АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
АҚИДАҲОИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ОИД
БА МАСЪАЛАҲОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Сатторов Абдурасул Эшбекович – доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Дар марҳилаи хозираи тараққиёти ҷомеа масъалаҳои ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта аҳамияти махсус пайдо мекунад. Қисми таркибии ин вазифаи асосӣ такмил додани мазмуни таълим ва тарбия мебошад, ки ба ин раванд дар ҷумҳурӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Самараи ҳалли ин масъала, дар баробари дигар роҳу усулҳо, ба он низ вобаста аст, ки ақидаҳои прогрессивии ниёгони мо то чӣ андоза моҳирона ва эҷодкорона дар раванди таълиму тарбия истифода бурда мешаванд.
Халқҳои Осиёи Миёна ба инкишофи маданияти ҷахонӣ ҳиссаи калон гузоштанд. Дар байни арбобони барҷастаи фарҳанги чандинасраи Осиёи Марказӣ, аз ҷумлаи донишмандону маорифпарварон, ба мисли Закариёи Розӣ, Фарғонӣ, Хоразмӣ, Абунасри Форобӣ, Абу Алӣ ибни Сино, Насриддин ат-Тӯсӣ, Маҳмуди Хучандӣ, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон мавқеъи сазоворро ишғол мекунанд. Дар байни онҳо мероси олими барҷаста Абурайҳони Берунӣ ганҷинаи азимест, ки дар бораи илм, мазмуни таълиму тарбия андешаҳои пурарзишро дарбар мегирад ва беҳуда нест, ки муаррихи шинохтаи илмҳои дақиқи амрикоӣ Ҷорҷ Сартон (1884-1956) нимаи аввали асри XI-ро дар таърихи илми чаҳонӣ давраи Берунӣ меномад.
Олими сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо дастовардҳои илмии беандозаи худ дар аксар илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ бо нобиғаҳои оламӣ ҳамсаф аст, Абурайҳони Берунӣ (973 – 1048) ба масъалаҳои таълим ва тарбияи ҷавонон ақидаҳои арзишманд пешниҳод намудааст.
Берунӣ дар бораи илмомӯзӣ, роҳу мазмуни он асари алоҳида иншо накарда бошад ҳам, дар аксар асарҳояш андешаҳои ӯ вомехӯранд. Ба назари мо, ақидаҳои Беруниро дар бораи таълим дар таснифи зайл баррасӣ кардан мумкин: 1) таълим бо шуурнокӣ; 2) бо аёният; 3) системанокӣ ва муттасил; 4) эътиборнокӣ; 5) алоқаи назария бо амалия; 6) талабот ба китоби дарсӣ.
Хусусият ва асосҳои методи илмии Беруниро объективӣ ва беғаразии олим, мушоҳидаҳо, тачрибаҳо, омухтани ёдгориҳои шифоҳию хаттӣ, муносибати танқидӣ ба маълумоти гирифташуда, муқоисаи онҳо бо максади муқаррар намудани хақиқат, мантиқӣ умум кардани фактҳо ба хулосаҳо дар назария ташкил мекунанд.
Барои давраи ӯ ин усул дастоварди бузург буд ва арзиши калони илмӣ дошт. Худи Берунӣ ҳам ин усулро ба роҳбарӣ гирифта, дар кори илмӣ ба муваффақиятҳои зиёд ноил гашт.
Таҳлили муқоисавӣ, амалҳои мантиқӣ ва дигар андешаҳои олим барои замони ҳозира низ мувофиқанд, зеро асоси таълими имрӯзаи мактабӣ ин азхудкунии бошууронаи дониш мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки хонанда бояд на танҳо захираи донишҳои илмӣ дошта бошад, балки онро мустақилона ба даст оварда тавонад, ки ин бо ёрии амалиёти ақлӣ ба даст меояд.
Берунӣ зарурияти пайвастани назарияро бо амалия кайд менамояд, ки одамон барои такмил додани илми худ кушиш намуда, онҳо на танҳо «дар боли назария баланд бошанд, балки онро дар амал татбиқ намоянд».
Берунӣ дар бораи пайдарпайии мавзуҳое, ки дар китоби «Илм дар бораи ситораҳо» омўхта шудаанд, чунин тавзеҳ медиҳад: «Ман аз геометрия шурўъ кардам, баъд ба арифметика ва адад, баъд ба сохти олам ва баъд ба мавқеи ситорагон гузаштам, зеро танҳо онҳо сазовори унвони мунаҷҷим аст, ки ин чаҳор илмро пурра омӯхтааст».
Берунӣ аҳамияти айёниятро дар таълим таъкид кардааст ва ба андешаи ӯ, айёният омӯзишро дастрас, мушаххас ва ҷолиб мегардонад, мушоҳида ва тафаккурро инкишоф медиҳад. Дар асари дар боло номбурда олим аксар мафҳумҳо ва таърифҳоро бо нақшаҳои аён пешниҳод намудааст. Берунӣ дар бораи зарурати айёният дар ҷараёни таълим сухан ронда, менависад: «Вақте ба тасаввур кардани чизи аён одат кардӣ, тадриҷан гузаштан ба чизи тасаввуршаванда осон аст».
Берунӣ меҳисобид, ки тарбия бояд ҳамеша дар заминаи қатъии илмӣ бошад. Ӯ аз саҳеҳии иттилоот ёдовар шуда, таъкид мекард, ки то маълум шудани ҳамаи онҳо одамон аз баёни маълумоти носаҳеҳ худдорӣ кард ва бешак шубҳанок ва номаълум ба маълум илова накунад. Берунӣ дар асари дигари «Минералогия» аз шодии азхудкунии дониш чунин менависад: «Лаззати ҳақиқӣ танҳо онро медиҳад, ки майл ба он ҳар қадар зиёд шавад, одам ҳамон қадар соҳиби он мебошад. Ва чунин аст ҳолати рӯҳии инсон, вақте ки ӯ чизҳоеро меомӯзад, ки қаблан намедонист».
Берунӣ ҳамчунин дар бораи омилҳои омўзиш, усулҳои аёнӣ ва амалӣ, нақши санҷиш ва арзёбӣ дар кори анҷомшуда ва дониши андўхта навишта, дар ин самт мисолу баёноти зиёд овардааст.
Ҳамин тариқ, Берунӣ чунин мешуморид, ки таълим бояд дар асоси илм сурат гирад. Раванди таълим бояд дар асоси принсипҳои аёният, пайдарпайи ва системанокӣ ба роҳ монда шавад. Вай дар раванди таълим ба максадноқӣ аҳамияти махсус медод.
Андешаҳои Берунӣ дар бораи талабот ба китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълим, ки бояд характери илмӣ, аёнӣ, дастрас бошад, низ арзишманданд.
Ҳамин тавр, ақидаҳои Берунӣ дар бораи мазмуни таълим нишон медиҳад, ки дар замони олим бешубҳа аҳамияти бузурги прогрессивӣ доштанд ва аксари онҳо дар асоси дидактикаи муосир низ қарор доранд.
Берунӣ одамонро даъват мекунад, ки дар худ хислатҳои баланди ахлоқӣ парваранд ва дар ақидаи он буд, ки танҳо бо ёрии илм, паҳн намудани дониш дар ҷомеа ва меҳнат мардумро аз ҷаҳолат ва қашшоқӣ халос кардан мумкин аст. Дониш, ба қавли Берунӣ, одамро олиҷаноб намуда, меҳрубон ва бомулоҳиза мегардонад.
Барои Берунй «ғайр аз покии дониш» чизе нест.
Олим таълим медод, ки инсон ба камолот васеъ ҷорӣ намудани меъёрҳои баланди фикрӣ ва ахлоқӣ, ки танҳо бо ёрии илм тарбия43 карда мешавад, ба даст овардан мумкин аст. Берунӣ мутмаин буд, ки дониш мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва таъкид мекард, ки «ба василаи илм ба даст овардани наҷот танҳо бо парҳез аз бадӣ имконпазир аст».
Ақидаи Берунӣ аз нигоҳи муосир ҷолиб ва муҳим аст, ки танҳо одами бомаърифат будан, донистани қоидаҳои рафтори «наҷиб» басанда нест, чизи асосӣ ин донишҳоро дар амал татбиқ карда тавонистан аст.
Берунӣ ба тарбияи меҳнатӣ аҳамияти калон медод. Ба ақидаи олим, шарти зарурии инкишофи дурусти насли ҷавон меҳнат аст. Маҳз меҳнат омили асосии ба вуҷуд овардани сарватҳои моддӣ мебошад.
Берунӣ дар бораи тарбияи меҳнатӣ сухан ронда, дар ин самт аҳамияти бузурги иродаро кайд мекунад.
Омӯзиши осори Берунӣ нишон медиҳад, ки ӯ ба масъалаҳои ахлоқӣ, монанди шаъну шараф, дӯстиву рафоқат, некӣ, адолат ва виҷдон аҳамият додааст. Маорифгари бузург дар атрофи худ нодонию макру фиреб, адоват, беадолатиро, ки ба тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонд, дида, тарбияи ахлоқиро ба халқ тарғиб мекард.
Берунӣ ҷавононро ба некӣ, хоксорӣ ҳидоят намуда, бодиққат будан нисбат ба одамон, ҳамдардӣ ва ёрӣ расонидани онҳоро таълим медод. Олим барои ифшои мафҳуми вожаҳои «нек», «адолат»,
«ҳақиқат» бисёр сатрҳои зебо бахшидааст: «Чунон ки адолат бо табиаташ ризоият дорад, моҳияташ ишқро ба даст меорад, бо зебоии зотӣ ба худ ҷалб мекунад, ҳамин тавр аст бо ростӣ», — менависад Берунӣ.
Берунӣ ба масъалаҳои дӯстию рафоқат диққати калон дода, онро «қиматтарин неъмати ҳаёт» медонист. Мутафаккир хислатҳои хоси дӯстиро баён намуда, талаб мекунад, ки талабагон дар руҳи рафоқат ва ёрии ҳамдигарӣ тарбия карда шаванд.
Берунӣ барои ноил шудан ба комёбиҳои калонтарин дар таълиму тарбия инчунин усулҳои боваркунонӣ, ташвиқ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои гуногунро дар мавзўъҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ тавсия менамояд.
Объективӣ ва беғаразии олим, мушоҳидаю таҷрибаҳо, омӯзиши ёдгориҳои шифоҳию хаттӣ, муносибати танқидӣ ба маълумоти гирифташуда, муқоисаи онҳо бо мақсади муқаррар намудани ҳақиқат, ба таври мантиқӣ чамъбаст намудани фактҳо ва хулосаҳо, натиҷаи назариявӣ – хислатҳои характернок дар эҷоди илмии Берунӣ аст, ки барои ҳама давру замон дастоварди бузург ва арзиши илмй ба ҳисоб меравад. Берунӣ ин усулро ба роҳбарӣ гирифта, дар кори илмии худ ба муваффакиятҳои калон ноил гашт.
Ҳамин тавр, Абурайҳони Берунӣ на танҳо бо дастовардҳои барҷастаи илмӣ дар фанҳои табиатшиносӣ, балки бо ақида ва пешниҳодҳои худ оиди таълиму тарбияи ҷавонон, ки аҳамияти худро то имрӯз низ нигоҳ доштаанд, дар замонаш пешқадам буда шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё