Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар кӣ аз худиву бегонаи деҳа боре ҳам ба ин хонадон гузар карда, назараш ба яке аз ин духтарон афтода бошад, ҳаваси дубора дидан мехӯрд. Гулбаҳор, Гулхумор, Гулчеҳра ва Хайрӣ ба ростӣ ҳама ифодагари номҳояшон буданд, бинандаро на танҳо бо ҳусну латофат, балки раҳу рафтор ва лаҳни ширадорашон мафтун месохтанд. Чанде ҷавонони деҳа, то ба ин рӯзҳои пурмоҷаро дилбохтаи онҳо буданд, бо ҳар васила пайти ошноиву дӯстӣ меҷӯстанд.

…Ҳоло қумандон Беранг (номи аслиаш Баҳодур буд, воқеан аксари силоҳбадастону қумондонҳо лақабу тахаллус гирифта, як навъ номи аслии худро пинҳон медоштанд) Гулхумори нозанинро ба чанг оварда, гоҳ ба дуруштиву гоҳе ба нармӣ болои сари ӯ дарди дил мегуфт: – Солҳост, ки ҷонам хумори ту маро осуда намегузошт. Акнун сад шукри Худои меҳрубон, ки ба орзуи дерина расидам. Бо ту ҳар чӣ ҳавою ҳавасе дар дил дорам, мешиканам.

Чунонат кунам, ки… – ба Гулхумор наздик омад.

Гулхумор чизе гуфт, вале азбаски даҳонбаста буд, қумондон Беранг нафаҳмид, ӯ чӣ мегӯяд. Аз ин пеш ҳам гуфта буд, вале ӯ худро ношунида гирифт ва ҳоло ҳисси кунҷковияш боло гирифту скочро аз даҳони ӯ яктарафа карда, пурсид: – Чӣ гуфтан мехостӣ, ҷонакам?

– Девсурати Худозада! Нархари бенӯхта, орзу ба гӯр мебарӣ!

– Ҳа-а, ҳолӣ ҳам дағалӣ дорӣ? – бо мулоимат гуфт қумандон. –

Ҳеҷ гап не, ками дигар сабр кун. Баъде к…к…м абрешим мегардӣ, булбулат дигар хел чаҳ-чаҳ мезанад…

Қумандон Беранги ба гуфти Гулхумор девсурати ваҳшитабиат, ба ростӣ ҳам сурати ғалатие дошт: мегуфтӣ одамаки лоӣ бошаду каллаи калони дигареро болои тани харобу дарозаш гузоштаанд.

Ҳамон хеле зимистонҳо бачаҳо ба одамаки барфӣ, ба ҷои бинӣ сабзӣ мечаспонанд, бинии дарозу хунбастааш ориятӣ метофт.

Чашмонаш аз даруни косахонаи сар мисли чироғи пилтагӣ милтмилт карда, ҳар дам мижа мезаданд. Дастонаш ҳам ба тан мувофиқ набуда, аз буда дарозтар менамуданд. Овозаш ҳамеша дар тағйир буд: вақти ҳушёрӣ дигар ва вақте аз ҳузури ҷон – тарёк баҳра мебурд, дигар хел мебаромад. Азбаски аксар вақт дар кайфи ҳузури ҷон буд, ҳамяроқон бо ҳамон овози хиррии хуморӣ мешинохтандаш. Ҳоло ӯ баъди дубора маҳкам кардани скоч, эътимодбахшии бандҳои дасту пои Гулхуморро санҷид, то ки вақти кайф халалдораш нагардонад.

Гулхумор ҳарчанд кӯшиши дасту по задан кард, илоҷ набуд.

Қумандон шим поён кард, …лаҳзае пас фарёд зад: – Ҷумъахон!

Ҷума!

Дастёри ӯ, ба гуфти худаш «Шуми Чума» дарзамон ҳозир шуда, оҳиста, мисле ки худ ба худ мегуфта бошад, овоз баровард:

– Ҳо. Чӣ мегӯйӣ? – қумандон Беранг шими то зону фуровардаашро каме яктарафа бардошта, аз киса коғазчае бароварду ба

Ҷумъа дода, амр кард:

– Зуд ба дорухона мошин ҳай куну гӯй аз ҳамин дору ёфта диҳад. Ва ҳамин ки дору гирифтӣ, ба ягон ҷои дигар каҷ накарда, рост биё. Бо ягон кас истода гап назанӣ! Ҳатто падару модарат аз пеши роҳ бароянд, наист! Зуд биё! – Ҷумъа равон шуданӣ буд, ки боз дод зад: – Исто! Ма, аввал ин доллара теву баъд гӯй, ки бақия даркор не, лижби доруя зудтар ёфта те. Зудтар! Доруи дар ҳамин коғазча навиштаро… Боз мабодо зихнагӣ карда, бақия напурсӣ!

… – Духтурапа, командири мо шикамрав шудаст. Рих, риха медонӣ? Ма и пула гиру бақияш даркор не. Доруя зудтар ёб, тезтар равам, ки боз ҳама ҷора ифлос накуна.

Хоҳари шафқат, корманди дорухона коғазчаро аз назар гузаронид: «Шаҳватбарангез». Шояд коғазча иваз шуда бошад? – аз дил гузаронид ӯ. – Аз аскарбача пурсам? Аҷаб не, аз ин ҷавон, ки чарбзабон метобад, мабодо пӯкида монад гуфта, шахси эҳтиёҷманд аслашро нагуфта, роз нигаҳ доштааст. Худоё, буз дар ғами ҷону қассоб дар фикри чарбу. Одамон имрӯзҳо нони хӯрдан надоранду инҳо дар чӣ хаёланд?! Чӣ бояд кард? Пурсам ё напурсам? Ҳар чӣ бодо бод, беҳтараш пурсам. Додарам, доруи дар коғаз навишта диҳам ё шикамрав?

Ҷумъа аз суоли корманди дорухона ҳайрон кифт дар ҳам кашида, гуфт: – Аҳ чум. Дидам, ки дар шимаш тар карда буд.

Духтур бехабарии ӯро мушоҳида карда, мусолиҳакорона гуфт:

– Хайр. Майлаш. Ман аз ҳар ду дору медиҳам.

– Апа! Доруи зӯри сахттаъсири рихнигаҳдор бошад, аввал аз ҳамунаш те, ки яке фармони ба амалиёт рафтан шавад, қафо намонем. Зуд ба гала ҳамроҳ нашавӣ, «ту тарсӯ» гуфта, боз ҳар гап мекунанд, очағарҳои беинсоф.

Хоҳари шафқат доруҳо ва бақияи пул дароз кард. Ҷумъа доруҳоро гирифта, ҳимматбаландона таъкид кард: – Гуфтам ку.

Бақия даркор не.

– Ин пул бисёр.

– Бошад. Дар ёфтани пул миёнаш дард кардаст, чӣ? – инро гуфта Ҷумъа бадав аз дари дорухона баромад. Вай аз он ки супоришро зуд иҷро кард, хушдил ба худ тасаввур мекард: шояд аз шеф раҳмат шунида, ягон мукофот ҳам бигирам. Ба ҳамин умед аз мошин башаст фуромада, ба назди Қумандон Беранг давида, аввал доруи шикамрав дароз кард.

– Э, очата фалон к.м! ба ин чизи овардагит! Ин чӣ?! Ба ту чӣ фармудам?! Ба кӯр асо гуфта!.. О, ман ба ту коғазча додам, ку?!

Ту чӣ овардӣ?! Онро куҷо кардӣ, ки инро овардӣ?

– Хайр. Маҳ, иқа дод назан. Ку инаша бин, – бо ҳамон оромию таҳаммули хоси худ, қуттичаи дигар дароз кардан замон, қумандон онро зуд шинохт ва бо ҳамон ҷаҳлу шитоб кушода, ду дона ба даҳон партофту аз болояш абрикола ба сар кашид ва дид, ки Ҷумъа ба ҳоли ӯ нигариста, рост истодааст. Тарафи ӯ дод зад:

– Инҷа, чӣ ҳайкалворӣ истодаӣ?! Ку зудтар сияҳита гум кун!

Зудтар дафъ шав! Дига рангу раҳматат набинам! Гум шав!

Ҷумъаи озордидаи интизори мукофот нозеҳ шуда, зери лаб дашном дода, аз дар баромад. Қумандон ба сари кати хоби Гулхумор рафт… болои ӯ хам зад ва ҳамин ки ба тани ӯ расид, аз сардӣ тавре барқаш зада бошад, ҷонҳавлӣ худро пас кашид ва ба рӯи Гулхумор нигарист. Вай кайҳо ҷон дода буд. Барои фаҳмидан боз болои сари ӯ хам зад, дид, ки вақти скоч дубора маҳкам кардан на танҳо даҳон, балки роҳи нафас ҳам бастааст. Боз фарёд зад: – Ҷумъа!!!

Ҷумъа дубора пайдо шуда, як навъ норизо оҳиста гуфт: – Чӣ мегӯӣ?

– Инро, – дар боз кардаву ба тарафи кунҷи хона ва кати хоб ишора намуда, – барои ҷӯраҳоят: каргасу кафтору лошахӯрҳо савғо бар! Онҳо ба умеди инояти мову ту чанд вақт боз дар ин тарафҳо сайру гашт доранд, дар ҳаво ҳар гуна манёвр карда, гӯшу ҳуш ба қиморанд. Зуд бурда пешкаш кун. – ҳолати карахтии

Ҷумъаро дида боз афзуд: – Ба ягон ҷарӣ парто!

– Воҳ! Инашро ҳам?!

– Чӣ?! Чӣ гуфтӣ? Падарлаънат «инаш ҳам?»! Ту ҳисоб мекунӣ, ки чанто шуд?!

– Не, – оҳиста гуфт Ҷумъа. – Охи дилта хунук кардӣ, бо чува мекушӣ?

– Эй очағар! Туя кӣ мондаст, ба ман ақл ёд диҳӣ?! Зиндагӣ хоҳӣ, гуфтама, зуд иҷро кун! Зудтар!!!

– Ун ёғии бесари зӯр кӣ будаст, ки гуфтаи шавҳари мана иҷро намекардаст?! – аввал овозу баъд худаш намоён шуд, ҳамсари қумандон Нигор. Вай аз дари боз ворид шуда, ба хотири фаҳмидани он ки ин ҷо чӣ гапу коре шудааст, аз баҳри чуну чаро гузашта, кунҷковона ба атроф нигарист. Ҷумъаи мулоимтабиати оҳистакор, то болои мурда пӯшид, ки назари Нигор ба Гулхумор афтод. Дастони сафеду нозуки занонаи аз зарби банд хунбаста, ҷоҷо тасмаи сиёҳеро мемонданд.

– Ин ҷо чӣ гап гузаштаст?

– Ин ҷо ту намерасидӣ!

– Чӣ гап шудаст? – мепурсам.

– Ҳеҷ чиз не!

– Чӣ хел ҳеҷ чиз не?! – вай ба даст сӯи зан ишора кард.

– Ту чӣ гап доштӣ?

– Аввал ба ман фаҳмонед?

– Пурсуҷӯ кам кун! Гӯй, ба чӣ кор омадӣ?

– Гуфтам, як хабар гирам.

– Хабар гирифтӣ. Акнун ба пайи омада, харатро каш!

– Аловгирӣ не! Шавҳарбинӣ, хабаргирӣ омадам.

– Шон, хабаргирӣ омадаанд! Одами мурдора вақту соати хабаргирияш ҳам мурдор аст, – зери лаб гуфт қумандон, вале зан чӣ гуфтани ӯро шунида, худро ба ҳоле аз ғазаб нигаҳ дошту ҷониби кат ишора намуда, бо тамасхуру заҳрханд афзуд: – Аз ҷониби қудо барои фаҳмидани бокира будану набудани арӯси шумо – Қуман-дон Беранг! омадаам! Балки мабодо мурдашӯ лозим шавад, гуфта омадам!

– Йизмагӣ накун! Зудтар ба роҳи омада, баргард!

– Шумо ҳар гуҳе хоҳед, хӯред, майлашу?! Ман ба роҳи омада, зуд баргардам?!

Қумандон аз шунидани ин тамасхури заҳромези зан як ба худ ларзида, боғазаб таъкид кард: – Занак! Қаҳрама набиёру зудтар сияҳита гум кун!

Нигоҳи қумандону зан якбора ҳар ду ҷониби тапонча шуд. Тапонча болои миз аз зан дида, ба қумандон наздиктар меистод. Зан гӯё дар хона қадам мезада бошад, тарафи тапонча рафт ва онро ба даст гирифта буд, ки қумандон башаст ва хеле чобуку моҳирона онро чанг зада гирифту ҳавобаландона гуфт: – Кори буз хирманкӯбӣ нест! Ин барои ту дарзу кӯк ҳам нест!

– Ҳайвон гаштаед, қумандон! Ба худ биёед! Боз мепурсад: чӣ гап дорӣ? Эй ту садқаи гап шавӣ! – ғурғуркунон зан аз хона бадар рафт.

Аз тангкӯчаи ҷониби дасти рост зане ба кӯчаи калон чамида берун омада, ҳавлона пеш мерафт, аз тарзи роҳравияш тахмин кардан душвор набуд, ки сахт дар ҳаяҷону изтироб аст. Вай баъди чанде пеш рафтан якбора пешпо хурду румоли сараш яктарафа овезон шуд, мӯи ба қад баробараш, ки пушти сар печида буд, ба тан шорид. Зан бозистод, то мӯй дуруст кунад. Вакил ва дастёронаш, ки аз пас ба ин тарафу он тарафи кӯча назора карда, бо мошин оҳиста меомаданд, ҳоли ӯро дида, ба фаросат пай бурд, ки ин зан аз чизе сахт хавотиру мушаваш аст. Ба дастёраш амр кард: –Мошин нигаҳ дор! Ҳар дуи шумо фуромада, ба ҳамин кӯча ку рӯболо равед! Зуд фаҳмида биёед, ки ин зан аз кадом хона баромад ва дардаш чӣ бошад?! – Яке аз силоҳбадастони дастёраш аз ин амри муҷмалу бесару нуг чизе гуфтанӣ буд, ки Вакил бадқаҳр ҷонибаш нигарист, вай зуд дам дарун кашида, аз пайи супориш шуд. Худи Вакил сари чанбари фармони мошин гузашта нишасту ба рости зан ҳай карда, мошин нигаҳ дошт, дар кушод ва салом дода, гуфт: – Хонум, ба мошин шинед. Як гап пурсиданиям.

– Як гап, кирои нишастан намекунад, нанишаста ҳам пурсидан гиред, – ҳозирҷавобии зан писандаш омад. Вакил башаст мошин тоб дода, рӯи мошин тарафи дигар-роҳи омад гардонд. Акнун ӯ дар ин ҳол, ба зан хеле наздик ва овозрас буд.

– Ба назар хеле асабонӣ менамоӣ, – гуфт бе муқаддима. – Аввал сабаби ранҷишу асабоният фаҳмам, баъд чизи пурсиданиямро, мепурсам. Маро мешиносӣ ё не? Ман қумандон Вакилам. Каси худат барин як зани нозанина ранҷондаро гӯй?! Агар ба забон ранҷондаст, забонаш мебурам, агар даст бардоштаст, дасташ калта мекунам, балки хоҳӣ, зинда пӯсташ меканам! – зан пеши сухани қумандон гирифта гуфт:

– Ҳамсари қумандон Баҳодурро, ки бачаҳои шумо дар ғоибаш

Беранг лақаб додаанд, кӣ ҷуръати ранҷондан мекунад?

– Дигаре не! Худаш аз афти кор туро ранҷондаст! – тахминӣ гуфт Вакил. Вале зан гумон бурд, Вакил аз воқеаи чанде пеш рухдода, воқиф аст, бо овози ҳазину гиряомез гила оғоз кард:

– Шумо дигаронро адаб додаву ҳамяроқи худро батамом сарҳӯй мондаед! Вай чашми шуморо дуздонда корҳое мекунад, ки ба шаъни одамӣ намезебад, ба дастаи шумо иснод меоварад! Зӯратон расад, пӯст наканда, ақаллан пеши амалҳои бадаш бигиред!..

– Чиҳо мегӯед?! О, вай одами дилпури ман. Ҷӯраи наздикам.

Наход чашми моро дуздонда, ҳар гуна корҳои ношоиста карда бошад?! Мо чанд бор нону намаки шуморо хӯрдаем. Худат кайвонии зӯр будаӣ. Хӯрокҳои болаззат мепазӣ, дару девор ва хонаи озода доред! Боз чӣ намерасад, ки? Наход дилаш шавад, ҳамин хел як гулпарии нозанини кадбонуро, ки сад кас ҳаваси ҳамсуҳбатиаш дар дил мепарварад, ранҷонад?! Ҳай Худозадаи ношукре! Рост мегӯӣ.

Вақташ расидааст, ки адабаш диҳем! Вай набояд аз ҳамин хел неъмати Худо ношукрӣ кунад! Чӣ хелӣ адабаш диҳем? Аз як пояш овезем? Ё.. – асари ин суханон буд ё макри занона, ва ё алами деринаи ӯро тоза кард, ки дигар худро нигаҳ дошта натавонист, ҳиқ-ҳиқ ба гиря даромад. Вакил зуд аз мошин фуромада, сари ӯро, ки худ моил ба ҳамин буд, ба бар гирифт. Зан аз баҳри одобу расму русум ва шарму ҳаё гузашта, худро тавре ба Вакил танг гирифт, ки мегуфтӣ ошиқони дерин ба висол расидаанд. Вакил тани гарму нарми занро, ки қадаш баробари ӯ буд, дар оғуш гирифта, тасаллӣ додан фаромӯш кард. Бадав омадани дастёронашро дида, Вакил хост худро каме пас бигирад, вале зан худро аз оғуши ӯ раҳо кардан нахоста, баръакс сахттар часпид. Вақте дастёрони Вакил баргаштанд, раҳораҳ ҳардуи онҳоро дар чунин ҳол: ошиқи печон диданд, яке ба дигаре изҳори тааҷҷуб кард: – О, ин занак шиноси шеф будасту…Ба мо сир бой надод. Як дам истем, то ки дарди дилашона гуфта гиранд?

– Не! Рафтем, – маслиҳат дод ҳамраҳаш, ки бесабрӣ аз сифатҳои писандидааш буд ва ҳоло пеш гузашта, ба онҳо наздик шудан замон гуфт: – Шеф! Фаҳмидем. Қумандон Беранг як занаки бечорая таҷовуз кардаву баъд куштаст…

Зан худро аз бағали Вакил раҳо накарда, дар идомаи сухани дастёри ӯ, афзуд: – Баъди ин, чӣ хел аз Баҳодур намеранҷӣ?! Ман аз чӣ камӣ дорам?! Ношукри намакношиноса бин! Бачаҳои шумо номи мувофиқаш ёфтаанд. Эҳтиёт бошед, занро дугона бадном мекунаду мардро ҷӯра, – вай мегуфтӣ ки солҳо бо Вакил наздик шинухез карда бошанд, таъкид карда, маътали чизе гуфтану нагуфтани силоҳбадастон нашуда, худро аз тани Вакил раҳо карда, равон гашт.

Баъди аз ҳади овозрас дуртар рафтани ӯ, Вакил аз дастёронаш пурсид: – Ҳами занака ба даста гирем, чӣ мегӯед?

– Ҳами Нигори зани Беранга?!

– Ҳо. – Ту вайя мешиносӣ?! – ҷониби дастёраш нимнигоҳе карда пурсид Вакил.

– Камтар. Шунида будам, ки тарбиядидаи хонаи кӯдакони Шаҳринав аст. Ба ин ҷо аз Норак овардандаш. Баъди Шаҳринав кадом як мактаби дигар, техникум ё институт ҳам хондаву… Современий аст.

– Ба ҳамкорӣ розӣ шавад, аҷоиб мешавад.

– Ҳамин шабурӯзо аз шавҳараш сахт беҳурматӣ дида, ранҷидааст, ба ҳар коре гӯем, розӣ мешавад, – гуфт Вакил.

Рӯзи дигар байни силоҳбадастон ин овоза аз даҳан ба даҳан, гӯшӣ ба гӯшӣ гузашт: «Медонед? Зани Беранг маъшуқаи Вакил будаст!».

Ба дасти Вакил хатчае расид, ки дар он Нигор ӯро ба дидорбинӣ даъват мекард. Ҳамун Нигоре, ки Вакил дар фикри чӣ тавр ба дастаи «Фидоиён» ҳамроҳ карданаш буд, муштоқи дидори ӯ шудааст. Худоё, ин аз омади тақдир аст ё доме дар пай дорад? Бе ягон дудилагӣ даъвати ӯро пазируфта, дар соату ҷои муайяншуда ҳозир шавам? Ва ё… Наход ӯ ягон қасди баде дошта бошад? Вай аз ман ягон бадӣ надидааст, ку?! Мабодо бо амри Беранг тарҳи ягон амали баде кашида бошад. Не, боз ҳам не. Охир вай аз Беранг дилмонда аст, дилмондагии зан ба осонӣ рафъ намешавад, балки оқибати нек надорад.

пешина
аз 22
навбатӣ