Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
МИСТЕР
Қисса
Омад-омади сапедадам, ҳанӯз нағмаи пурҳангома наоғозидани мурғон бедор шуд. Зери лаб бо зикри Худо «ният ба кори хайр» гуфту нарму бесадо худро аз бистар берун кашонд, то ҳамсару фарзандонро нороҳат насозад. Хоби саҳар барои кӯдакон мисли асал ширини ширин аст. Даврони наврасӣ субҳгоҳон борҳо коҳиши модар, таънаву маломати падар низ мешунид, вале худро кару масти хоб вонамуда, сару гӯш ба дили болишт мепахшиду кӯдаквор ғум-ғум карда, лаб мемакид, ки ба ӯ раҳмашон ояду ба ҳоли худ гузорандаш. Он лаҳзаҳо аз хоби ноз маҳрум шудан дар хаёли Ниёз озору ҷазои сахттарин менамуд.
– Хоболуде! Бо ин аҳвол оянда ин бача нони хӯрдан намеёбад, – норизо ғур-ғур мекард падар ва пас аз чанд лаҳза садои пову овозаш аз остони дарвоза ба гӯш мерасид:
– Бинен, ҳамсолҳош аз адир пуштораву харакӣ бо коҳу алаф бармегарданду ин ландаҳур масти хоб аст.
– Нозбардории худат хоболуду коргурезаш кард, – мешунид посухи таънаомези модарро: – Намондӣ, ки аз бинӣ боло гапаш бизанем, намондӣ, ки даст ба оби хунук бизанад «Якта аст. Монаш ҳаловат барад». Ноздона шуд.
Дигар аз худат гила бикун…
– Ғами беҳуда нахурен, – аз болои суфаи таги ток падару модарашро таскин мебахшад бибӣ: – дар синни ӯ худатон ҳамин хел буден. Сояи давлати шумо хоболудаш кардааст.
Эҳе, бори зиндагӣ ба гарданаш афтад, чунон ҳушёр, чунон бало шавад, ки… Он вақт хоб ба ёдаш намерасад. Ин гапа дар гӯш ҳалқа созед: зиндагӣ фили фаҳула мисли кайк чусту чолок мекунад…
Солҳои беғамиву кӯдакӣ, наврасиву ҷавонӣ ноаён мисли хобу хаёл ва оби равон гузаштанд. На бибӣ монд, на падару модари ғамхор. Ҳама пасопеш ба дунёи равшану пайвандон падруд гуфтанд ва дар теппаи мазори деҳ ба хоби абад рафтанд; биҳишти хотираҳо дар ёд монд. Дигар ӯ – Ниёз гоҳе орзу кунад ҳам, онҳоро дар хобаш намебинад. Замона низ якбора дигар шуду ташвишу даву този одамон бештар.
Аз осмон баногоҳ офати талхиву шӯрӣ рехт. Бори рӯзгор, ёфтани нону таъмини аҳли хонадон ба сару либос касбу кори бисёриҳоро дигар кард. На танҳо ҷавонмардон, балки занону духтарон ҳам аз нобасомонӣ ба таҳлука афтоданд ва ба хотири кори пурдаромад роҳи мамлакату шаҳрҳои дуру бегонаро пеш гирифтанд; ҳавливу хонаҳои пурдабдаба пайи ҳам аз ҷӯшу хурӯши омаду рафт, нишоти зиндагӣ ва суруду тарона маҳрум, ба пирони дардманду барҷомондаву ҳайрон ва кӯдаку наврасони сарсон монда, хомушу дилгир шуданд.
Манзили пур аз нолишу дард ба кӣ лозим? Оре, ба болои ташвишҳои дилхароши охирзамон ғами ҷудоии фарзандону пайвандон, азоби ҷонгудози раҳпоӣ ва чашми чор ба дару дарвоза бар дӯши бобову бибӣ, падару модарони пиронсол афтод: дар мулкҳои сарди бегона чӣ ҳол дошта бошанд? Оё дар зиндагӣ боз рӯйи гарми ҳамдигарро мебинанд?
Рассом буд Ниёз ва рӯзгорашро аз рӯйи ривоҷи ҳунар нарм пеш мебурд. Не, гомҳои аввали роҳи эҷодӣ барояш осон набуд. Нописандӣ, ҳасудӣ, пешиподиҳии «бузургон» хиҷилу дилхунаш мекард. Мусаввараҳои бо ҳазор шавқу орзу кашидаи ӯ ва баъзе ҷавононро камбору нокиро ё хилофи ғояи замон шуморида, ба намоишҳо роҳ надода, дилсарду асабияшон мекарданд. Мубориза байни андешаи куҳнаву нав дар майдони ҳунар; шикастани ҳавасу руҳи эҷодӣ.
Аслан ин дарди азалист. Ҷову ном ёфтан бо роҳу равишҳои тоза ҳамеша аз ҳунарманд ирода ва сабру заҳмати сангин мехоҳад! Аммо бори ранҷиш ва шикваю шикоят бо сархушӣ аз шароб сабук кардан дар ин роҳ нокомӣ пеш меораду пушаймонӣ. Ин ҳақиқатро баъд дарк кард. Фаҳмид, ки бо рангҳои ҷолиб офаридани қаҳрамонҳои армонӣ, манзараҳои нотакрор ҳам раҳоӣ аз бебарорӣ асту ҳам посухи сазовор ба каҷнигоҳон. Гузаштанд мушкилиҳо. Баъд корфармоён даъваташ карда, наққошӣ ва ороиши толори тарабхона ё бинои навбунёдро ба ӯ ё ҷамъи ҳамкасбон месупориданд.
Майдони нишон додани ҳунар, сарчашмаи ёфтани маош. Аз ин зиёд чӣ лозим? Лекин ба касофати гирудорҳои мудҳиш ҳунарманд аз чашму даҳон афтод, ҳунар касод шуд. Вай дасту дилаш сард, қуттӣ ва лӯлаи рангҳо, коғазу матоъ, тахтаи рангомезӣ, мӯқаламҳою лавҳи наққошиаш музтару ҳайрон монданд. Не, ӯ ба қавле аз бекорӣ кадукорӣ кард: чанд лавҳа кашид бо рангҳои тираву андуҳзо. Ҳолат ҳамин тавр буд: гӯё аз зери ҳар қадам балое мехест ва аз фалак гӯё шабу рӯз ғаму дард мерехт. Боди наҳси хусумату носозӣ, ҷангу хунрезӣ кайфияти шодиву нишот ва орзуву ормонҳоро руфту бурд. Касе ба ин дараҷа пеш омадани рӯзҳои сиёҳу авҷ гирифтани хусумату разолатро чашмдор набуд.
Сиёҳдилон, ҳасудону ҷоҳталабон аз ҳар сангару тӯдаи «озодиву адолатхоҳ» дар пойтахти ободу гулпӯш ва шаҳру деҳот тухми низоъ пошиданд. Фитна авҷ гирифту хуни ноҳақ рехт. Баъзе ҳамкасбонаш аз ин ҳолат озурдаву ноумед шуда, ноилоҷ чанд намунаи асарҳои бо ишқу орзу ва хуни ҷигар офаридаашонро бо худ гирифта, қисмеро барои хотира ба дӯстон бахшида, яке аз паси зану фарзанд, дигаре бо даъвати хусуру хушдоман ё пайвандон бо дили шикаставу ҳасрат, – магар осон аст аз зодгоҳ ё шаҳре, ки дар он таҳсилу эҷод кардаӣ, ишқ варзидаиву ҳамсафари умр ёфта, хонаи бахту умед бунёд намудаӣ, кӯдакдор шудаӣ, шириниву лаззати ҳаёт чашидаӣ, дар авҷи хубии умру ҳунар аз ҷабри кирдори тудаҳои низоъангезу ҷудоиандоз дил биканӣ? – зиёфати дарду алам дода, на аз мастӣ, бештар аз аламу ғазаб ашк рехта бикӯчӣ? Ниёз мисли дигар мусаввирони, ба қавле хуни нофашон дар ин хок рехта аз гиребонгирӣ, ба сари ҳамдигар санги маломат шикастану маҳалбозиҳои шармовар, – дар дил барои муттаҳиду худшинос кардани мардум чи орзуе доштанду чӣ даҳшате пеш омад? – чун аз зарбаи мудҳиши ногаҳонӣ пакару карахт, дасту дилаш аз кору зиндагӣ сард, хаёливу роҳгум дар Душанбе истод. Куҷо равад? Киса холӣ, дил халтаи ғам. Билфарзе имкони молиявӣ низ медошт, бо зану фарзандон бо кадом рӯ худро ба мулки бегона мерасонд ва сарпаноҳу коре меёфт? Аз зодгоҳи ба гирдоби балоҳо ғутида, аз мардуми парешонҳолу ба дарду ғам оғуштааш гурезад?! Аз ин сӯхтор ва тафбоди харобиовари рӯзгор руҳу мағзаш озурда ва рангҳояш хушк шудаанд.
Лавҳи наққошӣ ва хурмачаи муқаламдон, ки аз пиразани кӯзагари деҳаи Файзоба бо чанд кӯзаву офтобаи хурду бузург гирифта буд, дар устохонаи худсохти кунҷи ҳавлӣ зери чангу хоки ҳодисаҳо зору ҳайрон монданд. Ниёз ҳангоми сафари, ба таъбире эҷодӣ ба Файзобод, ситоиши устоҳои табақтарошу пиразани кӯзагарро шунида, роҳи деҳаи Файзобаро пеш гирифт. Ва бо кампираки кӯзагар дар коргоҳаш ошно шуд. Дастҳои пиразан то оринҷ ва ҷо-ҷои андому пироҳанаш гилолуд, пеши лойхона ҷунбуҷӯл дошт. Вай лойи сурхранги кулолро мешӯриду мушт мезад ва ба пош хурдани чарахсаҳо эътибор намедод. Ва чун шарфаи пои ӯ – меҳмони нохондаи ришдорро шунид, нимрӯя ҷонибаш нигаристу бо чеҳраи шукуфон, лекин пирона бархеста, домони пероҳан такида нарм овоз баровард:
– Биё, бачаи ҷун, биё. Хуш омадӣ…
– Салом, модарҷон, монда набошӣ… Сад узр, ки меҳмони нохонда шудам.
– Садқаи қадамҳот. Ҳозир дастома бишӯям. Чашмам роҳ медид… дилам гувоҳӣ дод, ки касе аз дар медарояд, – гуфт пиразан ва сӯйи новадон рафтанӣ шуд.
– Хоҳиш мекунам, ки кортона давом диҳед. Ман фақат орзуи ҳамин лаҳзаро дидан доштам. Нияти холис… Иҷозат медиҳед, ки як-ду акс бигирам? – пурсид Ниёз.
– Бо ҳамин аҳвол? – кампираки газгӯшти гандумгун, қоматхамида, рӯ, ҳалқаи чашмон, пешониаш пури хати ожанг, ангуштони пӯсту устухон ва пуррагу пайяш чанг, лабонаш ба ханда моилу даҳони камдандонаш нимво, ноҳинҷору ҳайрон ба ӯ нигаристу пурсид: – Барои «Хорпуштак»?
– Э не… Шумову ҳунаратон зебандаи беҳтарин рӯзномаву маҷаллаҳост, – ин лаҳзаи зеборо пайи ҳам акс бардошта гуфт Ниёз.
Дар ҳамвории шафати пиразан кӯзаву офтоба, косаву хурма ва ягон-ягон чахдегу хумҳои хурду калон, ки нақшу нигорҳои асрорангез доштанд, гӯё барои тамошо гузошта шуда буданд. Чанд қадам дуртар дар подомани теппаи паҳлуи ҳавлӣ аз равзане шабеҳи танури деворӣ гоҳе дуди ғафс каппа-каппа баромада, дар панҷаи бод парешон мешуд.
«Хумдон», – аз дил гузаронд Ниёз. Пиразан зарфҳои аз кулол сохтаашро барои пухтан болои чӯбу чахс қабат ба қабат ниҳода оташ гиронда буд. Нигоҳи пурмеҳри аз ин манзараи мӯъҷизаосо нурафшони Ниёз аз чеҳраву пайкари пиразан лағжида, даме болои зарфҳои сафолӣ то хумдон сайр кард.
Аз ҳавлӣ зану чанд кӯдак ба гуфтугӯи ӯ ва пиразан менигаристанд. Ниёз «манзараи нотакрор, асари зебои тасвирӣ», – гуфт дар дил ва назди зарфҳо рафту сари по нишаста, кӯзаеро болои панҷа бардошта, ин тарафу он тараф гардонда, бо ҳавас тамошокунон ба он нохун ҳам зад. Сафоли кӯза овози хуш баровард.
Пиразан аз таваҷҷуҳи меҳмон ба зарфҳои сохтааш хушнуд, гуфт:
– Бачаи ҷун, одамҳо дигар ин чизҳои хокира намеписанданд. Зарфҳои оҳанӣ мегиранд… Ҳунари бобоӣ ки ҳаст, ман то ҷон дорам, кулолгарӣ мекунам. Барои шод кардани рӯҳи гузаштаҳо, барои худаму набераҳо… Рӯзе ягон зарф насозам, шаб хобам намебарад. Ҳо, ҳафт пушти мо кулолгар буданд… Ин замон ҷавонҳора аз ҳунарҳои қадима бегона кард.
Дили Ниёз гум зад аз меҳру садоқати пиразан ба ҳунари аҷдодӣ. Ва хурмаву чанд кӯзаву офтобаеро барои хотира ҷудо карда пурсид:
– Чанд сум диҳам?
– Бепул бубар… Кулолу об фаровон. Боз месозам, – бо шакарханд гуфт пиразан.
– Э не, инҳо қиматанд, очаҷон. Меваи заҳмат, – гуфт Ниёз ва чанд сум ба кафи пиразан ниҳод: – Сафедии даст…
– Лозим набуд… Сафол нарх дорад?
– Бебаҳоянд инҳо. Попӯшӣ ё либосворӣ мегиред. Узр, ки дасти холӣ омадам. Насиб бошад боз ба зиёрат меоям…
– Маро ёд бикунӣ, Худо ёдат мекунад. Болои суфа гузаред. Як пиёла чой, як коса дӯғ, як пора нон…
– Навбати дигар…
Дар рафу тоқчаҳои устохона қатори дигар асбобҳои мисиву чӯбии қадима он кӯзаву офтобаҳои сафолӣ ҷой доранд.
Аммо дар ин рӯзҳои сахту рӯзгори мушкил ҳамсараш
Гулбарг ҳангоми ба миён омадани гапи бепулӣ ва боз аз кадом шиносу ҳамсоя пурсидани қарз бедимоғ, ҳатто бо кароҳат ба дару тиреза, деворҳои назарногири бо панҷакаш андовида, – нақши ангуштони Ниёз бармало дар он намоёнанд, – назар афканда, ғур-ғур мекунад:
– Ғайри суратҳои каҷу маҷ, зарфҳои сафоливу мисии лабшикаставу шикофу пачақи устохонаи пур аз тури тортанак дар бисотат чӣ дорӣ? То кай бағали бачаҳоро бо ваъдаҳои дурӯғ пур кунем? Худфиребӣ! «Гап сари харидор аст. Яке ба пойи худ меояду доро мешавем. Эҳе, он вақт, Қандаки ман, бурути маро табар намебураду ту якбора аз сар то по дар зару зевар меғутӣ…» – сухани ӯро истеҳзоомез Гулбарг ба рӯяш кашида меафзуд: – Ба кӣ лозиманд?
Кадом гарангу содалавҳ омада сурат мехарад? Ҳм, бузакбузак, намур, ки баҳор мерасад… Чор-панҷ сол баъд, Худо ба рӯзҳои нек бирасем, сандуқи ҷиҳози арӯсии духтарамона бо суратҳои кашидаи падараш пур мекунем.
– Агар домоди хушзавқу ба қадри ҳунар мерасидагӣ пайдо шавад, – гапро ба ҳазл кашид Ниёз, лекин дамаш ба дарун афтоду чун ҳамеша аввал пешонӣ, баъд пушти сар хорид; чашмонаш аз ноҳинҷорӣ нимпӯш, талх хандид.
Оғози зиндагии бузург, – ӯ зан гирифтану барпо кардани ҳаёти оилавиро ҳамин хел меномид, – чун Гулбаргро ба
Душанбе оварду ба кулбаи тангу рутубатнок ва пурхоку чанги иҷора ворид шуданд, ҳам аз ҳуҷуми саги занҷирбанди соҳиби манзил, ҳам аз бӯву таф рӯзи равшан дар чашми арӯс тор гашт. «Чӣ орзу дошту ба куҷо афтод?» Ниёз халтаву бастаи курпаву курпачаҳоро шафати чорчӯбаҳои хурду калон гузошта, барои нарму хуш кардани табъи арӯс ба таърифи касбаш – наққошӣ, оянда аз маблағи фурӯши асарҳо сарватманд шуданашон пардохт. Аммо Гулбарг бо писханд гапи ӯро бурид:
– Ба як бузургаш шинос карда будӣ. Дар назди Филармония… Устодат…
– Ҳа, Асрор… Аминҷонов. Дидӣ, чи асари олиҷаноберо бо кайфияту ҷӯшу хурӯш, як олами зебои саҳнаи гӯё зинда аз сангчаҳои ҳаррангаи табиӣ дар бари девор барои наслҳои оянда офаридааст. Номи асараш «Шашмақом».
– Дидам-дидам… О Худо, ришу мӯйи сараш мисли ҷангали Мозандарон… Сару либосҳояш ғиҷим, ношуста...
Тасмаҳои кандаи попушҳояша дидӣ? Бо сими алюминӣ духтагӣ… Бо ҳамин аҳвол дар пойтахт бепарво мегардад…
– Қандак, дилбохтаи касбу ҳунар агар ороиши зоҳиру пур кардани шикамро аз ёд набарорад, ба қуллаи мақсуд намерасад. Асрор аз пайи сару либоси озодаву кайфу сафо мегашт, ин хел асар офарида наметавонист, – гуфт Ниёз: – Вай фидоӣ аст, ошиқи ҳунар. Бо шогирдон халтаҳо дар китф, пиёда қад-қади даҳҳо руду байни дараҳо гашта, тона-тона санг гирд овард, «Шашмақом»-ро бо ин шукӯҳу азамат офарид, ки насли имрӯз бинаду мероси мусиқии қадимаашро фаромӯш накунад, – гуфт Ниёз ва пас аз каме хомӯшӣ афзуд: – Мушоҳида кардаӣ? Аз шаҳр берун бисёр истгоҳу чашмаҳо бо ҳамин тарз ороиш ёфтаанд. Ҳамаи ин хидмати усто Асрор аст. Мисли қаландар мезияд, лекин зебоӣ меофарад, зебоӣ!..
– Бачаи хола, аз пайи устодат нарав, ки нонгадо мешавӣ,
– гуфт Гулбарг.
– Қандак, Асрор бепул нест. Доим ӯ моро зиёфат медиҳад, – гуфт Ниёз, – лекин ба карру фарр одат накардааст…
– Зану фарзанд дорад?
– Ҳо… Се маротиба оиладор шудааст. Занҳояш аз миллатҳои гуногун буданд.
– Сабабаша донистӣ? – пурсид Гулбарг ва истеҳзоомез посух дод: – Дар сари зани маҳаллӣ хар лагад задааст, ки бо ин хел марди дарвешнамо умраша барбод диҳад?
– Фикрат нодуруст, Қандак, – норозиёна гуфт Ниёз: – Рассомҳоро бо чашми каҷ набин.
Минбаъд низ Гулбарг чун бо оҳу воҳ аз иҷорахонаи номувофиқу зиндагии бад шиква меоғозид, Ниёз қаламу асари хомнавис як сӯ ниҳода, паҳлуи ӯ меомад ва ангуштони ранголудаашро бо ҳам молида мегуфт:
– Дар зулфот ҷонам, Қандак. Сабр, камтари дигар. Рӯзе дар кӯчаи мо ҳам ид мешавад.
– Кай? Ба дилам зад. Ҷонам ба лаб расид. Безор шудам, – менолид Гулбарг: – Метарсам, ки баногоҳ дар роҳ ба ягон хеш ё шинос рӯ ба рӯ ояму аз рӯйи дил, тарсида-тарсида
«марҳамат, меҳмони мо шавен» бигӯям.
– Медонам, Қандак... Ноилоҷӣ. Мебинӣ-ку: даст дар зери санг аст, – ғур-ғур кард Ниёз: – Мегузарад…
– Ҳарду бари рӯи дурӯғгӯ сиёҳ, ин гапа аз мӯйи сарам зиёд шунидам.
– Ваъда доданд… Чанд асарро мехаранд. Ба наздикӣ ҷойи кор пайдо мешавад. Ороиши тарабхона.
– О Худо, ваъда дар нули зоғ, зоғ зинда бошад, – бо писханди ошкоро нолид Гулбарг: – Бо қанд гуфтан кай даҳон ширин шудааст?
Хомӯшӣ ба миён омад. Ниёз гунг шуду Гулбарг хаёлӣ.
Вай дари танги кулбаро башаст кушода берун баромад; даме асаб ором карду баргашта худ ба худ гуфт:
– Боз хостгорҳои гурсӯхта таъриф карда буданд, ки касбу кораш нодир аст. Аз ин хел домод ҳафт пуштатон меболад…
– Аслан гапашон ҷон дорад, – оҳиста, лекин бо шакарханд овоз баровард Ниёз: – Қадри зарро заргар медонад…
Бадбахтона харидорони ҳунари мо дар Тоҷикистон каманд.
Ҳама дар фикри шикам… Лекин асарҳои Леонардо да Винчи, Рафоэл, Пикассо, Миколанджело, Ван Гог, Айвазовскийро дар Ғарбу Аврупо бо ҳазорон ҳазору миллионҳо доллар мехаранд.
– Ягон рассоми тоҷика номбар накардӣ-ку, – неш зад Гулбарг ва пурсид: – Ҷойи ҳамон бозору харидорон куҷост?
Ниёза намешиносанд, аз шароити зиндагиаш бехабаранд?
Роҳа нишон бидеҳ… Ман ин суратҳои рӯву покаҷи чорчӯбаҳоро тори сар бардошта онҷо барам? – аз дарду алам чеҳрааш арғувонӣ, моҷароангез пурсид Гулбарг: – Ҳамин ҳам зиндагӣ шуд? Хара ин ҷо бандӣ, намеистад…
Ниёз боз лол монд ва бо баҳонаи тамокукашӣ берун баромад. Вале гӯшҳояш аз гилаву маломатҳои тунди Гулбарг раҳо наёфтанд, зеро ҷойи дур рафтан набуд, паси дар меистод.
– Ба хонаи дигар қаҳтӣ расида буд? – аз худ мепурсид Гулбарг: – Ба кулбаи як пирурус оварда бандиям кардӣ, ҳамбому ҳамдевори хукхона... Ё қур-қуру ҷағ-ҷағ, бӯву тафи хуку хукбачаҳо ба гӯшу димоғат мисли чаҳ-чаҳи булбулу бӯйи гул мерасад? – Гулбарг даме хомӯш монда, буғзи гулӯ фурӯ дод, сипас чашмонаш намнок, наҷвояш аранге шунида шуд: – Сари сахтат Гулбарге! – худро сазо дод: – Дуои бади кӣ гирифтат, ки аз диёри хушҳаво, боғу роғ, гулу сабза, макони чашмасору обшор омада ба ин дӯзах афтодӣ?!
Ниёз аз шикваю ашкрезии арӯсаш карахту ҳайрон, гоҳ панҷа ба пешониву пушти сар бурда, чи гуфтанашро надонист. Ин ба Гулбарг имкон дод, ки бештар моҷароҷӯёна дил холӣ кунад.
– Ё ҳангоми ҷангу занозании хукҳо ҷунбидани шифту болои дастархон рехтани хоку чанга намебинӣ? Ин ҳолата хушру бикаш, ки деҳа фиристаму падару модарам донанд, ки Гулбаргашон бо домоди таърифӣ чӣ хел зиндагӣ дорад.
Ниёз гӯё дар даҳон об дошт. Лаб накушод. Ин ба оташи аламҳои Гулбарг яхоб рехт. Вай хомӯшу хаёлӣ рафта лаби чапаркат нишаст ва нармтар гуфт:
– Ту мардӣ. Сумка сари кифт, бо ҳар баҳона аз ин ҷо баромада меравӣ… Ман мемонаму хукҳо… Саги занҷирбанди одамхӯр. Беимон сагаша қасдан назди ҳоҷатхона бастааст.
– Мебинам… Гуфтам-ку: аз ноилоҷӣ, – ноҳинҷору шармзада пичиррос зад Ниёз.
Марди хона муштум дар даст, аз даҳлези рӯ ба рӯ баромад ва даме бо нӯги ангуштони дасти дигар мӯйлабҳои аз дуди тамоку заб-зардашро молидаву барзанон ба токи хавоза, хушаҳои овезон ва донаҳои ангур, ки нав ранги гулобӣ бароварда, дар нури офтоб чашмак мезаданд, нигарист. Ҳар рӯз чун ба саҳни ҳавлӣ барояд, ҳамин зайл ба вусъати хавоза назар афканда, гӯё хӯшаву донаҳои ангурро мешуморад: ҳосили хуб, ҳама дар ҷояш. Бипазанд, шароб омода мекунад.
Он вақт ҳавлӣ, ҳатто кулбаи онҳоро низ аз ангури дар тағораву бушкаҳои чӯбӣ куфтаву махлути гандида бӯву хомӯшак пахш мекунад. Ин барои Гулбарг дарди сару балои дигар мешавад; беҳаловативу парто-парто пеш меорад. Аммо
Ниёз бепарво мегӯяд: «Аз ҳад зиёд нозук нашав, Қандак, азоб мекашӣ».
– Аз ин зиёд боз азоб аст? – бо хашм мепурсад Гулбарг.
Ниёз дам назада бо сари хам меистад, вале баъд дар чидани хӯшаҳо ва фишурдани ангур дар зарфҳо ба пирамард мадад мерасонад. Онҳо ангурро бо донаҳои пӯсидаву хоку хасаш мекӯбанду меҷафанд ва шираашро бо пудинаву райҳон ва чизе омехта, ба шишаҳои калони даҳонкушод мерезанду ҷойи бехавф, дар сояи хавоза мегузоранд. Сипас пирамад ҳар рӯз борҳо шишаҳоро «салом» медиҳад ва тамокукашон наздашон сари по истода, ҷӯшидани оби ангурро тамошокунон лаззат мебарад. Баъди борҳо софкорӣ кардани моеи шишаҳо, ба қавли Ниёз чун шароб пухт, мӯйсафед ба ивази ёрӣ ӯро ба чошнигирӣ мехонад. Дар ин рӯз такудави кампир ҳам меафзояд. Ӯ мизаки саҳни ҳавлиро борҳо тоза кардаву рӯяш дастархон густурда, онро бо хлебу қандина, паниру ҳасиб, помидору бодиринги шӯр, себу дусе хӯша ангур ороста, обгинаи пуршаробро байнаш мегузорад. Мӯйсафед, ки беқарору ҳарисона ба анвои дастархон менигарист, саросема ба истаконҳо шароби арғувонӣ мерезад, ки қул-қулашро Гулбарг низ мешунавад ва қадаҳашро бардошта, бурутҳояшро барзанон лаҳзаяке бо ҳавас ба он нигариста, ба лаб бурда якбора ба ҳалқаш холӣ мекунад. Ӯ аз ранг, бӯву лаззати гуворо шоду қаноатманд, сар ҷунбондаву даҳонашро мазза дода, мӯйлабҳои шароболудашро бо дастрӯмол поккунон Ниёзу пиразанро ба чошнигирӣ ҳидоят мекунад. Эҳе, базми пур ва дар ҳалқҳо холӣ шудани истаконҳо меафзояду чеҳраҳо арғувонӣ, забонҳо булбули гӯё мешаванд. Ситоиши ҳунари шаробсозии пирамард, ҷарангҷаранги истаконҳо, нӯшидан, хандаву бо иштиҳо хӯрдан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё