Зеҳн
ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.

Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа

Идоракунӣ
Аз аввал хондан

Қобили қайд аст, ки ШМА аввалин кишвари абарқудрате буд, ки истиқлолияти сиёсии Тоҷикистонро эътироф намуд ва аз ҳамин тариқ ба густариши минбаъдаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва боло рафтани нуфузи сиёсии он мусоидат намуд. Сафари расмии намояндаи олирутбаи ШМА Ҷеймс Бейкер, Котиби давлатии Амрико ба Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 1992 ба ин раванди бебозгашт такони тоза бахшид.

Моҳи феврали соли оянда 30 солагии муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар таҷлил мегардад. Қобили зикр аст, ки аз соли 1993 инҷониб Ҳукумати ШМА танҳо аз тариқи USAID ба Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллар кумак кардааст, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф, истифодаи таҷрибаҳои самараноки кишоварзӣ ва идоракунии беҳтари захираҳои табиӣ мусоидат кардааст. Дар маҷмўъ, дар давоми ин солҳо Ҳукумати ШМА ба андозаи тақрибан 1 миллиард кумак расондааст. Дар доираи чунин кумак ва ҳамкориҳои дуҷониба, масалан, танҳо ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон тақрибан 125 миллион доллар ихтисос дода шудааст.

Аз тарафи дигар, дар давоми ин солҳо мазмун ва моҳияти муносибатҳо ва робитаҳои Тоҷикистону ШМА мазмуни навро касб кардаанд. Агар солҳои аввал матлаб фақат фароҳам овардани кӯмакҳои башардӯстона буд, ҳоло сатҳи муносибатҳо то ба дараҷаи ҳамкорӣ барои рушди устувори иқтисодӣ боло рафтааст. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун шарики ҳамкориҳо барои рушди устувор мақоми махсус пайдо кардааст.

Чуноне ки сафири ШМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм қайд намуд, ҳамкориҳои миёни ду кишвар рӯ ба инкишоф ва такомул буда, имрӯз бештар ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба афзалиятҳои зерин нигаронида шудаанд:

Якум, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон; Дуюм, афзоиши робитаҳои иқтисодии минтақа; Сеюм, пешбурди ниҳодҳои идоракунии давлатии пурмасъулу самаранок дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар. Чуноне ки сафир хотиррасон намуд, дар ҳамаи ин кӯшишҳо Сафорат барои таҳкими ҳамдигарфаҳмии мардумони ин ду кишвар талош хоҳад кард. Масалан, ба иртибот ба таъмини амнияти минтақа моҳи январи соли 2019 аз тарафи Ҳукумати ШМА ба маблағи 3,8 миллион доллар таҷҳизоти амниятӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистондода шуданд. Таҷҳизоти мазкур ҳамчун таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвияти иқтидори Қӯшунҳои сарҳадӣ барои назорати доимии қисмҳои марзие, ки тавассути посдории маъмулӣ имконнопазиранд, мусоидат хоҳад намуд. Дар моҳи апрели соли 2020 бошад, танҳо барои пешгирӣ аз пандемияи COVID-19 аз тариқи USAID ба андозаи 868 923 доллари ШМА кумаки молӣ расонда шуд32. Чунин тарзи ҳамкорӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ШМА ва Тоҷикистон доираи ҳамкориҳои дуҷонибаро барои таъмини рушди устувор беш аз пеш таҳким бахшида,фарохтар сохтаанд.

Моҳи ноябри соли 2015 Котиби Давлатии ШМА ва панҷ вазири корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ш. Самарқанд во хӯрданд. Дар натиҷаи ин вохурӣ платформаи нави C5+1 ташкил дода шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки диққати махсус ба рушди шабакаи минтақавӣ равона карда шавад.

Соли 2016 дар Самарқанд Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои C5+1 инчунин бароиҳамкории якҷоя дар мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез ба мувофиқат омаданд. Ин, бешубҳа,боз як ҷанбаи муҳими ҳамкориҳои амниятии ШМА ва Тоҷикистон мебошад. Терроризми ҷаҳонӣ, киякшаклибадтаринваманфуртариниифротгароиисиёсист, яке аз навъҳои бузургтарин таҳдидҳои олами муосир ба ҳисоб меравад. Чунин мушкилиҳор танҳо тавассути ҳамкориҳои мақсаднок ва муассир метавон бартараф кард.

Дар баробари лоиҳаҳои сершумори USAID, ки бо ҳадафи рушди тиҷорати минтақавӣ фаъолият мекунанд, Ҳукумати ШМА инчунин лоиҳаи CASA-1000-ро дастгирӣ менамояд. Лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон ва Қирғизистон имконият медиҳад, ки неруи барқи изофии худро ба Афғонистону Покистон фурӯшанд. Ба наздикӣ ШМА омодагии худро барои дастгирии фаъолиятҳои сохтмонии неругоҳи барқи обии Себзор ҳамроҳ бо шарикони сармоягузори худ бо мақсади дастгирии ҷамоатҳои Бадахшон изҳор намуд. Мисоли дигари чунин ҳамкориҳои судманд барномаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аст, ки барои таҳкими волоияти қонун ва пурзӯр кардани робитаи байни мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣпешбинӣ шудааст. Ин барномаҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, унсурони мазҳабӣ, мақомоти низомию қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти расмиро ба сифати ҷамоати ягона барои бартараф кардани мушкилиҳо бо ҳам гирд меоварад. Дар асл чунин барномаҳо воситаи муассир дар ҳаллу фасли мушкилиҳои марбут ба амнияти дохилии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.

Сафорати ШМА дар Тоҷикистон инчунин барномаҳои гуногуни илмиву фарҳангиро амалӣ менамояд. Як намунаи чунин барнома, ки дорои шабакаи ҷаҳонии беш аз 400 маркази машваратӣдар саросари ҷаҳон буда, бо дастгирии Шуъбаи барномаҳои таҳсилотӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ШМА фаъолият мекунад, - EducationUSAба шумор меравад. Ин маркази омӯзишӣ дар Душанбе соли 1992 кушода шуда, аз тарафи созмони ҷамъиятии Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ (ACTR/ACCEL) идора мешавад. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон – хатмкардагони барномаҳои мухталифи таълимии ШМА сомонаи интернетии Ҷамоати байналмилалии хатмкардагони барномаҳои мубодила вуҷуд дорад. Ҳамасола барои донишҷӯён ва алоқамандони такмили ихтисос стипендияҳои махсус ҷудо мешаванд. Барномаи Фулбрайт (FulbrightProgram) аз ҷумлаи онҳост. Барномаҳои дигари илмию фарҳангӣ низ амал мекунанд, аз қабили Барномаи ҳифозати мероси фарҳангӣ, Барномаи тавонмандсозии занону духтарон, Барномаи такмили ихтисос, Барномаи мубодилаи виртуалӣ, Барномаи омӯзиши забони англисӣва ғайра.

Гумон меравад, ки ШМА дар Тоҷикистон манфиатҳои иқтисодӣ намеҷӯяд, Тоҷикистон ин захираҳоро надорад ва иқтисоди пешрафтаро соҳиб нест. Кишвари мо аз нигоҳи бозори иқтисодӣ низ ҷавобгӯи манфиатҳои Амрико буда наметавонад (баръакси Ӯзбекистон ва Қазоқистон). ШМА дар Тоҷикистон ҷӯёи ҳадафҳои геополитикист, ки ҷавҳари онро зиёд кардани нуфузи Амрико дар Осиёи Марказӣ аз тариқи маҳдуд кардан ва агар имкон бошад, озод кардани ин кишварҳо аз таъсири Россия ва Чин ташкил медиҳад.Бо ин мақсад сиёсати чанд соли ахири ШМА аз тариқи ЮСАИД ва дигар созмонҳои маблағгузор асосан ба он равона карда шудааст, ки мафкура ва андешаи мардумони минтақаро дар бобати интихоб – Россия ё ШМА—ба фоидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо тағйир бидиҳад (аз тариқи маблағгузориҳо ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, барномаҳои мухталифи таълимӣ ва ғайра). Албатта, ҳадафи чунин як сиёсат он аст, ки дар ниҳояти кор дар Тоҷикистон (ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна) заминаҳои мусоид барои бозсозиҳои ҷиддии сиёсию иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд ва ҳамин тавр ҳузури ШМА дар Тоҷикистон (ва минтақа) барои солҳои зиёд таъмин карда шавад (тибқи сиёсати глобалии ШМА).Масъалаи ҳамкориҳои Амрико бо неруҳои қудратии Тоҷикистон (Кумитаи амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Мақомоти корҳои дохилӣ) дар ниҳояти кор ба боло рафтани ташаннуҷ ва ихтилофҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Россия оварда мерасонад. Масъалаи будан ё набудани Пойгоҳиҳарбии Россия дар Тоҷикистон мавриди баҳс қарор мегирад. Ва ин Пойгоҳ метавонад дигар кафолати амният ва сулҳу субот дар минтақа набошад. Маслиҳат ин аст, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои худ бо ШМАбештар ба масъалаҳои таълиму тарбия, омӯзишва истифодаи технологияи нав, таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он таваҷҷуҳ намояд, ки ҳам барои Амрико хушоянд аст ва ҳам ба таҳкими бештари бозсозиҳои кишвар мусоидат намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷомеаи озод ва давлати иҷтимоӣ муаррифӣ менамояд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар Тоҷикистон ба раванди робитаҳои мутақобилаи кишвар бо ШМА ҳамеша назари мусбат вуҷуд доштааст. Масалан, тибқи як назарпурсии ҷамъиятие, ки соли 2012 анҷом дода шудааст, 44% шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур ва фаъолиятҳои ШМА–ро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ кардаанд, дар ҳоле ки 38% онҳо чандон қаноатманд нестанд, 18% пурсишшудагон дар ин бобат мавқеи равшан надоранд. Аз тарафи дигар, мавқеъ ва нуфузи байналмилалии ШМА ба он далолат мекунад, ки доштани робитаҳои хуби дуҷониба бо ин кишвар эътибори махсус дорад. Чуноне, ки дар боло ишора рафт ва гурўҳе аз муҳаққиқон низ ба ин фикранд, ШМА метавонад дар доираи стратегияи худ оид ба Осиёи Марказӣ ва дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони амнияти дастаҷамъӣ (САД) корҳои зиёдеро ба анҷом расонад. Таъмини сулҳу субот дар минтақа, мубориза бар зидди экстремизм, терроризм ва сепаратизм, ҷулўгирӣ аз низоъҳои номатлуб дар ҷомеа, таҳкими бештари равандҳои демократӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии боровар ва ниҳодҳои пурсамари он ва ғайра аз ҷумлаи ин самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо ва робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ШМА буда метавонанд. Мавзўи таъминоти энергетикӣ ва истифодаи самаранок аз захираҳои табиии тавлиди барқ дар доираи ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон таҳти унвони «Об - барои амал ва рушди устувор», ташаккул ва рушди «иқтисоди сабз» низ аз ҷумлаи чунин авлавиятҳоянд. Ва ниҳоят, рушду такомули бештари илмиву фарҳангӣ, омўзишиву таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар фазои интернет (он-лайн) доира ва муҳтавои ин робитаҳоро боз ҳам густурдатар ва амиқтар мегардонанд.

ШМА ва СӼШ: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи муносибатӽо

Яке аз воқеиятҳои назаррас ва падидаи муҳими сиёсию иҷтимоии охири қарни ХХ ва ибтидои садаи ХХI ин ба арсаи вуҷуд қадам гузоштани Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аст. Дар як муддати кўтоҳ СҲШ тавонист аз як ниҳоди минтақавӣ бо узвияти теъдоди ками давлатҳо (1996-«Панҷгонаи Шанхай») ба як созмони миқёсан бузурги муҳташам ва обрўманди байналмилалӣ бо узвияти теъдоди зиёди кишварҳои минтақа ва берун аз он (2021- 18 аъзои СҲШ (8+4+6) мубаддал гардад. СҲШ имрўз 60% қаламрави минтақаи Авруосиё ва тақрибан ними (3,5 миллиард) аҳолии ҷаҳонро дар бар гирифтааст. Хусусияти асосии ин созмон характери интегратсионӣ (ҳамгироӣ) доштанаш аст, ки дар навбати аввал барои ҳамкориҳои иқтисодиву гуманитарӣ пешбинӣ шудааст. Ва ин табиист: ду кишвари бузурги минтақа – Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии мардумии Чин – ҳамчун ташаббускорони таъсиси ин созмон на фақат ба муносибатҳои хубу ҳасана бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зарурат доштанд, балки хостанд сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар ин минтақа таъмин бошад, то ин ду кишвари бузург тавонанд сиёсат ва манфиатҳои хешро пайгирона амалӣ созанд. Маълум, ки дар ин бобат мавқеи ҷуғрофии минтақа, захираҳои бепоёни табиӣ ва инсонии кишварҳои он, бозори мусоиди меҳнат ва тиҷорат, аҳамияти геосиёсии минтақа ва давлатҳои он низ нақши муҳим бозидаанд. Аммо, ба ақидаи маъмули Ху Сзинтао, роҳбари собиқи ҶМЧ (2003-2013) сабабҳои зуд ва ба ин дараҷа қудратманд ва бонуфуз гаштани СҲШ ҳамчунон ба он вобаста аст, ки ҳама давлатҳо-аъзои созмони мазкур усулҳои аслӣ ва фалсафаи созандаи СҲШ-ро ҳамеша ва пайваста пайгирӣ кардаанд, ки мафҳумҳои калидии он иборатанд аз эътимоди комил ба ҳамдигар, ба эътибор гирифтани манфиатҳои ҳама тарафҳои алоқаманд, машваратҳои мутадовим дар фазои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми чандгунагии фарҳанг ва анъанот, кўшиши рушди устувор дар асоси ҳамкориҳои дастаҷамъона ва ғайра.

Бояд тазаккур дод, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ на ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ШМА қарор доштаанд. Дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ ин ҳолат ба он сабаб ҷой дошт, ки кишварҳои минтақа- ҷумҳуриҳои ҳамонвақтаи шўравии сотсиалистии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар муносибатҳои мустақим байни ШМА ва дигар кишварҳои хориҷӣ нақши муҳимме надоштанд. Чунин ҳолат ҳатто пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ низ дар ибтидо чандон ҷилои тоза ба худ касб накард. Фақат баъд аз чанд соли даврони истиқлолияти давлатии ин кишварҳо, ки ба арсаи байналмилалӣ ҳамчун симоҳои тозаи сиёсӣ ворид шуданд, ҷумҳуриҳои мустақили Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷуҳи ШМА қарор гирифтанд. Аз тарафи дигар, ШМА таърихан ҳаргиз аз донандагони хуби аҳамият ва махсусиятҳои минтақаи Осиёи Марказӣ набудааст ва, мутаассифона, ҳанўз ҳам нест. Ва ниҳоят, дар солҳои аввали пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, ба гумони комил, ШМА бовар ба он дошт, ки низоми собиқи коммунистӣ дар кишварҳои минтақа қудрати сиёсиро аз даст нахоҳад дод, ин кишварҳо ба асли хеш боз бармегарданд, онҳо тобеи Россия боқӣ хоҳанд монд, аз ин рў, тамоми кўшиш ва таваҷҷуҳи худро ба кишварҳои Назди Балтика равона сохт.

Ба ҳар ҳол, қазия баъд аз соли 1991 оҳиста-оҳиста ранги дигар гирифт. ШМА ба ҳайси ягона кишвари абарқудрати замон беш аз пеш ба минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар соли 1997 ин кишварҳоро минтақаи махсуси манфиатҳои стратегии дарозмуддати худ эълон намуд.

Гузашта аз он, 3 августи соли 1999 Конгресси ШМА ҳуҷҷати муҳимеро таҳти унвони «Санади стратегияи Роҳи Абрешим» (Silk Road Strategy Act) қабул намуд, ки дар он мақсаду маром ва ҳадафҳои ШМА дар бобати Осиёи Миёна ба таври возеҳ ифода ёфтаанд. Аз ҷумла, дар ин ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ШМА истиқлолият ва мустақилияти иқтисодиву сиёсии кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ хоҳад кард, то тобеияти энергетикии худро аз давлатҳои Халиҷи Форс камтар созад. Албатта, чунин ҳолат бо назардошти мавқеи муҳими ҷуғрофии Осиёи Марказӣ дар муносибатҳои геосиёсии муосир; захираҳои фаровони табиӣ ва инсонии минтақа; қаробати наздик доштан аз нигоҳи марзу бум, таъриху фарҳанг ва нуфуси аҳолӣ ба марказҳои низоъ, ихтилоф ва ташаннуҷ дар ҷаҳони ислом; тамаркузи назарраси мушкилиҳо ва таҳдидҳои глобалӣ дар минтақа (сарҳадӣ, қавмӣ, мазҳабӣ, муҳити зист ва ғайра) сурат гирифтааст. Сабаби дигари чунин таваҷҷуҳ, албатта, ба арсаи ҳаёт қадам гузоштани Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамчун сохтори сиёсиву иқтисодӣ ва роҳҳалли муҳими ба низом овардани мушкилиҳо ва мавзўъҳои марбут ба минтақаи Осиёи Миёна бо ҳузури ду кишвари қудратманди ҷаҳон – Россия ва Чин – ва нуфузи зиёд пайдо кардани он дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ШМА-ро ба ташвиш оварда буд.

Дар бобати сиёсати ШМА оид ба СӼШ бояд гуфт, ки, албатта, муносибати ШМА ба СҲШ ва фаъолиятҳои он якранг нест, балки ҳатто хўрдагирона аст, чун ШМА баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ одат карда буд, ки дар арсаи сиёсати байналмилалӣ яккатоз аст ва бовар ба он дошт, ки давлат ва ё созмони дигаре наметавонад ва набояд дар арсаи ҷаҳонӣ сиёсати мустақилонаеро пеш барад, махсусан агар ин сиёсат аз нигоҳи нуфуз ва ҳашамат созанда, фарогир ва таъсирбахш ба низоми сиёсии байналмилалӣ бошад ва онро тавонад тағйир бидиҳад. Аз ин рў, эҷоди чунин як ниҳоди авруосиёии дорои қудрати атомӣ ва он ҳам бо захираҳои бузурги табииву инсонӣва имконоти ҳарбиву низомӣ Вашингтонро хеле нигарон сохтааст.

Сабаби ташвиш ва нигаронии Вашингтон торафт нуфузи бештар касб кардани СҲШ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва боло рафтани мақоми он дар ҳаллу фасли масъалаҳои калидии сиёсати замони муосир аст. Имрўз доираи фаъолият ва нуфузи СҲШ хеле густариш ёфта, ҷаҳонӣ гаштааст. Ба чунин шакл гирифтани кор худи ШМА низ иштибоҳан мусоидат кардааст. Масалан, дар оғози солҳои истиқлолияти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ШМА бештар ба равандҳои демократӣ, азнавсозии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи инсон равона карда шуда буд, дар ҳоле ки мавзўи таъмини амният ва суботи ҷомеа, рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум дар ин минтақа аз мушкилиҳо ва нигарониҳои рўзмарра ва мубрами рўз ба шумор мерафтанд. Махсусан мавзўи пешгирӣ аз маводи мухаддир, одамфурўшӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ ва терроризм дар иртибот ба таъмини амният ва суботи минтақа аҳамияти пурарзишеро касб намуд. Роҳбарони аксари давлатҳои минтақа мавзўъҳои номбаршударо аз масъалаҳои афзалиятнок дар сиёсати дохиливу хориҷии худ эълон намуданд ва барои таъмини тамомияти арзии кишварҳои худ ва ваҳдати миллии халқҳояшон талошҳо меварзиданд.

Дар ҳамин замина қобили қайд аст, ки СҲШ аввалин ниҳоди байналмилалие буд, ки ҳалли ин мушкилиҳо ва муборизаи беамон бар зидди савдои ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризмро дар ҷойи аввал гузошт. Иштибоҳи дигари ШМА дар бобати Осиёи Марказӣ ин буд, ки дар сиёсати хориҷии худ «содироти инқилобҳо» ва махсусан «инқилобҳои рангин»-ро аслиҳаи хеш қарор дод ва бо ин амалаш на фақат дунёро ноором сохт, балки кишварҳои зиёдеро аз худ норозӣ сохт. Табиист, ки Москва ва Пекин аз ин фурсат истифода бурда, мавқеъ ва нақши худро дар минтақа бамаротиб тавсиа ва густариш доданд. Эҷоди СҲШ яке аз дастовардҳои чунин фаъолияти пурсамар дар Осиёи Миёна гардид, ки ҳоло аз марзҳои ин минтақа берун ва ҷаҳонӣ гаштааст.

Қобили қайд аст, ки ШМА ба қудратманд ва пурнуфуз гаштани СҲШ дар ибтидо чандон бовар надошт. Ба гумони ШМА, тазоди назар ва норавшаниҳое, ки байни Россия ва Чин дар маҷмўъ вуҷуд доранд, фаъолиятҳои ин созмони минтақавиро дар оянда самарабахш нахоҳанд кард, чун, масалан, Россия намехоҳад, ки нуфузи анъанавии худро дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз даст диҳад, кишвари Чин бошад, кўшиш хоҳад кард, ки дар ин минтақа нуфузи бештар дошта бошад, махсусан аз нигоҳи иқтисодӣ. Аммо назари расмии Вашингтон дар ин бобат баъд аз саммити Остона (2005) ранги дигар гирифт. Маҳз дар Остона роҳбарони кишварҳои минтақа аз Осиёи Миёна берун кардани ҳузури низомии ШМА-ро ба таври расмӣ талаб намуданд. Ин чунин маънӣ дошт, ки а) СҲШ оҳиста-оҳиста ба як ниҳоди зиддиамрикоӣ мубаддал шуда истодааст, б) манфиатҳои ШМА дар Осиёи Миёна зери хатар гузошта шуданд, в) Россия ва Чин дар оянда метавонанд бо истифода аз СҲШ ба нақшаҳои стратегии ШМА халал ворид созанд.

Албатта, ақидаҳо дар бобати ин, ки СҲШ бар зидди НАТО ва муқобили сиёсати ШМА нигаронида шудааст, мухталифанд. СҲШ чандин маротиба расман эълон кардааст, ки аслан чунин мақсад надорад ва мақсаду мароми ин ташкилот ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амният дар минтақа нигаронида шудааст. Масалан, имрўз кишварҳои аъзои СҲШ дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаву лоиҳаҳои мухталиф – ва на фақат дар бахши тиҷорату иқтисод ва кумакҳои гуманитарӣ – фаъолона маблағгузорӣ менамоянд. Танҳо кишвари Чин барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои байни аъзои СҲШ ва вусъати равандҳои интегратсионӣ ба андозаи 900 миллион доллари ШМА қарзҳои дарозмуддат ба муддати 20 сол ҷудо кардааст, ки аз ҷумла барои тарбияи 1,5 ҳазор кадрҳои махсус дар доираи фаъолиятҳои СҲШ ихтисос дода шудаанд ва арзиши танҳо ҳамин барнома 9 миллион доллари ШМА-ро ташкил медиҳад. Аммо воқеъият ин аст, ки СҲШ аз нигоҳи ҳарбию низомӣ низ бештар инкишоф меёбад, доираи фаъолиятҳои низомии он густаришва имконоти техникиаш тақвият меёбанд. Машқҳои ҳарбии якҷоя ва амалиёти зиддитеррористии кишварҳои аъзои СҲШ, ки дар доираи ҳамкориҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) сурат мегиранд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар ҳақиқат, нақши СҲШ дар бобати таъмини сулҳу субот ва амнияти кишварҳои минтақа торафт меафзояд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар доираи фаъолиятҳои СҲШ муносибатҳои байни Покистон ва Ҳиндустон мароми тоза гирифта, он рўз дур нест, ки сулҳи бардавом миёни ин ду кишвар ҷомаи амал мепўшад ва боз як хатари маргбори атомӣ аз байн меравад, аммо тавонмандии низомии ин ташкилот боиси нигаронии кишварҳои Ғарб, аз ҷумла ШМА гардидааст.

Масъалаи ҳамкории СҲШ бо кишвари Эрон низ баҳсангез аст. Аз назари ШМА, ҳамкории СҲШ ҳамчун ниҳоди зиддитеррористӣ бо кишваре, ки худ «маркази терроризми ҷаҳонист», қобили қабул нест. Масалан, ёвари Котиби давлатии ШМА оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ричард Баучер баъд аз саммити Остона изҳор намуд, ки 1) СҲШ набояд ба воситаи боз ҳам қудратмандтар гаштани Россия ва Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубаддал гардад, 2) СҲШ бояд бештар ба масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ дошта бошад, на геополисӣ, 3) ШМА кўшишҳои Ҳиндустон, Покистон, Муғулистон ва Афғонистонро дар бобати ҳамкорӣ бо СҲШ дастгирӣ менамояд, аммо иштироки кишвари Эрон дар фаъолиятҳои СҲШ баҳсталаб хоҳад буд.

Воқеият ин аст, ки имрўз ШМА дигар наметавонад фаъолиятҳои СҲШ- ро нодида бигирад ва нуфузи рўзафзуни онро эътироф нанамояд. Аз ин рў, ШМА сиёсат ва муносибатҳои худро дар ин бобат ба таври ҷиддӣ таҷдиди назар кардааст. Маҳз дар партави чунин бархўрд стратегияи ШМА оид ба Осиёи Марказӣ (2015, 2019) оҳанги дигар ба худ касб кард. Таҳия ва қабули «Нақшаи интегратсияи иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ШМА рушди иқтисодӣ ва аз ҳамин тариқ ба даст овардани мақоми махсус дар миёни кишварҳои минтақаро аз ҳадафҳои аслии худ қарор додаанд. Тибқи ин Нақша бояд ШМА ба инкишофи инфрасохторҳо дар ин кишварҳо мусоидат намуда, тобеияти ин кишварҳоро махсусан аз Россия ба таври назаррас коҳиш диҳад ва аз ҳамин роҳ мавқеи худро дар робитаҳои иқтисодии минтақа боз ҳам тақвият бахшад. Лоиҳаи CASA-1000, масалан, аз ҷумлаи ҳамин барномаҳост.

Аз тарафи дигар, ШМА муносибатҳои мустақими дуҷонибаи худро бо кишварҳои минтақа, махсусан Қазоқистон ва Қирғизистон бо истифода аз нерўҳои марказгурез ва норозӣ аз СҲШ идома дода истодааст. ШМА ба муносибатҳояш бо Қазоқистон диққати махсус медиҳад, чун ин кишвар таи солҳои ахир ба муваффақиятҳои чашмрас дар инкишофи иқтисодию иҷтимоии худ муяссар гаштааст. Қирғизистон низ аз мадди назари ШМА дур нест, чун Амрико ҳанўз ҳам тарафдори навсозиҳои демократӣ дар ин кишвар аст ва намехоҳад, ки аз манфиатҳои худ ба осонӣ даст кашад. Муносибатҳои ШМА бо Ӯзбекистон дар ду-се соли ахир рў ба беҳбуд овардааст. Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ чандон ҷавобгў ба манфиатҳои ШМА нест, аммо ҳамкориҳои дуҷониба байни ин давлатҳо махсусан дар соҳаи гуманитарӣ ва илму фарҳанг бомуваффақият давом доранд.

Ба таври мушаххас, оё заминаҳо барои ҳамкориҳои байни ШМА ва СҲШ вуҷуд доранд ва дурнамои он ба чӣ қарор аст? Ҷавоби ин савол бо як ифода мушкил аст, аммо ҳатман мусбат арзёбӣ мешавад. Чуноне ки дар боло ишора рафт, ҳоло муносибати ШМА ба СҲШ ба таври куллӣ таҷдиди назар шудааст. Маълум, ки ШМА ҳавасманди он аст, ки аз имконоти СҲШ барои пешбурди манфиатҳояш дар минтақа истифода намояд. Масалан, соли 2006 ёвари Котиби давлатии ШМА Ричард Баучер ҳангоми сафараш ба Чин махсус аз Котиботи СҲШ ба хотири «табодули назар» дидан ба амал овард. Ин гувоҳи он аст, ки ШМА дигар СҲШ-ро бо дидаи кам наменигаранд ва, баръакс, ба муносибатҳои дуҷониба ва гуфтугўҳои мустақим бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ алоқаманданд, то андеша ва ҳадафҳои худро дар доираи фаъоляити ин созмон мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ин дурнамо дар чӣ ифода мегардад? Аз назари мо, пеш аз ҳама, дар самти муносибатҳои иқтисодӣ, чун мавзўи рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи рифои мардум дар ҳама кишварҳои аъзои СҲШ аз масъалаҳои мубрам ва аввалиндараҷа ба шумор меравад. Дар ин қисмат метавон корҳои зиёдеро дар бобати таъминоти энергетикӣ, сўзишворӣ, «иқтисоди сабз», рушди хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нақлиёт, беҳтар сохтани муҳити зист ва ғайра бо истифода аз технологияҳои муосир ва роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилиҳо дастаҷамъона анҷом дод, ки дар маҷмўъ ба инкишофи устувори иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар ниҳояти кор ба таҳкими равандҳои интегратсионӣ оварда мерасонад.

Дуюм, ҳамкориҳо дар бобати таъмини сулҳи саросарӣ ва суботу амният дар минтақа ба шумули мубориза бар зидди ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, назорат аз болои силоҳи қатли ом ва ғайра. Имконоти бузурги НАТО ва СААД-ро метавон ба

таври васеъ истифода кард, ки, аз як тараф, ба ҳалли масъалаҳои номбаршуда мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаннуҷ ва тазоди номатлуби байни ин ниҳодҳои ҳарбию низомиро то андозае паст менамояд. Дар беҳтар амалӣ гаштани ин ҳадафҳо иштироки бевоситаи САҲА ва Иттиҳоди Аврупо низ мусоидат хоҳад намуд.

Сеюм, ҳамкориҳои судманд дар самти фароҳам сохтани кумакҳои гуманитарӣ ва техникию иттилоотӣ, рушди илму фарҳанг, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он.

Хулоса, СҲШ дар як муддати нисбатан кўтоҳи таърихӣ аз «Панҷгонаи Шанхай» ба як ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ мубаддал гашта, имрўз на фақат дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар саросари ҷаҳон мавқеъ ва мақоми махсусро касб намудааст. Чунин раванди инкишоф натиҷаи сиёсати дуруст ва ҳавасмандии комили ҳама давлатҳо-аъзои СҲШ буда, ба усулҳои аслӣ ва фалсафаи созандаи ин созмон, ки онро «рўҳи Шанхай» ҳам меноманд, асос ёфтааст. Мундариҷаи асосии фаъолиятҳои СҲШ-ро рушди иқтисодӣ, инкишофи инфрасохторҳо, таъмини амният ва суботи саросарии минтақа ташкил медиҳад, ки қисмати муҳим ва таркибии равандҳои ҷаҳони муосир ва сиёсати байналмилалӣ маҳсуб мегардад. Дар ин замина муносибатҳо ва ҳамкориҳои сегонаи «Россия-Чин-ШМА» мавқеи калидӣ дошта, дар доираи фаъолиятҳои СҲШ бо истифода аз имконоти САҲА, Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва СААД аҳамияти махсус ба худ касб менамояд. Чун дар алоҳидагӣ ҳалли мушкилиҳо ва чолишҳои замони муосир ниҳоят мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст, иттиҳоди давлатҳои абарқудрат ва раванди такомули баъдии созмонҳое аз қабили СҲШ мубрам ва муҳим боқӣ хоҳанд монд.

пешина
аз 12
навбатӣ