АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
Муҳаммад ибни Умари Родуёни (асри XI) китоби “Тарҷумону- л-балоға”-ро доир ба санъатҳои бадеӣ таълиф намудааст. Вай бо истифода аз китоби “Маҳосину-л-калом”-и Марғинонӣ истилоҳоту таърифоти санъатҳои бадеиро ба забони форсӣ-тоҷикӣ гардонда, онҳоро бо гуфтори устодони шеъри порсӣ тасдиқ менамояд.
Муаллиф дар ин асар санъатҳои шеъри порсиро таҳқиқ карда, анвои онро муайян намудааст. Аз ин лиҳоз ин асар барои поэтикаи шеъри тоҷикӣ арзиши баланд дорад. Ҳамчунин муаллиф зимни шарҳи санъатҳои бадеӣ оид ба қонуниятҳои гуногуни шеъри порсӣ мулоҳизоти арзишманди назарӣ баён намудааст. Дар “Тарҷумону-л- балоға” 72 навъи шеърҳо фасли алоҳидаи китобро ташкил додаанд.
Дар ин китоб 45 тан аз шоирон номбар шудаанд, ки ному насаб ва намунаи шеъри қисме аз онҳо тавассути ҳамин китоб маъмул гардидаанд. Ин асар манбаи гаронбаҳоест, ки барои омӯхтани эҷодиёти шоирон ва хусусиятҳои шеъри асрҳои X-XI кумак мерасонад. “Тарҷумону-л-балоға”, раҳнамоест барои таълифи китобҳо ва таҳқиқи санъати бадеӣ дар оянда. Чунончи китоби Рашидуддинни Ватвот “Ҳадоиқу-с-сеҳр фӣ дақоиқи-ш-шеръ” дар ҷавоби он таълиф шудааст.
Дар асри XI нахустин тазкира ба забони порсӣ таълиф меёбанд. Тазкира маҷмӯаест, ки дар он шарҳи ҳол ва намунаҳо аз ашъори шоирон сабт меёбанд. Ин “Ятимату-д-даҳр”-и Саолибӣ буд.
Китоби “Ятимату-д-даҳр фӣ маҳосин аҳли-л-аср”-и Саолибӣ дар соли 1000 таълиф шуда ва дар солҳои 1011-17 аз нав таҳрир ёфтааст. Дар ин китоб муҳити адабии асрҳои X-XI-и Миср, Шом (Сурия), Ироқ, Андалус, Хуросону Мовароуннаҳр ва ғайра мухтасар тавсиф гардида, аз эҷодиёти намоёнтарин шоирону нависандагон намунаҳо оварда шудааст. “Ятимату-д-даҳр” дорои чаҳор қисм буда ва ҳар қисм дорои чандин боб мебошад. Дар қисми чаҳоруми китоб зикри 124 нафар олимон, нависандагон ва шоирони арабизабони форс-тоҷик дарҷ гардидааст.
Таълифоти Абуабдуллоҳ Алӣ ибни Муҳаммади Шерозӣ маъруф ба Бобо Кӯҳӣ ё Ибни Бокӯя (933-1050) “Ахбору-л-орифин”, “Ахбору-л-ғофилин”, “Видояту ҳолӣ-л-Ҳаллоҷ”, Абдураҳмон Муҳаммад ибни ал-Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Мӯсои Сулламии Нишопурӣ (936-1021) “Табаққоту-с-суфия”, “Одобу-с-суҳба”, “Арбаъин”, “Рисолату-л-маломатия”, “Ҳақоиқу-т-тафсир”, “Ал-иҳват ва-л-ахавоту-с-суфия”,“Таъриху-с-суфия”, “Сунану-с-суфия”, Ҳасан ибни Музаффар Абуалии Нишопурӣ (ваф.1050) “Таҳзиби” “Ислоҳу-л-мантиқ”-и Ибн ас Сукайт”, “Таҳзиби “Девону-л-адаб”-и Иброҳими Форёбӣ”, “Зайли, “Ятимату-л-ятима”-и Абдулмалики Саолибӣ”, Раиси Шаҳид Абулҳасан (Абулқосим) Алӣ ибни Ҳасани Бохарзӣ (қатл дар соли 1074) “Дамияту-л-қаср ва исрату аҳли-л-аср” дар ҳаёту фаолияти шоирони арабигӯи эронитабор, Абунаср Бадруддин ибни Абубакр ибни Ҳусайн ибни Ҷаъфар маъруф ба Абунасри Фароҳ (а.XI) “Нисобу-с-сибён” (Фарҳанги манзуми арабӣ-форсӣ), Абуабдуллоҳ Ҳусайн ибни Аҳмади Зӯзанӣ (ваф.1093) луғатномаи “Алмасодир”, “Тарҷумону-л-Қуръон”, “Шарҳи муаллақоти сабъа”, “Ал-луғату-л-форсия”, “Китобу-л-масодир”.
Ҳамчунин, Абунаср Исмоил ибни Ҳумоди Ҷавҳарӣ маъруф ба Имом Ҷавҳарии Форобӣ (ваф.1008), Абулқосим Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳабиби Нишопурӣ (ваф.1015), Абулфазл Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Саид ибни Бишр маъруф ба Бадеуззамони Ҳамадонӣ (968-1007), Абумансури Ҷуббон (а.X-XI), Абузакариё Яҳё ибни Алии Шайбонӣ маъруф ба Хатиби Табрезӣ (1030-1108) ва дигарон дар самтҳои гуногуни улуми адабӣ пажӯҳиш намудаву осор офаридаанд.
МУҲИТИ ИЛМИВУ АДАБИИ ҒАЗНИН ДАР РӮЗГОРИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ
САЙФУЛЛОҲИ МУЛЛОҶОН–доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нахустин ёдоварӣ аз Ғазнин дар асари ҷаҳонгарди маъруфи чинӣ Сюан Сзян дар соли 644-и милодӣ мушоҳида шудааст. Ӯ шаҳри мазкурро Ҳусина номидааст. Решаи ин вожаро муҳаққиқон Газанг медонанд, ки ба маънои хизона мебошад. Ёқути Ҳамавӣ ҷуғрофидони маъруф дар асараш «Муъҷаму-л-булдон» перомуни шаҳри Ғазна навиштааст, ки «Ғазна талаффузи омма аст, саҳеҳ назди уламо Ғазнин аст ва онро таъриб кунанду Ҷазна гўянд ва маҷмуи билоди онро Зобулистон номанд ва Ғазна курсии он аст».
Шоири шаҳири ин диёр Саноии Ғазнавӣ низ дар байте ба номи аслии шаҳр ишора карда чунин менависад:
Аршу Ғазнин ба нақш ҳарду як аст,
Гарчӣ Ғазнин рафеътар фалак аст.
Ғазнин дар аҳди ҳукумати оли Сабуктагин ба авҷи шукўҳу ободонӣ расид. Шаҳре, ки на қаблан ва на баъдан ҳеч гоҳ маркази сиёсӣ набуду нашуд ва аз лиҳози стротежию мавқеи тиҷоратӣ низ чандон ҷойгоҳу ҷозибае надошт. Хонадони Сабуктагин, махсусан фарзандаш Маҳмуд ин шаҳрро мақарру маркази худ қарор дод ва дере нагузашт, ки исмаш достони оламиён шуду дар андак муддат ба пойтахти яке аз бузургтарин имперотуриҳои аср табдил ёфт. Ғазнин то асри XI бо Марву Нишопуру Ҳирот қобили қиёс набуд.
Як қарн муқаддамтар аз Сабуктагину Маҳмуд Истахрӣ дар бораи ин шаҳр навишта буд, ки Ғазнин монанди Бомиён асту вале боғистон надорад, аммо нисбат ба дигар шаҳрҳои атроф пурколотару тиҷорати он боравнақтар аст, чун «бандари Ҳинд аст». Мақдисӣ дар охири асри Х менависад, ки ҳокими Ғазнин ҳамвора дар ҷангу ситез аст. Бобур, ки дар асри XVI ба қасди Ҳинд аз Ғазна мегузашт, сари ангушт ба дандон мегузорад, ки амирони Хуросону Ҳинд (Ғазнавиёну Ғуриён) дар ин шаҳр чӣ бартарию боландагӣ дидаанд, ки онро пойтахт баргузидаанд.
Академик С. Толстов муҳаққиқи зодгоҳи Берунӣ – вилояти бонеъмату равнақи Хоразм, дар як навиштаи ихтисосияш роҷеъ ба Берунӣ иллати боландагиву саромадии Ғазнин дар ин асрро тавре дигар арзёбӣ кардааст. Ӯ менависад, ки Ғазнин, ки як шаҳри дуруфтода буд, барои Маҳмуди ғоратгару худкома пойгоҳи муносиб шуд ва ҳеч халале барои пешбурди аҳдофи ӯ дар ин ҷо мавҷуд набуд.
Султон Маҳмуду фарзандонаш барои ободию шавкати Ғазнин ҳиммат гумошта, хидмати босазое карданд. Дар давраи салтанати ин хонадон Ғазнин ба маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мубаддал гардид. Ибни Асир муаррихи қарни XIII зимни баёни лашкаркашии Санҷари салҷуқӣ ба Ғазнин навиштааст, ки ҳангоми ғорати ин шаҳр ба дасти сипоҳиёни салҷуқӣ чаповулгарон хеле мол ба даст оварданд. Агар Бухорои асри Сомониён «Бағдоди сонӣ» унвон гирифта бошад, пас метавонем ба итминони комил Ғазнаи асри ҳукумати дудмони Сабуктагинро «Бухорои сонӣ» номем. Бо талошҳои фаровони Маҳмуду ворисонаш Ғазна маркази муҳимми сиёсӣ, минтақаи умдаи тиҷоратӣ ва конуни илму маърифати рўзгор мегардад, бад-он ҳадд, ки баъзе аз муҳаққиқон Ғазнини аҳди Маҳмудиёнро «пойтахти маънавии олами ислом» хондаанд.
Пештар аз Ғазнавиён, аз лиҳози ҷуғрофӣ, Ғазнин якҷо бо Кобул дар як вилоят мутаҳид буда, Зобулистон хонда мешуд ва шаҳру навоҳии дигаре ҳамчун Бомиён бо он ҳамроҳ буданд (3, 363- 365). Дар радифи шаҳру вилоёти тобеи Ғазнавиён, ки муаррихи Байҳақӣ нигоштааст, мулки Зобулистон зикр шудааст, ки Ғазнин маркази он ба шумор мерафт.
Дар қарни XI шаҳри Ғазнин маркази имперотурӣ ва мавриди таваҷҷуҳи сарони кишварҳои хориҷӣ ҳам буд. Маъмуроне омилу номвар дар ин ҷо таъйин гардида, низоми дақиқи шаҳрдориро ба роҳ мемонданд. Байҳақӣ аз раиси шаҳри Ғазна Музаффар писари Хоҷа Алии Микойил ёдовар шуда, ўро марде далер, донову кордон меномад. Вай яке аз наздикони Амир Масъуд буд ва ҳангоми зарурат борҳо ба машварат даъват мешуд. Аз чумла ҳангоми бозгашти Масъуд аз сафар, шаҳрдори Ғазна масофаи зиёдеро тай карда, ба пешвози амир мебарояд (2, 149). Пойтахт ба ҷуз аз раиси шаҳру ноибони он, ҳамчунин раҳбару мансабдори рутбаҳои мухталиф буд, аз ҷумла тамоми девонҳои марказӣ барои саботу низоми вилояти Зобулистон дар Ғазнин мақар ихтиёр карда буданд.
Яке аз шуғлҳои баланду боаҳаммияте, ки Байҳақӣ онро таъкид медорад, мушрифи Ғазнин ё сарвари мушрифон буд. Метавон натиҷа гирифт, ки аз сабаби зиёд будани теъдоди хориҷиён ва дигар тоҷирону ҳунармандони дохилию берунӣ, саъй мешуд, ки амнияти пойтахт мудом беҳу боло бошад. Дар ин шаҳр қасрҳои хосса эъмор шуда буд барои қабулу гусели меҳмонони хориҷӣ ва ё баргузории маросимҳои расмӣ.
Бартарии дигари Ғазнин мавқеи хуби роҳбурдии он барои юриш ба самти Ҳинд буд. Яке аз маконҳои муҳимми Ғазнин, ки шоирону адибони ин давра аз он мукаррар ёд кардаанд, дашти Шобаҳор будааст. Он дар ҳошияи шаҳри Ғазнин доман кашида буд, ки ба манзалаи подгони ҳарбӣ истифода мешуд. Қабл аз лашкаркашӣ23 ва баъд аз пирӯзиҳои низомии Ғазнавиён дар дашти Шобаҳор, ки дар аксари фаслҳои сол он майдон сабзу дорои бутаҳои набототу гулҳои хуррам буд, маросими сон дидани лашкар ва ё ҷашнҳои пирӯзӣ баргузор мешуд. Гардезӣ ҳам ривоят кардааст, ки дашти маъруфи Шобаҳор дар ҳошияи шаҳр доман кашида буд, ки ба манзалаи подгони ҳарбӣ истифода мешуд (6, 400). Фаррухии Систонӣ дар як қасидаи хеш онро чунин тавсиф мекунад:
Бо ман ба Шобаҳор ба ҳам буд ба чоштгоҳ,
Моҳи ман, он-к рашк бар ӯ зад ду ҳафта моҳ.
Гуфто фароҳпаҳно дашти кушода чист,
Гуфтам, ки арсагоҳи шаҳи беадад сипоҳ.
Тамоми артиш дар ин ҷо ҷамъ омада, амир бо гурўҳи низомиён ва сарони артиш лашкарро сон медиданд. Лашкар пас аз фарҷоми тадорукот ба самти Ҳинд равона мегашт. Муаллифи «Таърихи Масъудӣ» овардааст, ки амир ба вазир таъкид медошт, ки аз Ғазнин дур гаштан раво нест, зеро Ҳинд аз даст меравад.
Ғазнин бузургтарин маркази тиҷоратии асри Ғазнавиён низ гардид. Аз тамоми гўшаву канори олам молҳои мавриди ниёзи аҳолӣ оварда мешуд. Вобаста ба ҷойгоҳи Ғазнаву нуфузи он ва шумори вофири кормандони маъмурӣ дар ин ҷо нарху наво нисбат ба дигар шаҳрҳо баландтар буд. Ба навиштаи Утбӣ аз Ғазнин ба дигар кишварҳо барда, ки аз Ҳинд ба даст меомад, содир мешуд.
Шаҳре, ки пойтахти Ғазнавиён гардид, тадриҷан ба маркази фарҳангӣ табдил ёфт. Ин шаҳр ба вижа дар замони Маҳмуд ба авҷи шукуфоӣ расид. Адабиётшиносон Эдвард Броун, Забеҳуллоҳ Сафо, Ғуломҳусайни Юсуфӣ ва Аҳмад Абдуллоев дар хусуси муҳити адабии Ғазнаин маълумоти муфассал додаанд. Дар қатори пажўҳиши муҳити адабӣ ва чигунагии рушди Ғазнин онҳо ба сабабҳову марҳилаҳои ташаккули ин маркази нав дар марзҳои шарқии ҷаҳони ислом низ дахл кардаанд. Тамоми сарвату дороии шаҳрҳову сарзаминҳои забтшуда ба Ғазнин оварда мешуд. Аз ҷумла, пас аз тасарруфи шаҳри Рай (соли 1029) аз ҷониби Султон Маҳмуд, китобҳои нодири ин шаҳр ба Ғазнин фиристода шуданд, ки дар миёнашон осоре аз Абуалӣ ибни Сино низ мавҷуд буд. Ховаршиноси маъруф Лен-Пол қайд мекунад, ки то он таърих ҳеч як аз пойтахтҳои Осиё бад-ин гуна мазҳари шукўҳу ҷалол қарор нагирифта буд.
Коху биноҳои муҳташам ва масоҷиду минбарҳои ин шаҳрро муаррихону шоирони зиёд ёдовар шудаанд. Утбӣ дар асари хеш муҳимтарину зеботарин бинои Ғазнин – Боғи Пирӯзиро зикр карда, менависад, ки саҳну атрофу гулдонҳои он аз рухом буду ниҳолҳои мевадору ороишӣ боғро ороста мегардонд. Навъҳои гуногуни мурғу дигар парандагон, аз ҷумла қумриву фохтаву сора дар ин боғ чаҳ-чаҳ мекарданд. Бо мушоҳидаи ин кохҳо бинанда «ёди қасри Хаварнақу айвони Мадоинро аз хотир фаромӯш мекард.... Мусаввирини чобукдасти мисриву хитоӣ, ки ҳар яки онон дар кашидани тасовиру рангомезиҳо монанди нигоргарон будаанд дар ин кох, як деворро майдони муҳорабаву разм ва девори дигарро маҳфили суруру базм, савумиро тасовири шикоргоҳ, чаҳорумиро ба тасвирҳои кӯҳсору обшорҳои табиӣ ба наҳве нақшу нигор карда буданд, ки дидаи ҳеч офарида назири ин айвонро дар зебоиву резакориву қашангӣ надида буданд». Ғазнин низ боғҳои фаровон дошт, ки машҳуртарин он ҳамин Боғи Пирӯзӣ буда, мувофиқи васияти Маҳмуд моҳи апрели соли 1030 вайро дар он боғ ба хок супурданд. Байҳақӣ инчунин Боғи Садҳазорро низ ном бурдааст.
Муносибати Маҳмуд бо писараш Масъуд дар солҳои охири ҳаёти ӯ ба тирагӣ гароида, саранҷом ба як тавтеа ва табаддулоти давлатӣ мунҷар шуд. Масъуд, ки дар умури давлатдорӣ равише мухолиф бо падарро пеша кард, дар кохи зебову муҷаллали падар нанишаст ва барои худ бо харҷи зиёд як кохи дигар сохт, ки онро Кушки (нави) Масъудӣ меномиданд. Байҳақии дабир борҳо аз он он ёдовар шудааст. Ба навиштаи Байҳақӣ Масъуд кушки худро тарроҳӣ кард «ва хатҳои ӯ кашид ба дасти олии хеш, ки дар чунин адавот хусусан дар ҳандаса ояте буд. Ва ин кушк ба чаҳор сол бароварданд».
Будҷаи бинои онро низ Байҳақӣ аз забони як муҳандис шунидааст, ки ҳафт бор ҳазор-ҳазор (ҳафт миллион) дирам будаст (2, 532). Кушки Давлат, Кушки Сапед, масҷиди Аруси Фалак аз дигар биноҳои машҳури Ғазнин буданд. Масҷиди Аруси фалак, ки масҷиди ҷомеъ буд, бо дастури Маҳмуд бунёд гардид. Зеро шаҳри Ғазнин акнун як шаҳри музофтӣ неву маркази имперотурӣ буд ва масҷиди қадимии он дигар наметавонист ҳамаи намозгузоронро дар худ гунҷоиш диҳад.
Барои сохтмони он низ маблағҳои бузург аз ҳисоби ҷангҳои ғоратгаронаи Ҳинд ихтисос дода шуд. Муҳандисон аз кохи Пирӯзӣ то он масҷид роҳеро таъйин ва пӯшиш карда буданд, ки Султон ҳамроҳи се ҳазор ғулом бемамониат ба онҷо раваду намозро барпой дорад. Муҳаққиқи афғонистонӣ Ҷалолӣ навиштааст, ки ҳар кас ин масҷидро медид, «ангушти ҳайрат ба дандон мегирифту бо худ мегуфт: ай он ки масҷиди Димашқро дидаву ба он шефта шудаӣ, биёву масҷиди Ғазнинро тамошо кун, то аз рӯйи муойина ба бартарии он эътироф намоӣ».
Садҳо биноҳои маъмурӣ, қасру кушку масҷиду мадрасаҳо дар ин шаҳр бунёд ёфт. Биноҳои шаҳр бо аксҳои рангорангу зебо ороста буданд. Инро аз як навиштаи Байҳақӣ низ метавон пай бурд. Байҳақӣ дар баёни омадани селобе ба Ғазнин, ки 1 июли соли 1031 иттифоқ уфтод, аз вайрониҳои воридаи ин офат ба шаҳр ҳикоят карда, аз даҳҳо ободҳову ифтихороти ҳунарию меъморӣ ном мебарад. Аз ҷумла бозорҳо, маҳалли саррофон, силсилаи дукконҳо, қалъа, Пули Бомиён, анбуҳи дарахтон, ки пирояи шаҳру хеле ороста буданд, аз ин селоб хароб мегарданд. Ин воқеаро ҷамъбаст карда, Байҳақӣ меафзояд, ки «Ва ин сели бузург мардумонро чандон зиён кард, ки дар ҳисоби ҳеч шуморгир наёяд..... Ва аз чанд сиқаи зовулӣ1 шунидам, ки пас аз он, ки сел бинишаст, мардумон зару симу ҷомаи табоҳшуда меёфтанд, ки сел он ҷо афганда буд ва Худой, азза ва ҷалла, тавонад донист, ки ба гуруснагон чӣ расид аз неъмат».
Муҳаммад Иқбол пас аз нуҳсад сол ба ёди Ғазнаи рўзгори Маҳмуд уфтода, ободии бемонанди шаҳрро чунин тавсиф мекунад:
Шаҳри Ғазнин як биҳишти рангу бў,
Оби ҷўйҳо нағмахон дар коху кў.
Қасрҳои ў қатор андар қатор,
Осмон бо қуббаҳояш ҳамканор.
Бузургтарин мутафаккири Шарқ Абурайҳони Берунӣ аз ҷумлаи донишмандоне буд, ки дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ вуҷуди ӯро мояи мубоҳоту фахр дониста, ба шаҳри Ғазнин фаро хонд.
То тасарруфи Хорзам ба дасти Султон Маҳмуд дар соли 1017 Беруниву чанд тани дигар дар ин вилояти муҳими таърихӣ ба пажӯҳишу ковишҳои илмӣ банд буданд. Муҳаққиқ Толстов навиштааст, ки Берунӣ чунон нуфузе дошт, ки дар як зиддияти иҷтимоӣ миёни мардум ва ҳукумати Хоразм миёнрав шуду ошубро фурӯ нишонд.
Берунӣ аз имконоти Маҳмуду дарбори ӯ огоҳӣ дошт ва вақте дар тарозуи хиради хеш миёни ду роҳ интихоб мекард, дар итоати Маҳмуд будану машғул гаштан ба илмро беҳтар аз оворагиву номуайянии сарнавишт донист. Албатта назари дигаре ҳам ҳаст, ки Низомии Арузии Самарқандӣ меоварад ва бар асоси навиштаи ӯ Берунӣ на бо икроҳ, балки бо даъвати Маҳмуд қабл аз тасарруфи Хоразм ба Ғазнин омаду аз марҳамати шоҳонаи Маҳмуд баҳраманд гардид. Мансур ибни Алӣ ибни Ироқ аз хонадони Оли Ироқи Хорзам яке аз устодони Берунӣ буда, Хоразм дар замони қудрати ин силсила яке аз марказҳои муҳими фарҳангии он рӯзгор будааст.
Аммо ишораи Низомии Арузии Самарқандӣ далолат бар он дорад, ки Маҳмуд як фармонравои мустабиду ситамгар буд ва назари аҳли илму ҳунарро ба пашизе намехарид. Гузашта аз ин, Маҳмуд тассаби сахти мазҳабӣ дошт, ки мухолиф бо равиши зиндагии Берунӣ буд ва куштори олимону сӯзондани ҳазорон китоб далели ин гуфтаҳост.
1 зобулӣ, мардуме, ки аз Зобулистон бошанд, ки маркази он ҳамин Ғазнин аст.
Маҳмудро ба ин хотир зобулӣ ҳам мегўянд. Носири Хусрав: Ҷалоли давлати Маҳмуди Зовулистонро. Яке аз равишҳои таҳқиқӣ ки Берунӣ бо он мавсуф будааст, пойбандӣ ба услуби дақиқи илмӣ мебошад. Ӯ ба ҳар чизе ба дидаи шакку тардид нигариста, то расидан ба яқин ба чизе бовар намекард.
Яке аз шиорҳои ӯ дар амри касби дониш ин буд, ки мегуфт: «ҳар чиро ки шунидӣ, дар бутаи инкор бигузор, то хилофаш бо далелу бурҳони қотеъ бар ту ошкору собит гардад». Байҳақии дабир дар муҷаллади даҳуми таърихи хеш зимни зикри Хоразму ҷойгоҳи он, ишорае ба Берунӣ карда, ӯро дар як ҷумла ба наҳве аҳсан сутудааст. Байҳақӣ менависад: «Ва пеш аз ин ба муддати дароз, китобе дидам бо хатти устод Абурайҳон ва ў марде буд дар адабу фазлу ҳандаса, ки дар асри ў чун ў дигаре набуд ва ба газоф чизе нанавиштӣ».
Дар ин шаке нест, ки Берунӣ донишманди энсиклопедист буда, дар тамоми улулми он рӯзгор дасти боло дошта, муваффақ низ гашта буд. Ӯ дар заминаи таърих ва сиёсат низ изҳори назарҳое карда, ки ҳикоят аз соҳибназару шахсияти мумтоз будани ӯ дорад. Дар замоне ки иддае дар Хуросон (ва ҳатто дарбори Бухорову Ғазин), хусусан руҳониёни қишриву иртиҷоӣ ҳанӯз бовар доштанд, ки Аббосиён ҳокими мутлақи ҷаҳони исломанд, ӯ бо ҷасорат навишт, ки риёсате ки пас аз пирўзии Оли Бўя ба Бағдод (соли 945) дар дасти Бани Аббос монд, амри динию эътиқодӣ буд, на салтанати дунявӣ.
Нуктаи дигари ҷолиб аз андешаҳои таърихии устод Абурайҳони Берунӣ он аст, ки дар Ғазнин истода шаҷарасозии силсилаҳои ҳукуматгарро ба боди интиқод мегираду ғолиби онро ботилу ҷаълӣ медонад. Иллати аслии таълифи шоҳкори бемисли худ – «Осору-л- боқия»-ро зарурати онрӯзаи ҷомеаи мусулмонӣ, яъне ихтилоф дар усулу пайдоиши тарихи миллатҳо медонад. Берунӣ решаи форсҳову суғдиҳоро як дониста, русуми онҳо, аз ҷумла маросими сӯгвории суғдиёнро тасвир мекунад. Деворнигораҳои Панҷакат ин гуфтаҳои устод Абурайҳонро таъйид мекунад.
Равиши таҳқиқи Абурайҳон дар масъалаи таъриху фарҳанг ва ойини миллал дур аз тассубу ифротандешӣ аст, ки хосси замони ӯ буд. Вай аз ҷумла, ба баъзе муаррихони араб, ки «кинаҳову душманиҳо бо эрониён доранд» назири Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Қутайбаи Динаварӣ (828-889) тохта, фазлтарошии ӯ дар боби арабҳо ва мазаммати аҷамиҳоро маҳкум мекунад. Берунӣ тааҷҷубб мекунад, ки як донишманд ба бартар донистани арабҳо бар эрониён кифоят накарда, мардуми эрониро забунтарини халқҳову пасттарини махлуқот мешуморад. Берунӣ китобсӯзиву муғкушии Қутайба ибни Муслими Боҳилиро накӯҳиш кунад ҳам, вале зардуштӣ боқӣ мондани қисме аз аҳолии Хоразмро, натиҷаи таассуб медонад. Донишманди хоразмӣ менависад, ки «акнун аз бозмондагони маҷуси Хоразм ҷуз муште, ки устуворӣ дар дини худ надоранду ба зоҳири дин ихтисор кардаанду аз маонию ҳақиқати дини зардуштӣ ғофиланд». Абурайҳон мегуфт, бояд ҳамаи адёну фирақ ва ақидаву оройи миллатҳоро омӯхт ва ҳамонеро қабул кард, ки бар пояи илму далоили мантиқӣ ва ақлонӣ устувор бошад.
Дар асри ҳукумати тассубу ҷаҳли асримиёнагӣ ин хидмати бузург буд, ки як донишманд илмро аз дин ҷудо донаду гиромӣ дорад.
Алиакбари Деҳхудо фарҳангнавису донишманди эронӣ корномаи илмии Абурайҳони Беруниро чунин натиҷагирӣ мекунад:
«Дар ҳазор сол пеш бурду тастеҳ аз тастиҳоти чаҳоргонаи курра мутафаттин гаштан, навъи чоҳи ортезиан кашф кардан, ба истихроҷи синуси як дараҷа тавфиқ ёфтан, бинои улуми табии бар риёзӣ ниҳодан, садҳо сол муқаддам аз Коперник ва Галилей дар назди подшоҳе чун Маҳмуд дар ақидаи мутаҳаррик будани замин исрор варзидан барои маърифати иҷмолии доҳии кабир кофӣ аст».
Шояд зеботарин лаҳзаи зиндагии Абурайҳон охири умри ӯ бошад. Фақеҳ Абулҳасани Алӣ гуфтааст, ки он гоҳ, ки нафас дар синаи ӯ ба шумор уфтода буд, болини вай омадам. Дар он ҳол пурсид «ҳисоби ҷаддоти фосидаро, ки вақте маро гуфтӣ боз гӯй ки чи гуна буд? Гуфтам: акнун чӣ ҷойи ин суол аст? Гуфт: ай мард кадом як аз ин ду беҳтар? Ин масъаларо бидонаму бимирам, ё нодониставу ҷоҳил даргузарам? Ман он масъаларо бозгуфтам. Ҳанӯз қисмате аз роҳро напаймуда будам, ки шеван аз хонаи ӯ бархост».
АНДЕШАҲОИ СИЁСИВУ ДАВЛАТДОРИИ
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ
Ҳусайнов Аҳмадҷон Қурбонович – доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Холов Ш. И. – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Тоҷикон дар тули ҳазорсолаҳо дар ташаккул ва рушду нумўи тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муассир доранд. Ҳамзамон, таърихи бойи давлатдорӣ ва шароити мураккаби зисту зиндагӣ, рўйдодҳои мухталифи сиёсию иҷтимоӣ, диннию фарҳангӣ ва аз ҳама муҳим, бархўрди тамаддуни ориё дар дарозаи таърих бо тамаддунҳои дигар тоҷиконро соҳибтадбир, мутафаккир ва андешаманд сохтааст. Аз ҷониби дигар, чунин бархўрд боиси ривоҷу равнақи фикру андешаҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, фалсафӣ-динии мутафаккирони тоҷик ва наздикшавии ин андешаҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мегардид. Аз ин рў, метавон гуфт, ки андешаҳои миллӣ ҳанӯз дар замони гузаштаи дур заминагузорӣ шудаанд. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «баъдан дар асарҳои миёна мутафаккирони бузурги халқи тоҷик Имом Абуҳанифа, Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳонӣ Берунӣ, Низомулмулк, Низомии Ганҷавӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон возеҳу равшан баён гардидаанд». Дар ин навишта андешаҳои сиёсиву давлатдории бузургтарин алломаи Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеаши- носи тоҷик – Абурайҳон Беруниро таҳқиқу баррасӣ хоҳем кард.
Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ тавонотарин арбоби илму адаби даврони Сомониён маҳсуб меёбад. Ў соли 973 дар яке аз рустои кучаки шаҳри Кот (Кос) – пойтахти куҳани Хоразм ё қалъае бо номи «Берун» ба дунё омадааст. Дар соҳаҳои ҷуғрофиё, табииёт, математика, маъданшиносӣ, ҳандаса, нуҷум, фалсафа, таърих, забону адабиёт кашфиёти зиёде дорад. Аз рўйи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ асарҳои ў аз 130 то 180 номгуй мебошанд, ки аз ин миқдор 40 асар дар ганҷинаи дастнависҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳон маҳфузанд. Ў донандаи хуби забонҳои санскрит, арабӣ, суғдӣ, сурёнӣ ва юнонӣ буда, муҳимтарин осори фарҳанги халқҳои гуногунро ба забони арабӣ тарҷума кардааст. Ўро ҳанўз ҳангоми зиндагиаш бо эҳтирому саммимият бо унвонҳои устод, устодурраис, имомурраис ва ҳаким ёдовар мешуданд, ки ин аз баландии мақому мартабаи вай дар илму сиёсат ва дин шаҳодат медиҳад.
Фаъолияти илмии Берунӣ дар Хоразм, Ҷурҷон, Гурганҷ, Ғазнин ва Ҳинд гузаштааст.
Ба пешрафт ва рушди илму донишҳои гуногуни замона сулолаи Офриғиён (905-995), ки худро аз гузаштагони Сиёвушу Кайхусрав медонистанд замина гузошт ва имконияти васеъ низ фароҳам овард. Ҳамин муҳиту доираи илму маърифати хоразмиён Берунии ҷавонро ба камолот мерасонад. Дар ин роҳ, дастёри ў устодаш, яке аз донишмандони вақтӣ Абунасри Мансур ибни Арроқ буд. Ва ногуфта намонад, ки Берунӣ низ ба монанди дигар мутафаккирон, шоирони гузашта ва ҳамзамонони худ бештари ҳаёти худро дар дарбори шоҳон аз ҷумла, Абдуллоҳи Муҳаммад ибни Ироқ, Нўҳ ибни Мансур, Шасулмаолии Қобуси Вушмгир, Абулҳасан Алӣ ибни Маъмуни Хоразмшоҳ, Абулҳасан Абулаббоси Хоразмшоҳ, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, Султон Масъуд гузаронидааст. Қисмати бештари ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Берунӣ дар дарбори сулолаи Зиёриён, махсусан ба давраи ҳукмронии Шамсулмаолӣ Қобус сахт алоқамандӣ дорад. Маҳз ҳамин буд, ки ў аз бештари корҳои сиёсӣ ва давлатдории замони худ огоҳӣ дошт. Ҳамзамон, Берунӣ дар замони пурошўбе умр ба сар мебурд. Хусусан, таназзули хонадони Сомониён (874-999), кашмокашиҳои феодалҳо, тохтутозу тороҷгариҳои Қарахониёну Ғазнавиён ва ғайра. Соли 995 амири Урганҷ Маъмун ба Хоразм ҳуҷум карда, хонадони Африғиёнро шикаст медиҳад. Ин воқеа дар ҳаёти сиёсӣ ва илмӣ-эҷодии Берунӣ тағйироти ҷиддие оварад. Зеро Берунӣ дар ин вақт натанҳо ҳамчун олим, мутафаккир шўҳрати босазое дошт, балки дар ҳаёти сиёсии давр фаъолона иштирок намуда, ҳамун марди сиёсатмадоре ном бароварда буд.
Бинобар ҳамин, аз чунин ранг гирифтани вазъи сиёсӣ ба куллӣ маъюсу ноумед гардида, роҳи аз ин бадбахтиҳо наҷот ёфтанро дар тарк кардани зодгоҳу Ватани азизаш мебинад. Берунӣ, ки дар ин вақт бистуду сол дошт, овозаи хонадони Зиёриёнро (928–1042) шунида, соли 995 роҳи мусофиратро пеш мегирад. Берунӣ ҳангоми дар дарбори Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмгир (967–1012) буданаш машҳуртарин асараш «ал-Осор-ул- боқия ани-л-қуруни-л-ҳолия» - менависад, ки фарогири масоили ухталифи таърих, нуҷум ва ризоиёт аст. Дар ин айём Берунӣ 27-сол дошта, китобашро ба шоҳи машҳури зиёрӣ – Қобуси Вушмгир мебахшад, ки донишманди ҷавонро ба сояи ҳимояти худ гирифта буд. Ин асар на танҳо ҳамчун асари гоҳшуморӣ аз аҳамияти бориз бархурдор аст, балки дар радифи беҳтарин асарҳои нодири таърихӣ дохил мешавад, зеро дар он оид ба давлатдории сулолаҳои Ҳаррониён, Собииён, Пешдодиён, Сосониён ва ҳамчунин, дар бораи Искандари Мақдунӣ, Зардушт, Ибни Муқаннаъ ва кешу оинҳои нав ва муборизаи онҳо дар роҳи ёфтани мавқеашон дар ҷамоаи нави исломӣ ва оқибати кори онҳо маълумоти муҳиме оварда шудааст.
Муҳаббат ва майлу рағбати таърихи бостонии ватанаш буд, ки ў барои омўзиши он ҳамсафари Шамсумаолӣ ба шаҳрҳои Рай, Исфаҳону Ҳамадон ва Табристону Гургон мешавад. Ў ба сосониёну суғдиён мансуб будани хоразмиёнро борҳо таъкид кардааст. Ва яке аз сабабҳои ба хизмати сулолаи Зиёриён ворид шудани ў низ дар ҳамин буд, ки хонаводаи Зиёр ба муқобили ҳаргуна қонуниятҳои хилофати араб баромада, анъанаҳои гузаштагони худро зинда нигоҳ медоштанд ва худро аз авлоди Анушервон медонистанд. Ин андешаро Абурайҳонӣ Берунӣ ба тариқи зайл овардааст: «Ва ҳеҷ кас мункир нест, ки хонаводаи салтанати Зиёриён бо Сосониён аз як тоифаанд, зеро аҷдодони Шамсулмаолӣ Рустам бинни Шарвин бинни Рустам….бинни Қубод аст, ки падари Анушервон буд». Ва дар ҷойи дигар мегўяд: «Бо ворид шудани Сиёвуш писари Кайковус ва салтанати Кайхусрав ва хонадони ў дар Хоразм таърих гузоштанд.
Ва ин воқеъа наваду ду сол пас аз сохтани Хоразм буд. Сипас, хоразмиён аз райъҳои эрониён дар таърих, ки ба ҳар як зодагони Кайхусрав, ки ба «Хоразмшоҳ» маъруф мешуданд, пайравӣ карданд, то он ки Офриғ, ки аз нажоди Кайхусрав буд, ба шоҳи расид».
Шамсулмаолӣ Қобус шахсияте буд, ки Берунӣ дар дарбори ў хизмат ба ҷо меовард ва худ донишманд буду аз илму адаб ва маърифати замона огаҳӣ дошт. Муҳаммад Авфӣ донишманд ва яке аз аҳли илму адаб будани Шамсулмаолӣ Қобусро ба тариқи зайл овардааст: «Амир Қобус дарёи….эҳсон буд ва ҳар ки «Камол-ул- балоға», ки расоили ўст, мутолиа карда бошад, донад, ки ҳадди фазли ў то куҷо бошад». Ва худи Берунӣ, ки дар дарбори Шамсулмаолӣ Қобус буд ва аз рафтору давлатдории шоҳ огаҳӣ дошт, ўро ҳамчун шоҳи одилу раиятпарвар, донишманд нишон дода, дар ин масоил дар сарсухани китоби худ «Осор-ул-боқия» чунин меорад: «Пас худовандро сипос мегузорем, ки бар бандагони хеш ниҳояте гузошт. Ва мавлою валинеъмати мо амири замон ва саиди фотеҳ Шамсулмаолиро баргумошт ва ўро имоми одил барои мардум қарор дод.... Бисёр ҷойи шигифт аст, ки чӣ гуна худованд ба корҳои писандидаи нажоди ў, хўйи карими ўро биафзуд ва ба ҷони гиромии ў, ки зери бори ҳеҷ зулму ситаме намеравад чӣ тавр хислатҳои писандида: - парҳезу ҳидоят, нигаҳдорию диёнат, адлу инсоф, фурўтанию меҳрубонӣ, ҳазму азм, сиёсату риёсат, тадбиру тақдир ва дигар сифоти писандида, ки хаёлҳо натавонад онро тасаввур кунад».
Берунӣ ҳодисаҳои гуногунро муқоиса намуда, аз онҳо хулосаҳои зарўрӣ мебарорад. Дар асарҳои ў шаклҳои гуногуни идораи сиёсии ҷомеро дучор шудан мумкин аст. Ў тарафдори шоҳи одилу оқил буд. Дар асари хеш «Ҷамоҳир фи маърифати ҷавоҳир» дар бораи ҳокимияти халқӣ андеша менамояд. Мутобиқи гуфтаи ў дар яке аз шаҳр – давлатҳои Мағриб ҳокимият байни аъёну заминдорон аз дасте ба дасте мегузарад. Ҳар шахс се моҳ ҳокимӣ намуда, баъди ба итмом расидани он аз ҳокимият даст мекашад. Пас ба ҳайси сипос закот ҳам медиҳад ва ба хонадони хеш баргашта, ба кори домиаш машғул мешавад».
Берунӣ дар бораи вазифаҳо ва масъулияти шоҳ низ андешаҳои ҷолиб дорад. Ба ақидаи ў, на ҳар кас метавонад вазифаи подшоҳиро иҷро намояд. Шахсе, ки шартҳои гуногуни идораи умури давлатиро иҷро менамояд, метавонад ҳамчун сарвар ё шоҳ интихоб гардад.
Подшоҳ бояд ақлу ҳуши расои идораи давлат, қобилияти табиӣ дошта, таҳаммулпеша бошад, таҷрибаву андешаҳои бузургонро ҳангоми идоракунӣ истифода барад ва доимо ғами тобеонро хўрад ва барои барпо кардани адолати иҷтимоиву табақавӣ кӯшад.
Пас аз понздаҳ соли мусофират Берунӣ соли 1010 ба Хоразм баргашта, ба хидмати Абулабос Маъмуни II ибни Маъмун ба Урганҷ даъват карда мешавад. Ин қисмати ҳаёти эҷодии ў дер давом намекунад, зеро ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бо Қарохониён сулҳ баста, барои забт кардани Хоразм лашкар мекашад. Иҳоят, соли 1018 Хоразм ба майдони тохтутози лашкари Султон Маҳмуд мубаддал гашта, Берунӣ ҳамчун асире ба ихтиёри ў меафтад. Донишмандӣ закӣ дар тамоми давраи ҳукмронии ин шоҳи қотили ғоратгар ҳаёти ғуломонаеро аз сар мегузаронад. Танҳо пас аз фавти Султон Маҳмуд ва салтанати писараш Султон Масъуд (1030-1041), ки то андозае хилофи ақидаи падар буд, ҳоли Абурайҳони Берунӣ беҳтар шуда, то охири умр (1048) дар хидмати ин хонадон мемонад.
Вобаста ба рушди забону фарҳанги халқи тоҷик дар аҳди ғазнавӣ дар асари «Забони миллат ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон матлаби ҷолиб зикр ёфтааст: «Корномаи таърихии ин силсила ҳамин аст, ки подшоҳони он забони тоҷикиро ба сарзамини Ҳинд бурда, барои такомули он ва офариниши осори гаронбаҳо бо ин забон дар ин сарзамин ва дигар сарзаминҳои тобеи худ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Шоистаи зикр аст, ки аксари подшоҳони ғазнавӣ ба мисли Сомониён ба забони тоҷикӣ ва илму адаб алоқамандии зиёд доштанд, ҳарчанд баъзе аз онҳо дар замони салтанати худ забони коргузории девонро аз тоҷикӣ ба арабӣ баргардониданд. Дарбори Ғазнавӣ маркази бузурги фарҳанг ва маҳфили гирдомади шоирону адибон ва донишмандони аҳди худ буд. Шоирон бо сурудани ашъори баландғоя ва донишмандон бо таълифи осори гаронмоя дарбори Ғазнавиро баландовоза кардаанд. Ба назари муҳаққиқон дар дарбори Султон Маҳмуд чорсад шоир гирд омада буд. Донишманди маъруф Абурайҳони Берунӣ шоҳасари «Қонуни Масъудӣ»-ро, ки ба илми ҳайат ва нуҷум бахшида шудааст, ба номи Султон Масъуд таълиф кардааст». Дар ин масъала Байҳақӣ, ки дар дарбори Ғазнавиён ба сифати девондор фаъолият дошт, сабаби ҳарчи бештар ҷалб намудани олимону донишмандони тоҷику форсро дар он мебинад, ки ин сулола худро на туркзабон, балки тоҷик мешумориданд. Аз матолиби «Таърихи Байҳақӣ» ҳамчунин аён мегардад, ки Маҳмуд ва фарзандонаш худро ба қавми туркон мансуб намедонистанд ва баръакс рақибони сиёсии худ Қарахониёнро турк меномиданд. Ин матлаб дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулк низ ба хубӣ мушоҳида мешавад. Низомулмулк аз номаи халифаи Бағдод ба Маҳмуд ёдовар мешавад, ки дар ин нома ҳокими қарахонӣ «камдониш ва турку нодон» сифат шудааст.
Ҳамин тариқ, муҳаққиқони осор ва зиндагиномаи Берунӣ бар он ақидаанд, ки муҳимтарин ҷанбаи шахсияти илмии ў ҳақиқатҷўӣ ва дурӣ аз таасубу пайравии кўр кўрона ба ақидаҳои роиҷи замонаш мебошад. Берунӣ ҳақиқатро танҳо дар гуфтаҳо ва навиштаҳо намеҷуст, балки дар мушоҳида ва таҷрибаҳои хешу олимони дигари мутақаддиму муосири худ ҷустуҷў мекард. Агар ба истилоҳи имрўза бигўем, назария, ба ақидаи ў, мабнӣ бар амалия бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё