АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ИНСОНШИНОСИИ АБУРАЙҲОН
БЕРУНӢ (ДАР АСОСИ ОСОР-УЛ-БОҚИЯ)
Зикирзода Ҳобил-н.и.ф., дотсенти кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Дар бораи аҳвол, осор ва ҷаҳонбинию андешаҳои мутафаккир ва ҳакими бузург Абурайҳон Берунӣ китобҳои бисёре дар сар то сари дунё бо забонҳои гуногун интишор ёфтааст. Ба хусус андешаҳои фалсафии ин устоди барxастаи ҳикмат аз ҷониби донишмандони хориҷӣ ва ватанӣ таҳти таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи илмӣ ва интиқодӣ қарор гирифтааст. Андешамандон кӯшидаанд, дар асои сарчашмаву маъхазҳои таърихӣ, илмӣ ва тарҷумаҳолӣ ба шарҳи комили зиндагии Берунӣ ва осори он пардохта, ба пажуҳиши ҷаҳони ҳикматпаҳлуҳои мухталифи онро ошно созанд.
Дидгоҳи Берунӣ низ анқариб дар саросари ҷаҳон мавриди баҳс будааст ва берунишиносон андеша, мавқеъ ва шинохти худро дар ин бора ба забонҳои гуногун ба нашр расонидаанд. Ин раванд ва ин падидаи илмӣ то он ҷое пеш рафтааст, ки дар гӯшаву канори дунё дидгоҳ ва ақидаҳои Берунӣ ба сурати мактаби бузурге даромадааст.
Вале новобаста аз пешравиҳои зиёде дар шинохи ҷаҳонбинии Берунӣ ёде дар шинохти ҷаҳонбинии Берунӣ пажӯҳиш дар бораи осори вай ҳанӯз дар марҳилаи бисёр муқаддимотии худ қарор дорад ба дидгоҳи фалсафӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, инчунин решаҳои андешаҳои вай бояд сурат гиранд.
Дар мақолаи “мардумшиносии Берунӣ”, ки дар чаҳорчӯбаи таълифи хеле арзандаи мутафаккир “Осор-ул-боқия” ба итмом расидааст, баъзе паҳлӯҳои масъалаҳои шинохти ин ё он хусусияти этникӣ, динӣ, ахлоқӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоии мардумон ва қавмҳои гуногун мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Мутафаккири бузурги тоҷик Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ Хоразмӣ дар соли 973 мелодӣ дар шаҳри Кот, ки тобеи Хоразм буд, чашм ба ҷаҳон кушодааст. Вай ба яке аз хонаводаҳои намоёни Хоразм тааллуқ дошта, дар даврони кўдакӣ ва ҷавонӣ ба таҳсили илм пардохта буд. Риёзиётро дар назди Мансур ибни Алӣ ва ҳикматро дар назди Абдуссамад ҳаким омӯхта, дар ин илмҳо аз устодони худ ба маротиб пеш рафта буд.
Вай дар назди устодони худ забонҳои арабӣ, ҳинд, юнонӣ, ибрӣ ва паҳлавиро омӯхта, дар бисёр илмҳои даврони худ, аз қабили фалсафа, риёзиёт, ситорашиносӣ, ҷуғрофия, таърих, маъданшиносӣ ва геодезия (массоҷӣ) ҷою мақом ва нуфузу эътибори бузургеро соҳиб гардидааст.
Абурайҳон Берунӣ дар соли 1000 мелодӣ дар синни бисту ҳафтсолагӣ асари бузурги худро таҳти унвони “Осор-ул-боқия ан ул-Ғурун ал-ҷолия ” ба табъ мерасонад. Дар муқаддимаи ин асар сабаби таълифи онро чунин овардааст: “Ва баъд яке аз адибон аз таворихе, ки милал истеъмол мекунад ва ихтилофотеро, ки дар усулу пайдоиши он ҳаст ва ҷисмҳое, ки моҳҳо солиён аст ва сабабҳое, ки боиси ихтилоф шуда ва ҷашнҳои бузург ва резҳои машҳур, ки ҳар якро гурӯҳе аз умматҳо ба кор мебаранд, аз ман пурсид. Ва хоҳиш кард, ки ин масъалаҳоеро бо баёни возеҳе, ки қобили фаҳм бошад, барои ӯ шарҳ диҳам, ки ӯро аз хондани китобҳои гуногун ва пурсиш аз як-як аҳли ин навиштаҷот бениёз кунад”.
Чи тавре ки аз гуфтаи ин мутафаккир бармеояд, ҳадаф аз навиштани асри мазкур доир ба воқеиятҳои таърихӣ ва ихтилофҳои байни миллатҳо дар атрофи онҳо чигунагии таърих, ҷашну идҳо ва анъанаҳои халҳои гуногун, рузу моҳҳо дар анъана ва шарҳи румиён, хоразмиҳо, яҳудон, мусулмонон ва ғайраҳо мавриди таҳлили муқоисавӣ 128 қарор гирифтааст, ки ин худ аз бунёди илми мардумшиносии Берунӣ хабар медиҳад. Илова ба ин гуфтаҳои Берунӣ, бар хилофи тасаввури он таърихнигорне ҳастанд, ки ба қавли онҳо мутафаккир гӯё сирф муаррихи барҷаста бошад. Лекин аз методогия ва усул инчунин тарзи масъалагузории Берунӣдар ин китоб ва китоби “Таҳқиқи мол-ил-ҳинд” - и ў бармеояд, ки вай даъвои илми дигар, яъне илми мардумшиносӣ (шинохти халқҳои гуногуни ҷаҳон)-ро дорад. Вай сараввал ба муайян сохтани мавзуъ ва масъалаҳои иҷтимоӣ-инсонӣ пардохта, дар ниҳояти омӯзиши худ ба дидгои тозае даст меёбад ва бунёди илми мардумшиносиро мегузорад.
Як нуктаро бояд зикр сохт, ки Берунӣ дар байни 114 асару таълифоташ 17-тои онро ба бунёдгузорӣ ва ташаккули илми инсонӣ- иҷтимоӣ бахшидааст. Вале китобҳои “Таҳқиқи мол-ил-ҳинд” ва “Осор- ул-боқия”-и вай ба таври мустақим ба масъалаҳои мардумшиносӣ ва забоншиносӣ бахшида шудаанд. Берунӣ тарҳи ҷадиди табақабандии илмҳо пардохта, талош кардааст баҳсҳоеро дар заминаи таърих, ақидаҳои диниву мазҳабии халқҳои гуногун, инчунин адабиёт пешкаш намояд. Аз ин рӯ, метавон Беруниро дар байни мутафаккирони форсу тоҷик ҳамчун асосгузори илми мардумшиносӣ муаррифӣ намуд, зеро вай дар атрофи таҷҳизи масъалаҳои инсоншиносӣ ба равиши илмӣ пардохта, дар ниҳоят ба таҳлили падидаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мақоми хоса пайдо мекуанд.
Мутафаккир дар муқаддимаи илми мардушиносии худ, қабл аз ҳама, ба масъалаи воқеияти таърихӣ ва ҳақиати таърих рўй оварда, ин масаъаларо ба шакли зерин шарҳ медиҳад: “таърих муддати муайянест, ки аз оғзи сол шуруъ мегардад, ки дар он сол пайғгамбаре фиристода шуда, ё подшоҳи бузурге қиём карда, ё уммате ба туфону зизила ҳалок гашат, ё малакате фурӯ рафта, ё вабо ва қаҳтии шадиде иттифоқ афтода, ё интиқоли давлате ва табдили миллате ва ё ҳодисаи азиме аз қисматҳои самовӣ ва аломати машҳури аминӣ, ҷуз дар замонҳои дароз ҳосил намешаванд, рӯй дода бошад. Ва ба ёрии таворих вақтҳои маҳдуд ва муайян шинохта мешавад. Ва дар ҳама ҳолоту динию дунявӣ аз таърих гузире нест”.
Ба ҳамин тариқ, Берунӣ дар таърифе, ки доир ба таърих медиҳад муддатҳои муайяну мушаххасеро баён кардааст, ки аз онҳо солшуморӣ шуруъ мегардад. Масалан, солшумории мелодӣ, ки он ба таваллуди “пайғамбари фиристода шуда”-Исо шуруъ мегардад ва марҳилаи муайяни таърихиро дар бар мегирад. Ё ин ки солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ ва ҳиҷрӣ-шамсӣ, ки ба ҳиҷрати пайғамбари ислом вобастагӣ дорад. Ба надешаи Берунӣ “агар мо лафзи пардапешро, ки дар “Таврот” аст, бар адад ҷамъ кунем, барои ин ки миқдори муддате бишавад, байни таърихи бани Исроил ва ҳиҷраташон аз Миср то замони Исо ибни Марям аст, мо дар ин таъвил созовортар хоҳем буд, зеро муддатеро, ки миёни гурӯҳи яҳудон ҳазор сол аст. Ва Исо бини Марям дар соли сесаду чори искандарӣ мутавалид шуд ва худованд ҳам ӯро дар санаи сесаду сию шаш ба сӯи худ боло бурд. Пас шумораи солҳои ин муддат якҳазору сесаду сию панҷ сол ҳоҳад шуд.
Ва ин муддатбаҳои шариати Мусо бини Имрон аст, то замоне, ки Исо онро такмил кард.
Берунӣ роҷеъба пайдоиши башар сухан ронда, таъкид мекунад, ки “пайравони ин таърих аз аҳли китоб, яъне яҳудон, насоро ва маҷус гурӯҳи мухталифи онҳо дар кайияти ин таърих ба андозае бо якдигар ихтилоф доранд, ки назар ин ихтилоф дида нашуда.
Берунӣ аз усули муқоисавӣ ва тадбиқии бештари масъалаҳо баҳра гирифта, кӯшидааст бар асоси омӯзиши тадбиқи баёни васеътар ва аниқтари масъалаҳо ва воқеаву ҳодисаҳои ҷомеа даст ёбад.
Масалан, дар бахше аз китоби худ доир ба ихтилофи эрониён ва румиён дар хусуси “таърихи Искандар” сухан ронда, аз усули муқоисавӣ ва тадбиқи ҳамаҷониба истифода менамояд.
Аз як тараф агар Берунӣ ба сифати як мардумшинос дар паи муқоиса байни амдигарии унсурҳои фарҳанги ҷомеа аз қабили издивоҷ, одоб, имону бовариҳо, илм ва масъалаҳои фикрӣ даст зада, бармеояд “Осор-ул-боқия”- ҳамчун муаррих ва ҷомеашинос ба муқоисаи падидаҳои иҷтимоӣ ва робитаи онҳо бо таърих дар бастҳои гуногун иқдом намудааст. Берунӣ дар масъалаҳои муқоисаи падидаҳои иҷтимоии даврони худ камтар таваҷҷуҳ кардааст, вале ин падидаҳоро дар раванди таърих ва шароиту сохтори онҳо инчунин ва фарҳангу анъанаҳои халҳои гуногун (форс, рум. яҳуд ва ғайра)-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Аз ин рӯ, метавон андешаи Беруниро бештар бо ақидаҳои намояндагони “мактаби коркардагони ҷадид” монанд донист, зеро андешаҳои вай берун аз илмҳои давронаш ва берун аз табақабандии онҳо мебоашд. Ин илми дигарест, ки унвони онро метавон “мардумшиносӣ” ниҳод, чун ки дар маҳдудаи ҷуғрофии як миллат ва халқу қавм маҳдуд нагашта, доир ба ҳар миллат сухан мегӯяд ва воқеияти зинадагии онҳоро муайян месозад.
Берунӣ дар фасле аз китоби худ таҳти унвони “Дар идҳое, ки дар моҳҳои аҳли Хорамз аст” чунин овардааст: “Аҳли Хоразм бо аҳли Суғд дар оғози солу моҳ ҳамроҳанд ва бо эрониён мухолифанд.
Ва иллати ин мухолифат амон аст, ки дар бораи аҳли суғд гуфтем. Ва русуми хоразмиён дар ин идҳо монанди расмҳои суғдиён аст. Ва аввали тобистон назди эшон аввали новсорҷӣ асту эшон дар он вақт идҳоест, ки пеш аз ислом муаззам медоштанд. Ва бар ин гумонанд, ки Худованди азиз эшонро амр намуда, ки ин идҳоро бузург доранд. Ва низ рӯзҳои дигареро, ки аз осори пешиниёни худ буд, бар ин рӯзҳо биафзуданд. Ва акнун аз бозмондагони махсуси Хоразм ҷуз муште, ки устуворӣ дар дини худ надоранду ба зоҳири дин ихтисор кардаанд ва аз маонию ҳақиқати дини зардуштӣ ғофиланд, касе дигар ёфт намешавад, ҳатто ин ки эшон идҳоро танҳо ба маърифати қадимаи онҳо истеъмол мекунанд. Ва ин аз мавозее, ки дар моҳҳо доранд, чашм пӯшидаанд”.
Умуман Берунӣ пеш аз он, ки таърихнигор бошад, вай ҳамчунон риёзидон ва ситорашинос низ буд. Аз ин рў, ғояҳои таърихӣ ва иҷтимоии ӯ ҳам бо таърихмайлон дорад, ҳам бо риёзиёт пайванд аст ва боз дар навбати худ дорои хусусияти хоси худ, яъне мардумшиносӣ мебошад. Берунӣ аз риёзиёт ва сифати забони баёни масъалаҳо баҳра гирифта, дар китоби “Таҳқиқи мол-ил-ҳинд” ва “Осор-ул-боқия” аз ҷадвал ва дигар формулаҳои риёзӣ барои васфи дақиқтари падидаҳои иҷтимоӣ баҳрабардорӣ кардааст. Барои мисол дар фасле аз асри худ боби “Адвору такуфот ва мелодии солҳои яҳудон ва мелодии моҳҳо ва кайфияту тариқаи кабисаи он дар солҳои яҳудон ва дигар солҳо” Берунӣ аз ададҳо, солҳои даври хурд, даври калон, соатҳо, дақиқаҳо, солҳои оддӣ иббур, рӯзҳои ҳафта аз формулаҳоӣва ҷадвалҳои мухталифи ҳосили тафаккури ҷӯяндаи ӯ ба ҳисоб мераванд, истифодаи фаровон бурдааст.
Аз сабаби он ки Берунӣ диққати махсуси худро ба ҳавзаи мардумшиносӣ ва забоншиносӣ маҳдуд кардаастмутолиоти иҷтимоии Берунӣ мавзуи аслии фарҳанг мебошад. Берунӣ бештар ба баёни фоида ва коркарди унсурҳои ҳар фарҳанг дар қолаби он пардохта, дар бахши одобу ахлоқ, масъалаҳои таърихӣ, анъана, суннаат ва ғайра дар қолаби фарҳанги Хоразм, Ҳинд, Ирон, Юнон, Яҳуд ва ғ. баҳс мекунад.
Ба ҳамин тариқ, таҳлили осори Абурайҳон Берунӣ, ба хусус китобҳои “Таҳқиқи мол-ил-ҳинд” ва “Осор-ул-боқия”-и ӯ бо сароҳат нишон медиҳанд, ки мутафаккир як файласуф, ҷомеашинос, таърихнигор ва забоншиносу ҷуғрофиядони оддӣ набуда, балки асосгузори илми ҷадиде бо номи “мардумшиносӣ” мебошад, ки ин илм қисмати зиёди паҳлуҳои зиндагии фарҳангии халқу миллатҳо ва қавмҳои мухталифро дар бар гирифтааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё