ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.
Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа
Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки мақсади асосии ШМА дар минтақа, пеш аз ҳама, манфиатҳои иқтисодӣ мебошад. Таъмини амният ва пешгирӣ аз низоъҳои сиёсии қавмию этникӣ, ҳудудӣ ва ғайра дар навбати дуюм қарор мегиранд. Маҳз аз тариқи муваффақона амалӣ сохтани барномаву лоиҳаҳои иқтисодӣ ШМА метавонист мавқеи худро дар минтақа мустаҳкам намояд, нуфузи афзояндаи Чинро дар бахши иқтисод, экспансияи маданию фарҳангӣ ва Россияро дар бахши низомӣ пешгирӣ намояд. Аммо нотавонбинии сиёсӣ ва сарфи назар кардани эътибор ва манфиатҳои дигарон ба иҷрои ин мақсадҳои стратегии ШМА монеъ шудаанд.
Инак, стратегияи нави ШМА дар мавриди Осиёи Марказӣ барои солҳои 2019-2025 тасдиқ шудааст. Муаллифони санади мазкур дар пешгуфтори он овардаанд, ки Штатҳои Муттаҳида дар тӯли се даҳсолаи охир барои таъмини амният, рушд ва шукуфоии ҳар яке аз ин кишварҳои минтақа пайваста кор кардаст. Манфиати аввалини стратегии Штатҳои Муттаҳида дар бунёди як минтақаи дорои инкишофи мутаносиб ва устувору тараққикардаи Осиёи Марказист, ки озодона манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро бо шарикони гуногун ва бо шартҳои худ татбиқ кунад; ба бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст шавад ва барои сармоягузории байналмилалӣ кушода бошад; мавҷудияти ниҳодҳои қавии демократӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон таъмин гардад. Аз тарафи дигар, Осиёи Марказии устувор ва бехатар ба нақши мустақими ШМА дар мубориза алайҳи терроризм, дастгирии суботи минтақавӣ, мусоидат ба амнияти энергетикӣ ва густариши шукуфоии иқтисодии минтақа саҳм мегузорад.
Албатта, ақидаҳо дар бораи заррати чунин санад, мақсад ва вазифаҳо мухталифанд. Масалан, зарурати қабул шудани чунин як санади стратегиро яке аз намояндагони Департаменти давлатии ШМА ба таври зайл ташреҳ кардааст: «Чин ва Россия барои дастёбӣ ба нуфузи бештар дар ин минтақаи аз нигоҳи захираҳои табиӣ сарватманд мубориза мебаранд, силоҳбадастони Афғонистон бошанд, ба субот ва амнияти он таҳдид мекунанд». Ба ҳамин сабаб иддае аз коршиносон таъкид кардаанд, ки ин стратегия маҳз барои кам кардани нуфузи кишварҳои Чин, Россия ва Эрон дар минтақа равона шудааст. Аз тарафи дигар, ҳузури ШМА дар минтақа метавонад замонати таъмини истиқлолияти сиёсӣ ва амнияти ин кишварҳо бошад. Ин маънӣ дар стратегияи нав ҳам мушаххасан ифода ёфтааст, чун ба масъалаи рушди соҳибихтиёрӣ ва шукуфоии иқтисодӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир шудааст.
Оё ин стратегия воқеан ҳам як бархўрди нав ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушду суботи минтақа аст? Аз назари мо, афзалиятҳо дар ин бобат бетағйир мондаанд. Мавзўи рушди иқтисодӣ ва таъмини амнияти минтақа чун самтҳои афзалиятноки сиёсати ШМА дар Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст. Дар ҳуҷҷат махсус қайд шудани масъалаи рушди соҳибихтиёрӣ ба он далолат мекунад, ки барои ШМА амнияти сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷўҳи махсус қарор гирифтааст. Албатта, ин масъалаи ҳассос аст ва метавонад баъзе носуботӣ ва низоъҳои номатлубро ба бор оварад, чун дар ниҳояти кор сухан дар бобати маҳдуд сохтани нуфузи Россия ва Чин дар Осиёи Марказӣ меравад. Гумон меравад, ки ҳалли мушкилиҳои мавҷуда ва давраи инкишофи минтақа бидуни иштироки фаъолонаи Россия ғайриимкон хоҳад буд. Аз ин рў, хуб мебуд, агар ШМА ва дигар шарикони рушд ҳамкориҳоро бо Россия ва Чин дар бобати таъмини рушди устувор ва амнияти Осиёи Марказӣ таҷдиди назар мекарданд.
Нигаронии дигар, албатта, дохил кардани Афғонистон ба стратегияи Осиёи Марказӣ аст. Ҷиҳати мусбии чунин бархўрд ин аст, ки пайвастшавии Афғонистон ба оилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷозат медиҳад, то Афғонистон аз дастоварду имкониятҳо ва таҷрибаи неки кишварҳои минтақа истифода барад, раванди сулҳ ва инкишофи бардавоми хешро таъмин намояд. Аз тарафи дигар, «афғоникунонии» Осиёи Марказӣ метавонад ба амният ва оромии минтақа халал ворид созад, чун гурўҳҳои мухталифи иртиҷоӣ ва ифротгаро метавонанд аз ин имконият барои ғаразҳои нопоки худ истифода кунанд. Аҳамияти мавзӯъ ҳамчунин аз он иборат аст, ки Афғонистон як кишвари сермиллат аст - шумораи зиёди тоҷикон, ӯзбекҳо ва туркманҳо дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд, ки ин барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ташвишовар буда, метавонад мушкилиҳои нав ба бор оварад. Аз тарафи дигар, буҳрони Афғонистон метавонад ба буҳрони минтақавӣ ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мубаддал гардад. Дар ин ҷо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо додаанд, қайд кардан бамаврид аст, ки “муноқишаи Афғонистон тамоюли хатарнокро барои пайдоиши воҳидҳои ҷуғрофии анархистӣ ба вуҷуд меорад, ки метавонад ба пойгоҳи дастгирии ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ ва инчунин паҳншавии силоҳ ва маводи мухаддир».
Дар санади нави стратегӣ ҳалли монеаҳои инкишоф ва мушкилиҳоро аз тариқи амалӣ сохтани шаш нуктаи асосӣ пешниҳод кардаанд:
1. Дастгирӣ ва таҳкими соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ ва дар маҷмўъ ҳамчун минтақа.
2. КоҳишитаҳдидҳоитеррористӣдарОсиёиМарказӣ.
3. Тавсеа ва таҳкими дастгирии субот дар Афғонистон.
4. Мусоидат ба пайвастшавии Афғонистон ба Осиёи Марказӣ.
5. Ривоҷи ислоҳоти волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон.
6. МусоидатбасармоягузориҳоиИёлотиМуттаҳидадарравандирушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ.
Муаллифони ин барнома бар андешаеанд, ки татбиқи самарабахши санади мазкур имкон медиҳад, то Осиёи Марказӣ як минтақаи устувор ва бехатаре бошад ва тавонад ҳамкориҳои худро бо Иёлоти Муттаҳида амиқтар созад. Кишварҳои минтақа вазифадоранд, ки барои бозсозиҳои мавриди назар ислоҳот анҷом диҳанд, минтақаро барои сармоягузории байналмилалӣ омода созанд ва институтҳои демократиро таҳким бахшанд. Стратегияи нав инчунин ба он мусоидат мекунад, ки кишварҳои минтақа тавассути Кавказ бо Аврупо, бо Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ ва инчунин бо бозорҳои ҷаҳонӣ бештар робита дошта бошанд.
Ҳангоми тавсиф ва таҳлили муносибатҳои давлатҳои миллии минтақа таваҷҷӯҳи хосаеро муносибатҳои ШМА бо Ҷумҳурии Тоҷикистон касб менамоянд. Имрӯз миёни ШМА ва Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаи мустаҳкам густариш ёфтаанд. Ҳар ду давлат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон, таъмини сулҳу суботи бардавоми минтақа, ислоҳоти васеи демократӣ ва иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамоянд. Моҳи феврали соли равон 28 солагии муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар таҷлил мегардад. Қобили зикр аст, ки дар давоми ин солҳо Иёлоти Муттаҳида беш аз 1,8 миллиард доллари ШМА-ро ҳамчун кӯмак барои рушд тавассути барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва таъмини амният дар Тоҷикистон равона намудаст. Аз тарафи дигар, дар давоми ин солҳо мазмун ва моҳияти муносибатҳо мазмуни навро касб кардаанд.
Агар солҳои аввал матлаб фақат фароҳам овардани кӯмакҳои башардӯстона буд, ҳоло сатҳи муносибатҳо то ба дараҷаи ҳамкорӣ барои рушди устувори иқтисодӣ боло рафтааст. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун шарики ҳамкориҳо барои рушди устувор мақоми махсус пайдо кардааст. Дар ҳамин қарина танҳо дар соли 2018 ҳукумати ШМА тавассути барномаҳои USAID барои рушди Тоҷикистон тақрибан 35 миллион доллари ШМА маблағгузорӣ намудааст.
Чуноне ки сафири нави ШМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм чанде пеш дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорони тоҷик қайд намуд, ҳамкориҳои миёни ду кишвар рӯ ба инкишоф ва такомул буда, имрӯз бештар ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба афзалиятҳои зерин нигаронида шудаанд: Якум, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон; Дуюм, афзоиши робитаҳои иқтисодии минтақа; Сеюм, пешбурди ниҳодҳои идоракунии давлатии пурмасъулу самаранок дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар. Чуноне ки сафир хотиррасон намуд, дар ҳамаи ин кӯшишҳо Сафорат барои таҳкими ҳамдигарфаҳмии мардумони ин ду кишвар талош хоҳад кард. Масалан, ба иртибот ба таъмини амнияти минтақа моҳи январи соли равон аз тарафи Ҳукумати ШМА ба маблағи 3,8 миллион доллар таҷҳизоти амниятӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дода шуданд. Таҷҳизоти мазкур ҳамчун таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвияти иқтидори Қӯшунҳои сарҳадӣ барои назорати доимии қисмҳои марзие, ки тавассути посдории маъмулӣ имконнопазиранд, мусоидат хоҳад намуд. Чунин тарзи ҳамкорӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ШМА ва Тоҷикистон доираи ҳамкориҳои дуҷонибаро барои таъмини рушди устувор беш аз пеш таҳким бахшида, фарохтар сохтаанд.
Моҳи ноябри соли 2015 Котиби Давлатии ШМА ва панҷ вазири корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ш. Самарқанд во хӯрданд. Дар натиҷаи ин вохурӣ платформаи нави C5+1 ташкил дода шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки диққати махсус ба рушди шабакаи минтақавӣ равона карда шавад. Соли 2016 дар Самарқанд Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои C5+1 инчунин барои ҳамкории якҷоя дар мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез ба мувофиқат омаданд. Ин, бешубҳа, боз як ҷанбаи муҳими ҳамкориҳои амниятии ШМА ва Тоҷикистон мебошад. Терроризми ҷаҳонӣ, ки як шакли бадтарие ва манфуртарини ифротгароии сиёсист, яке аз навъҳои бузургтарин таҳдидҳои олами муосир ба ҳисоб меравад, Чунин мушкилиро танҳо тавассути ҳамкориҳои мақсаднок ва муассир метавон бартараф кард.
Дар баробари лоиҳаҳои сершумори USAID, ки бо ҳадафи рушди тиҷорати минтақавӣ фаъолият мекунанд, Ҳукумати ШМА инчунин лоиҳаи CASA-1000-ро дастгирӣ менамояд. Лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон ва Қирғизистон имконият медиҳад, ки неруи барқи изофии худро ба Афғонистону Покистон фурӯшанд. Ба наздикӣ ШМА омодагии худро барои дастгирии фаъолиятҳои сохтмонии неругоҳи барқи обии Себзор ҳамроҳ бо шарикони сармоягузори худ бо мақсади дастгирии ҷамоатҳои Бадахшон изҳор намуд. Мисоли дигари чунин ҳамкориҳои судманд барномаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аст, ки барои таҳкими волоияти қонун ва пурзӯр кардани робитаи байни мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Ин барномаҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, унсурони мазҳабӣ, мақомоти низомию қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти расмиро ба сифати ҷамоати ягона барои бартараф кардани мушкилиҳо бо ҳам гирд меоварад. Дар асл чунин барномаҳо воситаи муассир дар ҳаллу фасли мушкилиҳои марбут ба амнияти дохилии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Сафорати ШМА дар Тоҷикистон инчунин барномаҳои гуногуни илмиву фарҳангиро амалӣ менамояд. Як намунаи чунин барнома, ки дорои шабакаи ҷаҳонии беш аз 400 маркази машваратӣ дар саросари ҷаҳон буда, бо дастгирии Шуъбаи барномаҳои таҳсилотӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ШМА фаъолият мекунад, - Education USA ба шумор меравад. Ин маркази омӯзишӣ дар Душанбе соли 1992 кушода шуда, аз тарафи созмони ҷамъиятии Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ (ACTR/ACCEL) идора мешавад. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон – хатмкардагони барномаҳои мухталифи таълимии ШМА сомонаи интернетии Ҷамоати байналмилалии хатмкардагони барномаҳои мубодила вуҷуд дорад. Ҳамасола барои донишҷӯён ва алоқамандони такмили ихтисос стипендияҳои махсус ҷудо мешаванд. Барномаи Фулбрайт аз ҷумлаи онҳост. Барномаҳои дигари илмию фарҳангӣ низ амал мекунанд, аз қабили Барномаи ҳифозати мероси фарҳангӣ, Барномаи тавонмандсозии занону духтарон, Барномаи такмили ихтисос, Барномаи мубодилаи виртуалӣ, Барномаи омӯзиши забони англисӣ ва ғайра.
Гумон меравад, ки ШМА дар Тоҷикистон манфиатҳои иқтисодӣ намеҷӯяд, Тоҷикистон ин захираҳоро надорад ва иқтисоди пешрафтаро соҳиб нест. Кишвари мо аз нигоҳи бозори иқтисодӣ низ ҷавобгӯи манфиатҳои Амрико буда наметавонад (баръакси Ӯзбекистон ва Қазоқистон). ШМА дар Тоҷикистон ҷӯёи ҳадафҳои геополитикист, ки ҷавҳари онро зиёд кардани нуфузи Амрико дар Осиёи Марказӣ аз тариқи маҳдуд кардан ва агар имкон бошад, озод кардани ин кишварҳо аз таъсири Россия ва Чин ташкил медиҳад. Бо ин мақсад сиёсати чанд соли ахири ШМА аз тариқи ЮСАИД ва дигар созмонҳои маблағгузор асосан ба он равона карда шудааст, ки мафкура ва андешаи мардумони минтақаро дар бобати интихоб – Россия ё ШМА—ба фоидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо тағйир бидиҳад (аз тариқи маблағгузориҳо ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, барномаҳои мухталифи таълимӣ ва ғайра). Албатта, ҳадафи чунин як сиёсат он аст, ки дар ниҳояти кор дар Тоҷикистон (ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна) заминаҳои мусоид барои бозсозиҳои ҷиддии сиёсӣ ба вуҷуд ояд ва ҳамин тавр ҳузури ШМА дар Тоҷикистон (ва минтақа) барои солҳои зиёд таъмин карда шавад (тибқи сиёсати глобалии ШМА). Масъалаи ҳамкориҳои Амрико бо неруҳои қудратии Тоҷикистон (Кумитаи амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Мақомоти корҳои дохилӣ) дар ниҳояти кор ба боло рафтани ташаннуҷ ва ихтилофҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Россия оварда мерасонад. Масъалаи будан ё набудани Пойгоҳи ҳарбии Россия дар Тоҷикистон мавриди баҳс қарор мегирад. Ва ин Пойгоҳ метавонад дигар кафолати амният ва сулҳу субот дар минтақа набошад. Маслиҳат ин аст, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои худ бо ШМА бештар ба масъалаҳои таълиму тарбия, омӯзиш ва истифодаи технологияи нав, таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он таваҷҷуҳ намояд, ки ҳам барои Амрико хушоянд аст ва ҳам ба таҳкими бештари бозсозиҳои кишвар мусоидат намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷомеаи озод ва давлати иҷтимоӣ муаррифӣ менамояд.
Ташаккул ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва ШМА дар замони Истиқлолият
Ҷумҳурии Тоҷикстон ва умуман кишварҳои Осиёи Марказӣ на ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ШМА) қарор доштаанд. Дар гузашта ин ҳолат ба он сабаб ҷой дошт, ки кишварҳои минтақа дар муносибатҳои байни ШМА ва собиқ Иттиҳоди Шўравӣ нақши муҳимме надоштанд. Чунин ҳолат ҳатто пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ низ дар ибтидо чандон ҷилои тоза ба худ касб накард. Фақат баъд аз чанд соли даврони истиқлолияти давлатии ин кишварҳо, ки ба арсаи байналмилалӣ ҳамчун симоҳои тозаи сиёсӣ ворид шуданд, ҷумҳуриҳои мустақили Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷуҳи ШМА қарор гирифтанд. Аз тарафи дигар, ШМА таърихан ҳаргиз аз донандагони хуби аҳамият ва махсусиятҳои минтақаи Осиёи Марказӣ набудааст ва, мутаассифона, ҳанўз ҳам нест. Ва ниҳоят, дар солҳои аввали пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, ба гумони комил, ШМА бовар ба он дошт, ки низоми собиқи коммунистӣ дар кишварҳои минтақа қудрати сиёсиро аз даст нахоҳад дод, онҳо тобеи Россия боқӣ хоҳанд монд, аз ин рў, тамоми кўшиш ва таваҷҷуҳи худро ба кишварҳои Назди Балтика равона сохт.
Ба ҳар ҳол, қазия баъд аз соли 1991 оҳиста-оҳиста ранги дигар гирифт. ШМА ба ҳайси ягона кишвари абарқудрати замон беш аз пеш ба минтақаи Осиёи Марказӣ тавҷҷуҳ зоҳир намуда, дар соли 1997 ин кишварҳоро минтақаи махсуси манфиатҳои стратегии дарозмуддати худ эълон намуд. Гузашта аз он, 3 августи соли 1999 Конгресси ШМА ҳуҷҷати муҳимеро таҳти унвони «Санади стратегияи Роҳи Абрешим» (Silk Road Strategy Act) қабул намуд, ки дар он мақсаду маром ва ҳадафҳои ШМА дар бобати Осиёи Миёна ба таври возеҳ ифода ёфтаанд. Аз ҷумла, дар ин ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ШМА истиқлолият ва мустақилияти иқтисодиву сиёсии кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ хоҳад кард, то тобеияти энергетикии худро аз давлатҳои Халиҷи Форс камтар созад. Албатта, чунин ҳолат бо назардошти мавқеи муҳими ҷуғрофии Осиёи Марказӣ дар муносибатҳои геополитикии муосир; захираҳои фаровони табиӣ ва инсонии минтақа; қаробати наздик доштан аз нигоҳи марзу бум, таъриху фарҳанг ва нуфуси аҳолӣ ба марказҳои низоъ, ихтилоф ва ташаннуҷ дар ҷаҳони ислом; тамаркузи назарраси мушкилиҳо ва таҳдидҳои глобалӣ дар минтақа (сарҳадӣ, қавмӣ, мазҳабӣ, муҳити зист ва ғайра) 222 сурат гирифтааст. Сабаби дигари чунин таваҷҷуҳ, албатта, ба арсаи ҳаёт қадам гузоштани Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамчун сохтори сиёсиву иқтисодӣ ва роҳҳалли муҳими ба низом овардани мушкилиҳо ва мавзўъҳои марбут ба минтақаи Осиёи Миёна бо ҳузури ду кишвари қудратманди ҷаҳон – Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Чин – ва нуфузи зиёд пайдо кардани он дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ШМА-ро ба ташвиш оварда буд.
Баъдтар, дар солҳои 2015 ва 2019, ШМА ҳуҷҷати муҳимеро таҳти унвони «Стратегияи ШМА оид ба Осиёи Марказӣ» таҳия ва қабул мекунад. Стратегияи нави ШМА оид ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2019-2025 бо таваҷҷуҳи махсус ба инкишоф ва такомули соҳибихтиёрӣ ва рушди иқтисодии минтақа қабул гардидаст.
Стратегияҳои мазкур дар асл идомаи консепсияи маъмули «Осиёи Марказии Бузург» ва дигар лоиҳаҳои маъруф аст, ки солҳои 90-уми қарни гузашта тарҳрезӣ шуда, мақсадашон таъмини ҳузури воқеӣ ва тавонмандии ШМА на фақат дар Осиёи Миёна, балки дар тамоми ҷаҳони Шарқ аз тариқи заиф сохтани нуфузи дигар кишварҳои абарқудрат дар ин минтақа, махсусан, кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия мебошад.
Тибқи ин нақша бояд ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои осиёии ба ШМА содиқ бояд бештар муташаккил шаванд ва дар ниҳояти кор аз Россия камтар вобаста гарданд.
Бояд қайд намуд, ки сиёсати ШМА дар мавриди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамеша некбинона арзёбӣ шудааст, ки барои таъмини сулҳу субот, пешгирӣ аз низоъҳои номатлуб, рушди устувори иқтисодӣ, идоракунии самараноки давлатӣ, таъмини озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ташаккул ва таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маҷмўъ нигаронида шудааст. Барномаҳои мухталифи илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ низ қисмати умдаи ин сиёсатро ташкил медиҳанд. Чунин муносибатҳо дар доираи консепсияи «ҳимояи манфиатҳои миллии ШМА» амалӣ мегарданд. ШМА ҳамеша кўшидааст, ки амнияти миллии кишвар, тавонмандии иқтисодӣ ва ҳокимияти муқтадири сиёсии он дар саросари минтақа мавқеи асосӣ дошта бошанд.
Аз тарафи дигар, сиёсати ШМА дар Осиёи Марказӣ (ба шумули Тоҷикистон) ҳамеша устувор ва муваффақ набудааст. Маълумоти мукаммал надоштан дар бораи авзои этникӣ, рўҳию идеологӣ, қавмию мазҳабӣ ва ғайраи минтақа, пурра дарк накардани махсусиятҳои кишварҳои минтақа дар ибтидо, сиёсати сарфи назар кардани манфиатҳои кишварҳои дигар ба хотири қудратмандии танҳо худ, дуруст муайян ва мушаххас карда натавонистани афзалиятҳо, «забон» наёфтан бо дигар шарикони рушди минтақа (махсусан, Чин ва Россия) ва ғайра аз ҷумлаи он камбудиҳоеанд, ки ШМА дар таъйини сиёсати хеш роҳ додааст.
Аммо чашмандоз ва манзараи сиёсии минтақа ҳам бетағйир намондааст. Аз як тараф, сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣтаи солҳои ахир оҳанги дигар касб кардааст, роҳбарони сиёсии ин кишварҳо камолоти сиёсӣ ёфтаанд, аз тарафи дигар, ШМА низ мавқеъгирии худро дигар сохтааст. Ба арсаи вуҷуд қадам гузоштани Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаиамнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ҳодисаҳои Афғонистону Шарқи Наздик, Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва, албатта, фоҷиаи 11 сентябри соли 2001 боиси чунин мавқеъгириҳо ва таҷдиди назар ба вазъи куллии минтақа гардидаанд.
Имрӯз миёни ШМА ва Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаи мустаҳкам густариш ёфтаанд. Ин муносибатҳо расман аз 14 феврали соли 1992 оғоз гардида, “чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд”. Ҳар ду давлат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон, таъмини сулҳу суботи бардавоми минтақа, ислоҳоти васеи демократӣ ва иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамоянд. Дар таҳкими бештари муносибатҳои сиёсӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ШМА дар соли 2002 ва мулоқот бо президент Ҷорҷ Буш, ки зимни он ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир матраҳ гардиданд, нақши муҳим бозидааст. Ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба сафарҳои котибони давлатии ШМА Ҷеймс Бейкер, Кондолиза Райс, Ҳиллари Клинтон ва Ҷон Керри ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мусоидат намудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё