Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ниёз, парво накун, ҳамааш хуб мегузарад, – мегуфтанд ҳамсояҳо.

– Мистер, акнун аробакаши зӯр мешавӣ, – таскинаш мебахшиданд аробакашҳо: – Вақти ба ароба часпондани чарх мурватҳоро сахттар битоб. Дар гардишҳо дигар аробаро сахт не, нарм тоб медиҳӣ…

Ҳамкасбони мусаввираш низ ба аёдат омаданд. Онҳо дар баробари нону мева ё шарбату чизҳои ширӣ барояш дафтару сиёҳқалам оварда, ба пойи гаҷу симпечаш нигариста гуфтанд:

– Мушоҳидаву мавзӯъҳои аҷиб гирд овардаӣ. Имкони чунбидан надорӣ. Фурсат ғанимат, ошно. Вақтро бо хомнавис кӯр бикун…

– Дарду сӯзиш чунон сахт аст, ки ғанаб рафтан намемонад, – нолишомез мегуфт ӯ.

– Дард мегузарад, поят нағз мешавад… Ҳунарманд аз дарду ранҷ пухта шуда асари хуб меофарад. Бинавис, – таъкид мекард яке: – Ҳаминаш мемонад…

– Ба дилат аз шодӣ таблак назану умеди дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба курсии маъюбон нишастанро аз сарат парто, – ҳазломез мегуфт дигаре: – Аз шифохона бе чигасу асо мебароӣ…

– Рост. Лекин аз хомнависҳо фоида мебинӣ, – гапи ӯро об медод дигаре: – Аз рӯйи хомнависҳо оянда як силсила асарҳои ҷолиб меофарӣ. Марҳилаи нави эҷодиёт, ҷаҳиш, тозакорӣ…

Дилаш аз ин суханҳо гум мезад, вале ҳазломез посух медод:

– Кошки гуфти шумо шавад…

Табибон мегуфтанд, ки талошу ҷонкоҳонии шабонарӯзии мо барои ҳифзи саломатии одамон аст ва ҳазломез меафзуданд:

– Шифохона бо бемор обод аст. Дардмандон пайи ҳам наоянд, ҳуҷраҳо холӣ ва мо бекор мемонем.

Гапашон ҷон доштааст. Чанд бемор якбора рафт. Равуо кам шуду хомӯшӣ ба миён омад. Табибону хидматрасонҳо аз бекорӣ бедимоғ дар даҳлез қадам мезаданд. Ризқи онҳо ба воситаи беморон мерасад… Ду-се рӯз баъд баногоҳ як ҷавони миёну пошикастаро бо замбар оварданду паҳлӯи ӯ хобонданд.

Беҳуш буд, лекин соҳибдор. Пайвандонаш гирд омаданду табибонро ба по хезонданд. Эҳа, даводаве оғоз ёфт, беҳисоб.

Дарҳол ба сӯрохиҳои бинии ӯ найчаҳои нафасгирии сунъиро пайвастанд, ба шаҳраги дастонаш сузандору гузаронда, чакак низ монданд, ҳамшираҳои шафқат гирдаш парвона шуда, ҳар замон набзу кор кардани дилашро месанҷиданд.

– Дилаш нағз кор мекунад, мисли дили асп бақувват аст, – пайвандони ӯро дилпур кард сардухтур: – Устухони ронаш шикастааст, сутунмуҳрааш ҳам осеб дида. Аммо сабаби беҳушиаш аз сахт лат хӯрдани сар аст. Зарбаи дарунӣ… Ягон раг дар косахона накафида бошад, боке нест. Мағз тоза, бехатар... Аз рентген гузаронем, ҳамааш аён мешавад…

Ҷавони бемор, ки бо калимаҳои махлуту нофаҳмо ҳазён мегуфт, шаб ба ҳуш омад. Ва чашм кушода ҳайратзада ба ҳуҷраву беморони бистарии даст ё пояшон гачбанд ё сару гарданашон докапеч, ба димоғи яке найчаи ҳаводиҳиву ба пойҳои дигаре сангҳо овезон, бимзада нигаристу хастаҳол пурсид:

– Ман дар куҷоям?

– Дар шифохона – шуъбаи шикастабандӣ. Дарак надорӣ?

– Вой сараме! Дарунаш занбурхона барин вижос мезанад,

– нолид ҷавон ва лабони хушку калахчбастаашро лесид: – Об диҳед. Аз хушкии даҳон забонам дар комам мечаспад.

– Абду, беҳтараш шарбат бихӯр, ки каме мадорат бахшад, – гуфт каси нигаҳбон ва сари ӯро боэҳтиёт бардошта, пиёлаи шарбатдорро ба лабаш расонд: – Дам бикаш, гарм аст… Натиҷаҳои рентген нағз. Парво накун…

– Хунукаш набуд? Дарунам гӯё дар кундаалов месӯзад…

Оҳ, поямро ҷунбонида наметавонам-ку. Гӯё вазнаш як тонна бошад.

– Наҷунбонаш. Гачпеч аст… Духтурон хӯрдани чизҳои сардро тавсия надоданд.

– Э вой… – ҷавон чашм пӯшид ва ғур-ғур кард: – Чӣ балое буд?

– Намедонам, – посух дод нигаҳбон ва афзуд: – Доим мегуфтӣ: ҷое бошад, ки бихобаму бихобам. Ана ҳамон ҷоро ёфтӣ. Касе халал намерасонад. Баҳузур бихоб…

Абду гоҳ чашм мекушоду гоҳ фас-фасу хур-хур нафаскашон худро ба олами ҳазён мезад. Дар ин маврид лабону абрувон ва мушакҳои рӯяш ҷунбишу бозӣ меоғозиданд.

Навбатдор, ки аз сари болинаш дур намерафт, аз ин ҳолат ба ташвиш меафтод ва парасторро ба мадад мехонд. Вай дарҳол ба ӯ сӯзандоруи таскинбахшу хобовар мегузаронд.

Чанд рӯз пас ҳоли Абду беҳтар, хотирааш равшантар шуд. Модар, зану фарзанд, хешону ҳамсояҳо думболи якдигар ба аёдаташ омада, як савол медоданд:

– Абду, чӣ шуд?

– Намедонам. Нав кам-кам мисли хобу хаёл ба ёдам мерасад, – нолишомез, базӯр-базӯр нафаскашон посух дод ӯ: –

Мисли афсона, ҳатто кино пеши назарам меояд. Бигӯям, бовар намекунед…

Пурсандаҳо гӯшу ҳуш шуда ба ӯ чашм медӯзанд.

– Аз пиёдароҳ бепарво, дастҳо дар киса бозор мерафтам,

– ба нақл шурӯъ менамуд Абду: – Чӣ лозим? Нагӯямаш беҳтар. Ҳоламро бадтар, дардамро дучанд мекунад…

Пурсандаҳо дудила хомӯшӣ ихтиёр мекунанд. Вале гап дар дили Абду меҷӯшаду намеғунҷад, ки нақлашро идома медиҳад:

– Баногоҳ овозе ба гӯшам расид: «Бигурез!» Ба пас нигарам, як балои азим – чархи мошини «ЗИЛ» таъқибам дорад.

Ба роҳи калон хез задам. Ҷон ширин охир… Нимрӯя баргашта бинам, чарх ҳам аз пасам ба шоҳроҳ парид. Тавба, зормонда гӯё ба ман қасд дошт. Каҷмокаҷак бигурезам, чарх ҳамон зайл аз пасам омад. Эй Худо, об диҳед, об!

Абду об нӯшид ва нафас рост карда, суханашро давом дод:

– Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар роҳи ҳамвор суръати чарх дучанд мешудааст. Чӣ қадаре ҷону тавон доштам, як чашм ба пешу як чашм ба пас, давидам. Ба пиёдароҳ биҷаҳам, исқотӣ аз пасам мепарад…

– Сад тавбаи илоҳӣ! – гиребон дошта пичиррос мезананд нишастагон: – Ягон кас мадад нарасонд?

Абду сар аз сукут бардошта ба саволи онҳо бо савол посух медиҳад.

– Тамошобин? Буданд… Беҳисоб… Лекин аз дасти онҳо чӣ ҳам меомад? Чарх хар набошад, ки давида пеши роҳашро гиранду нухтаашро кашанд. Ҳм, Абду бачаи очашон набошад, ки дилашон сӯзад. Бо завқ механдиданд.

– Аҷиб-аҷоиб, – луқма партофт касе.

– Аз аҷоиб ҳам аҷоибтар, – тасдиқ кард Абду ва афзуд: –

Ҷон дар кафи даст аз болои буттаҳои бари роҳ паридам, ки чарх расиду ба ҳамин поям бархурд. Дунё дар назарам гирдгардон шуду аз чашмонам аловдаста парид. Дигараш дар ёдам нест…

– Зинда монданат бахт аст, – гуфт яке.

– Рост-рост, – сухани ӯро тасдиқ кард дигаре ва афзуд: – Билфарзе он чархи лаънатӣ 60-70 кило вазн дошта бошад, вақти босуръат паридану ҷаҳидан 200 ё 300 кило мешавад…

– Сару шонаат ба куҷо бархурд?

– Ба тахтабетон…

– Эй тавба… Худо аз ғазабаш нигоҳ дорад, – ба суҳбат шарик мешавад марди кулутарише ва сар ҷунбонда таъкид мекунад: – Ба зинда монданат шукру хайру худоӣ бикун…

– Албатта! Худо як бори дигар пойи равон диҳаду бихезам, – бо ҳасрат мегӯяд Абду ва пичиррос мезанад: – Чархи касофат мисли балои осмон аз куҷо пайдо шуд?

Ҳар рӯз Абду ноилоҷ саргузашти талхашро ба онҳое, ки бори аввал ба диданаш меомаданд, бо рангу пардози нав борҳо нақл мекард. Беморони ҳамҳуҷра пойи раво надоштанд, ки берун бароянду аз шунидани нақл бираҳанд. Ва ҳар гоҳе, ки ӯ калимаи чархро ба забон меовард, Мистер дар дил «э хуше» мегуфту лаб мегазид ва мисли он ки чизи талху турушро ба даҳон ниҳода мехоида бошад, дар пешонияш мавҷи чинҳо меафзуд. Баъд вай роҳи халосиро аз шунидани ин қиссаи барояш дилбазан ёфт. Ба ёрон фармуд, ки барояш якчанд коғази паҳнбари расмкашӣ биёранд. Оварданд. Ӯ бо сиёҳқалам дар як коғаз Абдуи шоду фориғболро дастҳо дар киса ҳангоми роҳгардӣ дар пиёдароҳ кашид, дар коғази дигар пайдо шудани чарху бо талвоса гурехтани ӯ тасвир ёфт. Ба шоҳроҳ ҷаҳидану як чашм ба пеш, чашме ба пас давидани Абду ва таҳдиди чарх коғази сеюмро пур кард. Дар коғази чорум аз болои буттаҳо ҷаҳидани Абду ва ба ронаш бархӯрдани чархи барзангӣ, даруни ҷӯй афтодани ӯ ва кафкӯбону хандон завқ бурдани тамошобинон равшану ғалатӣ тасвир ёфт. Мистер ин силсиларо

«Абдубалон» ном ниҳод ва аз парастори шӯхтабиат хоҳиш кард, ки суратҳоро бо тартиб, – ӯ ба ҳар тасвир рақам ниҳода буд, – дар девори рӯ ба рӯ баландтар овезад. Вай хоҳиши Мистерро мувофиқи маслиҳат ҳангоми хоб будани Абду иҷро кард. Соате пас чун Абду чашм кушод, манзараҳои тасвирёфтаи шабеҳ ба саргузашти худро дида, ду-се бор мижаҳояшро басту кушод, бо кафи даст чашмонашро молиду кифт дарҳам кашд. «Ҳамон воқеа, ҳамон лаҳзаҳои шум», – гуфт дар дил. Аввал хандид: «Эҳе…» баъд ранҷид. Дасти сиҳаташро ёзонду асобағали Ниёзро гирифт ва бо чанд ҳаракат хост расмҳоро афтонад. Натавонисту ғурид:

– Ин кори кадом душман аст?!

Ҳамҳуҷраҳояш худро нигоҳ дошта натавониста қоҳ-коҳ заданд.

– Абду, ба Мистер ташаккур бигӯ, – гуфт яке.

– Чаро? Барои масхара карданаш?

– Соз фикр бикун, – ба суҳбат шарик шуд дигаре, – вай заҳмати ба ёд овардани нохушиву нақл карданро бароят осон кард. Дигар ҳар касе пурсад «Чӣ гап шуд?», ба ҳамин тасвирҳо ишора бикунӣ, об ба лаби ҷӯй баробар мешавад.

Охир ин ҷо зоғи бедоғ нест, ошно…

– Метарсам, ки шаб боз ҳамон чархи зормондаро хоб мебинам, – гуфт бо ханда Абду. Беморону табибон, фаррошон, ки пеши дари ҳуҷра истода, силсилаи суратҳоро тамошо мекарданд, қоҳ-қоҳ заданд. Мистер дар ин ҳолат гӯё дар даҳон об дошт, ки хомӯш менишаст. Вай саргарми бо сиёҳқалам болои коғаз кашидани Гулбаргу холаи Бунафша ва бо сару либоси нав, китобдон дар даст, вале андешаманд ба мактаб рафтани Монӣ, Беҳзоду Нозгул, боз дар дуриҳои дур тӯдаи занҳои фаррошро бо ҷорӯбҳояшон, болотар байни хору хас аробаи якчахраи ба паҳлу афтодаву қиёфаи зору ҳайрони худро мекашиду ба лабаш табассуми ширин медавид ва худ ба худ мегуфт: «Ин ҳам хотира, як саҳифаи зиндагӣ дар ин замон аст».

пешина
аз 23
навбатӣ