Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
Баъзан Ниёз сумка ба кифт ҳамоил, хайрухушкунон аз ҳавлӣ баромаданӣ мешуд, ки Гулбарг ҳазломез мегуфт:
– Бачаи хола, боз нагӯӣ, ки огоҳ накардӣ: пиёзу картошка, гушту равған кам монд. Бо халтаҳои холӣ баргардӣ, аз худат гила бикун.
– Фаҳмидам, Қандак, – аз пеши дарвоза бо шакарханд посух медод Ниёз ва панҷа ба пешонӣ бурда меафзуд: –
Иҷрои супориш воҷиб аст.
Чун Ниёз мерафт, Бунафша бо табассум нарм-нарм қадамзанон назди Гулбарг меомад ва лаби кат амонат нишаста мегуфт:
– Хоҳ бовар бикунӣ, хоҳ не, ман овардани пиёзу картошкара ба раҳматии бобот бо сурудхонӣ мефаҳмондам.
– Рост? – Гулбарг ҳайратзада ба ӯ менигарад: – Чӣ хел?
Чеҳраи нуронии Бунафша аз хушҳолӣ мешукуфад. Ӯ сӯйи дарвоза чашм давонда, шояд пеши назараш сурати шавҳари раҳматиаш падидор, замзама мекунад:
Ай лумб-лумби лумб,
Ай бум-буми бумб,
Картошка биёр,
Авқоти нимрӯзит пазум.
Қоҳ-қоҳи Гулбарг ҳавлиро пур мекунад, ба лабони холаи
Бунафша низ ханда медавад.
– Бобом чӣ мегуфт? – бо шавқ мепурсад Гулбарг.
– «Ҷонта маст кунаде! Ҳозир аз дилам гузашт, ки суруд мехонӣ. Фаҳмидам. Ҳамсояҳора безобита кардӣ», – посух дод кампир ва бо авзои ғамолуд афзуд: – Бақувват буд. Аз паси зан рафтани бача дилашро шикаст, аз по афтондаш. Аз бача инхел умед надоштем. Дарду ғами дил обу адо кардаш…
Чашми Гулбарг, ба қавли холаи Бунафша равшан шуд.
Дар зоишгоҳи якуми шаҳр нахустфарзанд ба дунё омад. Писар. Эҳе, шодии Ниёз дар олам нагунҷиду болу пар баровард.
Ӯ гулдастае сари як даст, дар дасти дигар халта, аз саҳни таваллудхона бо овози баланди пурҳаяҷон Гулбаргро ҷеғ зад:
– Қандак! Ҳе, Қандак!
Гулбарг бо нӯги ангуштон гиребони хилъат дошта, аз тиреза сар бароварда шармзада, аммо бо итоб гуфт:
– Ай рӯм сафеде. Ҳуш дорӣ, бачаи хола? Атроф пури одам. Айба намедонӣ?
– Табрик, Қандак!
– Ба шумо ҳам.
– Дар ин рӯзу соат айбгирӣ раво нест. Бин, – Ниёз ба атроф чашм давонд, – ҳама шоданд. Ниник, шербача чӣ хел аст?
– Нағз… ҳозир дидамаш.
– Ба кӣ монанд аст?
– Ба ҳардумон, – Гулбарг хандид ва ишора кард, ки Ниёз гапзаниро бас кунад.
– Хуб, фаҳмидам, Қандак. Ана ин гулҳо, – Ниёз дастаи гулро болои сар алвонҷ дод, – аз худат, халтаи қандина барои дояҳо…
Холаи Бунафша ҳар рӯз пиёдаву савора наберабинӣ меомаду барои духтархонди зочаш ғизоҳои ширу тухмдор оварда таъкид мекард:
– Гармогарм бихӯр, духтарҷон. Ҳам зуд қуввату мадор мегирӣ, ҳам шират барои набераҷонам зиёд мешавад.
Ҳангоми аз зоишгоҳ баровардани навзод ба назари Гулбарг ҳангомае барпо шуд. Вай чун соле пеш сабук, либосҳои нав ба тан, ранги рӯяш каме коҳида, аммо чеҳрахандону болидарӯҳ аз паси дояҳо, ки тифли парпеч дар оғӯш доштанд, ба даҳлез баромад. Ниёз боз бо гулдаста, холаи
Бунафша бо шодиву сурур ба истиқболаш шитофтанд. Дояи хушгуфтору ситорагарм навзод болои дасти Ниёз ниҳод ва бо табассуми ширин гуфт:
– Гулписар муборак шавад!
– Ташаккур. Рӯяшро кушоед, ки бинамаш.
– Бе рӯбинак? Масти хоб аст паҳлавон, – доя хандид: – Танаш бедард, қадамаш нек, додару хоҳардор шавад. Эҳтиёт кунед, ки шамол нахӯрад.
– Нигоҳубни набера вазифаи бибист. Кам-кам таҷриба дорам. – қадаме пеш ниҳода гуфт Бунафша: – Ниёз, ба ман бидеҳаш. Метарсам, ки аз хурсандӣ кӯдака меафтонӣ. – Ӯ тифлакро нарм бардошт ва аз пешониаш бӯсида пичиррос зад: – Дар рӯву бӯйи бача ҷонаме…
Мошини ошнои Ниёз онҳоро зуд ба манзил расонд. Чун аз дарвоза даромаданд, холаи Бунафша тифлак болои дасти Гулбарг ниҳод ва хоҳиш кард, ки даме дар ҳавлӣ истанд.
Сипас гӯё болу пар бароварда ҳадаҳа рафта, аз раф коғазпечеро гирифта кушод ва дар даҳлез – пеши дари ҳуҷра пойандоз густурд.
– Набераҷона аз болои пойандози сафед гузаронед, ки роҳаш дар зиндагӣ сафед бошад. Ана ин табақи қанду қурс барои кӯдакҳост. Эҳа, ҳозир бохабар шаванд, ки ниника овардем, пайи ҳам ширинкомагирӣ меоянд.
– Эй Худо, – аз меҳрубонии модаронаи Бунафша ҳам шоду ҳам хиҷолатманд пичиррос мезад Гулбарг.
Вориди ҳуҷра шуданд. Эҳа, ҳама ҷо оинавор тозаву озода. Чашми Гулбарг ба алвончаки ороставу пероста бархӯрду шодиомез гуфт:
– Оҳо, нағз-нағз…
– Ба алвончак гузоред. Оҳиста. Бедор нашавад, – гуфт
Ниёз ва таъриф кард: – Беҳтаринаша ёфтам. Як бор ҷунбонедаш, то саҳар алвонҷ мехӯрад.
– Ин алвончака кай овардӣ, ки ман надидам? – пурсид Бунафша ва афзуд: – Роҳати ҷони худатону кӯдак. Лекин чаро бедор нашавад? Бедораш мекунам, ки дод бизанаду дасту почак. Хона аз овозаш пур шавад, ҷон гирад… Парпечҳояшро мекушоям. Мабодо тар карда бошад.
Навзод ҳангоми кушодани латтаҳои печ дар печ ҷунбид, ба пешонияш чинҳо давид ва лабонашро лесида-лесида гиря оғозид.
– Нафорид? О дар овозаш ҷонаме! Эй Ниёз, бубин, абруҳош мисли қошҳои ту пайвандӣ аст, – гуфт бо ҳаяҷон Бунафша.
Ниёз кафҳояшро ба ҳам совида гирди онҳо чархида таъкид кард:
– Бо нохунҳо рӯяшро нахарошад!
– Ҳа, дилат месӯзад-а? Фарзанд ана ҳамин хел ширин аст.
Офарини холаат намегӯйӣ, ки писар – лахти ҷигараш чанд сол боз дар мулки ғарибӣ мегардаду ба овозаш зорам, – нолишомез гуфт Бунафша ва тифлакро ба латтаҳои нав печонда ба алвонҷак ниҳода огоҳонд: – Лекин гаҳвора мегирам, гаҳвораи зебои бобоӣ. Худам мегирам. Аз чӯби бед, сабукак… Не нагӯед. Ҳар оила бояд гаҳворае дошта бошад. Нишона, ёдгорӣ… Дастбандаку побандак, рӯкашу пуштакӣ, лату путаш тайёр аст. Гаҳворабандона дар гаҳвораи бобоӣ чунон хушрӯ мегузаронем, ки армонам шиканад… О бачаи бемеҳре, – Бунафша ба писари ғарибаш гила кард; – очата ба хоки сиёҳ яксон кардӣ…
Гаҳвора овард холаи Бунафша, гаҳворае, ки ҳазору як нақш дошт. Гуфт, ки аз гаҳворатароши овозадор, устои дасташ сабук гирифтааст. Гаҳвораро худаш оро дод, ба дастааш ҳар хел зангӯлаву муҳраҳои рангини чашм овехт. Ҳангоми ҷунбонидани гаҳвора садоҳои хуши хобовар ба гӯши кӯдак мерасаду вақти бедор шуда чашм кушоданаш рангҳои дилкашро мебинад, бо ангуштон бо онҳо бозӣ ҳам мекунад.
Гаҳворабандон ба муроди дили Бунафша бо олам-олам шодиву нишот гузашт. Аз деҳа омадани падару модари Гулбарг ташриф овард ва пайвандони Ниёз базмро ҳусну шукуҳи бештар бахшид. Пиразан пеш аз омадани меҳмонҳо испанд дуд доду «балоҳо дур, чашми бад кӯр» гуфт. Пайвандону занҳои ҳамсоя, дӯстони Ниёз бо ҳамсарҳояшон бо шӯхиву рақс базмро тафсонданд. Атрофи гаҳвора, даҳлез низ аз туҳфаву бозичаҳо пур шуд. Лекин ҳангоми номгузорӣ баҳс бархест. Ниёз бо шавқ гуфт, ки номи писараш бо худаш омадааст. Монӣ. Дар дил орзу доштам, ки писардор шаваму номашро Монӣ монам.
– Э ин чӣ хел ном? – эътирозомез пурсид Гулбарг.
– Одамҳо айбу масхара намекунанд? – гуфт Бунафша, – Ба номи дигар қаҳтӣ расидааст? Монӣ-понӣ…
– Монӣ номи пири рассомон аст, хола, – бо ифтихор гуфт Ниёз: – Мардум номҳои қадимаамонро фаромӯш кардааст.
Мо ин номро ба писарҷон гузорем, баъд мебинед: дигарҳо бе пурсиш бо ҳазор орзуву ҳавас ба писару набераҳояшон
Монӣ ном мегузоранд. Кӯчаҳо пури Монии хурду бузург мешавад.
–Ихтиёр дорӣ. Кош гуфти худат шавад… Аввал Худо умри дарозу тани сиҳаташ диҳад. Баъд номи зебову бамаънӣ ҳусни одам аст…
Зиндагии Ниёз рангу таровати тоза гирифт, кори эҷодӣ, кашидани асарҳои нав авҷи тоза ёфт. Дар ҳар асараш шабаҳи Гулбарги андешаманду Монии шоду дар гаҳвора масти хоб, ё бо зочаҳо ва зангӯлаву муҳраҳои чашм саргарми бозӣ,
Бунафшаи нуронии чашм ба роҳи фарзанд чор дар паси қаҳрамонҳои армонӣ тасвир меёфт. Фалсафаи зиндагии инсон: орзуи падару модари ҷавон, дунёи беғаму поки кӯдак, сарнавишти модари пири танҳову дар ҳасрати дидори фарзанд. Писар, ки шаҳргард, сангдилу бегона шуд, модар дарун-дарун месӯзаду хуни дил мехӯрад.
Номи Ниёз чун мусаввири ҷавони умедбахшу тозаҷӯ дар мақолаҳои олимони ҳунаршинос пайи ҳам зикр меёфт; чанд асарашро барои Осорхонаи давлатӣ хариданд ва боз барои ширкат ба намоишгоҳҳои байналмилалии наққошони ҷавон ба Маскаву шаҳрҳои дигар даъваташ карданд. Ошноӣ бо рассомони беҳтарини ҳамсолу дидани салиқаи ҳунари онҳо, тамошои нигористонҳои машҳури таърихӣ чашми ӯро ба олами ҳунар васеътар кушод ва ба орзуву ормонҳои эҷодияш болу пари қавитар бахшид. Кушоиши кор, барор аз пайи барор – ба Омӯзишгоҳи рассомӣ, ки худ шогирду дастпарвари он буд, омӯзгораш пазируфтанд ва боз ба ороиши даҳлезу бинои театр ҷалбаш карданд. Маошу музди кор кироӣ шуд. Пули ҳалол, ба қавле мисли об ба новаи осиёб меомад. Пасандоз афзуд. Нияти хона хариданро ба Бунафша гуфт. Ранҷид хола.
– Аз ин хона чӣ бадӣ дидед? – пурсид ӯ.
– Ин хонаи хубу бобаракат аст, – гуфт Ниёз ва шӯхиомез афзуд: – вале хонаи мо нест, холаҷон. Имрӯз ё пагоҳ писаратон бо зану фарзандон аз дар дароянд, мо чӣ кор мекунем?
– Э дила кушод гир. Ниёз, – гуфт Бунафша. – Ту ҳам ба ҷойи писарам. Ман ба шумо дил бастам. Мисли гӯшту нохун аз шумо ҷудоӣ надорам. Мани сарсахта партофта куҷо меравед?
– Мо шуморо, холаҷон, ҳаргиз танҳо намегузорем, – Ниёз рафта рӯ ба рӯи пиразан истод: – Шумо ба мо модару ба
Монӣ бибӣ шудаед. Лекин хона харидан зарур…
– Ниёз, зиндаву мурдаи ман дар гардани шумост, – гулӯи Бунафша аз гиреҳи ғиҷоваи андӯҳ танг шуд, ки овозаш хирӣ баромаду ба ҳалқаи чашмонаш ашк давид. – Нисфи хонаро бигир, Ниёз. Нисфаш барои бачаи гуреза меистад. Омад, хуб, наомад, ба шумо насиб кунад. Васият менависам.
Ниёз дар ҳолати нобоб монд, бо панҷа пешонӣ молиду паси сар хорид, сипас гуфт:
– Нарх монед. Дар шоҳидии ҳамсояҳо… Холисанлиллоҳ мехарам, бо ҳуҷҷату муҳру имзо. Мо ҳам ба шумо одат кардаем…
Ба гуфте корро Худо рост овард ва то масъалаи хариди хонаву дуруст кардани хату чак ҳал шуд, ки Нозгул таваллуд ёфт. Ниёз ба ҳар ҷое сафар мекард, хоҳ якмоҳа, хоҳ думоҳа, бо хотири ҷамъу дили пур мерафт, ки холаи Бунафша ҳамроҳи ғамхору қуввати дили зану фарзандонаш аст.
Солҳо чун оби равон ноайён мегузаштанд ва ба хонаводаи Ниёз шодӣ пайи шодӣ насиб гашт. Боз соҳиби меҳмони нав шуданд.
– Ном наковед, – огоҳонид Ниёз Гулбаргу холаи Бунафшаро.
– Ай, холаш садқае! Номаш намемонем? – пурсид Бунафша.
– Номи ин шербача ҳам бо худаш омадааст. Беҳзод!
– Як номҳои коғазпече кофта меёбӣ, ки…
– Орзуи нек ними давлат аст, хола, – гуфт Ниёз ва афзуд:
– Кошки ин тифлак мисли Беҳзоди бузург наққоши номдор шавад…
Аслан рассоми хуб буд Ниёз. Инро худаш не, ҳамкасбони дар ҳунар номвар, муҳаққиқони сахтгири санъати тасвирӣ мегуфтанд. Писараки деҳотӣ, аз кадом зовияи кӯҳистон омада, ба омӯзиши касби наққошӣ камар баст ва афтодаву бархеста дар кашидани манзараву чеҳраи инсон бо ҷилои рангҳои пурасрор андак-андак ба ҳунари тасвирӣ тозагиҳое ворид карда тавонист. Аммо дар гирудорҳои мудҳиш ҳунар аз даҳон афтод, касод шуд. «Руҳафтода нашавед, – таъкид мекарданд пирони санъати тасвирӣ: – ин аҷинабодаки гузарост. Имтиҳони ирода аст. Сабру устувориро аз даст надиҳед». Бо вуҷуди ин, қуттиву лӯлаи рангҳо, тахтаи рангомезӣ, мӯқаламҳои ҳархелаву лавҳи наққошӣ дар устохона мисли худаш ҳайрон монданд. Не, ҳангоми дилшикастагӣ ва гиҷиву гарангӣ чанд сурату манзара кашид бо рангҳои тираву андӯҳзо. Чӣ чора? Зиндагӣ талх шуд. Нооромӣ ва рӯзгори сиёҳ пеш омад. Дигар аз зери ҳар қадам фалокате мехезад ва аз осмон гӯё шабу рӯз дарду бало мерезад. Дар ин маврид, ки хотир парешону табъ хира ва дил ғамхона аст, – сарзамин, давлату миллат ба хатари парокандагӣ гирифтор шуд, – аз рӯйи равияҳои пешин тасвири саҳнаҳои пурсурур, базму сурнайнавозӣ, рақсу доиразанӣ зишту хандаовар буд. Ҳакамони ҳунаршинос пас аз тамошои асарҳои наваш аввал таъриф карданд, «ҳақиқати зиндагӣ, фоҷиа.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё