НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.
Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Замона ки шум асту шамшер тез,
Аз ин марзи тира бихоҳам гурез.
Саросар бибинӣ хирадҳо хароб,
Ба ҷуброни ҳастӣ кӣ гӯяд ҷавоб?
Вабое хирадсӯзи оҳарманӣ,
Якояк ба вайрониву ман-манӣ.
Даровард аз пой барнову пир,
К-аз ин найситон н-ояд овои шер.
Нафастанг гаштам аз ин сарзамин,
Аз ин раҳнамоёни бероҳу дин.
Чу модар нахобам ба ором шаб,
Ки фарзанди ман аз чӣ хобад ба таб?
Ба ҷони ҷавонаш биларзад равон,
Ку роҳи раҳоӣ ба пиру ҷавон?
Ба кишвар ҳамон марзбонӣ кунад,
Ки душман ба ҷон меҳрбонӣ кунад.
Ҳамон марзбон, к-аз нажоди дад аст,
Кашонандаи маргу барги бад аст.
Дар ин бозӣ, ар нек, бикшой чашм,
Сиёсат бувад бозие пур зи хашм.
Биё, эй хирадманди бонангу ор,
Сиёсат раҳо кун, ба некӣ гумор.
Зи рои хирад хезу бардор пой,
Вагарна зи нангат чӣ монад ба ҷой?
Зи кирдори некӯ биорой марз,
Ки нанмояд аз порагиҳош дарз.
Ба номи Худованди бихрад бихез,
Зи дониш ҳаме дурру гавҳар бирез.
Мадад, эй Аҳурой – Яздони пок,
Ҷаҳон нохун аз хуни ман карда лок,
Ки фарҳанги бумӣ басо дид ранҷ,
Барафрохт аз нав сар аз ин сипанҷ.
Варо рӯҳи Симурғи саркаш бувад,
Ба нерӯи ҷовид – оташ бувад.
Дирафши накӯӣ ба болои сар,
Расад Сушиянта ба сар тоҷи зар.
Ҳамон Сушиянта накӯии мост,
Хирадмандиву хубхӯии мост.
Ба ҷустуҷӯи Худованди аззаву ҷалл
Зи пайраҳаҳои риёзати сатру
мисраъҳои ҳазор китоб пиёда рафтам,
Расидам ба шоҳроҳи тасаввур,
Боварам ба тасаввури ман бовар накард.
Ба худ гуфтам:
Тасаввур руъёсту тардид,
Тасаввур яқин нест.
Яқинам гуфт:
Эй мусофир!
Аз ин роҳи печидаи андешаҳои мураккаб
Куҷо бирасӣ?
Бозгард, бозгарду бузургиро
Дар ҳар чӣ сода аст, биҷӯ!
Ва ман санги гаронеро
ваҷаб бар ваҷаб,
қадам бар қадам
Асрҳо ки боло мебурдам, биғелонидам.
Чи сабуку гарон ба поён бозгаштам.
Нигоҳи баланди ман
ба дарёву кӯҳҳо,
ба баргу дарахту парандаҳо,
ба симоҳои латифу сода,
ба биноҳои бузургу кӯчак,
ба хоҷагони пуртакопӯ,
ба бодакашони хирқафурӯш,
ба шоирони дарбадар
ба ҳокими фақири Сармаддеҳ
ба Шоҳине, ки парвозаш
зи меғҳои ғализу сиёҳ боло намеравад,
ба Борбаде, ки зи яъс
садояш ғиреву марг асту
касе дар ғами панҷаҳояш нест,
ба он куҳандиёре,
ки зи куҳнагӣ оинааш зангидааст,
Зи нав ошно шуд.
Ва дили пурдарди ман аз нори дӯзах
Бо орзуҳои руъёӣ
Маро Ноҳид ном гузошт.
Ҳамон Ноҳиде, ки рӯдхонаи бузургест
зи кӯҳистони Хукария
ба баҳри Ворукаша бипайвандад
Дармонбахшандаву душмани девҳо
Мутеи кеши аҳуроӣ,
Ситудаи ҷаҳони моддӣ,
Муқаддасе ҷонбахш,
Фазояндаи галаву рама…
Низ сарвату мамлакат аст.
Ва нигоҳи ман лағжид
аз он сӯи тирезае дар дили шаб
зи хандаи тифли гаҳвора
Хуршед медамад.
Аз он нури сапеду раҳиму сода
Таҷаллои Дӯстро дидам.
Гузаштам зи кӯе, ниёзманде
1 ишора ба нависандаи беназир устод Баҳманёр
2 ишора ба рӯзноманигори озодманиш Шоҳин Облоқулзода
3 ишора ба овозхони бузург Олими Искандар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё