Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Алам намекунад, охир?

– Барои чӣ алам кунад. Ман хубам. Аҳволам хуб аст. Муҳимаш, ки халос хӯрдам. Бад-мӣ?

– Ба оҳанге гап мезанӣ, ки аламат мекунад.

– Донистан хеле чизҳоро тағйир медиҳад, Хусравако. Медонам, ки Сипеҳр маро дӯст намедорад ва ягон хел муносибат байнамон буда наметавонад.

Медонам, ки Нӯшин мурдааст. Дигар барнамегардад. Ҳамин, ки акнун гапи диламро ба хурмо мегӯям.

– Ба танҳоии зоҳирӣ ҳеҷ вақт тан намедиҳӣ. Ҳеҷ вақт. Кӯчактаринаш, мехоҳӣ, ки нафаре бошад, ки ақаллан ба оғӯшаш туро паноҳ диҳад.

– Инаш аллакай ҳиссиёти шумо аст, зеро ман мустақилияти худамро ҳифз кардан мехоҳам, ҳатто ба оғӯши нафаре ҳам ниёзманд будан намехоҳам. Ин чиз баръакс одамро сахт вобаста карда мемонад. Ман ин чизро намехоҳам. Чӣ қадар ба Сипеҳр вобаста будам. Вай ҳоло ҳам ҳаст. Вай гум нашудааст, аммо ман медонам ва ин донистан зиндагии маро сабук мекунад.

– Нӯшин...

– Нӯшин ҳама вақт шуморо дӯст медошт ва шумо ҳам ҳама вақт Нӯшинро дӯст медоштед ва дӯст медоред ва ин ҳамин хел мемонад. Ман бояд кор кунам.

Табиати худамро мағлуб созам. Ман ангушти шашум нестам!

– Ҳеҷ кас туро ангушти шашум нагуфтааст, Ҷарира. Майнаи карахт ёрои фикр кардан надорад, зеро карахтӣ нишонаи дар як ҷо қадам задан аст. Як, ду -як, ду, ду, як - ду, як...

– Нола менолад аз бедардӣ. Нола исён мекунад аз бераҳмӣ. Нола хунро дӯст медорад. Хуни гармро. Хуни гарми одамиро.

– Ана, борон борид.

– Хурмои Нӯшин об мехӯрад.

– Аммо ман дурӯғ мегӯям. Дурӯғ мегӯям, ки ману ту дурӯғ мегӯем.

– 100 грамм барои ҷасорат.

– Хирагӣ накун.

– Хирагӣ мекунам. Зеро мехоҳам.

– Чиро?

– Фаҳмиданро.

– Поят дард накард?

– Борон қадамҷойи баҳор аст.

– Аз зиёд нишастана пойҳоям карахт шуд. «Хоб» рафт.

– Ҷазои сандалӣ ҳамин.

– Ту ҳамин қадар гап задӣ, аммо як пиёла чой ҳам наовардӣ!

– Шумо нагуфтед, охир.

– Хислати аҷиб дорӣ, духтар. Гуноҳи худатро даррав ба гардани дигарҳо бор кардана дӯст медорӣ.

– Хайр, дар ин нимашабӣ, газ нест, чароғ нест. Ман дар куҷо чой ҷӯшонам?

– Дили нохоҳам узри бисёр.

– Баъд бӯйи дуд мешавам.

– Хуб, хуб, чой нахӯрдам.

– Нағз кардед.

– Воқеан, шумо шом хӯрда будед?

– Ақли Афандӣ баъд аз пешин мегӯянд, рост.

– Ман, аз ростӣ мепурсам.

– Ҳозир гуфторат ҳамин қадар ба Нӯшин монанд шуд... Дилам барои Нӯшин гум зад. Кошки...

– Ёд кардед?

– Ҳа...

– Агар зӯр намеомад, ҳеҷ вақт ин хел намегуфтед.

– Нӯшин...

– Ман Нӯшинро мебинам. Ҳар гаҳе ба оина нигоҳ медӯзам, Нӯшинро мебинам. Дар назарам, ман

Нӯшин мешавам. Симои ҳар дуямон дар ман гӯё таҷзия мешавад. Бӯйи атри Нӯшинро ҳис мекунам. Ва худамро фиреб медиҳам.

Ин баногоҳ нишони аз ақл бегонагӣ нест?

– Дафъаи гузашта ҳам чунин гуфта будӣ. Ин нишони пазмонӣ аст. Сахт, ки ёд мекунӣ, ҳамин хел мешавад.

– Нағз, ки шумо ҳама вақт ба саволҳои ман ҷавоби муносиб меёбед.

– Воқеан, хушхабар фаромӯш шудааст.

– Дар ин дунё хушхабар гуфтанӣ гап ҳам ҳаст?

– Ман газетаи хусусии худамонро ташкил кардам, ҳуҷҷатҳояш тасдиқ шуд.

- Ваҳ, барвақттар гӯед, намешуд. Кошки Нӯшин зинда мебуд. Орзуи вай буд, ки газетаи худашро дошта бошад. Дардашро гуфта тавонад.

– Орзуи Нӯшинро мо амалӣ мекунем. Романашро чоп мекунем. Ту ҳам кор кун, Ҷарира.

– Таронаҳои маро чоп мекунед?

– Тарона моли адабиёт нест, Ҷарира.

– Фақат ҷанг накунед, илтимос.

– Ҷанг намекунам... Воқеан, тарҷумаи ҳикояат хуб буд. Вақти тарҷума ба сохти грамматикии ҷумлаҳо ҷиддитар аҳамият деҳ. Нашавад, ки тарҷума буданаш маълум шавад, яъне, ки қолаби ҷумлаи русӣ... Мақолаи гуфтаатро навишта шудӣ?

– Навиштам Хусравако, фақат баъзе ҷояшро таҳрир кардан даркор. Шумо гуфтагӣ барин навиштам.

– Сангзадаро мо ҳам санг занем?

– Киро дар назар доред?

– ҳолати ҳозираи ҷамъиятро дар назар дорам. Ҷамъияти мо як инсони ғамзада аст, болои ҳамин қадар ғамаш ӯро боз ҳам маҳкум кардан...

– Бояд меҳрубонӣ бикунем?

– Ниёз ба чӣ гуна меҳрубонӣ дорад, бачам. Халқ рама ҳам несту ба тӯдакаш ҳам ниёз надорад.

Бачаҷон, фаромӯш накун, ки маҳкумкуниҳои ғаразнок ва танқиди ба хотири пул гуфта шуда дер намепояд. Акнун, хоб кун, Ҷарира! Рав, Ҷонона бедор шавад, бехобӣ мекашӣ. Хобата гир. Ман меравам...

– Шаби хуш, Хусравако.

– Субҳи хуш.

Хусрав Ҷарираро гусел карду аз пасаш хеле чашм дӯхт. «Муносибатро аз ту ёд гирифтам, Ҷарира.

Аз рӯйи нафаҳмиданам Нӯшинро хеле азоб додам.

Рӯҳафтода шуду бовариашро гум кард, бечора духтар. Дунёи кӯдакҳоро ҳам фаҳмидан даркор будааст. Афсӯс, ки Нӯшинро эҳтиёт карда натавонистам.

Агар намемурд, нависандаи хуб ҳам мешуд. Чӣ илоҷ, таомули мо ҳамин будааст, ки аз қадами аввал мешиканем истеъдодро ва баъд табли андӯҳ мезанем, ки эҳтиёташ накардем. Зиёдтар рӯҳафтода мекардам. Аз куҷо донам, охир. Ман умуман аз дунёи кӯдаконаи духтарҳо бехабар будам. Занҳои ман тамоман дигар хел буданд. Чизпарасту тиллопараст... Агар ҳозир Нӯшин зинда мебуд, барояш дунёи афсонавӣ месохтам. Бечора духтар, рӯз надид. Қабрашро сарсабз мекунам, ҳар рӯз ба он ҷо об мекашонам. Духтарчаашро ба дидораш мебарам, аммо хуморам намешиканад. Баъзан дар чеҳраи Ҷарира Нӯшинро мебинам. Ба ҳамин ҳам шукр. Кошки Нӯшин зинда мебуд. Нӯшин, ҷони ман, ман туро дӯст медорам... Пул ҳам ёфтам, аммо дер. Дери дер.

Газетаи худамро ташкил кардам, аммо дер. Дери дер. Чӣ илоҷ? Ақаллан, барои Ҷонона хизмат бикунем. Fами Ҷононаро хӯрдан даркор. Бачаи ман набояд маҳрумият кашад.

Вай набояд маҷрӯҳ шавад. Ҷарира...»

Субҳ руҷӯи дидор дошт. Нурҳои гулобӣ мисоли ниёиши пурмеҳр медурахшид. Дидори субҳ мисоли бӯйи тоза накҳати орзуро дар фазои дили Хусрав паҳн мекард. Хусрав хомӯш тамошо дошт. Офтоб рухи худ таҷалло медод. Аски офтоб дар чеҳраи сабзинаи Хусрав таҷаллӣ мекард.

Дидори Меҳр... Хусрав нафас мекашид. Навозиши хуши офтобро дар вуҷудаш эҳсос мекард.

– Салом, Нӯшин!

«Хусравҷон, маро дӯст медоред?»

– Дӯст медорам, Нӯшин.

«Сахт дӯст медоред?»

– Сахт дӯст медорам.

«Сахти сахт дӯст медоред?»

– Сахти сахт дӯст медорам, ҷонам...

Шохаҳои хурмои сарсабз пинак мерафт. Ноз дошт ба нозбардори худ. Ва зери навои хуши насими саҳар шохаҳои хурмо арғушт мерафт. Хурмо алвонҷ мехӯрд. Алвонҷи зебоиро таҷаллӣ медод.

пешина
аз 16
навбатӣ