АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
ИНКИШОФИ ИЛМ ДАР АСРҲОИ Х-ХI
Усмонзода Аюб Ислом – доктори илмҳои таърих, профессор, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Эркаева Нигора Сафаровна, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи Шарқии Мичигани ИМА
Эркаев Сафар Абдулхайрович, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров «Давраи эҳёи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт ва шукӯҳу иқтидори давлати тоҷикон ба аҳду Сомониён, хусусан Исмоили Сомонӣ марбут аст. Ин давронро метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, ташаккули шахсиятҳои барӯ манд номид. Нерӯ и ақлу заковат ва созандагиву эҷодкорӣ маҳз дар ҳамин даврон ба авҷи аъло расид. Фарзандони оқилу хирадпешаи миллат маҳз дар ҳамин айём бо офаринишҳои маънавии худ сарчашмае сохтанд, ки асрҳо боз оби зулоли он насл ба насли инсониятро шодоб месозад».- Эмомалӣ Раҳмон.
Давраи Сомониён ва асрҳои Х-Х1 давраи тавлиди адабиёти форсу тоҷик, илму фан не, балки давраи нашъунамои он ҳисоб меёбад. Сомониён дар таърих ҳамчун пушту паноҳи олимону шоирон ва аҳли илму адаб, фарҳанг ва санъати нафис шуҳрат пайдо карданд.
Дар ин раванд вазирони ботадбир Абулфазли Балъамӣ ва Абӯабдуллохӣ ҷайҳонӣ хеле бузург аст. Сомониён бо ин мехостанд истиқлоли миллии худро намоиш диҳанд ва ғурури арабҳои ҳавобаландро паст кунанд, то онҳо дарк намоянд, ки тамаддуни мардуми форсу тоҷик аз онҳо ҳеҷ камӣ надорад. Соли 1999 1100 - солагии давлати Сомониён васеъ қайд карда шуд. Оид ба таърихи Сомониён зиёда аз 1000 китобҳо, мақолаҳо, асарҳо нашр карда шуд, ки дар онҳо дар қатори омӯзиш ва таҳлили таърихи таъсиси давлати Сомониён, ташкили дастгоҳи идора ва артиши давлатӣ, тараққиёти иқтисодии давлат, инкишофи тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибатҳои феодалӣ, шӯришҳои халқӣ, ташаккулёбии халқи тоҷик, сабабҳои таназзули давлати Сомониён, тараққиёти шаҳрҳо, инкишофи адабиёт, мусиқӣ, меъморӣ, санъати ороиши ва ғайраҳо инкишофи илму фан ҳам мавриди муҳокима гардидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар шаҳрҳои Бухоро, Балх, Марв, Хуҷанд, Самарқанд, Термиз ва ғайраҳо ба марказҳои илмӣ табдил дода, дар ин шаҳрҳо аллакай марказҳо-муассисаҳои илмиву китобхонаҳои тиббӣ фаъолият пурсамар мебурдан. Дар илмҳои гуманитарӣ дар қатори аввалин донишҳои таърихӣ, достонҳо, гуфторҳо ва дигар намудҳои асарҳои таърихи, таърихнигорӣ ба вуҷуд омад. Масалан рӯзномаҳо, солномаҳо, ҷангномаҳо, шаҷараҳо, хронология ва дигар намудҳои асарҳои таърихи, бадеи ба вуҷуд омад, ки дар омӯзиши таърихнигории таърихи давлати Сомониён ёрии калон мерасонад. Дар омӯзиши илми таърихнигории таърихи Ватан аз ҷиҳати мазмун ва моҳият якчанд намуд солномаҳо бахшида шудааст: солномаҳои умумӣ, солномаҳои давлатӣ, солномаҳои шаҳрӣ, солномаҳои авлодӣ, солномаҳои ҷангӣ (ҷангномаҳо), солномаҳои шахсӣ (рӯзномаҳо) ва ғайраҳо.
Дар асрҳои 1Х-Х1 давлати Сомониён аввалин давлати муттамаркази халқи тоҷик буда, мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳанги ҳаматарафа рӯ ба инкишоф ниҳода буд.
Давлат бо даҳ девон идора карда мешуд. Дар ҳамин вазъияти таърихи дар қатори тамоми илмҳо: адабиёт, математика, фалсафа, асторономия, химия, тиб, илми таърихшиноси низ инкишоф ёфт.
Масалан, Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абўрайҳон Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ ва даҳҳо дигарон мебошанд, ки онҳо дар инкишофи илму фан хизматҳои бузург кардааст. Асари Абӯали ибни Сино,”Ал-Қонун”-с.1024,(“Ал-Қонун фи-т-тибб”, “´онуни тиб”аз 5 китоб иборат буда, ҳар китоб ба фан, фан ба ҷумла, ҷумла ба мақола, мақола ба фаслҳо тақсим мешавад), шоҳасари тибби ӯ, ба забони арабӣ таълиф шуда, кулли масъалаҳои тибро бо асосу далелҳо ҳарҷониба инъикос менамояд.
Дар давраи давлати Сомониён ва асрҳои Х-Х1 донишмандони бузурги замон Абулаббоси Бахтиёр, Абӯабдуллоҳ ҷаъфар Рӯдакӣ, Абӯмансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абулҳасан Шаҳиди Балҳӣ, Абӯшакури Балхӣ, Робиаи Балхӣ, Абӯҳафси Суғдӣ, Абӯсолик, Абӯтолиби Хуросонӣ, Исои Барбатӣ, Абӯали ибни Сино, Абӯбакри Розӣ, Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Аҳмад Абӯаббос Сарахсӣ, Абӯлаббос Аҳман ибни Муҳаммад ибни Касир ал-Фарғонӣ, Абдумаъшар ҷаъфар ибни Муҳаммад Балхӣ, Абдухамид Асторлаби Сағонӣ, Абулфараҷ ´удама, Абулвафо Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бузҷонӣ, Абулхасан Али ибни Аҳмад ан-Насавӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абулхасан Собит ас-Саби ал-Харрани ибн Корра, Абӯ Абдуллоҳ ҷобир ибни Хаййан ас-Суфӣ, Абӯбакр, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯсахл Вайҷан ибни Рустам ал-Кӯҳӣ, Аҳмад ибни Фадл ал-Бухорӣ, Наршахӣ, Абӯмаҳаммад Абдуллоҳ Диноварӣ(Ибни утайба), Аҳмад ибни Сулаймони Бухороӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯбакр Рабии Бухороӣ, Ҳаким Майсарӣ, Абӯмансур Муваффақ Ҳиравӣ, ҷобир ибни Ҳайён, Ҳафс ибни Мансури Марвазӣ, ´осими Ҳиравӣ, ҷафъари Марвазӣ, Муҳаммад Абӯбакри Хоразмӣ, Осҳоки Форобӣ, Нӯъмон ибни Собит Абӯҳанифа ва дигар арбобони намоёни илму маърифат тарбия ёфтанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи илму фан баҳои баланд дода қайд менамоянд: “Ин давронро метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, ташаккули шахсиятҳои баруманд номид. Нерӯ и ақлу заковат ва созандагиву эҷодкорӣ маҳз дар ҳамин даврон ба авҷи аъло расид. Беҳтарин фарзандони хирадманду соҳибҳунари миллат дар дарбори Сомониён гирд омаданд ва бо шоҳкориҳои худ пойдевори тиллоии илму фарҳанг гузаштанд”.
Дар давраи Сомониён комёбиҳои илму фан аз дастовардҳои илму ҷаҳон камтар набуд, фарқ танҳо дар он буд дар шарқ, ки асарҳои илмӣ мисли пештара аксаран ба забони арабӣ таълиф мешуданд. Дар давраи Сомониён-асрҳои Х-Х1 илмҳои адабиёт, забоншиносӣ, риёзиёт, дақиқ, нуҷум, табиатшиносӣ, химия, ботаника, туб, таърих, фалсафа. ҷуғрофия, маъданшиносӣ, адаб, санъатшиносӣ, ҳуқуқ ва ғайра рушд ёфтанд. Олимони давраи Сомониён дар ҳар як соҳаи илму фан ниҳоят зиёданд. Дар давраи Сомониён як зумра муаррихон ва ҷамъиятшиносон ба камол расида, аз худ асарҳои пурқимат боқӣ гузроштанд, илми таърих, таърихнигорӣ ва ҷамъиятшиносӣ ҳам инкишоф ёфт (Абурайҳони Берунӣ, Абдуҷаъфар Муҳаммад ат-Табарӣ, Абдуҷаъфар Муҳаммад ат-Табарӣ, Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ, Абӯабдулло Муҳаммад, Аҳмад ибни Сулаймон Бухороӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммади Хоразмӣ ва дигарон). Дар қатори илмҳои гуманитарӣ саҳми Абурайҳони Берунӣ дар ташаккул ва инкишофи илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ хеле бузург аст. Дар ин раванд олими энсиклопедисти (ҳамадонӣ) сарзамини Осиёи Марказӣ, ки дар Шарқ ва Ғарб машҳур гардидааст, Абурайҳони Берунӣ (солҳои 973-1048), риёзидон, мунаҷим, ҷуғроф, муаррих, файласуф буда, муалифи тақрибан 1000 асар ба монанди “Осор ул- боқия ан ал, курун ал- ҳолия» (Ёдгориҳои халқҳои қадим)”, “Китоби таҳдид...”, “Минерология”, “Ҳиндустон”, “Ал қонун – ал Масъуди”, “Геодезия”, «Китоб ул-мусаммара фи ахбори Хоразм», «Мо-лил-ҳинд»(1030) ва ғайриҳо мебошанд, ки то замни мо ҳамагӣ чилтоаш расидааст. Дар Хоразми асрҳои Х-Х1 олимони машҳури ҳамон давра гирд омада буданд ва дар байни онҳо Абурайҳони Берунӣ фарқ мекард.
Дар академияи “Академияи Маъмун” олимони машҳури ҳамон давра муттаҳид менамуд, дар он Абӯали ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ мақоми хосае дшштанд. Берунӣ тамоми ҳаёти худро барои омӯхтани илм сарф кардааст. Ӯ аввалин бор дар бораи таърихи идҳои қадимаи халқи тоҷик Наврӯз, Сада, Меҳргон маълумотҳои таърихӣ баён кардааст.
Абурайҳони Берунӣ пеш аз ҳама мунаҷҷим буд ва асарҳои асосиаш “Ал қонун – ал Масъуди” (иборат аз 11 китоб) ба соҳаи мунаҷҷими бахшида шудааст. Дар як вақт риёзиётшиноси машҳур ҳам буда, бисёр асарҳояш ба илмҳои химия, биология, физика, геология, фалсафа, таърих ва этнография бахшида шудааст. Асарҳои Абурайҳони Берунӣ оид ба таъриху ҷашнҳои ориёиҳо, суғдиён, хоразмиёни қадим, яҳудиён, юнониён, дигар халқҳои Осиёи Маркази сарчашмаҳои таърихии беҳтарин ҳисоб мешавад. Асари дигари машҳури аҳамияти таърихӣ дошта, асарҳои “Минерология”, “Ҳиндустон”, номбар шуда, аз илмҳои табиатшносӣ иборат буда, дар асар воқеаҳои муҳими таърихии Арабу Аҷам ва халқҳои ҳамҷавор тасвир шудааст. Ан он ҷумла, аз хусуси иқтисодиёт, лашкаркашиҳои арабҳо ба Мовароуннаҳр ва корнамоиҳои диловаронаи мардуми ин сарзамин маълумотҳои аниқ медиҳад. Абу райхонБерунӣ забонҳои хоразмӣ, дарӣ, суғдӣ, суръёнӣ, юнонӣ ва санскритиро азхуд намуда, асарҳои илмӣ таълиф кардааст ва тақфини онҳро тартиб додааст.
“Геодезия”, «Китоб ул-мусаммара фи ахбори Хоразм», «Мо-лил-ҳинд»(1030) асосан оид а ҳукмронии оли сомониён, шаҳри Бухоро, ноҳияҳои атрофи он, биноҳои ҳокимони Бухоро, роҳҳои андозу хироҷ ситонидан, паҳн гаштани дини ислом ва ғайраҳо маълумотҳои таърихӣ медиҳад. Асар ба забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо гардонда шудааст. асари ў “Геодезия” аҳамияти илмӣ ва адабӣ дорад. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ дар давраи салтанати ду амири Сомониён абдумалик ибни Нӯҳ ва Мансур ибни Нӯҳ вазифаи вазириро ба ӯҳда доштааст. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ ҳангоми тарҷума ба он бобҳои нав илова кардааст ва ҳаҷми он ба 15 ҷилд расидааст. Асари номбаршуда ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шуда, дар он таърихи дунё аз замони офарида шуданаш то даҳсолаи дуввими асри Х баён карда шудааст.
Донишманди дигари барҷаста Абӯнасри Форобӣ (солҳои 870-950), файласуф, мусиқишинос, забоншинос, табиатшинос буда, забонҳои арабӣ, юнонӣ ва лотиниро азбар карда, асарҳо таълиф намудааст. Фалсафаи Юнони кадимро аз худ намуда, онро дар байни мардуми Шарқи Наздик паҳн кардааст. Бо хоҳиши амири Сомонӣ асари “Таълими сонӣ”-ро навиштааст. Ӯ муалифи асарҳои “Китоб ул мадинат ил-фозила”, “Ихсо ал- улум”, “Фусул ал - ҳаким”, “Китоб ул мусиқӣ ал-кабир”, ”Шарқ ул Мастағлак” ва ғайраҳо мебошад.
Форобӣ дар ҷабҳаи физика, риёзиёт, фалсафа, табиатшиносӣ, мантиқ, илми ахлоқ ва дигар фанҳо соҳиби шӯҳраҳ шуда буд, оиди ба ин илмҳо асарҳои сершумор эҷод намудааст. Мутрибу бастакор, шоир, забоншинос, устои асбобҳои мусиқӣ ва назариётчии он буд.
Муаллифи зиёда аз 1000 асарҳо буданд.
Дар асрҳои Х-Х1 илми тиб инкишоф ёфта, дар табобати касалон пешравиҳои назаррас дида мешавад. Дар шаҳрҳои Бухоро, Балх, Марв, Хуҷанд, Самарқанд, Термиз ва ғайра аллакай марказҳо- муассисаҳои илмиву китобхонаҳои тиббӣ фаъолият мебурдан. Олимони шинохтаи илми замон, ба монади Абӯбакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Алии Табарӣ ва дигарон оид ба илми тиб асарҳо офарида буданд. Дар ин раванд олими забардасти илми тиб Абӯбакри Розӣ (солҳои 865-925) асари қадимтарини соҳаи илми тиб “Китоб-ул-ҷадарӣ ва –л ҳасба” -ро навиштааст. Дар асар ахз хусуси касалиҳои нағзак ва сурхча сухан меравад ва роҳҳои муолиҷаи онҳоро пешниҳод кардааст. Ӯ асари “Китоб-ут-тибб-ил Мансурӣ” ва “Китоб-ул-ҳовӣ” -ро навишта, дар ҷаҳон шӯҳрати калон пайда кардааст.
Дар илми тиб олими дигари овозадори замони Сомониён Абӯбакри Рабии Бухороӣ мебошад, ки ба муолиҷаи касалиҳои рӯҳӣ сарукор доштааст. Дар асари худ ―Китобу ҳидоят-ил-мутаъаллимин таҷрибаи сисолаашро гирд овардааст. Асари ―Китоби набз дар байни мардум шӯҳрати зиёд дошт. Абӯбакри Рабии Бухороӣ чун дорисоз ном бароварда буд ва дар соҳаи илми тиб дастгоҳҳои табобати истироъкардааст, ки дастгоҳи ӯ барои додани хӯрок ба касалиҳои савдоӣ истифода мебурданд ва ӯ истироъкори номӣ буданд.
Дар инкишофи илми тибби давраи Сомониён олими дигари замон Ҳаким Майсари мебошанд, ки бисёр асарҳо навиштааст, вале то замони мо фақат асари ―Донишнома-и ӯ расидааст. Дар асар роҳҳои табобати бисёр касалиҳо нишон дода шудааст. Олими шинохтаи соҳаи тиб Абӯмансур Муваффақ Ҳиравӣ буда, асари машҳури ―Маълумоти асосӣ дар бораи хусусиятҳои ҳақиқии доруҳо-ро таълиф намудааст, ки то ҳоло аҳамияти амалӣ дорад.
Энсиклопедисти бузурги Шарқ Абӯалӣ ибни Сино (солҳои 980- 1037), табиб, файласуф, равоншинос, табиатшинос, мусиқишнос, шоир, забоншинос буда, зиёда аз 400 асар офаридааст. Баъди муолиҷаи амири Сомонӣ Нӯҳи 11 ибни Мансур ба китобхонаи бойи Сомониён роҳ меёбад, ки ин барои фаъолияти минбаъдаи илмиаш аҳамияти бузург дошт. Асарҳои “”Ал- ´онун фит- тиб” иборат аз 5 ҷилд, “Китоб уш –шифо” иборат аз 18 фасл, “Рисолат фи-ан- нафс”, “Шифо”, “Наҷот”, “Донишнома”, “Пирӯзнома” ва ғайраҳо ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Абӯалӣ ибни Сино дар илмҳои тиб, химия, ботаника. мантиқ, ахлоқ, риёзиёт, забоншиносӣ, мусиқӣ, фалсафа ва ғайра шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Ӯ асарҳое офаридааст, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур гаштааст.
Дар инкишофи илми адабиётшиносию забоншиносӣ Абӯабдуллоҳ ҷафар Муҳаммад Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абулхасан Шаҳиди Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулҳусайни Бухороӣ, Робиаи Балхӣ, Аббоси Самарқандӣ, Шокири Бухороӣ, ´осими Ҳиравӣ, ҷафари Марвазӣ, Муҳаммад Абӯбакри Хоразмӣ, Исҳоқи Форобӣ, Абӯмансур Дақиқӣ ва даҳҳо дигарон саҳми беандоза гузаштааст, асарҳои пурқимат офаридаанд. Кисми асосии онҳо ба забони тоҷикӣ эҷод кардааст. Умуман дар давраи сомониён, яъне давраи таърихии Сомониён илму маърифат, аз он ҷумла илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ ҳам инкишоф ёфта асарҳои таърихи нашр карда шудааст.
Дар асарҳои Рўдакӣ бар зидди замон ва нобаробариҳои иҷтимоӣ садо эътирози сахте шунида мешавад. Шоири инсонпарвар дар муқлбили сарвату неъмати давлатмандон тангдастию бечорагии камбағалонро дида, ба алам мегўд:
Басо касо, ки ҷавин нон ҳаменаёбад сер,
Басо, касо, ки барра асту фархаша бар хон-ш.
Рўдаки сарояндаи рўзгору меҳнати пурфайзи деҳқонон будааст, аз ҳар мисраъ ва байташ бўи замин ва меҳнати деҳўон эҳсос мешавад. Ў аз хурдӣ ба рангу бўи кўҳистон, нараву туғёни дарё, ҷлову рангбозиҳои табиат ва чаҳ-чаҳи булбулону навои мурғони хушхол одат карда буд. Аммо равшантар аз ҳама дар асарҳои рўдакӣ рўзгори деҳқони нексириту пурғайрат, ташвишу тараддуни онҳо акс ёфтааст.
Иди Меҳргон фаро мерасад, мардум ба муборакбодии ҳосили нав рақсу бозиҳо мекунанд, боз давраи тирамоҳу шудгор мешавад.
Рўдакӣ дар кўҳистон қадри кор, лаззати нон ва талҳию душвориҳои рўзгорро дида буд, фаро расидани баҳори шукуфон ва тирамоҳи пурфайзро дўст медошт, далерӣ, мардонагӣ ва дилкушодии барзгарон, чўпонон ва ҳунармандони диёри азизашро пос медошт.
Дар давраи давлати Сомониён ва асҳои Х-Х1 соҳаҳои илм – химия ва география хеле пеш рафтанд. Дар истихроҷи канданиҳои фоиданок, истеҳсоли рангҳои гуногун, шиша, қоғаз, даббоғии пӯст муваффақиятҳои калон ба даст оварда бо илми химия сахт алоқаманд мебошад.
Дар соҳаи илми химия олими забардаст ҷобир ибни Хайён (солҳои 721-815). Ӯ дар оилаи дорусоз таваллуд шуда, вай закии форсу тоҷик буда, дар асоси мутолиаи асарҳои машҳури олимони дунёи қадими Юнону Рим ва Осиёи Марказиву Хуросон оид ба бисёр фанҳо, аз ҷумла химия, тиб, ситорашиносӣ, риёзиёт, фалсафа. корҳои ҳарбӣ ва ғайра асарҳои бисёр бештар аз 500 асар аз худ боқӣ гузоштааст, ки 85-тоаш то давраи мо расидааст. Асарҳои бахшида ба илми химия―Ҳафтод китоб, ―Китоби тарозу, ―Китоби шафқат ва ғайраҳо буда, ин асарҳо дар Шарқ ва Ғарби асримиёнагӣ бағоят машҳур буданд.
Дар асарҳои ӯ оид ба истеҳсолу тайёр кардани матоъҳо ва плокҳо барои сарутани обногузар ва ғайра корҳои зиёдеро анҷом додааст. Олими тоҷик ҷобир дар ғарб бо номи Гебер машҳур аст ва бисёр олимони илми химия дар шарқу Ғарб ӯро устоди худ меҳисобанд. Олимони илми тиб Абубакр Робия ибни Аҳмад Ахавайни Бухорӣ, Абӯбакри Розӣ олими шинохтаи химия низ ном бароварда буданд ва оиди ба илми химия рисолаҳо навиштааст.
Дар давраи Сомониён, асрои Х-Х1 ва пеш аз онҳо бисёр олимони соҳаи география ан-Нодир ибни Шумайл, Абдулло ибни Аҳмад Абӯлқасим ибни Хурдадбех, Абӯсаид Аҳмад ибни Сахл ал-Балхӣ, Ал- Истахрӣ, Ибн Хавкал, ал-Муқаддасӣ ва дигарон асарҳои пурқимат офаридаанд. Дар қатори онҳо Ҳафс ибни Мансури Марвазӣ буд, ки асари машҳури Китоб аз боби хироҷи Хуросон-ро таълим намудааст.
Географиядони машҳури дигари он давра Аҳмад Муҳаммад ибни Тойиб ҳарчанд нависанда бошад ҳам, ба илмҳои дақиқ майли зиёд доштааст ва оид ба илми география асарҳои ―Ал-боби баҳрҳо, обҳо ва кӯҳҳо ва ―ал-масолик ва-л мамолик-ро таълиф намудааст. Дар асарҳои дигараш дар барои роҳҳо, музофотҳо, дарёҳо, шаҳрҳо ва ғайраҳо маълумоти пурқимат медиҳад.
Олими шинохтаи давраи асрҳои Х-Х1, олими бузурги географиядон Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ҷайҳонӣ солҳои 914 – 922 вазифаи вазирии давлати Сомониёнро и кардааст. Ӯ дар соҳаи нуҷум, география ва фалсафа асарҳо навишта, дар барои илми география хизмати босазое дорад. Баъзе асарҳои пурқимате аз хусуси география тозамони мо нарасидааст. Дар сарчашмаҳои таърихи қайд карда шудааст, ки аз асари ҷайҳонӣ бисёр олимон, аз ҷумла Абӯрайҳони Берунӣ ва бисёр олимон ҳам баҳра бурдааст. Асар ӯ дар бораи шаҳрҳо, кӯҳҳу водиҳо, чӯлу баландиҳо, роҳҳои тиҷоратии Шарқу Ғарб, ҷанубу Шимол, мардуми гуногун маълумот медиҳад. Ба ёрии ҷайҳонӣ Абӯ Дулаф ба Тибет, Чин, Ҳиндустон сафар карда, маълумот гирд овардааст.
Ғайр аз ин дар асри Х географи номаълуме бо забони тоҷикӣ китоби “Сарҳади олам аз Шарқ ба Ғарб”-ро навиштааст. Ӯ ба ҷуз маълумотҳои географӣ, иқтисодӣ, таърихии Осиёи марказӣ дар бораи дигар мамлакатҳо низ ахбори пурқимат медиҳад. Асари мазкур барои омӯзиши таъриху география ва иқтисодиёти нимаи дуюми асри Х давдлати Сомониён сарчашмаи беҳтарин ҳисоб меёбад.
Дар барои ишкишофи илму фани давраи асрҳои Х-Х1 рисолаҳои захими шодравон, профессор С.Абдуллоев “Исмоили Сомонӣ”, “Амирони Сомонӣ”, “Амирони Исмоили Сомонӣ”, “Фанҳанги замони Сомониён”, “ҷуғрофияи таърихи Сомониён”, асари дастҷамъии “Сомониён дар оинаи таърих” (дар 2 ҷилд), “Донишномаи Сомониён” (дар 2 ҷилд), асарҳои академики Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ю.Салимов “Мероси оли Сомон”, “Шукӯҳи наср дар аҳди Сомониён” (дар 2 ҷилд) ва даҳҳо дигар асарҳо дар кишвар ва хориҷ аз он эътироф ёфтанд, маълумоти қиматнок ва аҳамияти илми дошта баён карда шудааст.
Хулоса, дар асрҳои Х-Х1 илму фан ҳаматарафа инкишоф ёфта, бисёр олимони гуногун раванд ба камол расида, асарҳо офаридаанд, ки онҳо аз хазинаи тиллои илми ҷаҳонро ташкил карда, пойдевори инкишофи илму фани имрӯза мебошад! Дар қатори онҳо Берунӣ қариб дар ҳамаи соҳаи илмҳои маъмули замони худ қувваозмоӣ намуда, доир ба ҳар кадом асарҳои пурарзише таълиф кардааст. Ў системаи ҳисоби даҳиро ҷорӣ кунад, ба ҳалли баъзе масъалаҳои муҳимми алгебра ва тригонометрия, геодезия, астрономия, тиб ва ғайраҳо хизмат кард, ба инкишофи минбаъдаи илми ҷаҳонӣ саҳми гаронбаҳое гузоштааст. Яъне, нақши Абўрайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ бузург аст. Дар асоси қарори ЮНЕСКО гузоронидани ҷашни 1050-солагии Абўрайҳон Берунӣ аҳамият умумиҷаҳонӣ, илмӣ ва тарбиявӣ доранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё