Зеҳн
НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.

Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғами ту мехурад марову розиям,

Ки медиҳам закоти бо ту буданам.

Ту, эй ниҳояти шаҷоми фасли яъс,

Ту, эй наҷоти сар ба санг суданам.

Маро бибар зи шаҳри бесавобҳо

Ба кишваре ки меҳани муҳаббат аст.

Бибар, ки мекушад маро саробҳо,

Ки домгоҳи ҳила бар мурувват аст.

Маро бувад зи ноилоҷиям ғаме,

Чу тифли баъди зоданаш фикандаанд.

Ба дасти дояҳои оҳанисиришт,

Бубин, чӣ санҷише пиёда кардаанд.

Туро ягона дӯст дораму вале

Чу ман ба меҳри ту бувад ниёзҳо.

Ту офтобиву набошад ин русум

Ба нури бедареғат имтиёзҳо.

Дар кунҷи синаи ман як лонаи парастуст,

Он лона ҳар баҳорон пур аз таронаи туст.

Гар мурғакони меҳрат з-ин лона пар кушоянд,

То навбаҳори дигар гарм аст хонаи дӯст.

Бо фасли гул биёӣ бар хонаву дари хеш,

Қарсак занӣ, бирақсӣ бо болу бо пари хеш.

Хуштар зи лаҳни булбул лаҳни фараҳфизоят,

Ҳар бор омадӣ хуш, сад ҷони ман фидоят.

Аз хоки хоксорӣ, аз шираи забонат

Беҳтар зи ҳар муҳандис чун сохтӣ иморат?

Ки гарму равшану амн бо шакли қалби одам,

Ҳар кас надонад ин сир, к-аз чист он иборат.

Ин лона бе ту сард аст, ин лона бе ту холист,

Ғайр аз ту баҳри мурғон дар лонаи ту ҷо нест.

Сидқи парастувона дорад ҳавои хона

З-ин рӯ намегузорад, бошад ба ғайр хона.

Эй ёр, биё, ёр биё, аз ҳама растам,

Дилро ба ғам афканда ба пои ту бубастам.

Ҳар он чи дилат хост бикун, бо манат, инак,

Доман таҳи по чида ба роҳи ту нишастам.

Сад аҳд, ки бастанд, гусастанд азизон,

Ман низ ба ҳақ оинаҳоро бишикастам.

Ишқи ту бувад шоиру васли ту бувад шеър,

Дидӣ, зи куҷо шоиру ҳам шеърпарастам.

Гар зарра бибошам, ба ҷаҳонат нашавам гум,

Мақсуди ман астиву саногӯи ту ҳастам.

Чу хоҳам, бародар, бихонам суруд,

Зи оғоз орам ба Ховар дуруд.

Ба хуршеди гетифурӯзаш дуруд,

Ба он мардуми синасӯзаш дуруд.

Аҳуро ниёиш кунам синачок,

Дуруду ситоиш ба Яздони пок.

Набуд ин сароро вафо дар сиришт,

Ки тухми газанд андар ин марз кишт.

На роҳе бувад сӯи огоҳи ту,

На як раҳнамуне ба даргоҳи ту.

Ба сӯи Наҳованду Истахру Шуш

Гузар кардам аз Марву Алванд дӯш.

Равон хира гардад ба ҳангоми базм,

Сухан оварам гар зи шаҳри Саразм.

Зи бетобии сахт дидам хамӯш,

Надорад зи худ ёду дорад хурӯш.

Аз он рӯзгори басе бостон,

Бигӯ, шаҳрёро, яке достон.

Ба чанде фасона з-Авасто кунун,

Кӣ ёбад нишоне ба айёми дун?

Дареғи Авастову ин сарнавишт,

Сикандар ба гумномияш дарнавишт.

Яке Аҳриман он шикасту бибурд,

На ҷоме маи софи моро, на дурд.

Авасто буд ин май, ки нӯшида шуд,

Ба сад дин ғизо гашту пӯшида шуд.

Ба гуфтор некӯ, ба пиндор нек,

Ба рафтор некӯ ба кирдор нек.

Сипаҳбад, ки борой бувад дар ҷаҳон,

Аз ободии мардумаш ҷовидон.

Ба ҳиндиву чинӣ баробар буванд,

Ба зангиву румӣ бародар буванд.

Биё, эй бародар, бародар шавем,

Ба фарҳанги бумӣ баробар шавем.

Балое ба ҳар дам давон сӯи мост,

Ҷаҳон ҷои санҷидани хӯи мост.

пешина
аз 15
навбатӣ