Зеҳн
ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.

Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа

Идоракунӣ
Аз аввал хондан

Интихоботи ШМА-2020:

оё демократия воқеан ҳам мардумсолорист?

Интихобот, бешубҳа, яке аз ниҳодҳои муҳташами низоми демократӣ эътироф шудааст. Интихоботи озоду шаффоф ва одилона дар ҳақиқат ҳам иҷозат медиҳад, то тўдаҳои васеи мардум дар интихоби роҳи зиндагӣ ва идораи солими давлатдорӣ ширкат намоянд ва, аз ҳамин тариқ, худро чун як қисмати муҳими низоми давлатӣ ва ҷомеаи кишвар эҳсос намоянд, ки дар ниҳояти кор ба боло рафтани сатҳи бовари мардум ба давлат, ҷулўгирӣ аз низоъҳои номатлуб ва таъмини рушди устувор мусоидат хоҳад намуд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва низоми интихоботии ин кишвар дар ҷаҳон ҳамчун намунаи хуби чунин низоми демократии давлатдорӣ шинохта шудааст. Аммо интихоботи ахири ин кишвар, ки 3 ноябри соли ҷорӣ сурат гирифт, нобасомониҳои зиёдеро ба бор овард, ки намунаи беҳтарин будани онро зери шакку шубҳа ва баҳсҳои доманадор дар арсаи байналмилалӣ қарор дод. Асли гап чӣ буд?

Низоми интихоботии ИМА

Таҳлили мундариҷаи Конститутсияи ИМА ба мо имкон медиҳад, ки принсипҳои зерини демократиро, ки низоми сиёсиро муайян мекунанд, ҷудо намоем: бартарии ҳокимияти халқ, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон; волоияти қонун; тақсимоти қудрат барои таъмини низоми мутавозин; федерализм; назорати судҳо дар бобати конститутсионӣ будани қонунҳо ва риояи онҳо.

Принсипи интихоботи умумӣ аз ҷониби мақомоти федералӣ дар тӯли як аср ҷорӣ карда шуд. Дар соли 1870 ислоҳи понздаҳуми Конститутсияи Иёлоти Муттаҳида ба амрикоиёни африқоинажод ва дар соли 1920 ислоҳи нав (XIX) ба занони Амрико ҳуқуқи овоздиҳӣ дод. Дар Конститутсияи ИМА дар бораи принсипи интихоботи баробар чизе гуфта нашудааст. Дар татбиқи ин принсип, ки аксар вақт ҳавзаҳои нобаробарро ба вуҷуд меоварданд, иёлатҳо ширкат варзидаанд. Аслан принсипи интихоботи мустақимро Конститутсияи ИМА танҳо дар робита ба интихобот ба палатаи поёнии конгресс - палатаи намояндагон эълон карда буд. Сенаторҳо тавассути интихоботи бисёрзинаии мақомоти қонунгузории иёлот интихоб карда мешуданд. Танҳо дар соли 1913 муқаррар карда шуд, ки сенаторҳо бояд аз ҷониби "мардуми иёлатҳои марбута" интихоб карда шаванд (ислоҳи XVII). Президент ва ноиби президент то ҳол ғайримустақим интихоб карда мешаванд (аз тарафи коллегияи интихобкунандагон).

Натиҷаи ҳар интихобот ба сари қудрат омадани мансабдороне мебошад, ки аз номи мардум амал мекунанд - аз Президенти Иёлоти Муттаҳида сар карда то шерифи як ҷамоати хурди деҳот. Дар Иёлоти Муттаҳида ин робита бештар дар мақомоти қонунгузории иёлот ва дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида мушоҳида мешавад. Маҳз дар Конгресси ИМА идеяи демократияи намояндагӣ таҷассум ёфтааст. Тасодуфӣ нест, ки моддаи якуми Конститутсияи ИМА маҳз ба Конгресс бахшида шуда, дар он омадааст: "Ҳама ваколатҳои қонунгузорӣ, ки бо ин роҳ муқаррар карда шудаанд, ба зиммаи Конгресси ИМА гузошта шудаанд." Ин муқаррароти конститутсионӣ маънои онро дорад, ки танҳо сенаторҳо ё аъзои палатаи намояндагони Конгресси ИМА ҳуқуқи пешниҳоди қонунҳоро доранд. Президенти Иёлоти Муттаҳида, вазирони ҳукумати федералӣ, губернатори иёлот ва дигар шахсони расмӣ ин ҳуқуқро надоранд ва ин яке аз муҳимтарин принсипҳои ҷудопазирии ҳокимият ва ё тақсими қудрати давлатӣ дар Иёлоти Муттаҳида мебошад. Дар айни замон, Конгресс қонунан ба Президент ваколати муҳимтаринро медиҳад, ки ҳар сол лоиҳаи буҷаи федералиро барои баррасӣ ба Конгресс пешниҳод кунад. Президенти ИМА инчунин ба намояндагӣ аз дастгоҳи маъмуриии худ дар робита ба тамоми соҳаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳодҳои қонунгузорӣ ироа менамояд. Ғайр аз он, Президент қонунҳоеро, ки Конгресс қабул кардааст, тасдиқ мекунад. Ҳамин тариқ, парламент қонунҳоро қабул мекунад ва президент онҳоро тасдиқ мекунад. Ба ақидаи коршиносон, дар ин ҷо ваҳдати ботинии ҳокимияти давлатӣ зоҳир мешавад.

Дар Иёлоти Муттаҳида амалияи мустақими овоздиҳӣ вуҷуд надорад. Президент ва ноиби президенти Иёлоти Муттаҳида тавассути коллегияи интихобкунандагон муайян карда мешавад. Коллегияи интихобкунандагон дар Иёлоти Муттаҳида аз 538 аъзо иборат аст. Маҳз ҳамин мақоми расмӣ муайян мекунад, ки дар интихоботи президентӣ кӣ пирӯз шудааст. Ба гуфтаи коршиносон, ин система аз ду ҷиҳат мушкилот дорад.

Мушкили аввал ин аст, ки овозҳо дар ин система тибқи усули «ғолиб соҳиби ҳама чиз» тақсим карда мешавад, яъне номзаде, ки миқдори бештари овозҳоро гирифтааст, ҳама овозҳои дигарро низ соҳибӣ мекунад, ҳатто агар ин овозҳо барои номзадҳои дигар дода шуда бошанд ҳам. Ҳамин тавр, сарфи назар аз он, ки дар интихоботи соли 2000, масалан, 53% интихобкунандагон дар Калифорния ба тарафдории Э.Гор овоз дода буданд, вай ҳамаи 54 овози ин иёлатро ба даст овард. Агар системаи мутаносиби тақсимоти овозҳо мебуд, вай танҳо 29 овоз ва Ҷорҷ Буш 23 овоз мегирифтанд. Мисоли дигар: дар интихоботи соли 2016 номзади демократҳо Ҳиллари Клинтон аксари овози интихобкунандагонро ба даст овард, аммо коллегия интихобкунандагон номзадии Доналд Трампро дастгирӣ ва ўро ғолиби интихобот барои дарёфти мансаби раиси ҷумҳур эълон намуд.

Камбуди ин тарзи овоздиҳӣ дар он аст, ки фикру андешаи гурўҳҳои алоҳидаи интихобкунандагон нодида гирифта мешавад. Ин, дар навбати худ, ба он оварда мерасонад, ки "амрикоии оддӣ" намехоҳад ба ҳавзаҳои интихоботӣ равад ва ба тарафдории номзади "дастболо" овоз диҳад, зеро медонад, ки овозаш ба фоидаи ғолиб хоҳад буд.

Мушкили дуввум дар он аст, ки иёлоти дорои шумораи камтари аҳолӣ метавонанд дорои шумораи овозҳои нисбатан зиёд гарданд, ки ин ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад. Ба ақидаи коршиносон, як роҳи ҳалли ин мушкилот барҳам додани коллегия интихобкунандагон мебошад. Аммо чунин тасмим аз эҳтимол дур аст, зеро тағйироти дахлдор ба Конститутсия бояд аз ҷониби мақомоти қонунгузории иёлатҳо ба тасвиб расанд, аммо онҳо намехоҳанд аз имконият ва қудрати интихоботии худ ҷудо шаванд.

Ҷонибдорони нигоҳ доштани низоми кунунии интихоботӣ бо ҷалби коллегияи интихобкунандагон изҳор медоранд, ки агар Иёлоти Муттаҳида системаи мустақими интихоботиро қабул кунад, номзадҳо ба мансаби президент ба таври фаъол фақат дар аёлатҳои сераҳолӣ корҳои таблиғотии худро пеш мебаранд ва миқдори зарурии овозҳоро барои пирўз гаштан аз ҳамин аёлатҳо ба осонӣ ба даст меоваранд, дар ҳоле ки аёлатҳои хурду камаҳолӣ аз доираи таваҷҷуҳ ва таблиғоти онҳо берун мемонанд.

Конститутсия муқаррар кардааст, ки ҳайати коллегияи интихобкунандагон аз ҳар як иёлат "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории дахлдор таъин карда мешаванд." Аз нимаи солҳои 1800-ум ба ин тараф ҳайати коллегияи интихобкунандагон аз тариқи овоздиҳии аҳолии аёлатҳои дахлдор интихоб карда мешаванд. Шумораи коллегияи интихобкунандагони аёлати алоҳида ба он вобаста аст, ки дар Конгресси ИМА чанд намояндаи ҳамин аёлат мутаносибан нишастааст. Дар ҳама 50 иёлоти Амрико, ба истиснои иёлоти Мэн ва Небраска, қоидаи "ғолиб соҳиби ҳама чиз аст" ҳукмфармост, яъне номзаде, ки дар як аёлат зиёдтар аз дигарон овоз гирифтааст, овозҳои ҳама аъзои коллегияи интихобкунандагони он штатро соҳиб мешавад; ҳамин тавр, овозҳое, ки барои номзадҳои дигар дода шудаанд, бекор ва ба фоидаи номзади пирўз ҳисоб карда мешаванд. Барои президент шудан лозим аст, ки ҳадди аққал 270 аъзои коллегияи интихоботӣ ба номзади мавриди назар овоз диҳанд.

Интихоботи соли 2020

Интихоботи ахир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 3 ноябри соли равон сурат гирифт. Интихоботи мазкур бояд президенти ИМА-ро интихоб кунад, ки дар ниҳояти кор метавонад номзади демократҳо, собиқ ноиб-президент ва сенатор Ҷо Байден ва ё рақиби асосии ӯ, президенти кунунии 45-уми ИМА Доналд Трамп бошад, ки аз ҷониби ҳизби ҷумҳурихоҳ пешбарӣ шудааст. Тибқи иттилои бисёре аз расонаҳо, Байден дар интихоботи кунунӣ ғолиб омадааст ва бо ин пирўзӣ ӯро аллакай баъзе роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла сарвазири Канада Ҷастин Трюдо, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон, президенти Украина Владимир Зеленский, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, президенти Фаронса Эммануэл Макрон табрик кардаанд Бояд гуфт, ки то ҳанўз Трамп шикасти худро эътироф накардааст. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ ёдовар шудааст, ки ҳисоби овозҳо ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

Ба таври расмӣ президент 14 декабр дар ҷаласаи коллегияи интихобкунандагон интихоб хоҳад шуд, ки пас аз овоздиҳии умумӣ ташкил шудааст. Онро мақоми махсус GAS (General Administrative Services) ба тасвиб мерасонад ва расман эълон медорад. Маросими савгандёдкунии президенти нав ба 20 январи соли 2021 муқаррар шудааст. Агар Ҷо Байден интихоб шавад, вай кӯҳансолтарин президент дар таърихи ИМА хоҳад шуд: ҳангоми ба вазифаи президентӣ нишастанаш вай 78 сола мешавад. Илова бар ин, ӯ аввалин номзаде хоҳад буд, ки дар тӯли 28 соли ахир президенти рўи корро пирӯз гаштааст. Ғайр аз ин, номзад ба мансаби ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррис аввалин зан дар ин вазифа хоҳад шуд. Дар сурати аз нав интихоб шудани Доналд Трамп, ки то ҳанӯз худро ғолиби интихоботи 2020 медонад, ӯ инчунин кӯҳансолтарин президент дар таърихи ИМА хоҳад шуд, зеро вай то рӯзи савгандёдкунӣ 74 сола мешавад. Ин аввалин интихоботи президентӣ дар таърихи ИМА мебошад, ки дар он номзадҳои ҷумҳурихоҳон ва демократҳо синнашон аз 70 боло аст.

Мулоҳизаҳо ( ба ҷои хулоса)

Аз назари мо, низоми кунунии интихоботи ШМА воқеан ҳам таҷдиди назар мехоҳад. Пеш аз ҳама, ҳамеша ба сари ҳокимият омадани яке аз ду ҳизби қудратманд – Ҳизби демократҳо ва Ҳизби ҷумҳурихоҳон - боиси ҳукмронии ду ҳизб мегардад. Дар асл, ҳокимияти давлатӣ аз тарафи ин ду ҳизби калону қудратманд инҳисор мешавад. Дар натиҷа имконияти намояндагии гурӯҳҳои хурд ва этникӣ хеле ночиз боқи мемонад. Аз тарафи дигар, чунин низом ва чунин тарзи давлатдорӣ субот ва устувории ҳукумати Амрикоро таъмин мекунад.

Мушкили дигар мавҷуд набудани низоми овоздиҳии мустақим ва, баръакс, сурат гирифтани интихобот аз тариқи коллегияи интихобкунандагон аст. Воқеан ҳам, имрўз президенти ШМА-ро на интихобкунандагони оддӣ, балки коллегияи интихобкуннадагон муайян мекунад. Албатта, мардум ба ин фикранд, ки онҳо дар интихоби президенти кишвари худ иштирок мекунанд, вале дар асл чунин нест. Пурсишҳои ахир нишон додаанд, ки тақрибан 65 % аҳолии ИМА тарафдори овоздиҳиии мустақиманд ва тақозо доранд, ки институти коллегияи интихобкунандагон таҷдиди назар шавад. Ногуфта намоанд, ки яке аз роҳбарони бузурги таърихии ШМА Томас Ҷеффарсон низ онро «осебпазиртарин нукта дар конститутсияи мо» номидааст.

Коллегияи интихобкунандагон оё ҷиҳати мусбат ҳам дорад? Бале, ин пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки мавқеъ ва хостаҳои аёлатҳои хурд низ ба эътибор гирифта мешаванд. Дар акси ҳол чунин аёлатҳо ва гурўҳҳои хурди этникӣ ҳангоми маъракаҳои интихоботӣ аз доираи таваҷҷуҳи номзадҳо берун хоҳанд монд, чун онҳо метавонанд бо гирифтани овози 10-12 иёлоти сернуфуси кишвар, ба мисли Ню Йорк, Калифорния, Техас, Ҷорчия, Оҳайо, Флорида ва ғайра ба осонӣ пирўзӣ ба даст оваранд.

Интихоботи соли 2020 боз чанд масъалаи дигарро ҳамчун камбуди низоми ҷории Амрико ба таври равшан рўи кор овард:

нақш ва мақоми пул (маблағ) дар муборизаҳои пешазинтихоботӣ барои ба даст овардани миқдори бештари овозҳои интихобкунандагон (ба қавли стратеги Ҳизби ҷумҳурихоҳон Марк Ҳанна, ки тақрибан як аср пештар иброз намуда буд, "ду чиз дар сиёсат муҳим аст - аввалан, ин пул аст, дуввум, ман онро ҳатто дар ёд надорам»);

нақши начандон созандаи васоити ахбори омма (ВАО) дар сафарбарсозии тўдаҳои васеи мардум ва таъмини онҳо бо иттилооти мавриди назари худашон, на иттилооти ростин. Беҳуда нест, ки маҳз дар ҳамин давра истилоҳи «хабарҳои дурўғин» (фейковые новости) маъмул ва оҳанги махсуси сиёсӣ ба худ касб кард;

холигиҳо дар низоми сабти интихобкунандагон. Масалан, дар интихоботи соли 2020 тақрибан овози 4-6 миллион амрикоиён ба эътибор гирифта нашудааст. Дар маҷмўъ, дар маъракаҳои интихоботии Амрико фоизи иштироки шаҳрвандон ҳамагӣ 55-60 %-ро ташкил медиҳад;

ба таврои васеъ мавриди истифода қарор гирифтани қаллобӣ ҳангоми ҳисобу китоби овози интихобкунандагон. Як сабаби мағлубияти худро эътироф накардани президент Трамп низ дар ҳамин аст, ки борҳо расман изҳор кардааст ва дар ҳамин асос дар муқобили демократҳо парвардаҳои ҷиноӣ оғоз намудааст. Аз тарафи дигар, дар интихобот ИМА усули шаффофият муроот карда намешавад. Масалан, нозирони байналмилалӣ ба интихобот роҳ дода намешаванд. 18 аёлати Амрико ба таври расмӣ иштироки нозирони байналмилалиро манъ кардаанд;

Номзадҳо ба мубоҳисаҳои телевизионӣ дастрасии баробар надоранд, зеро онҳо одатан танҳо дар байни ду номзад - номзадҳои ҷумҳурихоҳон ва демократҳо баргузор мешаванд.

Албатта, низоми сиёсии Амрико, ки интихобот як қисми муҳими он ба шумор меравад, махсус аст. Чунин ба назар мерасад, ки асосгузорони давлати Амрико медонистанд, ки идоракунии кишвар аз марказ (пойтахти ИМА) осонтар ва пурсамартар хоҳад буд, аммо онҳо тарзи федералии низоми давлатдориро афзал дониста, ба аёлатҳо ҳуқуқ ва озодиҳои зиёдро аз тариқи Конститутсия таъмин кардаанд, аз қабили тақсими қудрати давлатӣ миёни се шохаи он, махсусан додани ҳуқуқҳои баробар ба ҳар як аёлат ва эътирофи истиқлолият ва мустақилияти онҳо дар баробари ҳукумати федералӣмиллӣ. Аз назари мо, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои ИМА ва сиёсати расмии он принсипҳои демократӣ муқаддамтар ва арзишмандтаранд. Аз ин рў, новобаста ба он, ки дар асари интихоботи навбатӣ ба сари қудрат намояндаи кадом ҳизб меояд ва онро кадом шахсият намояндагӣ хоҳад кард, сиёсат ва стратегия ИМА дар дохили кишвар ва берун аз он асосан бетағйир мемонад.

Стратегияи ИМА дар мавриди Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи баъд аз интихоботи соли 2020 низ асосан бетағйир хоҳад монд. Самтҳои асосии ин сиёсат дар «Стратегияи ИМА оид ба Осиёи Миёна барои солҳои 2019-2025» ба таври равшан инъикос ёфтаанд. Аз назари мо, ИМА дар Тоҷикистон манфиатҳои иқтисодӣ нахоҳад ҷуст. Дар ин бобат таваҷҷуҳи Амрико дар минтақа бештар ба Ӯзбекситон ва Қазоқистон равона карда хоҳад шуд. Аммо ҳадафҳои геополитикии ИМА дар Тоҷикистонро ҳамоно масъалаи боло бурдани нуфузи Амрико аз тариқи барномаҳои мухталиф ва кўшишҳои озод кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз таъсири Россия ва Хитой ташкил хоҳад кард.

Он ҷо, ки яроқ ҳаст, тирпарронӣ ҳам мешавад

(Назаре ба вазъи истифодаи силоҳ дар ШМА)

Имрўз саросари ШМА-ро кушторҳои пай дар пай фаро гирифтаанд, ки бо истифода аз силоҳу аслиҳаи мухталифи шахсии шаҳрвандон ба амал омадааст. Чунин тирпаррониву кушторҳои рўзмарра вазъи сиёсию иҷтимоии кишварро боз ҳам нооромтар ва мардумонашро нигаронтар сохтаанд. Назар ба иттилои расонаи хабарии CNN, масалан, танҳо дар моҳи марти соли 2021 дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар 45 ҳодисаи куштори умумии шаҳрвандон сурат гирифтааст. Аз аввали сол бошад, 147 чунин куштору тирпаррониҳои хунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки боиси марги даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ ва ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонию руҳии садҳо роҳгузарони оддӣ гаштааст. Баъзе аз ин ҳодисаҳои хунин пайомад ва оқибатҳои вазнинро ба бор оварда, боиси тазоҳурот ва аксуламалҳои харобовар шудаанд. Масалан, кушта шудани шаҳрванди сиёҳпўст Ҷорҷ Флойд дар моҳи майи соли 2020, ки аз тарафи як корманди полис дар Миннеаполис ба вуқўъ пайваст, силсилаи бардавоми тазоҳуроти мардумонро на фақат дар саросари ШМА, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ба бор овард. Ин тазоҳурот зери шиори BlackLivesMatter!- Ҳаёти сиёҳпўстон ҳам арзиш дорад! сурат гирифта, бар зидди нажодпарастӣ ва хушунати кормандони мақомоти қудратӣ (пулис) равона гардид ва дар ниҳояти кор оҳанги ҷиддии сиёсӣ ба худ касб кард. Ба муҳлати 40 сол аз озодӣ маҳрум сохтани корманди собиқи пулис Дерек Шовин ҳамчун қотили Флойд низ вазъиятро ором насохт. Ҳамин чанд рўз қабл аз тири корманди полис куштани шудани боз як сиёҳпўсти дигар – Макайю Брайант, духтараки 16 сола аз шаҳри Колумбуси иёлати Оҳайо фазои мавҷударо боз ҳам чигигтар ва муташанниҷтар гардонд.

пешина
аз 12
навбатӣ