Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
Дар хазинаат бигзор» гуфтанд. Сипас ҳушдораш доданд:
«Ба риши қозӣ инхел бозӣ накун, ки дар бало мемонӣ…» Бе маломати онҳо низ медонист, ки ин асарҳо харидор намеёбанд ва манбаи таъмини зиндагӣ намешаванд, лекин хотира, дарду алами сӯзони диланд.
Ҳамсояе парешонҳолии ӯро дида ҳазломез гуфт:
– Эй Ниёз, ин хел ришу мӯйи дароз дар ин замон ба гадоҳо мезебад.
– Барои чӣ?
– Бо ин хел сурати раҳмовар дар кӯчаву бозор садақа металабанд.
– Худо ба он рӯз нарасонад. Ба рассом, ошно, ришмонӣ айб нест… Касби мо хор шуд, – нолид ӯ.
– То кай бекор меистӣ?
– Чӣ кор кунам?
– Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз, гуфтаанд.
Қувват, пойи равон, дасту панҷа, чашми бинову гӯши шунаво дорӣ-ку…
– Хайр?
– Биё, бо мо аробакаш шав. Шарм надор. Дар зарурат раво бувад, мегӯянд.
Ниёз ба андеша рафт: пешонӣ молиду пушти сар хорид.
– Як оҳангсози калонсол, харобу резаустухонро шаб дидам, ки бо мошинаш мусофир мекашонд. Ту ҳам ӯро мешиносӣ, – овози ҳамсоя Ниёзро ба худ овард: – Бо меҳнати ҳалол нони беминнат меёбад. Ин аз дилтангу асабӣ дар кунҷи хона нишастан хуб аст.
Ниёз ҳанӯз лолу карахт ҳайкалвор меистод.
– Ман ҳам касбу кори хуб доштам, – боз овози ҳамсоя ба гӯшаш рехт: – Лекин хоки корхонаро бехтанду дарашро бастанд. Манбаи зиндагии даҳҳо оила буд. Ба чанд пули пучак харидандаш. Шахсӣ шуд. Чӣ кор кунем? – ҳамсоя оҳ кашид:
– Лекин дунё ба умед, гуфтаанд. Як ними моҳ торик, нисфаш равшан аст, бародар.
– Ҳм, аробакашӣ, – ғурунгид Ниёз: – Пешниҳоди аҷиб…
– Касбест, ки бе даводаву пеши роҳбаре сар хам кардан ба кор мечаспӣ…
Ниёз дудила ба ҳамсоя нигарист ва сиёҳу сафед нагуфт.
– Худо чангу ғубори носозиҳора зуд аз байн бардораду ба рӯзҳои нек расем, боз аз пайи касбу кори худамон мешавем, – суҳбатро ба анҷом расонд ҳамсоя ва рафт.
Ниёз ба андеша фурӯ рафт. Шикасту рехти ногаҳонӣ, нокомиву талхии зиндагӣ, камёфт шудани нону хӯрокворӣ ҳамаро ба гирдоби таҳлука кашид, хаёлӣ кард. Одамон роҳҳои гуногуни раҳидан аз ин ҳолати нохушро меҷустанд; бояд пул ё музде ёфт, ки аҳли хонаро аз вартаи тарсу ҳароси нодорӣ ва гуруснагӣ бираҳонанд. Нӯги забони хурду бузург баҷову ноҷо якбора калимаҳои «корчаллон»-у «бизнес» ва
«бизнесмен» мечархид. Ва фиребгарӣ, ғорат, дуздӣ, рекету бадахлоқӣ ба ҳар рангу сурат авҷ гирифт. Ҳар кас ба умед даст ба амале мезад.
Дирӯз дӯсти орзупарвараш, ки худро ҳазломез чалламусулмон меномад, – падараш самарқандӣ, модараш рустабор аст, – дучархасавор омад. Ибтидо, чун ҳамеша саросема ва ҳаяҷонзада таъриф кард, ки дар ин замон дучарха беҳтарин нақлиёт аст; бе пул ва бе сарфи сӯзишворӣ ба ҳар ҷое хоҳам, мерасонад. Ниёз ӯро барои хароби қадбаланд будан, муҷаррад зистану парешонгӯӣ ва рафторҳои булаҷабаш Дон Кихот меномид. Вай низ гирифтори килку коғазу сухан аст ва бо овози баланд мегӯяд: «Ягон вақт ҳатман шоҳкори охирзамонро меофарад!» Ана ҳамин Дон Кихот дар авҷи бесарусомонӣ ба нашри китобҳои дар назараш нодиру камёфт ба забони русӣ даст зад ва дороияшро ба чопи ҳазорҳо нусха асари бозоргир сарф карду эълом дошт:
– Ҳисоб бикун, ки ман миллионер шудам! Китобҳоро бо поезд ба шаҳрҳои Россия мефиристам. Ошноҳои китобфурӯш ёфтам. Талабгорони китоб беҳисоб.
Ниёз нобоварона ба ӯ нигарист.
– Агар миллионер шавам, чанд асаратро мехарам. Бо нархи қиммат. Бароят беҳтарин шароит муҳайё мекунам, ки шоҳкорҳоятро бинависӣ, – суханашро идома дод Дон Кихот: – Таги пул мемонам. Бовар намекунӣ?
– Не, – шубҳаашро ба забон овард Ниёз.
– Чаро?
– Агар ягон муъҷиза ба амал наояд, аз қадим шиками китобнавису китобфурӯш нони сериро надидааст…
– Э не… Ту ки деҳотӣ ҳастӣ, ақлат ба кори савдо, тоб додани молу пул намерасад, – норозиёна гуфт Дон Кихот ва худситоӣ кард: – О ман бачаи Самарақандам. Хоҳам аз лой ҳалво месозам…
Аз бизнеси китоб кори Дон Кихот барор нагирифт.
«Дӯстон»-и нави корчаллонаш китобҳоро бо қатора муфт бурданд. Интизор шуду интизор. Як тин ҳам ба суратҳисобаш ворид нагардид. Умедҳояш барбод рафту оҳу воҳаш аз муфлис шудан ба фалак печид…
Дирӯз Дон Кихот баногоҳ аз дарвоза даромада дучарха ба такяи девор гузошта, арақҳои пешониашро поккунон хитоб кард:
– Маро табрик бикун!
– Ба чӣ? Дар ин замон чизи табрикбоб пайдо мешавад? – пурсид Ниёз.
Дон Кихот болидаруҳ пас аз салом ҷавоб дод:
– Медонӣ, Худо аз як тараф гирад, аз ҷониби дигар медодааст... Ҳа, бахт аз пеш баромад. Ана ман гуфта…
– Чӣ? Кай? – бо оҳанге, ки нобовариву ҳайрат дошт, пурсид Ниёз.
– Чизи бизнес мекардагӣ, – гуфт Дон Кихот ва шарҳ дод:
– Чор-панҷ моҳ пеш. То барор гирифтани савдо сирро фош накардам. Аз серкорӣ вақти сархорӣ надоштам. Сабаби дер омаданам ҳамин… Чӣ лозим пеш аз базм доира задан? Медонӣ чист?
Ниёз кифт дарҳам кашид.
– Гурба! Зоташ маҳаллӣ, лекин одӣ не, – Дон Кихот қоҳқоҳ хандид ва кафҳояшро ба ҳам молида шарҳ дод: – Як чашмаш кабуд, чашми дигараш сабз. Мӯъҷиза! Ин хел ҳам мешудааст. Падарсӯхта дар равоқи тирезаи роҳрав нишаста сӯям менигарист. – «Худо дод», – гуфтам дар дил ва пишпиш гӯён бомеҳр сӯяш равам, ҳаросида ба поин ҷаҳиду гурехт. Бало занаде. Аввал ҳайрон, баъд асабӣ ҳам шудам. Аз даст рафт! Лекин ба худам гуфтам: «Мулло-ака, ана бизнес.
Аз паяш шав». Ба дукони гӯштфурӯшӣ рафтам. Медонӣ чӣ харидам? Каме шикамбаву чарбу. Модари раҳматиям гурбапараст буд. Агар эътирозу коҳиши падар пеши роҳашро намегирифт, хонаро бо бӯйи шикамбаву моҳӣ чунон бо гурбаҳо пур мекард, ки ба мо ҷо намемонд. Таҷрибаи рому моил кардан. Гурбаҳои хурду калони ҳарранга доштем… Бӯйи шикамбаву моҳӣ пишаки гуруснаро маст мекунад, сӯяш мекашад… Хонаи ман дар қабати якум ҷой дорад. «Дастархон»-и зиёфатро, ошно, дар балкон оростаму интизори «меҳмон» шудам. Падарсӯхта зуд не, пас аз ду-се соат дуздвор дар рафи балкон пайдо шуд. Даме ба чор тараф зиракона нигарист. Фаҳмид, ки оромӣ, бехавфу хатар аст, ба поин ҷаҳиду кебида-кебида пеши лаълӣ омада, як чашм пешу як чашм пас ҳарисона, – эҳа, он ҳолатро медидӣ, кайф мекардӣ. Асари нотакрор! – шикамба хӯрду чарбу. – Ошат шавад, гуфтам, бихӯр. Ту ром, сокини ин хона шавӣ, бас.
Балкон азони ту…
Пагоҳаш моҳӣ овардам. Оҳо, гурба барои моҳӣ ҷон медиҳад. Ана ҳамин тавр мазахӯраку ромаш кардам. Дигар пиш-пиш гӯям, мияв-миявкунон давида сари зону ё болои кифтам мебарояд. Модина! Ба ман ҳаминаш лозим буд.
Фарбеҳ шуду ошиқ. Домодро худаш ёфт. Интизорӣ. Кай мезояд? Як саҳар винг-винги гурбачаҳоро шунидам. Зоидааст!
Чорто. Дутояш ба худаш монанд. Нағз. Ошно, баъди дастрӯяк шуданашон гурбачаҳоро ба қуттие андохта бозор бурдам, – Дон Кихот даме ба Ниёзи хомӯшу хаёлӣ озмоишкорона чашм давонд ва пурсид:
– Бовар намекунӣ? Ту дар кунҷи хона бисёр нашину як бор рафта он бозорро бубин. Бозори паранда, сагу пишак, хазандафурӯшӣ. Дур нест, дар Яккачанор. Эҳа, он ҷо ба як одамҳое рӯбарӯву шинос мешавӣ, ки… Ҳама кабку хурӯсбоз, сагу пишакпараст… Барои рассом кони мавзӯъ, интихоби чеҳра.
– Хуб, баъд чӣ кор кардӣ? – бедимоғ пурсид Ниёз.
– Аввал инро ба ту гӯям, – бо шавқ ҳикояташро давом дод Дон Кихот: – Ранги чашми гурбачаҳои ман ҳамаро мафтун кард! Фурӯхтамшон. Сари бод, бо нархи аз тахминам хеле зиёд. Ана бизнес! Хоҳишмандон рақами телефонамро гирифта, пайваста занг мезананд. «Гурбаат зоид, маро аз ёд набарор, – мегӯяд яке: – Ба набераҷонам ваъда додаам.
Беҳтарин тӯҳфа! Пули нағз медиҳам…»
– Фермер шудам, бигӯ, – боз гапи Дон Кихотро бурид Ниёз ва ба либосҳои ӯ нигарист. Ҷо-ҷо мӯйи гурба доштанд.
– Насли дуюмаш ҳам ба савдо рафт! – бо шавқ гуфт Дон Кихот: – Чашм нарасад, бизнес равнақ дорад. Мегуфтам-ку: ба кордон кор осон…
Ниёз пешонӣ молиду паси сар хорид ва аз дил гузаронд:
«девонаи ба кори худ ҳушёр».
Ниёз дилу бедилон бо ҳидояти ҳамсоя аробаи куҳнае ёфт. Аслан қолиби ароба буд он: даста дошту соғуи зангзада. Боз кофта-кофта ду чархи куҳна пайдо карду ба он часпонд. Сипас бо ёрии ошноҳо аз тунукаву оҳанпора ба ҷойи соғуи хурд бағоче сохт, ки чанд халта борро ғунҷонад. Дар рангу бор кардан ҳунараш мадад расонд.
Чунон ороишаш дод, ки ҳамсоя бо ҳавас гуфт: «Барои аробаат талошак мешавад…» Ришу мӯйи сар паст карду кулоҳи паҳнгӯша харид, ки ношинос намояд. Чун бо ин шаклу шамоил аробаро тела дода аз ҳавлӣ мебаромад, Гулбарг аввал хандид, пасон бо овози ларзону чашмони ашкбор пичиррос зад: «Эй Худо, ба чӣ рӯз расидем?» Холаи Бунафша дуояш дод: «Кушоиши кор. Замони дар як ҷо даст болои даст монда истодан нест. Ба як мард чил ҳунар кам аст». Вале сари ҳар қадам аз суоли кунҷоковон нараҳид. «А бача, аробакаш шудӣ?» Аз ин пурсишу посухи якранг ҷойи гурез набуд. Не, баъд одат кард. «Замони аробакашӣ расид, ошно. Пайдо кардани рӯзии бачаҳо дигар дар чархидани чархи ароба аст, – мегуфт ба худ ва кулоҳ то болои абрӯҳо хамонда, гӯё бо нӯги бинӣ ба роҳ хат кашида, миён дутаҳ, дар обу арақ тар, аробаи вазнинро ба пеш тела медод. Ҳеҷ боке не. Бо заҳмату ҷонкоҳонӣ ҳам бошад, роҳи ёфтани нонпулӣ пайдо шуд. Вале дар ин аҳвол низ болои сӯхта намакоб, аз нописандӣ, тамасхур ва заҳри забону таҳқир раҳо наёфт. Одамҳои одиву нодор не, баъзе ҷавонҳои навкисаву сиёҳмаст, касони аз ёфтани савлати муфт пуркарру фарр ба подоши хизмат неш мезаданд.
– Мистер!
Ниёз соле пеш ба ин хитоб эътибор надод. Ба ӯ чӣ дахл дорад? Ва бо латтаи намнок тоза кардани хоку чанги бағоҷи аробаро идома дод. Бордон дилкаш бошад, нағз. Одамон хӯрокворӣ, гӯшту анвои меваю сабзавотро бе гумони бад ба он мегузоранд.
– Эй Мистер! – баногоҳ панҷае сари шонааш расид.
Қоматашро бардошт ва нимрӯя баргашта бо табассум ба соҳиби даст нигарист. Ҷавоне гандумгуну ҷингиламӯй, куртаи сафеди остинкӯтоҳ, шими ҷинс ба тан, ришаш каме расида, ба чашм айнаки сиёҳ, дар кунҷи лаб сигарет, нигоҳаш барқпош бо писханд ба ӯ дида дӯхт. Ниёз хандид.
– Чӣ механдӣ? – тунд пурсид ӯ.
– Ман куҷову мистер куҷо?
– Эҳа, худат аз мистер ҳам болоӣ. Лорд, лорди англисро ба як нул мезанӣ. Ман гуфтам, бовар бикун.
– Маънии калимаи мистер ҷаноб аст, – хиҷолатманд шарҳ дод Ниёз.
– Мистер, медонам. Халтаҳоро бардор!
Атрофиён хандиданд, аз хашму алам ӯ хост, ки муште обдор бехи гӯши олуфтасатанг шинонад. Андешаи ғавғову кашокаш, гирудори милисаҳо, тамошои бепул дар бозор…
Оҳо, Худо бигӯ, ки корат ба милиса наафтад. Тангаи охиронатро кашида мегирад, бадному қарздор мешавӣ, баъд мераҳӣ. Не, худро ба даст гирифт ӯ ва хомӯширо авлотар донист. Вай фамид, ки ҷавони худнамо сархуш аст. Аз масту девона ба нармӣ раҳидан беҳ… Не, ҷавон ҳитамматбаландӣ нишон дод. Ҳаққашро нағз пардохт. Вале номаш аз ҳамон лаҳза Мистер шуд. Рафта-рафта дар муҳити оилаву Кӯҳдоман ё зимни дидани ҳамкасбон номи аслияш садо медоду бас.
– Ниёз, чӣ ҳол дорӣ?
– Қатори мардум, беруни хок рӯз кӯр карда мегардем…
– Ниёз, ту пухтаву дурандешӣ, – ба суҳбат шарик мешавад дигаре: – Шукрона кун, ки роҳи зиндагира ёфтӣ. Коракат нағз, кордат болои равған. Ҳар бегоҳ ба хона дасти холӣ намеравӣ-ку. Нон, мева…
– Ҳа, дар ин айём таскини дил шукрона аст, бародар, – андешаманд посух медиҳад Ниёз ва бо шакарханд меафзояд: – Худо роҳат, пулу сарвата ба дигарҳо лоиқ донисту шукронаро ба ману худат. Ҳар лаҳза шукр мегӯям…
Баъзан дар саҳни бозори Шоҳмансур – паҳлуи рафи нонфурӯшҳо, димоғаш аз бӯйи нону кулча ва фатирҳои гарм муаттар, гӯшҳояш аз шӯру ғавғо ва ё шаҳрошуби савдогарон пур, – эҳа, моли худро чунон меситоянд, ки, – аз ноомади кор хаста, гиҷу бедимоғ ба дастаи поядори ароба нишаста, кулоҳ болои чашмон хамонда, мехоҳад мижаҳояшро пушонаду ба ғанаби ширин равад. Баногоҳ садои дағал чун тир гӯшашро мехарошад.
– Мистер! Шаб кӯҳ кандаӣ? Бихез, борхалтаҳоро зуд то пеши мошин бубар.
Ӯ чашм мекушояд ва мебинад, ки олуфтаи хушлибос, вале кали хунукрӯ як даст дар миён, дастрӯмол дар дасти дигар, арақҳои пешонӣ ва сарашро поккунон назди ӯ истода менолад: - Пул додан як балову бардоштани бор балои дигар аст. Биҷунб, Мистер! Дер кунам, хуҷаин хомохом мехӯрад.
– Хуб, ҳозир, шеф, – гуфт ӯ ва ҳадаҳа баставу халтаҳоро бо тартиб ба бордон ниҳод ва аз дил гузаронд: «Хайрият, ки як корфармо бо пои худаш омад, бенаво намонд…» Гоҳе барои як мизоҷ ё гапи ночиз байни аробакашҳо гап гурехта, ба кашокашу дилсиёҳӣ табдил меёбад. Сустии асаб, ҳирс, талвоса... Дар ин маврид мардони солор таъкид мекунанд:
«Худатона дар чашми мардум расвою шарманда накунед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё