АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
АФКОРИ СИЁСИИ АБУБАКР ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ВА
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ОИД БА САРВАРӢ
Ҷонмуродов Шамшод Мирзоевич – н.и.т., муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Мудабиров Зафарҷон– омўзгори Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Падидаи сарварӣ яке аз падидаҳои муҳими ҷомеаи инсонӣ буда, тўли таърихи башар мутафаккирони зиёди тоҷику форс низ ба ин масъала таваҷҷўҳ зоҳир намуда, паҳлўҳои гуногуни онро муайян ва баррасӣ кардаанд.
Масалан, масъалаи сарварӣ дар осори Закариёи Розӣ низ мақоми махсуси худро дорад. Мутафаккир масъалаи номбурдаро бо масъалаи иқболу давлат тавсиф намуда, менависад, ки яке аз сабабҳои иқболу давлати ҳокимони гузашта бадбахтиҳои ба сари душманонашон омада, барҳам хўрдани зиддиятҳои мавҷуда ва аз байн рафтани низову мухолифатҳо мебошад. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки Розӣ назарияи вазъиятиро то дараҷае ҷонибдорӣ менамояд, яъне вазъияти муайяне ба иқболу давлати подшоҳон таъсир расонида метавонад.
Инчунин аломати дигари иқболу давлат ба ақидаи ў, ин «рафтори нафс ва мувофиқат кардани он ба тартибу риёсати муайяне мебошад, ки он бештар бо сифатҳои баландҳимматӣ, саховатмандӣ, далерӣ, фозилӣ ва устувору қавӣ гардидани дараҷаи камолот алоқаманд мебошад». Ин ақидаи мутафаккир аз он далолат мекунад, ки баробари вазъияти муайян хислатҳои наҷиб низ заруранд, ки метавонанд баҳри тақвияти нерўи касбӣ ва ба давлату иқбол расидани сарвар мусоидат намоянд.
Ҳамзамон беҳтарин омили ба давлат расидан «майлу ишқи раёсат доштан ва афзунии кўшиши шахс ба суи он то ба дараҷае, ки бе ноил гардидан ба вай зиндагӣ барояш маънии худро гум мекунад.
Вай ба ғайр аз ноил шудан ба он ба ягон амри дигаре аҳамияти ҷиддӣ надиҳад. Далели аввалини ноил гардидани шахс ба риёсат, пеш аз ҳама, ба ҳамаҷониба тайёр ва омода будани ў вобаста аст, зеро ки табиат ягон чиз ва ё қувваеро бе сабаб намеофарад ва он чиз ва ё қувва низ бесабаб ашёро тарк намекунад».
Кўшиши шахс баҳри ба даст овардани мавқеи сарварӣ ё худ аломати иқбол ва давлати З. Розӣ ба назарияи хислатҳо, ки асосгузори он Т. Карлейл эътироф гаштааст, қаробати зич дорад. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки агар назарияи хислатҳо дар ғарб дар асрҳои ХV ва ХIХ ба миён омада бошад, пас ин ақидаҳо дар Шарқ ҳанўз дар асри Х мавҷуд буданд.
З. Розӣ аз сарварон талаб менамояд, ки баҳри пойдории давлат шахс бояд дар амрҳои норавшану шубҳанок ва боҳалимию эҳтиёткорӣ наздик шавад. Ва чунин рафтори шахс ўро аз содир кардани саҳв муҳофизат намуда, барои дуруст дарк намудани ҳақиқати амрҳо роҳнамоӣ мекунад.
Ба сифати хислатҳои хоси сарвар З. Розӣ фазилат, росткорӣ, дақиқии ҳиссиёт ва зикру пешгўи карда тавонистани ҳодисоту воқеъотро мансуб медонад. Ба ақидаи ў, чунин шахс бояд ба воситаи қувваи илоҳӣ ба чунин амали поккорию рострафторӣ муваффақ мегардад. Ин гуна сифатҳо бар вай то даме вуҷуд дошта метавонад, ки агар он шахс поку фозилу сиёсатмадор бимонад.
Масъалаи дигаре, ки мутафаккир ба он аҳамияти ҷиддӣ додааст ин масъалаи муносибати сарвару пайравони ў мебошад. Ў менависад, ки «аломати дигари иқболу давлат вобаста ба майл кардани шахс ба рафиқон, ҳамроҳон ва ёрони мувофиқ буда, онҳо ҳамеша толиби салоҳияти корҳои якдигар ва дар ҳама гуна вазъият тақозои дўстии якдигарро дошта бошанд». Инчунин тобеону асҳобон дар ҳолатҳои рўйдоди ногуворӣ, ки он агарчанде аз зарурият ба вуҷуд омада бошад ҳам, ба ҳамдигар содиқ бимонанд.
Муносибати байни сарвару пайравонаш муносибати дуҷониба буда, сарвар низ бояд дар ҳолатҳои баландии мартабааш ҳам ҳамеша эҳсонкор, аз бадбинию бадандешию кинаварзӣ пок бошад, то ин, ки баъд аз мартаба рафтани ў ба нафрат гирифтор нашавад.
Ҳамчунин З. Розӣ ҷонибдори адлу инсоф дар ҷомеа буда, онро боиси устувории мулк ва дараҷаи шахси боиқболу бодавлат меҳисобад. З. Розӣ дар «Нақзи адён» ном асараш қайд кардааст:
«Худованд ҳамаи бандагони худро мусовӣ халқ карда ва ҳеҷ касро бар дигаре бартарӣ надодааст. Ва агар бигўем, ки барои раҳматнамоии онон ҳоҷат ба интихоботи касе дошт, ҳикмати болиғаи вай мебоист чунин иқтидо кунад, ки ононро ба монофеу мазореи онию отиашон огоҳ созад ва касеро аз миёни эшон бар дигарон бартарӣ надиҳад ва мояи ихтилофу низои онон нагардад. Ва интихоби имому пешво боиси он нашавад, ки ҳар фирқа аз пешвои худ пайравӣ ва дигаронро тақзиб кунад ва ба назари буғз бад-онон бингарад ва ҷамоате бар сари ин ихтилоф аз миён бибарад».
Иштироки фаъолонаи инсонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ шароити пешрафти ҷомеа медонад.
Ин андешаҳо пояи баланди маърифатию ахлоқӣ дошта, дар ташаккули афкори сиёсию иҷтимоии мардуми Шарқ таъсири ҷиддӣ расонидаанд.
Абурайҳони Берунӣ ҳодисаҳоро дар муқоиса қарор медод. Аз ин рў, дар асарҳои ў навъҳои мухталифи идораи сиёсиро дучор омадан мумкин аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ў пайрави подшоҳи одилу оқил аст. Вай дар «Ҷамоҳир фи маърифати ҷавоҳир» ном асараш перомуни шакли демократии ҳокимият менависад, ки дар яке аз давлатҳои Мағриб вуҷуд дошт. Дар бораи яке аз шаҳрҳои Мағриби дур ҳикоят мекунад, ки дар он ҳокимият байни аъёну заминдорон аз дасте ба дасте интиқол меёбад. Чун навбат ба ҳар фарде, ки мерасид, муддати се моҳ ҳоким мешуд. Чун муддати ҳокимият анҷом мепазируфт аз ҳокимият даст мекашид ва ба ҳайси сипос закот ҳам медод. Ў ба хона баргашта, аз оне ки гўё аз боре халос шуда бошад, хўшӣ мекард.
Берунӣ тамоми ақидаҳои файласуфони собиқро такмил додааст. Дар асарҳояш на танҳо оид ба подшоҳи одил, балки оид ба вазифаҳои он низ изҳори андеша намудааст. Ба ақидаи ў тақдири халқу кишварро ба ҳар кас ҳавола кардан нашояд. Аз ин рў, вақти интихоби сарвар ба назар гирифтани шартҳои зерин ҳатмӣ аст: қабл аз ҳама ба ҳокимият истеъдоду қобилияти табии доштан; ҳамчунин ба фикру мулоҳизаҳои уқалою фузало гўш кардан ва онҳоро дар умури давлатию кишвардорӣ мавриди истифода қарор додан.
Ба ақидаи Берунӣ ҳоким ё подшоҳ вазифадор аст, то ғами онҳоро ҳамеша дар сар дошта бошад, ки шудгор ё кишти заминро пешаи худ қарор додаанд. Яъне подшоҳ бояд фикри деҳқононро ҳам дар сар дошта бошад.
Берунӣ қайд менамояд, ки вазифаи асосии ҳоким барқарории адолат байни табақаҳои болоию поёнӣ ва барқарор намудани баробарист.
Ҳамин тариқ, омўзиш таҳлил ва таҳқиқи ақидаҳои олимони мазкур оид ба сарварӣ ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ ба мо имкон медиҳад, то хусусиятҳои хосро дар марҳилаҳои гуногун баррасӣ намуда, моҳияти онро ҳамчун ниҳоди танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ боз ҳам амиқтару дақиқтар дарк намоем.
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ВА ХОНАДОНИ ОЛИ ЗИЁР
Давлатшоҳ Маҳмудов, Толиб Наҷмуддинов - омӯзгорони факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Ба гумони ғолиб нуру саодати зиндагӣ дар рӯзгори инсонҳо ҳамеша ба туфайли афроди хирадпешаю равшанзамир таҷаллӣ намудаю муҳаббату самимиятро пойбарҷо нигоҳ медорад. Ҳоло, агар бияндешем, ки дар рӯзгорамон чунин касон намешуданд дақиқ аст, ки кудурату бадсиголӣ думболгирӣ роҳи зиндагӣ шудаю иззати инсонҳо ва эҳтироми муҳит маҳв мешуд.
Дар масири таърихи ҷаҳонӣ яке аз халқҳое, ки бо фарзандони номовари хеш дар ин ҷода нақши хело бориз гузоштааст ин бешак тоҷиконанд. Зикри номи фарзандоне аз ин тамаддун ба монанди Зардушт, Куруш, Борбад, Имомои Аъзам, Имом Бухорӣ, З. Розӣ, Ҷобир ибни Хайён, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҳаким Майсарӣ, Табарӣ, Балъамӣ, Форобӣ, Носири Хисрав, Саъдӣ, Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, К. Беҳзод, Восифӣ, А. Дониш, С. Айнӣ, Б. Ғафуров ва садҳо нафарони дигар, намунаи олии ин гуфтаҳо мебошад. Эшон, ба ҷуз қалам ва сухан дар майдони инсонгароию давлатсозӣ силоҳе надоштанд. Танҳо, бо сеҳри сухани сабз хирадро доман мегустурданду инсониятро ба раҳоию сарфарозӣ, ҳидоят намудаанд. Яке аз нобиғанони ин майдон мутаффакири ҷаҳонӣ, ки зодаю парвардаи меҳану фарҳанги ориёӣ буд, Абурайҳони Берунӣ ба шумор меравад.
Гузашти рӯзгор борҳо собит намудааст, ки дар ташаккули чеҳраҳои намоёни илму ирфон вазъи сиёсии замон бешак таъсиргузор аст. Моҷароҳои пайвастае, ки дар минтақа рух медоданд борҳо сабаби ба мусофират рӯ овардани бузургон гашта, ҳамзамон боиси дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҳаёти маънавии вақт мешуданд.
Табиист, ки дар зиндагӣ ва кору эҷоди қаҳрамони матлаби мо Абурайҳони Берунӣ ин ҳолат ҳамеша нақшгузор будааст.
Аз ин ҷост, ки муҳити маърифатии шаҳри Коти Хоразм – зодгоҳи Абурайҳони Берунӣ дар баробари дигар омилҳо дар ташаккули шахсияти Берунӣ нақши калон гузошт. Дар шаҳри Кот, ки дар адабиёти таърихӣ, бо номҳои Кос, Кад, Кат, Кож (харобаҳояш имрӯз дар масоҳати 44 га бо номи «Шайх Аббоси Алӣ» дар соҳили рости дарёи Аму, дар ҳудуди Ӯзбекистон, ҷойгир аст) низ ёд мешавад, олимони зиёде ҷамъ омадаю зиндагӣ мекарданд. Аз ин рӯ, Берунӣ пеш аз ҳама донишҳои ибтидоиро доир ба нуҷуму риёзиёт, тиб, география, адаб, забон, таърих дар ҳамин муҳит гирифта буд.
Дар ин росто, устодаш Абӯнасри Мансури Ироқ (шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ, 940 – 998), ки фарзанди шоҳзодаи Хоразм буд, (ба қавли дигар бародари шоҳзода) барояш кӯмакҳои зиёд намудааст. Берунӣ, ки хело барвақт аз волидайни хеш маҳрум монда буд хидматҳои Абӯмансурро ба некӣ ёд кардааст. Бинобар навиштаи берунишиноси намоёни тоҷик Суннатулло Ҷонбобоев, ин донишманди чирадасти тоҷик ҳанӯз дар синни 17 солагӣ мустақилона мушоҳидаҳои илмӣ мегузаронид. Вобаста ба ин, донишманди амрикоӣ Фредерик Старр хело ҷарфтар, чунин менигорад: «Дар синни шонздаҳсолагӣ Берунӣ асари вазири сомонӣ Ҷайҳонӣ – Ҷуғрофияро мутолиа карда мустақилона арзи хонаашон дар Катро, бо истифода аз нуқтаи баландтарини офтоб, муайян кард.
Ӯ ҳамчунин як нақшаи густохонаи сохтани глобус, ки хусусиятҳои табииро инъикос мекарда бошад, таҳия карда буд». Ба навиштаи Старр, дар ҳамон айёми ҷавонӣ инчунин дастгоҳе монанд ба дурбинро сохта будааст, ки баъдан дар асри XVII, бо илова кардани линзаҳо ба ихтирои телескоп оварда мерасонад. Берунӣ дар баробари ин дастгоҳи ҳаштдандонаеро барои ҳисоб кардани тақвимҳои шамсӣ ва қамарӣ ихтироъ карда будааст.
Дар маҷмуъ ба ин ҳад расидани сатҳи хираду фаҳмиши як ҷавони тахминан 17 – 20 сола, агарчӣ аз як тараф хислати фитрию модарзодӣ бошад аз тарафи дигар, тавре ишора намудем таъсири муҳити илмию адабии зодгоҳ буд. Ин ҳолат дер давом накард.
Хоразми бузург боз ба майдони ҷангу низоъ табдил шуд.
Аз маъхазҳои таърихӣ барои мо маълум аст, ки сарзамини Хоразм дар қатори Суғду Бохтар яке аз вилоятҳои таърихии гузаштагони тоҷикон – ориёиҳо мебошад. Муътамадтарин сарчашмае, ки ин иддаоро тақвият мебахшад «Авесто» ба шумор меравад. Дар қисми йаштҳо (Меҳр йашт) кардаи 4-и ин асар номи Хоразм чун ватани ориёиҳо зикр шудааст.
Аслан, Хоразм то замони ҳуҷуми араб як мулки воҳид буд. Пас аз забти Хоразм аз тарафи арабҳо дар соли 711 ин сарзамин ба ду воҳиди ҷудогона тақсим мешавад: Хоразми Шарқӣ бо марказаш Кот ва Хоразми Ғарбӣ бо марказаш Гурганҷ. Дар Хоразми Шарқӣ, ки зодгоҳи Берунӣ мебошад аз соли 305 сулолаи Офриғиён то соли 995 ҳукмронӣ намудаанд. Аз рӯи навиштаи худи Берунӣ ин сулола аз дудмони қадимаи ориёиҳои Бохтар – Каёниҳо будаанд.
Дар дарозои таърих Хоразм бештари вақи мустақилияти худро нигоҳ доштааст. Ҳатто дар замони Сомониён чун ду мулки ниммустақил вуҷуд дошт.
Соли 995 (ё 996) дар байни ҳокимони Хоразми шарқию ғарбӣ барои расидан ба ҳокимияти асосӣ муноқиша рӯй медиҳад. Ба гумони ғолиб, ин ҳолат аз заифшавии давлати Сомониён ва нуфуз пайдо кардани қабилаҳои турктабори қарахонию ғазнавӣ бояд рух дода бошад. Ба ибоари дигар, заифшавии ҳокимияти марказӣ дар давлати Сомониён сабаби пайдо гардидани ҳаргуна ҳаракатҳои қудратталаб гардид. Дар натиҷа ҳокими вилояти ғарбӣ – Маъмун ибни Муҳаммад ғолиб омада, ҳар ду вилояти Хоразмро муттаҳид мекунад.
Ин муноқишаҳои дохилии хоразмиёнро, ки донишманди амрикои Ф. Старр «ҷанги шаҳрвандӣ» номидааст, воқеан ба рӯзгори мардуми осоишта харобии зиёде ба бор овард. Дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ Абурайҳон Берунӣ Хоразмро тарк карда, ба мусофират рӯ меорад. Тавре худи Берунӣ менависад: «дар байни мардуми мӯътабари Хоразм низоъ афтод ва маро, ин корҳои худро ба як сӯ монда, ба пинҳон шудан ва баъд ба ҷустани паноҳгоҳи дигаре, дур аз ватан, дар ғурбат водор кард».
Соли 995 Берунӣ ба шаҳри Рай меравад ва он ҷо то соли 997 қарор мегирад. Чанде пеш аз ин Райро намояндаи хонадони Бувайҳиён – Баҳоуддавла (989 – 1012) ба зери тасарруфи худ дароварда буд. Дар Рай бо чанде аз олимон замон, аз ҷумла Абумаҳмуди Хуҷандӣ (940 – 1000) шинос мешавад ва аз осори илмии ӯ бархурдор мегардад. Дар баробари ин, ӯ ба мутолиаи асарҳои мутафаккири бузурги тоҷик Абубакри Розӣ пардохта, аз рӯи ҳусни таваҷҷуҳ ба навиштаи Розӣ, рӯйхати осори ӯро тартиб дод.
Агарчанде, дар Рай Берунӣ хело дарёфтҳои илмӣ дошт, аммо аз лиҳози моддӣ чандон зиндагии хубе надоштааст. Ҳаминро ба назар гирифта яке аз берунишиносони маъруфи шуравӣ П. Г. Булгаков менависад, ки Берунӣ пас аз гузашти ду соли пурмашаққат дар Рай, соли 997 ба ватанаш Кот бармегардад.
Ин замоне буд, ки дар Хоразм дигаргуниҳои сиёсӣ ба назар мерасид. Ҳукмрони нави Хоразм Маъмун ибни Муҳаммад (995 – 997) он замон марказро аз Кот ба Гурганҷ кӯчонида буд. Мансури Ироқ низ бо ҳукумати нав созиш карда, дар Гурганҷ мезист. Аз ин рӯ, Берунӣ ҳам он кӯчид. Дар Гурганҷ бо ташаббуси ҳокимони фарҳангпешаи сулолаи Маъмуниён муҳити хело тозаи илмӣ ва адабӣ ба вуҷуд омада буд. Аз ин сабаб, Берунӣ тавонист, ки бо истифода аз ин муҳит мукотибаҳои илмии хешро бо оилимони забардасти Шарқ ба роҳ монад. Дар ин миён, мулоқоту ҳамкориҳои илмии ӯ бо Ибни Сино хело ҷолиб аст. Аммо, мо мебинем, ки Берунӣ ин ҷо дуру дароз намемонад. Аллакай, тибқи нишондоди сарчашмаҳои таърихӣ охирҳои соли 997 вай боз рӯ ба мусофират меорад. Сабаби боз тарки ватан кардани Беруниро олими амрикоӣ Ф. Старр чунин баён медорад: «... дар Гурганҷ барои Берунӣ коре набуд, аз ин рӯ, ӯ бори дигар Хоразмро тарк карда, ба шаҳри Гургони соҳили баҳри Каспий омад ва дар он ҷо панҷ солро дар дарбори ҳокими маҳаллӣ – Қобус сипарӣ кард».
Ҳамин тавр, тангдастиҳои рӯзгор сабаби он шуданд, ки Берунӣ бори дигар ба сафар барояд. Аммо то омадан ба Гурон Берунӣ чанд муддат дар дарбори Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ (976 – 997) паи хидмат мешавад, вале баъдан бо сабабҳои номаълум ӯ аз Бухоро берун меравад. Баъдан муддате дар Табаристон ба хидмати Марзбон ибни Рустам – муаллифи «Марзбоннома» камар баста, яке аз нахустин китоҳои илмии худ «Мақолид-ул-илми-л-ҳайат»-ро, ки бузургтарин асар дар боби мусалласоти куравист, ба номи ӯ тасниф менамояд.
Дар Табаристон низ Берунӣ зиёд наистода ба Гургон меояд. Дар ин вақт Гургон зери ҳукмронии сулолаи Зиёриёни ориёнажод буд. Намояндагони ин сулола ба фарҳангу илм таваҷҷуҳи беандоза доштанд ва ба суннатҳои қадимаи ориёӣ содиқ буданд. Аз ин рӯ, Берунӣ дар ин муҳит наздики 6 сол зиндагӣ ва эҷод кард. Барои ошноии бештар пайдо намудан ба мавзуъ лозим медонем инҷо ба таври мухтасар ба таъсис ва давлатдории Зиёриҳо руҷуъ намоем.
Бояд қайд намуд, ки сулолаи Зиёриҳо аз соли 928 дар зери роҳбарии асосгузори сулола Мардовиҷ бинни Зиёри Дайламӣ, ки аслан зодагони шаҳри Гелони Дайлам мебошанд дар натиҷаи як қиём алайҳи ҳокимони маҳаллӣ қудрати сиёсиро дар ин ҷо ба даст гирифтанд. Бо ҳамин ба таъсиси давлати Зиёриён асос гузошта шуд. Мардовиҷ муддати ҳукмрониаш, ки ба солҳои 928 – 935 рост меояд, тавонист қаламрави Рай, Ҳамадон, Гургон, Исфаҳон, Қум, Диновар, Котонро ба давлати хеш ҳамроҳ кунад. Мардовиҷ пас аз музаффариятҳои калон нияти ҳуҷум ба шаҳри Бағдод – пойтахти хилофати Аббосиёнро дошт, аммо соли 935 аз тарафи ғуломи турки хеш кушта шуд. Мардовиҷ яке аз содиқтарин шоҳоне буд, ки ба анъанаҳои қадимаи Эрон таваҷҷуҳ дошт. Оинҳои давлатдории шоҳони Эрон аз ҷумла, Сосониёнро дар давлати худ зинда карда ҷашнҳои қадима ба монанди Сада бо шукӯҳ аз нав эҳё шуданд.
Шояд сабаби қатлаш низ ҳамин буд, ки барои таассубгароёни замон писанд набуд. Аз ин сабаб, Берунӣ бо эҳтиром ӯро «амири шаҳид» номидааст. Баъди вафоти ӯ ҳокимият ба дасти бародараш Вашмгир ибни Зиёр (935 – 968) мегузарад. Дар замони роҳбарии ӯ муносибатҳо бо давлати Сомониёну Бувайҳиён сард шуда ҳукмронии Зиёриён дар Райю Гургон аз даст меравад ва дар ихтиёри ӯ танҳо Табаристон боқӣ мемонад. Давоми солҳои 968 – 977 ҳокимият ба дасти писари Вашмгир – Беҳсутун мегузарад. Давраи ҳукмронии ӯ бештар бо ихтилофҳои дохилӣ сипарӣ мешавад. Дар ибтидо, бо бародари донишманди худ Қобус дар низоъ буд, ки ҳамаи ин ба буҳронӣ шудани вазъи дохилии давлат оварда расонид. Аз бесарусомониҳои дохили истифода карда баъзе қувваҳои марказгурез сар бардошта пояҳои ваҳдати дохилиро заиф гардониданд.
Пас аз вафоти ӯ бародараш Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вашмгир (977 – 1013) ҳокимятро ба даст гирифта. кӯшишҳо барои аз байн бурдани чунин авзоъи буҳронӣ намудааст. Бинобар навиштаи муаррихи асри миёнагӣ Ибни Асир ӯ баробари сари қудрат омадан ҳокимияти худро дар Гургону Табаристон барқарор намуд.
Аммо, баъдан бо сабаби он, ки Қобус ба Фахруддавла (аз сулолаи Бувайҳиён), ки аз ҷабри бародари хеш Азизуддавла фирорӣ шуда буд, паноҳгоҳ дода онро нахост ба бародар таслим шавад, мавриди ҳуҷуми лашкари ӯ гардид. Сарлашкар яке аз бародарони дигари Азизуддавла – Муаййиддудавла, соли 981 Қобусро дар Астаробод шикаст дода Гургону Табаристонро истило намуд. Қобус ба давлати Сомониён паноҳ бурд. Соли 998 Қобус дубора ҳокимиятро ба даст оварда, тамоми нафарони хиёнатпешаро ҷазо дод. Пас аз кашмакашиҳои сиёсӣ дар зери сиёсати Қобус давлати Зиёриён то ҷое таҳким ёфт. Азбаски Қобус марди хирадпеша буд некии Сосониёнро чун ҳамзабону ҳамфарҳанги худ фаромӯш накард ва дар лаҳзаҳои вопасин рӯзҳои мавҷудияти Сомониён ба амир Мунтасир, бинобар нақли Мирхонд, кӯмакҳо намудааст то, ки зидди туркҳои ғазнавӣ муқовимат намояд. Давлати Зиёриён инчунин, дар замони ҳукмронии Қобус ба макони рушди илму адабиёт табдил ёфт. Зеро Қобус тавре, ки зикр шуд, худ як нафар донишманди замон буда дар баробари ҳомии аҳли илму адаб буданаш, табъи баланди шоирӣ ҳам дошт ва ҳамчун олими ҷомеашинос ва хаттоти беҳамто маъруф гардида буд. Ӯ агарчӣ ба ҳуҷуми арабҳо назари манфӣ дошт, аммо забони арабиро мисли забони модариаш порсии дарӣ хело хуб балад будааст. Дар аҳди ӯ мисли замони бобояш, суннатҳои қадимаи ориёӣ аз нав боз эҳё шуда, ҳамзамон ба фарҳанги исломӣ низ арҷ гузошта мешуд. Чанде аз китобхона ва ҳавзаҳои илмию адабӣ қувват гирифтанд. Дар баробари кори идораи давлат ҳамзамон роҳбарии ҳавзаи илмию адабии Гургонро ба ӯҳда дошт. Чунин сиёсат буд, ки як зумра олимони намоён, бо шумули Абурайҳони Берунӣ дар зери паноҳи ӯ муддате осоиш пайдо намуда ба корҳои тадқиқию эҷодии хеш машғул шуданд.
Қобус худро аз насли Анушервони Одил – шоҳаншоҳи Сосониён дониста ба усули идораю тарзи давлатдории ӯ аслан тақлид менамуд. Берунӣ низ аз шаҷараи Анушервон будани Қобусро дар «Осор – ул – боқия» зикр намудааст. Доир ба хирадпешагию фозилии Қобус, Мирхонд чунин менависад: «Шамсулмаъолӣ (Қобус дар назар аст) подшоҳе фозилу кариммунафс ва ҳунарпарвар буд… Ӯ муддати ҳаждаҳ сол дар Хуросон бимонд ва бар масоиби ҳаводиси рӯзгор сабр кард ва дар ин муддат аз улуви Хуросон намонд, ки аз эҳсони ӯ баҳра нагирифта бошад». Муҳаммад Авфии Бухороӣ бошад фазли Қобусро ба «дарёи эҳсон» ташбеҳ медиҳад. Ба қалами ин шоҳи маърифатпеша чанд асаре ҳам тааллуқ дорад. Маҷмӯи номаҳо ва ашъори форсию арабӣ ӯ бо номи «Камол-ул-балоға» маъруф аст ва дар аҳди ӯ чун дастур мавриди истифода қарор доштааст. Порчаҳо аз ин маҷмӯаро Авфии Бухороӣ дар асари худ «Лубоб – ул – албоб» ҷой додааст. Инчунин, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ва эҷодкардаи ӯ бо номи «Ал-Фарида фи-л-амсол ва-л-адаб» ва маҷмӯи номаҳояш зери унвони «Рисола фи-л-ифтихор ва-л-итоб» дар доираҳои адабӣ маълум буданд.
Бо овардани маълумотҳои дар боло зикршуда воқеан собит мешавад, ки фазои давлати Зиёриён дар аҳди Қобуси Вашмгир чун як фазои адабпарвар ташаккул ёфтааст. Табиист, ки дар атрофи чунин сиёсатмадорон аҳли илму фазл ҷамъ меоянд. Тавре ишора шуд, дар муҳити илмию адабии Гургон фозилону хирадмандони замон дар ин давра иртибот пайдо намуда буданд. Сабаби асосие, ки Берунӣ дар Гурон зиёд наистода ба Гургон омад дар асл ҳамин сиёсати фарҳангпарваронаи Қобус будааст. Аслан Беруниро соли 998 Қобус баробари дубора ба сари ҳокимият омаданаш ба Гургон даъват намудааст. Берунӣ, ки аз донишмандии ӯ огоҳӣ дошт ин даъватро пазируфт ва он ҷо то соли 1004 мемонад. Дар баробари Абурайҳон Берунӣ, инчунин шоирони намоён Абубакр Муҳаммад ибни Алии Хусравии Сарахсӣ, Абулқосими Ҷурҷонӣ, ҳакими машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино, муаррих Абӯнасри Утбӣ ва чанде дигарон, бо доираи илмию адабии Гургон дар робита буданд.
Азбаски муҳити фароҳам омада барои тадқиқу эҷод муосид буд бештари адибону олимони дар Гургон ҷамъомада тавонистанд ба беҳтарин дастовардҳои илмию зеҳнии худ соҳиб шаванд. Масалан, Ибни Сино ба номи Қобус ва духтари ӯ Зарингис рисолаҳо иншо кардааст. Инчунин, ба навиштани қисми аввали бузургтарин асари худ «Ал-қонун фи-тиб» дар ҳамин муҳит оғоз бахшидааст.
Гузушта аз ин, бояд қайд намуд, ки Қобуси Вашмгир аз лиҳози молӣ низ бархе аз олимону адибонро дастгирӣ менамуд. Махсусан, Берунӣ ва Ибни Сино аз чунин кӯмакҳои ӯ чанд маротиба бархӯрдор шудаанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон менависанд: «Абӯалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ муддате дар ҳалқаи дарбориёни Қобус қарор дошта, аз ӯ ҳимояту меҳрубонии зиёд дидаанд».
Нишонаи эҳтироми зиёди Берунӣ ба Қобус буд, ки бузургтарин асари худ «Осор – ул – боқия»-ро ба номи ӯ бахшид. Ин асарро Берунӣ давоми солҳои 999 – 1000 дар Гургон бо забони арабӣ ва бо номи пурраи «ал-Осор – ул – боқия ан ал – қурун – ил – ҳолия» (осори боқимондаи қарнҳои гузашта дар замони ҳозира) таълиф намудааст. Тавре, ки маълум аст ин асар бештар дар бораи таърих, солшумориҳо, ҷашну оинҳои мардумони гуногун, баъзе аз ҷараёну шахсиятҳои алоҳида, асрори илми нуҷум ва монади инҳо, маълумот медиҳад. Дар нашри «Осор – ул – боқия» Берунӣ аз тарафи Қобус дастгирии зиёд дидааст. Инро худи Берунӣ эътироф карда, чунин менависад: «Марди фарҳангие, бо чанд саволе, ба монандӣ тарзи истифодаи солшумориҳои гуногун, фарқияту ибтидои пайдоиши онҳо, моҳҳо, ҷашну идҳо ва таҷлили онҳо барои навиштани ин асар водор намуд.... Ман ҳамон замон дарк кардам, ки дастрасӣ ба ин кор душвор асту иҷрои он ба тавре, ки мантиқан зарур аст ва дар дили хонанда ҷои шубҳа нагузорад, кори саҳлу содда нест. Вале бо марҳамати подшоҳ... Шамсулмаолӣ (Қобус дар назар аст. Д. М) такя намуда, тасмим гирифтам бо тамоми қувваи зеҳнӣ ин амалро иҷро кунам...».
Иншои ин асар яке аз бузургтарин хидматҳои Берунӣ барои инсоният мебошад. Академик Муҳаммад Осимӣ вобаста ба ин чунин менависад: «Берунӣ дар ин асараш («Осор – ул – боқия» дар назар аст. Д. М.) таърихи тамаддуни умумиинсониро бо тартиби муайяне баён дошта, усули такомули афкори ҷамъиятиро бо далелҳои ақлӣ нишон медиҳад». Махсусан таъриху тамаддун ва илми эрониҳоро дар асари мазкур муаллиф мавриди амиқи пажӯҳиш қарор дод. Муҳаққиқи осори Берунӣ, донишманди эронӣ Акбари Доносиришт доир ба ин, чунин менависад: «... мо – эрониён аз Берунӣ сипосгузорем, ки нагузошт маълумоти бисёр арзанда дар бораи аъёду айём ва таворихи марбут ба Эрон фаромӯш шавад ва агар кори ӯ набуд, ин қисматҳо низ аз хотираҳо мерафт».
Берунӣ ба ғайр аз«Осор – ул – боқия» дар ҳамин муҳит, боз 14 асари дигарашро иншо намудааст, ки дар таълифи онҳо низ кӯмаки шоҳ мушоҳида мешавад.
Абурайҳон Берунӣ инчунин, дар Гургон ба ҳисоб кардани дараҷаи хатти тӯли замин ё нисфуннаҳор (меридиан) пардохт ва дар ин кор ӯро аз ҷиҳати молӣ амир Қобуси Вашмгир дастгирӣ намудааст.
Нишонаи эҳтироми ин ду нафар танҳо дар ҳамин маҳдуд намешавад. Аз ғояти самимияти зиёд доштан Қобуси Вашмгир ба Берунӣ мансаби вазириро пешниҳод мекунад, аммо ӯ ин таклифро намепазирад. Тахмин задан дуруст аст, ки сабаби напазируфтани мансаби давлатиро Берунӣ шояд дар пайдо шудани монеа дар корҳои илмиаш дониста бошад.
Аҳамияти дигари доираи илмию адабии Гургон боз дар он ифода мешавад, ки ин ҷо Берунӣ тавонист бо истифода аз шароити ба вуҷуд омада, бори дигар бо Синои бузургвор дар мукотибаю баҳсҳои илмӣ бошад. Воқеан ин ду нафар дар майдони фарохи илму андешаи Гургон чун паҳлавонҳои андешаи воло ба набард баромада буданд. Таҳлилу баррасии радду бадали андешаҳои эшонро наметавон дар як мақолаи кӯчак ғунҷонид ва баррасии онҳо вақти алоҳидаю маводи алоҳидаро тақозо менамояд. Бо вуҷуди он, бо мақсади эҳсоси усули баҳси ин ду абармарди илм месазад порае аз баҳсҳои онҳоро инҷо манзури хонанда гардонем. Бинобар навиштаи Ф. Старр, Берунӣ «тирпарронии» аввалинро бо саволҳои дурушт дар бораи Физикаи Арасту ва китоби ба тозагӣ тарҷумашудаи рисолаи кайҳоншиносии ӯ – Дар бораи гардунҳо оғоз кард. Баҳсҳояшон тезу тунд мегузашт. Доир ба аксарияти масъалаҳо Ибни Сино ба Арасту вафодор монда буд. Масалан, ӯ ақидаи мутафаккири юнониро, ки ҷирмҳои осмонӣ на масса (ҷирм) ва на вазн доранд ва фақат Замин қувваи ҷозиба дорад, дифоъ карда буд. Берунӣ ақидаи дигар дошт.
Коиноти Ибни Сино беҳаракат буд, вале кайҳони Берунӣ бо тасдиқи он ки «ҳама чизҳо ба тарафи марказ кашида мешаванд», роҳеро барои кайҳони серҳаракаттар, ки бо қувваи ҷозибаи таъсири мутақобиладошта, ба ҳаракат дароварда мешавад, кушод.... Ба ин монад баҳсҳояшон дар заминаҳои илмӣ сурат гирифта бисёр гиреҳҳои илмро мекушод.
Инчунин, Берунӣ дар заминаи корҳои илмии дар Гургон оғоз бахшидаи худ дар давраҳои баъдина кашфиётҳои бузургеро анҷом дод. Аз ҷумла, ӯ ақидаҳои пешгузаштагони замони худ ал-Фарғонӣ ва ал-Хоразмиро идома дода, бештар масъалаҳои илмиро таҳқиқ намудааст. Беруниро яке аз асосгузорони илмҳои таҷрибавӣ дар Шарқи Миёна ва Марқи Наздик медонанд.
Ба ақидаи Берунӣ, офтоб як ҷисми гарми оташин буда, ҳаракати нурҳои он ниҳоят сареъ (босуръат ва тез) мебошад.
Мутафаккир масъалаи гармии заминро, ки дар натиҷаи ҳаракати моддаҳо дар қишри замин ба вуҷуд омадааст, ба миён мегузорад. Ӯ дар соҳаи кайҳоншиносӣ ба назарияи Батлимус шак оварда, аз рӯи ҳисоби математикӣ дар гирди меҳвари худ давр задани заминро имконпазир мешуморад.
Соли 1004 Абурайҳон Берунӣ бо даъвати Абулҳусайни Суҳайлӣ – вазири донишдӯсти Аблҳасани Алӣ ибни Маъмуни Хоразмшоҳ (997 – 1009), ки пас аз марги падар ба тахти салтанат нишаста буд, ба Гурганҷ баргашт. Идомаи кору эҷоди Берунӣ дар Гурганҷ сурат гирифт, ки аз доираи мавзуи таҳлилии мо берун аст.
Дар фарҷом бояд қайд намуд, ки давоми солҳое, ки Берунӣ дар зери ҳимоя ва ғамхории Оли Зиёр, махсусан шоҳи маърифатпешаи ин хонадон Қобуси Вашмгир буд, барояш марҳилаи хело созанда ба шумор меравад. Дар давраҳои минбаъда дар ҳамин замина асарҳои хело зиёди мондагорро навишта ба ҷаҳониён мерос гузошт. Имрӯз доир ба адади асарҳои Берунӣ андешаи якхела вуҷуд надорад.
Теъдоди асарҳои ӯро олимон аз 130 то 150 адад медонанд. Донишманди тоҷик, профессор Абулҳай Комилӣ 107 асари ӯро бо номи пуррашон ба рӯйхат гирифта дар матбуот ба нашр расонидааст, ки барои ҳаводорони осори Берунӣ кори хайрест. Зиндагии Берунӣ саропо панд асту омӯхтанӣ. Ӯ як нафар фидоии роҳи илм буд. Академик Бобоҷон Ғафуров ин нуктаро қайд намуда илова мекунад, ки ал-Берунӣ зоҳиран ғайр аз ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дигар дар ҳама вақт машғули корҳои омӯзишӣ будааст.
Шояд ин андеша муболиға бошад, аммо чизи дигар моро ба андеша кардан водор мекунад, ки ба ин андоза боқӣ гузоштани осори гаронмоя, ки ҳар яке дар мақоми худ шоистаанд, чигуна ба олим даст додааст?
Дар яке аз суҳбатҳои хеш академик Кароматулло Олимов чунин иброз медорад, ки воқеан аксари олимон ба ин хулоса омадаанд, ки Берунӣ тамоми илмҳои замонашро аз бар кардааст. Аз осори боқимондааш маълум аст, ки ба атроф ва пайдоиши одаму олам назари олимона меафканад, ба ҳар илме, ки рӯ овардааст, дар он ба бозёфти ҷолибу бемисл даст ёфта ё дар ин замина назари илмиву фалсафии худро мушаххас изҳор доштааст.
Боиси ифтихор аст, ки Берунӣ чун фарзанди номовари Тоҷикзамин бо осори гаронбаҳои худ машҳури дунё гашта, садсолаҳо инсоният осору навгониҳои илмии ӯро истифода мекунад.
Дар шароити имрӯза бузургдошти чунин нобиғагон барои тарбияи насли муосир, аз ҷумла ҷавонон басо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад. Дар мусоҳибаи хеш донишманди тоҷик Суннатулло
Ҷонбобоев бо хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба ин хело ба маврид, гуфтаанд: «Дарси асосии Абурайҳони Берунӣ барои ҷавонони имрӯза соҳиби тафаккури таҳлилии мустақил будан, тақлид накардан ба дигарон ва чун шахсият ба камол расидан аст».
Аз ин рӯ, ифтихор аз таърих бояд дар қалби мо эҳсоси муҳаббатро ба зиндагӣ ва муҳит бедор кунад то насле, ки аз паси мо меоянд аз кору пайкори мо ифтихор дошта бошанд, ҳамон тавре, ки мо аз насли баори гузашта ифтихор мекунем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё