ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.
Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа
АСЛИ ГАП ЧӢ АСТ?
Дар ШМА силоҳи оташин доштан ва аз он истифода кардан барои дифоъ аз ҷону молу мулки худ ҳуқуқи коПнститутсионии шаҳрвандони ин кишвар аст. Ин ҳуқуқ аз тариқи қабули санади расмии ҳуқуқӣ таҳти унвони «Иловаи Дуюм» (Вторая Поправка)қонунӣ гардонда шудааст. Аммо солҳои ахир вазъият дар ин бобат хеле изтиробовар гаштааст, чун дар хона нигоҳ доштани силоҳи оташин ва аз он беасос ва берун аз доираи қонун истифода кардан боиси кушторҳои зиёди хунин ва тирпаррониҳои марговар махсусан дар ҷойҳо ҷамъиятӣ гардидааст. Ба нисбати нооромиҳо ва мушкилиҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ хариди силоҳ дар чанд соли ахир бамаротиб зиёд шудааст. Масалан, тибқи маълумотҳои расмӣ дар соли 2019 дар ШМА бештар аз 423 миллион адад силоҳи оташбор ба қайд гирифта шуда буд, ки ин аз миқдори нуфуси кишвар (328 миллион аҳолӣ) ҳам зиёдтар аст. Чуноне ки USToday хабар медиҳад, танҳо дар соли 2020 дар ШМА бештар аз 40 миллион адад силоҳу аслиҳаи мухталиф ба фурўш рафтааст.Дар натиҷа назорати хариду фурўш ва истифодаи қонунии силоҳу аслиҳаи шахсӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон гаштааст. Албатта, ин ҳолат кушторҳои бештар ва тазодҳои зиёдтареро дар ҷомеаи имрўзи Амрико ба бор овард. Президенти кунунии ШМА Ҷо Байден чунин ҳолатро «шармандагии миллат» номидааст. Аз назари Президент Байден, иллати асосии чунин вазъияти нанговар ва хатарнок номуназзамӣ ва номукаммалии низоми қонунгузории кишвар дар бобати хариду фурўш, нигоҳ доштан ва истифода аз силоҳи шахсист, ки онро фавран ислоҳ бояд кард.
ТАШАББУСИ ҶО БАЙДЕН
Аслан ин мавзўъ дар ҷомеаи Амрико гапи нав нест. Мавзӯи зарурат доштан ва ё надоштани силоҳи шахсӣ ва истифодаи қонунии он барои дифоъ аз худ ҳамеша мавриди баҳсҳои доманадор будааст. Ин мавзўъ ҳатто ба ҷомеаи муосири Амрико ҷудоӣ андохтааст ва дар асл онро ба ду қисмати муқобил тақсим кардааст. Аз ин рў, ҳалли дурусти масъала ва ба ифоқа овардани ҷомеаи имрўзи кишвар яке аз масъалаҳои калидии барномаи пешазинтихоботии Ҷо Байден барои соҳиб шудан ба мақоми президенти ШМА буд. Баъд аз соҳиб шудан ба курсии президентӣ Ҷо Байден фаъолияташро дар ин самт пурзўр кард ва то ҳадде ба ҳалли баъзе аз мушкилоти ин қазия муваффақ ҳам шуд. Масалан, вазъи назорат аз болои соҳибони аслиҳа ва истифодаи он андаке беҳтар гаштааст. Аммо ин муваффақиятҳо чузъӣ буда, мушкили асосиро (тағйири низоми ҳуқуқӣ) аз байн набурдааст. Чаро? Ворид намудани тағйирот дар низоми ҳуқуқии кишвар ва қабули қонунҳои нав берун аз салоҳияти Раиси Ҷумҳур аст. Ин корро фақат Конгресс ва Сенат анҷом дода метавонанд. Албатта, Ҷо Байден дар мавриди Конгресс мушкиле надорад, чун аксарияти аъзои онро намояндагони Ҳизби демократӣ ташкил медиҳанд. Аммо ташаббуси Конгресс дар бобати навовариҳо дар низоми ҳукуқии кишвар бидуни тасвиби Сенат маъно надорад. Дар Сенат бошад, миқдори аъзои он аз ҳарду ҳизб – ҳизбҳои демократҳо ва ҷумҳурихоҳон – баробар аст. Чун муборизаҳои идеологии байни ин ду ҳизби ҳоким махсусан дар давраи Трамп ва баъд аз он ба дараҷаи олӣ расидааст, ҷумҳурихоҳон ҳеҷ вақ нахоҳанд гузошт, ки демократҳо дар ин бобат дастболо шаванд, ҳатто агар ҳалли мусбати ин масъала ба фоидаи ҷомеаи кишвар ҳам бошад. Аз тарафи дигар, ҷумҳурихоҳон ба ин фикранд, ки айб дар силоҳу аслиҳа нест, чун кушторро инсонҳо анҷом медиҳанд, на силоҳу аслиҳа. Пас, аз назари онҳо, айб дар сари силоҳ нест ва ин масъала набояд таҷдиди назар шавад, чун ин ҳуқуқро Конститутсияи ШМА ба шаҳрвандони кишвар кафолат додааст. Маълум, ки гап дар сари маблағҳои калон ва манфиатҳои истеҳсол кунандагони силоҳу аслиҳа меравад, ки сиёсат мадоронро харидаанд ва манфШМАтҳои мардумро зери по кардаанд. Шояд ба ҳамин сабаб ҳам бошад, ки демократҳо дар ин бобат ҳизби ҷумҳурихоҳонро бо он айбдор мекунанд, ки онҳо фурўхта шудаанд ва имрўз на беҳбуду осоиши ҷомеа, балки манфиатҳои маҳз ҳамин гурўҳҳои пулдорро дифоъ мекунанд. Президент Байден метавонад фақат дар натиҷаи муваффақ шудан ба бекор кардани Иловаи дуюми Конститутсия ва ё
қабули қонуни нав. Иловаи нав дар бобати манъ кардани аслиҳаҳои шахсӣ ин мушкилро ҳал намояд ва ба чунин пайомадҳои ногувори силоҳу аслиҳаи хусусӣ хотШМА бахшад.
МУЛОҲИЗАҲО
Аз назари мо, сабаби чунин ҳолати ногувор танҳо натиҷаи мавҷуд будани аслиҳаи шахсӣ нест. Сабаби асосӣ дар он буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиест, ки дар ШМА имрўз фарогир шудааст. Ин ҳолат махсусан дар асари пандемияи COVID-19 боз ҳам чигилтар ва шадидтар гашт. Буҳрони мазкур масъалаи нажодпарастӣ ва хушунатҳои оилавиро низ сангинтар сохт, рўи об овард. Зиёд шудани сафи бекорон, поён рафтани сатҳи таъминоти иҷтимоии тўдаҳои васеи мардум, дастрасӣ надоштан ба хизматрасониҳои босифати тиббиву мактабу маориф, бойтар шудани пулдорон ва қашшоқтар гаштани камбағалон эҳсоси адами адолати иҷтимоиро ба бор овард. Стресс ва ноумедиҳо дар ҳамин замина дараҷаи нобоварии мардумро на фақат ба мақомоти қудрати давлатӣ, балки дар мавриди ҳамдигар ҳам бамаротиб боло бурд ва онро хатарнок сохт. Як сабаби ба аслиҳа даст задани мардум ҳам ҳамин аст, ки, аз назари онҳо, дигар ба ин давлату ин мақомоти расмӣ бовар карда намешавад, онҳо дар фикри мардумони оддӣ нестанд, сиёсати онҳо фақат мардумфиребист.
Дар Тоҷикистон ин масъала аз тариқи Қонуни ҶТ «Дар бораи силоҳ», ки 19 марти соли 2013 таҳти рақами 939 ба имзо расидааст, танзим карда мешавад. Қонуни мазкур шакли нав ва мукаммалкардашудаи қонунест, ки ҳанўз 1 феврали соли 1996 таҳти унвони Қонуни ҶТ «Дар бораи яроқ» қабул ва мавриди истифодақарор гардида буд. Қонуни нав муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба гардиши силоҳи ғайринизомӣ, хизматӣ, ҷангӣ, ҳамчунин лавозимоти ҷангиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликият, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳ равона карда
шудааст. Моддаи 18 ин қонун ба ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба силоҳи ғайринизомӣ бахшида шуда, дар банди аввали он омадааст, ки «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни бистуяксолагӣ расидаанд, баъди гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан ба намуди мушаххаси силоҳ дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи худмуҳофизатӣ, силоҳи варзишӣ, силоҳи шикорӣ ва силоҳи ишоракунандаро доранд». Назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоте амалӣ мегардад, ки барои додани иҷозатнома барои сохтани силоҳ ваколат доранд (Моддаи 32, банди 1).
Маслиҳат ин аст, ки яроқи оташфишон дар дасти мардум умуман набошад ва ё, дар ҳолатҳои истисноии иҷозати аслиҳа доштан, таҳти назорати сахт қарор дошта бошад. Мавҷудияти аслиҳа имрўз ҳатто дар кишваре чун ШМА, ки дараҷаи баланди фарҳанги ҳуқуқ ва эҳсоси масъулиятро дорост, хатари ҷанги шаҳрвандиро ба миён овардааст. Аз ин рў, дар кишварҳое мисли Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд иҷозат дода шавад, ки дар дасти мардум силоҳи оташфишон бошад. Ин хатарнок аст. Мисоли равшани ин фарзия ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштааст, чун агар дар он солҳои нооромӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба дасти мардум силоҳи бисёр мебуд, доманаи ҷанги даҳшатбори шаҳрвандии он солҳо васеътар ва пурфоҷиатар мегашт. Бешубҳа, раванди оштии миллӣ ва истиқрори сулҳро низ халалдор месохт. Умуман, фарзия дар бобати таъмини бехатарӣ ва ҳифзи ҳуқуқу осоиши шаҳрвандон дар натиҷаи иҷозати истифода аз силоҳу аслиҳаҳои шахсӣ, ҳатто дар доираи қонун ҳам бошад, нигарон кунанда ва хатарнок аст.
Ҳодисаҳои ахири Қирғизистон: боз як инқилоби нав?
Ҳодисаҳои ахири кишвари бо мо дўсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб намуд. Гурўҳе аз ғайрату ҷасорат ва матонати мардуми ин кишвар ба ваҷд омада бошанд, гурўҳи дигар чунин дараҷаи «фаол будан»-ро намеписандиданд. Гурўҳҳое ҳам буданд, ки аслан моҳияти масъаларо ба хубӣ дарк накарданд ва ё ҳеҷ рағбате ба он нишон надоданд. Хулоса, мавқеъву назарҳо ва муносибатҳо ба ин ҳодиса якранг набуданд. Дар ин навиштаи мухтасар мо кўшиш кардаем, ки то ҳадди имкон ба ин масъала бо назардошти андешаву афкори ҷаҳони Ғарб, махсусан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равшанӣ андозем.
Асли масъала
4 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Қирғизистон интихоботи навбатии вакилони мардумӣ ба мақоми олии қонунгузори ин кишвар – Жогорку Кенеш доир гардид. Аз 15 ҳизби сиёсӣ, ки дар интихоботи мазкур иштирок карданд, танҳо 4-тои онҳо (ки, ба қавле, ҳама аҳзоби пайрав ва наздикони президенти кунунии кишвар буданд) ҳадди муайяншудаи 7%-ро гузашта, узвият дар Парламенти миллиро ба даст оврданд. Ҳамин тариқ, нахустин бор дар давоми 29 соли даврони Истиқлоияти давлатӣ ба ҳайати тозаинтихоби Парламенти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон намояндагони ҳизбҳои мухолиф ворид нашуданд.
Натиҷаҳои интихобот аз тарафи аксари кулли мардум, махсусан ҷавони кишвар ғайри қобили қабул дониста шуд ва норозигии тўдаҳои васеи мардумро ба бор овард. 11 ҳизби нокомгашта аз ин фурсат истифода бурданд ва шоми 5 октябр аз пайравонашон даъват ба амал оварданд, ки ҳамчун нишони эътироз ва адами боварӣ ба ҳукумат даст ба тазоҳурот зананд. Ҳазорон нафар дар майдонҳои марказии калонтарин шаҳрҳои Қирғизистон, махсусан Бишкек ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва талаб намуданд, ки натиҷаҳои интихобот бекор карда шаванд. Аз ҳукумат талаб карда шуд, ки ҳарчи зудтар интихоботи нав гузаронида шавад. Комиссияи марказии интихоботи кишвар бо назардошти вазъи баамаломада натиҷаҳои интихоботи рузи 4 октябрро бекор кард. Президент ваъда дод, ки ба интихоботи нав мусоидат хоҳад кард. Аммо кор аз кор гузашта буд: мардум даст ба шикасту сўхтор заданд, идомаи минбаъдаи оромона ва бешикасту рехти тазоҳурот барои дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ғайриимкон гашт, фазои ҳуқуқӣ поймол гардид. Садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд, як нафар ҳалок гардид, хисороти зиёд ба молу мулки мардум ва давлат расонда шуд. Вавзъи иқтисодию иҷтимоии заифи кишвар боз ҳам заифтар гашт.
Назари Амрико
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарҳол пас аз анҷоми интихобот таи як баёнияи расмии худ, ки сафорати ин кишвар дар Бишкек ба табъ расонд, расман изҳор намуд, ки Амрико мардуми Қирғизистонро бо интихобот табрик мегуяд, чун интихобот яке аз нишонаҳои муҳими равандҳои демократист дар баёни озоду шаффофонаи хостаҳои мардум. Дар баёнияи мазкур бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки интихобот дар фазои орому осоишта доир гардид ва ин аз хизматҳои арзандаи Парламенти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар бобати ташкил ва анҷоми ин ҳодисаи муҳими сиёсӣ мебошад. Дар робита ба баъзе маълумотҳо оид ба вайрон кардани қоидаҳои умумии интихоботи озод ва шаффоф бошад, тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Иёлоти Амрико изҳори умед мекунад, то чунин қонуншиканиҳо аз тарафи мақомоти расмии кишвар мавриди барррасии ҷиддӣ қарор гирифта, барои таҳкими бештари низоми ҳуқуқӣ чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд.
Аммо дар асари ранги дигар гирифтани раванди ҳодисаҳои баъд аз интихобот Ҳукумати Амрико баёнияи дигареро дар робита ба вазъи баамаломада пахш намуд. Дар он, аз ҷумла, аз тарафҳои даргир даъват ба амал омадааст, ки ҳолати ногувор ва масъалаҳои баҳсноки марбут ба натиҷаҳои интихоботро аз роҳи сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигар, на зўроварӣ мавриди ҳаллу фасл қарор диҳанд. «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон ва тарзу шеваи демократии идоракунии давлатӣ дар ин кишвар эҳтиром дорад, - омадааст дар баёния. – Ҳодисаҳои рўзҳои ахир ифодагари динамика ва инкишофи равандҳои сиёсии дохилии кишваранд, на дахолати хориҷӣ».
Дар расонаҳои хабарии Амрико ҳодисаҳои ахири Қирғизистон мавриди таваҷҷуҳи васеъ қарор нагирифтанд. Ба истиснои ду-се хабару мақолаҳо, ки дар рӯзномаҳои марказии кишвар ба табъ расиданд, масъалаи мазкур аз доираи таваҷҷуҳи хонандагони бешумор берун монд. Шояд сабаби асосӣ он бошад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон дар масофаи ниҳоят дур аз Амрико қарор доранд. Амрико ба таври расмӣ ин кишварҳоро шарикони рушд эълом дошта, алоқамандии хешро дар мавриди таъмини сулҳу субот дар минтақа, тамомияти арзӣ ва истиқлоли миллии онҳо расман изҳор намудааст. Аз тарафи дигар, ба назари мо, ҳодисаҳои дохилии худи Амрико ва вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар асари оқибатҳои вазнини коронавирус ва баҳсу мунозираҳо ва муборизаҳои шадиди сиёсии пешазинтихоботӣ барои дарёфти мақоми президент диққати амрикоиёнро аз ҳодисаҳои Қирғизистон андаке дур кард.
Назари мо (ба ҷои хулоса)
Аз назари мо, ҳодисахои ахири Бишкек дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишварҳои минтақа бетаъсир нахоҳад монд. Эътироф бояд кард, ки ин ҳама аввалан натиҷаи сиёсати начандон пурсамари роҳбарияти сиёсии кишвар дар бобати таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад, ки касофати коронавирус онро чигилтар ва пурмоҷаротар сохт. Яъне, сабабҳои ин нооромиҳо заминаҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд ва онро танҳо бо мухолифатҳои «ҷанубу шимол» ё «қабилаҳо» вобаста донистан иштибоҳ аст. Сониян, нерӯи пешбарандаи чунин ҷунбишҳо дар Қирғизистон (ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) насли ҷавон аст, ки бо дониши хуб ва таҷрибаи пешқадами замони муосир мусаллаҳ гаштааст. Онҳо тағйирот ва ислоҳот мехоҳанд ва ин талаботи ҷиддии онҳост. Ин вазъро нодида гирифтан нашояд, чун дар аксарияти ин кишварҳо (аз ҷумла дар Қирғизистон) фоизи бештари аҳолиро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Ниҳоят, ҳодисаҳои Қирғизистон баёнгари дараҷаи муайяни инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он дар ин кишвар аст, аммо, мутаассифона, камбуди камолоти сиёсӣ ва адами фарҳанги умумишаҳрвандӣ ҳам мебошад.
Ҳодисаҳои Қирғизистон дар партави дигар нооромиҳое, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷой доранд (нооромиҳо дар Белорусия, моҷарои байни Арманистон ва Озарбойҷон оид ба Кӯҳистони Қаробоғ), барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти махсус ба худ касб мекунад. Воқеият ин аст, ки кишварҳои абарқудрат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сабабҳои муайян ба раванди ҳодисаҳои Бишкек мустақШМАн дахолат накарданд, чун онро саҳеҳан раванди инкишофи динамикии сиёсати дохилии худи мардуми Қирғизистон арзёбӣ намуданд. Чунин бархӯрд ба он асос ёфта буд, ки дар маҷмӯъ манфиатҳои аслии ин кишварҳо (Россия, Хитой, ШМА, Иттиҳоди Аврупо) дар хатар набуданд ва мавзӯи муносибатҳо бо ин кишварҳо аз доираи муноқишаҳои тарафҳои даргир берун буд. Пас, лозим аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд сиёсати дурусти раванди бозсозиҳоро пеш гиранд, ки ба муколШМА ва гуфтугӯҳои бардавом бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан таъмини иштироки васеи ҷавонон ва ҳавасмандгардонии онҳо барои рушду субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ асос ёфта бошанд.
Амрико ва Чин ба чӣ мувофиқа расиданд?
Рӯзи 16 ноябри соли 2021 сарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар фазои интернет суҳбат доштанд. Назар ба маълумоти расонаҳои хабарӣ, саммити виртуалии Ҷо Байден ва Си Ҷинпин дарозтар аз вақти ба нақша гирифташуда давом кард ва дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тавре аз паёми Кохи Сафед бармеояд, Байден дар сӯҳбат бо раҳбари Чин таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида сиёсатро дар бобати дифоъ аз манофеъ ва арзишҳои миллии худ идома хоҳад дод, аз риояи ҳуқуқи башар дар Чин изҳори нигарон аст, дар айни замон усули «Чини ягона»-ро риоя мекунад.
Раҳбарони ҳарду давлат ҳамчунон моҳияти мавҷудияти буҳрони иқлим ва ҳифзи муҳити зист барои ҷаҳон ва нақши муҳими ШМА ва Чин дар мубориза бо ин тағйиротро баррасӣ карданд. Байден ва Си инчунин аҳамияти андешидани чораҳоро барои ҳалли масъалаи таъмини энергия ва маводи сӯзишворӣ дар сатҳи ҷаҳон, чолишҳо ва хатарҳои калидии минтақавӣ дар бобати таъмини амнияти саросарӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба Кореяи Шимолӣ, Афғонистон ва Эрон баррасӣ карданд. Ва ниҳоят онҳо роҷеъ ба роҳҳои идомаи музокирот оид ба як қатор масъалаҳои дигар табодули назар карда, аҳамияти машваратҳои дақиқ ва мушаххасро дар ин замина махсус таъкид намуданд.
Ин нукта муҳим аст, ки Президент Байден ҳуқуқи кишвари Чинро дар интихоби роҳи инкишоф, тамомияти арзӣ ва арзишҳои миллии он эътироф намуда, таъкид ба он кард, ки ШМА ҳаргиз барои тағйири низоми сиёсии кишвари Чин ва таъсиси иттиҳодҳои муқобили ин кишвар кӯшиш нахоҳад кард. Мо тарафдори “Тайвани мустақил” ҳам нестем, - таъкид намуд роҳбари ШМА.
Воқеан, чунин ба назар мерасад, ки мулоқоти маҷозии роҳбарони ин ду кишвари абарқудрат ғайричашмдошт дар фазои ором, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигар анҷом гирифт. Чунин сурат гирифтани мулоқоти мазкур дар заминаи он нигарониҳо ва танишҳое, ки бо сабабҳои мухталиф миёни ин ду кишвар ҷой дорад, паёми нек на фақат дар беҳтар шудани вазъи робитаву муносибатҳои байни ШМА ва Чин, балки дар фазои сиёсии ҷаҳон низ ба назар мерасад. Аз тарафи дигар, “меҳрубониҳои” ШМА дар бобати боло бурдани сатҳи муносибатҳои байни ду кишвар метавонад ҳамчун кӯшиши рахна задан ба муносибатҳои байни Чин ва Россия ва, аз ҳамин тариқ, заъиф сохтани нуфузи Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ талаққӣ гардад. Беҳуда нест, ки фақат дар ҳамин чанд рӯзи ахир Байден се бор таҳримҳои зидди Россияро рад кард ва гуфт, ки ин чораҳо ба қадри кофӣ сахт нестанд. Департаменти давлатии ШМА низ таъкид намудааст, ки дар бораи муносибатҳои устувор ва пешбинишавандаи ШМА ва Россия ҳарф задан барвақт аст.
Хулоса, мулоқоти ахири ШМА ва Чин дар сатҳи олии роҳбарияти сиёсии ин кишварҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки хатар ва чолишҳои глобалии ҷаҳони имрӯз, ки ба мавҷудияти инсоният дар курраи Замин мустақШМАн иртибот мегирад, метавонад ва бояд ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳумро дар миёни кишварҳои мухталиф, махсусан давлатҳои абарқудрат ба миён оварад. Густариш ва таҳкими робитаҳо ва мавқеъҳои усулии ин кишварҳо дар роҳи дарки мушкилиҳо ва роҳҳои якҷояи ҳаллу фасли он ҳамчун яке аз воситаҳои муассири мубориза бар зидди чинин танишҳо ва чолишҳо арзёбӣ мегардад.
МАКРОН ДАР АМРИКО ЧӢ МЕҶӮЯД?
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо як сафари расмӣ ҳамин рӯз - 30 ноябри соли 2022 вориди ШМА шуд, то бо Президенти ШМА Ҷо Байден мулоқот анҷом диҳад. Дар назар аст, ки сафари мазкур се рӯз идома хоҳад кард. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймои ҳомили раҳбари Фаронса дар Пойгоҳи муштараки Эндрюс берун аз Вашингтон фуруд омад. Сиёсатмадор пеш аз сафар ба Ню Орлеан ду рӯз дар пойтахти Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд. Қаблан Politico навишта буд, ки Макрон дар ҷараёни сафараш ба ШМА кӯшиш хоҳад кард, ки Байденро мутақоид кунад, ки қонун ва талаботро барои коҳиш додани таваррум дар Амрико нарм кунад ва аз ҷанги тиҷоратӣ пешгирӣ кунад. Макрон ҳамчунон аз раҳбари Амрико хоҳиш мекунад, ки барои дастрасӣ ба гази арзонтар ва истифодаи кишварҳои аврупоӣ аз тарҳи чандмиллиарддоллараи мавҷуда, ки барои субсидия ба соҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳифзи муҳити зист пешбинӣ шудаанд, мусоидат намояд.
Аз назари нашрияи The New Youk Times бошад, раисиҷумҳури Фаронсаро дар Вашингтон гуфтугӯҳои ҷиддӣ дар пешанд, чун мулоқоти ӯ бо президент Байден дар ҳолате сурат мегирад, ки фазои байналмилалӣ дар асари ҳодисаҳои Украина хеле шиддат ёфта, дар арсаи ҷаҳонӣ паёмадҳои ногувореро ба бор овардааст. Гумон меравад, ки ин ва дигар мавзӯъҳои марбут ба оқибатҳои ҷанги Украина дар маркази таваҷҷуҳи мулоқоткунандагон қарор хоҳад гирифт.
Дар худи Фаронса эълон гардид, ки сафари серӯзаи давлатии Эммануэл Макрон ба ШМА дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дидгоҳҳои муштараки дуҷониба дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина ва истиқрори Чин. дар ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором сурат мегирад. Аммо қонуни охирини президент Ҷо Байден дар бораи коҳиши таваррум Иттиҳоди Аврупоро ба ташвиш овардааст ва раҳбари Фаронса бояд дар мавриди субсидияҳои ШМА ва пуштибонӣ аз манфиатҳои кишварҳои аврупоӣ дар ҳамин замина мавқеи устувор дошта бошад.
Қаблан маъмурияти президенти ШМА эълон карда буд, ки интизор меравад Байден дар ҷараёни сафари Макрон ба ШМА бо ҳамкори фаронсавиаш масъалаҳои марбут ба Украина, Чин, Эрон ва бурду бохти ҷанги энегетикиро баррасӣ хошад кард.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад
ё Чаро Вилям Бернс ба Маскав омад?
Маълум, ки ахиран авзои сиёсӣ ва дар ҳамин замина муносибатҳои баналмилалӣ дар тамоми ҷаҳон ба як буҳрони ғайричашмдошт ва нигаронкунанда мувоҷеҳ шудааст. Дар ин бобат сабабҳо гуногунанд, аз қабили ғасби қудрати сиёсӣ дар Кобул аз тарафи Толибон, масъалаҳои марбут ба камбуд ва боло рафтани нархи сӯзишворӣ махсусан дар Аврупо, мушкилиҳои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва тағйироти иқлим, ҳалли дурусти раванди ҷаҳонии муҳоҷирати меҳнатӣ ва зиндагии шоистаи муҳоҷирон ва ғайра. Дар ин миён тезутунд шудани муносибатҳои байни Маскав ва Киев ба оташи ин ҳамдигарнофаҳмиҳо равған рехт. Асли гап чӣ аст?
Ахиран нерӯҳои ҳарбии Россия дар наздикиҳои марзи Украина тамаркуз дода шуданд. Мутобиқи расонаҳои хабарии Маскав, чунин ҷобаҷо кардан ва ҳаракати қувваҳои низомии Россия дар доираи низоми қонунгузории кишвар сурат гирифтааст ва ба хотири таъмини амнияти миллии он анҷом дода шудааст. Ба ҳамин муносибат дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон оид ба аксҳои моҳвораӣ Дмитрий Песков, сухангӯи маъмурияти Президент Путин ҳафтаи равон гуфт, ки "ҳаракати техникаи низомӣ ё воҳидҳои артиши мо дар қаламрави Федератсияи Россия танҳо кори мост. Россия ҳеҷ гоҳ ба касе таҳдид накардааст, таҳдид намекунад ва барои касе хатаре ҳам надорад. Аммо дар пасманзари тамоюлҳои начандон хашмгини экспансионистӣ, ба хусус НАТО ва кишварҳои дигар Россия ҳамеша чораҳое меандешидааст, ки амнияти худро аз ҷониби НАТО ва дигар кишварҳо таъмин карда бошад ва минбаъд ҳам ҳамин тавр мекунад» .
Дар чунин як шароит Вилям Бернс, директори хадамоти истихборотии марказии ШМА (CIA) ба Россия сафар намуд. Ин сафар рӯзҳои 2-3 ноябри соли 2021 сурат гирифт. Вай дар Маскав бо Николай Патрушев, дабири Шӯрои амният ва мудири хадамоти кашфи хориҷӣ Сергей Наришкин мулоқот кардааст. Тибқи маълумоти расонаҳо, Президенти Русия Владимир Путин низ бо ӯ телефонӣ гуфтугӯ намуд.
Қаблан CNN бо такя ба манобеъи номаълум хабар дода буд, ки Бернс ба Маскав сафар кардааст, то Россияро дар бобати муносибаташ бо Украина "огоҳ" кунад ва ниятҳои Кремлро бифаҳмад. Ба гуфтаи вай, пас аз ин боздид мудири CIA бо Владимир Зеленский телефонӣ гуфтугӯ кардааст, то "танишро миёни Киев ва Маскав мӯътадил созад".
Дар ҳамин ҳол мақомоти Украина мегӯянд, бовар надоранд, ки ШМА барои ҷилавгирӣ аз таҷовузи Россия ба қадри кофӣ иқдом кардааст. Киев ШМА-ро водор мекунад, ки барои пурра ба кор даромадани лӯлаи гази Русия-Германия, ки бо номи "Маҷрои Шимолӣ-2" маъруф аст, коре бештар кунад, ки ин ба Россия имкон медиҳад, ки ҳангоми интиқоли газ ба Аврупо комилан Украинаро давр занад ва, ба эътиқоди Киев, Украинаро боз ҳам осебпазиртар кунад.
Хулосаи ин гуфтаҳо аз он иборат аст, ки гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ мехоҳанд мушкилиҳои алоҳидаи мавҷударо, аз қабили ташаннуҷи муносибатҳо байни Маскав ва Киев обуранги бештар диҳанд ва аз ҳамин роҳ авзои печидаи рӯзро боз ҳам чигилтар созанд. Дар ин моҷароҳо ба ҳам ситезонидани давлатҳои қудратманде чун Россия ва Амрико хатарнок аст. Тарафҳои даргир набояд ба хотири ғаразҳои сиёсии худ тақдири инсоният ва таъмини амнияти саросариро зери хатар гузоранд.
Қобили зикр аст, ки на Маскав ва на Вашингтон тарафдори чунин бархӯрдҳо ва боло рафтани сатҳи нобовариҳо нестанд. Раисиҷумҳури ШМА Ҷо Байден ба ҳамин муносибат гуфтааст, ки бо вуҷуди ташаннуҷҳо маъмурияти ӯ мехоҳад бо Маскав дар масоили мушаххас, аз ҷумла коҳиши силоҳҳои стратегӣ, музокироти ҳастаии Эрон ва мубориза бо нармафзори фидя ва дигар ҳамлаҳои киберӣ ҳамкорӣ кунад. Аз назари мо, моҳияти сафари оғои Бернс ба Маскав ва гуфтушунидҳояш бо раҳбарони олирутбаи Кремл низ аз ҳамин иборат аст. Ва ин ягона роҳи дурусти баррасӣ ва ҳалли мушкилиҳо ва норавшаниҳои мавҷуда аст, ки бояд аз тариқи маслиҳат ва машваратҳо сурат бигирад. Ба қавли Румии бузург,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё