Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз миён ду-се ҳафта нагузашта, сафи силоҳбадастони аксар гуруҳу дастаҳо, аз ҷумлаи маҳбусони озодшуда пурра гашта, дар қароргоҳ духтур пайдо шуд ва дигар номи тарс бенишон гашт, мисли селаи малах дигар ҳаркиву ҳарчӣ аз пеши роҳи силоҳбадастон мебаромад ва андаке ситорааш ба онҳо намефорид, бе парчу пурч нишони тир мешуд. Мурдаи одамӣ ба ранги барги хазон гашт.

Набераи холаи Раҳима зуд-зуд, мегуфтӣ луқмаро нахоида фурӯ мебарад, вай косаро яктарафа тела дода, ба сари туъмаи дигар давид, то аввалин шуда, «кайфияти коргари райкома бубинад», нафси шаҳвонӣ қонеъ гардонаду хумор бишканад. Вале ҳанӯз гарди пояш ба замин нанишаста, башитоб баргашту ба қумандон хабар расонд:

– Ҳазрат, қанчиқак фирор кардааст.

– Чӣ?! Фирор кардаст?!

Қумандон аз ғазаб косаи пешаш бударо башаст чунон зад, ки ба паҳлударӣ бархӯрда, чумча шикасту коса пора-пора гашт. Вай дар ғазаб аз ҷой бархоста, тапонча ба даст гирифт ва аз дурии тиррас ба Аҷик фурсати чизе гуфтан надода, тир кушод. Баъди тир хӯрдану афтидани ӯ, гуфт: – Хабарат намекардам! Лаънатӣ!

Гап дигар! Зуд аз пайи кофту ков шавед!

Ғижасти дарвозаи дутабақаи оҳании ҳавлӣ, ки солҳои охир мӯд шуда, соҳибдавлатии худро мардум бо он нишон доданӣ мешуданд, баланд гашту башаст Лена худро ба дохили ҳавлӣ гирифт.

Вай дар саҳни ҳавлӣ бо овози гиряолуд фарёд баровард: – Апа!

Зафар? Апа?! Зафар!

Аз шунидани овоз Шамъигул ҳавлона дарзашро паҳлуи мошинаи дарздӯзӣ ҳаво дода, сӯи овоз ба саҳни ҳавлӣ давид. Вай Ленаро бо ашки шашқатор дида, ҳайратзада пурсид: – Ай, Худо бикушаме! Чико кардӣ? Ку бугӯ, чико кардӣ?!

Дар ҷавоб Лена пурсиши ӯро фаҳмида нафаҳмида, гиряолуд гуфт: – Апа Шир. Шир… – Шамъигул интизори идомаи сухани ӯ нашуда, ҳавлона, бо як чолокии ғайриинтизор чапасар гашта, бо ҳар ду даст аз бари домани то буҷулак дарозаш бардошта, бадав тарафи хона рафт.

– Ай, ҳозире, ҳозир, Худо ҷунма бигираде, наход… – вай раҳораҳ бо худ мегуфт: – Наход барои шир гиря кунӣ? Карсону хурмаҳои хонаи Шамъ шукри Худо ҳавзи ов ворин пуропури ширанду ту барои шир гиря мекунӣ? Нағзини дилут. Ай не! Ҳозире, ҳозир…

Ҳамин вақт писарчаи хурдии хола Шариф пайдо шуда, ба Лена здрасти гуфт ва чеҳраи ашколуди ӯро дида, ҳайрон ҷониби хона давид, ки аз пеши роҳ модар зарфи пур аз шир берун омада, бе ист такрор мекард: – Наход карсону хурмаҳои хонаи ман ҳавзи ов ворин пури ширу арӯси ҷӯраи писари ман барои шир дида тар кунад… Нағзини дилут.

Модару писар назди Лена омаданд. Лена ба фаросат пай бурд, ки зан мақсади ӯро нафаҳмидааст. Лена даст ба мӯйи бар асари гарду ғубор ранггумкардаи сари писарбача бурда, кушиши фаҳмондан кард:

– Апа, бача, – вай ишораи баланд кард, яъне гуфтанӣ буд, ки писари калонат куҷост?

– Брат мехоҳӣ? – пурсид Шариф.

– Да, да. Брат, Зафар?! – бо ҳаяҷону изтироб ҷӯяҳои ашки ба рухсора таровидаашро бо пушти каф пок карда, ба сар ишораи тасдиқ намуд Лена. – Иди пожалуйста брата иши!

– Оча! Бахудо фаҳмидум! Акама мега.

– Шера убили, – Лена даст ба сина бурда ишораи тир задану афтидан кард.

– Воҳ! Наход?! Ай Худо ҷунма бигираде! – гуфта Шамъигул даст ба рӯ кашида, дар ҷои истода ба замини хокӣ нишаст. Лаҳзае пас, ба худ омада, бо гӯшаи докаи сафедаш дида пок намуду ба писарчааш Шариф таъкид кард: – Писари қобили оча, зуд бидав!

Ҳар ҷое боша, аката ёб.

Писарбача ҳанӯз дар фикри ба куҷо рафта, кофтани бародар буд, ки боз ҳамон ғижасти овози «сӯзтеи ғижаки Гурезмаст» баланд шуду худи Зафар пайдо гашт. Зафару Лена ба истиқболи ҳам шитобида, Лена худро ба оғӯши Зафар партофта, ҳунгос ба гиря даромад. Зафар ба русӣ фаҳмонд, ки ман аз воқеа огоҳ шуда, давида ба суроғи ту рафтам. Дидагиҳо гуфтанд, ки ту тарафи хонаи мо омадаӣ.

Лена гоҳ бо пушти кафи даст, гоҳе бо рӯмолча дида пок карда гуфт: – Ҳа. Ман аввал ба почта рафтам. Маҳкам будаст. Касе намедонад, кай кушода мешавад. Баъд роҳи хонаи шуморо пеш гирифтам. Бояд таъҷилан ба Маскав, ба хона занг занам… – дигар гиря нагузошт Лена идомаи сухан бигӯяд ва боз худро ба оғуши Зафар андохт.

– Гиря накун, Лена. Аз гиря мурод ҳосил намешавад.

– Зафар маро ба марказ, Душанбе бар. Ман бояд ҳатман телефон кунам. Охир ҳоли ман ин ҷо, бе Шер чӣ мешавад?!

– Не. Ин тавр нагӯй. Хафа нашав, Ленаҷон. Қисмат чунин будаст. Кӣ медонист, ки… Фикри маро бигирӣ, алҳол кӯшиши ба ҳеҷ куҷо занг задан накун.

– Зафар, ту чиҳо мегӯӣ? Шера куштанд! Паронданд, мефаҳмӣ?!

– Ҳо, мефаҳмам, – бо сари хам ва як навъ ғамзада тасдиқ кард Зафар.

– Ленаҷон сабур бош. Душанбе ҳам мегӯянд, имрӯзҳо чандон ором нест. Барои ҳамин ту беҳтараш ба ҳеҷ куҷо на занг бизанӣ ва на биравӣ. Ҳатто аз хона набояд баройӣ.

– Не! Ман бояд ҳатман равам. Ба Маскав, ба падару модарам хабар диҳам. Шери мана куштанд, нохалафон. Наркоманҳо!

– Медонӣ барои чӣ, мегӯям занг назан? Ба ҳеҷ куҷо нарав. Аз хона набаро?

Лена бо тамоми тану тӯш ларзида, ба маънии инкор калла ҷунбонд.

– Чунки онҳое ба Шерак душманӣ доранд, туро ҳам ба ҳоли худ намегузоранд, акун фаҳмидӣ? Беҳтараш аз хона набаро. Дар хонаи амаки Боир не, дар хонаи мо, балки ин ҷо ҳам бехатар нест.

Чунки аз дӯстии ману Шерак хурду бузурги ин диёр бохабаранд.

Беҳтараш ман туро бурда дар хонаи як хешамон то ором шудани вазъият ҷогаҳ мекунам ва куҷо будани туро бигузор дигарон надонанд. Ҳатто шиносҳо.

– Ту чиҳо мегӯӣ, Зафар? Ҳушат баҷост?! Ман чӣ гуноҳ дорам, ки пинҳон шавам?! – ҳайратзадаю беқарор дастак зада пурсид Лена.

– Гуноҳат ҳамин, ки арӯсшавандаи Шерак ҳастӣ. Шоҳиди паронда шудани ӯ будӣ. Оне ки ӯро парондааст, шоҳид зинда намемонад… Ту кӣ будани қотилро дидӣ?

– Не-е, аз куҷо?! Мо ҳар ду бари ба бар мерафтем, силоҳбадастони сари роҳ моро дида, ҳарчи гапҳои баду ғашовар мегуфтанд, ки Шер дар қаҳр шуда, ба по сангчае тарафи онҳо зад ва ба хаёлам ҳақорат ҳам дод, ки якбора садои тир баромаду Шер афтид…

Лена бори аввал бо Шерак дар кӯчаи калону васеи пиёдагарди

Арбати шаҳри Маскав шинос шуданашро пеши назар овард: куҷо истода буданд, аз чӣ шармиданд ва боз беибо бо ҳам гуфтугӯ ва раду бадал намуданд, дубора пеши назараш ҷилвагар гашта, гуфтугӯҳо садо доданд:

– Хонум, хоҳиш мекунам, ба ман як даста гуле диҳед, ки ба зани рус писанд ояд.

– Шумо Чечен ҳастед? – як ба сӯи Шерак нигариста, аз болои тали гулҳои рангобаранги ҷо-ҷо рӯи пештахта гузошташуда гул хуш карда, пурсид хонуми гулфурӯш.

– Не. Ман тоҷикам, – гуфт ҷавон.

– Мӯйю абрӯи сиёҳ ва шеваи гуфторатон… – муштариёни дигар пайдо шудан замон гулфурӯш домани сухан кӯтоҳ карда, пурсид: – Аз чанд хели гул, ба чанд пул гулдаста бандам?

– Фикри пулаш накунед! Муҳимаш, – ҷавон дид, ки дар паҳлуяш нозаниндухтараки зарринмӯе дар интизори хариди гул истодааст, ба ибораи мардумӣ ҳаво гирифта, афзуд: – муҳимаш тавре бошад, ки ба духтари рус писанд ояд.

Шерак дастагули аз якчанд навъи гули садбарг, ханҷарӣ… баста, ба даст мисле ки дар кӯчаи деҳаи худаш бошад, оҳиста-оҳиста қадам бардошта, як-як ҳар кадоме аз гулҳоро ба машом наздик меовард, то фарқияти бӯи гулҳоро муайян созад. Ба ҳамин минвол пеш мерафт.

Ҳамон духтари зарринмӯи лаҳзае пеш назди гулфурӯш паҳлуяш буда, башитоб аз пайи ӯ қадам зада, наздик омаду гуфт:

– Ҷавони хуб, магар ҳанӯз аз завқи маъшуқаатон огоҳӣ надоред? – Шерак ҳолӣ ҷавоб нагуфта, боз пурсид: – Ба қарибӣ ошно шудаед, чӣ?

Шерак ба чеҳраи гулгун ва қади раънои ӯ ташхисомез нигариста, як навъ аз омади толеъ, ки чунин духтари нозанинро ба ӯ ҳамсуҳбат кардааст, хушнуд гуфт: – Ман умуман маъшуқа надорам.

– Чӣ хел? Дар ин синну соли шумо, – духтар худро каме яктарафа гирифта, ба чашму абрӯи мушкин, рӯи гирда ва ба қаду басти варзишгаронаи Шерак назари харидорӣ партофта, афзуд: – аксар ҷавонҳо на танҳо маъшуқа, балки номзад ва ҳатто ҳамсар доранд.

– Вале ман, – ҷавон оҳи кӯтоҳе кашида, афзуд: – на ин дораму на он.

– Пас, аз Тоҷикистон ба Маскав кофтанӣ омадаед?

Ҳамон тавре лаҳзае пеш духтар аз надоштани маъшуқаю номзад ҳайрон ба ӯ нигариста буд, ин ҳам аз роҳравӣ бозистода, тааҷҷубомез ҷониби ӯ гашта, пурсид: – Шумо аз куҷо донистед, ки ман аз Тоҷикистон?

– Худатон ҳозир, лаҳзаи гулхарӣ гуфтед ку?

– Ман тоҷик гуфтам, на Тоҷикистон.

– Чӣ фарқ дорад?

– Фарқ дорад.

– Чӣ хел фарқ дорад?

– Фарқ дар он аст, ки Худованд тухми тоҷика дар бисёре аз мамолики дунё парокандааст. Тоҷик метавонад аз дигар давлату маҳалҳо бошад: мисли Афғонистон, Эрон, Ӯзбакистон… Русҳо магар танҳо дар Русия ҳастанд? Ё нодуруст мегӯям?

– Бале. Оқилона фармудед. – тасдиқ кард духтар ва аз баҳри баҳс гузашта, бо лаҳни ширин, ишваи рангин ба ҷойҳои камодами кӯча пешопеши Шерак сурудхонон равон шуд:

Дидам ҷамоле, абрӯ ҳилоле,

Дар зери чашмаш, бинҳода холе.

Ақламро бурд, холӣ сиёҳ,

Дил пора кард, теғи нигоҳ…

Мардуми кӯча баъзе ҳайрону баъзе дар тааҷҷуби он, ки инҳо чи хели артисту киногиранд, ки аз пайяшон наворбардор нест.

– Будте счастливее молодие! – гуфт пиразе.

– Вот молодеж! – изҳори тааҷҷуб кард марди дигаре.

Аз равону беғалат хондан ва талаффузи дурусту белакнати духтар, Шерак ба осонӣ пай бурд, ки ин сурудро бисёр хондаву замзама кардааст.

– Саломат бошед! Бо ин суруд ва овози ширинатон мани ошуфтаро шод кардед. – Ва ҳамоно аз дилаш гузашт, аз ӯ пурсад:

– «Шумо артистка ҳастед? Ин сурудро кадом ҷавони тоҷик ба шумо ёд додаст?» – вале боз истиҳола намуда, дигар хел суол кард: – Агар рози пинҳон набошад, бигӯед, ки ин суруди куҳнаи аз ёдҳо рафтаро шумо аз куҷо медонед?

Духтар ба ҷои ҷавоб гуфтан баланд хандида, бо адои дилфиреб тобу печ хӯрда, сӯи ӯ чашмакӣ задаю абрӯ паронда гуфт: – Рози пинҳон ку нест, лекин ку худатон гӯед? Аз куҷо ёд гирифтаам?

Мана як подсказка мекунам, то ки мушкилатон осон шавад: артистка нестам, артисттӣ ҳам намехонам. Акнун фол занед!

– Ростӣ, ман ба фол задан хуш надорам, ба хусус ҳамин шабурӯзҳо.

– Не, хайр гӯед, да.

– Хоҳиш мекунам, маро азоб надода, худатон гӯед.

– Мегӯям, ба шарти он ки шумо ҳам кӣ будану ин ҷо ба чӣ кор машғул буданатонро аз ман сидқан пинҳон надоред.

– Қабул. Мегӯям.

– Аз падарам. Дар хонаи мо, ҳамин ки номи тоҷик шунидем, Тоҷикистон ва суруди машҳури тоҷикӣ аз кинофилми «Ман бо духтаре вохӯрдам» ёд меояд. Падарам як вақтҳо дар Нораку Роғуни Тоҷикистон кор карда, шӯхиомез мегӯяд: «Ман ин ҷо таваллуд шудаву он ҷо-дар Тоҷикистон камол ёфтаам», ба мардум ва обу хоки диёри шумо меҳру муҳаббати беандоза зиёд дорад.

Нону намаки тоҷикон ҳамеша пос медорад. Намегузорад касе дар ҳаққи тоҷикон бадгӯӣ кунад. Ҳар гоҳ вай ин сурудро замзама кунад, мо аҳли оила ҷӯр мешавем. Ҳамин хел аз забони падарам шунида, ҳама аҳли оила азбар кардаем. Бисёр вақтҳо якҷоя ин сурудро мехонем. Бовар накунӣ, марҳамат ба хонаи мо рафтем, худат дидаву шунида, ба ин баҳона меҳмони мо мешавӣ. – Ва Шерак ҳам магар маътали ишора будаст, ки розӣ шуд…

Бо ҳамин равуои Шерак ба хонаи мо оғоз гашт. Аҷоиб он буд, ки… – бо ёд овардани ин лаҳза ҳар ду рухсори Лена арғувонӣ гашт, – боз … Ман бо ӯ майли ҳамхобагӣ доштам, вале Шерак рад кард: «То никоҳ ва тӯй ман ин кора намекунам» – гуфт. Он замон, мисле ки ба сарам оби сард рехта бошанд. Дар они воҳид худро таҳқирдида пиндоштам. Қариб буд, ӯро нафрин гуфтаву аз хона ба ранги саги дайду пеш кунам. Вале боз, хайрият дере нагузашта шастам паст шуду ақлам ба ҷояш даромад. Фикр карда, ба хулосае омадам, ки рафтори ӯ боақлона аст. Рафтори ӯ, на боиси қаҳру ғазаб, балки ифтихор бояд бошад. Охир вай меҳри маро рад накарда, баръакс умедам бахшид, ки «то никоҳ ва тӯй». Яқин ки ӯ одами пок ва посдори расму русум ва анъана аст. Вагарна аз ӯ чӣ меравад?.. Мани сода ӯро кӣ хаёл кардам? Ин кирдори Шерак боиси эҳтирому муҳаббати минбаъдаи ман гашт. Акнун он сифатҳое, ки падарам дар ҳаққи тоҷикон мекард, бароям танҳо лутфи дар омади гап не, балки ҳақиқати бебаҳс буданд.

Тоҷикон ворисони ориён буданду Тоҷикистон ба ростӣ ҳам биҳиштосо будаст. Чашмаҳои оби маъдан ва шифобахши нодираш дар тамоми қаламрави шӯравӣ бемисланд. Шерак дуруст гуфт:

«Хоҷа обигарм», об ва буғи аз зери замин ба берун ҷӯшзанандаи он дармонбахши чандин дард аст. Ин осоишгоҳи машҳур ба ҷуз давои дардмандон, метавонад барои сайёҳон ҷойи диданӣ бошад ва ба буҷаи давлат пули ҳангуфти бе дарди миён биоварад…» Баъд ёдаш омад, ки аз Шерак хоҳиш кард, Хоҷа обигармро тарҷума кунад. Вай ҳамон тавре дар тарҷумаи номи деҳаҳояшон дар аввал дармонда буд, шарҳ додаву баргардон кард: «Вистан» – вий, бо шева бибӣ гуфтан аст, истан бошад, ин маҳал, мисли гулистон, яъне маҳал ё макони гулҳо. Ин ҷо, шояд бибӣ истанд, дар назар аст. Дар тарафҳои Ромит, яке аз мавзеъҳои хушобу ҳавои Тоҷикистон, деҳае ҳаст бо ҳамин ном ва аҷаб не, бибӣ аз он ҷо тарафҳои мо меҳмонӣ омада, истодаву ба ин маҳал Вистан ном гузошта бошанд. Хоҷа оби гарм. Хоҷа – соҳиби оби гарм гуфтан аст. Дар Тоҷикистон маҳалҳо бо номи хоҷаҳо зиёданд: Хоҷа Абдулло, Хоҷа Мастон, Хоҷа Сартез, Хоҷа обигарм…

Ман, бо як олам умеду орзу ва эҳтиром ба Тоҷикистон омадам. Хайрият, Шерак ба сайёҳат бурда, чанде ҷойҳои хотирмон нишонам дод.

«Ин кашмакашҳои сабилмонда намешуд, ман туро эҳ-ҳа, ба куҷоҳое мебурдам. Ҳисори шодмон, Ҳулбуки бостон, Чилучорчашма, Гармчашмаю чашмаи Авҷи Бадахшон…» ва боз ким куҷоҳои дигаре гуфта буд Шерак.

Зафар фарёд зад: – Оча, ҷилдҳои кӯрпаю болишти маро бо ду ҳулла зуд биёр! – ва худ давида борхалтаи сафарӣ овард, ба ҳар кадоме аз кисаҳои он қуттиҳои қаҳваю қанди сафеду радиочаю батария ва ручкаю дафтар, собуну дандоншӯяк ва кастюми варзишӣ ва боз ким – чиҳои дигаре гузошта истода буд, ки модар гуфтаҳояшро оварда, пурсид:

– Ҷону ҷигари оча, ту куҷое раҳакӣ ҳастӣ?

– Ҳолӣ, аз ман гап напурсед. Баъд ба шумо батафсил ҳамаашро мефаҳмонам. Шариф пас аз рафтани мо ҷӯраҳоятро ҷеғ зану дивани хоби маро бардошта, ба хонаи Шамсияхола баред! Балки не! Боз чор тараф овозаю дарғоза нашавад. Беҳтараш болояшро холӣ ва тоза кунед, шояд шаб худам омада барам. Пошли Лена! Рафтем.

пешина
аз 22
навбатӣ