Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҒИЁСИДДИН ҶАМШЕДИ КОШОНӢ РИЁЗИДОНИ МАЪРУФИ

МАКТАБИ ИЛМИИ САМАРҚАНД

Исмоилов Ё.Ҳ. – н.и.т., дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Масъуд ибни Маҳмуд Кошонӣ табиб, риёзидон ва ситорашиноси форс-тоҷик соли 790 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1380-и Масеҳӣ дар Кошони Эрон ба дунё омада, 11 рамазони соли 832 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 22 июни соли 1429 Масеҳӣ дар Самарканд вафот кардааст. Дар навиштаҳои аврупоӣ “Кошонӣ” -ро аз вожаи арабишудаи “ал-Кошонӣ” гирифта, дар шакли “ал-Кошӣ” навиштаанд ва бар ҳамин асос дар навиштаҳои ғарбӣ «ал-Кошӣ» (al- Koshi) шинохта мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки риёзидони дигаре бо номи Коши дар таърихи риёзиёт маъруф аст, ки ӯ Огюстен Луи Коши (1789-1857)-и фаронсавӣ мебошад.

Бино бар маълумоти Абулқосими Қурбонӣ, Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ дар соли 824 аз зодгоҳаш Кошон равонаи Самарқанд шуда буд.. Кошон дар ҷанубии Теҳрон дар масофаи дусад километр, дар нимароҳи Теҳрон – Исфаҳон қарор дорад. Дар охири қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ, (охири асри 14 милодӣ) яъне дар солҳои таваллуд ва кӯдакии Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ ин шаҳр ҳамчун дигар шаҳрҳои Эрон таҳти тасаллути Темури ланг ва сипас писараш Шоҳрух қарор дошт. Дар ин даврон хотираи кушторҳо, вайрониҳо ва тирарӯзиҳои аҳди ҳамлаи муғул зинда шуд ва дар пайи он ҷунбишҳои кӯчак ва бузурги мaҳаллӣ ҳамчун ҳуруфия ва нуқтавия оғоз гардид. Темур аз як сӯй шаҳрҳои ободеро, ки фатҳ мекард, вайрон месохт ва аз сӯйи дигар мекӯшид то шаҳрҳои Осиёи Миёна, махсусан маркази қудрати худ - Самарқандро обод кунад. Бо ин сиёсат бисёре аз хунармандон ва донишмандони Байнаннаҳрайн, Осиёи сағир, Сурия, Эрон ва Ҳиндро асир кард ва ба Мовароуннаҳр бурд. Ҳамин тавр, иддаи зиёде аз донишмандон ва санъатгаронро дар пойтахти худ – Самарқанд гирд овард. Дар давраи ӯ Самарқанд равнақи бисёр ёфт.

Пас аз Темур, писараш Шоҳрух идораи Самарқанд ва тамоми Мовароуннаҳрро ба писари худ Улуғбек (набераи) Темур) супурд ва худ дар Ҳирот ҳукумат мекард. Улуғбек, ки зери назари Сарой Хотун – ҳамсари Темур аз тарбияти хубе бархӯрдор буд, чиҳил сол бар ин сарзамин фармонфармоӣ дошт. Модараш Гавҳаршод ба сохтани биноҳои бошукӯҳ шавқманд буд ва ба ҳамроҳи шавҳари худ Шоҳрух дар тармими харобаҳои Темур кӯшид ва чандин мадраса ва масҷидро обод кард, ки аз ҷумла, масҷиди Гавҳаршоди Машҳад низ сохтаи онҳо буд. Бародари Улуғбек, Бойсунқур дар китоби дӯстӣ ва ташвиқу132 ҳимояти аҳли илму ҳунар шӯҳрате фавқуллода ёфт. Дар чунин муҳити хонаводагии мусоиде, Улуғбек низ бо шавқ ба ободонӣ ва тарвиҷи илму таҳқиқ парварда шуд. Ӯ ҳам ба монанди бобояш Темури ланг сиёсати тақвият ва такомули Самарқандро бо шеваҳои мусолиматомезтар дар пеш гирифт. Маҳз бо дастгириву сарпарастии молии ӯ дар Самарқанд мактаби илмие бунёд карда шуд, ки дар таърихи илм бо номҳои “Мактаби илмии Самарқанд” ва ё “Мактаби илмии Улуғбек” сабт шудааст. Дар “Мактаби илмии Самарқанд” донишмандони зиёде аз Хуросону Мовароуннаҳр ва ҳатто Руму Ҳинд фаъолият мекарданд, ки маъруфтаринҳояшон Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ, Қозизодаи Румӣ, Алӣ Қушчии Самарқандӣ, Муиниддин Кошонӣ ва Ҷалолуддин Устурлобӣ буданд. Улуғбек ҳамчун пуштибони дониш ва ҳунар гоҳ-гоҳе ба фаъолиятҳои нуҷумии донишмандони замонааш ширкат меварзид.

Улуғбек пас аз сохтани мадрасаи Самарқанд яке аз донишмандони барҷаста ба номи Муҳаммад Хофиро мударриси он мадраса кард. Ин шахс зоҳири жӯлида ва фақиронае дошт, вале Улуғбек вақте аз ӯ суолоте кард ва ба мизони дониши вай пай бурд, ӯро ба гармобаи дарбор фиристод ва ҷомаҳои фохир пӯшонид ва дар рӯзи ифтитоҳи мадраса ҳамроҳи навад тан аз донишмандони Самарқанд бар сари дарси ӯ ҳозир шуд.

Муаллифи «Зубдат-ут-таворих» - Ҳофизи Абрӯ оғози мадрасаро соли 823 ҳиҷрӣ ва Абулқосими Қурбонӣ соли 824 аз тарафи Улуғбек бо дасти устоҳои Шероз, Кошон ва дигар мамолик (манотиқи Мовароуннаҳр – И.Ё.) дар самти шимолу шарқии шаҳри Самарқанд, бар фарози теппае бо номи “Кӯҳак” ки имрӯз «Чӯпонота» ва бино бар нишондоди Баҳром Шермуҳаммадиён «Чӯпонато» ва наздикии рӯдхонаи “оби раҳмат” воқеъ аст, бино шудааст.

Улуғбек барои тарроҳӣ ва сохти расадхона ва баҳрабардорӣ аз он гурӯҳе аз донишмандони машҳур аз ҷумла Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ, Салоҳиддин Мӯсо ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд Қозизодаи Румӣ (1360-1437), Алоуддини Алӣ ибни Муҳаммади Кӯшчии Самарқандӣ (ваф. 1474), Муиниддин Кошонӣ ва дигаронро ба Самарканд даъват кард. Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ, ки қабл аз сафараш ба Самарқанд “Батлимуси сонӣ” лақаб гирифта буд, пеш аз рафтан ба Самарқанд осоре дар нуҷум таълиф карда ва шахсан ба расад мепардохта дар нусхаи ноқисе аз як зиҷи худ, ки дар китобхонаи «Остони қудси разавӣ» мавҷуд аст ва марҳум Таботабоӣ онро зиҷи тасҳилот дониста, ва ба гумони муаррихи илм ва шарқшиноси маъруф профессор Эдвард Стюарт Кеннеди (1912-2009) қисмате аз зиҷи ҳоқонӣ аз ӯст, мегӯяд: Кошонӣ пас аз рафтан ба Самарқанд дар эҷоди расадхона ва тадвини зиҷ нақши асосӣ дошт.

Бинои расадхонаи Самарқанд дар соли 825 (ё 827) ба поён расид. Кошонӣ 5 то 7 сол пас аз шурӯъи кори расад, яъне то замони маргаш дар соли 832 дар он ширкат дошт. Зиҷи Улуғбек 9 сол пас аз марги Кошонӣ, яъне дар соли 841 омода шуд. Улуғбек дар муқаддимаи ин зич аз ҳамкорон ва дастёрони хеш ёд карда ва бо ситоиш ва эҳтиром аз Кошонӣ ном бурдааст..

Ойдин Соййилӣ дар китоби “Расадхона дар ислом” -и худ мегӯяд, ки расадхонаи Самарқанд дар нахустин расадхонаҳои Аврупо таъсир доштааст.

Аз корҳои муҳими Кошонӣ ихтироъи касрҳои даҳӣ аст, ки солҳои баъд аврупоиён зоҳиран мустақил аз ӯ онро ихтироъ карданд.

Вай ду қарн пеш аз Кеплер дар илҳоқҳои аввал ва дуюми нузҳат-ул- ҳадоиқ мадори Моҳ ва Уторидро байзӣ (эллипсшакл – Ё.И.) донистааст.

Бино бар маълумоти андӯхтаи тарҷумон ва шореҳи рисолаи “Мифтоҳ-ул-ҳисоб”-и Кошонӣ ба забони русӣ донишманди маъруфи шӯравӣ, риёзидон, муаррихи илм ва шарқшиноси шинохта Борис Абрамович Розенфелд (1917-2008), Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ бузургтарин риёзидон ва ситорашиносӣ садаи понздаҳуми милодӣ буд ва офаридаҳои ӯро дар баъзе аз заминаҳо бояд намунае аз ҳадди камоли дониш дар садаҳои миёна донист. Равишҳои олӣ, ки Кошонӣ дар мусоҳибаҳои худ ба кор мебурд ва техникаи устодонае, ки дар баровардҳо ва арзёбиҳои ӯ дида мешуд, таваҷҷӯҳи хоси донишмандони замони моро ба худ ҷалб кардааст.

Пажӯҳишгари олмонӣ Пул Локки менависад: «Ӯро риёзидоне шинохтаам ҳушманд ва мухтареъ ва наққод ва соҳибафкори амиқ ва воқиф бар осори риёзидонони пешин, ки ба хусус дар фанни муҳосиба ва ба кор бастани равишҳои тақрибии муттабаҳр ва чирадаст будааст».. Профессор Кеннедӣ таърихнигори барҷастаи риёзиёт ва нуҷум низ ӯро муҳосибе забардаст мешуморад, ки дар ин фан маҳорати фавқуллода дошт.

Ҳар ҷо ки номи Кошонӣ ба миён ояд аз пешиниёни ӯ Улуғбек ки амири додгар ва донишдӯст ва ҳунарпарвар буд низ ба эҳтиром ёд мешавад. Аммо замона подоши ӯро ба некӣ надод. Абдулатиф писари Улуғбек ҳукумати Балхро, ки падар ба ӯ дода буд лоиқи шаъни худ надонист ва бар ӯ шӯрид ва дар соли 853 бар ӯ даст ёфт ва амр дод ӯро куштанд. Пас аз марги Улуғбек расадхона ҳам аз фаъолият бозмонд ва Алии Қушчӣ ягона шогирд ва дастёри вай Самарқандро тарк кард ва дар Истамбул паноҳ ёфт ва соли 879 дар ҳамон ҷо даргузашт. Бояд гуфт, ки оқибати кори Кошонӣ ҳам фоҷиабор анҷом ёфт.

Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ дар субҳи рӯзи чаҳоршанбе нуздаҳуми рамазони 832 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 10 тири 808 ҳиҷрии шамсӣ ва 22 июни 1429 милодӣ дар маҳалли расадхонаи Самарқанд, ки худ тарроҳ ва сарпарасти он буд, дар синни 49-солагиаш кушта шуд.

Хулоса, Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ бузургтарин риёзидон ва ситорашиносӣ садаи понздаҳуми милодӣ буда, осори гаронбаҳое, ки дар илми риёзӣ ва нуҷум таълиф кардаааст намунае аз ҳадди камоли дониш дар асрҳои миёна ба ҳисоб рафта, дар пешрафти илми муосир саҳми босазо гузошта, то тоҳ ҳол таваҷҷӯҳи хоси донишмандони замони моро низ ба худ ҷалб кардааст.

пешина
аз 35
навбатӣ