Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не! Ту ба ҳамун қанчиқакат фаҳмон, ки ба ҳаромияш ҳаққи Файзиддин ном мондан надорад! Фаҳмидӣ?! Ҳарчанд ки бачааш ба ҷайра ҳам ширин аст. Ҳаққи Файзиддин ном мондан не, ягон номи дигар, мисли ҷангӣ, ҳангӣ, барзангӣ, бангӣ, мишка, гришка ва ё ягон баду балои дигар монад. Фаҳмидӣ, Фотима?! Ҳамин ки аз дайдугӣ, падрушкаи мардои ғар ва гулай-гулай омад, ба вай қанчиқакат гапҳои мана бе каму кост, нарезондаву начаконда, расон! Ман рафтам.

Холаи Хосамоҳ бо ҳамон тасфи тан баргашт ба хона. Вай ҳарчанд дарди дил гуфта буд, боз ҳам қонеъ набуд. Бисёр мехост худи Латофат ба чанг афтаду ба худи ӯ заҳр чаконад. Ва рафту гапгардонӣ кунад, аз почи мӯяш гирифта, то идораи Ҷамоа барад.

Ба ун раҳбарони ба ғами мардум бепарво, ки вазифашона намедонанд ва ё намедонистагӣ вонамуд месозанду мудом дар фикри нафъи худ ҳастанд, баду неки ин сирру савдоро фаҳмонад…

Рӯз якшанбе ва аз нима гузашта, ба қавле вақти намози пешин шуда буд. Холаи Раҳима ба дари ҳавлии Хосамоҳ наздик омада, хам зада гарди роҳ аз поҷома такид ва назараш ба пойафзол афтод, ки хеле гардолуд менамоянд. Вай аз соқи по, даруни ҷӯраб латтачае бароварда, пойафзол пок кард, дид ки табъи дилаш тоза нашуданд, сари ҷӯйча рафт, даст ба об тар кардаву рӯи ба гуфти худаш «патинкаҳои нозанини савғои писараш аз шаҳрҳои дури урус овардаро» шакид ва пас раҳ дохили ҳавлӣ гирифт. Холаи Хосамоҳ баъди адои намози пешин боз бари мошина сари дарзу дуки ҳамешагияш болои кати ҳавлӣ нишаста буд, ки бӯи димоғпарваре, ки ёд аз гули сияҳгӯш мекард, ба машом расид. Вай дар тааҷҷуб сар бардошта, ба атрофи дару девори хона ва ҳавлӣ нигарист, то фаҳмад ин бӯйи фараҳбахшро бод аз кадом сӯ меорад. Ҳамин вақт аввал овози аҳу, уҳӯгӯии касе шунида шуд ва лаҳзае пас, холаи Раҳима, зани хушқаду хуштаркибе, бо чашмони сурмакашида, сару зулфони бомаҳорати тамом обутобдода, ки аз зери докаи барфсон ба рухсораи сурхиву сафедизадааш ҷӯр афтода буд, куртаи оҳарӣ ба бар карда, ҳарчанд ба қавли кампирҳои ҳамсоя ин олуфташавиҳо ба синнусолаш намегуфт, худ ифтихор дошт, ки «дораду чунин фасонӣ карда метавонад», аз дари ҳавлӣ ворид гашт. Шахси ноогоҳ ӯро бо чунин фасонӣ дида, гумон мебурд, равонаи тӯй ва ё ягон маъракаи хурсандӣ аст. Вай холаи Хосамоҳро болои кати рӯи ҳавлӣ танҳо нишаста дида, оҳиста-оҳиста ба атроф назар давонд, то фаҳмад ғайри ӯ каси дигаре дар наздикиҳо ҳаст ё не, ва ба кат наздик омада, дарзамон ба ранги ҳунарпешаҳои касбӣ тағйири авзо кард, тавре ки сухане ҳам нагуфта, аз ваҷоҳаташ пай бурдан мушкил набуд, ки аз кӯлбори сухан ҳама калимоти дурушту қабеҳтаринро ба муомила бароварданӣ аст.

Тавре Хосамоҳ ба сари холаи Фотима ба гуфтае зӯрӣ карда буд, ин ба дуғу диранг даромад:

– Хоса! Хосамоҳ! Мегум, ту аз ману бачаҳои ман чӣ бадӣ дидӣ, ки душман тарошидӣ? Чува номи бачаҳои мана иқа паст зада, таҳқиру ба хоки кӯча баробар кардӣ?! – холаи Хосамоҳ ҳанӯз даҳон накушода, боз бо ангушт ишора ва таҳдид кард: – Ту медонӣ, ки ҳақорату таҳқири одам ҷазо дора?! Дар закун як истатияи алоҳида ҳаст! Ба ҳукми суд, барои таҳқир одама рост монда, ҷазо метан! Бас ки намондӣ, аристонаш мекунанд! Рафту пушту паноҳ ва ё додраси серпули хотирдор дошта бошад, бо ҷарима халос мехура! Ранги мову ту боша, эҳ-ҳа, хаташ аз ким кадом гӯшаи дури дунё меоя. Ту ҳамина мефаҳмӣ?! Кампири содаи кӯри роҳ?!

Ман аз рӯи ҳурмату ихлосе, ки ба шӯт дорум, омадам як бор аз пешат гузарум. Агар Худову ростӣ, хотири шӯт намебуд, хотири ҳамун марди хонумон намешуд, бо ин гапакот ҷаҳандума ҷот мекардум. Фаҳмидӣ?! Ту медонӣ ба кӣ ҳаваси ҳафту ҳашт кардан дорӣ?! Ту ун Фотимаи кӯри роҳи ҳеҷ куҷо нодидаву нашнидаро тарсондӣ! Ку бо ман гап зану гап шунав! Ту аз кай боз назоратгари номмонӣ шудаӣ?! Ку гап зан, Наркомнадзори пешхезаки худкома! Ту медонӣ, ки як бар-бари деҳа Искандар ном дора?! Искандара медонӣ ки кист? Искандаре ки ними дунё гирифта, баъзеҳо дар қатори пайғамбарро номаш мебаранду баъзеҳо аз ҳафт пушташ безоранд. Ҳарчанд ки чанде шоиро ба баҳонаи ӯ китобу дафтарҳо пур карда, орзую ҳавасҳои худро гуфтаанд… Ана номи ҳамуна имрӯзо касое ҳам гирифтаанд, ки бинӣ пок карда наметавонанд… Ё Темур! Темури ланг шунидаӣ?! Дар гузаштаи дур аз шунидани ин ном дар бадани габру мусулмон, тарсову яҳуд, масеҳиву дигару дигар мурғак медавид. Навиштаҳо дар бораи калламанораҳои бо амри ӯ сохта, саҳифаҳои китобҳои таъриха пур кардаанд. Ту аз инҳо хабар дорӣ ё не?! Эй ҳомии ном! Бубин имрӯзҳо киҳо номаша гирифтаанд? Унҳое ки ҳатто бори тан кашида наметавонанд… Худо дурӯғгуфтам накунад, як та-нимтаҳое ҳастанд, ки сазовори ин ном ҳастанду қадру манзалати онро медонанд… Ва ё номи Ҳазрати Муҳаммад(с)-ро гирем. Таги курпаи оилаи ҳар як мусулмонзодаро кобӣ як та –нимта Муҳаммадбачаҳак масти хоб аст. Пеши кадом яктаи инҳора мегирию гап мефаҳмонӣ?! Ёфтаи ҳамун Фотимаю амаки Аҳмада даҳани воз! Ку бо ман гап зан!.. Дар сари амаки Аҳмад гунҷишк биринад, на сар бераҳа мекунаду на киш мегӯяд, ҳамун қадар дар шаҳрои урусо тарсу шудаст. Ку бо ман чақ-чақ кун, бинам, аз кадом мавҷ мегирӣ?! …Балки аз кадом чашма об хӯрдаӣ?!

– Ба ту кӣ аллакай ҳайда гирифт? – бо мулоимат аз сар то ба пои ӯ, мисле ки бори аввал медида бошад, нигариста, пурсид холаи Хосамоҳ ва ин оҳанги пурсиши ӯро холаи Раҳима нишони забонкӯтаҳӣ пиндошт. – Ҳар кӣ бадгӯӣ карда бошад, забонаш бисӯзад, ҳезумкаши бадгуҳара, ки муродаш миёни мову ту низоъ андохта, аз дур бепул тамошо кардан будаст. Худову ростӣ, ман на номи ту ва на аз бачаҳота ба забон наовардам. Ман ба номи бачаҳои ту чӣ кор дорум? Рафтум ба сари Фотимаю ҳамун қанчиқаки модармурдаи бе аҳлуавлодаш, дарди дили худама гуфтанӣ.

Гапома гуфтум, посдории расму русуми диёра ёдовар шудум. Не, ки Худову ростӣ, дар ҳаққи туву бачаҳот ҳичӣ нагуфтам. Худову ростӣ, дар ҳозиру ғойибат забонам ба бад гуфтан намегарда…

– Не-е! Гуфтӣ! Ҳамун занако гуфтанд, ки гуфт. Бо тамасхуру масхара ном гирифта, гуфт! – дами сухан кардан холаи Раҳима аз ин ҷову он ҷои куртаи танаш бо нуги ангуштон гард мебардошт, дар асл мурод аз ин кор, на бардоштани гард, балки эътибори Хосамоҳро ба курта ҷалб кардан буд.

– Бори дигар мегум: на ба ту ва на ба бачаҳот коре надорум.

Билоҳи азим ҳичӣ нагуфтам! Ба ҳар лавзе қасам диҳӣ, пеши касе гӯӣ, қасам мехӯрам, ки нагуфтам.

– Не, гуфтӣ! Ҳаму занакои пичасфеди кафанворӣ ҷамъкардаи дар тарадуди мурдан, ҳеҷ не, ки Худо ҷоншона бигирад, дурӯғ намегӯванд. Худо як аст, аз худам намебофам. Ана ҳамуно гуфтанд, ки гуфт. Онҳо бо пои ботаҳорат дурӯғ намегӯванд… – холаи Раҳима умед дошт, ки Хосамоҳ аз ин ҳаракати дасту панҷаи ӯ ба курта, ба муродаш пай мебарад, бо куртаи нав муборакаш мегӯяду аз куҷо ёфтани матоъ ва дарзиро пурсуҷӯ мекунад, вале ҳайҳот…

– Эй шери Худо! Боз мегум, на ба ту ва на ба бачаҳот коре надорум, бовар мекунӣ ё не?! Ба сари ҳамун қанчиқаки Латофат рафта будум, арвоҳо мадад карданд, насиби шармандагӣ накарда будасту ба даст наафтод. Сари қаҳр худам ҳам намедонум, ба даст меафтод, чӣ кораш мекардум. Ба ҳар сурат Худо ҳозир, медонистагиву метонистагима дар ҳақаш мекардум. Дутаи раҳ баросташ карда, мепартофтум! Хайрият ба дастам нахӯрд, не ки ба очаш, кампири Фотима медонистагима гуфтум. Ва боз гуфтум, ки ӯ қанчиқак ки омад, нарезондаю начаконда, гапома ба вай гӯяд. Не, ки Худо ҳозиру нозир, ман дар ҳаққи бачаҳои ту як ҳарфи беҷо нагуфтам. Дар равиши гап чизе гуфта бошам, аз марги худ хабар дораму аз гуфта не.

Холаи Раҳима тахмин кард, таҳдидаш ба Хосамоҳ асар кардааст, ки: дар ваҷоҳаташ як навъ ҳолати аз карда пушаймонӣ ва дар суханаш маъзаратхоҳӣ мушоҳида мешавад. Вай ҳамчун нишони ғолибият ва қаноатмандӣ аз ин гуфтугӯ, мисли мардони носӣ аз бағалкиса кадуча баровард, ба каф каме нос рехта, таги забон партофт, лекин ҳолӣ ҳам майли нишастан надошт ва ё интизори мурооти холаи Хосамоҳ буд, ки дар пешорӯйи ӯ бо виқор рост меистод ва гоҳе дар ҷойи исташ тоб мехӯрд, то ки аз ҳар тараф куртаашро ҷилва диҳад. Вале баръакси умеди ӯ шуд.

– Чӣ пеши ман налукгири якравворӣ қайза кардаӣ? Беваи олуфта?! – ба дуруштӣ қайчӣ дар даст сӯи Раҳима ишора карда, пурсид холаи Хосамоҳ. – Гуфтам ку! Боз чанд борат гӯям, ки ман на ба ту ва на ба бачаҳот коре ба коратон надорум. На таҳқир аз гӯшаи хаёлам гузаштааст, ки ту барои тарсондани ман закун буковию истатия. Ман кӣ будани ту ва ун сунду сапалата медонам ва ғайри киҷон гуфтан номашона шикаста намегирам. Ку дилу ҷигаре, ки ман по ба пои ту дароз кунум? Ва ё бо ту ва сунду сапалат сар ба сар шавум?! Ту беваи олуфтаи закундунӣ, ба ҳар марди диданӣ ҳавасат мерафтагӣ, ба қоили худат ҳафт шӯ гурезонда, бо се мардаки дигар ҷӯрагӣ кардаӣ. Худо шоҳид, ки ту дар фикри ба дом афтондани мӯйсафеди ман ҳам будӣ! Хеле ҷон коҳондаву тор танидӣ, лекин дар ун Худои меҳрабон бимирам, ки ба мурод нарасидӣ ва то ман зинда ҳастам, иншоолоҳ, ки намерасӣ. Фаҳмидӣ?! Фаҳмида бошӣ хуб, ё не, ман ба ту дигар гапама ҳайф намедонум! Агар форат, гузар шин! Рафта як сар ангур канда меёрум, бо нони гарм, ки пеш аз пешин пӯхтам мехӯрӣ.

Нахоҳӣ, ихтиёрат. На зӯрӣ дораму на зорӣ. На аз доманат мегирам, ки бишин то аз дидори хунукат сер шавам! Роҳи омада фаромӯш накун! – ва ҳамин ки Раҳима аз дари ҳавлӣ ба роҳ баромад,

Хосамоҳ аз пасаш бо овози паст дуо кард: – Худо пешандози ҳамун камундорот (силоҳбадастон дар назар аст) кунад, беваи ҳавасбози олуфта. – ин дам холаи Раҳима аз дил мегузаронид:

– Аку мундуқ, бо як резгӣ ҷонут, мӯйя бо як мард сафед карда, ақли фаҳмидану лаззати ин корҳоя аз куҷо дорӣ? Мардо ҳам ба кӣ ҳаваси шину хез ва хуфтухоб кардана аз ману ту беҳтар медонанд.

Дар ман мебинӣ ягон ҷозибаю кашише ҳаст, ки дили онҳоро мебарад. Ку ба ту касе нигаҳ кунад ё гап партояд?! Сарам сафед шуда бошад ҳам, то ҳолия аз кӯча гузарам хурду бузург ба ҳавас аз ман чашм намекананд. Рост гуфтӣ, ки мардо мана напартофтанд, ман, худам унора кафшона пеш гузоштам. На ҳар мард тоқату қудрати бағали ман дора!..

Хосамоҳ аз паси ӯ боз худ ба худ ғурунгид: – Худоё, ба ин мардуми мо чӣ бало расида бошад? Як атса занӣ аз ҳар даре акси садо меояд? Наход ҳамин гапе бошад, ки нарезондаю начаконда, ба ин беваи ҳавасбоз расонед?!

Раҳима чунин ранг гирифтани муомиларо умед надошт, ин аст, ки хумор нашикаста, башаст носи даҳон тӯф карду бе хайру хуш зери лаб ин мисраҳоро:

…Накарда ошноӣ ту бо марде, Рамузу рамзи мардонро чӣ донӣ? – зам-замакунон ҷониби дари ҳавлӣ равон гашт. Вай хам зада, аз оби ҷӯйчае, ки аз ҷӯи калон ба ҳавлии Хосамоҳ мегузашт, даҳон об гардонд ва аз дил гузаронид: – Худоё, чува ин мардуми мо ин қадар бахиланд? Мегӯӣ аз байни ҳама хӯйю хислатҳои неки одамӣ ба мо фақат бахиливу ҳасудӣ насиб гашта бошад! Аку хайр гуфтӣ, нагуфтӣ гузашт, чуртусним, мемурдӣ як даҳан мегуфтӣ: Раҳимае садқат, куртаи нав муборак. Чӣ хел моли зебову духти хушрӯй ба танат шинам афтодаст. Бахил да! Бинад ҳам худа нодида мегирад. Чунки вай ғайри алачаву карбос, читу сатин номи дигар хел матоъҳое ман пӯшидам, намедона ва гуноҳи ҳами урусо дар гарданам, ки бобову бибиш ҳам надидаст. Худо дурӯғгуфтам накунад, аҷаб не, баъдҳо номи атласу кимхобу дебову беқасаб аз даҳани ман шунида бошад. Барои ҳамин қадру қиматшона намедона. Кошкӣ ёфтани ин хел куртаворӣ кори осон бошад. Худо медонад ина бачам аз куҷо, ба чӣ ҳоле ёфтаст? – яке аз писарҳои ӯ дар дастаи силоҳбадастон буд ва ин матоъ аз ҷумлаи аввалин ғаниматояш ба шумор мерафт, вале алҳол кампири сода аз ин роз огаҳӣ надошт ва боз ҳам мисле ки сари тифлак ба меҳр сила кунанд, матои танаш молиш дода, гуфт: – Солҳои пеш номи ина мешунидиву худаша намедидӣ, рафтаву як ҷо, ним ҷо насиби диданат мекард, фақат дар тани занойи раисову райкомо медидӣ. Имрӯзо, Худоя шукр, ба шарофати ҳамун бачаҳову набераҳом, илоҳи сарашон аз санг сахту рӯзишон фаровон бошад, ҳамуное, ки ту кампири пучалаи мундуқ наҳ задӣ, насиби ман гаштаст, мисле ки ман ҳам зани ягон раису райком бошам… Як даҳан муборак мегуфтӣ, ягон ҷот кам мешуд, клиякат меафтод? Мундуқи бахил! Эҳ Худоё! Ҳамун марди нозанини обрӯи деҳа, дар ин мундуқ ҳайф шудаст, не ки, ина ба кӣ мегӯй?.. – вай аз бағалкисаи куртаи наваш ду барги пудинаи куҳӣ бароварда, ба даҳон партофт, як-дубор хоиду онҳоро ҳам тӯф кард ва аз миёни коғази зебои печида, сақичи навбаромад, ки жевачкааш мегуфтаанду ҳоли дастраси ҳама набуд, бароварда ба даҳон партофта хоида-хоида, худ ба худ нолид: – Худоё, инҳо то кай аз авлоди тозаву мактабхонда буданашон таърифу ифтихор мекарда бошанд? Хайр, ҳолӣ то дилтон хунук шудан аз пушти муллоиву доноӣ ва мактабхондагӣ паридан гиред! Ҳаму камундорони хунашон дар ҳаққи муллоҳо дар ҷӯш ҳамин тарафҳо гузар кунанд, ана баъд ҳолтуна мебинам, ку сартона куҷо панаҳ мекунед?! Ун вақт тамошора аз ман бинед. Балки якум шуда, худам раҳи хонатона нишон надиҳам, духтари Зулфияи садҳо мард доғ дар дилкарда набошам! – Раҳима бо ҳамин гуна андеша ва қавлу қасам ба роҳи калон баромад.

Сағера ба ҷое мерасад, сағерапарвар не, – мегуфтанд мардуми деҳа, ҳар гоҳе Латофатро бубинанд. Латофат дар идораи райком ба кор даромад ва аввалтар аз ҳама хост ба ҳамдеҳагони худ сиёсат шинонад, адаб диҳад. Вай роҳи амалӣ кардани ҳавою ҳаваси худро дар таъқиби мактабхонони намозгузор ва масҷидҳо дид.

Дар як-думулоқот бо мардум гапгардонӣ кардани одамонро дида, минбаъд ҳамроҳи худ намояндагони додситонӣ, шуъбаи корҳои дохиларо мегирифт ва мактаб ба мактаб гашта, машварат меорост, дар боби риоя ва бартариҳои одобу ахлоқ ва принсипҳои ахлоқи коммунистӣ: як, ду, се гуфта бо ангуштони борику дарози камхунаш ҳисоб мекард ва ба гуфти кампирҳо: барои муаллимову мактавбачаҳо бо дастҳо ҳар хел муқум карда, ваъз мегуфт ва дар фуровард ҳатман таҳдид мекард: – Рафтаю боз шунавам, ки ягон мактаббача ба масҷид намозхонӣ рафтааст, аввал ба волидайнаш ҷарима мебандам, баъд мелесонам ва бо ин, ки дидам нашуд, бадарға мекунам!

Бо вуҷуди ҷазои сахти ҷарима ва даҳшати бадарға, мардум фикри онҳо камтар карда, бештар сари таҳдиди «мелесонам» байни худ ба пичир-пичиру «муаммокушоӣ» даромаданд:

– Ин гапаш чӣ маънӣ дорад?

– Чӣ кор карданӣ бошад? – мепурсид яке аз дигаре, вале ақли касе ба маънии он намегирифт, бо ин гап, чӣ амалеро дар назар дорад?

– Аз он рӯзе Худо дунёро бино кард, Биҳишти косалесонро ҷудо кард, – нимғурма гуфт марде аз миёни ҷамъомадагон, ки на масту на ҳушёр буданаш маълум набуд.

– Вай ҳикмати «биҳишти косалесон…» ба ин ҳеҷ муносибате надорад! Ба умед нашав, – ба дуруштӣ таъкид кард марди паҳлуяш.

– Чува?!

– Чунки ин кори нағз мебуд, дар қатори таҳдидҳояш намегуфт.

– Баъд чӣ бошад?

– Аҳ чум. Аз афти кор ягон ҷазои сахте аст, ки ҳамун юуфюуфҳо надонанд, мо аз куҷо медонем?!

– Шояд кадом ҷазои сахте аст, ки дар ҳамун тарафҳои авлоди модарияш роиҷ аст, – тахмин зад дигаре.

Мардум ҳар гапу коре аз паяш шавад, албатта меёбад ва ёфтанд: маънии «лесондан»-ашро фаҳмиданд, лекин боз нафаҳмиданд, ки аз худашро дар назар дорад ё каси дигареро.

Рӯзи дигар, ба гуфти Латофат «ҳайати комиссия» хостанд пеши намози ҷумъаро бигиранд, вале то омаданд, ки намозгузорон хондаву аз пайи обу дона шудаанд. Сари ду-се нафар аз мӯйсафедони бафурҷа, ки аз намоз баромада, дар пешайвони масҷид гарми суҳбат буданд, Латофат дод зада, заҳру зақуми дар дил ғуншудаашро рехт:

– Аз масҷиди шумо, аз болои намозгузорони шумо шикоят аст.

То кай шумо ҷомеаро қафо мекашед? Боиси бадномӣ мешавед?

Канӣ гӯед?! Бузришҳои беинсофи муфтхӯр! Тараканҳои ҷомеа!

Ин риша бину! Мегӯӣ ҷорӯб бошад! Намегӯед?! Шумо нагӯед, ман мегӯям. Канӣ ин сӯ биёед, – вай ҷониби дохили масҷид ишора карда, пеш гузашт ва бо ҳамон оҳанг ба сухан идома дод: – Ҳама балоҳо ба сари ҷомеаи мо аз ҳаминхели биноҳо сар задаанд. Шумо ин ҷо, ба баҳонаи намоз ҷамъ омада, сар ба замин задаву кун боло карда, боз намедонам ба чӣ гапу кори дигаре машғулед?! Ин ҷоро то хароб накунем ва ё ба ихтиёри ягон ташкилоти дигар надиҳем, аз бадкориву бадгӯиҳои шумо раҳоӣ нест! – Латофат бо пойафзол болои ҷойнамоз ин тарафу он тараф гашта, батакрор таъкиду таҳдид мекард, ки муаззин, марди ғалчаи малламӯи синнусолаш ба ҷое расида, таваллоомез гуфт:

– Муаллима! Хоҳиш мекунам. Духтарам, аз болои ҷойнамоз ин тараф гузаред ва ё ақаллан пойафзол кашед.

– Ҳа-а! Агар дуруштӣ накунам, аввал пойафзол, баъд изора кашед, мегӯӣ!

– Наузанбиллоҳ! Худо нигаҳ дораде! – гуфта муаззин даст ба гиребон бурда, ки Латофат ба ӯ наздик омада, аз як қабза риши малларангаш дошта, қасди худ гуфт:

– Дониста бош! Аз ҳамин бузришат меовезам! Фаҳмидӣ?! Ва ин маъбади опиюматонро (ишора ба сухани Маркс) медонӣ чӣ кор мекунам? Намедонӣ?! Ба ихтиёри Кумитаи ҷавонон медиҳам. Аз шумо дида, барои ҷавонон бештар муҳим аст. Бигузор онҳо ин ҷо ҳар гуна тадбирҳои фарҳангӣ, развлекателный гузаронда, дилхушӣ кунанд!

Тавре дар Собори Богоматери Париж1 карнавал гузаронида буданд…

Эй ту ин таъриха аз куҷо медонӣ?! Кун боло кардаву сар ба замин кӯфтанатро медониву бас! Бигузор ҷавонон ин ҷо рақсу бозӣ ва дискотека ташкил диҳанд! – Вай риши муаззин ба бод доду болои ҷойнамоз ба хондани «Калинка мая» ва рақс даромад. Гоҳи тобу печ дода, хам задан аз зери домани кӯтоҳ ва миёни ду рони пойҳояш сафедие ба ранги песа намоён гашт ва тасодуф назари муаззин ба он афтодан замон худро олудаи гуноҳ ҳисобида, дигар сабру таҳаммул аз даст дод, ваҳшатзада фарёд баровард:

– Ҳой, ту чӣ иқа калкал дорӣ?! Бадзоти ҳаромӣ?! Сундукии бе аҳлу авлод! – ва нагузошт, ки ӯ дигар рақсашро идома диҳад. Аз оринҷи ӯ, ончунон сахту ҷойӣ гирифт, ки ҳарчанд кӯшид, худро раҳо кунад, натавонист ва муаззин аз дар берунаш карду дар пӯшид. – Ана, акнун беваи олуфтаи ҳаромии фосиқи…, роҳат сафед! Ба куҷое арз меравӣ, ихтиёрат! Рафтан гир! – гуфт муаззин ва дигар интизори он нашуд, ки дигар аз даҳони ӯ чӣ меборад. Латофат ин ҳама солҳо кӯшиш мекард, касе аз гузаштаи ӯ ботамасхур ёдовар нашавад, вале ҳозир «ҳаромӣ», «сундукӣ» ва «беаҳлу авлод» гуфтани муаззин мисли он шуд, ки ба торҳои нозуки асабаш нохун зада бошанд. Вай башаст давида тавре ки футболбоз тӯби ҷаримавӣ мезанад, тарафи мӯйсафед лагад партофт, вале ҳамраҳонаш пеши роҳаш гирифтанд ва лагад ҷойи нарасид. Боз ҳам кӯшиши задан намуд, вале натавониста, бо овози баланду хашмин, бо чунин суханҳои қабеҳу таҳдид, алами дил холӣ кард:

– Дониста бош! Эй пири бузриш! Ман ба ҳеҷ куҷо ба арз намеравам! Чунки намояндаи идораҳое, ки мардум арз мераванд, такяи мананд. Бори дигар ба ту мегӯям: Пири бузриш! Ҷулу пӯстакатонро ғундореду ҳарчи зудтар аз ин ҷо дафъ шавед! Дигар рангу раҳмататонро ин ҷо набинам! Шунидӣ?! Ин иморатро мо ба ихтиёри Кумитаи ҷавонон медиҳем!..

Ҷавонон соҳиби бинои масҷид шуданро қабул накарданд.

1 Ноябри соли 1793 рӯзҳои ҳаракатҳои инқилобӣ дар Париж дар Калисои ҷомеи Модархудои Париж карнавал гузаронида, дин ва таълимоти диниро пеши по зада, илм, мантиқ ва маърифатро ба ҷойи аввал гузоштанд, маъбаду калисо ва дигар муассисаҳои диниро аз фаъолият боздоштанд.

Шарҳи муаллиф.

Латофате ки замоне дар ҳавои ғурур сайр карда, дар олуфтагӣ тақлиди занони ҳунарпешаи фаронсавӣ дошт, дасту панҷаҳо, гӯшҳо ва баёзи гардани борики думчаи мурудашро бо намунаи фирӯзаю тилову алмосу ёқуту дигару дигар, ки чашм мебурданд ва ба таъбири яке аз зарифони деҳа «намунаи тамоми сангҳои қиматбаҳои системаи даврии Менделевро ба сурати дастпонаву зеби гардану гӯшвораю ангуштарӣ дар тани худ ғун карда», аз кару фар ба ибораи мардумӣ назараш абра намегирифт. Ҳоло бо мӯйи парешону сари хам, рӯйи варам ва ҷо – ҷо хун лаълбаста, пеши силоҳбадастон ба ҳоли зор меистод.

– Ҳай қанчиқаки фасонаки маъракагардаке! Ҳамун ту набудӣ, ки даст ба риши бобои ман бурдӣ? Дастат шиканад, ки ҳурмати мӯйи сафед, синну солаш накардӣ?! Боз ба ҳамин корҳош худаша грамотний мегира, Худозадаи фосиқ! Эй ту садқаи номи Латофат шавӣ, Лутик! Ту ҳамун қанчиқаки Ленаи чушқаӣ! Агар чушқа намебудӣ, болои ҷойнамоз суруди урусӣ хонда, мерақсидӣ, дини моро таҳқиру пеши по мезадӣ?! Ана акнун дига хел: арабӣ, лучак шуда пеши мо мерақсӣ!..

– Ҳосили амалкардата мебинӣ! Худат, ба забони худат пида…с такрор кун, ки дар ҷавоби онҳо, ту чӣ гуфтӣ?! Вақте аз ту хоҳиш карданд, ки «пойафзол каш! Бо пойафзолат болои ҷойнамоз набаро!» Ту чӣ гуфтӣ?! – қумандон Беранги бадхашм бо дасти дастпӯшакдор кашидаю кушода, бари рӯи сафедизадаю рангуборкардаи омехта ба хуни Латофат ба ибораи онҳо чунон чилесунд, ки ба замин чалпак гашт. Аз шонааш бардошту боз дод зад:

– Гӯй мегӯям! Пида…с! Гӯй!

– Ҳазрат, ин бева ҳамонест, ки сабабгори ранҷиши бибии ману холаи Хосамоҳ шуда буд.

– Ира кадом як гуноҳаша мегӯӣ?! Сар то ба по дар гуноҳ ғарқ асту ноҷафида, – гуфт силоҳбадасти дигар.

– Ба Худо ки ҳақ мега! Сабабгори носозии бибии ману холаи

Хосамоҳ шуданат як, кӯшиши бастани масҷид карданат ду, таҳдиди лесонданат се, миёни авлодҳои деҳа тухми низоъ киштанат чор, на танҳо деҳаи Вистан, балки мардумони деҳаҳои Навгилему Навдонакро ба ҳам шӯронданат панҷ. Бас аст? Ё боз ба ёдат биёрам?!

– Фоҳишагиат беҳисоб! – луқма дод оне, ки ғарқи гуноҳ буданашро батакрор ёдовар мешуд. Қумандон ба айбмониҳои шари конаш гӯш дода, даври Латофат тоб мехӯрд, мисли паланге, ки ба сайди ба дом афтода менигарад, то аз куҷояш даҳан занад. Силоҳбадастони ҷавон аз он ки қумандон пеши суханашон намегирад, шердил гашта, сари ӯ дод зада, аз гуноҳҳои кардаи ӯ, ки худ дида ва ё аз дигаре шунидаанд, ёдовар мешуданд ва ҳамҳама доштанд…

– Бачаҳо! И қанчиқаки чушқа асосан се гуноҳи азим дорад! – ба истинтоқ кардани ҳампешаҳо ҳамроҳ шуд қумандон Беранг. –

Гуноҳҳои хурдашро ба ҳисоб намегирем, ҳатто фоҳишагияшро, чунки як та-нимта, худаш барин фосиқу бандаҳои нафсро лаҳзае ҳаловату кайфият бахшидааст…

– Ака! Як гуноҳи азими дигараша ман медонам, – мисле ки аз бозёфте дарак медода бошад, афзуд силоҳбадасти нав ба ҷамъи истинтоқгарон ҳамроҳшуда. Қумандон ҳайрони он, ки ин боз чӣ «фазилат»-и дигарашро медониста бошад, хомӯш ҷониби ӯ нигариста, бо сар ишора кард: яъне гӯй. – Аловмони асосии низои миёни дастаи «Фидоиён»-у коммунистон ва як қисми исломиён, Худо ҳозир, ҳами беваи фосиқи Лутик аст!

– Рост! Ҳақ мега! – тасдиқ карданд ҳозирон ва ҷониби қумандон нигаристанд, ки ӯ чӣ ҳукми ҷазо ба ин «муҷассама»-и пургуноҳ раво медида бошад. Қумандон Беранг мегуфтӣ қадам мешуморад, оҳиста -оҳиста даври ӯ ба ранги аспи ҷувоз, вале сарбаланду боғурур тоб хӯрда, бо мулоимат гуфт:

– Мо туро хоҳу нохоҳ фишт, – даст ба гулӯ бурда ишораи гардан задан кард, – лекин ту ки чанд сол дар дастгоҳи райкоми пурқудрати фанду фиреб ва ситам аз усулу равишҳои гуногуни танбеҳу ҷазо кор гирифтаӣ, худ ба забони худ чӣ гуна муҷозот доданатро бигӯ. Шакке нест, ки ту роҳу равиши зиёди ҷабру ситами мардум медонӣ. Гӯй! Худат гӯй! Чӣ корат кунем?! Худ ба худ баъди ин амалҳои зиштат чӣ ҷазо раво мебинӣ? Ба мо бошад, мо ҳамагӣ, буду шуд ду роҳ медонем: бо навбат бачаҳо туғри… м.д. ва фишт!(боз даст ба гулӯ бурда, ишораи гардан задан кард).

Ҳамин дам овози ба карнаймонанди маънияш ба силоҳбадастон фаҳмо ду бор баланд гашт.

– Хайр. Хӯрок оварданд, – гуфт қумандон омадани мошинро дидаву аз овоз пай бурда. – Аҷик, мо ба хӯрокхӯрӣ меравем, ту медониву ин! Навозиш мекунӣ, туғриш мекунӣ, чи кореш мекунӣ, ихтиёрат, фақат эҳтиёт бош: хато нахӯрад, ки аз сар ҷудо мешавӣ!

Бачаҳо баъди хӯрок дилашон кашад, ба навбат…

Ба қумандонҳо эълон карданд: – Баъди хӯрок машварат.

Вакил машваратро бе муқаддима чунин оғоз кард: – Аз натиҷаи як-ду амалиёте бо ҳам кардем, ба хулосае омадам, ки бачаҳои мо дар амалҳои ҷангӣ як пула кор намеоянд, ниҳоят тарсуанд. Мо ба ду-се дастаи хурд тақсим шудем: яке бояд Латофат, дигаре дугонаи ӯ, ҳамун куклкае, ки як вақтҳо дар мағозаи марказӣ кор мекард ва севумӣ хоҳари Гулхумор Гулчеҳраро, аз қиссаи Гулхумору Беранг хабар доштагистед? ба даст меовардем. Бечора Гулхумори нозанина, мана ин Беранги манияк баъди туғрӣ к. кушта, ба лошахӯрон туҳфа кардааст. Ақаллан ба лошахӯрон некӣ кардааст, ба ҳаминаш ҳам шукр… Ана бояд мо ун се нафаре, ки гуфтам ба чанг меовардем. Дар хонаи кампири Садафмо баъди бедарак шудани Гулхумор, ҳама бо табару теша ва дигар тезинаҳо мусаллаҳ гашта будиян, якемон табар хӯрда, ба Аллоҳ гуфтан ҳам нарасид. Мо сир бой надода, гуфтем, ки ин сияҳтолеъ аз ёрони мо нест ва аз онҳо узру маъзарат хостем ва боз гуфтем, ки: дар бедарак шудани Гулхумор мо қуш нестем. Мо баръакс кӯшиш мекунем, гунаҳгора ёбему ба таври худ ҷазо диҳем.

Ва коре карда, мурдая бо фандуфлик аз онҳо гирифта, ба соҳибдаракош супоридем. Бо ин ҳама чӣ гуфтаниям? Аз беҳунарӣ як рафиқамон муфт аз даст рафт. И бачаҳо ҳатто камона, тапончая дуруст доштаву паронда наметавонанд-е! Ба ҷойи дигар каса тарсондан дасту дили худашон меларзад. Сабаб пурсам: «Хуни ғайри ҳақ рехтан гуноҳ аст», мегӯяд якешон. Ин хел тарсу бошед, равед назди очаҷонҳотон! Дастаи шуҷоъ ва хайрхоҳи моро бадном накунед!..

Илоҷи кор чист? Ҳазрати Умар, мехоҳам нахуст фикри шуморо фаҳмем.

Умар тасбеҳи фирӯзагии худро, ки мегуфтӣ ҳеҷ гоҳ аз он канданӣ надорад, аз гардиш мононд, андешаманд, гӯё ҳар ҳарфу ҳиҷоро аз умқи дилу майна мекашад, чунин маънӣ пеш овард: – Аз рӯи ақл фикр кунед. Одам дар сурате нотарс мешавад, ки бо тамоми ҳастияш аз чизе ба ғазаб биёяд ва ё ҳарисӣ: ба молу сарват, нафси шаҳвонӣ ва ғайраҳо водораш кунанд. Бубахшед. Вақти намоз шуд, то таҳорат мекунам. Идома диҳед. Аз худатон гап намемонад! Ман баъди адои намоз зуд бармегардам.

Дар асл то намоз хеле вақт буд, вале муроди ӯ ба ин баҳона аз ин маслиҳат худро ба канор кашидан буд. Вақте вай аз дар баромад Шарифзода тану тӯш ба ҳам кашида, як навъ норизо аз Вакил гила кард: – Ба шахсе ки ҷавҳари ҳунараш фақат суфу куф аст, инхелӣ гапҳоя маслиҳат кардан аз бева шӯгадоӣ аст. Вай агарчи дар гуноҳ батамом тар асту ноҷафида, ҳама корашро пушти парда мекунад, пинҳон аз назари мову шумо ва гумон дорад, мо говему пай намебарем, ки: ҷелаки осмонии ӯ поку беғубор аст, ҳеҷ гуна доғе надорад…

– Вай «шӯгадову ту зангадо» бошӣ, бо шумо маслиҳат маънӣ надошта бошад?! Инҳо! – ба қумандонҳои ҷавон ишора карда афзуд. Вакил, – ба ҷуз хӯрдану ридан ақлашон ба дигар кор нагирад, – пас, ин ҷо чӣ гуҳ мехӯред?! Тапонча ба даст гирифта, афтамат сари шона бардошта, ханҷар дар наём катагӣ доред?! Ба ҳаммом ки даромадӣ, аз к… натарс! То кай як шер занаду даҳ кафтор сер шавад?! Ин хел сарбозӣ намешавад! Минбаъд касе оператсия провал мекунад, аз хуни худаш пешониша рангин мекунам!

– Ба фикрам гапи мулло дуруст аст.

– Чӣ?! – ҷониби гӯянда дод зад Вакил.

– Мегӯям гапи мулло дуруст аст. Лекин, – оромона ба сухан идома дод Шарифзода, – аз китобҳои таърих ва қиссаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги дувуми ҷаҳонӣ медонем, ки бо баҳонаи сардии ҳаво дар майдони набард ба ҷанговарон спирт медоданд.

Мо ҳам аз спиртҳои аз Боири раис ғанимат гирифта, истифода барем, чӣ?

– Дар Афғонистон ба шунидам аксари муҷоҳиддин тарёку наша мезананд, – луқма дод қумандон Беранг. Вакил ғайриинтизор баланд хандид ва дид, ки ҳама дар ҳайрат ҷониби ӯ менигаранд, чунин тавҷеҳ дод:

– Ин фикр аз рӯзҳои аввал дар сари ман чарх мезад ва ҳам санҷидам: ба сигор номаълум ҳамроҳ карда, ба бачаҳо додам.

Баъд медонед чӣ шуд? Якеро хоб бурд, дигаре ба гиря даромад, севумӣ аз шунидани тақ-тақ намедонист худро ба кадом гӯр пинҳон кунад, айнан бангиҳои девона барин шуданд…

– Баъди арақ додан лозим будаст. Ин сабилҳо чанд хел мешаванд: кӯкнор,бангдона, афюн, наша, тарёк ва боз… – гуфта буд, дигаре ки Вакил пеши суханаш гирифт:

– Санҷидам, натиҷаи хуб надод.

Шарифзода хомӯш гоҳ сар мехориду гоҳе риши расидаашро сила мекард, ки Вакил бадқаҳр ҷониби ӯ дод зад: – Ку, ту гап зан!

Стратег! Шабушкат задаст, ки ин қадар сару тан мехорӣ?!

– Бачаҳоро фаҳмондаю машқ додан лозим, – мунтазири чи ҷавоб гуфтани Шарифзода нашуда, маслиҳат дод Беранг.

– Як духтур ёфтан лозим. Бо сӯзандору… – маслиҳат дод дигаре.

Шарифзода нагузошт ҳамсилоҳаш идомаи сухан бигӯяд ва худ гуфт: – Як роҳи зӯр, вале ниҳоят хатарнок ҳаст.

– Ку, ту зӯриша гӯ! Хатар ба мо вогузор! – таъкид кард Вакил.

– Ягон маҳбасхонаро озод кунем. Бачаҳо дар паҳлуи маҳбусони бо дасти мо озодшуда, аз ҳеҷ баду бало дигар ибо намекунанд,

– Файзалӣ Шарифзода дар замони шӯравӣ пешандози сели туҳмату буҳтони ришвахории устодони мактабҳои олии Тоҷикистон шуда, баъди ҳашт соли андешаи пушти панҷара ва кайфияти дорулахлоқ эҳтиёткориву дақиқназарӣ мекард. Ва ҳоло он чӣ аз дилаш гузашт худ ба худ гуфт: бо ин баҳона касони бо туҳмат гирифтор ба озодӣ мебароянд ва дуои ҷони озодкунандагон мекунанд ва аҷаб не, қасди худ аз баъзеҳо бигиранд.

– Рост, ҳақ мега! – кӯдаквор ба шодӣ даромада ҷонибдорӣ кард Беранг, – дастаи каландакиҳо аллакай ин кора пеш гирифтанд. Қӯрғонтеппаро озод карданд. Ёвону Душанбе ва «Хишт» мондаст. Агар мо пешгирӣ накунем, онҳо ин кора ба манфиати худ истифода мебаранд.

– Як амалиёти хурда уҳда карда наметавонеду! Чи ҳавасҳое доред! Унҷо барои шумо подабонӣ нест! Қаровулони мусаллаҳ доранд, тиру туфанг ва дигар муҳимоти ҷангӣ доранд! – таъна зад Вакил.

пешина
аз 22
навбатӣ