АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
БОБИ 2. АМСИЛАИ РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ
ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ
2.1. Вазъи кунунии мушкилоти такмили методикаи таълими математика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мубрамияти таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро дарк намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми аз 26. 12. 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020- 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.
Имкониятҳои такмили усулҳои таълими фанҳои мухталиф дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ алалхусус математика аз қобилияти устодон ҷиҳати ҳадафмандона ангезиш додани фаъолияти фикрии донишҷӯён мебошад.
Ин бошад, дар сурате имконпазир мегардад, ки омӯзгорон ба дониши психологӣ ва педагогӣ такя намуда, яъне ба низоми қонуниятҳое, ки маълумотро дар бораи психология, дидактика ва методологияи мувофиқи татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ татбиқ карда тавонанд.
Дар қонуниятҳои мазкур робитаи миёни равандҳои ботинии дар зеҳни донишҷӯён ба амалоянда ва шароитҳои берунии дидактикӣ, ки фаъолияти таълимӣ дар онҳо ҷараён мегирад, ошкор мегарданд. Ба шароити беруна мундариҷаи машқҳо, пайдарпаии онҳо, усулҳои ташкили дарсҳо дохил мешаванд. Ба фаъолияти ботинӣ бошад – фаъолияти фикрии фаъол, равандҳои дар хотир нигоҳ доштани маводҳо, худтанзимнамоӣ ва амсоли инҳо мансуб мебошад.
Азбаски дар қонуниятҳо алоқаи мутақобила миёни равандҳои ботинии фаъолияти таълимии таълимгирандагон ва шароитҳои берунаи дидактикӣ инъикос мегарданд, пас, ба қонуниятҳои мазкур такя намуда истода, таҳсилоти олӣ метавонад бо роҳи тағйир додани шароити беруна равандҳои дохилии дар зеҳни донишҷӯён баамалояндаро ҳамоҳанг созад.
Тавре ки дар боло қайд кардем, мушкилоти асосии таҳсилоти муосир эҷоди усулҳо ва технологияҳои нави таълим мебошад, ки ба муҳити телекоммуникатсионии муошират ҷавобгӯ бошанд. Дар ин муҳит донишҷӯён танҳо истеъмолкунандагони ғайрифаъоли иттилоот нестанд, дар раванди таълим онҳо фаҳмиши худро дар бораи мундариҷаи фаннии таълим ба вуҷуд меоранд. Амсилаи кӯҳнаи таълимро, ки ба он унсурҳои зерин хос буданд, ислоҳ намудан зарур меояд:
• дар маркази технологияи таълим – омӯзгор қарор дорад;
• миёни донишҷӯён рақобати ниҳонӣ вуҷуд надорад;
• донишҷӯён дар машғулиятҳо нақши ғайрифаъолро мебозанд;
• моҳияти таълим дар интиқоли дониш (далелҳо) ифода намеёфт.
Ворид гардидани ҷомеаи муосир ба фазои ҷаҳонӣ ва тамаддуни иттилоотӣ нисбат ба сифати омоданамоии мутахассисон талаботҳои нав ба навро ба миён мегузорад. Дар натиҷа, ба ҷои амсилаи кӯҳнашуда дар амалия бояд амсилаи нав ҷорӣ гардад, ки ба муқаррароти зерин асос ёфтааст:
• дар маркази технологияи таълим – донишҷӯ меистад;
• заминаи фаъолияти таълимиро дар таҳсилоти фосилавӣ ҳамкорӣ ташкил медиҳад;
• донишҷӯён дар раванди таълим нақши фаъолро ишғол менамоянд;
• моҳияти технология – рушд додани қобилияти донишҷӯ ба худомӯзӣ мебошад.
Дар давоми солҳои 2020-2021 мо барои эҷод намудан ва такмил додани усулҳои таълими математика, ҷиҳати ташаккул додани хислатҳои шахсии барои мутахассиси оянда зарурӣ, дар донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоиши педагогӣ гузаронидем.
Аз ин рӯ, дар ҷараёни кор бо донишҷӯён бо истифодаи як қатор навигариҳо, ки намудҳои гуногуни фаъолияти эҷодии омӯзгор ва донишҷӯёнро дар бар мегирад, мо барномаи инкишофи худшиносии эҷодии шахсиятро дар марҳилаҳои ибтидоии рушди касбии ӯ таҳия намудем.
Ҳангоми ташкили корҳои таҷрибавӣ-озиоишӣ мо ба хулоса омадем, ки ташаккули шахсияти мутахассиси оянда дар раванди таълими математика дар донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ бо ёрии технологияҳои инноватсионии иттилоотӣ душвор сурат мегирад, зеро он аз бисёр омилҳои объективӣ ва субъективӣ вобаста аст.
Коллективи дилхоҳи гурӯҳи таълимии донишгоҳ мураккаб ва гуногунранг аст. Барои таъмини фаъолияти мӯътадили он, воситаҳо, шаклҳо ва усулҳои таълим низ бояд гуногун бошанд. Аз ин рӯ, ҳеҷ як шакли нави ташкили таълим набояд шаклҳои куҳнаи анъанавиро иваз кунад. Муваффақият танҳо дар сурати ҳамбастагии оқилонаи усулҳои таълими нав ва анъанавӣ имконпазир мегардад.
Ягон чизро дар ҷойи хушку холӣ бунёд намудан мумкин нест, таълими математика низ дар заминаи баландтар дар такя ба тарзу усулҳои анъанавӣ бояд бунёд ёбад.
Ҳадафи асосии марҳилаи муқарракунандаи кори таҷрибавӣ-озмоишӣ муайян намудани мушкилот дар истифодаи технологияҳои фосилавӣ ҳангоми омӯзиши математика дар донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Вазифаи асосӣ ба даст овардани тавсифи эмпирикии объекти таҳқиқот мебошад, яъне ҳолати ташаккули донишҷӯ ҳамчун шахси дорои тафаккури фаъол дар раванди азхудкунии донишҳои математикӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки худтатбиқнамоии эҷодӣ як қисмати вазифавӣ ва ҳадафи мобайнии рушди касбӣ-эҷодӣ мебошад, ки ҳангоми расидан ба он даври нави раванди бепоёни худтакомулдиҳӣ оғоз меёбад.
Аз ин рӯ, зарурати ҷорӣ кардани низоми меъёрҳои баҳодиҳии сатҳи ташаккули худшиносии эҷодии шахсияти донишҷӯ - мутахассиси оянда ба миён меояд. Қонуниятҳои худтакомулдиҳии эҷодии шахсро инъикос намуда истода ва робитаҳо байни ҷузъҳои функсионалии консепсияи додашударо барқарор намуда, меъёрҳо имкон медиҳанд, ки занҷири худтатбиқнамоии мобайнии шахс дар раванди диалектикӣ «пайгирӣ» карда шавад.
Ба сифати меъёрҳои баҳодиҳии истифодаи технологияи фосилавӣ дар таълими математика мо чунин коркард намудем:
• соҳиб будан ба дониши ҳалли масъалаҳои таълимии сатҳи гуногун;
• қобилият ба дарк намудан (рефлексия) дар омӯзиши фанни математика;
• қобилият ва майлу хоҳиш ба худомӯзӣ;
• худтанзимкунии фаъолияти таълимии донишҷӯён;
• мавқеи фаъолро ноил будан (субъективӣ) дар таълим.
Сохтори анъанавии раванди таълим ба мо имкон медиҳад, ки ба бисёр мақсадҳо ноил шавем: ташаккул додани маромнокӣ ва ҳавасмандӣ ба фаъолияти таълимӣ дар байни донишҷӯён, тасвир ва мушаххас кардани маводи таълимӣ, ташаккул додани маҳорат ва малакаҳои махсус дар байни донишҷӯён, назорат ва арзёбии натиҷаҳои кори таълимии онҳо.
Дар натиҷаи таҳқиқот ва таҳлилҳо мо ба чунин хулоса омадем, ки муҳимтарин ҳадафи таълими математика, ташаккули раҳёфти умумӣ, маҳорати умумии ҳалли ҳама гуна масъалаи математикӣ дар байни донишҷӯён мебошад.
Ба андешаи П.Я. Галперин донишҷӯ, усули умумии таҳлили доираи муайяни падидаҳоро азхуд намуда истода, қодир аст мустақилона заминаи азхудкунии маводи навро дар ҳама гуна соҳаи дониш ба вуҷуд оварад. Аз ин рӯ, барои таҳқиқоти мо муайян кардани имкониятҳои таълими фосилавӣ ҳамчун яке аз роҳҳои ноил шудан ба ҳадафи дар боло зикргардида ҷиҳати таълими математика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Донишкадаву донишгоҳҳо бояд на танҳо донишҷӯёнро бо маҷмӯи далелҳои математикӣ, ки онҳоро муҳокимарониҳои дедуктивӣ ҳамроҳӣ мекунанд таъмин созанд, балки инчунин фаросати математикии онҳоро ташаккул дода, малакаи ҷустуҷӯи мустақили қонуниятҳои навро шакл бахшанд.
Дар омӯзиши математика гарчи усули ягонаи ҳалли тамоми масъалаҳо мавҷуд набошад ҳам, донишҷӯ бояд дар донишкадаву донишгоҳ дар бораи он усулҳои умумие тасаввурот пайдо намояд, ки роҳи ҳалли мисолу масъалаҳоро равшан менамояд.
Табиист, ки усулҳои мушаххаси ҳалли баъзе масъалаҳои дар донишкадаву донишгоҳ омӯхташударо ба зудӣ фаромӯш кардан мумкин аст, аммо маҳорати умумӣ, раҳёфти умумӣ бояд дар тӯли ҳаёти ҳар як хатмкардаи донишкадаву донишгоҳ боқӣ монад. Зеро ин раҳёфти умумӣ ба ҳалли ҳама гуна масъалаҳои математикӣ, намунаи муносибати оқилона ба ҳалли ҳама мушкилоти рӯзмарра, амалӣ, техникӣ ва тамоми дигар мушкилотест, ки инсон ҳар рӯз тӯли ҳаёташ бо онҳо дучор меояд.
Зиндагӣ – ин худ ҳалли мушкилот аст. Воқеан ҳикмати баённамудаи физики маъруф М. Лауэ дуруст аст, ки мегуяд: "Таҳсилот он чизест, ки пас аз фаромӯш кардани ҳама чизи омӯхташуда, боқӣ мемонад" [80, с.:169]. Дар он ҳам нақши муҳим доштани рушди тафаккур ва ҳам робитаи ногусастании он бо таълиму омӯзиш тавсиф мегардад.
Дар баробари ин, мушкилоти асосӣ аз он иборат аст, ки аксари кулли хатмкунандагони донишкадаю донишгоҳҳо ин маҳорати умумиро ба дараҷаи зарурӣ азхуд намекунанд ва бо масъалаи ношинос ё қисман ношинос рӯ бу рӯ гашта, намедонанд, ки чӣ тавр онро ҳал намоянд. Корро аз куҷо оғоз кунад ва пас аз якчанд кӯшиши номуваффақона аз ҳалли ин масъалаи ба андешаи онҳо “ҳалнопазир” даст кашанд. Онҳо нокомияшонро бо он шарҳ медиҳанд, ки “чунин масъалаҳолоро ҳал накардаанд”.
Онҳо бояд дар чунин ҳолат ба кофтукоб машғул гашта роҳи ҳаллро пайдо намоянд. Мо дар вақти таҳқиқот сатҳи омодагии математикиро ҳам дар маҷмӯи нишондиҳандаҳои сифатӣ ва ҳам аз рӯи унсурҳо он таҳлил намудем. Аз рӯи нишондиҳандаҳои алоҳидаи ба хулосае омадем, ки холо ҳам дар омодагии математикии донишҷӯён дар донишкадаву донишгоҳ мушкилотҳои зиёде мавҷуданд.
Мо ба хулосае омадем, ки ба сифати меъёри асосии ченкунии омодагии математикӣ гузариши донишҷӯёнро ба зинаи баландтари омодагӣ ба истифодаи донишҳои математикӣ дар фаъолияти касбии худ қабул намоем. Вале қайд намудан ҷоиз аст, ки танҳо аз рӯи як нишондиҳанда сифатан ва миқдоран чен кардани тағйироти баамаломада ғайриимкон буд. Мо сатҳи зерини таълими математикиро ҷудо намудем:
1. Сатҳи паст. Дар донишҷӯёни сатҳи мазкур малака ва маҳорати қолабӣ бартарӣ дорад, яъне онҳо дар бораи усулҳои ҳалли масъалаҳои таълимӣ дониши кофӣ надоранд (бисёр талаботро барои иҷрои супоришҳо иҷро намекунанд, зеро онҳоро ночиз меҳисобанд ё умуман онҳоро пай намебаранд); фаъолияти таълимӣ хусусияти амал ва амалиётҳои алоҳидаро ноил мебошад; донишҷӯён аз раванди омӯзиши математика қаноатманд нестанд, ҳадаф ва вазифаҳои худомӯзиро ба қадри кофӣ дарк намекунанд; дар онҳо маҳорати банақшагирии рӯзи кории худ, яъне малакаҳои худтанзимнамоии фаъолияти таълимӣ вуҷуд надоранд.
2. Сатҳи миёна. Бо ин сатҳи омодагӣ, донишҷӯёне ворид мегарданд, ки намунаи иҷрои мисолу масъалаҳоро бидуни инъикоси интиқодӣ дар истифодаи он қатъиян риоя мекунанд; супоришҳои таълимӣ ҳамчун ҳолатҳои алоҳидаи хусусӣ, бидуни вобастагӣ бо вазифаҳои дигар таҳлил карда мешаванд. Аммо, дар доираи вазифаи таълимии пешниҳоднамудаи омӯзгор донишҷӯён қобилият ба бозёфтҳоро зоҳир мекунанд: онҳо метавонанд роҳи ҳалли онро пешниҳод кунанд, аммо бидуни асоснокнамоии назариявӣ. Дар донишҷӯён маҳорат ва малакаҳои худтаълимгирӣ суст инкишоф ёфтааст, онҳо аҳамияти математикаро дар ташаккули касби ояндаи худ ба қадри кофӣ дарк намекунанд; дар онҳо мавқеи фаъоли субъектӣ дар раванди таълим ба назар намерасад. Малакаҳои худтанзимкунии фаъолияти таълимӣ дар онҳо суст инкишоф ёфтаанд. Дар умум, мавқеи онҳо чун иҷрокунандаи расмӣ мушоҳида мешавад;
3. Сатҳи аз миёна ба боло. Донишҷӯёни ин сатҳ метавонанд аз мавҷи иттилооти гуногун маводи барояшон заруриро пайдо намоянд; дар фаъолияти худ иттилоотро аз назари интиқодӣ таҳлил намуда, истифода намоянд; онҳо аз усулҳои ҳалли масъалаҳои дараҷаи душворияшон миёна бархурдоранд, вазифаҳои хусусияти эҷодидоштаро иҷро мекунанд, суръати азхудкунии дониш дар онҳо ба қадри кофӣ баланд аст, метавонанд кори мустақилонаи худро ба танзим дароранд; фаъолияти ҷустуҷӯии онҳо устувор аст, танҳо дар сурати аз ҷониби омӯзгор ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ нороҳатӣ ҳис намекунанд; донишҷӯёни дар ин сатҳ қарордошта раванди омӯзиши математикаро дар донишкадаву донишгоҳ мусбӣ арзёбӣ намуда, аҳамияти онро дар касби ояндаи худ дарк мекунанд.
4. Сатҳи баланд. Донишҷӯён ба фаъолияти мустақилона, ки пеш ҳавасманд карда нашуда буданд, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд; маҳорати дидани мушкилот, пешниҳоди фарзия ва интихоби роҳи (вариант) ҳалли онро соҳибанд. Онҳо ба навовариҳо зуд эътино мекунанд, ҳам дар самти назариявӣ ва ҳам амалӣ эҷодиёти зеҳнӣ нишон медиҳанд.
Донишҷӯёни ин сатҳ қодиранд маърӯзаҳо тартиб диҳанд, мақолаҳои илмӣ нависанд, дар раванди таълим фаъолона ва ташаббускорона иштирок кунанд, зарурият ва аҳамияти математикаро дар касби ояндаи худ дарк мекунанд; ба худомӯзӣ ва худназорат (рефлексия) дар раванди таълим қобиланд. Дар умум фаъолияти донишҷӯёнро метавон ҳамчун эҷодӣ, ҷустуҷӯӣ, маърифатӣ арзёбӣ намуд.
Омӯзиши дараҷаи зоҳиргадии ҷузъҳои дар боло зикршудаи омодагии математикии донишҷӯён дар заминаи кафедраи математика ва информатикаи
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар гурӯҳҳои гуногун бо истифода аз усулҳои пурсиш, мушоҳидаи педагогӣ татбиқ гардиди истодааст.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф вазифаҳои зеринро бояд ҳал кард:
-
мушкилотҳое, ки ба татбиқгардии эҷодии шахс дар омӯзиши математика халал мерасонанд, ошкор карда шуданд;
-
сабабҳое, ки ба паст гардидани таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба таълим ва сатҳи фаъолии онҳо таъсир мерасонанд, ошкор карда шуданд;
-
хусусият ва дараҷаи ташаккули малакаҳои математикӣ, ки барои бомуваффақият анҷом додани фаъолияти тағирёбанда дар вазъиятҳои муоширати шахсӣ ва касбӣ имкон медиҳанд, муайян шуданд.
Барои муайян кардани мушкилоти донишҷӯён дар раванди азхудкунии донишҳои математикии донишҷӯёни курси якум саволҳои зерин пайдо гардид:
1. Оё Шумо барои бомуваффақият омӯхтани математикаи элементарӣ дониши кофӣ доред? Нишон диҳед, ки Шумо дар кадом ҷанба норасоии дониш, маҳорат ва малакаро эҳсос мекунед?
2. Шумо ба нобарориҳо чӣ гуна муносибат доред ва дар ин раванд мушкилоти Шумо дар чист? (хатоҳоятонро ҷустуҷӯ мекунед, кӯшиши бартараф кардани онҳоро менамоед, нокомӣ ва мушкилотро бо душворӣ паси сар карда метавонед?).
3. Дараҷаи душвориро дар азхудкунии математика дар донишкадаву донишгоҳ аз рӯи ҷадвали зерин арзёбӣ кунед: 3 - дараҷаи назарраси душворӣ, 2 – дараҷаи миёна, 1 – дараҷаи ночиз, 0 – душворӣ нест.
Сатҳи омодагии математикии донишҷӯён бо усули Р.Х. Гилмеева муайян карда мешавад. Индекси мушкилот (ИМ) бо истифодаи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ИМ = Шдн∗3+Шм∗2+Шн∗1+Ш0∗0 N, ки дар ин ҷо ШДН – шумораи донишҷӯёни мушкилоти ҷиддидошта, ШМ – шумораи донишҷӯёне, ки душвории мӯътадилро аз сар мегузаронанд, Шн - шумораи донишҷӯёне, ки каме душвориро аз сар гузаронидани, Шо - шумораи донишҷӯёне, ки ягон душвориро аз сар нагузарондааанд. 3, 2, 1, 0 - коэффитсиентҳое мебошанд, ки дараҷаи душвориро ифода мекунанд: 3 – дараҷаи назаррас, 2 – дараҷаи миёна, 1 – дараҷаи ночиз, 0 – душворӣ вуҷуд надорад, N - шумораи умумии донишҷӯёни пурсидашуда.
Маълумоти бадастомада дар ҷадвали 1 оварда шудааст.
Ба ҳисоби миёна, сатҳи баланди мушкилот дар 60% -и донишҷӯёни курси аввал, сатҳи миёна – дар 26% ва сатҳи паст бошад – дар 14% донишҷӯён мушоҳида мешавад. Индекси мушкилот (2,4) нишон дод, ки сатҳи омодагии математикии донишҷӯёни курси якум хеле пасттар аз сатҳи миёна аст. Дар натиҷа, маълум шуд, ки танҳо 14 % хатмкунандагони мактабҳо сатҳи кофии тайёрии математикиро ноиланд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё