он, ба яке аз акторҳои ташаббускор ва муайянкунандаи низому маромҳои мушаххас дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубаддал гаштааст. Имрӯз Душанбе ба маркази мулоқотҳои байналмилалӣ, ҳалли мушкилиҳои мубрами минтақа ва ташаббусҳои амалӣ дар роҳи истиқрори сулҳу субот ва таъмини рушди устувор табдил ёфтааст. Ин аз камолоти сиёсии роҳбарияти кишвар ва низоми давлатдории миллии мо шаҳодат медиҳад, ки шоистаи таҳсин ва яке аз раҳовардҳои бузурги даврони Истиқлоияти давлатии Тоҷикистон аст. Махсусан сиёсати “дарҳои кушода” ва дар ҳамин замина эҷоди фазои озоди муносибатҳои гуногунҷабҳа бо ҳама кишварҳои ҷаҳон якеа аз дастовардҳои арзанда ва қобили таваҷҷуҳи роҳбарияти сиёсии кишвар манзур мегардад.

Ба ибораи Пешвои миллат, “мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Дар ин росто, метавон тазаккур дод, ки имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад”.

Бисёр мантиқист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ нисбат ба шарикони стратегӣ ва рушди устувор вафодор боқӣ мемонад. “Дар сиёсати хориҷӣ мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ – Федератсияи Россия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар минтақаҳои олам ҳамеша аҳаммияти хосса медиҳем”,- таъкид намуд Президенти кишвар.

пешина
аз 12
навбатӣ