Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чун пирамард бо садои дар гӯши Гулбарг дурушт сурудхонӣ оғозад ва кампир низ ба ӯ ҳамовоз шавад, Ниёз бо баҳонае худро ҷониби кулба кашида, Гулбаргро паси тиреза дида мепурсад:

– Қандак, тамошо кардӣ?

– Зуд гурехтӣ… Бояд то охир бо бибиву бобот ҷони худоӣ мегуфтӣ.

– Сурудошона намедонам… Дидӣ, чӣ хел зебо маишат мекунанд.

– Хоки даҳан, заҳри баданашон шавад!

– Шаҳд, нӯши ҷонашон бигӯ… – бо ханда хоҳишомез мегӯяд Ниёз ва худро болои чапаркат мепартояд.

Мӯсафеди газгӯшти болобаланд, ки худро аз казакҳои Дон меномид, ба курсии назди буттаи гули садбарг нишаст ва бо нӯги чӯби гӯгирд сурохи муштумашро аз дудаи часпак поккунон, – ин машғулияти доимияш буд, – аз таги соябони кулоҳи куҳнаи рангбохта кунҷковона ҷониби кулбаи онҳо назар афканд. Шояд овози баланди Гулбаргро моҷаро пиндошт. Ду пиракӣ – зану шавҳар чунон ором мезиянд, ки баъзан гумон мекунӣ дар ҳавлӣ вуҷуд надоранд. Пиразан рӯзе як-ду маротиба, саҳар ё бегоҳ бо ароба бозори Шоҳмансур, ки хона дар шафати он ҷой дошт, мерафт ва онро аз пасмондаи сабзавоту меваҷот: караму лаблабу, сабзиву себ, пӯсти тарбузу харбуза пур карда кашон-кашон меовард. Чун занҷири дар садо медод, аз ҷакидану ғавғои саг ҳавлӣ пур мешуду ҷон мегирифт. Пирамард, муштум дар даст, ба пешвози завҷааш баромада дастаи аробаро аз дасти ӯ мегирифту теладиҳон пеши хукхона мебурд. Пасон халтаҳоро дар паси тавора холӣ карда, дари хукхона мекушоду пиразан ҳаққи мурғҳоро ба кунҷе пошида, парандаҳои гуруснаву беқарорро аз катак сар медод. Эҳе, бо қур-қуру чиғ-чиғ хуку хукбачаҳо ва қуд-қуду ҷик-ҷик мурғону чӯҷаҳо берун баромада ба хӯрданиҳо дармеафтоданд. Пирамард дарҳол ба сигарети нӯги муштум оташ медоду аз даҳону бинӣ капа-капа дуд бароварда, аз тамошои ин манзара ва дороияш ҳаловат мебурд… Вай ҳоло мӯйлабҳои аз дуди тамоку заб-зардашро молидаву палмосида, ба току баргҳои болои хавоза ва хӯшаҳо чашм давонд.

– Аз орзуву хаёлҳои ширин, бачаи хола, чунон раҳгум задаӣ, ки хонаи ин бобот омада, ҳамсояи хукҳо шудаӣ, – бо имои чашм ба мӯйсафед ишора карда, оҳиста гуфт Гулбарг.

– Рост, – тасдиқ кард Ниёз: – Лекин, Қандак, зиндагӣ бе орзуву ҳавас маъно надорад…

– Медонӣ, бачаи хола, аз сарам тангаву тилло резӣ ҳам ман аз ин хел зиндагӣ безорам. Оҳ, ба дилам задасте! Пойтахт, Душанбе. «Овозаат дар олам, зуволаат чени…», – Мебахшӣ, ин матали раҳматии бобом ёдам омад, – бо хандаи дардолуд гуфт Гулбарг ва афзуд: – Дидам ҷойҳои овозадораша: боғу кӯчаҳои пургул, озода, театру базмҳои суруду рақс. Бас аст, меравам.

– Куҷо?

– Ҳамон деҳаи кӯҳистон, хонаи падару модарам. Обу ҳавои тоза, меҳру чеҳраи кушоди мардум аз дунё беҳ…

Ниёз ба ҳайкал, балки ба шабаҳи суратҳои андому нигоҳашон пуррозу андешаманд кашидаи худаш, ки дар як бари девор овезон буданд, табдил ёфт. Сипас бо панҷа пешонии арақшорашро молида, аранге овоз баровард:

– Қандак, якбора пӯстина чаппа напӯш: ду-се рӯзи дигар тоқат бикун…

– Оҳе, чашмам ба донаҳои турушаки ангуру дави токҳо афтад, дилам гум мезанаду даҳонам об мекушояд, – мавзӯи суҳбат дигар сӯ тобид Гулбарг ва бо шакарханд афзуд: –

Дастат ба барги ток расад, ҷони кампиру мусафед мебарояд…

– Э Қандак, дар бозор ҳама чиз ғазал мехонад, чӣ биёрам? – аз мех халтаро гирифта пурсид Ниёз ва майли баромадан кард.

– Себи мисли чукриву торон хушобу турушак, олучаву чакка…

– Фаҳмидам… садқаи зулфот, – аз берун овоз дод Ниёз: – О ин гапа барвақттар бояд мегуфтӣ. Мекӯчем.

– Аз ин бобову бибит дил канданат мушкил.

– Не, гап якта!

– Ба куҷо?

– Маҳаллаи Куҳдоман, – Ниёз баргашта ба кулба сар даровард: – Эҳе, аз онҷо шаҳр мисли кафи даст метовад. Кофта-кофта ёфтам.

– Боз хонаи ягон урус?

– Не, ҳавлии як пиразани дарвозӣ. Чунон хушлаҳҷаву шӯх аст, ки… Зиқ намешавӣ.

– Ҳамсояҳош чӣ? Бибиям мегуфт, ки хона нагир, ҳамсоя бигир…

– Ҳама таҳҷоиянд. Ҳар рӯз гаҳворабандону зиёфатхӯрӣ ё моҷароҳое мисли бузи харакӣ… Театр дар ҳавои кушод…

– О Худо! Воҳима накун, аз қур-қуру бӯву тафи хукхона бираҳем, садқаи ҷанҷолҳошон мешам, – гуфт Гулбарг ва оҳиста афзуд: – Метарсидам…

– Аз чӣ?

– О ин ҷо соҳиби кӯдак шавем, кӣ аз дарамон медарояд?

Шармандагӣ…

– Фаҳмидам, Қандак. Албатта мекӯчем! – аз байни ғавғои пурхашми саг Гулбарг овози шавҳарашро шунид: – Ҳозир бармегардам.

Кӯчбандӣ оғоз ёфт. Ниёз чапаркатро чортаҳ сохт.

Гулбарг ҳадаҳа чодари гулдӯзии арӯсӣ аз бари девор гирифт ва онро бо курпаву курпачаҳо ва болишту либосҳо болои рӯҷо ниҳоду баст; чойнику пиёла ва косаву чизҳои шишагиву сафолиро дар қуттиҳо, дегу кафлез ва примусро дар халтае ҷо карданд. Наққошиҳои хурду бузургро Ниёз ба тарзи дилхоҳ коғазу ресмонпеч кард. Пирамард муштум дар даст, аз пасаш ҳамсараш нохост ба кулба ворид шуданд ва фаршу сақф, чор деворро бодиққат аз назар гузаронданд: мабодо ягон чизашонро иҷорашинҳо гирифта бошанд. Ниёз пули иҷораву сарфи барқро ба пирамард супорид ва ба онҳо барои меҳрубониҳояшон арзи сипос намуд.

– Хона доданд? – пурсид мӯйсафед ва муштум ба лаб ниҳод.

– Ҳа, навбат расид. Медиҳанд, аз қоқи нав, – аз дурӯғгӯйии худ талх хандида посух дод Ниёз.

– Табрик! – дасти ӯро фишурд пиракӣ: – Бахтат хандид.

Ба ягон иҷорашин ин хел зуд хона намедоданд. Рӯзи бӯрёкӯбон фаромӯшамон накун. Ҳа, шиносҳои бехона дошта бошӣ, фирист…

– Беҳисобанд. То соҳиби хона шуданашон думи шутур ба замин мерасад…

Мошини ваъдагӣ омад. Ҳангоми аз ҳавлӣ баровардани баставу халтаҳо Гулбарг оҳи сабук кашид, вале саг гӯё ганҷу сарватро мебурда бошанд, бо хашм аккосзанон ба онҳо ҳамла меовард. Пирамард мӯйлабҳои дудзадаашро молишдиҳон аз даҳону бинӣ дуд бароварда, аз ҷасорати вафодораш бо ифтихор ҳаловат мебурд. Посбони беҳамто...

Дили Гулбарг аз шодӣ гӯё табл мезад: аз бӯву тафи хукҳову ҳамлаи саги занҷирбанд раҳид. Вале чун зани миёнаумри чеҳракушодро пеши дарвозаи назарногир дид, хурсандиаш дучанд афзуд. Куртаи ҳарири майдагул ва докаи оҳарии гирди сар печ дар печу як лабаш аз пешобағал болои китф партофта, гӯшворҳою шадаи марҷони одӣ, чашмони ҳалқа-ҳалқа, абруҳои пайвандӣ ва мӯйҳои нуқрафомаш рӯи гирду ҷо-ҷо ожангдори ӯро пурнуру дилкаш сохтаанд. Сару либос ва кафшҳои нимдошт ба синну солаш шинаму мувофиқ. Ин ба Гулбарг писанд афтод. Мисли тарзи либоспӯшии бибиву модараш. Хоксорона.

Вай онҳоро монанди хеш ё шиноси дерин пешвоз гирифту ба ҳавлӣ даровард.

– Биёен, ҷонои ширин. Аз саҳар роҳ мепоям. Хуш омаден. Ҳавлӣ бо шумо зеботар мешавад…

– Гулбарг, ин кас холаи Бунафша аст, – соҳибхонаро шиносонд Ниёз.

– Садқаи холам, – Гулбарг дасти навозиш ба сару шонаи зан расонд: – Садқаи забони ширинаш. Сад шукре! Гӯё аз зиндон раҳидам. Дилам торс намекафиду бас. Дар хонаи касе, ки забонаша надонӣ, то кай мисли гунг мешинӣ?

– Одамои хуб буданд, – луқма партофт Ниёз.

– Бобову бибият? Шишаҳо ё худшон? – неш зад Гулбарг.

– Ҳам ину ҳам он, – бо ханда посух дод Ниёз ва афзуд: –

Хола, ки ёфтӣ, булбули гӯё шудӣ.

– Хаёлам, ки модарама дидам. Дар номаш ҷонам. Ба Худо, ки аз меҳри худӣ дилат мекушояд.

Холаи Бунафша аз рӯйи маслиҳати пешакӣ ҳуҷраи зисти онҳоро нишон дод, то чизҳояшонро он ҷо гузоранд ва такрори ба такрор аз омаданашон изҳори хурсандӣ мекард.

Муҳити ором, ҳавлии озода ба Гулбарг писанд афтод. Вай худро чун дар хонаи падар ҳис карду ҳар бомдод аз хоб бархеста, ба ҳавлӣ об пошида то сари кӯча онро меруфт. Бунафша пас аз адои намоз чун ба ҳавлӣ мебаромад, каф ба пешонӣ соябон карда, чор тарафро тамошокунон таҳсиномез мегуфт:

– Дар қадаму дастакот ҷонам, Гулбарге! Ҳавлира оина кардаӣ. Ҷони хола, ту одами дуҷон, ин хел корҳои вазнина накун. Худо чашмата осон рӯшан кунад, баъд ихтиёрат.

– Ҳеҷ гап не, холаҷон, – сари рухсораҳояш аз шарм мисли лолабарг сурхӣ давида, – охир кампир ҳомила будани ӯро пай бурдааст. – Хумории ҳавлирӯбӣ шуда будам. Дар деҳаи мо пеш аз баромадани офтоб ҳавлира то сари кӯча об зада намеруфтем, мардум таъна мезаданд…

– Ин расми қадима аст, ҷони хола. Одам дар гирдоби ташвишҳои шаҳру байни қавмҳои ҳархела оҳиста-оҳиста бисёр одатҳои хуба фаромӯш мекунад, – оҳкашон меафзуд пиразан.

Иҷорашинҳо ба пиразан мисли писару духтар унс гирифтанд. Гулбарг пухтупазро бо камоли майл иҷро мекард ва нону ғизоро бе хола намехӯрд. Боз ҳангоми ҷомашӯӣ ба неву нестони вай нигоҳ накарда, либосҳои холаро низ ба тағора меандохт.

– Худам шуста метавонам, – хиҷолатманду эътирозомез мегуфт Бунафша: – А духтар, холата аз ҳад зиёд нозук накун…

– Медонам… Ин як хизмати фарзандӣ…

Ниёз ҳангоми аз кор баргаштан сари қадам аз мағоза ё бозор харидану овардани маҳсулоти хӯрокворӣ, рӯзҳои истироҳат таъмири шикасту рехти бом ва дару девори хонаро пазируфт; ҷо-ҷо ба деворҳо гул ҳам партофт.

– Бачаҷон, чашми бад кӯр, садқаи ҳунарат шавам. Ба ин некиат чӣ ҷавоб диҳам? Ҳавлӣ, дару девори холата тамошобоб кардӣ. Росташ, ки боми хонаҳо пас аз сари раҳматӣ шавҳарам таъмира надида буд. Вақти барфу борон мечакид,

– миннатдорӣ изҳор кард Бунафша: – Ба хонаи бемардинаи ман омада дар азоб монден.

– Ин азоб не, роҳати ҷон аст, холаҷон, – посух дод Ниёз ва бо шакарханд афзуд: – Айб намешавад, ки мо ин ҷо бошему хонаҳо вақти барфу борон бичаканд. Баъд ҳаракату ҷумбидан ба мард фоида дорад. Варзиш, воситаи хуби фарбеҳ нашудан…

– Ай ҷунои ширин, баъд аз ин тарбияву нозбардории шумо ман фарбеҳ шуда, аз дарвозаву дар нағунҷам, мардум намеханданд? – посух дод пиразан: – Бихӯру бихоб… Не, ин ҳам айб асту ҳам аз рӯи инсоф не…

Таъмири шикасту рехти бому дару деворҳо, ороишу тозагии ҳавлӣ ба чашми баъзе ҳамсояҳо хорвор халид ё рашку ҳавасашонро овард, ки ба ин ё он баҳона омада, ҳазломез мегуфтанд:

– Ҳузури ҷонат, Бунафшае! Дар кадом мазор дуо кардӣ, ки Худо якбора ду дастёри беминнатат дод? Мисли мӯрча мудом меҷунбанд. Эҳа, ҳавлӣ не, аҷоибхона шудааст. Дигар назарат мо чӣ, абри осмона намегирад…

– Туф-туф… Чашми бад кӯр. Духтар надоштам, Гулбарг ба ҷойи духтарам. Ниёз ба ҷои Ғазои гуреза писарам шуд.

Сад шукр, – посух медод Бунафша ва андешаманд меафзуд:

– Одами танҳову мурда якест. Дилам танг, ба ҳамсуҳбат зор мешудам, ки бе даъват ба хонаҳотон сар мезадам… Дигар дари дилу ҳавлӣ кушода. Биёен, қадамо болои дида…

Пас аз сипарӣ шудани ду-се моҳ ва суҳбату ҳамнишинӣ, он гоҳе, ки ба қавли пиразанҳо, шиками Гулбарг ба нӯги бинӣ расида, рӯзу соати зоиданро интизор буд, меҳри соҳибхонаву иҷорашинҳо аз дида ба дил ҷо гирифт, холаи

Бунафша ба ӯ бештар роз мегуфтагӣ шуд:

– Сари танҳо зистан духтарам, дарди вазнин аст, – боре арзи ҳол кард пиразан ва бо алам афзуд: – Хонаи бачадор бозор, хонаи бебача мазор, мегуфтанд. Ба дару девор ғами дил нагӯӣ, – ва бо заҳрханд шарҳ дод: – Аз гуфтан чӣ фоида? Не, баъзан ба танг омада, худ ба худ гила мекунам:

«Тақдири бадат дар гӯр, Бунафшае. Кӯдаки бо сад умед зоидаву калон кардаат мард шуд. Лекин модару ҳавлира партофта, аз думи зану фарзанд рафт Россияву фаромӯшат кард».

– Не, дили писар аз санг ҳам бошад, модараша фаромӯш намекунад, – ба ғами пиразан шарик шуда дилсӯзона гуфт

Гулбарг: – Як рӯз албатта бармегардад.

– Кошки гуфти худат шавад… Худо инсофаш диҳаду омада хонаи падараша соҳибӣ кунад, гулу дарахтора об диҳад, дигар дар дилам армон намемонад… Занша аз аскарӣ овард. Духтари зебо, хушмуомила, батамиз. Лекин дилаш дар шаҳри мо нафуромад. Бо кӯдакош рафту бача аз пасаш.

Зору ҳайрон мондам.

– Писартон байни обу оташ мондааст, – пичиррос зад Гулбарг.

– Рост… Сарнавишт. Якта аст. Дигарҳоша Худо доду гирифт… Болои сар мегардондему дар сояи гул мепарваридем.

Хомӯшӣ ба миён омад, хомӯшии вазнин. Гулбарг лол монд; чӣ зайл ба Бунафша таскин бахшиданро намедонист.

Боз садои пиразан миёни хомӯширо шикаст:

– Ҳамсояҳо баъзан аз пушти девор гилагузорима шунида, таъна мезананд: «Беваи Бунафша аз танҳоӣ васвосӣ шудаст»... Ҳм, чӣ ҷавобшон медиҳӣ? Сӯзиши дили озурдара худаш медонаду Худо. Матали қадимие ҳам ҳаст: «Ба буттае, ки оташ афтодаст, сӯхтанаша худаш медонад».

Бунафша гоҳе шавҳари раҳматиашро ба ёд меовард:

– Нармтабиат буд. Ҳаргиз аз даҳонаш сухани бад намебаромад. Коҳишаш ҳамин буд: «Гапи бисёр, як хара бор».

Ҳарду коргари заводи хишт будем. Ман фаррош, ӯ хиштпаз.

Ҳардуямон ҳам бекас, тарбиятдидаи ятимхона, фарзанди Ҳукумат… Яке ситораҳомон ба ҳам мувофиқ омаду оила барпо кардем, – дар лабони камхуни ӯ табассумаке гул мекунад: – Ҳм, саҳар бар ба бар, ҳазлу шӯхикунон меарфтем завод. Ҳамсояҳо бо ҳар ранг, яке пичингомез, дигаре бо ҳавас, моро Лайливу Маҷнун меномиданд. Ман корама зуд буд карда, бармегаштам хона… Мардам, ки пас аз кор шалпар ба ҳавлӣ медаромад, оби гарми шустушӯ, дастрӯмолу либосҳои тоза, хӯроку дастархон тайёр буд. Лаззату ширинии зиндагира эҳтироми зану шавҳар зиёд мекунад. Оилае, ки ҳамин неъмата дошта бошад, нони хушк дар назараш баракабоб менамояд.

пешина
аз 23
навбатӣ