Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар осмони нилгун ҷо-ҷо абрпораҳои сафед ёд аз хирмани пахта медоданд, ки гӯё чинакчиҳо ҳарҷо-ҳарҷо пешдомани пахта холӣ карда бошанд. Вале дар осмон баръакси хирмани пахта абрпораҳои сафед бо вазиши бод андак-андак аз ҷойи худ беҷо шуда, интарафу он тараф мелағжиданд, ба ҳам ҷафс ва каму зиёд мешуданд, сурати ночаспони хирси сафед, тика-тика аълопесаҳои барфин мегирифтанд. Парандаҳои озоду ҳарҷогард поёнтар аз абрпораҳои сафеди осмонӣ инсӯву он сӯ дар парвоз мегуфтӣ як навъ қасди худнамоӣ доранд.

Ин замон садои тир шуниданд ва ё овози гиряю шеван, ки дар як они воҳид одамони зиёде, ки пештар мегуфтӣ ному нишонашон дар ин наздикиҳо набуд, дар саҳни бинои мактаб, ки он ҷо пештар дарсҳои ҳарбӣ ва истеҳсолӣ мегузаштанд, сари теппа ҷамъ омада, байни ҳам бо шеваи маҳали худ ба пичир-пичир ва қилу қол шуруъ карданд:

– Чоқамба писари раис дирӯз тузук буд ку?

– Эй кира паронданд?

– Кӣ тир задаст?

– Мурдаи кӣ буд?

– Мегуван бачаи Раис чиртидаст?

– Чӣ мега?

– Мега бачаи Раис бимурраст.

– Кӣ паронда бошад?

– Кушандая қапида бошанд?

– Ту нав омадӣ. Аз куҷо медонӣ, писари Раис будасту…

– Як ман не, Худо ҳозир, хурду бузурги деҳа медуна…

– Оҳ, обулвоҳимае! Аз куҷо донистӣ, ки куштаанд? Шояд танҳо захмӣ шуда бошад.

– Ай, не-е! – мегуфт зане, дар ҷавоби таънаи дигараш – ита нагӯ! И бачаҳо шабу рӯз машқи тирпарониву одамзанӣ доранд.

Баъди ин ҳама, боз ту гумон дорӣ тирашон хато мехӯра? Эҳ-ҳа!

Худо гӯй, ки нуги силоҳ тарафат рост нашава. Ҳолӣ даҳан накушодаӣ, ки ҷон ба Ҷаббор месупорӣ. Ино ба рӯзе чандин каса аз ҷон беҷон мекунанд…

– Чува паронда бошанд?

– Дурӯғгӯ аз даҳани дурӯғгӯ мешунава: ба шунидам ба бачаҳои силоҳдор сахт расида, гуфта бошанд, ки дар ҳами замони нооромӣ, ки дигарон дар ғами ҷону ёфтани як бурда нонанд, бачаи Раиса бинед, ки ғами дунё надора, духтари уруса таги каш ина ҳамита, падрушка гирифта, гулай-гулай карда гаштааст…

– Ман ҳам ҳаминхелӣ гапо шунидаму каме дигархелтар: гӯё бо духтари урус виғӣ карда, аз пеши назари ин бачаҳои чашмо хунгирифта, инсӯву он сӯ бо мошин гузаштанаш сахт расида бошад.

Боз дурусташа Худо худаш медона.

– Ман ҳам каме дигархелтар фаҳмидам: гӯё бачаҳо гуфта бошанд, ки биё бо силоҳдорони мо ҳамроҳ шав. Ё мошината те.

Вай не гуфта бошад…

– Мошина не-е!!! Духтара, ҳаму урусака те, гуфтиян, Худогирифтаҳо!

– Барои ин бачаҳои чашмо хунгирифтаи хунрехта, андак баҳона кифоя аст, ки… – вай даст ба гулӯ бурда, – фишт! Теғ зананд. – гуфт.

Назар ба соат мебоист субҳ дамида бошад, вале авзои осмон ба ҳам печида, марди хашмини ҷабингирифтаеро мемонд, ки ҳамакнун аз хоб бедор гаштаю амали бадеро қасд дорад, вале кай ва ба чӣ рангу сурате оғоз карданаш маълум нест. Фурсати зиёде нагузашта, бод ба вазидан даромад, баргҳои гулу бутта ва дарахтонро ба бозӣ ва ҷавлон даровард, хасрӯбаҳоро титу парешон кард ва борон аввал чакчаку баъд шиддат гирифт ва бод ҳамоно ба ранги кайвонуи моҳир ҳамели боронро бару боло даста мезад. Борон рехту рехт ва замоне шасташ гашт ва поён ёфт, атроф ҳама ором шуд, аз сари шоху барги дарахтон боз ҳамон садои чак-чак меомаду бас. Гарду ғубор, баргу бор ба замин нишаст, ҳаво тоза шуду замин пур аз ғаждӣ. Раҳу рӯ, балки мегуфтӣ ҳама ҷоро об зер кардааст, зеро он ҷӯю обравҳо, ки замоне рӯбу чин мешуданд, кайҳо боз ному нишони ҷорӯбкаш надида, имрӯзҳо ғунҷоиши ин ҳама селовардро надоштанд ва об ба кӯчаю раҳравҳо баромада, на танҳо барои одамон, балки мошинҳо ҳам мушкилот пеш меовард. Танҳо ҳамин мебуд, дарди бахайр буд, вале афсӯс ки сели ба хун омехта меомад, узвҳои мурдаҳо: пораҳои гӯшу бинӣ, дасту панҷаи одамӣ ва дигар узвҳоро «пешандоз» карда меовард, ки аз хунрезию қатлу ғорат ва дигар амалҳои даҳшатнок ба мардуми кӯча дарак медод ва алами бинандаро як бар даҳ меафзуд.

Вақте писари Боири раисро болои даст мебурданд, ду кас: яке дар либоси варзишӣ, дигаре ҷома ба тан, тоқии чамангули тоҷикӣ ба сар, пасу пеш ҳавлона давида, ба онҳо наздик омаданд. Якеш гуфт: – Дар ин ҳол ба назарам ба ӯ гап гуфтан маънӣ надорад.

– Вай раҳбари мо аст. Дар ҳама ҳолат бояд аз авзои маҳалу мардум бохабар бошад…

– Ҳа бачаҳо? Чӣ гапи нав шудаст, ки ман бояд бохабар бошам?

– Раис майитро ба дастони ҳамраҳонаш ҳавола карда, ҷониби онҳо гашта, наздик шуда пурсид.

– Холаи Хатиҷаро, Худо биомурзадаш, паронда, як қисми чизу чора ва духтарашро бурданд…

– Худораҳматӣ, хеле чизу чора ғун карда буд, ки духтар шӯ медиҳам, тӯй кардаву ҳавою ҳавас мебинам… Дар хона як сари сӯзан намонда, ҳамаро ғорат кардаву оташ заданд. Аввал мо кӯшиш кардем, оташ хомӯш кунем, баъд бинем, ки як барбара оташ гирифтааст. Дигар чашмамон ба хомӯш кардани оташ начаспид. – афзуд оне, ки дар либоси варзишӣ буд.

– Акаи Боир, ба ҳар роҳе ки бошад, мудофиаи деҳаро пурзӯр карданамон лозим! Ба умеди к…ҳои дастаи Вакили лаънатӣ шавем, ё гург мехӯрамон ё дар оташ кабоб мешавем.

– Акаи Раис, дар хонаву дари муллои майдаҳаку усто Қиёму ҳамсояш ҳам оташ фағона мезанад…

Боири раис пеши сухани ӯ гирифта, бо қатъият амр кард: – Дигар ҷои баҳсу муҳокима нест! Сӯхторро, ки хомӯш кардан нашавад, бигузор ҷони худро эҳтиёт ва чизу чораашонро яктарафа кунанд. Зуд рафта аз байни занҳо мурдашу ёбед! Бачаҳоро сафарбар кунед, ба гӯристон рафта, ба гӯркобҳо мадад кунанд. Бинед дар масҷид ягон кас бошад тезтар мардумро ба ҷаноза даъват кунад.

Як қисми мардума ба ёрии хонаҳои оташгирифта сафарбар кунед, ба баровардани чизу чора ва хомӯш кардани оташ машғул шаванд.

– Байни намози асру шом ҷаноза раво нест, раис. Ба пагоҳ монондан лозим, – ба гуфтугӯи онҳо ҳамроҳ шуд, марде, ки бо як даст аз тани майит медошт ва омадани ин ду ҷавонро дида, ҳавлона даст сар доду барбари онҳо равон шуд. Вай ба чӣ ҷавоб гуфтани раису хабар овардани одамони наврасида, гӯш ба қимор қадам зада, пеш мерафт.

– Гуфтаи ту дар дигар маврид аст! – ба тундӣ ҷавоб гардонд Раис.

– Ин чӣ маврид аст? – марди якрав ба дурустии гуфтааш умед баста, гапгардонӣ кард.

– Ин? «Ин, чӣ маврид аст, мегӯӣ?». Ин ҳамон маврид аст, ки маълум нест, то пагоҳ кадоме аз мову шумо зинда мемонем?! Ба калони милисаҳо – сардори Раёсати зудамали Вазорат, ки нону намакхӯрда аст, занг зада гуфтам: Писарама паронданд. Медонӣ чӣ гуфт? «Худо раҳматаш кунад! Ҷавон рафт. Мард бош!» Як даҳан нагуфт: гуруҳа ё кас мефиристам, ҷинояткора дастгир кунанд. Маълум ки онҳо ҳам дар ғами ҷони худанд. Кӣ бовар мекунад, ки одама бегуноҳ кушанду милиса бетарафу тамошобин бошад? Ана барои ҳамин мегӯям, ки бовар нест, то пагоҳ кадоме аз мову шумо зинда мемонем. Акнун фаҳмидӣ?!

Ун мард боз чизе гуфтанӣ буд, ки Раис ба овози боз ҳам тундтар, ба атроф ишораи даст карда, фаҳмонд: – Бубин! Бубин, фағонаи оташ, дуди сиёҳ болои Вистани нозанин гирифтааст, мебинӣ?! Хонаҳои мардума ғорат карда истодаанд! Як ё ду мебуд, гап дигар. Кор аз кор гузашта, дигар қудрати мо ҳеҷ аст! Маълум нест, то пагоҳ ҳол чӣ мешавад? Танҳо Худо худаш медонад, банда оҷиз аст! – ин дам марги фарзанд ва якбора оташ гирифтани деҳа Боири ботадбирро батамом ошуфта карда буд.

…Вақте вай ба деҳа омад, як духтараки даҳ-дувоздаҳсолаи назар ба синнусолаш харобаю болобаланде буд. Аз рӯзҳои аввали ба деҳа қадам мондани ӯ, гирди номаш гапу ҳарфи мардум оғоз ёфта, то ба имрӯз, ҳар куҷо ки қадам монад, мегӯӣ овозаю дарғоза чун соя аз пайяш аст, гуфтугӯҳои пайваста ба номи ӯ, поёне надоранд, балки рӯз ба рӯз тову печҳои сарбаставу ғалатӣ мегиранд: Якеш ин аст, ки гӯё вақте амаки Аҳмадро дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта, бо баҳонаи муллоӣ ва ё ҷанҷолу хархаша «говсудкун карда», аз деҳа ба шаҳрҳои сарду дур аз маркази Русия мефиристанд, дар ҳамун тарафҳо ба хотири соҳибдараке ёфтан, зан гирифтаю ин духтар аз ҳамон зани ғайри тоҷик аст. Ҳамун зан ба гуфтае аз амаки Аҳмад калон будаст, вале ба хотири аз мурдан раҳидан ва шахси додрасе пайдо кардан, ки гоҳ-гоҳе ба суроғаш омада, аз ҳоли мурдаю зинда буданаш хабар гирад, дилдорияш диҳад, хулласи калом ба ибораи маъруф оина муҳтоҷи хокистар шудаст. Сари ҳар чанд моҳ ба ҳамун занак иҷоза медодаанд, ки як шаб, ду шабро бо шавҳар гузаронад ва зани дилёб, ки будаст, аз ин бештар ва зуд-зуд дидор медидаанд.

Ҳосили ҳавову ҳавас ва издивоҷи онҳо ҳамин духтарак шудаст. Ва чанд соли ҳамун тарафҳо будани амаки Аҳмад, ба ростӣ ҳам ҳамон зан соҳибдаракаш гашта: нигоҳубин, соҳиби фарзанд ва дар ҷогардон кардану озодшавиаш ҳам мадад кардааст. Ба қавле бо кӯмаки ҳамун зан, амаки Аҳмади мо аз минтақаҳои сарди Русия, ҳарчанд ки ин мамлакат аксари маҳалҳояш иқлими сард дорад, ба миёнкол омада, дар корзори васл кардани дарёҳои машҳури Волга ба Дон ширкат варзидааст. Ноомади тақдира бин! Агар амаки Аҳмади мо маҳбус намебудаст, шояд барои корнамоиҳояш ягон хел мукофоти давлатӣ ҳам мегирифтааст, вале чӣ мегӯед, ки… Ба ҳар ҳол аз муҳлат барвақттар ҷавобаш додаанд, ки ҳамин ҳам давлати калон аст, – қисса мекарданд мардуми деҳаи Вистан дар ҳаққи ӯ.

Ва ин духтаракро дар қиссаҳои мардуми деҳа нишони ҳамон меҳру муҳаббати мусофирӣ ва пирмуроди амаки Аҳмад маънидод карда, аз дасти ӯ ҳар амали баде биёяд ҳам, амаки Аҳмад лаб зери дандон тоқат намуда, ба ӯ на танҳо шалоқ задану ҷазо додан, балки сухани талху дуруште ҳам гуфтан аз гӯшаи хотираш намегузашт ва мардум инро ба он мечаспонанд, ки ба шарофати ҳамин духтар ва модари ӯ, вай дар мусофират аз марг раҳида, акнун намехоҳад намакношиносӣ бикунад…

Баъди аз маҳбас баргаштан, амаки Аҳмад бо холаи Фотима хонадор шуд ва аз байн чанд сол сипарӣ гардиду ҳеҷ не, ки соҳиби фарзанд шаванд. Ҳамсараш холаи Фотима хеставу шишта, ба ӯ таъна мезад:

– Ту дар ҳамон шаҳрҳои сарду хунукиҳои қаҳратуни урусо гашта, сахт хунук гирифтаӣ, аз баҳраи фарзанд мондаӣ… Бирав худатро табобат кун ё маро…

Амаки Аҳмад ҳарчанд мефаҳмонад, ки эҳ-ҳа, мисли об дар ҳован кӯфтан, хола гапаш якта: – Ту аз баҳраи фарзанд мондаӣ!

Безурётӣ! Оҳ, рӯзи сахтам, чаро ба ҳамсарии ту розӣ шудам?

Ҳамун ҳоли беваю бечорагиам бад набуд!

Оқибат, рӯзе аз рӯзҳо холаи Фотима мебинад, ки ин гапҳо ба вай кора намекунанд, ба амаки Аҳмад мегӯяд: – Ман розӣ ҳастам, рафта аз ятимхона кӯдак биёрӣ, калон кунем, то ки дар пирӣ рӯ ба раҳми Худо, бе дастёру ғамхор намонем…

Ба гуфтае амаки Аҳмад хат менависад ва ҳамин Латофати баду бало, офати деҳа, ки номаш Лена будаст, баъди чанде гузаштан, бо пои худ «Здрастӣ!» гуфта аз дар медарояд. Дар рӯзҳои аввали омаданаш Латофат тоҷикӣ намедонист. Оҳиста-оҳиста зеҳнаш, ки бурро буд, зуд ёд гирифт, дар мактаби деҳа то чанд сола аълохон, пионер, комсомол, вожатий шуд. Забони русӣ нағз медонист, дар маъракаҳои мактабӣ ва колхозӣ яке аз фаъолони тадорукот ба шумор мерафт, ба чорабиниҳои ноҳиявӣ даъваташ мекарданд. Гоҳ-гоҳе омада ба маъракаҳои фарҳангии маркази ҷумҳурӣ мебурдандаш. Ҳамун сафарҳо ва бо одамони хелмахел шину хез кардан ба хӯву хислати уруситабиати Ленаи Латофатшуда асар кард ва ё дар асл аз хоки паст буд, ки як навъ дарди сари мардум гашт. Иззату икроми калонсолон, ҳатто хешу таборон ва пос доштани расму русуми деҳаро ба фиси мирӣ намегирифт. Аз касу коре меранҷид ва ё писандаш намешуд, дастак зада дашноми урусӣ медод. Ҳар кору рафтори табъи дилаш буд, ҳамон мекард, бо ҳар кӣ дилаш мехост, мешишту сухан мегуфт.

Вале мардум ҷуръати ба ӯ насиҳату гапфаҳмонӣ надоштанд, дар ғайбаш мегуфтанд:

– Бо вай лав ба даҳан шудан, намешавад!

– Мо ба вай чӣ гӯем, ки урусира ов ворин медонад?

– О, вай қонуну қоидаи уруса намедонист, бо як сари қоқу тани лоғараш аз ҳамун шаҳрҳои дури дур беғалат раҳ ёфта меомад?

Ҳамӣ раҳа беғалат ёфта, омадан худаш бе назари Худо нест.

– Бачаҳои мо роҳи хонаи духтари гузари болоро намеёбанду вая бин!

– Бо як сари қоқ ин қадар раҳа тай задана гӯ! Кори ҳар кас нест! Барои ҳамин ба вай аз бинӣ боло гап задан нишони аҳмақист.

– Эй, аҷаб мегӯӣ! Кӣ ҳаваси бо ӯ лав ба даҳан шудан дора?!

Ба ростӣ, касе дар деҳаи Вистану атрофи он бо ӯ ҷуръати чуну ча ро надошт. Ҳамун худхоҳиву худсариҳо буд, ки Латофат бе шавҳар соҳиби тифлак шуд ва ба он Файзиддин ном монд. Ва ҳар гоҳ ӯро навозиш карда, «Мой милинкий Файзик», «Файзчик» ва ҳатто «Файзу баракат» мегуфт. Ҳанӯз Файзик рӯхандонак нашуда, ба дари хонаи амаки Аҳмад холаи Хосамоҳ омада, Латофат суроғ кард. Рӯзи шанбе буд. Амаки Аҳмаду холаи Фотима ва чанде занҳои ҳамсояшинӣ омада, болои кати рӯи ҳавлӣ давра гирифта, аз ҳар кую дар суҳбати дӯстон ороста буданд, онҳо аз дидани холаи Хосамоҳ дар ҳайрат афтоданд, ки вай аз ҳафт пушти Латофат безор буду чӣ гап гузашта бошад, ки Латофат суроғ дора? Ҳанӯз онҳо ҷавобе наёфта, сабаб нафаҳмида, худи холаи Хосамоҳ бе пурсиши дигарон парда аз роз бардошт: – Фотима! Ҳой Фотима, ҳамун қанчиқаки урусидонакат ку?! Барои чӣ, вай ба ҳамон ҳаромзодаҳакаш номи бародари ҷону ҷигари мана мондаст? Аввалаш ин ки: рӯйи зояндааш дар гӯр, деҳаи мора мурдор кардааст, дигар ин ки: вай ба ин ном сазовор нест! Ин ном поку покиза, ҳалоли бародари ман аст, ки дар оилаи поку хушахлоқ, аз никоҳи мусулмонӣ зоида шуда, беолоишу бадномӣ ба воя расида, аз илми гузаштаву ҳозира бохабар аст. Дувум, агар шумо шири одам хӯрдаву аз Худову пайғамбар мункир набошед, медонед, дар деҳа расм аст, ки номи касеро гирифтанӣ шаванд, аз падару модар ва авлоди ӯ ризоят мепурсанд, ки мо номи шуморо ба фарзандамон гузоштанием, чӣ мегӯед? – аз шиддати ғазаб ларзида мегуфт холаи Хосамоҳ. – Ҳамин хел ҳаст? Ё не, Фотима?! Аз амаки

Аҳмад намепурсам, чува ки вай чанд сол дар шаҳрҳои дуру мусофирӣ ғариб гашта, яке рафтаву фаромӯш карда бошад, изои муъмин ҳаром. Ту ку аз кӯдакӣ то ба ҳол, аз Боғи боло ва сарҳади деҳа дуртар нарафтаӣ, ку гап зан! Бугӯ, гапам дуруст аст? Фотима?! Зудтар!

Холаи Фотима ҷаҳли Хосамоҳро, ки мегуфтӣ бо он ҷуссаи хурд ҳама як мушт дилу ҷигар ва шуҷоат аст, дида, ба ҷуз тасдиқи сухани ӯ дигар роҳи халосӣ надид ва ба нармӣ хоҳиш кард: – Садқаи қадамоте, аввал биё як дам бо мо бишин! Дам ҳот кун. Як пиёла чой гиру ҳалқ тар кун. Ай ҳади таҳ то ин ҷа, ҳаккас зада омадӣ, аҷаб не, ташна шудаӣ. Баъд ҳарчие гуфтаниӣ, бугӯ. Мо ба ҳеҷ куҷо кӯчӣ ва раҳакӣ нестем, чиптаи самалут ҳам надорем, ки равему гапот ногуфта монад.

пешина
аз 22
навбатӣ