АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
1.3. Хусусиятҳои ташкили фаъолияти таълимии донишҷӯён дар таҳсилоти фосилавӣ
Дар таълими фосилавӣ, курси таълимӣ дар асоси омӯзиши мустақилона сурат гирифта, аз ин рӯ, тамоми тартиби раванди таълим бояд ба роҳбарӣ ва ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён бо маводи таълимӣ равона карда шуда, машғулиятҳои аудиторӣ танҳо вазифаи ёрирасонро иҷро менамоянд.
Ба андешаи педагоги амрикоӣ Ф. С. Шлехти он донишҷӯёне, ки курси асосии барномаи донишкадаву донишгоҳро бомуваффақият аз худ мекунанд, аммо мустақилона бо иттилоот кор карда наметавонанд, мустақилона донишҳои навро аз худ карда наметавонанд, ба муваффақият дар ҷомеаи иттилоотии асри XXI умед баста наметавонанд. Таҳсилоти фосилавӣ аз донишҷӯ бештар тафаккури эҷодиро талаб менамояд, то аз ҳеҷ чиз чизи манфиатоваре офарида тавонанд.
Дар тафсири мазкур фаъолияти таълимӣ ҳамчун намуди хоси фаъолият ҳисобида мешавад. Он ба худи таълимгиранда ҳамчун субъекти фаъолияти мазкур равона гардидааст ва дар такмил, рушд ва ташаккули шахсияти ӯ, зимни азхуднамоии бошуурона, ҳадафмандонаи таҷрибаи иҷтимоӣ дар намудҳо ва шаклҳои гуногуни фаъолияти манфиатноки ҷамъиятӣ, маърифатӣ, назариявӣ ва амалӣ инъикос меёбад.
Ба андешаи Д.Б. Элконин, «фаъолияти таълимӣ бояд бо маромҳои мувофиқ ҳавасманд карда шавад, онҳо метавонанд маромҳои ба даст овардани усулҳои умумии амал, ё соддатар карда гӯем, омилҳои рушди шахс, такмили шахс бошанд. Агар дар донишҷӯён ташаккул додани чунин маромҳо имконпазир гардад, пас ин ба он маромҳои умумии фаъолият, ки бо мавқеи донишҷӯ, бо татбиқи фаъолияти аз лиҳози иҷтимоӣ арзишманд ва қадршаванда марбутанд, мазмуни хосса мебахшад».
Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти психологӣ ва педагогӣ дониши пурра азхуднамудаи донишҷӯён, ки ҳамчун воситаи фаъол барои пешрафти минбаъдаи ӯ дар таълим баромад мекунад, аз ҳама беҳтар на бо ёрии омӯзгор ё дар китоби дарсӣ, балки дар раванди таҳқиқоти шахсии худи донишҷӯ ба даст оварда мешавад.
Маҳз дар раванди чунин таҳқиқот донишҷӯ метавонад фаъолияти эҷодии худро озодона инкишоф диҳад.
“Эҷодиёт дар педагогика на ҳамон эҷоди арзишҳои маънавие мебошад, ки дар эҷоди шеър, наққош, мусиқӣ ва ғайра ҷой дорад. Эҷодиёти педагогӣ – ин қобилияти ба инсон кӯмак намудан аст, то ҷаҳони ботинии худ ва пеш аз ҳама тафаккури худро маърифатнок намояд, нерӯи зеҳнии худро истифода карда тавонад, ба ӯ дарк намудан ва офаридани зебоиро тавассути меҳнат ва кӯшиши худ омӯхтан аст.
Бигузор кӯдак он чизеро эҷод кунад, ки аллакай аз ҷониби одамони дигар офарида шудааст, вале агар ин амал самараи заҳматҳои зеҳнии худаш бошад, вай эҷодкор аст ва фаъолияти зеҳни ӯ – ин эҷодкорист”.
Ғайр аз ин, фарқиятҳои инфиродии донишҷӯён, ки дар суръати азхудкунии дониш зоҳир мешаванд, аҳамияти калон доранд. Маълум аст, ки эҷодкорӣ вақте зарур мешавад, ки шахс ба вазъияти мушкилу ихтилофнок дучор меояд ва қолабҳои тафаккуру амал барои бартараф намудани мушкилот нокифояанд.
Дар ҷараёни баромадан аз вазъияти проблемавӣ, зиддияти миёни захираҳои таҷрибаи андӯхташуда ва беҳамтоии шарти масъала ошкор мегардад.
Аз ҷониби субъект мустақилона бартараф намудани чунин зиддиятҳо дар ниҳояти кор роҳи ҳалли эҷодии масъала мегардад. Ҳамин тариқ, яке аз роҳҳои асосии ташаккул ва рушди тафаккури эҷодӣ амсиласозии вазъиятҳои проблемавӣ-эҷодӣ мебошад. Проблемаи амсиласозиро метавонад таҳсилоти фосилавӣ, ки имкон медиҳад на танҳо технологияҳои анъанавӣ, балки технологияҳои нави иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дуруст истифода бурда шавад.
Таълими анъанавӣ аксар вақт тавре ба роҳ монда мешуд, ки ба ҳамаи донишҷӯёни як гурӯҳ бидуни назардошти хусусиятҳои фардии психологӣ як суръат (ритм)-и кор пешниҳод карда мешуд. Аз ҷумла, ин дар он зоҳир мегардид, ки усулҳои анъанавии таълим муносибати созанда (конструктивӣ)-и донишҷӯёнро ба омӯзиши мавзуъ ташвиқ наменамояд, то онҳо тавонанд
вобаста ба хусусиятҳои фардӣ-психологии худ таълим гирифта, бо суръати ба онҳо хос пеш раванд.
Таҳқиқотҳои муосири психологияи генетикӣ, алахусус, ба масъалаҳои таълими математика бахшида шудаанд, боиси таъсиси баъзе муқаррароти муҳим гардиданд, ки татбиқи хеле васеъи дидактикӣ доранд.
Ҷ.Пиаже яке аз аввалин психологҳоест, ки зимни мушоҳида ташаккули пурраи мафҳумҳои математикиро ба мавҷудияти сохторҳои муайяни психологӣ дар донишҷӯён марбут донист. Ба андешаи ӯ ин ё он мафҳуми муайяни математикӣ ба мантиқи холис дар айният нест, балки дар тафаккури донишҷӯ дар натиҷаи таркиб (синтез)-и ба ном сохторҳои мантиқӣ-оперативӣ тавлид мегардад, ки туфайли алоқамандии амалҳои фикрии “ботинӣ” бо фаъолияти маҳсулноки “беруна” дар маводи мушаххаси таълимӣ ба вуҷуд меоянд.
Мавқеи охирини Ҷ. Пиаже хеле пештар аз ҷониби педагог-психологи рус Д. Д. Галанин пешниҳод шуда буд: "... беҳтарин роҳи таълим он аст, ки барои тафаккур ва такрори эҷодӣ, барои эҷоди ғояҳо мавод медиҳад, худи ғояҳо бошанд, аллакай бевосита дар рӯҳи кӯдак тавассути фаъолияти табиии дастгоҳи психологии ӯ ба вуҷуд меоянд”
Чуноне ки қайд гардид, раванди таълим самарабахш хоҳад буд, агар он ҳамчун маҷмӯи томи давраҳои маърифат сохта шавад, ки тартиби сохторӣ- зинаги (иерархи)-и он дар асоси ҳадафгузориҳо ва ташхиси натиҷаҳои мобайнӣ ва ниҳоӣ технологияи ҷудонопазири маърифати таълимиро таъмин намояд.
Ҳар як давраи омӯзишӣ се ҷузъро дар бар мегирад: ҳадаф (чаро таълим додан) лозим аст, мундариҷа (чиро таълим додан) ва раванди таълим (чӣ гуна таълим додан) [126]. Аз ин рӯ, ҳар як давраи омӯзиш, ҳамчун унсури системаи ҷудонопазир, бояд таҷдиди донишҳои заминавӣ, ҳавасмандӣ ба таълим ва ташаккули мафҳумҳо ва усулҳои нави амалро таъмин намояд.
Дар таҳсилоти фосилавӣ таълим метавонанд аз рӯи нақшаҳои гуногун сурат гирад:
-"шиносоӣ – азхудкунӣ; - такрор - татбиқ" (таълими фаҳмондадиҳӣ- тасвирӣ);
- "пешниҳод;
- азхудкунӣ;
- санҷиш" (омӯзиши барномарезишуда);
- "ташаккули мафҳумҳо;
- ҷамъбастнамоӣ ва хулосаҳо;
- истифодаи натиҷаҳои ҷамъбастшуда (таълими проблемавӣ- инкишофдиҳанда) ва амсоли ин.
Дар таҳқиқотҳои В. П. Беспалко муайян шуд, ки, сохтори фаъолияти таълимӣ дар шакли чор сатҳи пайдарпайи азхудкунӣ пешниҳод карда мешавад, ки рушди таҷрибаи донишҷӯёнро дар як фанни мазкур дар раванди таълим инъикос мекунад.
Дар сатҳи аввал масъала, вазифа, мақсад, вазъият ва амалҳо ҷиҳати ҳалли он муқаррар мегарданд ва аз донишҷӯён талаб карда мешавад, ки дар бораи мувофиқати ҳар се ҷузъи сохтори масъала хулоса бароранд.
Дар сатҳи дуюм супориш, мақсад, вазъият, гузошта мешаванд ва аз донишҷӯ талаб карда мешавад, ки амалҳои қаблан омӯхтаашро ҷиҳати ҳалли он татбиқ намоянд. Ин амали алгоритмии репродуктивиест, ки донишҷӯён онро мустақилона, тавассути барқарор кардан ва истифода бурдани маълумоти қаблан омӯхтаашон, иҷро менамоянд.
Дар сатҳи сеюм ҳадафи супориш гузошта шудааст, аммо вазъияте, ки дар он мақсад ҳосил гардад, номуайян аст ва аз донишҷӯ талаб карда мешавад, ки вазъро пурра равшан дарк намуда, амалҳои қаблан омӯхташударо барои ҳалли ин вазифаи ғайримуқаррарӣ истифода баранд. Ин амали маҳсулноки навъи эвристӣ (кашшофона) мебошад, ки донишҷӯро ба навоварию ихтирокорӣ дар таҳсилоти фосилавӣ ҳидоят менамояд.
Дар сатҳи чаҳорум, ҳадафи фаъолият дар вазифа танҳо дар шакли умумӣ маълум аст ва дар он ҳам вазъияти мувофиқ ва ҳам амалҳое, ки барои расидан ба ҳадаф оварда мерасонад, ҷустуҷӯ карда мешаванд. Ин амали маҳсулноки навъи эҷодӣ дар таҳсилоти фосилавӣ мебошад, ки дар натиҷаи он заминаи воқеъбинонаи нави фаъолият ба вуҷуд меояд.
Ин муқаррарот махсусан ҳангоми ташкили фаъолияти таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мебошад, ки дар он барномаи таълимӣ асосан ба таҳсили мустақилона нигаронида шудааст. Дар ин маврид фаъолияти инфиродии донишҷӯ танҳо дар сурати риояи талаботҳои мутобиқат ва мувофиқи имкониятҳои ӯ будан барномаҳои мазкур самаранок хоҳад буд, ки ба имкониятҳои гуногунсатҳи таълимӣ-маърифатии донишҷӯён: қобилиятҳо ва маҳоратҳои таълимӣ-маърифатии онҳо вобаста мебошад.
Мувофиқи натиҷаи як қатор таҳқиқотҳо агар омӯзгор курс ташкил намуда, сатҳи муайяни миёнаро интихоб кунад ва омӯзишро аз рӯи талаботи "аз содда ба мураккаб" роҳандозӣ намояд, пас, амалия нишон медиҳад, ки ин на ҳамеша роҳи беҳтарин ҳалли масъала мебошад. Мумкин аст, ки талаботи таълим дар сатҳи баланд мураккабиро (Л.В. Занков, В.Ф. Шаталов) ба роҳбарӣ гирифта, курс тарҳрезӣ карда шавад. Бо ин роҳ донишҷӯ ба ҳалли комилан мустақилонаи вазифаҳои таълимии мураккаб омода мегардад.
Таълим дар ин сурат дар таҳсилоти фосилавӣ хусусияти фаъолона ва эҷодиро касб хоҳад кард. Аммо бо истифода аз дастури таълимӣ, на ҳар донишҷӯ метавонад маводи заруриро аз худ кунад. Чунин донишҷӯён ба кӯмак ва маслиҳат ниёз доранд. Дар ин ҷо аҳамияти яке аз вазифаҳои муҳимтарини омӯзгор – идоракунии фаъолияти таълимӣ-маърифатии донишҷӯён ошкор мегардад ва барои ҳалли он раҳёфтҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст.
Вақтҳои охир дар ин ҷанба идеяи азхудкунии пурраи мавод маъмултарин маҳсуб меёбад, ки мувофиқи он ҳамаи донишҷӯён метавонанд маводи зарурии таълимиро пурра аз худ кунанд ва вазифаи омӯзгор тавассути дуруст ба роҳ мондани раванди таҳсилоти фосилавӣ ба ҳар як донишҷӯ фароҳам овардани чунин имконият мебошад.
Фаъолияти омӯзгор дар таълими фосилавӣ тағйироти назаррасро аз сар мегузаронад. Вазифаи аввалиндараҷаи ӯ тайёр кардани курси таълими фосилавӣ дар асоси маъхазҳои аллакай дастрас ё таҳияҳои коркардҳои аслии муаллифӣ дар бахшҳои он мебошад. Вазифаи дуюми муҳимми педагогӣ – ин идоракунии фаъолияти таълимӣ-маърифатии донишҷуён дар доираи мундариҷаи таълим мебошад, ки вазифаи бевоситаи он инкишофи нерӯҳои зеҳнӣ ва қобилиятҳои инфиродӣ маҳсуб меёбад.
Одатан, дар донишҷӯён аксар вақт саволҳои умумӣ пайдо мешаванд, бинобар ин омӯзгор метавонад пойгоҳи махсуси саволҳо ва ҷавобҳои маъмултаринро ташкил намуда, дастрасии фосилавии таҳсилотро ба он таъмин намояд. Азбаски курси таҳсилоти фосилавӣ таъхирнок ва аксаран бидуни иштироки бевоситаи таҳиягарон татбиқ мегардад, дар идоракунии мустақими фаъолияти таълимӣ-маърифатии донишҷӯён бояд омӯзгор-мушовир ё мураббӣ (тютор) ширкат варзанд.
Саввумин вазифаи муҳими омӯзгор дар таҳсилоти фосилавӣ, назорати дониш, маҳорат ва малакаҳои донишҷӯён мебошад. Ин мушкилилоти анъанавии таълим буда, дар таълими фосилавӣ ҳангоми таҳияи супоришҳои тестӣ барои назорати ҷорӣ ва ниҳоӣ ҳал карда мешавад. Татбиқи раванди тестигузарониро метавонад ё худи омӯзгор ва ё тютор (мураббӣ) амалӣ намоянд.
Санҷиши ниҳоӣ (имтиҳонӣ) дар низоми таҳсилоти фосилавӣ одатан ё дар шакли мустақим дар муассисаи таълимӣ – пешниҳодкунандаи хидматрасониҳои таълимӣ ё дар маркази маҳаллии дастгирии таълими фосилавӣ гузаронида мешавад. Дар ҳолати охирин, санҷиши ниҳоӣ ё дар шакли рӯзона, ё фосилавӣ, вале дар ҳузури намояндаи муассисаи таълимӣ (мураббӣ) сурат мегирад. Ҳамин тариқ, вазифаи асосии омӯзгор дар низоми таҳсилоти фосилавӣ инҳоянд:
- таҳияи курси таълимӣ; - таҳияи дастурҳо оид ба таълим; - маслиҳат додан ба донишҷӯён дар ин мавзуъ ва кӯмак ба онҳо дар ҳолатҳои душвор; - назорати натиҷаи таълим.
Дар шароити муосир мо таҳсилоти фосилавиро ҳамчун як чизи табиӣ қабул менамоем. Бисёр муассисаҳои таълимӣ дар таҷрибаи кори хеш аз технологияи фосилавӣ истифода мебаранд. Алакай бисёр донишҷӯён чунин шакли таълимро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аммо фаромуш набояд кард, ки таълими фосилавӣ як тарзи ташаккул додани дониш ва маҳорату малака мебошад, аммо мазмуни таҳсилот бетағйир боқӣ мемонад.
Омили асосии инкишофи таҳсилоти фосилавӣ дастовардҳои муосир дар соҳаи технологияи таълим, воситаҳои оммавии ахбор ва алоқа мебошад.
Инкишофи босуръати таҳсилоти фосилавӣ аз истифодаи васеи воситаҳои техникии гуногун вобаста мебошад, ки Тоҷикистон дар ин ҷода каме нороҳатӣ дарк карда мешавад.
Ин низом дар навбати аввал дастрасии муассисаҳои таҳсилоти касбиро бо компютер ва технологияи ахборотӣ; алоқаи низоми моҳваравӣ; талевизони таълимӣ; воридшавии оммавӣ ба низоми ахбор; паҳн гардонидани барномаҳои таълимии компютерӣ ва ғайраро вобаста мебошад.
Дар ин самт ба ҳамагон маълум аст, ки интернети фаъол бо тамоми воситаҳои дигар, таълими ғоибонаро танг намуда, бо се ҳолат ҷояшонро ишғол менамояд:
-
Инкишофи техникии интернет-технология, имкон медиҳад, ки тамоми амсилаҳо қулай ва арзонтар тавассути интернет амалӣ гарданд;
-
Ворид гардидан ба шабакаи интернет ягон мушкилотро барои таҳсилкунандагони фосилавӣ пеш намеорад;
-
Нисбатан воридшавӣ ва сару кор гирифтан бо он арзиши паст дорад.
Барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дар таҳсилоти фосилавӣ интернет воситаи зарурӣ ва муҳимтарин ба шумор меравад:
1.Мавҷудияти базаи муосири компютерӣ ва дастрасии хуб ба интернет барои хонандагони таҳсилоти фосилавӣ. Мутаассифона дар шароити муосир басёр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хона компютер ва интернет надоранд. Дар маркази шахри Душанбе шабакаи баландсуръати интернет мавҷуд аст, аммо дар аксар ноҳияҳо он вуҷуд надорад, ки донишҷӯён корро дар самти таҳсилоти фосилавӣ бобарор ба роҳ монда наметавонанд. Дар мувофиқа бисёри барнома, намоиш ва ҳуҷҷатҳои барои донишҷуён зарурӣ дар таҳсилоти фосилавӣ дастнорас қарор мегиранд. 2. Дар Тоҷикистон захираҳои хуб ва таҷрибаи таҳсилоти фосилавӣ чандон устувор нест, омӯзгорон дар ин самт таҷрибаашон ниҳоят нокофӣ мебошад.
Инчунин омодагии омӯзгорон ба ташкил намудани дарсҳои фосилавӣ чандон хуб нест. Дар ин ҷо боз савол дар бораи имконияти техникии омӯзгорон ва маҳорати истифода бурда тавонистани онҳо аз тамоми технологияи муосир меравад. Қисми зиёди омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро шахсони калонсол ташкил медиҳанд, ки дар шабакаи иҷтимоӣ кор карда наметавонанд ва агар тавонанд хам ниҳоят суст фаъолият менамоянд.
Агар бо офис мо дӯстӣ пайдо намоем, тавассути барномаи кории навишташуда, дар раванди кор дар майдони онлайн, роликҳои наворӣ, презентатсия, саволномаҳо гузаронидан ба ҳама муясар намегардад. Аз ин рӯ аз ҳама тарзи дастрас ва осон расм гирифтани саҳифаи китоб ва дигар сарчашмаҳо мебошад.
Ба худ тасавур намоед, ки дар як рӯз 6-7 презентасия, ки пур аз мазмун мебошад гузаронидан ниҳоят мушкил аст. Ба ивази он дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронидани машғулият барои мустаҳкамкунии мавод ва тафтиши супоришҳо ҷисман номумкин аст.
Натиҷаи воқеии дарси фосилавӣ он дам ба даст меояд:
• Захираҳои таълимӣ бо технологияи ахборотӣ дар дараҷаи олӣ пухта коркард гардида, бо ороишҳои зебои захираҳои таълимӣ пешниҳод карда шаванд.
• Донишҷуён хуб омода карда шуда ва маводи пешниҳодгардидаро хуб донанд.
• Робитаи омӯзгорон бо танзимгари шабакавӣ тавассути интернет бо тарзҳои дастрас рӯй диҳад.
Бартариҳои таҳсилоти фосилавӣ дар он мебошад:
• Таълим дар самти инфиродӣ- дар он зоҳир мегардад, ки сурати таълимро худи донишҷӯён муайян менамоянд;
• Озодӣ ва тобоварӣ- донишҷӯ метавонад аз байни фанҳои сершумор, кадом фанни таълимиеро, ки хоҳад интихоб намояд, вақтро мустақилона нақшабандӣ намояд, ҷой ва давомнокии машғулиятро муайян созад;
• Дастрасӣ – новобаста аз ҳолати географӣ ва вақти донишҷӯ ва муассисаи таълимӣ руй медиҳад, муассисаи таълимӣ кӯшиш менамояд, ки хешро аз талаботҳои таълимӣ маҳдуд насозад.
• Омодагӣ- татбиқи самаранокии робитаҳои баргарданда байни омӯзгор ва донишҷӯ яке аз талаботҳои асосии давомоти ҷараёни таълими фосилавӣ мебошад.
• Технология – дар ҷараёни таълим истифода бурдан аз дастовардҳои навтарини технологияи ахборотӣ ва телекоммуникатсионӣ рӯй медиҳад.
• Баробарҳуқуқии иҷтимоӣ- имкониятҳои баробари гирифтани маълумот новобаста аз ҷойи зист, ҳолати солимӣ, таъминоти моддии донишҷуён рӯй медиҳад.
• Эҷодкорӣ – шароити мусоид барои худзоҳиркунии эҷодии донишҷӯён таъмин карда мешавад.
Дар ин раванд норасоиҳои зерин мавҷуданд:
Дар таҳсилоти фосилавӣ машварати доимӣ байни донишҷӯ ва омӯзгор вуҷуд надорад. Ин маънои онро дорад, ки дар таҳсилоти фосилавӣ нисбат ба шакли рӯзонаи таълим муносибати инфиродӣ ва таъсири тарбиявӣ камтар мушоҳида карда мешавад. Дар ҳолате, ки инсон дар паҳлуят нест, ки донишро ба таври эҳсосоти ранга гардонад, ин яке аз камбудиҳои таҳсилоти фосилавӣ мебошад. Дар шароити таълими фосилавӣ ин имконият дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки дарс дар режими онлайн гузаронида шавад:
- Дар таҳсилоти фосилавӣ мавҷудияти як қатор шароитҳои инфиродӣ- психологӣ талаб карда мешавад. Барои таҳсилоти фосилавӣ қатъияти худи фан зарур аст, натиҷаи он бошад аз мустақилият ва муносибати шууронаи донишҷӯ вобаста мебошад.
- Гурӯҳи дигари донишҷӯён ба алоқа набаромада, мавҷуд набудани интернетро сабаб меоранд. Қисми дигари донишҷӯён супоришҳоро сифатнок иҷро нанамуда, онро танҳо барои ба инобат гирифтан мефиристонанд.
- Зарурияти дастрасии доимӣ ба захираҳои ахборотӣ, дар таҳсилоти фосилавии Тоҷикистон бар аъло ҳис карда мешавад. Дар таҳсилоти фосилавӣ дониши баланди тахникӣ талаб карда мешавад, аммо на ҳама хоҳишмандони таҳсилоти фосилавӣ дониши компютерӣ ва тавоноии воридшавӣ ба Интернетро доранд.
- Донишҷӯён бояд анъанаи норасоии дониши амалиро дар худ дарк намуда, аз офис дуруст истифода бурдан ва бо почтаи электронӣ кор карда тавонистанро омӯзанд. Ба қайдгирӣ дар тамоми майдонҳои ахборотӣ, барои онҳо мушкилотро пеш меорад. Дар моҳи марти соли 2021 омӯзгорони
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент барои муошират бо донишҷӯён шабакаи иҷтимоии робитаро ташкил доданд. Дар он почтаи тамоми донишҷӯёни таҳсилоти фосилавиро ворид намуданд. Ба донишҷӯён танҳо зарур буд, ки ба шабака дохил гардида, маълумотро хонда, дар бораи иҷрои супоришҳо робита барқарор намоянд. Дар ин ҷо имконияти муоширати бевосита бо донишҷӯ пайдо гардид. Ин имкон дод, ки дар онлайни гурӯҳӣ то 150 нафар ворид гарданд.
- Дар таҳсилоти фосилавӣ асоси таълимро корҳои хаттӣ ташкил медиҳад, ки аксари донишҷӯён ба корҳои хаттӣ одат пайдо намуда, фикри хешро ба таври шифоҳи баён намуда наметавонанд. Донишашонро дар шакли шифоҳӣ аз сабаби захираи ками луғавӣ доштанашон баён карда наметавонанд.
- Мавҷуд набудани назорати доимӣ аз болои донишҷӯи тоҷик бедоркунандаи одаткунӣ мебошад. Назорати иҷроиши супоришҳо дар таҳсилоти фосилавӣ ниҳоят мураккаб буда, донишҷӯён тамоми тарзҳои мавҷудаи иҷрои корро мустақилона меёбанд, онҳо расм гирифта, чизҳоеро дар корашон мегузоранд, ки омӯзгор дарк карда натавонад. Ин муносибат баъзан кор медиҳад, расмро дар экрани телефон дидан ва хатро хондан ниҳоят мушкил аст, тестро чун анъана як нафар иҷро намуда, мепартояд ва дигарон дар шакли тайёр онро пайдо намуда рӯйбардор менамоянд.
- Барномаҳои таълимӣ ва фанҳо чандон хуб коркард нагардидаанд, аз сабаби нарасидани кадрҳои соҳибкасб, дастурҳои таълимӣ дар барномаҳои онлайн, дар шароити муосир чандон қонеъкунанда нестанд.
- Омӯзгори оддӣ баргузор кардани барномаи онлайн ва тестҳоро дар доираи 10 савол баргузор карда наметавонад, дар ҳолате ҳар як донишҷӯ ба логини худ ворид гардида, маводҳои заруриро мегирад. Аз ин рӯ дар базаи сайти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мо ба омода намудани онлайни хеш дар режими фосилавӣ оғоз намудем, вай самаранок мегардад ё не савол кушода қарор дорад.
Барои он ки ин вазифа то ҳадди аксар амалӣ карда шаванд, бояд тарзи эҷодӣ фазои таҳсилоти фосилавиро омӯхт, ки нисбат ба усули таълим дар синф хеле мураккабтар аст. Ҳангоми ташкили фаъолияти таълимӣ дар системаи таълими фосилавӣ ҳолатҳои рӯҳии донишҷӯён бояд ба назар гирифта шавад, зеро ҳангоми кор бо компютер аломатҳои нороҳатӣ, эҳсоси доимии корношоямӣ ва аз даст додани хоҳиши ибтидои фаъолияти таълимӣ рух доданаш мумкин аст.
Гузориши масъалаи роҳандозии таълими фосилавӣ зарурати истифодаи онро дар асоси назарияи психологӣ-педагогӣ пеш мегузорад, ки идоранамойии оптималии раванди фаъолияти таълимиро таъмин менамояд ва ҳамчунин таъсири онро ба истифодабаранда таҳқиқ менамояд.
Нӯҳ талаботи асосии таълим бо истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ мавҷуданд:
Идоранамоии диққат. Ин махсусан вақте муҳим аст, ки дарс дар шакли видеоконференсияи омӯзишӣ гузаронида шавад. Дар ин шакл дар синфхонаи маҷозӣ иштирокчиёне нишастаанд, ки дар ҷойҳои гуногуни кишвар ҷойгиранд.
Дар ин ҳолат, беҳтараш дарсро бо саволе ё масъалае оғоз намудан зарур аст, ки ҳалли худро талаб намояд. Бо шарофати имкониятҳои почтаи электронӣ, шумо метавонед ба ҳамаи донишҷӯён мисоли марбут ба мавзуи ҷориро нишон диҳед ва фикри онҳоро пурсед.
Шиносоии пешакӣ бо мавод. Онҳое, ки мустақилона маводро меомӯзанд, аксар вақт иттилоотро нисбат ба онҳое, ки дар лексия ҳузур доштанд, беҳтар ва самараноктар азхуд мекунанд.
“Барои азхудкунии иттилоот, фаъолии худи донишомӯз муҳим аст, ки онро фаъолияти маърифатӣ меноманд. Аз мукаммалияти амалиёти фаъолияти маърифатӣ ҳам суръат ва ҳам сифати азхудкунӣ вобаста аст”.
Фаъолсозии раванди бахотирории маводи қаблан омӯхташуда. Дар ин раванд вазифаи донишҷӯён аз он иборат аст, ки норасогии ошкоршударо барқарор кунанд. Масалан, метавонем сабти видеоиро ҳамчун намунаи як падида намоиш диҳем ва аз донишҷӯён хоҳиш намоем, ки ин падидаро тавсиф кунанд. Барои ин шакли кор, такрори он маводи қаблан омӯхташударо пешбинӣ намудан беҳтар аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё