Зеҳн
НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ МУРРАТИБОН

Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиашон дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами ҷаҳон меистанд.

Китобдор · 11 сентябри 2024 · 9 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

САРГУЗАШЬТ ИБНИ СИНО ВА АБУСОЛӢ

Абўалӣ Сино дар Бухоро, вақто ки илмаш зиёд шуд, баромаду дорухона кушод. Дорухона кушоду ҳар хел касалиҳоро муолиҷа кардан гирифт. Муллоҳо аз кори Абўалӣ Сино хабардор шуда, мағал бардошта, пеши подшоҳ рафтанду гуфтанд, ки: -Ҳамин Абўалӣ Сино дар кори худо даст андохтааст, таваккалӣ ин тавр мегўяд, таввакалӣ он тавр мегўяд. Ҳаминро нест кардан даркор.

Подшоҳ гуфт: - Чӣ навъ табобат мекунад? - Пешоби ҳар касалро тафтишкарда мебинаду баъд ба ҳар кадомаш дар шиша дору медиҳад. Подшоҳ гапи ин муллоҳоро шуниду гуфт: - Сабр кунед, ман вайро имтиҳон мекунам.

Подшоҳ як гови зар дошт. Пешоби гови зардро ба як шиша гирифту ба як бачаи бесавод доду гуфт, ки: - Бурда ба Абўалӣ Сино деҳ, гўй ки ба мо як касал ҳасту пешоби ҳамонро овардам.

Бин, чӣ ҷавоб менависад, ман як дида бароям. Ин бача оварду ба Абўалӣ Сино гуфт: - Буродар, дар хонаи мо як касал ҳаст, худаш ба пеши шумо омада наметавонад, ман пешобашро овардам, агар мумкин бошад, ҳаминро шумо дида, ба шумо ҳаёт диҳад, ба вай як дору диҳед, ки сиҳат шавад.

Абўалӣ Сино пешобҳоро аз назар гузаронида давои касалро дар пушти шиша часпонда мемонд. Ҳамаи шишаҳоро гирифта дид, навабати шишаи подшоҳ омад. Гирифта дид, ки пешоби гови зард аст.

Як табассум карду ҳеҷ чиз нагуфт. Ба қоғаз навишт, ки «Давои ин касал кунҷораю каҳ. Каҳу кунҷораро мўл диҳед, шира мўл мегиред». Саҳарӣ буд, ҳамон бача омад.

Абўалӣ Сино шишаро гап назада ба дасти бача дод. Бача гирифта пеши подшоҳ бурд. Подшоҳ коғази рўи шишаро хонд, ки дар қоғаз навиштагӣ: «Давои ин касал кунҷораю каҳ. Каҳу кунҷораро мўл диҳед, шира мўл мегиред».

-Ҳой буродарҳо, - гуфт подшоҳ, - ҳақиқатан табиб будааст.

Ба вай дигар кордор нашавед. Бо ҳамин ҳаври муллоҳо паст шуду Абўалӣ Сино корашро давом додан гирифт. Тамоми халқ ба тарафи Абўалӣ Сино гашт, ба муллоҳо нон намонд. Муллоҳо тамоман мағал карда назди подшоҳ рафтанд.

- Агар Абўалӣ Синоро нобуд мекунӣ, кун, агар намекунӣ, мо чораи туро мебинем, - гуфтанд ба подшоҳ.

Подшоҳ аз он ваҳмида барои нобуд кардани Абўалӣ Сино шифо дидагӣ буд. Оҳиста ба баҳонаи таҳоратшиканӣ хесту пеши Абўалӣ Сино омад, гуфт, ки: - Буродар, ҷонатро каш, ки муллоҳо балво кардаанд, туро нобуд мекунанд.

Абўалӣ Сино гуфт: -Ҳай дареғ, охир ин муллоҳо балво кардаанд-дия! Ин кас Абусолӣ гуфтагӣ ака дошт. Вай гуфт: - Буродар, хез, акнун тарки ватан мекунем. Абусолӣ ҳамроҳи Абўалӣ Сино хестанд, аз ин шаҳр баромада, ба мамлакатҳои дигар рафтанд. Ба як мамлакат рафтанд, ки халқи бисьёре аз як ҷо баромада омада истодаанд.

Абўалӣ Сино пурсид, ки: - Буродарҳо, шумо аз куҷо меоетон? Одамҳои омада истодагӣ гуфтанд, ки: - Дар ин ҷо тилисм ҳаст, да даруни тилисм «Ал-қонун» гуфтагӣ китоб ҳаст, аз он сол ба инсол ҳамин тилисм ду соат кушода мешавад, мо ҳар чизи азхудкардагиамонро хоҳ як варақ, хоҳ ним варақ, гирифтему баромадем, тилисм акнун маҳкам мешавад.

Ҳамин гапро гуфтан баробар Абўалӣ Сино ба тарафи Абусолӣ гуфт, ки: -Ҷои ману ту будааст. Якчанд авқотӣ: анори шириндона, бодом ва ҳоказо гирифтанд, дар рўмолҳо таранг крданду фаромаданд. Одамҳо доду вой карданд, ки: -Ҳой, шумо надароед, тилисм маҳкам мешавад, то соли оянда мемуред! Гуфтанд: -Кори шумо набошад, равед ба коратон.

Инҳо даромаданду тилисм маҳкам шуд. Абўалӣ Сино аз он сўи китоби «Ал-қонун» шишт, Абусолӣ, аз ин сўй шишт. Дуяшон то соли оянда китоби «Ал-қонун»-ро як варақ намонда аз худ карданд. Соли оянда, акнун тилисм кушода мешавад гуфтагӣ рўз одамҳо тараддуд карда омаданд. Дар байни ин одамҳо навкари подшоҳ ҳам буд. Як вақтҳо хазинаи подшоҳ гум шуда буд.

Подшоҳ бисьёр кофтуков мекарду дуздро намеёфт. Вақто ки тилисм кушода шуд, ду одам аз даруни тилисм баромад, мўи сар ба даҳан мерасаду, риш ба ноф, ранги одами ёбоӣ. Одамон ҳайрон монданд, «инҳо чӣ хел одамон бошанд» гуфтанд. Навкари подшоҳ гуфт - Инҳо одамони роҳзан, дузд. Шояд ки хазинаи подшоҳро ҳаминҳо зада бошанд.

Ҳой, ин ҷо биёед! Шумоҳо кистетон? - Мо одам, - гуфтанд.

- Не, шумо одам не, шумо дузд.

Ҳамон одам дуи инҳоро кашид, пеши подшоҳ бурд. Ба подшоҳ гуфт, ки: - Тақсир, хазинаро дуздидагиҳо ёфт шуданд! - Канӣ? - Ана! – гуфт.

Подшоҳ шинонду гуфт, ки: - Бадбахтҳо, шумоҳо дузд будаед, хазинаи мо фалон вақт гум шуда буд, вайро шумоён задагӣ, ғайр аз шумо дигар кас не.

Абўалӣ Сино гуфт: - Тақсир, худи мо хазина.

Мо ба дуньё кор надорем. Ин гапро аз мо гумон накунед. Подшоҳ гуфт, ки: - Кадом дузд қоил шудааст, ки ҳамин корро кардам гуфта.

Чӣ, ёфта намидиҳед? Гуфтанд: - Мо нагирифтем.

- Банд дасташро, - гуфт подшоҳ.

Дасти Абўалӣ катӣ Абусолиро бастанд, пеши ҷаллод кашиданд. Дар роҳ Абўалӣ Сино ба Абусолӣ гуфт: - Буродар, мо як сол заҳмат кашида, китоби «Ал-қонун»-ро азхуд кардем, акнун дар ҳамин вақт кор намефармоем? Гуфт: - Хуб! -Навбат тани мо, - гуфту Абўалӣ Сино як дуо хонд, наҳанг шуду дар даруни баҳр зад.

Абусолӣ як дуоро хонду як дуди борик шуду ба ҳаво баромада рафт. Ҷаллод дар ҳамон ҷо монд, даҳонаш қоқ шуд, ресомонро ба замин монда гурехт. Акнун Абусолиро гирем, ки ин рафта-рафта дар даруни як шаҳр даромад.

Шаҳр ободу зебо, танҳо худаш камтар одами ёбоӣ барин буд. Дид, ки як шахс ҳалво фурўхтаистодаасту одамҳо аз вай ҳалво мехаранд. Абусолӣ нигоҳ карда истода буд, ки шахси ҳалвофурўш гуфт: «Оббо, одами ёбоӣ, ҷангалӣомадааст. Дилаш ба ҳамин ҳалвои ман об шудааст-да». Тешаро гирифту аз паҳлўи ҳалво як гард заду ба дасташ дод.

- Ма, хўру пеша нагир, - гуфт.

Абусолӣ ҳалворо гирифт, хоид-хоиду партофт ва гуфт: -Ҳамин ҳам ҳалво буадаст-мӣ? Буродар, ман ҳалво кунам, тамоми шаҳрат аз болои ҳалвои ман занозан мешавад. Ин гапро ҳалвопаз шуниду даррав дўконаша маҳкам карду гуфт: - Шумо барин одам ба ман даркор. Ҳалвопаз Абусолиро ба хонааш мебурд, ки дар роҳ сартарошхонаро дида монд.

Як ба сартарошхона даромада, мўятону ришатонро кам-кам тўғрӣ кунем, мумкин-мӣ? - Майлаш, - гуфт Абусолӣ. Абусолӣ даруни сартарошхона даромад, сартарош боб карда, асли қадим кард, ки як одами базеб шуда монд. Баъд ҳалвофурўш Абусолиро бурд ба хона. Ҳалвофурўш як бузак дошт, як кампир - оча дошт, як меҳмонхона дошт. Абусолӣ даруни меҳмонхона даромад. Ҳалвочӣ ба пеши кампир рафту гуфт: -Э модари азиз, як меҳмони бисьёр хуби ҳунарманд ёфтам, ягон авқоте намекунӣ, ки хўрда димоғи вай чоқ шавад, гушна бошад, сер шавад.

- Хуб, - гуфту кампир бузакашро ҷўшида камакак «атали сафедак» гуфтагӣ як зоти шариф ҳаст, ҳамонро сохт, дар тавоқ кашиду ҳамроҳи дуто нон ба дасти бачаш дод.

Бачаш омад, дастархонро пеши Абусолӣ партофт, нонро монд. Ин сўи авқот бача шишт, он сўи авқот Абусолӣ. Ҳалвофурўш нонро майда карда монд. Ҳолагӣ «атали сафедак» ҷўш, ки буд, як дам таъхир карда ба сўҳбат сар карданд.

Ҳамин вақт ҳалвофурўш гуфт, ки: -Амаки мулло, шумо гуфтед, ки ман як ҳалво кунам, ки тамоми одам дар болояш занозан кунад. Чӣ хел ҳалво мекунед? Абусолӣ ба ҳалвофурўш гуфт, ки: - Буродар, саҳар аз ҷой мехезию аз ҳамин гирду наво будагӣ ҳамсояат, хешу таборат чилта хар меёбӣ. Ба ҳамин чил хар чил ҷувол меёбӣ. Ба чил ҷуволу чил хар аз лаби дарьё қум мебиёрӣ, дар рўи ҳавлӣ мерезӣ. Баъд аз қума овардан, боз чил харро мебарию чил хар қамиш мебиёрӣ.

Ҳамин қамишро реза мекунӣ, мо меполем. Саҳар ту ҳалворо аз мо мегирӣ. Ҳалвофурўш сухани Абўсолиро гўш карда, ҳайрон монда, тоқаташ намонд ва ба Абусолӣ гуфт: - Буродар, худатон бисьёр одами хуб метобед, бисьёр одами намоёну аммо бисьёр суханҳои беҳуда мегўед-дия.

Кадом қум қати қамиш ҳалво шудааст? Абусолӣ дам назаду ба таги гўши ҳалвофурўш кашидаю кушода ки зад, ҳалвофурўш «воҳ» гуфта ғалтида, аз ҳуш рафт, чашмаш кушод, ки худаш дар як ҷои бегона.

Гуфт: - Ин ҷа гуҷо? Ҳайрон шуда чор тарафашро нигоҳ кардан гирифт. Чор тарафро нигаҳ кардан гирифту бисьёр тарсида аз ҷояш хесту монанди саҳроиҳо «Ин ҷо кадом шаҳр?» гуфта мерафт, ки аз пеш Абўалӣ Сино баромад. Абўалӣ Сино, ки бисьёр одами боақлу ҳуш буд, ин одамро аз гашташу аз нигоҳаш фаҳмид, ки одами ин ҷо не. Таги гўши ҳалвофурўш омаду гуфт, ки: - Акамулло, ассалому алайкум! - Ваалайкум ассалом.

- Шумо аз куҷо? - Э ман ҳолагӣ… -Ҳа, чӣ шуд? Ҳалвофурўш ҳамон кори бо Абусолӣ кардаашро нақл кард. Абўалӣ Сино фаҳмид, ки вай дар чанги Абусолӣ афтодааст. Гуфт: - Шумо ҳалвофурўш-мӣ? - Ҳа, - гуфт, - ман шираворпази подшоҳ.

- Шумо дар ман даркор, марҳамат хона рафтем.

Аз ҳамин ҷо ҳалвофурўшро Абўалӣ Сино бурд ба ҳуҷрааш, шинонда ба пешаш нону чой карду гуфт: - Канӣ шумо чорта ҳикоят кунед. Гуфт: - Буродар, ман ҳалво мефурўхтам, шахсе омаду ҳалвои манро нигоҳ кард, як гард шикастаму додам.

Хаёл кардам, ки вай гушнаю ташна, дилаш ба ҳалвои ман рафтааст. Лекин вай хоид-хоид, дангала кард, тарафи ман гуфт: «Ман як ҳалво кунам, ки тамоми олам ба болои вай ҳуҷум кунад». Ин гапро шунида, дўконро маҳкам кардаму гирифтаму он шахсро хона мебурдам, ки дидам сару рўяш дар даруни пашм, одами ёбоӣ барин, гуфтам: «Ба ҳамин сартарошхона дароед, худатона тоза кунед». «Майлаш» гуфт.

Даромад, худашро тоза кард. Одам барин кардему ба хона бурдем. Модарамро гуфтам: «Бисьёр меҳмони хуб омадааст, як авқотак кун, ки вай гушна набошад». Модарам хест, як бузак дошт, ҷўшиду як «атали сафедак» карду ду та нон қатӣ мо гирифтему пеши меҳмон овардем.

Авқот, ки ҷўш буд, нона шикастем гирди тавоқ мондему акнун то хунук шудан, ман хостам, ки ба ҳамон меҳмон гўям, ки: «Буродар, шумо гуфтед, ки ҳамин хел ҳалво мекунед, чӣкор мекардед, ки шумо ҳамин хед ҳалво мешудааст?».

Он кас ман гуфтанд. Ки: «Пагоҳ чил харё ба, чил ҷувол ёб, чил хар қум биёр.

Ман як ҳалво кунам, ки дар олам набошад». Аз ин гап ман хашмнок шудаму фикр кардам: «Ин одам манро масхара кард.» ман гуфтам: «Буродар, шумо одами боақлу боодобу гапатон бемезза-дия!».

Ҳаминро гуфтанамро медонам, ки кашидаю кушода ба таги гўшам зад, «воҳ» гуфта ғалтидам, аз ҳуш рафтам, чӣ шуданашро надониста, чашмамро кушодам, ки дар ҳамин шаҳр. Ин ҷо куҷо? Шумо гўед! - Ин ҷо шаҳри Туркия! - Аз шаҳри ман то шаҳри Туркия чӣ қадар роҳ? - Ҳисоб надорад.

- Пул доред-мӣ? – пурсид Абўалӣ Сино. - Не, - гуфт вай.

Як панҷ дона тилло Абўалӣ Сино ба дасташ дод. «Инро ҳарчӣ кунед» гуфта.

- Шумо мехоҳед, ки ба ватанатон равед ё дар дасти ман хизмат кунед? Гуфт! - О, ман др инҷо хизмат кунам, ман модар доштам, вай модари ман акнун чӣ мекунад? Вақто ки Абусолӣ ин корро ба ҳалвофурўш карда буд, «кампири модари ин бача хавос нашавад» гуфта илм қатӣ ҳамон саги дари хонаашро ҷоду кард.

Саг бачаи кампир шуда, дарун бурен баромада гашт. Кампир хабар набуд. Абўалӣ Сино гуфт, ки: - Меравед-мӣ набошад? - Ҳа, гуфт. - Чашматонро пўшед, - гуфт.

- Чашмашро пўшида буд, ки Абўалӣ Сино мисли Абусолӣ кашидаю кушода ба таги ҷоғаш ки зад, вай «воҳ» гуфту ғалтид.

Чашмашро кушод, ки дар пеши Абусолӣ. Ҳамон тавоқи аталаю ҳамон нони майда кардагию ҳамон атали сар нокардагӣ истодааст. Ана акнун бача ҳамчунон тарсид, ки гуфт: «Акнун аз давра як қадам берун бароям, мемурам.

Акнун чӣ гўяд, ман ба вай хизмат кунам». Абусолӣ гуфт: - Буродар, акнун ин атала хунук шуд-ку, хўрем. Канӣ акнун ин гўшашро ҷумбонад! Ҳадаҳа нонро гирифту атала катӣ хўрдан гирифт. Гашта ин бача мехост, ки ба очаш рафта ҳамин масъаларо баён кунад.

Бача хеста ба хона меравам гуфтагӣ вахт Абусолӣ боз дуо ханд, саг асли қадим шуд, бача пеши модараш рафту гуфт: - Модар, ту сиҳат-саломат ҳастӣ? - Ҳа, ман сиҳат-саломат.

- Охир ман ду рўз набудам, аз ман ту хавос нашудӣ? - Ҳа рўят сиёҳ! Нав аз хона баромада рафтию боз чӣ гапи дурўғ мезанӣ? Бача боз ҳайрон шуд, дигар гап назаду пеши Абусолӣ омад.

- Канӣ акнун тараддуд кунед, хара биёред! – гуфт Абусолӣ.

Дигар ҳақ дорад, ки «не» гўяд.

Тараддуд кард, чил харро ёфт, чил ҷуволро ёфт, чил хар қумро овард, дар рўи ҳавлӣ рехт. Баъд чил харро гирифта рафту чил хар қамиш овард.

Қамишро реза карду дар даруни қум якҷоя карду чор чодари калонро дар болои қуму қамиш пўшонда бобо карду Абусолӣ ба ҳалвофурўш гуфт: - Рав ба хона, хоб кун! Ин рафт ба хона, хоб кард.

Саҳар бача баромад, таътўлро бо ҳамироҳии Абусолӣ кард. Абусолӣ гуфт: - Хез як ҳалворо хабар гирем, канӣ! Омаданд, чодарро бардоштанд, ки ҳар тахтаи ҳалво, ки мегўед, гўё аз ҳалвохона нав баромада бошад. Бача дар ин бобат хурсанд шуду гуфт: «Ман хато карда будаам, мардакро ҳунараш ин». Ду тахтаро бача бор карду бурд ба бозор.

Ҳақиқатан ҳамон гапи гуфтагии Абусолӣ омад, ҳамчунон болаззат, ҳамчунон хушранг, ки ба одамҳои шаҳр навбат намерасад. Червонро болинча барин бардошта, оварда, холӣ карда истодааст. Ҳамон ҳалворо понздаҳ-бист рўз фурўхт, ҳолӣ нимаш ҳам тамом нашудааст. Як рўз дар бозор ҳалво фурўхта шишта буд, ки духтари подшоҳ юзбош савор шуда ҳаммом мерафт.

Ҳаммом мерафт, ки тифоқо дар роҳ дид, ки одамҳои бисьёр тўпаланг доранду дар мобайнашон як шахс чизе мефурўшад. Духтари подшоҳ фармуд ки юзбошро қарор диҳад. Қарор дод, духтари подшоҳ чашмбандро аз рўяш бардошту тарафи ҳалвофурўш нигоҳ кард. Чашми ҳалвофурўш ба тарафи духтар шуд. Ҷамоли духтарро диду хушдор шуд. Шаб, ки шуд, дўконҳоро маҳкам кард, червонҳоро басту хона омаду меҳмонхонаро обзад, бўрьёро партофт, дар болояш об зад, куртаро боло кард, сандуқи синаро яла монду гирья карда хоб карда буд, ки Абусолӣ омад.

- Ҳа, буродар, чӣ шуд? – гуфт.

- Э, ҳеҷ чиз не, - гуфт.

- Не,- гуфт, - ту бе ҳеҷ гап ин хел намекунӣ Баъд гут, ки: -Духтари подшоҳ дар юзбош савор шуда гузашт, ҷамолашро дидаму бисьёр хушдор шудаму омадам дар ҳамин ҷо рўи дилам тафт карда истодааст.

- Канӣ, дасту рўятро тоза кун, либосҳои тўйравӣ пўш, тўппа-тўғрӣ аз пеши подшоҳ гузашта рав, дар ўрдаи духтар даро, сўҳбат кун. Мехоҳӣ, ҳамон ҷо сўҳбат мекунӣ, аз дасташ мегирию пеши подшоҳ катӣ оварда хонаатон сўҳбат мекунӣ, - гуфт Абусолӣ. Бача, ки шасти Абусолиро хўрдагӣ буд, гапашро ду накард.

- «Ин ягон ҳунар дорад, ки ҳамин тавр мегўяд» - гуфт дар дилашу хеста арки подшоҳ катӣ гузашта ба ўрда даромад, пеши духтар рафт, духтар бо канизҳо сўҳбати калон дошт. Бача шишт ба пешаш, дасташро ба сари зонуи духтар якта заду гуфт: - Балота гирам, фалон рўз ман ҷамоли туро дида будам, пеши ту омадам, мехоҳӣ ҳавлии мо равему чорта сўҳбат кунем? Духтар аз берўгии ину аз ғайрати ин чизе гуфта натавонист. Бача аз дасти духтар гирифту пеши падараш катӣ гузаронду овард хона. Баъд шаробу авқоти нағзро фармуду кайфу сафоя зўр карду то бегаҳ гирифт, хоб карду аз ҳамон ҷо боз пеши подшоҳ катӣ оварда ба ҷояш монд. Акнун қиссаро кўтаҳ кунем, рўзе аз рўзҳо духтари подшоҳ ҳомила шуд.

Аз ин воқеа канизони духтар бохабар шуданду гуфтанд, ки: «Худо дар тори сарамон дудаста зад! Ин подшоҳ пагаҳ мефаҳмад, сари ҳамамонро мегирад». Якта канизи духтар ба пеши подшоҳ рафта гуфт, ки: - Подшоҳи олам, ҳозир айни вақташ.

Мо бояд аз гарданамон соқит кунем, дар қади духтаратон ҳомила пайдо шудааст. Аз гуҷо ва аз кӣ буданашро мо намедонем. Аз ғазаб раги пешонии подшоҳ думчаи қамчин барин хест. Духтарро гирифта оварданду дар пеши падараш шинонданд.

Падараш гуфт, ки: - Падарнаълат, ин худаш чӣ гап? - Э падар, аввал пурсишу баъд кушиш. Ту аввал аз ман сухан гир, баъд манро куш. Худи ман ҳам дар ин кор ҳайрон. Як йигити нозанин омад, аз пеши посбонҳои ту гузашта ҳамин хел рафт, дар пешам шишт, сўҳбат кард, аз дастам гирифту аз пеши посбонҳо гузаронд, бурд дар хонааш, ҳамроҳи ман сўҳбат кард, хуфтухоб кард ва боз оварда монд.

Ту мегўӣ, ки худаш чӣ гап? Ман ба ту чӣ гўям? - Ҳамин хе-мӣ?- Гуфт подшоҳ. – хуб, ин хел бошад, чораи инро ман меёбам.

Гапе, ки ман мезанам. Аз хотир набарор. Ҳамин ки вақти омад- омадашро донистӣ, дар пешат ба як зарф ранги сурхро андохта мон. Вақте ки омада сўҳбат карду ба хонааш таклиф кард, ҳамин дасти чапатро оҳиста аз остин барору ба ҳамон зада гир.

Бо дасти ранголуд ҳамроҳаш рав. Вақте, ки ба хонааш омадед, вай пеш медарояду ту аз қафо. Ҳамон вақт ҳамин панҷаатро дар дарвозааш часпону даро, саҳар ин падарнаълатро ёфта мегирам. Духтар дасти ранголудашро дар дарвоза часпонду даромад, ҳамроҳи бача сўҳбат кард. Дар ҳамин вақт Абусолӣ таҳорат мешиканамгуфта, аз давроза берун баромад. Дар як ҷои васеъ торат шикасту хесту рўяш ба тарафи дарвоза оҳиста-оҳиста меомад, ки дар дарвоза паи панҷаро дида монд.

«Ўҳў, аллакай аз ин кор подшоҳ хабардор шудаанд-ку?» - гуфт дар дилаш. Гашта рафта дасташро шушту аз замин як каф хокро гирифта, як дуоро хонду ба рўи шаҳр пошид. Саҳар одамони подшоҳ тафтиш карда диданд, ки дар шаҳр чӣ қадар иморат бошад, дар дари ҳамааш ҳамин хел панҷа кашидагию ҳамин ранг ҳаст.

Гуфт: «Оллоҳ Акбар! Ин одами андак бошад, ин корро мекард-мӣ? Аз ин хел одам тарсидан даркор, эълон кардан даркор, ки ҳамин духтар аз вай, мо аз ин хашм гаштем». Даррав ҷарчӣ монда эълон кард, ки: «Ҳар касе, ки ба ҳамин духтари ман алоқа кардаасту дўст доштааст, худашро маълум кунад, духтарро ба вай никоҳ карад диҳам».

Бача ин гапро шунида ба Абусолӣ гуфт: - Равам-мӣ? - Рав, - гуфт Абусолӣ. Бача рафт, подшоҳ ҳамин хел як нигоҳ карду ҳеҷ чиз нагуфта ба мулло ишорат карда: - Никоҳ карда диҳед, гирифта равад, - гуфт. Духтаро ҳалвофурўш ба хонааш гирфта бурда, баҳузур дар кайфу сафо буд, ки Абусолӣ ба ҳалвофурўш гуфт: - Буродар, бо як даҳон гапат ба ҳамин қадар мартабаҳо расонидам. Иҷозат деҳ ки акнун мо равем. Мо ҳам буродар дорем, хеш дорем, табор дорем. Ҳалвофурўш ўро дудаста маҳкам гирифта ба ягон ҷой рафтанӣ намонд.

Абусолӣ гуфт: - Не, ту маро манъ карда наметавонӣ! Абусолӣ хайрухуш карду рост ба пеши Абўалӣ Сино рафт. Пеши Абўалӣ Сино рафту дуяшон шиштанд, сўҳбат карданд.

Баъд Абусолӣ гуфт: - Буродар, мою ту аз чӣ метарсем? Китоби «Ал-қонун»-ро азхуд кардем, ҳамон подшоҳ чӣ коре мекунад, кардан гирад, мо наметарсем, рафтем ба шаҳри худамон! Абўалӣ Сино ва Абусолӣ хестанду рост ба шаҳри худашон омаданд.

Онҳо як хоҳар доштанд, хоҳарашон аз омадани акаҳояш хурсанд шуд. Онҳо як-ду рўз гашта, орзўи тамошои Юнонро карданд. Дар он вақт Юнон бисьёр мамлакати таърифӣ буд ва дар ривоҷи ҳар хел илмҳо ном бароварда буд. Абўалӣ Сино орзу кард, ки ба Юнон рафта, он ҷоро тамошо кунад.

Ба Абусолӣ гуфт, ки: - Биё, ҳамроҳ равем! Ин гуфт, ки: - Не, акнун ман бисьёр гаштам, худат рав! Баъд хоҳари Абўалӣ Сино гуфт: - Ман ҳам меравам! - Хайр, майлаш, - гуфт Абўалӣ Сино. Абўалӣ Сино хоҳарашро ҳамроҳ гирифту ба Юнон рафт. Дар Юнон ин сў-он сўро нигаҳ кард, ки як марди новой нон пухта истодааст.

Вай пеши нонвой рафту гуфт: - Буродар, ягон ҳуҷрае ёфта наметавонед, ки мо ҳамин шаб хоб кунему пагоҳ ба роҳи худ равем? Вай бечора нонвой бисьёр одами аҳли фаҳм будааст: - Мана ҳамин болохона аз шумо, марҳамат, - гуфт.

Абўалӣ Сино хоҳарашро гирифта ба болохона баровард, сўҳбат карданд, баъд гуфт, ки: - Хоҳарам, ин ҷойро Юнон мегўянд, ин шаҳр бисьёр илмҳои баду нек дорад.

Мабодо ту тирезаро кушода ба берун нигоҳ накун. То омадани ман тирезаро накушо. Вақте ки ман омадам, ҳардуямон ба тамошо меравем. Ин суханро ба хоҳараш гуфту худаш баромада, шаҳри Юнонро сайр кард. Духтар худ ба худ фикр кард, ки: «Бародарам як гуфтанду монданд-дия, канӣ ин кўчаро як тамошо кунам ман». Тирезаро кушода ба берун нигаҳ кард, ки як марди мўйсафед як харро савор шуда, почаҳош кашол, бе узангу омада истодааст.

Духтар сарашро аз дарича берун карда буд, ки мўйсафед дуое хонда пуф кард. Якбора аз ду чаккаи духтар як метрӣ душ ох баромад. Духтари бечора дигар сарашро дарун карда натавонист. «Оббо, гапи бародарам рост будааст»- гуфта. Ҳайрон шуда истода буд, ки Абўалӣ Сино омад. Абўалӣ Синод дид, ки аз ду чаккаи хоҳараш ду шохи якметрӣ баромадааст. Каме хафа шуду ҳеҷ чиз нагуфт, оҳиста ба пеши нонвой фаромад, ба вай гуфт, ки: - Буродар, чӣ қадар орд дорӣ? Гуфт: - Сад ман.

Баъд гуфт, ки: - Ту ҳамин ордро то субҳидам нон пўхта метавонӣ? Нонвой ҳайрон шуд, ба дилаш фикр кард, ки: «Во аҷабо! Ман ҳар рўз ду хамир мекунам, ҳамон ҳам ба фурўш нарафта мемонаду ин одам ба ман ин хел мегўяд».

Баъд гуфт: - Буродар, нон мемонад.

Гуфт: - Корат набошад.

Пагоҳ ҳамчунон кор шавад, ки дар болои нони ту ҷангу ҷидол шавад. Лекин ба шарте, ки аз ҳозир ту ба пухтани нон сар кунӣ. Аммо ба касе ин сиро изҳор накун! - Хуб, - гуфт нонвой ва ба пухтани нон шурўъ кард. Абўалӣ Сино як каф хокро аз замин гирифта, дуое хонд ва ба болои шаҳр пошид.

Аз ҳамон шаҳр оташ тамоман барҳам хўрд. Саҳар мардум хестанд, ки дар ҳеҷ ҷой оташ нест, ҳамсоя ба ҳамсоя медавад, оташ нест. Ба ҷои дуру наздик мераванд, оташ нест. Нони гарм дилашон мекашад, дар нонвой оташ нест. Чӣ кор карданашонро нафаҳмида, ҳама дар ҳайрат шуданд.

Шахсе аз одамони шаҳр гуфт: - Дар фалон канори шаҳр як нонвойхона кор карда истодааст. Тамоми одамҳо ба ҳамон нонвойхона ҳуҷум карда омаданд ва ҳақиқатан нони онро ҳамчунон тала карданд, ки гуфтан надорад. Нонвой дар дилаш гуфт, ки: «Ин мард аҷаб шахсе будааст.

Чӣ гапе. Ки занад, ҳамааш шуда истодааст. Ин чӣ ҳодиса бошад?». Аз бардошта шудани оташ нонвой хабар надорад.

Бисьёр, ки халқ дар азоб монд, аркони давлат худ ба худ фикр карданд, ки: «Шояд дар шаҳри мо Абўалӣ Сино ё Абусолӣ омада бошад. Чӣ кор кардан даркор? Эълон кардан даркор, ки вай ба пеши подшоҳ биёяд». Подшоҳ эълон кард, ки: «Агар дар шаҳри мо Абўалӣ Сино ё Абусолӣ меҳмон шуда бошад, ба пеши подшоҳ марҳамат кунад». Ҳақиқатан Абўалӣ Сино ин гапро шунида пеши подшоҳ рафт.

Подшоҳ ўро бо иззату икром пешвоз гирифт, ҳардуяшон шишта сўҳбат карданд. Баъди маҷлису сўҳбат подшоҳ ба Абўалӣ Сино гуфт: - Э, буродар, шаҳри мо бе оташ монд, охир, ин чӣ хел шуд? Ман фаҳмидам, ки шумо омадеду ҳамин кор рўй додаст.

Ягон гуноҳе аз мо гузашт ё нагузашт, мо намедонем. Мо ҳайрон шуда, шуморо даъват кардем. Абўалӣ Сино гуфт: - Э буродар, мо ба шаҳри шумо барои сайр омадаем. Хоҳарчае доштем, ба болохона мондему худамон ба тамошои шаҳр рафтем. Ҳамин духтарак сарашро аз тиреза берун кардааст.

Кадом шахсе аз фуқарои шумо дуое хондааст ва аз ду чаккаи сари хоҳари ман ду шох баромадааст. Агар бовар накунед, бинед ҳозир ҳамон тиреза истодааст. Подшоҳ инро шунида ба халқаш эълон кард, ки шахси ин корро кардагиро ёфта биёранд. Як мўйсафедро ёфта оварданд, гуфтанд, ки: - Ин корро ана ҳамин кас кардааст. Марди мўйсафед рафт, дуоеро хонда пуф кард, ки шох аз чаккаи духтар бартараф шуд.

Подшоҳ гуфт: - Акнун оташро як навъ карда ҷорӣ кунед! Абўалӣ Сино гуфт: - Оташ аз шаҳр берун, дар болои шолипая хоб аст. Меравем, аз ҳамон ҷой роҳи оташро мекушоем. Муйсафед рафта думи модасагро бардошта, пуф карда буд, ки оташ фаххосзанон баромада, сару рўи мўйсафедро сўзонд, на риш монд, на мўй. Бо ҳамин дар шаҳр оташ аз нав пайдо шуд. Қасоси хоҳарашро Абўалӣ Сино аз мўйсафед гирифт. Баъд ба боргоҳи подшоҳ иҷозат талабид: - Акнун ба мо иҷозат шавад, мо равем. Шаҳратонро тамошо кардем.

Абўалӣ Сино ва хоҳараш аз ҳамон ҷо хестанд, рост ба ватани худашон ба назди Абусолӣ рафтанд. Абусолӣ ва Абўалӣ Сино бо якдигар мулоқот карданд.

Абўалӣ Сино ба Абусолӣ гуфт, ки: - Буродар, дигар аз ҳеҷ чизи дуньё ғам нахўр. Куҷое, ки мегардӣ, мехезӣ ва хоб меравӣ, дигар хавфу хатар нест. Онҳо ба кори худашон машғул шуда гаштанд, дигар ҳеҷ кас ба онҳо тааддӣ карада натавонист, на мулло, на эшон, на ҳоҷӣ ва на подшоҳ.

пешина
аз 9
навбатӣ