Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гуфт, ки ҳафтаи оянда дар ҳамин рӯзу соат пулро барзиёд оварда месупорад. Ниёз байни обу оташ монд.

– Пули зиёд надорам, – оҳиста фаҳмонд: – Ман аз дарди бепулӣ кори сиёҳ мекунам.

– Чанде бошад… Ҷонама бихар…

Ниёз боз андешид, ки агар ба Фозил пул надиҳад, вай рафта дар деҳа овоза паҳн мекунад, ки дар ҳолати сахтӣ ҳатто қарз надод. Бадномӣ, шармандагӣ.

– Таҳсил наздик. Бояд барои бачаҳо либосу асбобҳои хониш бигирам, – таъкид кард ӯ.

– Медонам, медонам… Фаҳмидам, акаи қиёматӣ, – гардани ӯро ба оғӯш кашид Фозил: – Ба зану фарзандон қасам.

Хонаи касе ҳаром, ки ҳафтаи дигар дар ҳамин рӯзу соат қарза наорад… Лафзи одам – ҳалол. Боз чӣ қасам бихӯрам?

Ва Ниёз маблағеро, ки дошт, бо дасти адаб оварда ба Фозил супорид ва раво низ надонист, бипурсад: чӣ мушкилоте дорад? Кунҷковӣ хуб не. Ва дилаш аз нуре равшан шуд, ки ба имдоди писари амак дар лаҳзаи тангдастӣ расид. Аммо Фозил рафту рафт. Баъд Ниёз шунид, ки ин нутфаи шайтон фиребгари гузаро будасту вай бехабар.

Шиносу бегонаҳои гумроҳ мисли Ниёз ба доми найрангаш афтода, хонахароб, дилхун шуда, аз алам Разилаш ном ниҳодаанд. Ҳайфи номи Фозил, ҳайфи умеду орзуи пири номгузор. «О рубоҳе! О ҳаромие!» – шабу рӯз дар дил менолид Ниёз ва сирро ба куртаи бадан ҳам ифшо намекард.

Ӯро аз куҷо ёбаду ҷазояш диҳад. Разил аз қарзхоҳон гурехта Росия рафтааст. Эҳа, ба Гулбарг ин роз ошкор шавад, дуди оҳаш ба фалак дакка мехӯрад ва аз алам барои содалавҳӣ ӯро беҳисоб сазо медиҳад. Сазовор аст. Наволаи даҳони фарзандон, чор суми бо ҷонкоҳониву хуни дил ёфтаашро гӯё афсуну ҷодуяш карда бошад, муфт ба маккори беимон дод…

Аз лаҳзае, ки фиреби Разилро фаҳмид, Ниёз чун таҳқиршуда дарун-дарун сӯхт ва аз шарм, – вай худро гунаҳгор мешумурд, – лаб таги дандон, хомӯширо пеша кард. Чеҳрааш тира, бедимоғу асабӣ. Кораш низ беравнақ гашт. Барои гапу муомилаи дупула бо мизоҷону ҳамкасбон тундӣ карду моҷаро бардошт.

– Мистер, ба ту чӣ ҷин расид? Пулмаст шудаӣ, ё ягон балои дигар дорӣ? Худата ба даст гир, додар. Дигар шудаӣ… – ҳушдораш дод Аҳмади риш – пири аробакашҳо.

Дилаш аз дарду алам лабрез буд, вале дам назад. Худкардаро даво чист? Вовайлои пинҳонӣ, гуфтаанд. Ёрон аз куҷо донанд, ки дасти касифу кирдори ноҷавонмардонаи амакбачаи наҳс баракати корашро дуздид, ӯро парешонҳол, девонаавзо кард. Ва инак дар саҳари мардон чӣ орзу дошту чӣ фалокате пеш омад? Ё ягон ношустарӯйи бадчашм аз сари деворе сӯяш каҷ нигарист? Бибияш мегуфт, ки захми чашми баъзе одам санга мекафонад. Гирифтори қаҳру ранҷиш, – суханҳои Гулбарг чун хор ба дилаш халид, – аробаро аз нишебии шафати гӯристон тозонд ва чун бошаст дар гардиш тобаш дод, як чарх канда шуда, каҷмокаҷак рафту рафт ва худро ба ҷуйи пуроб афканд. Бағоҷи ароба якпаҳлу афтод ва чанд метр роҳро харошиду истод. «Эй зормондае! – дар дил нолид ӯ: – Ноомади кор, бебарориро бин. Чӣ лозим буд аробаро давондан? Ана ҳосили қаҳру ситеза».

Дастаи ароба аз кафҳояш раҳо ёфт. Даме ҳайрон рост истод. Ду ҳафта пеш бо нияти зиёдтар пул ёфтан бағоҷро васеътар карда, ба он ду чархи «Москвич» гузошт, ки бештар бор ғунҷонаду бор бардорад. Хашмгин ба атроф чашм давонд. Торикӣ ранг мебохт, балки фирор мекард. Ва баробари бо нармӣ доман густурдани пардаи сафедфоми субҳ аз дуру наздик дуруди гӯшнавози мурғон паҳн мешуд. Суроби занҳои фаррошро ягон-ягон дар шоҳроҳ дид. Онҳоро аз камзӯлҳои кутоҳостини коргарӣ ва ҷорӯбҳои дастадарозашон шинохт. Ба хотири ризқу пайдо кардани нон пеш аз парандагон аз хоб мехезанд ва барои аз коғазпораву хошоку партобҳо руфта тоза кардани роҳу пиёдаравҳои қитъаи худ мешитобанд.

– Аз истодан чӣ суд? – асабӣ аз худ пурсид Мистер ва ёдаш омад, ки боз каме таъхир бикунад, Гулбарг ҷорӯб сари даст ҳозир ё замони дигар ин ҷо мерасад ва ӯро дар ин ҳолат дида хандасораш мекунад. Бо азоб аробаи якчархаро аз роҳ дур, байни хору хаси лаби наҳр кашонд. «Ҷойи чашмпаноҳ, касе намебинад», – гуфт ба худ ва поайфзор кашида дар бағоҷ гузошт, кулоҳ низ. Сипас почаҳои шимашро бар зад, – куртааш остинкутоҳ буд, – ва аз рӯйи тахмин ба ҷойи афтодаи чарх ба наҳр даромад. Оби сарди чиркин гӯё пӯсти гармакаки пойҳояшро газиду сад неш зад. «О зормондае!» – хитоб кард дар дил ва бо эҳтиёт соп-сопкунон бо ҷараёни об боло рафту поин омад. Бенатиҷа. Чарх куҷо ғайб зад? Метарсид, ки шишаҳои шикаста, теғи симонт, сангу неши сим ё оҳанпораҳои зиёди ба обрав партофта кафу банди по ва панҷаи дастонашро мебуранд. Одамони худсару бетартиб ин хел чизҳои зарароварро ба обрав бешумор партофтаанд.

Онҳо кай парво доранд, ки аз ин кирдорашон атроф ифлос мешавад ё касе зарар мебинад... Баногоҳ дар ҷойҳои аз селбориш обкандаву мисли танур жарф якбора пойҳояш фурӯ мерафту об то рону хиштак расида, шимашро тар мекард. Аз ин парво надошт, меандешид, ки нурҳои офтоб зуд беминнат мехушконанд…

Бо қомати хамида, ҳам бо панҷаҳои дасту ҳам бо кафи пойҳо чархро ваҷаб ба ваҷаб ҷуст. Наёфт. Куҷо шуд? Пеши чашмаш дар соярушан каҷукилеб тоб хӯрд ва аз болои хасу хор парида, ба обраҳа афтода буд чарх. Ё ягон ҷину аҷинаи бахил онро аз обраҳа бароварду ҷое пинҳон кард? «Нобакор! Ба ту чӣ мерасад аз овораву саргардон кардани ман?» – байни шав-шуви оби тираю чиркин, ки аз бошаст бархӯрдан ба соқҳояш меафзуд, арбадаомез гуфт Мистер. Бибии раҳматиаш ҳамин хел одат дошт. Ягон чиз, масалан сӯзан, ангуштпона ё айнакашро гум мекард ва аз ҷустуҷӯ шалпару асабӣ мешуд, «Ҷин бурдааст, – мегуфт бо қаҳр ва моҷаро меоғозид: – Зуд оварда ба ҷояш бимон, дузди сиёҳкори шарманда!» Ва Мистер ҳам миёнаш куз, пойҳояшро аз зону боло, дастонашро то таги каш ба оби тира ғӯтонда, ҷини дар хаёлаш чархдуздро нафринкунон «бадбахт, зуд чарха биёб, ки миёни кор шикаст як чархи зиндагӣ…» поинтар рафт. Ва баногоҳ мувозинаташро гум карда, ба чоҳи гирдоб фурӯ рафт. Бо талвоса кафи як даст ба девори симонтии обканда ниҳод, бо вуҷуди ин як бари рӯ ва гӯшаш ба девори дандонадор бархурду захмӣ шуд; шиму куртааш оғуштаи об гаштанд. Аз ин парвое накард, ҳарчанд ба ёдаш расид, ки агар ба ин сурату аҳвол чархро биёбаду ба ҷояш шинонад ва бозор биравад, боиси тамасхури аробакашҳои масхарабоз хоҳад шуд. Яке пояш ба резини чарх бархурд. Аз ин дилаш рушан шуд. Гӯё ганҷи гумкардаашро ёфта бошад, оҳи сабук кашид. Қаҳтӣ нест, лекин даврони сахти нодорист. Хайрият шуд, вагарна боз аз кӣ чарх металбид? На ҳар доро дар ин рӯзҳо ҳатто чизи куҳнаашро бо дили кушод бароварда медиҳад. Боз ташвишу гарданкаҷӣ… Хайрият… Аммо чархи зормонда чӣ хел бо ҷараёни тези об омада, дар ин жарфнои танурмонанд пинҳон шудааст? Инаш нағз не.

Қоматашро бардошту нафас рост кард; бо ангуштони тар пешонӣ ва паси сар молид ва ба ин васила худро аз асабоният каме раҳонд. Ёфт шуд. Сипас чунон хам шуд, ки сари синааш ба мавҷҳои об расид ва бо нӯги ангуштон сурохиҳои дискро ёфта, онро маҳкам дошта, лаб зери дандон, зӯр зада бардошташ. Эҳе, чархи «ташна» аз ковокиҳои резин ба зудӣ машк-машк об кашида, боз гилу рег «дуздида», дучанд вазнин шудааст. Ӯ бо азобе чархро то сандуқи дил бардошт ва пойи росташро андаке канортар ниҳода, хост, ки пойи дигар ба девори симонтии наҳр мустаҳкам гузораду пайкарашро росттар карда, чархро бошаст сӯйи кӯча партояд. Нашуд.

Ҳам девор то камар баланд будаасту ҳам танааш ҳамвори ҳамвор. Бо нӯги ангуштони пойи чапаш даме ҷойи дилпури устувор истодан ҷуст. Наёфт. Ин ҳам ошуфтаву асабияш сохт. «Чӣ лозим буд бармаҳал хестану саросема аз ҳавлӣ баромадан?» – Ӯ худро сарзаниш кард. Агар чархро болои панҷаҳо баланд бардорад, обу лойи он аз сараш шорида, чӣ сурате хоҳад гирифт. Кош роҳгузаре пайдо мешуду ба ёриаш мешитофт; аввал чарх, пасон ӯро кашида мебаровард. Аз ин орзу ё хаёли хом ба ҳоли худ лабханд зад. «Дар ин ҷои касногузар вақти саҳар дастгиру мададгорро аз куҷо меёбӣ?» Ё фарёд занад, ки занҳои кӯчарӯб омада мадад расонанд? Чӣ хел овоз барорад? Сираш фош, ҳар хел овоза паҳн, масхараву хандасор мешавад, зери таънаву маломати Гулбарг мемонад. Дар даҳони ӯ гап намепояд. «Умрам бо ту хазон, хуни ҷигарам хушк, мӯйи сарам сафед шуд, бачаи хола, – мегӯяд: – Афсонаи даҳони мардум шудем. Шармандагӣ…»

– «Сар кафад зери тоқӣ, даст шиканад, зери остин, сирри мардон пӯшида беҳ», – гуфт ба худ Ниёз ва аз дил гузаронд:

«Одамон аз байни оташ, аз зери тир мераҳанд. Наход ту бо ҳамин тану тӯш натавонӣ, ки як чархро барорӣ? О лаънатие.

Мебарорамат!» Ва чархро пеши бағал дошта каме қувват ҷамъ кард, баъд бо илоҷе кафи дасти чап ба танаи девор ниҳода, пайкарашро каме ба қафо моил сохт ва чун айёми кӯдакӣ зери лаб «як, ду, се!»-гӯён бо ҳаракате тунд боло ҷаҳид. Чарх аз оғӯшаш ба хушкӣ афтод, вале ними танаш дар пайроҳа, пойҳояш дар девор овезон, аз дарди сӯзони зону, ки шояд ба ғурми девор сахт бархурд, аз чашмонаш шарораҳои рангобаранг рехт. Эй зормондае! Мистер каме беҳаракат бо шикам хобид. Пасон барои озмоиш пойи латхӯрдаашро ҷунбонд. Аз дарди ҷонкоҳ нолише баровад «Вой!». Худое накарда устухонаш шикаста бошад. Пойи сиҳатро озод боло кашид ва нӯги ангуштон ҷое мустаҳкам тиргак гузошта, бо мадади дастҳо пайкару пойи маҷруҳашро аз «асорат»-и девори симонтии наҳр ба пайроҳа кашонд.

Ин балоро чашмдор набуд. Эҳа, агар медонист, ки чунин фалокат пеш меояд, ҳазор таънаву маломати Қандакро болои дида мебардошту аз хона намебаромад. Сад дареғ, ки одами шири хомхӯрда пешбин нест…

Бо сад азоб бо такяи даст ва мадори пойи рост паҳлу гашт ва ба пайроҳа нишасту нафас рост кард. Ва ба худ таскин бахшид, ки бо ин аҳвол ба наҳр нағелид. Эҳе, он гоҳ аз сад як ҷонаш намемонд ва ҷасадашро аз кадом обканда ё зери тахтабетону гилу рег меёфтанд. Бо пушти даст арақҳои пешониро, ки заҳида чашмонашро месӯзонданд, пок кард.

Аз сару рӯяш аз сӯзиши зону ғура-ғура арақ мешорид. Бо эҳтиёт панҷа ба ҷойи латхӯрда – кулчаи зону расонд. Ҷонаш набаромаду халос. «Устухони кулчаи зону шикастааст ё баромадааст», – гузаронд аз дил. Акнун чӣ кор кунад? Кош чӯбе асомонанд мебуд, ки бо такяи он ва мадади пойи сиҳат қоматашро бардошта, кашон-кашон худро то сари роҳ мерасонд. Ба атроф дурусттар чашм давонд. Эҳе, сафедии субҳ кайҳо ҷойи сиёҳии шабро гирифтааст. Майнаҳо бо шӯру ғавғо села-села аз сари шохи дарахтон парида ба ҳамворие дуртар аз ӯ нишастанд ва якбора бо хашм ҷангу ҷидол оғозида, бо нохун, минқор ва болҳо ҳамдигарро кӯбиданд.

Моҷарои сахт, гирудори оштинопазир. «Дар ин каллаи саҳар чӣ балотон расид? Девона шудед? Кинаварҳое! Ё дар осмони кушоду рӯйи замин нағунҷидед?» Нигоҳаш аз паси хорбуттаҳо ба шабаҳе бархӯрд. Мард буду дар пиёдароҳи поини наҳр шитобон қадам мезад. Кӣ бошад?

– Ҳе-е… Ошно-о… Барода-ар!

Роҳгузар истод ва дудила ҷонибаш нигарист. Шояд пиндошт, ки ягон майзадаи бадбахту оворагард ва бемадорест.

Ниёз бо ишораи даст ӯро сӯйи худ хонд ва илтиҷоомез овозаш дод: «Ёрдам… Аз барои Худо…»

Роҳгузар аз пайроҳаи байни хору хас тозон назди ӯ расид ва рӯ ба рӯяш хам шуда пурсид:

– Акаи Ниёзӣ? Чӣ гап шуд?

– Напурс, ҳамсоя. Мадад расон… Илоҷе карда хона бубарам.

– Ҳозир-ҳозир… – ҳамсоя атрофи ӯ чарх зада чи кор карданашро намедонист.

– Чархи аробаи зормонда, – канда-канда гуфт ӯ: – Афтодам… Ба зону… Кулчаи зонуи пойи чап беҷо шуд ё шикаст…

– Э не… Натарс, лат хӯрдагист. Нағз мешавад… Бубинам?

– Даст нарасон, ки ҷонам мебарояд… Мадад расон, ошно. То хона…

Ҳамсоя зӯр зада ӯро болои як по хезонд ва гуфт, ки даст ба гарданаш ҳамоил созаду ба танаи ӯ борашро партофта, оҳиста-оҳиста пеш раванд. То гардиш гандум-гандум қадам ниҳода расиданд. Сипас бо даводаву паропар гӯё аз осмон мададгор борид. Марду зан як савол медоданд: «Чӣ гап шуд?» Вале посух намешуниданд. Лаб таги дандон, дамаш ба дарун, сару рӯяш арақшор ӯро рӯ-рӯи даст ба ҳавлӣ бурданд. Гулбарг ҳам тозон омад. Аз бим ранги рӯяш мисли сафедхок канда буд. Ӯ низ ҳаш-ҳаш нафаскашон бо овозаки ларзон пурсид:

– Чӣ гап шуд? Зинда аст?

– Натарс… Кулчаи зонуяш…

– Обам диҳед, об! Қариб дилам мекафид, – гуфт ва халтавор худро паҳлуи Ниёз партофт: – Ягон мошин задааст?

– Э не… Чархи ароба… Худаш афтидааст…

– Э тавба, – Гулбарг оби косаро дам кашида, сипас бо нӯги остин худро шамолдиҳон гиряомез шиква оғозид: –

Хок дар сари рӯзиме. Аз вақте бо сад орзуву ҳавас ҳамроҳаш ба шаҳр омадам, рӯзи хуша надидам. Хуни ҷигарама хушконде…

– Ба зинда монданаш шукр бикун, духтарам, – гуфт кампири Бунафша ва Ниёзро шамолдиҳон арақҳои сару пешониашро бо дока пок кард: – Фалокат… Кӣ мехоҳад ба ин аҳвол афтад?

– О аз рассомият чӣ фоида дидам, ки боз аробакаш шудӣ?

– шевану шикваи Гулбарг аз нав авҷ гирифт: – Дар роҳи рост афтӣ-а? Дар ин замони пурофат кадом духтурхона қабулаш кунаду кадом шикастабанд давояш бахшад?!

Ниёз дигар давоми таънаву маломати Гулбаргро нашунид ва ашкрезии фарзандонашро аз надоштани сару либос ё ба фалокат дучор шудани ӯ надид. Ва боз надонист, ки аробаи вайронаву чархи зормондаро кӣ ба ҳавлӣ овард. Танҳо суханҳои гиряомези Бунафша дар гӯшаш садо медод: «Ба ҷойи писарам дар дилам ҷо дорӣ, Ниёз. Ҳамаи умедам ба ту аст…»

Писари ҳамсоя, Худо баракаташ диҳад, бо мошини куҳна ва ҷо-ҷояш рангҳои ҳархела молидаи «Москвич» саросема ӯро шифохона овард. Сафои шикастабанд – ҳамсояи дигари рӯ ба рӯяшон, хайрият он саҳар навбатдор будааст. Ӯ барои фавран хобонданаш ёрӣ расонд. Пасон докаву пахта, ҳар хел доруву спиртковӣ оғоз ёфт. Фаҳмид, ки ҷонашро аввал ҳамсояҳо – аз хеши дур ҳамсоя беҳтар, – баъд рассомону аробакашҳо, ки ин нохушӣ сарҷамъашон сохтааст, хариданд. Ҳар яке дар гирифтани доруву даво, чизе, ки барои ҷарроҳӣ ва бо асбобе пайванд намудани устухони шикастаи зону лозим буд, саҳме гузошт. Эҳе, дар бемористон, дар ҳуҷрае, ки бистарӣ буд, боз фалокатзадаҳоеро дид, ки бо найча аз бинӣ обу ғизояшон медоданд ё болои бистар ҷунбида наметавонистанд. Ин дарду алами Ниёзро сабуктар кард ва дар дил шукр гуфт, ки ба ҳоли зори онҳо гирифтор нашудааст: бо дасти худаш обу ғизо хӯрда метавонад. Аммо пайваста пурсидани аёдаткунандагон «чӣ хел ба ин фалокат дучор шудӣ?» ва як хел посух додан ба дилаш зад. Вале аз пурсишу ҷавоб додан ҷои гурез надошт. Лекин ҳар навъе дилбардорӣ низ мешунид.

пешина
аз 23
навбатӣ